Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Абуғрейб” ва Гуантанамо дар Русия

mahbasМаҳбусони зиндони ЯТ-30/4-и Русия шикоят кардаанд, ки нозирон дар пеши чашми онҳо китоби муқаддаси мусулмонон –Қуръонро таҳқир карданд, як маҳбуси тоҷикро соатҳо сарозер ба қуттии ахлот андохтанд ва ба номуси маҳбуси дигар расидаанд.

Дар ин бора шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки дар ин маҳбас ба сар мебаранд, ба Лигаи Мардумии “Тоҷикон” ва раҳбари он, сафири сулҳ Каромат Шарифов хабар додаанд.

Созмони Шарифов дар навбати худ бо як номаи боз ба вазири адлияи Русия, А. Коновалов, додситони кул — Юрий Чайка, сарони рӯҳонии мусулмон ва масеҳии Русия ва сардори маҳбас, А. Капалов муроҷиат кардаанд.

Расонаҳои ахбори оми Русия, ки соли 2004 ҳангоми фош шудани бадрафтории нозирони зиндони Абуғрейб дар Бағдод ва беэҳтиромӣ дар маҳбаси Гуантанамо дар Куба ба ҳазорон шакл ин хабарҳоро маз-мазза кардаву мусулмононро ба ошӯб мекашиданд, дар пайванд бо рӯйдоди маҳбаси Тамбов сукут ихтиёр кардаанд.

Тафовут дар ин аст, ки дар зиндони “Абуғрейб” касе маҳбусонро монанди зиндони Тамбов аз ҳаққи намоз маҳрум накардааст. Маҳбусони тоҷик, узбак ва қирғиз аз зиндони Тамбов, ки сомонаи интернетии Шарифов ному насаб ва соли таваллуди онҳоро зикр кардааст, гуфтаанд, зиндонбон Алексей Юревич Ошурков на танҳо Қуръонро дар пеши назари маҳбусон тақҳир кард ва пора намуд, балки маҳбусонро аз намозгоҳашон низ маҳрум кард.

Тибқи қонунҳои Русия шиканҷа мамнӯъст, аммо нозирони маҳбаси ноҳияи Соснови вилояти Тамбов шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, Мустафо Очилдиевро соатҳои дароз сарозер ба қуттии ахлот андохтаанд ва ба номуси як шаҳрванди Қирғизистон таҷовуз кардаанд.

Ҳанӯз мақомоти расмии Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба ин нома вокунише нишон надодаанд. Ин сатрҳоро шоми шанбе, 18-уми апрел, дар ҳоле менависам, ки ҳамаи шабакаҳои телевизионии Русия аз калисои бузурге маросими Эҳёи Исои Масеҳро нишон медиҳанд ва Падарбузурги рӯҳонии Маскаву ҳамаи Русия Кирилл президенти Русия Дмитирий Медведев, ҳамсари ӯ ва сарвазир Владимир Путинро, дар ҳоле гулдастаи калоне дар даст дорад, канор мегирад.

Зимнан як нусхаи номаи Каромат Шарифов ба исқуф Кирилл низ фиристода шудааст. Ҳарчанд беҳтар буд, нусхаи асл ба ҷаноби Путин ирсол мегашт.

(Акс аз сомонаи интернетии Tajmigrant)

18.04.2009 - Posted by | Дин, Русия | ,

1 Comment »

  1. Ачиб аст, ки агар амрикоихо ин корро кунанд, хашму газаби исломихо мо ба осмон мерасад, вакте русхо кунанд, касе “инг” хам намегуяд.

    Comment by Samandar | 10.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: