Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Озодӣ. Ҳоло ва ҷовидона

1massoud_tombЭътиқоди ман мумкин аст, аз ҳама кас, аз ҳама ҷо ва аз ҳама чиз баргардад, аммо бовари ман ба озодии сухан ҳамчун ибтидоитарин омили ислоҳи вазъ ва беҳбуди як ҷомеъа ҳаргиз заррае коста нахоҳад шуд. Лоақал ба хотираи поки шаҳидон ва ё дар эҳсоси ғамшарикй бо рондашудагони абад…

ОТАШУ ОБ

Ҳар чизи нав як дӯсти маро ошиқ мекунад. Ончунон ӯро фаро мегирад, ки ҳар ҳуҷайраи ҷисму бофтаи рӯҳашро пур мекунад. Ин ангеза ҳеч таъхиреро намепазирад ва ӯ мисли дарёе, ҳатто селе худро ба он мезанад.

На-на, об чӣ, оташвор, ба осмонҳо мепарад, ҷарақа мезанад, раъду барқ меорад ва аммо ба зудӣ сард мешавад ва ин ҳама тапишҳои худро ғалат ва беҳуда меномад.

Дар чунин ҳолатҳо ман ӯро ба гӯгирдчӯбе монанд мекунам, ки лаҳзае фурӯзон мегардад ва агар хирманеро дар надод, бо сари хаму печхӯрда ба коми фано меравад.

ХУДФИРЕБӢ?

Аввал фикр мекунам, ин хосияти ҷавонон аст — шӯридасарие аз мазоди нирӯ — баъд ҷавонони пирдилро мебинаму меандешам, ин тарсуии бузургсолон аст — ҳофизаи хуни ларзону гурезон аз теғи истилогарон? Шояд — оқибатандешӣ? Ё ғаразу тамаъ?

Агар шиновар нестӣ, чаро сар ба дарё мезанӣ ва агар аз оташ гармие намегирӣ, балки сӯхта мешавӣ, гӯгирдчӯб ё пешдаргирон будан, чӣ суд? Ин сарнавишти озодон аст ё сабуксарони пештоз? Соҳилнишастагон ва беоташон тавре ба шумо менигаранд, ки чизе намонда, онҳоро ба ҳайрат орад.

ДУНЁИ ИМРӮЗ

Дунё ба тарзе дигар шуда, ки кас гумон мекунад, онро нирӯ, ё сарват, ки он ҳам нирӯст, идора мекунанд. Аммо намебинед, дар паси ҳамаи онҳо донишу хираду зеҳну заковат қарор дорад? Ва асли ҳамаи онҳо аз озодии рӯҳ аст. Ё ҳу ё манҳу! Дарвешони Ҳақиқат моварои зарринро намешинохтанд. Аммо фарёдҳои имрӯз ба гунае ҳастанд, ки фарёдзананда на ба “ҳу”-и худ бовар дорад ва на ба “манҳу”-и худ? Аз кадомин шаҳред, дарвешон, ва роҳе ба куҷо доред?

Намехоҳам, мисли гӯгирдчӯб фағона занам.

ТИФЛИ НОЗПАРВАРД

Аз Маскав ба Теҳрон парвоз мекардам. Ҳавопаймо аз Стокҳолм меомад. Дар курсии паҳлуи ман кӯдаки 7-8-солае менишаст. Дар курсии пеши тиреза пиразане. Дертар донистам, модарбузурге бо наберааш ба ватани обоӣ сафар мекарданд. Эҳтироме, ки пиразан ба наберааш дошт, маро дар ҳайрат гузошт. Фикр мекардӣ, писарак валиаҳд аст ва бибияш канизи ӯ.

Пиразан барои наберааш омода буд, душвор бошад ҳам, борҳову борҳо аз курсӣ бархезад ва ба назди меҳмондори ҳавопаймо биравад ва нӯшоба, кампал, болиштак ё бозичае хоҳад. Писарак нозунузи зиёд дошт, бибияш тобу тоқати оҳанин. Писарак ҳар лаҳза чизе мехост, бибияш дар иҷрои хостҳои ӯ метапиду мепалартид.

ДАР МЕТРОИ НЮ ЙОРК

Аз китобе, ки номаш фаромӯшам шудааст, саҳнае сахт дар ёдам нақш бастааст. Марде ва писарчааш дар метрои Ню Йорк мерафт. Писарак шӯх буд. Бо пойафзоли чиркинаш рӯи курсӣ мебаромад ва бо доду фиғон худро поён меафканд. Сафҳаҳои рӯзномаеро мекушод ва ба раҳрави вагон сар медод, коғазро лӯнда кардаву ба сӯи мусофирон мепартофт. Аз либоси зане мекашид ва ба марде забонашро нишон медод…

Падараш даст ба манаҳ мондаву нишаста буд ва бе ҳеч вокунише ба ҳаракатҳои писари худ менигарист. Оромии ӯ хашми мусофирони дигарро меовард.

Ниҳоят, яке аз онҳоро тоқат тоқ шуд, ки ба мард муроҷиат кард ва гуфт, бад нест, агар ӯ фарзандашро аз чунин рафтор боздорад. Дигаре низ норозиёна садо баланд кард, ки одам бояд фарзандашро дуруст тарбия кунад. Мард даст аз манаҳ гирифт, оҳ кашид ва гуфт, коре карда наметавонад. Афзуд, як соат пеш модари ин тифл дар бемористон аз ҷаҳон гузашт…

ИМИТАТСИЯ(ТАҚЛИД)-И ОЗОДӢ

Ин ду ҳодиса дар ҳоле ба ёдам мерасад, ки бахше аз мардуми олам Рӯзи озодии матбуотро ид мекунад. Ин рӯзро ба садҳо, ҳазорон ё миллионҳо нафар табрик мегӯям, аммо ҳамзамон ба мафҳуми “тарс” меандешам. Оё тарсу озодӣ метавонанд, дар як дил бигунҷанд?

Тарс метавонад дар ҷомаи ишқ ба бозӣ ояд. Дар ҷаҳон садҳо ҷабборе ин бозиро рост мегиранд ва бовар мекунанд, ки мардум дӯсташон медорад. Намехоҳанд, иқрор кунанд, ки ин на меҳр, балки тарс аст. Нопойдортарин ишқ, ки метавонад, дар як лаҳзаи бисёр кӯтоҳ ба кушандатарин нафрат табдил ёбад.

Ин гуна ишқро метавон сохтакорона тақлид кард, метавон бозид. Аммо озодиро оё метавон тақлид кард ва бозид?

Озодӣ пойбанди фақат як чиз аст — виждон. Чунин озодӣ худ марзҳои хешро хоҳад шинохт ва заруратеро ба сафсаттаҳои “озодии мутлақ оё ҳаст ё на?” боқӣ нахоҳад гузошт. Ё сафсаттаҳои бадтаре монанди “манофеъи миллӣ”, “тафовутҳои фарҳангӣ”, “эҳтироми миллат, одоб, суннат…”

НИМАОБИСТАН?

Бо модаркалони меҳрбони писарчаи эронӣ ҳамсӯҳбат шудам. Гуфтам, оё аз ҳад намегузарад ва кӯдакро нонору нозпарвард намекунад? Лабханд заду гуфт, “на, мехоҳам, арҷи худашро бишиносад.” Яъне мехоҳад, кӯдак бо рӯҳу равони озод ба воя расад. Ҳавопаймо дар фарози фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон буд ва пиразан аз кӯлбораш ҳиҷоби сиёҳи худро берун мекашид…

Ба марди занмурда ва кӯдаки шӯхи ӯ дар метрои Ню Йорк фикр кардам. Вай оё зери бори мотам маҷоле надошт, ки аз ҷастухез ва шӯхиву бесариҳои писараш пешгирӣ кунад ё дилаш дигар намехост, кӯдакеро, ки ҳанӯз намедонад, бемодар мондааст, биранҷонад?

ВОЖАИ ШИРИНИ “ОЗОДӢ”

Он озодие, ки таъмаш дар коми ман мондаву шириниаш ба талхӣ гароидааст, мисли ишқи дӯсти ман ба чизҳои нав буд. Моро печиду ба гирдбоди худаш гирифт. Он гуна ба парвоз овард, ки якумрӣ муаллақ мондем ва дар ҳамаи рӯи замин ҷое нест, ки фуруд оем, ҷое нест, ки пой бигузорем, ҷое нест, ки пой дароз бикунем ва деворе нест, ки пушт такия бидиҳему оҳ бикашем.

Вале гӯгирдчӯби сӯхтаи сарбазер нестем, зеро озодӣ ҷиноят нест!

АНБОРИ ОЗОДИҲО…

Озодӣ бояд модарзод бошад ё модаркалонҳои фозил дар инсон парвариш диҳанд? Дар мулки ятимони саросар ва калонсолони шӯху бесар озодон имконпазиранд?

Монанди ҳодисаи метрои Ню Йорк, оё озодӣ фақат барои лаҳзаҳои сангину фоҷиавист? Пас чаро, баракс дар чунин давраҳои ҷомеъа озодӣ танҳо озодии қотилону ғоратгарону дуздону ғосибон аст, на озодии афкор, андеша, баён ва матбуот?

