Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Нон бошад, барқ ҳам мешавад”

1vakhshОё Тоҷикистон дар 4 соли оянда ба истиқлолияти энержӣ даст хоҳад ёфт? Бархе аз иқтисодшиносони тоҷик амалӣ будани ин нақшаро рад мекунанд, вале бархеи дигар мегӯянд, иҷрои он ҳатто дар 3 соли оянда имконпазир аст.

Ба зудӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1” пурра ба кор медарояд ва дар ду соли дигар аз рӯйи нақша бояд “Сангтӯда 2” низ шурӯъ ба тавлиди нерӯ кунад. Ҳамчунин ҳукумат нақша дорад, агрегати аввали нерӯгоҳи “Роғун”-ро то соли 2013 фаъол намояд. Гуфта мешавад, дар Роғун 40%-и кор иҷро шудааст.

Ба шарофати ин се нерӯгоҳ, тавлиди барқ дар кишвар қариб ба 20 миллион-киловатт дар шабонарӯз хоҳад расид, ки ҳам ниёзи дохилиро хоҳад пӯшонд ва ҳам ба судури нерӯи барқ ба хориҷа имкон хоҳад дод.

Нақшаи фарҳабахш бештар ба ваъдаҳои интихоботӣ монанд аст, то ба биниши воқеъият. Нақби “Истиқлол” дар айни чунин раванд вазифаи худро ба дараҷаи олӣ иҷро кард. То ҳанӯз саҳнаҳои рақсу бозӣ дар ду даромадгоҳи нақб пеши назарҳост, вале нақб амалан бастааст ва ҳар сол даҳҳо нафар дар роҳи ағба кушта мешаванд. Гуфтушунид бо Эрон барои ба поён расондани нақби “Истиқлол”, он ҳам пас аз 4 соли ифтитоҳи расмии туннел идома дорад.

Чаро вақте дил мехоҳад, ба барномаи истиқлолияти энержии Тоҷикистон бовар кунад, ақл тан намедиҳад? Пеш аз ҳама барои он ки камаш 2 соли оянда аксари кишварҳо ва махсусан сармоягузорони эҳтимолии сангтӯдаҳо дар умқи бӯҳрон хоҳанд буд. “Сангтӯда 1” аввали ин моҳ бо мушкили пардохти музд рӯбарӯ буд ва ин сабаби коршикании бинокорон гашт.

Агар тарафи Эрон “Сангтӯда 2”-ро ҳам монанди нақби “Истиқлол” сохтанӣ бошад, аллакай 4 сол ҳам камӣ мекунад. Албатта, дар пешорӯи интихоботҳо бо рақсу бозӣ ифтитоҳ кардани “Сангтӯда 2” мушкил нахоҳад буд, аммо боздеҳи ҳақиқии онро бояд хеле интизор буд.

Пеш аз интихоботи соли 1999 бар изофаи шиъори сулҳи деринтизор нуктаи дигаре ҳам сари забонҳо буд, ки Тоҷикистон метавонад, бе ҳеҷ мушкил 40 миллион нафарро бихӯронад. Қаблан ҷанг ба иҷрои ин мақсад халал мерасонд, акнун, ки сулҳ шуд, ба зудӣ аҳолӣ аз фақри домангир наҷот хоҳад ёфт.

Аммо тайи ин ҳама солҳо мардуми Тоҷикистонро асосан муҳоҷирон бо пуле мехӯронданд, ки аз Русия ва Қазоқистон ба даст меомад. Кишвар натавонист, ҳатто 7 миллион нафарро ҳам бихӯронад. Ҳарчанд дар ҳақиқат имконияти таъмини комили аҳолии нисбатан камшумори Тоҷикистон аз тарафи худи кишвар вуҷуд дорад.

Ин имконпазир мебуд, агар давлат на аз рӯи схемаи машкуки Муродалӣ Алимардон, балки аз рӯи схемаи зиндаёд Аслиддини Соҳибназар кор мекард. Дар тафовут аз риштаи энержӣ кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳоро дорад, ки дар 4 сол кишварро ба истиқлолияти ғизоӣ расонад.

Вале чаро харҷи, ба гуфтаи Алимардон, 1,5 миллиард доллар ба кишоварзӣ самараи дилхоҳ надод? Аслиддини Соҳибназар мегуфт ва менавишт, ки барои ин бояд ба деҳқон озодиву истиқлолият дод ва ӯро соҳиби асосии ҳам замин ва ҳам ҳосили замин гардонд. Кишоварз мебоист, худ ҳал мекард, ки кадом зироат барояш чӣ қадар суд меорад ва дар заминаш чӣ кишт кунад ва кай.

Ҳамаи дигарон — спонсору инвесторҳо, расонандагони маводу коло, гурӯҳҳои механиконидашуда, заводҳои пахта ва ғайра мебоист, ба ҳайси ширкатҳои ёрирасон тобеъи хост ва манфиатҳои деҳқон мебуданд.

Аслиддини Соҳибназар ҳанӯз дар соли 1991 навишта буд, ки заводи пахта бояд зимни созишнома ва дар ивази маблағи муайян пахтаи деҳқонро тозаву бастабандӣ кунад, аммо ин пахта ва ҳамаи фуровардаҳои он бояд моли деҳқон бошанд ва ӯ дар фурӯши пахта, чигит, рӯған ва ҳосили дигари кори хеш соҳибихтиёр бошад.

Раиси собиқи Бонки Миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ҳеҷ гуна схемаи наве кашф накардааст, ки риштаи кишоварзиро наҷот бидиҳад, балки ҳамон чизи медонистааш, яъне схемаи давраи шӯравиро дар як шакли ҳаваскорона ва бесамар идома дод. Давлат сармоягузорӣ мекунад, то соҳиби ҳосил бошад. Он гуна ки дар гузашта деҳқон бардаи давлат буд, акнун бардаи як гурӯҳи хурде шуд, ки бо тасодуфи асафбори айём дар сари дег ҷой гирифтаву кафлес ба даст буданд.

Аз он ҷо ки сармоягузории азим барои деҳқони тоҷик ба ғайр аз қарзҳои бузург чизе наовард, метавон гуфт, ҳадафи ин схема сӯистифода аз маблағҳои Бонки Миллии Тоҷикистон буд.

Ҳоло пурсиш ин хоҳад буд, ки бидуни низому сохтори наву замонавӣ, барномаҳои дақиқу ҳисобшудаи миллӣ, ҷалби беҳтарин мутахассисон ва корбасти беҳтарин андешаҳову дидгоҳҳо кишвар метавонад, ба истиқлолияти энержӣ, ғизоӣ ё умуман истиқлолияти ҳақиқӣ даст ёбад?

18.04.2009 - Posted by | Иқтисодиёт, Тоҷикистон |

2 Comments »

  1. Аз шумо ташаккур мекунам, ки аз инсони бошараф ва хирадманду чавонмарде монанди Аслиддини Сохибназар ёд кардаед. Агар хизбхои сиёсии имрузаи Точикистон як нафари монанд ба у медоштанд, ба ин рузи бад гирифтор намешуданд. Касе ки

    а)суханашро натарсида ва ошкоро бигуяд.
    б)бодалелу мантик харф занад.
    в)то охир дар акидаи худаш биистад.
    г)тахлил ва дурандешии сиёсй дошта бошад.

    Боз хам сипосгузорам.

    Comment by Samandar | 20.04.2009 | Reply

  2. Аслиддини Соҳибназар аз қавитарин сиёсатмадорони кишвар буданд. Бадбахтона, дар интихоботи президентӣ фурсати муфассал наёфтанд, ки бо роҳи дуруст бираванд.

    Ин кас узви Ҳизби демократи Тоҷикистон буданд, бад нест, агар ин ҳизб ҷоизае ба номи эшон таъсис бидиҳад ва ба муаллифони беҳтарин таҳлилҳои сиёсӣ тақдим дорад.

    Comment by aioubzod | 22.04.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: