Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чаро “Зарнисор” бояд ба захм табдил ёбад?

zarnisorТоҷирони бозори ба тамоми ҷаҳон машҳури “Зарнисор” дар шаҳри Душанбе гуруснашинии эътирозӣ сар карданд. Ин шояд талоши охирин ва навмедонаи онҳо ба ҷилавгирӣ аз гуруснагии ояндаи фарзандонашон аст. Ва як рӯёрӯии ошкорову шадиди мардум бо давлат.

Агар дар маҳдудаи танг як бозори ҳумаи шаҳр мафҳумҳои зиёд ва муҳиме гирд намеомаданд, шояд ҳодиса ин гуна аҳамият пайдо намекард. Бубинем, дар ҷараёни фишору акси фишорҳо “Зарнисор” ба марказгоҳи чӣ мафҳумҳое табдил ёфтааст:

  • ҳукмгузаронии давлат (фармон бояд иҷро шавад!)
  • эътироз (Дар ин кишвар оё ҳақиқат вуҷуд дорад?)
  • намоиши бартарии қонун (бозор ғайриқонунист!)
  • даъват ба ақли солим (мардум аз нон маҳрум мешаванд!)
  • эътимоди сармоягузорон (фишор ба моликияти хусусӣ)
  • шубҳаҳо ба мақомот (макон ба касе даркор шудааст?)

Ва монанди инҳо. Гуруснашинии мардуми одии канораи Душанбе дар ҳоле сар шудааст, ки садои сурнойи ифтитоҳи канисаи нав дар ин шаҳр аз гӯшҳо нарафтааст. Тақдими бино ва ҳавлие барои канисаи нав аз тарафи раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллоҳзода нагузошт алами тахриби канисаи таърихии яҳудиён дар маркази Душанбе ба захми якумрӣ табдил ёбад.

Даргумон аст, иқдоми ҷаноби Асадуллоҳзода бе ризоияти мақомоти давлат ба миён омада бошад. Эътибори кишвар ҳифз шуд ва равобите, ки ҳамроҳ бо канисаи тахрибшуда бар бод рафта буд, дер бошад ҳам, тармим дид. Аммо агар “Зарнисор” бо гуруснашинию ашки талх ва хашму ғазаби мардум тахриб ё “мусодира” шавад, ин равобитро кӣ ва чӣ гуна тармим хоҳад кард? Ва оё касе ба ин фикр ҳам хоҳад афтод?

Шиддат ва дарде, ки ҳамкорам дар радиои Озодӣ, Абдулфаттоҳ Шафиев, ба таври мустанад рӯйи навори видео овардааст, беасар хоҳад гузашт? Беҳтар нест, ҷойи ҷустуҷӯи малҳам ё нӯшдоруи дер аз оғоз нагузошт, ки дард ба захм табдил ёбад?

(Акс аз сомонаи радиои Озодӣ)

06.05.2009 - Posted by | Душанбе, Иқтисодиёт, Сиёсат |

5 Comments »

  1. Макомоти шахри Душанбе аз часорати занон ба вахшат афтодаанд ва рохи гуфтушунидро пеш гирифта, мехоханд бо фиребу найранг, ба гуруснашинй хотима гузоранд, аммо занони кахрамони точик ба ин фиребхо дода намешаванд ва гуфтаанд, то ичрои талабхои худ сари по меистанд!

    Comment by Samandar | 08.05.2009 | Reply

  2. Ходисахои бозори “Зарнисор” ва амалхои ноодилонаи рахбарони Давлат, шаходати онро медиханд, ки бухрони иктисодии ки, 17 сол инчониб дар Точикистон давом дорад, солхои зиёд давом хохад кард. (Яъне, Чахон ки, нав акнун ба ин бухрон дучор шудааст, ба зуди аз ин бухрон хохад баромад, вале Точикистон на!) Хаммаи кишвархои дунё бар зиди бухрони моли мубориза мебаранду чорахои нек мебинанд, дар Ватани мо бошад бараъкс,суръати бухрони молиро шадидтар мекунанд. М а с а л а н: Дар хамма шахрхои Россия, чанд сол пеш дар истгоххо, дар саракхо, дар байни хонахои баландошёна магозахои хурди савдои (киоск)-хо мекушоданд, садхо хазор аз мардуми махал ва мухочирони хоричи машгули кор буданд. Солхои охир ки, вазъи иктисодии кишвари Россия хубтару бехтар шуда буд ва шахрхояш низ ободу зебо шуданд, рахбарони давлати Россия конуни нав бароварданд, ки хаммаи киоскхову мини-маркетхое, ки дар истгоххо, саракхо ва дар байни хонахои баландошёна буданд, баста шаванд, фаъолият накунанд ва бардошта шаванд. Корори давлат буд ки, то охири соли 2008, шахрхо бояд аз киоскхову мини-маркетхо ба кулли тоза шаванд. Кариб 90%-и киоскхову мини-маркетхора бардошта буданд, ки КРИЗИС сар шуд… Холо бошад рахбарони давлат дар хамма шахрхои хурду калон дар телевизиюн баромад намуда, аз сари нав ичозат додаанд, ки хар кас метавонад, дар кучое ки, мехохад киоск монда кор кунад. Феълан хама чойхо пур аз киоску мини-маркет шудааст, даххо хазор мардум сохиби чои кор шудаанд. Ин факат як чорабинии давлат аст, ки ман мисол овардам… ДАР ТОЧИКИСТОН ИМРУЗ, ХАТТО МИКДОРИ ЯК ЗАРРАЕ ХАМ БОШАД, БОЯД, ФАКАТ БАР ЗИДИ БУХРОН МУБОРИЗА БАРАНД, В-АГАРНА, РУЗ ТО РУЗ СУРЪАТИ БУХРОНИ МОЛИ БОЗ ХАМ ШАДИДТАР МЕГАРДАД!

    Comment by Patriot | 09.05.2009 | Reply

  3. Тоҷирзанони бозори баҳсбарангези «Зарнисор» воқеъ дар канори шаҳри Душанбе пас аз се рӯзи гуруснанишинӣ ба эътирози худ муваққатан хотима додаанд.

    Шӯҳрат Қудратов, вакили соҳиби бозори Зарнисор ба Радиои Озодӣ гуфт, тоҷирзанон ба он хотир гуруснаниширо бас карданд, ки мақомот ваъда додаанд, талабҳои онҳоро баррасӣ ва ба мушкилоти онҳо то рӯзи чаҳоршанбе расидагӣ мекунанд.

    Comment by Samandar | 11.05.2009 | Reply

  4. Соҳибкорони бозори «Зарнисор» мегӯянд, шаҳрдории Душанбе ба дархости онҳо барои баргузории гирдиҳамоии осоишта дар таърихи 24-уми май посухи рад додаст.

    Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои соҳибкорони «Зарнисор», гуфт, ин тоҷирон бо ирсоли дархосте ба ҳукумати пойтахт қасд дошанд, ба нишони эътироз аз қарор додгоҳ барои тахриби сохтмони бозор ва риоя нашудани ҳуқуқҳояшон, дар боғи Мироненко гирдиҳамоӣ кунанд. Вале мақомоти шаҳрдорӣ ба ин дархост посухи рад додаанд.

    Ин дар ҳолест, ки мақомоти шаҳрдорӣ ҳозир нашуданд, дар ин марвид, шарҳе бидиҳанд. Аммо ҳуқуқдонҳо мегуянд, зимни посухи катбии рад мақомот бояд мавридҳои риоя нашудани қонунро ба сурати мушаххас ба муроҷеин бинависанд

    Comment by Samandar | 13.05.2009 | Reply

  5. Субҳи чоршанбе, 27 май мақомот бар асоси ҳукми додгоҳ ба тахриби ин бозор шурӯъ карданд. Як гурӯҳи коргарон ба кандани боми сохтмони сетабақаи “Зарнисор” пардохтанд ва аз зер булдозер дӯконҳои хурди даруни бозорро ба замин баробар мекард.

    Бино бар ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон, ки баъдан тавассути Додгоҳи олии иқтисодӣ низ таъйид шуд, бозори «Зарнисор» бо нақзи қавонини Тоҷикистон бино шуда буд. Вале соҳибмулкони бозор мегуфтанд, онҳо ҳама муқаррароти қонунро ба ҳангоми сохтмони бино риоя карда буданд.

    Дар даҳаи аввали моҳи май тоҷирзанони ин бозор ба нишони эътироз аз тасмими додгоҳ дар мавриди тахриби бинои «Зарнисор» се рӯз гуруснанишинӣ карда буданд. Баъдан онҳо аз мақомот дархости иҷозаи гирдиҳамоӣ карданд, вале посухи рад гирифтанд.

    Comment by Samandar | 27.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: