Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Талху ширини “Сентябрҳо дар Шероз”

daliaГуфтан душвор аст, агар нависандаи ин китоб ба асари худ номи дигаре мегузошт, оё аввалин румони ӯ ин гуна машҳур мегашт? “The Septembers Of Shiraz” ҳоло яке аз пурхонандатарин румонҳои Амрикост ва бо суръати тамом дар рӯйи ҷаҳон паҳн мешавад.

Бархе аз мунаққидони ҳаяҷонзада ин китобро “муддаъии классикаи нав” меноманд, дар ҳоле ки он нахустин навиштаи Далия Софер, амрикоии 47-солаи эронитабор аст. Аммо дарвоқеъ “Сентябрҳо дар Шероз” румони одӣ нест ва дар паҳлуи бисёр чизҳои дигар хонандаи инглисизабонро водор мекунад, ба Эрон бо “чашмони шуста” бингарад.

Аз он ҷо ки хонаводае дар маркази таваҷҷӯҳи нависанда қарор мегирад, асар бештар ёддоштҳои оилавиро мемонад ва аз он ҷо ки ҳодисаҳо дар аввалин солҳои пас аз инқилоби исломии Эрон ба вуқӯъ мепайванданд, сарнавишти ин хонавода ба порчае аз таърихи мамлакат табдил меёбад.

Инқилоб ҳама чиро дар вартаи озмун мегузорад. Ишқу отифа, хиёнату садоқат, шикасту сохт, яъсу умед, рост ва дурӯғ. Агар ин китобро хонед, ба натиҷае мерасед, ки бо вуҷуди ному барчаспҳо (пролетарӣ, мардумӣ, исломӣ, садбаргӣ, лолаӣ…) ҳамаи инқилобҳои ҷаҳон шабеҳи ҳаманд ва гоҳе ба андоза як бар як такрор мешаванд.

Сужаи асар сода аст. Сипоҳи посдорони инқилоб заргар ва тоҷири сангҳои қиматбаҳо, шаҳрванди яҳудии Эрон — Исҳоқ Аминро ба ҳабс мегиранд. Барои ҳамсари ӯ Фарноз, писараш Парвиз, духтараш Ширин, язнааш Ҷавод, дӯстан Курушӣ давраи сангине оғоз меёбад, ки бо фирор аз кишвар ба поён мерасад.

Вақте тасвирҳои маҳбасро мехонӣ, чанд рӯз дунё бароят рангҳои тираву хокистарӣ мегирад ва шоҳкори Софер нигориши марг дар саҳни зиндон аст. Замоне ки тирҳо аз бадани инсон мегузаранд ва дар девори симонтии маҳбас паҷақ шудаву рӯи сангфарш меафтанд.

Садҳо китоб хондаам, аммо чунин тасвири муассирро дар ҳеҷ куҷо надида будам. Хонанда гӯё худ зери мили силоҳҳо қарор мегирад ва худ рӯйи барфи саҳни маҳбас фурӯ меафтад. Пас аз ин тасвир соатҳои дароз ҳаракате аз хонанда барнамеояд. Бӯйи сангу ҳавелии ифлоси маҳбас ва шоша димоғашро пур мекунад.

Румони “Сентябрҳо дар Шероз” достони “рафтану барнагаштан” аст, достони ронда шудан ва маҳрум гаштан аз ҳаққи ватандорӣ. Хонаводаи яҳудиҳо дар ниҳояти амр маҷбур ба тарки Эрон мешавад, дар ҳоле ки ҳеч кадом аз аъзои он хостори рафтан нест ва ҳар кадом ба таври дардомез медонад, ки ин як “рафтану барнагаштан”-и абадист.

Рӯҳи Ҳофизу Саъдӣ ва Хайём аз оғоз то поён достонро ғазалборон ва равобити миёни инсонҳоро нафису осмонӣ мекунад. Вожаҳо пур аз ранг, садо, бӯй ва ишқу ҳасратанд. Вожаҳо зиндаанд ва нафас мекашанд. Давраи нави Эрон бо ёдбудҳои дуру кӯтоҳи гузашта аз нигоҳи се насл намудор мешаванд, ки тозатарину беҳилатаринаш нигоҳи Ширини хурдсол аст.

kitobҲатто замоне ки рангҳо ҳамагӣ ба як ранги сиёҳ табдил меёбанд, ишқи онҳо ба Эрон кам намешавад ва тасвири боғҳову кӯчаҳо, деворҳову бозорҳо, бомҳову парандагон, насими саҳару ситорагони шаб ҳамагӣ саршор аз ишқанд, ишқ ба Эрон, ишқ ба ватани азиз. “Сентябрҳо дар Шероз” девони марсияҳои ҳамаи рондашудагони ҷаҳон аст. Реквиеми “биҳишти гумшуда”-и рӯҳи инсон.

Дар пасгуфтори китоб мехонем, ки бахши аъзами сужаи он бар рӯйдодҳои ҳақиқӣ асос ёфтааст. Софер дар бораи падари худ навиштааст, ки бе ҳеҷ гуноҳ ду солро дар маҳбас ба сар бурд. Биноан дар ҳар сатр дарди зиёде нуҳуфтааст, вале, шигифто, на заррае хашму ғазаб ё нафрат, дар ҳоле ки барои фарзандон дардноктарин ҳодиса тавҳин дидани волидонашон мебошад.

Шахсан ман, режиму афродеро ҳаргиз намебахшам, ки падари маро идора ба идора ба бозпурсӣ кашонда буд. Ҳамчун таҳдид ба амнияти миллии мамлакат. Падари бузургворам, ба ҳоли онҳо механдид ва ин пирӯзии ӯ буд. Ӯ ҳоло дар осмонҳост, кайво бозпурсони беимонро бахшидааст, вале ман на.

Рустаборону русизабонони зиёде солҳо дар Тоҷикистон зиставу дар бораи ин мулк мадҳияҳо менавиштанд, вале баъд аз ҷанги таҳмилии Тоҷикистон кишварро тарк кардаву дар Русия, Укроин ва кишварҳои дигар муқим шуданд ва аксари кулли (!) онҳо (Николай Лисенко, Марина Некрасова, муаллифи “Хуррамобод” ва ғайра) ба ҷуз ҳарфи бад, нафратомез ва таҳқиромез дар бораи Тоҷикистон чизе наменависанд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар Тоҷикистон беҳтарин зиндагиро доштанд.

Далия Софер ҳам ба чунин танаффур ҳаққи комил дошт. Аммо аз ин ҳақ истифода накард. Пок навишт, зеро ишқаш ба Эрон пок аст. Ин буд, ки яке аз беҳтарин румонҳои муосирро ба дунё овард ва ба думболи Ҳофизу Саъдӣ ба Шероз умри наве бахшид.

16.04.2009 - Posted by | Адабиёт, Таърих, Ҳунар |

5 Comments »

  1. Оилаи яхуди ва бо исми Фарноз?

    Comment by Follower | 16.04.2009 | Reply

  2. Бобо Ҳаким ва бибӣ Афшин-хонум ном доранд. Фарзандони онҳо — Шаҳло ва Исҳоқ.

    Аммо номи аслии Фарноз дигар аст — Фараҳ Абдулло-Шломо.

    Comment by aioubzod | 16.04.2009 | Reply

  3. Роман тарчума шудааст ё худ бо инглиси иншо гардидааст?

    Comment by Муъмин | 17.04.2009 | Reply

    • Румон ба инглисй иншо шудааст. Далия Софер, ки дар соли 1982 Эронро тарк кард, пас аз таҳсил дар донишгоҳи амрикой як сол сари ин китоб сарф кардааст. Зоҳиран вай форсиро ҳам хуб медонад.

      Comment by aioubzod | 17.04.2009 | Reply

  4. “Ҳатто замоне ки рангҳо ҳамагӣ ба як ранги сиёҳ табдил меёбанд, ишқи онҳо ба Эрон кам намешавад ва тасвири боғҳову кӯчаҳо, деворҳову бозорҳо, бомҳову парандагон, насими саҳару ситорагони шаб ҳамагӣ саршор аз ишқанд, ишқ ба Эрон, ишқ ба ватани азиз”.
    ———————————————-
    Бале, чунин аст. Шоъире ҳам гуфта:
    Хорро оташ тавон зад, гар бигирад домане;
    Ман намедонам илоҷи хоки домангирро…
    Дар инҷо шоъир бо ибораи “хоки домангир”, аслан, ба Ватан, ба хоки Ватан ишора кардааст.

    Comment by Мунаввар | 22.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: