Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ашк аз чашмони пайкараи шикаста

dafnНавҳаю шевани ҳамаи мо аз даргузашти Тоҳири Абдуҷаббор як натиҷагириеро ба миён овардааст, ки гӯё мо ҳам кам-кам ба қавмҳои “зиндакуши мурдапарвар” монанд мешавем. Қариб тамоми нашрияҳои Тоҷикистон ба марги устод Тоҳир “ашк рехтанд.”Суханони нек гуфта шуд. Пойдор ва самимона.

 Аммо чунин таваҷҷӯҳи густарда бештар ба тазоҳур ва намоиши эътироз монанд буд. Як шакл ё фурсати эътироз. Оё як нафаре ҳам дар ҳукумат ё порлумони имрӯзаи мо ҳаст, ки агар “паймонааш пур” шаваду даргузарад, мардум дар ҳаққаш ин гуна бисӯзанд?

Чанд лаҳза сукут. Чархиши ҷарақаҳое дар мағз. Бастану боз кардаи пилкҳо. Хоридани пушти сар. Посухи деринтизор: “На.” Посухи қатъӣ: “Ба ҳеҷ ваҷҳ на!” Хуб агар ҳаст, кист?

Зиёд навишта ва нашр шуд, вале садои мо аз даруни хонаамон берун нарафт. Ягон навишта ба забонҳои дигаре рӯйи олам паҳн нагашт.

Гузориши маҳкам ва пурмӯҳтавои ҳамкори азизи ман дар радиои “Озодӣ”, Раҳматкарими Давлат ва нигористони акс дар таҳияи ҳамкори дигари хубам Ҳумоюни Шаҳриёр ба воситаи радиоҳои “Фардо” ва “Афғонистони озод” дар Эрону Афғонистон пахш шуданд.

Аммо дасти мо нарасид, барои расонаҳои русӣ дар бораи ӯ маводе ба табъ бирасонем, ки шояд вақт мехоҳад. Русӣ эҳсосоти барзиёд ва тафтсони тоҷикиро меполояд. Факт ва лухт. Бе зиёдаравӣ. Охир, пас аз Аҳмади Дониш дигарон ҳам буданд. Ва қаҳрамони мо низ на дар ҳама талошҳояш ва на то ба охир комёб буд.

Пас эътироз аз вазъи умумӣ бештар аст, то аз қонуни раднопазири омадану рафтан. Ва эҳтироми амиқ ба шахсе ки аз паси мансабу мақом надавид ва мақоми хешро бо шикастанафсии вижае худаш сохт.

Агар ӯ вазири 30%-ӣ мешуд ё барои хеш қасре месохт ва ё абадан ба хориҷа ҳиҷрат мекард, мардум дар ҳаққаш ин гуна месӯхт? Пас эътироз на танҳо аз бетаваҷҷӯҳии болонишинон, балки ҳамчунин аз сустниҳодии ҳамсафарони собиқ? Ва ё ҷамъан — эътироз аз нотавонии умумимардумӣ? Аҷзи беохир ва беподош. На танҳо дар баробари марг, балки ҳамчунин дар баробари зиндагӣ?

Хонандагони сомонаи интернетии “Озодӣ” аз гӯшаву канори дунё, бо дареғ аз он ки натавонистаанд, аз гӯшаи тобути ӯ бардоранд, дуъо ва паём фиристодаанд. (Дар аксе, ки ҳамкори азизи мо Маъсуми Муҳаммадраҷаб бардоштааст, мебинем, ки чӣ издиҳоме ӯро ба манзили охиринаш мебарад.)

Ҳар сухан чун шиоре садо медиҳад, мисли нутқҳои оташгуна дар намоишҳои эътирозии шабонарӯзии таърихи 20 сол пеши Тоҷикистон. Ҳоло дигар дар кишвари мо тазоҳурот дар майдону хиёбонҳо мамнӯъст ва садоҳо аз сафҳаи нашрияву торнигорҳо мерезад дар пасманзари мусиқии дилбазаншуда ва рақсҳои нофорами шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон.

Зиндаёд Аслиддини Соҳибназар дар китобаш “Субҳи ситоракуш”, китобе, ки бо гузашти айём ҳарчӣ бештар ба маънии унвонаш қоил мешавам, ҳикоят мекунад, ки субҳи шикаста шудани ҳайкали Ленин парчамҳои порлумони Тоҷикистон сарозер ва баста ба наворҳои сиёҳи мотам буданд.

Миллат барои як пайкараи дурӯғини гаҷу оҳан мотам гирифта буд. Ё ин мотаме дар ҳаққи як сумбул буд?

Дар яке аз шабҳои гирдиҳамоиҳои силсиладор касе шӯхӣ карда буд, ки “ҳамин ҳайкали Ленинро кандан, дуруст нест, сарфаҷӯ бояд буд, бояд ба сараш як кепка пӯшонд ва зераш навишт: “Тоҳири Абдуҷаббор”. Вай бовар дошт, ки рӯзе чунин пайкара сохта ва устувор хоҳад шуд.

Имрӯз дигаре месӯзад: “агар медонистам, ки ин ҳайкали хабис на ба рӯи фарши роҳ, балки ба рӯи як миллат фурӯ меафтад, поямро ба сӯи он майдон намезадам.” Дареғо, таърих “агар” надорад. Пайкара мемонд, баҳонаи дигаре сохта мешуд. “Харсанг ба пойи бузи ланг.”

Аз ғояти афсурдагӣ фикр мекунам, нолаҳои имрӯзаи мо оё шабеҳи шикастани ҳайкали “ислоҳшуда”-и Ленин нест? Бедории ногаҳонӣ аз кобус ё ҳамон ғафлатзадагии ҳамқадамӣ бо тӯдаҳо? Шояд ҷустуҷӯи рамзи эътироз?

Нозиме бо ном ё тахаллуси Ширин аз ноҳияи Ёвон ба тазоҳуроти сӯгворони ҳайкали Ленин омада буд ва мегуфт, “худо шоҳид, аз телевизион дидам, вақте онро ғалтонданӣ буданд, аз чашмонаш ашк берун метаровид.” Шояд мехост, ишора ба он кунад, ки “агар дил сӯзад, аз чашми кӯр ҳам об мебарояд?” Шоир шоирона ҳарф мезад, тоҷикона.

Андешаҳои мағшуш таркам намекунанд ва рӯзи дигар хабари ҳамкорам Носирҷони Маъмурзода аз Хатлон мерасад, ки “Хуросонро сел бурд.” Хуросонро? Ноҳияи Хуросон. Харсанг?

Ба марги Тоҳири Абдуҷаббор бисёр фиғон кашидем, он қадар гиристем. Шояд ҳама селобе буд, на ашки шӯру талху сӯзон. Яке ҳам аз мақомот талаб накард, шаҳре, рустое ё ба камияш хиёбонеро дар маркази пойтахт ба номи Тоҳири Абдуҷаббор бигузоранд. Албатта, чизи маълуме. Лек на бад. То замоне расаду кӯдакони ояндаи дур бо исми раҳбарони феълӣ дучор оянду пурсише кунанд ва пирамардон посух бидиҳанд: “Инҳо мевахӯрони инқилоби Тоҳири Абдуҷабборанд.”

Ва ё дар қомусу луғатҳои сиёсӣ бинависанд, Фулонии Фулон –раисиҷумҳури кишваре, ки истиқлолияташ аз андешаи Тоҳири Абдуҷаббор дар рӯзгоре бархоста буд, ки Фулонии Фулон дар хоби ғафлат буд. Барои ин бояд хиёбони азиме номи он озода ва озодандешро дошта бошад. Барои ин эҳтимол як хиёбони бузурге бояд сохт, то озодагон аз он бигзаранд.

Ё мебоист мазораш дар Душанбе мебуд. Барои зиёрати афроди якка ва пароканда.

Ҳайҳот, ба гуфтаи Беҳрӯзи Забеҳулло, “тобути ӯ ба гӯшаи танги диёр рафт…” Оре, на ба пантеони бузургони миллат дар Лучоб.

Аммо ҳоло ҳозир гузориш мерасад, дар ноҳияи Хуросон деҳаи “18-ум Партсйезд”(?)-ро сел задааст. Ва хонандае менависад, “харсанг ба пойи бузи ланг.” Мо ба ин ном деҳае дорем. Деҳае дар Хуросон!

23.04.2009 - Posted by | Таърих | ,

28 Comments »

  1. Субх ба хайр Окои Салими Аюбзод! Рузе ки хабари марги Устод Тохири Абдучаббор ба гушам расид, гирён шудам, то чанде ки, дар бораи Устод дар дигар сомонахои интернети мехонам, рости аламу андухам зиёд мешавад, хусусан дуъову паёмхои ки, бародарони азизи мо дар сомонаи радиои Озоди навиштаанд. Вакто ки, навиштахои бародари азизам Soorooshro ки, дар аэропорти Душанбе бо Устод во хурдааст, хондам бо алам оби чашмонам рехт. Наход ки, мардум хам кадри чунин Бузургворонро надонанд. Агар хукуматдорон кадри чунин бузургворони миллатро надонистанд, мо мардумон бояд хамеша дар хамма чо кадри онхоро бидонему эхтиромашон кунем. Чунин Бузургвор мисли устод Тохири Абдучаббор аз миллион одам, як ё ду нафар зода мешавад! Мо Точикон хамеша лоф мезанем ки, адабиёти бою фарханги кадим дорем, лекин ба кадри Адибону Бузургворонамон намерасем, ин як чохилист. Кай мо ин иштибохро ислох мекарда бошем? РУХАТ ШОДУ ЧОЯТ ЧАННАТ БОШАД УСТОД ТОХИРИ АБДУЧАББОР!

    Comment by Patriot | 24.04.2009 | Reply

    • Дуруд ба дустам Патриот!

      Дар вокеъ аз навиштахои Суруш ман хеле мутаассир шудам ва дар он сахнаи кутох хамаи вазъи мардуму кишварамонро дидам.

      Дарего, хамин тавр буд ва хамин тавр идома дорад. Вале орзу дорем, ба рузхои дигаре бирасем.

      Суръати расидан ба он фардои нек марбути ҳар яки мост.

      Comment by aioubzod | 24.04.2009 | Reply

  2. Ман як чизро нафахмидам. Фикри Шумо,ин аст, ки бояд афсус нахурд ва гиря накард ва эхсоси табии худро баен надошт?

    Шумо вакте мегуед, ки мо ба кадраш нарасидем, киро дар назар доред, Шахси худатонро ва ё хамаро? Худатон барои УСТОД чи кор кардед? Мебахшед албатта шояд корхое карда бошед, ки мо надонем. Вале бехтар аст дар хар сурат на аз номи хама, балки аз номи худамон гап занем.

    Comment by Номус | 24.04.2009 | Reply

    • На, Номуси азиз ва мукаддасном. Бояд дареғ гуфт, вале беҳтар аст, ба қадри бузургон дар вақти зинда буданашон расид.

      Вакте мегуям, ба кадраш нарасидем, хам худамро дар назар дорам ва хам дигаронро. Аммо хадафам ин нест, ки холо ҳар яки мо гузоришу ҳисобот бидиҳем, ки чй кор кардем. Як чиз мусаллам аст, ки агар хама дар ин самт коре мекардем, вазъ дигар мешуд. Устод дар чунин вазъе дарнамегузашт. Пас коре накардаем ва ё корхои кучаке кардаем барои таскини риёи худамон.

      Шояд шумо кори бузургтаре кардаед, шод мешудам, бидонам ва ифтихор бикунам.

      Comment by aioubzod | 24.04.2009 | Reply

  3. Ачоиб, баъди вафоти устод Тохири Абдучаббор, дар нохияи Хуросон дехаи “18 Партсъезд”-ро сел задааст. Ачоибот! Ачоибот!

    Comment by Patriot | 24.04.2009 | Reply

  4. Barodari farhekhtavu giromi Ayubzod
    Ghabl az har chiz darguzashti Ustodro ba shumo va hamai havodoronaton,ki kam nestand tasliyat meguyam.

    Tashakkuri vezha ham doram,ki matolibi arzishmand,samimi va munsifonae(na ighrroqomez) dar borai Ustod Tohir nigoshtaed. Maxsusan magholai ghabliaton dar borai shaklgirii Raztokhez nukote jolibe dosht.Fikr kunam mufid khohad agar Shumo risola yo kitobi khose ham peromuni in ravand insho namoyed.

    Ba umedi tavfigh va sarbalandii Shumo…barodari kuchakaton Nekvarz….Mashad/24-04-08

    Comment by hoshim Kholzoda | 24.04.2009 | Reply

    • Бародари азизам, Некварзи фарзона.

      Умедворам, ин навиштахо баро ояндагон бимонанд. Ёдбудҳои зиёде аз саромадони дигар низ дорам ва батадрич хохам навишт, зеро қарзи худ медонам, ки суханхо гуфта шаванд, бигзор гохе хуш ва гохе талх.

      Суханхоро бояд гуфт ва сипас бояд рафт.

      Comment by aioubzod | 24.04.2009 | Reply

  5. Ман шахсан устод Тохири Абдучабборо аз замон ки, раиси созмони “Растохез” буданд, эхтиром мекардам. Устод “идеал”-и ман буд. Касоне ки, барои миллат хизмат кардаанд ва холо хам хизмат мекунанд барои ман Бузургвор хисоб мераванд. Дар мавриди “мо ба кадраш нарасидем” рахбарони давлатро дар назар дорам, лекин дар байни мардум низ чохилони гумрох зиёданд, ки ба кадри чунин Бузургвор намерасанд.

    Comment by Patriot | 24.04.2009 | Reply

    • Ба назарам, устод Тохир аз бисёр чихат метавонанд, идеали мо бокй бимонанд. Бо он дониши беканор ва ахлоки баланд.

      Аммо инро хам бояд омухт, ки дар хама холат лидери арзанда бояд фаъолу мубориз бокй бимонад ва бо вучуди хамаи монеахои сангин то охир пайкор кунад. Хатто замоне ки як зарра хам бароят фазо ва нафас надиханд хам.

      Ва хамаи мо бояд роххои химояту пуштибонй аз чунин афрод ва ба чараен кашидани онхоро низ биомузем. Вагарна тамоми дунё тагйир мекунаду мо не.

      Comment by aioubzod | 27.04.2009 | Reply

  6. Assalom,

    Rahmati Tohir-i Abdujabbor, joyash jannat shavad, chi khizmate agar baroi millati aziz nakarda boshad, ba fikram khatogihoe ki roh dodaast khelo ham buzurgand. Dar natija millati tojik jangi shahrvandiro az sar guzaronid, ki 150 hazor barodaronu padaroni moro shahid namudaast. Khudoro shukr, ki in fojia az yodi odamon baromada istodaast.. Fikr mekunam, ki ta’rifu tahsini fa’oliyati in sobiq siyosatmador, kame az reality-i ta’rikhi navini Tojikiston-i aziz khorij ast va qiyosi fa’oliyatash ba fa’oliyati Ahmadi Donish tamoman nodurust ast. Ahmadi Donish ki budu rahmati oghoi Abdujabbor ki. Please!

    Lek holo roje’ ba oyandai millatamon fikr kardan lozim ast; chunki bo status quo ki dar Tojikiston joi dorad yagon “quantum leap” az jihati syosi ijtimoi behbudii zindagonii mardum nomumkin ast.

    Khudo hofiz.

    Comment by Xorasun | 27.04.2009 | Reply

    • Дар ҳақиқат, мо бояд дар ҳама ҳолат ба пеш нигарем, аммо бояд аз иштибоҳу нуқсони гузашта омухт, то рохи ояндаро рушан кард.

      Ман Тохири Абдучабборро дар чанги Точикистон ЯГОН ЗАРРА гунахкор намешуморам. Баракс эшон тамоми талошашро кардааст, ки аз ин чанг пешгирй шавад. Мебоист ҳамаи нерӯҳои вақти ҷомеа дар атрофи ин шахс, ки аввалин шуда ба майдон баромад, муттаҳид мешуданд ва мисли як ҷабҳа дар муқобили коммунистону бегонагон қарор мегирифтанд.

      Вале афсӯс, ингуна нашуд. Бархе аз фарти маҳалгарой ҳизби худро таъсис дод ва бархе ҳам аз тундравии мазҳабй моя гирифт, хулоса кибру ғурури дурӯғ ва беҳуда нагузошт, чунин иттиҳоди мустаҳкам, лоақал барои 5 сол ба вуҷуд ояд.

      Ин парокандагй ҳам кӯмаке ба душман шуд ва ҳам тавонмандиҳои Тоҳири Абдуҷабборро ҳамчун пешво аз байн бурд. Имрӯз ӯро гунаҳкори ҷанги Тоҷикистон гуфтан аз рӯи ннсоф нест.

      Comment by aioubzod | 28.04.2009 | Reply

      • Oghoi Aioubzod,

        Tashakkur baroi fikraton. Ore – shoyad un kas tanho gunahgor naboshand, vale, ba fikri man, un kas ba misli digar siyosatmadorone, ki dar sahnai siyosi taloshi “oyandai behtari kishvar” mekardand dar un zamon vazifador budand, ki khuni mardum narezad. Ta’rikh nuktai khudro oidi khizmathoi duston va you gunohhoi dushmanoni millat holo naguzoshtaast va albatta baroi man dushvor ast khizmathoi rahmati oghoi Abdujaborro baroi sokhtani jomea-i demokrati dark bikunam. In any case, what I am trying to say is that the politicians of that time equally bear responsibility for what happened including those who are currently in power; although I must admit that breaking clean from the communist regime was of course difficult.

        That’s said, I think we must look forward and make sure that we get a leader we really deserve not the one who just happened to be in the right place at the right time. It’s time for us to have professional and highly government free of nepotism and corruption. These may sound as big words, but I truly believe without adequate and well-used human capital we may as well have to forget about our country’s future.

        Cheers and good luck,

        Comment by Xorasun | 28.04.2009

  7. Навиштахои шумо дустонро хонда мисраъхои Саъди ёдам омаданд:
    Zindayu jovid mond har ki nakunom zist,
    K-az aqibash zikri khayr zinda kunad nomro.

    Эй кош, мо низ хамчунон зиндаги мекардем, ки мисли Устод Тохир моро зикри хайр мекарданд…

    Comment by Sooroosh | 28.04.2009 | Reply

    • Суруши фарзона!

      Шумо сад дар сад ҳам вақт ва ҳам имкониятҳое доред, ки мисли устод Тоҳир зиндагй ва фаъолият бикунед, то наслҳои баъдина аз Шумо зикри хайр кунанд.

      Comment by aioubzod | 28.04.2009 | Reply

  8. Шоъираи точик хуб гуфт, ки чунин инсонхо дармегузаранд ва касе нест, ки чойи холии онхоро пур кунад.

    Чомеъаи мо метавонад, аз хаёт ва марги чунин инсонхои фарзона чизе омузад ва муносибаташро ба бузургони худ тагйир дихад?

    Comment by Samandar | 28.04.2009 | Reply

    • Комилан бо Самандари азиз мувофикам.

      Агар мо хоҳем, метавонем лидерҳои наве ба майдон биёрем ва аз онҳо ҳимоят кунем ва онҳо барои мардуми мо хидмати шоиста бикунанд.

      Марги Тоҳири Абдуҷаббор ва он шароите ки эшон моро тарк кард, набояд беасар бигзарад, балки дастикам омӯзонанда бошад.

      Comment by aioubzod | 28.04.2009 | Reply

  9. Xorasuni aziz! Устод Тохири Абдучабборро сабаби чанги шахрванди шумурдан аз руи адолат нест. Агар Устод ягона мухолифини хамон давра бар зиди коммунистон мебуд, ман назари шуморо мепазируфтам. Ба назари ман агар Устод ягона мухолифин мебуд, хеч вакт он чанги шахрванди дар Точикистон сар намезад. Сабабхои асосии чанги шахрванди ПАРОКАНДАГИИ МИЛЛАТ ва МАХАЛАГАРОИ буд, ки Устод Тохири Абдучаббор махалагаро набуд ва хамеша барои ягонагии миллат кушишхо ба харч медоданд! Комёб бошед!

    Comment by Patriot | 28.04.2009 | Reply

  10. Дар идомаи мубохиса оид ба “накши” Худорахматии Устод Тохир дар чанги ба ном шахрванди, танхо хамин нуктаро ишора кардани будам, ки мо то ба хануз рохбароне надорем, ки то ба охир пайгир бошанд, устувор бошанд, барои идеяи худ, барои орзуву омоли халк то ба охир мубориза баранд. Худсузони чомеасоз надорем. Ё хастанду, намедонем. Ба гумони банда, хамаи рохбаронамон дар лахзахои хассос, ки бояд худро нишон диханд, мутаассифона, ба кавли Устод Лоик, “думи маркаби хеш”-ро гирифтаанд…
    Ба хар хол нихоят мушкил аст ба номи сарвар, рохбар, сардор, лидер сазовор шудан. Бисёр масъулияти бузург аст.

    Comment by Sooroosh | 29.04.2009 | Reply

    • Азизам Суруш. Оё манзури Шумо ин аст: ки имруз низ ин мардум сарваре надоранд?

      Comment by aioubzod | 29.04.2009 | Reply

  11. Бале, шодравон Тохир Абдучаббор, олим, равшанфикр, мубориз, пешвои дорои мафкурахои тозае буд. Ба халку миллатамон хизматхои беназир низ кардааст ба хусус дар баробари дигар озодфикрон кушиш кард халки карахтро аз анабиози хазорсолааш бедор кунад. Суханонаш чавонмардони часуру далерро ба по хезонд ва онхо истиклоли хакики ва озодии вичдон, дин, изхорот ва кишварро талаб карданд. Албатта нерухои иртичоъи инро бе вокуниш намондаанд ва тавонистанд хуракатхои озодихохиро ба чанги шахрванди мубаддал гардонанд.
    Хайр бад чи шуд бо Тохири Абдучаббор? Чаро аз идомаи мубориза даст кашид? Чаро дар баробаи он бедоршудагон камин нагирифту аз тамоми намудхои муборизаи сиёси канорачуи кард? То хотимаи чанг ва гуфтушуидхо дар Техрон хамрох бо Мусалмониёну Шодмони Юсуф шахмот мезаданд, ба ман масалан ин аламовар аст. Шуру гавгоро бардошта онхо панохгохи оромаке ёфтанду мардуми бечора мисли хамеша дар капи фронти халкиву калабурони Узбакистону Русия монданд.
    Гар сухана задем бояд дар ин бора хам гуфт.

    Comment by Ноором | 29.04.2009 | Reply

    • Ноороми азиз.

      Ман дар навиштаи гузашта бархе аз сабабхои канор мондани Тохири Абдучабборро, то чое ки хабар доштам, навиштам. Сабабхо зиёд буданд. Тохир пешвои замони чанг набуданд. Он кас аслан бо овози баланд хатто сухбат намекарданд, чи монад ба додани дастури киём ё интиком.

      Сониян, хануз пеш аз давраи чанг афроде, ки метавонистанд, дар пахлуи Тохири Абдучаббор биистанду хама дар як иттиход набард кунанд, бо ангезахои гуногун хизбу созмонхои худро сохтанд ё ошкор карданд ва сохиби майдон шуданд. Устод Тохир касе набуд, ки чангол бизанад ва барои худ чое дуруст кунад. Вай факат андешаи худро мегуфт ва мехост, мардум аз руи акли солим андешаи солимро бипазиранд.

      Баъд чй шуд, шояд дигар мухим хам набуд, зеро Тохири Абдучаббор вазифаи таърихии худро ичро карда буд. Вай дар зехни як кишри чомеа рушание андохта буд, ки то хануз ин магзхоро рушан медорад ва агар имруз миллатдустони хакикй хастанд, аксаран ба шарофати у камол дидаанд.

      Паногохе, ки мегуед, барои вай хам махбас буд, хам бемористон, хем девонахона ва хам гури тангу торик. Вай метавонист, бо он собикае, ки дошт, мисли Шодмон Юсуф дар Сувис ё бихиштаки дигаре паноханда шавад, аммо бубинед, натавонист.

      Дар Техрон уро дида будам, ки лабханд мезад, аммо аслан хун мехурд. Хеч фикр накардед, ки чаро аз саратони магз даргузашт?

      Оре, метавонист, дар сафи пешвоёни чанги шахрвандй карор бигирад, аммо ин чангро як доги ношустанй медонист ва ба хеч вачх намехост, дар куштани точикони худ ба шевае сахим бошад.

      Замони гуфтушунидхои сулх, боре ворид шуд, хост, дар сулхи зуд сахим бошад, аммо силсилаи пешниходхои у аз тарафи сарварони дигар гайрикобили кабул буданд. Нахост, дар он чизе ки виждонаш кабул надорад, шарик бошад.

      Пас аз имзои сулхи Точикистон мехост, ба ватан баргардад, аммо як кори нчиз хам ба у надоданд ва вакте хам ки баргашт, чанд мох бекору саргардон буд.

      Пас мебоист, чй мекард?

      Comment by aioubzod | 30.04.2009 | Reply

  12. Рузатон хуш бод, устод Салим! Мурод аз гуфтахоям хамин буд, ки мутаассифона имруз дар мо лидере (ё лидерхо), ки аз паси он тамоми мардум ё аксари мардум ё ягон порае аз мардум бархезанд, надорем. Ва ин сабаб хам дорад. Ба гумони банда решаи ин масъала, агар наздиктраша гирем, аз даврони хучуми урус, болшевикхо ба хоки мо хобидааст. Тамоми буду шуди моро горат карда бурданд, басаводхоро давра ба давра куштанд, китобхоро сузонданд, ба хок гур карданд, дар дарё гарк карданд, дар мачмуъ фархангро нобуд карданд (дар бисёр маврид бо дасти худамон). Тасаввур кунед, ки баъди чунин катли ом, дар ин сарзамин боз чи гуна рохбар пайдо шавад. Рохбар хамту худи аз худ пайдо намешавад ва рохбар хам намешавад. Рохбарро тарбия бояд кард, омузонд. Бинед Путинро, Медведевро, Обамаро… Кани дар мо кадом шароит буд ё хаст, ки рохбар пухта расад. О ин хама будаги дар фикри шикаму кайфу сафо, пулдораш албатта. Камбагалаш дар орзуи як бурда нон, сарсону саргардон. Камбагалашро кай парвои сиёсату фархангу дигару дигар, вакте ки шикамаш гурусна аст.
    Номус даркор аст онхоеро, ки имруз такдири ин сарзамин дар дасти онхост. Имруз албатта мегузарад, хуб ё бад, ба як бурда нон ё ба як табак палав. Лекин, фарзандон, ояндаамон фардо дар хакки мо чихо хоханд гуфт? Барои онхо чи чамъиятро пешниход мекунем? Магар боз гуломии русу, узбаку, чинию бини ва дигару дигараш?
    Охир хама чо фахр, сари синазани: ориёем, фарханги кадима дорем, Рудаки, Сино ва хоказову гайра дорем, об дорем, хок дорем… ош шавад. Доред ё доштед дар гузашта. Хайр акнун имруз фаро расидасту фардо дар пеш. О худатона нишон дихед, ба хамун доштагихо сазовор шавед охир. О кани ору номуси точикона?! Кани Точики гарданкашу лашкаршикан!!!…
    Худо магфират дихад хар кадоми мову шуморо…

    Comment by Sooroosh | 30.04.2009 | Reply

    • Суруши фарзона.

      “Устод” барои банда хеле номи баланд аст, ки сазовораш нестам. Мехохам, наздиктар, яъне бародари Шумо бошам.

      Сониян, миллат, кишвар ва таьрихро, бархилофи сабакхои ленинй камбагал намесозад, балки нухбагон, саромадон ва зиёиён месозанд.

      Солисан, тазодомез аст, вале бехтарин лидерони як кавм дар бадтарин лахазоти таьрихи онхо ба майдон меоянд. Аз ин ру набояд ноумед буд.

      Фарханги кадимае, ки “дорем” мегуем (аслан “доштем” бояд гуфт) хеле зиддулнакиз аст. Оре, андарзу хикмат, фалсафаи руху тан, насихатномахои бешумор… Аммо кам чизе доштем, ки моро монанди кавмхои дигар хушманд гардонад, занчиру завлона аз пои мо дур кунад, озодандеширо биомузонад ва моро ба дарки чахони атрофамон, эхтимоли тагйиру таъолии он ва шартхои комёбй дар хама гуна холатхо бирасонад.

      Шояд хастанд, чунин осор, вале ба иллати тагйири алифбо ба мо дастрас нестанд, ба аксарият дастрас нестанд.

      Хамзамон осоре, ки рухи миллиро дар хамбастагй ба хакикату ростй биомузонад, такрибан вучуд надорад. Озодандешй ва дигарандешй дар чомеаи мо хамеша чурм будаву дор ё гурбат дар пай доштааст.

      Ва аз хама бад — бо вучуди он ки Рудакй мегуем, аз рузгор наомухтаем, биноан аз хеч омузгор хам нахохем омухт. Вале боз хам нихолаконе дида мешаванд, ки дар холи нашъунамоянд ва худо кунад ба дарахтони бовар табдил биёбанд.

      Comment by aioubzod | 30.04.2009 | Reply

  13. Чаро бо руси матлаб навиштед?

    Comment by Номус | 30.04.2009 | Reply

    • Зеро ин матлабе буд, ки мебоист ба гуши хамсоягон низ мерасид.

      Comment by aioubzod | 30.04.2009 | Reply

  14. Аз замони то ба истиклолият ва баъд аз он, то имруз Точикистон тахти фишори Ду кувваи бузург карор гирифтааст. Агар равшанфикрони Точик, ки якеаш мархум Устод Тохири Абдучаббор мебошад, дар аввоили солхои 90 намебуданд, Точикистон имруз ба ном Точикистон ёд мешуду дар асл на! Худо кунад, ки сафи чунин равшанфикрон дар Точикистон кам нашаваду зиёд шавад, лекин як маколи халки ба ёдам меояд, ки мегуянд, мо “Дусткуши Душманпарвар” хастем, шояд сабаб хамин бошад, ки мо лидерхои хакикие надорем ки, хос барои Ватану миллат хизмат кунанду мубориза баранд ва сабаби тахти фишори куввахои бегона карор гирифтан низ, “Дусткуши Душманпарвар”-и бошад. Ин назари шахсии ман аст!

    Comment by Patriot | 30.04.2009 | Reply

    • Бо Шумо хамназарам ва шояд бисёрихо хамназар бошанд, муаммои мо ёфтани иллати ин одати мост. Замоне ки онро ёфтанд ва дарк карданд ва барои чорааш даст ба кор заданд, тагйири авзоъ фурсати зиёде нахохад гирифт. Ба назари шахсии ман.

      Comment by aioubzod | 30.04.2009 | Reply

  15. Ману ту кишвари дорову ҳисси камбағал дорем,

    Ватан дорем, аммо дар музофоту маҳал дорем.

    Чӣ дард аст ин ки дар тибби ҷаҳон ному нишонаш нест,

    Бузургони гирифтору табибони касал дорем.

    Надонем аз кадомин ошно бегонае созем,

    “Зи ҳарфи бетааммул…” боз ҳам зарбулмасал дорем.

    Дигарҳо бар уруҷи ҳамдигар гар нардбон монанд,

    Ману ту бар шикасти якдигар ҷаҳду ҷадал дорем.

    Чиро бовар кунам, бишниданӣ ё диданиҳоро,

    Ки аз ин то ба он роҳ аз Замин то бар Зуҳал дорем.

    Замон андар шитоб аст, интизори мо нахоҳад шуд,

    Аҷаб бошад, ки раҳпалмосиҳои кӯру шал дорем.

    Туро, эй миллати беиллати ман, ҳиммате бояд,

    Зи ҷо бархез, мо ҳам ному нанги бебадал дорем.

    (Шеър аз Назруллохи Азизиён, ки дар Исфара ба сар мебарад)

    Comment by Дабир | 30.04.2009 | Reply


Leave a reply to hoshim Kholzoda Cancel reply