…БАРОИ БАЪДҲО?

Шояд баракс, ҳаргиз набояд озодии имрӯзро ба фардо гузошт ё онро бо вазъи рӯз мутобиқ кард, балки ҳар рӯз озод буд ва дар рӯзҳои сахту сангин сад бор озодтар? Зеро агар давраи хуш, осуда ва шукуфону зебо, ки омад, ин озодии (ба умеди шароити беҳтар) солҳо “захирашуда” магар ба дарде хоҳад хӯрд?

03.05.2009 - Posted by | Озодии сухан | ,

14 Comments »

  1. In soati shab khushaton bod, Ustodi giromiqadr,

    man dilam ba onone, ki jonu khiradi ozod nadorand mesuzad, chun purbahotarin ne’mat in khudi hayot nest, balki ozodi dar hayot ast. Dar mavridi joyu devor guftaniam, ki “doiman yakson namonad holi davron”

    Samak

    Comment by Samak | 03.05.2009 | Reply

    • Сипос аз мехрбонии Самаки азиз.

      Шоири точик Зиё Абдулло боре гуфта буд, ки озодй маърифат ва парваришро мехохад. Аммо мутафаккир Фотехи Абдулло (Ардамехр) мегуфт, озодй фитрист.

      Эрих Фромм менависад, хамагон одате доранд, ки мехоханд, аз озодй бигурезанд, чун озодй масъулияти бузург аст.

      Орзуи “девор” аз устод Бозор Собир аст, ки дар як шеъраш мегуяд, писараш суратгари хуб аст, аммо у деворе надорад, ки наккошии писарашро овезад.

      Ман хам бедеворам…

      Comment by aioubzod | 04.05.2009 | Reply

  2. Barodari aziz Salim,
    Az navishtahoi Shumo hele husham omad. Bale,ozodi ne’mati buzurgest.Shahsi ozod poybandi chizevy kase nest.Lek,mutaasifona dar jomeai mo ozodi hele mahdud ast.Shoyad,ba kadri on birasand, vale hele dertar.

    Comment by Mehmon | 04.05.2009 | Reply

    • Дуруд ба Мехмони азиз.

      Ташаккур аз лутфи Шумо. Аз чист, ки ман баракс, фикр мекунам, мардумони мо табиатан озоданд. Хангоме ки барои китоби “Садр ранги сад сол” маводи гирдоварй мекардам, зимни як силсила асноди солхои 1920-1930 ба натичае расидам, ки болшевикон беш аз хама аз мардуми мо харос доштанд ва озодагию озодихохии онхо зиёдтар аз хама ононро ба ташвиш меовард.

      Бехуда нест, ки мубориза зидди сохти шуравй дар миёни точикон то охири солхои 1930 идома кард ва баъдан шакли пушидае касб кард.

      Аммо хак бо Шумост, ки ба мардуми имруз менигарем ва чунин майли шадид ба озодиро намебинем. Холо дар умки ноозодии пинхон хастем. Шояд ба рузхои дигаре хохем расид?

      Comment by aioubzod | 04.05.2009 | Reply

  3. Дар бахсхои радиои “Озодй” шохиди холати ачиб мешавем, ки аксарият аз махдуд шудани озодихои динй нигаронанд, аммо ба махдуд шудани озодии матбуот эътибор намедиханд. Ин хаст вазъи чамъияти мо. Ба фикри банда ин аломати равшани бемор будани ин чамъият аст!

    Comment by Samandar | 04.05.2009 | Reply

    • Самандари чон, фикр намекунам, ин нишони беморй бошад. Шояд барои онхое ки дастрасии бештар ба интернет доранд, озодии дин мухимтар ах озодии матбуот аст?

      Comment by aioubzod | 04.05.2009 | Reply

  4. Samandari aziz,

    agar matbuoti “ozod” khud ovoz baland nakunad, pas az guftan yo naguftani radioi ozodi chi foida? Dar Tojkiton hastnad matbuoti nimaozod va matbuoti lagandbardor, matbuoti ozodro man to hol nadidam.

    Samak

    Comment by Samak | 04.05.2009 | Reply

    • Вокеан дуруст. Сарони матбуоти “озоду мустакил”-ро мебинед, ки дар талошу мубориза барои хифзи номи рахбаранд. Магар ин аст рисолати онхо? Бархе аз намояндагони ин матбуот аз гузоришхои созмонхои байнулмилалй, ки дар дифоъ аз матбуоти мустакил навишта шудаанд, зери шиори “хифзи манофеъи миллй” эътироз мекунанд. Мафхуми “манофеъи миллй” хам бо манофеъи як шахс ё як гурухи бисёр хурд махдуд мешавад.

      Comment by aioubzod | 04.05.2009 | Reply

  5. Ба назари банда, то замоне ки мардуми мо ба озодии сухан айни таваччухеро, ки ба озодии дин медханд, надиханд, дар кишвари мо пешравие ба даст намеояд.

    Comment by Samandar | 04.05.2009 | Reply

    • Дуруст. Аммо эҳсоси ман ин аст, ки мардуми то рафт ба тамоми чизи атрофаш бетафовут ва бепарво мешавад. Чаро?

      Comment by aioubzod | 06.05.2009 | Reply

  6. Салом ба хамагон !
    Бароятон як масал меорам.
    Подшохе буда одил вазире дошта доно.Онхо хар ду якчо хеле сари кудрат будаанд ва боре хам миёнашон хамдигарнофахмие нашудааст.Ва чуноне ки мегуянд хеччи яксон намеистад аз он чумла дусти хам…Ба шох мерасон ки вазир мукобили у кор огоз карда истода аст.. Шох албатта бовар накарда гуфтааст то вакте бо чашмонам набинам ва бо гушам нашунавам бовар намекунам. Хамин хел вукуъ афтода ки шох хам дидаву хам шунида аст ки чи тур вазир фикри сарнагун кардани уро дорад..
    ва сари ин гуфтугу вазирро дошта .. Вазир сурх шуда сафед шуда аз шох маъзарат пурсидааст. Шох гуфтаст. Хуб ду рох аст
    Яке ман туро ба катл мерасонам. Дуввум. Ана ин дарро мебини . Метавони бикушои ва бирави.Аммо ман намедонам пушти ин дар чист.. ва касе хам намедонад.. Вазир гуфтааст биё маро ба катл расон бехтар сазоворам.
    Баъди ба катл расондан аз шох пурсидаанд . Шохо ин чи даре буд ба кучо мебурд? Шох чавоб додааст чун вазир рафики ман буд нахостам ки бимирад ва ин дар даре суи озоди буд аммо у озодиро интхоб накард .Маргро авло донист ..Чун марг осон аст. Озоди осон нест масъулият дорад .Ва барои хар карори худ чавоб бигуи…

    Обод бошед!

    Comment by Бахтиёр | 05.05.2009 | Reply

    • Дуруди фаровон бар Бахтиёри азиз!

      Ривояте, ки овардед, комилан тоҷикист. Ору номус тоҷикро водор мекунад, ки бе мушкиле ба қатли худ розӣ шавад.

      Вале дари озодиро боз накардани вазир тааҷҷубовар аст, зеро тоҷикон, ки дар гузаштаҳои дур худро “озодагон” меномиданд, озодиро бо тамоми масъулияташ болотар аз ҳама чизи дигар медонистанд.

      Бар замми масъулият, озодй ҳамчунин магар ширинии беҳамтое надорад?

      Comment by aioubzod | 06.05.2009 | Reply

  7. Бузургтарин неъмати Худо барои бандагонаш, “озодист”. Har kase ki, аз ин “неъмати бузург” махрум бошад, ин дунёи фаррох барояш рухан, зиндон мебошад. Дар кишвари мо милунхо одамон гуломи нафс шудаанду милунхои дигар, гуломи нодониву бедониши. Бедониши дасту пои мардуми моро чун завлона бастааст, ки мардум рох гум кардаанд. Ягона калиди ин завлонахо-“илму дониш” мебошад. Кариб аз чор, се хиссаи мардуми кишварро ахли дехот ташкил медиханд, ки гуломи ин ду чиз гаштаанд. Бовар кунед, касе хам дар фикри “озоди сухан” ва “озодии матбуъот” нест, модоме ки, худ озод набоши чи тур дар фикри озодии сухан ва матбуъот мебоши! Имруз дар ин рузхои сахт, факат журналистон ва равшанфикрон метавонанд, барои “озодии сухан ва матбуъот” ва барои озодии хамма мубориза баранд, в-агарна, холи мардум дар оянда чи мешуда бошад? Агар хамма озод набошанд, ман низ худамро озод хис намекунам!

    Comment by Patriot | 06.05.2009 | Reply

    • Ташаккур аз Патриот.

      Бисёр фикрҳои хуб гуфтанд, ба истиснои фақат ин ки бояд ҳама барои озодии ҳақиқй мубориза кунем, барои озодии худ, аҳли оила, дусту ҳамсоя ва тамоми миллати хеш.

      Ҷумлаи охир низ олист, ки агар ҳама озод набошанд, як нафар дар ҷамъияти ноозодон ҳаргиз наметавонад, худро озод ҳис кунад.

      Comment by aioubzod | 06.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: