Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Тоҳири Абдуҷаббор ва “Растохез”-и миллӣ

tohirjonТоҳири Абдуҷаббор орзу надошт, пешво шавад. Худаш мегуфт, “вақте пешвоён ба миён меоянд, мардум аз байн меравад.” Аммо “бачаҳои “Рӯ ба рӯ” ба як пой истоданд, ки устод Тоҳир раёсати “Растохез”-ро бар дӯш бигирад.  Онҳо мегуфтанд, омодаанд, ба зону биншинанд ва илтиҷо кунанд. Ҷойи заъфи ӯро медонистанд. Ӯ, ки тоби дидани ранҷурии шариконашро надошт, онҳоро ором кард ва ризоият дод.

Ин як давраи норӯшане буд ва ҳарчанд бисёриҳо шираи минбару маснадро чашида буданд, тақрибан касе набуд, масъулияти сарварии аввалин созмони амалан зиддиҳукуматиро ба зимма бигирад. Сар аз соли 1985 ҷӯшишҳое дар ҷомеа аз ҳар сӯ бухор медод, аммо — бенатиҷа, зеро ҳарчанд насими озодӣ мевазид, сояи абрҳои тӯфонӣ низ намудор мешуданд. Дар натиҷа, баъд аз ҳама доду фарёд, дар он лаҳзаи асосӣ, ки мебоист лоақал як нафар қадаме пеш мегузошту “ман фулониям!” мегуфт, ҳама дӯст медоштанд, сукут варзанд, аз саф берун наоянд, қатори тӯда бимонанд, ба чашм барнахӯранд, зеро “кӣ медонад, оянда чӣ мешавад?”

Ақидае бартарӣ дошт, ки ҳукумати шӯравӣ “ресмонро дароз партофтааст ва вақташ, ки омад, ақиб хоҳад кашид” ва он ба ҳалқадаваки дор табдил хоҳад ёфт. Ҷуръату ҷасоратҳо эҳтиёткорона ва дурандешона буд. То хатти сурх. Ҳоло “Растохез”-ро ҳар кас ҳарчи хоҳад бигӯяд, вале ҷомеа ба сатҳе расида буд, ки мебоист, як чунин ниҳод пайдо мешуд. Бо ҳар ном, ки бошад ва бо ҳар касе дар садраш. Чанд талоши ҳамсонро нависандаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ “гузамгулинор” номида буд. Бархи дигар беадабонатар мегуфтанд, ки бо чунин қаробатҳо “бача таваллуд намешавад”. Ҳақ ҳам доштанд.

Кино дар “Хонаи кино”

Ҷаласае бо ширкати аксари бузургони миллат дар толори мудаввари “Хонаи кино” баргузор шуд, ки шоҳиди зиндаи он будам. Номдортарин намояндагони миллат гирд омаданд ва Давлати Худоназар ба онҳо толор дод ва худ низ он ҷо буд. Номҳоро зикр намекунам, дилатон аз “гулҳои сари сабад” хунук нашавад.

Сӯҳбатҳои пурдард зиёд буд, ба зарурати таъсиси як ҳизб ё созмон барои раҳ ёфтану ба беҳбуд расидан таъкид мешуд. Ҳама розӣ буданд, лекин мегуфтанд, бояд дар атрофи як масъалаи қобили фаҳму дарку қабул муттаҳид шуд. Баҳс ба дарозо кашид, аммо аз ин ҳамоиши “падарону модарони миллат” тифле ба дунё наомад. Зеро ҳеч кас (!) масъулияти сарварии чунин як созмонро бар дӯш нагирифт.

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки “боло” худ мехост, Тоҷикистон аз дигар ҷамоҳири шӯравӣ ақиб намонад ва соҳиби созмони “сарварони ғайрирасмӣ”-и хеш шавад ва мабод Маскав Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро дар мухолифат ба шиори ҳизбии “бозсозӣ” ва “ошкорбаёнӣ” танқид кунад. Ишора ин буд, ки дар ҳамаи ҷамоҳир “фронтҳои халқӣ” ё “созмонҳои мардумӣ” таъсис ёфтаанд, мо ақиб мондаем.

Ҷабҳаи ёрони Лучинский

Моҳе баъд бо дастури котиби дувуми ҳизб — Петр Лучинский созмони “Ҷабҳаи ҳамёрони бозсозӣ” таъсис ёфт, ки дар як саф бо номварони кишвар як намояндаи Кумитаи Марказӣ ҳам узви раёсати он шуд. Нашрияҳои ҳизбӣ ба таври ғайриодӣ аз таъсиси ин созмоне, ки усулан бояд дар муқобили коммунистон қарор бигирад, хабар доданд. Ин хабарҳоро метавонед аз нашрияҳои он давра пайдо кунед. Барномаи он нашр нашудааст, вале шиораш кӯмак ба ҳизб дар роҳи бозсозӣ буд. Гӯё фаъолони Тоҷикистон низ аз худ хабар доданд. Бархе аз одамони хушбовар зуд узви ин “ҷабҳа” шуданд.

Аммо ҳанӯз ҳам кам касе ба тағйир ёфтани табиати зотии Ҳизби коммунист бовар надошт ва созмони нав як зоҳирпарастие беш набуд, ки ба зудӣ худ аз худ фаромӯш гашт. Сипас, шоир Зиё Абдулло талош кард, созмони “Маърифат”-ро таъсис диҳад ва як раёсату ойиннома ҳам омода сохта, мардумро дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ҷамъ овард, аммо барномаи ин ки бояд солҳои дароз сабурона мардумро бомаърифат карду сиёсати нобарзӯрӣ омӯзонд, ба дилҳои пурҷӯши он давра нанишаст. “Дон Кихот”, — гуфтанду хандиданду рафтанд.

Митинги соҳибони забон

Ғайриинтизори ҳама, 24-уми феврал дар шаҳри Душанбе нахустин тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст. Ҷавонони донишгоҳӣ бо сарварии устодонашон Барот Мақсудов, Ҷумъахон Исоев ва коргари корхонаи пойафзол, донишҷӯи ғоибхони бахши таърих Сафари Мастонзод бо шиорҳои миллӣ дар муқобили бинои порлумони шӯравӣ ҷамъ омаданд ва баҳси он рӯзҳо — ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро ба авҷи худ расонданд. Раҳбари порлумон Ғойибназар Паллаев ба назди ҷавонон баромад ва ваъда дод, ки талаби онҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Бисёриҳо бар инанд, ки ҳамин гирдиҳамоӣ ва аввалин шиорҳои оташину озодихоҳонаи миллии он сабаби ба забони тоҷикӣ “тақдим шудан”-и мақоми давлатӣ гашт. Шояд ҳамин гуна ҳам ҳаст, аммо, боз ҳам шояд хидмати Тоҳири Абдуҷаббор бузургтар буд, ки на дар майдон, балки дар толор, на бо фарёд, балки бо лаҳни орому ботамкин, аммо бурҳони қотеъ ва мантиқи сангин гардани мухолифат ба забони тоҷикиро бишикаст.

Оре, сухани ӯ ҳамин гуна мисли зарбаи чаккуш буд, ки “деворҳои қиёмат”-ро мешикаст. Вай дақиқан ёфта буд, ки бояд ба кадом нуқта фишор овард ва чӣ қадар, то фазо тағйир кунад. Бидуни ин шояд рақобат идома мекард ва ҳалле ба даст наомада, баракс хушунати байнулмилалӣ дар кишвар густариш меёфт.

“Рӯ ба рӯ” беҳ аз майдон

Вале муҳимтарин меваи он гирдиҳамоӣ дигар буд, ин мева зода шудани маҳфили сиёсии “Рӯ ба рӯ” буд. Тазоҳурот чашми сарварони коммунистро тарсонд. Агар замона мебардошт, ҳамон шаб устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни оташинсуханро аз рахти хоб ба мошинҳои маҳбас менишонданд. Аммо давр — даври “бозсозӣ” буд, даври шунидану тоқат кардани бо дандонғуҷура.

Ҷавонон дар поёни тазоҳуроташон ваъда гузоштанд, ки якшанбеи оянда ва ҳамаи якшанбеҳои баъдиву баъдӣ дар майдон гирд хоҳанд омад, то он рӯзе ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин таҳдиде буд, ки мақомоти ҳизбу давлатро водор кард, даст ба аксуламали мадании мутобиқ ба замона зананд.

Онҳо байни чаккушу сандон буданд, чун мухолифат ба забони тоҷикӣ воқеан шадид буд. Махсусан аз тарафи русҳову русизабонон ва забонгумкардаҳои Тоҷикистон. Онҳо намехостанд, забони барояшон бегона ва аз нигоҳашон пасту нафринро биомӯзанд. Намехостанд, ба хотири мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ мақомҳои давлатии худро аз даст бидиҳанд. Забонгумкардаҳо дар сари ҳокимият буданд ва мавзеъгирии онҳо на танҳо фарҳангӣ, балки сиёсӣ буд.

Бархе аз онҳо имрӯз аз номи Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ҳамчун сафир намояндагӣ мекунанд ва ё масъулияти забону фарҳанги тоҷикиро дар Юнеско сарварӣ мекунанд. Ҷанги Тоҷикистон сабаб шуд, ки онҳо аз асп фуроянд, вале на аз узангу.

Ҷанги нашрияҳо

Мухолифат ба талабҳои додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ ва он ҳам дар пасманзари моҷарое, ки мақолаи машҳури Мирбобо Мирраҳимов “То кай об аз таги ях меравад”, матбуоти русии Тоҷикистонро ба силоҳу сипари худ табдил дода буд. “Вечерний Душанбе”, “Коммунист Таджикистана”, “Комсомолетс Таджикистана” ва дигар нашрияҳо ба марказҳои зидди забони тоҷикӣ табдил ёфта буданд.

Дар миёни нашрияҳои тоҷикӣ низ гоҳе мухолифати манкуртонае ба забони тоҷикӣ забона мезад, аммо нашрияҳои русӣ саросар, мисли як ҷабҳаи мунсаҷим талаб мекарданд, ба забони тоҷикӣ ҳеҷ гуна мақоми давлатӣ дода нашавад.

Дар марҳилае, ки бо ташвиқу таблиғи Акбари Турсонзод, Мӯсо Диноршоев ва дигарон сарони ҷумҳурӣ “каме нарм” шуданд, матбуоти русӣ талабашро каме иваз кард: Агар ба тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода мешавад, ба русӣ ҳам чунин мақом дода шавад.

Посух: Он гоҳ чӣ фарқе мемонад байни ин ду забон ва чӣ зарурате ба мақоми давлатии тоҷикӣ? Чӣ зарурат ба баҳсу муноқиша ва эътирозу тазоҳурот?

Мақолаи Тоҳири Абдуҷаббор

Дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” бо сарварии нависанда Адаш Истад як маркази ғайрирасмие таъсис ёфта буд, ки барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ мубориза мекард. Бисёре аз зиёиён дар атрофи ин марказ муттаҳид шуда буданд. Раҳбарони нашрия — Аскар Ҳаким ва Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ дар баробари ин падида худро нодида вонамуд мекарданд, то “боло” онҳоро азият накунад. Ман, ҳамчун мудири бахши иҷтимоиву сиёсӣ бо ҳамкоронам Искандари Хатлонӣ, Розияи Исмоилӣ ва Абдуғаффори Партав ба ҷалбу таҳрири мақолаҳои сангине дар ҳимоят аз забони модариямон машғул будам.

Аввалин бор Тоҳири Абдуҷабборро дар ҳамин идора дидам, вақте мақолае овард, ки далелҳои матбуоти русиро титу пора мекард. Шодравон Искандари Хатлонӣ мақоларо омодаи чоп кард ва бо акси устод Тоҳир онро дар гӯшае, ки бо номи “Минбари озод” таъсис дода будем, ба нашр расондем. Эътирози Кумитаи Марказиро ҳадду канор набуд.

Онҳо сармуҳаррир Аскар Ҳакимро меҷустанд, сими телефонҳо метафсид. Аскар як одати аҷоиб дошт. Ҳангоми омодаи чоп шудани чунин мақолаҳо мегуфт, чанд рӯз нигоҳ доред, ман ба сафар, ки баромадам, ё рухсатӣ, ки рафтам, дар фалон шумора чоп кунед. Вақте матлаб ба нашр мерасид, аз “боло” Аскарро меҷустанд, намеёфтанд ва чормағзро дар сари муовини ӯ Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ мешикастанд, агар ӯ ҳам “ба сафар намерафт” ё “бемор намешуд.”

Далели ҳуқуқӣ

Мақола далели муҳимеро дар миён мегузошт, ки матбуоти русизабон дар муқобилаш оҷиз буд. Ҳатто худи моро мутаваҷҷеҳ сохт, ки бояд баҳсро таври дигар пеш бурд. Ин даврае буд, ки Хатлонӣ, Исмоилӣ ва ман аз ширкатдорони фаъоли маҳфили “Рӯ ба рӯ” будем. Корпоя ва ё маромномаи маҳфилро Искандар, Зафар Саидов ва банда навишта будем ва мо будем, ки онро таъсис додему раёсаташро дар ӯҳда доштем.

Гап дар ин ки, вақте ҷавонон дар майдон ваъда гузоштанд, ҳар якшанбе ҷамъ хоҳанд омад, якшанбеи баъдӣ ману Искандар ба майдон рафтем ва дар воқеъ издиҳоми хурдтар аз тазоҳуроти гузаштаро дидем. Бо донишҷӯён вориди сӯҳбат ва баҳс шудем, ки набояд тазоҳуротро ба кори муқаррарӣ табдил дод ва оқибат милиса ба ҷавонон ҳамла хоҳад кард ва чизҳое монанди ин. Аз он сӯи издиҳом каси дигаре тақрибан ба ҳамин мазмун ва ҳатто каме шадидтар бо ҷавонон гуфтумон дошт.

Бо ин баҳсҳо ва ҳаракат аз миёни издиҳом ба он шахс наздик шудем ва шунидем, ӯ пешниҳод мекард, ки агар дарвоқеъ ҷавонон ҳар якшанбе ҷамъ омаданӣ ҳастанд, беҳтар аст, дар толоре гирд оянд ва дар шароити осудае гуфтугӯ, табодули андеша кунанд. Дертар шинос шудем. Ин ҷавон худро Зафар Саидов, инструктори Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон (созмони ҷавонон) номид.

Сӯҳбати ӯ бо Искандар ва банда ва чанде аз ҷавонон дар идораи “Адабиёт ва санъат” идома кард ва тасмим гирифта шуд, ки як маҳфили баҳсҳои сиёсӣ таъсис ёбад. Ин оғози зуҳури маҳфили “Рӯ ба рӯ” буд, ки дертар дар он то 500 нафар аз фаъолони сиёсӣ ҷамъ меомад ва вазирону вакилон барои мулоқотҳои шабеҳи бозпурсӣ ба он даъват мешуданд.

Зафар Саидов раиси маҳфил ва устоди донишгоҳ Ҷумъахон Исоев ҳамчун намояндаи ҷавонони мӯътариз ноиби ӯ интихоб шуданд. Корпояи маҳфил дар нашрияҳо ба табъ расид ва эълони баргузории нишастҳои ояндаи маҳфил низ ҳар ҳафта чоп мешуд.

Қаламе чун сайф

Вақте мақолаи устод Тоҳир ба нашр расид ва даҳҳо нафар ба мо занг задаву изҳори сипос мекарданд, аз эшон хостем, як матлаби дигар дар бораи иқтисодиёт бинависанд, зеро ин ба истилоҳ “ҷои заъф”-и мо буд. Дар ҳамин дидори дувум буд, ки ба Тоҳири Абдуҷаббор пешниҳод кардам, бо мо ба маҳфили “Рӯ ба рӯ” биравад. Гуфтам, ин як мулоқоти афроди миллатдӯст ва ҳамақида мебошад ва табодули афкор дар он ҷо хеле муҳим аст. Розия ҳам аз ин пешниҳод пуштибонӣ кард. Устод пас аз каме андеша розӣ шуданд.

Ҳоло дар ёдам нест, мавзӯъи мулоқоти нав дар “Рӯ ба рӯ” чӣ буд, аммо устод Тоҳир пешниҳод кард, ки ба нишасти баъдина сарони матбуоти русизабонро даъват ва мухолифати онҳоро ба талабҳои мақоми давлатии забони тоҷикӣ баҳс намоем.

Ин оғози зуҳури Тоҳири Абдуҷаббор ҳамчун нотиқу пешгоми ҷомеъа буд. Вай, онгуна ки дертар дарёфтам, тибқи одати доимияш, ибтидо хеле хомӯш монд, то раҳбарони матбуоти русии Тоҷикистон бо пешгомии сармуҳаррири “Вечерний Душанбе”, иртиҷоитарин нашрияи вақт, хонуми Каратигина, ҳамаи далелҳои худро руйи миз бигузоранд.

Чунончи, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба манофеи намояндагони ақвоми сершумори ғайримаҳаллӣ зарба мезанад, ояндаи фарзандони онҳоро зери хатар мегузорад, мутахассисонро ба тарки кишварро маҷбур мекунанд ва монанди инҳо. Дар поёни суханашон онҳо гуфтанд, як роҳи ҳал мавҷуд аст — агар ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода мешавад, бояд ба забони русӣ низ чунин мақомро дод.

Дар ҳоле ки ҷавонони беқарор ва шӯр омада буданд, Тоҳири Абдуҷаббор гуфт, нигаронии мубоҳисонро хуб дарк мекунад ва бархе аз пайомадҳоро мефаҳмад, аммо як суол дорад. Ва суол ин аст, ки агар тоҷикон ҳамчун сокинони Тоҷикистон ва соҳибони ин кишвару забон талаб доранд, ки ба ин забон мақоми давлатӣ дода шавад, русҳо ва русизабонон дар заминаи КАДОМ ДАЛЕЛИ ҲУҚУҚӢ айни чунин талабро мекунанд? Заминаи талаби онҳо чист?

Толорро сукути комил фаро гирифт. Ба андозае ки кадоме аз ҷавонони тоҷик бинӣ кашид ва дигаре каф ба зонуяш зад ва ин ҳама раъдгуна садо дод.

Мубоҳисон лаҳзае ба андеша рафта буданд ва ба зудӣ садо бароварданд, вале маълум буд, ки баҳсро бохтаанд. Онҳо ягон далели ҳуқуқӣ оварда натавонистанд. Баракс, шояд барои аввалин бор ба андеша рафтанд, ки оре, дарвоқеъ, ба кадом далел онҳо як чунин талаберо ба миён мегузоранд?

Ин пирӯзии “Рӯ ба рӯ”, пирӯзии забони тоҷикӣ буд. Аз ҳафтаи баъдаш нашрияҳои русизабон дигар дар ҳоли ҳамла набуданд, балки роҳи оштӣ ва муросоро меҷустанд. Лаҳн комилан тағйир карда буд. Онҳо акнун бештар дар бораи нарасидани китобҳои дарсӣ ва луғату вожаномаҳо менавиштанд, то дар бораи номувофиқатии забони тоҷикӣ ба корбурд дар компютер ё харҷи ҳангуфти мақоми давлатии ин забон.

Зуҳури сарвар

Дар нишастҳои баъдии маҳфил бо вуҷуди раёсати расмии дигарон, Тоҳири Абдуҷаббор сарварии ҳақиқии “Рӯ ба рӯ”-ро дар даст дошт. Мавзӯъҳои нишастро низ акнун бештар устод Тоҳир муайян мекард ва онҳо ҳарчӣ бештар тобиш ва умқи сиёсӣ меёфтанд. Ҷанбаъҳои мустақилияти иқтисодии ҷумҳуриҳои шӯравӣ, банди 6-уми Қонуни асосии СССР дар бораи нақши пешбарандаи Ҳизби коммунист, вазъи деҳот ва захираҳои меҳнатии Тоҷикистон…

Ҳангоми баҳсҳои сахт ва дар лаҳзаҳои душвори бунбастӣ ҳама хомӯш мешуданду ба ақиб менигаристанд ва Тоҳирро меҷустанд. Онҳо медонистанд, ки натиҷагирии Тоҳир метавонад, манзараи тираи баҳсро ба якборагӣ рӯшан кунад, монанди он ки дар ҳавои абрӣ якбора офтоб аз паси пардаи ситабр берун меояд ва атроф рӯшану фаҳмо мешавад.

Шоҳиди ин будам, одамон вақте ба ҷаласаҳои маҳфил меомаданду Тоҳирро он ҷо медиҳанд, самимона шод мешуданд ва агар ҷамоъа ҷамъ мешуду устод Тоҳир дертар мерасид, дар чеҳраи аксарият як ноқаноатмандӣ ва нигаронӣ ба назар мерасид.

Розияи Исмоилӣ, Искандари Хатлонӣ ва ман, ки аз идораи “Адабиёт ва санъат” ҳамроҳ баромадаву то “Кохи маъорифи сиёсӣ” (дертар ЭКОМТ ва ҳоло “Кохи ваҳдат”) қадам мезадем, ба толор ворид шуда, дар гӯшае менишастем ва вақте чеҳраи Тоҳир ё сухани ӯро мешунидем, ба ҳамдигар менигаристему диламон аз фараҳ лабрез мегашт, ки чунин инсонеро барои маҳфил кашф ва муаррифӣ кардем.

Устод Тоҳир на танҳо нотиқи маҳкамсухан, балки як инсони кушодадил, нармхӯ ва меҳрубон низ буданд ва ин хислатҳо сабаб мегашт, ки одамон ба эшон майл кунанд, зуд унс бигиранд, ба ӯ бовар оранд ва дили худро барояш боз кунанд. Бархе аз ширкатдорони маҳфил, монанди Сайидҷаъфар Қодирӣ, Муҳаббат Қаноатов, Абдусаттор Ғаффоров, Давлатхоҷа Довудов, Намоз Ҳотамов ва дигарон Тоҳири Абдуҷабборро аз ҳамкорӣ дар Академияи илмҳо мешинохтанд, вале бархи дигар, шабеҳи Абдуқодир Холиқзода, Алии Каримӣ, Қодири Рустам, Насими Назруллоҳ ва дигарон бо ӯ дар “Рӯ ба рӯ” ошно шуданд. Холиқзода ва Абдуҷаббор тандеми аҷибе буданд. Яке таърихшинос ва дигаре иқтисоддон ҳамдигарро такмил мекарданд. Холиқзода буд, ки аввалин шуда номзадии Тоҳири Абдуҷабборро ба сарварии “Растохез” пешниҳод кард.

Ба назарам, нақши пешбари Тоҳир аз чашми намояндагони Ҳизби коммунист ва Кумитаи амнияти давлатӣ низ пинҳон намонда, ҳанӯз аз он вақт дасисаҳое зидди ӯ шурӯъ шуда буданд. Худаш шиквае намекард, аммо аз бачаҳои Академия мешунидем, ки бар зидди ӯ фишоре роҳандозӣ шудааст.

Ғуруби “Рӯ ба рӯ”…

Эътибори Тоҳири Абдуҷаббор дар “Рӯ ба рӯ” ба раҳбарони маҳфил низ начандон хушоянд буд. Онҳо ҳам кӯр набуданд ва нерӯву дониши Тоҳир, ҳамчунин муҳаббати мардумро ба ӯ медиданд. Фароянди аҷибе сар шуд барои ба таври сунъӣ коҳиш додани нуфузи Тоҳир. Талош мешуд, мавзӯъҳои пешниҳодии ӯ пазируфта нашаванд, ба ӯ камтар вақти сухан дода шавад ва ноҷавонмардиҳое монанди ин.

Дар натиҷа, эътибори маҳфил ҳам то рафт коста мешуд, вале мо нохушнуд набудем, зеро ҳис мекардем, ки бо ҳамин маҳфили “Рӯ ба рӯ” миссияи таърихии худро ба ҷо овардааст ва шояд ба зудӣ пароканда шавад.
Вақте яке аз ҷаласаҳои маҳфил баргузор нагашт ва ба нишасти навбатӣ футболбозонро (худсарии кӯчабоғии Ҷумъахон Исоев!) даъват карданду дар нишасте бо ширкати вакилони Шӯрои Олии СССР аз мо тақозо шуд, ки суолҳоро пешакӣ тарҳрезӣ кунем ва Мирбобои Мирраҳим чанд нишастро ба “бенефис”-и яккаи худ табдил доданӣ шуд, ғуруби “Рӯ ба рӯ” падидор гашт. Вале ин айёме буд, ки ҳастаи ҷамъшуда дар атрофи устод Тоҳир дар андешаи таъсиси як созмони мустақили сиёсӣ меафтод.

Ин гурӯҳ берун аз “Рӯ ба рӯ” ҷамъ меомад ва тарҳи худро омода мекард. Якчанд мулоқот дар коргоҳи ман, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба вуқӯъ пайваст, аммо пас аз таҳдиди шоир Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, ки ваъда дод, “ҳамаи моро ба КГБ месупорад”, нишастҳои баъдӣ дар ҷойҳои гуногун ба амал меомад.

…ва тулӯи “Растохез”

Ҷамъомади сарнавиштсоз, ки дар он тарҳи Ойиннома ва Барномаи Созмони Мардумии “Растохез” ба тасвиб расид, дар яке аз синфхонаҳои навбунёди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар Ҷазира, сурат гирифт. Дар он устод Тоҳир, Олими Хоҷамурод, Муҳаббат Қаноатов, Шарофиддин Имомов, Халифабобо Ҳомидов, Ҳамидулло Ҳабибуллоев, Сафар Абдулло ва чанде аз дигарон ширкат доштанд.

Ин ҷо буд, ки хушхабар омад, нависандаи шаҳири тоҷик, устод Сотим Улуғзода, барои узвият дар “Растохез” ариза додаанд.

Ойиннома ва Барнома мутобиқ ба қонунҳои вақти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶШС Тоҷикистон таҳия шуда, аз назари ҳуқуқшиносон гузашта буд ва шароити фаъолияту аҳдофи иттиҳоди шаҳрвандонро колбадрезӣ мекард.

Даҳум ё ёздаҳуми сентябр Розия ва ман матни ин ду санадро ба таври махфӣ дар як матбаа, ки сарвараш аз наздикони Розия-бону буд, чоп кардем ва ба дасти вакилони анҷуман, ки 14-уми сентябр баргузор шуд, расондем. Дар анҷуман иборат аз 55 нафар раёсат интихоб гашт ва Тоҳири Абдуҷаббор раиси созмон баргузида шуд.

Ман раҳбариву раҳнамоии Тоҳирро ҳам дар рӯзҳои осоишта дидаам ва ҳам дар давраи ҷангу нооромӣ. Бояд иқрор кунам, дар ҳалқаи сарвароне чуни Шодмон Юсуф, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дертар таъсис ёфт, Қорӣ Муҳаммадҷон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ё Давлат Усмон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар раҳбарон Тоҳир як андоза заъф нишон медод. Ба назарам, вай раҳбари муборизаи осоиштаи сиёсӣ буд, на узви ситоди “Наҷоти Ватан” ё шарики муборизаи мусаллаҳона. Ин буд, ки сукуташ ҳарчӣ бештар ва тӯлонитар мегашт. Аммо боз ҳам шоҳид будаам, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо маслиҳату машварати ӯ роҳсозу ҳалкунанда буд.
Собиқ муовини аввали раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар чанд ҳолат, вақте ақидаи бисёриҳоро мешунид, мегуфт, як бор бояд аз Тоҳири Абдуҷаббор ҳам назар бигирад. Ба фикрам, ӯ ба ақидаи Тоҳир арҷи алоҳида мегузошт.

Шарофиддини Имом дар китобаш “Таърихи бедории миллӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон” комилан дуруст менависад, ки тайи ҳамагӣ се моҳ (октярб-ноябри соли 1989) “Растохез” бо созмони бонуфузе табдил ёфт, ки дар саросари кишвар басту ҳавзаҳои худро дошт.

Он вақт буд, ки гурӯҳе аз сиёсатшиносони маскавӣ нерӯҳои мардумии Тоҷикистонро меомӯхтанд ва солҳо баъд натиҷагирии онҳоро хондам, ки дар охирҳои соли 1990 зери унвони “Гражданские движения в Таджикистане” дар Маскав ба табъ расидааст. Муаллифон, Ю. Кулчиков, С. Румянцев ва Н. Чичерина навиштаанд, “бешубҳа, “Растохез” калонтарин ҷумбиши шаҳрвандии Тоҷикистон аст ва на танҳо аз лиҳози теъдод, балки аз лиҳози имкониятҳои интеллектуалияш низ.” (М., 1990, саҳ. 48)

Пас чӣ шуд, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор натавонист, чунин потенсиали бузурги ақлонии миллатро барои расидан ба ҳадафҳои таърихии истиқлолияти давлатӣ, рушди фарҳанги миллӣ, шукуфоии иқтисодӣ ва адли иҷтимоъӣ равона кунад?

“Баҳманмоҳ” — зарба ба “Растохез”

Ҳокимони давр, ки садоқати онҳо ба арзишҳои коммунистӣ танҳо ба хотири рифоҳи худашон буд ва берун аз ин чизеро дида наметавонистанд, бо роҳ андохтани тавтеъаи 12-уми феврали соли 1990 имконияти пирӯзии намояндагон ва хайрхоҳони “Растохез”-ро дар интихоботи 26-уми феврал аз байн бурданд.

Тоҳири Абдуҷаббор ҳамаи ҳассосияти замонаро дарк ва ҳис мекард ва биноан бо нухбагони давр роҳи мудоро меҷуст, талош мекард, аз ҳама гуна нооромӣ ҷилавгирӣ кунад, аммо иттифоқан ҳам рақибонаш ва ҳам рафиқонаш маҳз ҳамин гуна шароитеро ба вуҷуд оварданд, ки ӯ намехост. Ин ҳам яке аз сабабҳои канораҷӯии ӯ гашт.

Бар асари “Баҳманмоҳи хунини Душанбе” на танҳо имконияти роҳ ёфтан ба порлумон барои растохезиён аз байн рафт, балки дар дохили созмон нифоқу ҷудоиҳо сар зад. Вақте муфаттиши КГБ Краснухин маро ба бозпурсӣ даъват кард, аз рӯйи суолҳои ӯ донистам, ки асрори як ҷаласаи пинҳонии сарони “Растохез” ба таври комил парванда шуда буд. Краснухини сурхрӯ ҳар лаҳза ин пӯшаро боз мекард, мепӯшонд ва суоли нав медод.

Дар он ҷаласаи махфӣ ҳамагӣ 6 нафар ширкат карда буданд ва ман дар ҷаласаи баъдӣ мӯҳтавои бозпурсӣ дар КГБ-ро ҳикоят кардаму гуфтам, то замоне ки мо муайян накунем, аз ин шаш нафари мо кӣ ҷосуси амният аст, ман дигар дар кори созмон ширкат намекунам. Монанди ман чандин нафар созмонро тарк карданд ва дар атрофи Тоҳир касоне монданд, ки бароямон машкук буданд. Ҳамаи мо ҳам гунаҳкорем, ки ӯро танҳо гузоштем. Муҷрим моем, на Тоҳири Абдуҷаббор.

Марди ақлу сулҳ дар фазои ошӯбу ҷанг

Як худи Тоҳири Абдуҷаббор бо он “микрофони рақами 6”, ки раиси маҷлис бешармона ба “куштанаш” даъват мекард, ҳолу ҳавои порлумони тоҷикро ба куллӣ тағйир дод. Агар дар паҳлуи ӯ 5 растохезии дигар низ он ҷо мебуданд, шояд Тоҷикистон ҳаргиз ба коми хунини ҷанг намеафтод.

Вай то охирин имконияти дастрас талош кард, пеши роҳи ҷангро бигирад, вале ҳангоме ҷанг сар шуд, олами ӯ гӯё ба поён расид ва олами дигаре оғоз ёфт, ки Тоҳири Абдуҷаббор дар он ҷое барои худ надошт.

Дар иҷлосияи 16-уми Хуҷанд вакилоне, ки ин ҳама вақт дар назди сухандонию мантиқи Тоҳир оҷиз монда буданд, “интиқом”-и худро ситонданд. Раҳбари онҳо — Сангак Сафаров, гӯё дар “зона” бошад, ба худ иҷоза дод бо забони нопоке номи Тоҳири Абдуҷабборро ба забон орад.

Баъд аз ин Тоҳир дигар нахост, ба саҳнаи сиёсӣ баргардад. Ҳар бор, ки ӯро дар Теҳрон ё Исломобод медидам, бемор буд, аз захми меъда ранҷ мекашид ва шабурӯзашро ба мутолиа мегузаронд.

Аммо, дилаш, ки ба ватанаш месӯхт, наметавонист, комилан дар канор бошад ва дар таҳия санаду эъломияҳои Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, ки дар ҳоли музокира бо давлат буд, кӯмак мекард. Вай мехост, ба ватан баргардад.

Рӯзе расиду баргашт. Аммо ба кишвари дигаре баргашт, ки фарҳангу русуми дигаре дошт. Ва мардуми дигаре. Моҳҳову ҳафтаҳо бекор буд, аммо агар мақолаҳои сершуморашро бихонед, гӯё аслан ба фикри хештан набуд. Дар ғами мардумаш буд ва то охирин нафас ин ғам ӯро тарк накардааст.

Вай аз ғамбода даргузашт. Ба дархости дӯстону ҳамандешонаш, ки бояд “Растохез”-ро эҳё кард, розӣ нашуд ва мегуфт, вазифаи асосии созмоне ки дар соли 1989 дар баҳсҳои пуршӯри маҳфили “Рӯ ба рӯ” таъсис ёфта буд, яъне истиқлолияти миллӣ, иҷро шуд ва зарурати бозгашт ба он давра нест.

Номе бар фарози кохи миллат

Оре, ҳама равандаем. Аз як даре вориди ин ҷаҳон мешавем ва ҳанӯз мижа назадаем, ки аз дари дигар берун меравем. Касе сутуни ҷаҳон нахоҳад шуд. Аз касе чизе боқӣ нахоҳад монд, ҷуз ин ки номи нек. Равонаш шод, Тоҳири Абдуҷабборро….

Вале наметавон бовар кард. Пас аз ҷанги Тоҷикистон Тоҳир дигар он шахси кушодадил набуд. Ӯ кайҳо дари дилашро маҳкам баста буд ва ноҷавонмардиҳои зиёде ин дари бастаро зери тӯдаҳои санг гузошта буданд. Вай ба афроди ҷудогона бо шак менигарист, аммо як ҷаҳон орзуву умед барои ин мардум дошт. Бовар намекунам, ки шоду орому осуда рафт. Бовар намекунам, ки охирин лабханди ӯ оҳи раҳоӣ аз ин ҷомеъаи сиёҳу сангин буд. Ин лабханди дард буд. Лабханде аз бодаи ғам…

Дидор ба қиёмат, устод Тоҳир…

22.04.2009 - Posted by | Сиёсат, Ҳолнома |

17 Comments »

  1. Устод, моро бубахш.
    Агар равони покат метавонад.

    Comment by Мунаввар | 22.04.2009 | Reply

    • Устод Тоҳир ҳаргиз кинае ба касе нагирифтааст ва ҳамеша ҳамаро бахшидааст.

      Comment by aioubzod | 22.04.2009 | Reply

  2. Устод Тохир пеш аз хама як фарди содда буд ва хеле содда рафт. Орому беташвиш рафт. Хамеша лабханд мекард ва бо лабханди зебандааш рафт. Вай аз ранчу нофахмихои мо рафт. Вай рафт, то аз зулматхои ботинии мо рахо шавад. Вай рафт, то моро ба холи худ гузорад. Вай дар дунёи мо нагунчид ё мо натавонистем уро дар дунёи худ чой дихем. Акнун забони таассуфи мо барои марги кушода мешавад. Акнун мо дар бораи у китоб менависем. Гулчини матолибашро нашр мекунем. Аксашро, худашро, матнашро дуст медорем, мепарастем. Агарчи у дигар ба мо ва мехрубонихои сунъии мо эхтиёч надорад. Ва ин чо танхо науктае ба ёдам мерасад, ки марбут ба коргардон Говорухин аст: “Дар мамлакати мо хамон вакте дустат медоранд, ки мурда боши…” Ва мо бори дигар собит мекунем, ки зиндахору мурдапарастем. Худо нигахбонатон.

    Comment by Каюмарс | 22.04.2009 | Reply

    • Дареғо, вақте буд, ба қадраш нарасидем. Оре, Каюмарси азиз, мо ҳамин гуна қавме шудаем, ки маргҳо гӯё таскинамон мебахшанд.

      Comment by aioubzod | 22.04.2009 | Reply

  3. Инак боз як талафоти бузург барои Точик. Инак боз як халоги дар хавои Точикистон, ки пур шудани он дар ин наздикихо дар гумон.
    Устодро пеш гоибона мешинохтам. Аз солхои 90-ум. Аз хамун даврае, ки Устод вакили мардуми буданду аз “микрофони 6” сухан мекарданд.

    Ин чо мехостам як бархурде, ки бевосита бо шодравон Устод доштам бароятон накл кунам.

    Тобистони соли гузашта сафаре доштам чониби Хучанд. Ва хангоми убур аз “пули сироти” аэропорти Душанбе он чо чашмам ба Устод афтод. Аввал гумон кардам, ки шояд он кас хам нияти сафари Хучанд доранд. Лек, баъд маълум шуд, ки Устод мехостаанд бо нафаре амонате барои духтарашон равон кунанд. Ва шохиди он гардидам, ки Устод ба чанд нафар мусофирони хати Хучанд мурочиат мекарданду, вале касе ба хохиши он кас эътиное хам намекард. Устод бо хамон табассуми ба худ хос боз ба нафари дигаре мурочиат мекарданд.

    Ба худ гуфтам, ки чи кадар миллати худношинос хастем, ки хатто бузургонамонро намешиносем.

    Дигар токат намонд, назди Устод рафтам, салом кардам ва пурсидам, ки “Устоди азиз” чи мушкил доред ва оё метавонам бароятон кумаке намоям? Хис кардам, ки Устод аз суханхои ман болидарух гаштанду, максади худро фахмонданд. Ва банда он амонатро бурда ба дасти духтарашон расондам.

    Моро бубахшед, Устод! Узру маъзарат аз номи худшиносони дасткутах… Узр, ки ба кадри шумо нарасидем…
    Эххх, кадрношиноси дар хуни мост. Ба кадри ки расида будем, ки боз расем …?

    Аз Худованди Бузург илтичо мекунам, ки рухатонро шод гардонад ва дар бихишт макон дихад!

    Comment by Sooroosh | 23.04.2009 | Reply

  4. Имруз рузи мотами як кавми гофил аст
    —————————————–

    Марде ба вусъати хамаи рузгор рафт

    Накши бахор мондаву буи бахор рафт

    Гуйи барои мову ту дигар бахор нест

    Ин растахез омаду он растагор рафт

    Он рухи устувор чу он кухи пойдор

    Танхо гузошт миллати беихтиёр рафт

    Андухи у ба шонаи як духтари латиф

    Тобути у ба гушаи танги диёр рафт

    Ай кош хамнишини ту будам тамоми умр

    Сард аст зиндаги агарат гамгусор рафт

    Имруз рузи мотами як кавми гофил аст

    Озодмарди рушану иззатмадор рафт

    Марде ки бо замонаи рокид ситез кард

    Аз чабри ин замонаи бебандубор рафт

    Хар руз доги тоза ба дил мерасад зи дуст

    Кофиладори силсилаи догдор рафт

    Падруд ай муаллими озодагони кавм

    Химматбаланду нодираи рузгор рафт
    ————————————-

    Behrooz Zabehoolla,

    Comment by follower | 23.04.2009 | Reply

  5. Устод, моро бубахш.Агар равони покат метавонад. by Мунаввар
    Устод Тоҳир ҳаргиз кинае ба касе нагирифтааст ва ҳамеша ҳамаро бахшидааст. by aioubzod
    —————————————–
    Ба хар хол, Устод, фикр мекунам, аз мо умеду интизороти чавонмардиву ватандустии хакикй дошт, ки, мутаъассифона, надоштем.
    Ва, бештар аз ин, хануз хам…

    Comment by Мунаввар | 26.04.2009 | Reply

  6. “Эй бародар, хоки поят тутиё,
    Гар ту моро дуст медори, биё.
    Эътикоди мову ту дар зиндагист,
    Баъди мурдан хох биёи, хох наё”.

    Comment by Дабир | 26.04.2009 | Reply

    • Дабири азиз.

      Аз руи шунидам, дар расми фотеха ва ёдбуди устод Тохир, ки дусти арчманди мо Рахматкарими Давлат тахия кард, низ бисёр касоне, ки аз файзи устод бахравар гашта буданд, наомаданд.

      Зимнан, ин холате буд, ки пас аз мурдан хам омадан мухим буд. Ба хотири лоакал намоиши хамдардй ва таъкиди хамсарнавиштй.

      Comment by aioubzod | 27.04.2009 | Reply

  7. Худи хамин Каюмарс ва шумо ки солхо дар радиои хоричи кор мекунед ва аз дигар точикон бештар пул мегиред лоакал дар вакти бемории Тохири Абдучаббор ягон кумак кардед. Зеро махз андешаи истиклолхохии у буд ки имруз шумо дар радиои хоричи кор мекунеду маоши хуб мегиред имкон доред сайт созеду андешарони кунед. банда натавонистам дар вакти бемории у барояш кумак кунам мехохам акнун барои фарзандони Тохири Абдучаббор каме бошад хам кумак кунам. Агар шумо адресе доред илтимос ба мо бидихед то аз ин амали инсони банда акиб намонам. Дар бораи ин ки Каюмарс гуфтааст ки акнун мухаббати сунъии мо ба у лозим нест мехохам бигуям ки агар касе уро сохтакорона ёд мекунад Худо мезанадаш зеро у марди Худо буд. Мо хама уро дуст медоштем вале аз сарнавишташ бехабар будем. Айби шумо журналистон хам хаст ки дар зиндагиаш дар бораи у кам гуфтед боз ин ки уро шумохо аз наздик мешинохтаед. Хайр Худо чояшро чаннат кунад. Илтимос ёдатон наравад адреси фарзандони шодравонро ба ман маълум кунед.

    Comment by Номус | 30.04.2009 | Reply

    • Бародари азиз “Номус”.

      Каюмарс хам кумак кард ва хамаи кормандони радиои мо кумак карданд, вале бехтар аст, сухбат аз пул нашавад. Хамкорони “Озодй” ба бисёрихо кумак мекунанд ва пайваста, кариб хар чанд мох. Вале ин чои ифтихор надорад. Касе агар ба касе кумак мекунад, зинхор бояд инро нагуяд, вале Шумо маро мачбур кардед.

      Аз хохиши баландхимматонаи Шумо метавон танхо истикбол кард. Барои расондани кумак метавонед, ба дусту хамкори мо дар Хучанд, Маъсуми Муаммадрачаб мурочиат намоед.

      Аммо равони устод Тохир аз мо хазорон бор шод хохад шуд, агар андешахои уро ба дигарон бирасонем, рохи уро барои бунёди як кишвари ободу зебову шукуфон бо назми одилона, шаффоф ва мардумй идома бидихем. Ин бузургтарин кумак хохад буд.

      Тансихат ва сарбаланд бошед.

      Comment by aioubzod | 30.04.2009 | Reply

  8. Устодро як бор дида в хамсухбат шудаам, вале нутки оташини уро борхо шунидаам ва маколахои уро мутолеа кардаам. Хар чи дар хакки у гуфта шуд кам аст.

    Хуб мешуд ба номи у як хазинае ташкил мешуд (дар хорича)ва онро шахсони муътабар раиси мекарданд.

    Comment by Sharafzoda | 09.05.2009 | Reply

  9. Акои Мухаммадсалим, ман нафахмидам 30 феврал чи маъно дорад? Ин шухист ё иштибох?

    Comment by фахридини холбек | 19.05.2009 | Reply

  10. Фахриддини азиз, сухан аз руйдодхои як хафта меравад, яъне 30 феврали соли 1989 дар назар аст. Пеш аз он дар бораи гирдихамоии 24 феврал гуфта шудааст. Чаро шухй?

    Comment by aioubzod | 20.05.2009 | Reply

    • Ха-ха-ха… Фахриддини азиз,танхо холо фахмидам, ки манзуратон чист. Дар хакикат рузи 30 феврал вучуд надорад. Пирии ман аз хамин чо маълум мешавад. Гап дар ин ки ман дар масъалаи рузхову солхо ва шуморахои телефон хотираи кавй надорам. Аз суе хам тамоми умр бо гохшумории кадимй зистаам ва хамеша дар рузхову моххо галат кардаам, бояд икрор кунам.

      Пас ин 30 феврал нест, балки дакиктараш якшанбеи баъд аз 24 феврал. Он тарафашро худатон пайдо кунед, ки кадом руз буд. Албатта, хатман ки 30 феврал набуд.

      Ман дар матн ислох ворид мекунам, аммо номаи Шумои азиз ва борикбинро бо ин посуххои худсафедкунии банда бокй мегузорам. Кас бояд ба хатои худ икрор карда хам битавонад.

      Comment by aioubzod | 22.05.2009 | Reply

  11. Э кош ин хама дустону шогирдону мухлисони эшон рузхои саргардонияш дар Техрон (охирин сафараш чихати табобат) дар пахлуяш мебуданду хидматаш мекарданд!

    Comment by Said | 19.02.2012 | Reply

  12. Бародарон Тохири Абдучаббор намурдааст. У факат чойро барои мо холи кардааст. То ки мо идеяхои Уро ба сатхи баландтар барорем. То вакте Уро мо ёд мекунем У зиндааст. Ба кавли Хазрати Лоик “Гар баъди хазор сол ёдам бикунед, Аз баъди хазор меоям боз.” Сабабхои ёд кардани Устод Тохир бисёран- зодрузи Эшон, рузи истиклолият, масъалаи Рогун, рузи забони форси-точики ва дигар масъалахое, ки Устод болои онхо кор бурда буд.
    Мард намирад ба марг,
    Марг аз у ном чуст.
    Ном чу човид шуд,
    Мурданаш осон кучост.
    Оре Устод Тохир марди хакики буданд. Ман боварии комил дорам, ки У намемирад.

    Comment by Buzurgmehr | 12.03.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: