Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар роҳ ба кӯйи Акбар

1nycДар роҳам. Дар роҳҳои Амрико. Даҳ сол пеш аз ин роҳҳо убур кардаву ба Сиеттл, ба дидори шоири бузургамон Бозор Собир расидам. Чанд рӯз бо ҳам будем. Акнун роҳам ба кӯйи донишманди бузургамон Акбари Турсонзод мебарад. Рӯзҳову лаҳзаҳоро мешуморам. Оё мехоҳед, дар ин дидор ҳамсафару ҳамнафас бошед?

БОЗОР СОБИР

Ман шояд ягона тоҷике бошам, ки устод Бозор Собирро дар манзили амрикоияш зиёрат кардааст. На. Мо чаҳор нафар будем. Ҳамсарам ва писаронам Гуразму Исфандиёр низ бо ман буданд.

Устод бо дидани писари калонӣ, хандиду гуфт: “Писарат нусхаи худат.” Ва ба ошпазхона рафт, то таоме дуруст кунад.

Ҳамсари устод, хонум Гулчеҳра бо духтарашон Шоҳона дар сафари Лос-Анҷелес буданд, Манучеҳри наққош дар Ҷаксонвил, Ромиз ва Ромиш дар кору таҳсил, мо фурсати зиёде доштем барои сӯҳбату шеъру хотира.

Як навори видеоии муфассал аз сӯҳбату шеърхониҳои устод дар бойгонии ман аст, ки порчаҳое аз он дар Тоҷикистон даст ба даст гаштаанд.

Пас аз моҳҳо низ писаронам бо ҷумлаву ибораҳои тоҷикиву русиву инглисии устод Бозор сӯҳбат мекарданд ва мисраъҳои шеърашро ба ёд меоварданд: “Парандаҳои мусофир ба лона баргаштанд/Дубора чаҳчаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?” Кӯдак буданд, аммо кӯдакони мусофир…

Бозор мегуфт, байни замину осмoн муаллақ аст, пояш дар замин нест ва мехоҳад, хоки кӯчаҳои Душанбе, пӯсти хушкидаи харбуза дар пеши бозори “Баракат”-ро бӯса занад. Месуруд: “Ба куҷо барам сареро, ки накардаам фидояш…”

Барномаи радиое, ки аз ин сафару сӯҳбатҳои давраи мурахассии худ омода ва пахш кардам ва дар он аввалин бор шеъри “Чаро намеоӣ?” бо садои муаллиф садо дод, ҳамон айёме, ки ҳанӯз интернет набуд, дар “Чархи гардун” ба чоп расид.

Гуфтанд бо талоши журналисти зиндаёд Мақсуди Ҳусайн. Он мақола ва барномаи радиоӣ ба бархе аз рӯшанфикрони тоҷик, монанди шодравон Наримон Бақозода ва донишманд Иброҳими Усмон андеша дод, ки бояд Бозорро ба ватан баргардонд. Онҳо ин фикрро бо Абдулмаҷид Достиев, он вақт ноиби раиси порлумони Тоҷикистон, матраҳ карданд ва ба ман паём доданд, ки устодро ба бозгашт омода кунам. Аввал гӯё тарҳ дар ҳоли иҷро буд, аммо дар марҳилае ва бо сабабҳое ин бозгашти ботантана ба вуқӯъ напайваст.

Дертар худи устод ба Тоҷикистон сафар кард ва бо озурдагии бештаре баргашт. Акнун шояд дигар андешаи бозгашт надорад.

Ин бор мехоҳам аз устод Акбари Турсонзод зиёрат кунам. Ҳадафи бахусусе надорам ва ба бозгашт ташвиқаш ҳам намекунам, зеро медонам, бо ин кишваре, ки дорем ва бо ин ҳукумату сарваронаш ва бо ин вазъе, ки ҳукмфармост, коре аз дасти мо сохта нест. Фақат мехоҳам, устодро бубинам ва соате аз сӯҳбати эшон баҳрвар шавам.

АКБАРИ ТУРСОНЗОД

Охирин бор эшонро зимистони соли 1993 дар Маскав дида будам, ки ба кадом конфаронси байнулмилалӣ сафар мекарданд…

Ман бовар надорам, ки мо, тоҷикон, дар давраи ҳозир, донишманде бар пояи Акбари Турсонзод дошта бошем, аммо дареғ, натавонистаем, аз ин дониши ӯ истифода бикунем. Агар ҳукумати мо ҳанӯз ҳамон соли 1992 ба пешниҳоди ӯ — навиштани “Дурнамои рушди миллӣ” тан медод, шояд мардуми мо аз аксари бадбахтиҳои баъдина эмин мемонд.

Он вақт рад карданд, аммо пас аз 6-7 сол дар фикри навиштани чунин барномаҳо шуданд, ки ғолибан каммояву нимакора буда, то ҳанӯз натиҷае надодаанд.

Ҳам он вақт ва ҳам ҳоло Акбари Турсонзода ганҷест, ки аз ҳама ҷо харидор дорад, ба ҷуз ватани худ. Вай гумон мекунад, “мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ки аттор бигӯяд” ва ё ба назараш, набояд талоши мансабу мақом кард ва тақдирро тақдирҷумбоне шарт нест. Вале аз ин ҳамаи мо бохт мекунем, на ӯ.

Худи устод дар бораи дӯсташ, нависандаи фоқид Чингиз Айтматов менависад: “Фаъолияти халлоқии эҷодгар ва зиндагии рузмаррайи у ба сони ду хатти мутавозистанд, вале воқеан робитайи мутақобила доранд. Агар пиндору рафтори эҷодкори асилро дар ин ду ҷода муқойиса кунед, он гоҳ бо таззоде бармехӯред, ки намедонед тааҷҷуб кунед ё таассуф хӯред. Дар ҷодайи эҷодӣ вай кунчков, дилтанг, шубҳагар ва пухтакор аст. Дар ҷодайи зиндагӣ бошад, беқайд, дилвасеъ, зудбовар ва ноӯҳдабарост.”

Ё дар ҷои дигар: “Сабабкори фоҷиаҳое, ки дар ҷомеаҳои одамӣ аз қадимзамон инҷониб давра ба давра такрор шуда меистанд, майли қудратхоҳию хукуматронист, ки дар тариқи расидан ба он садди ахлоқӣ вуҷуд надорад!”

Вай сарнавишти таърихии мардуми худро дар матни ҷаҳонишавӣ ва ояндаи дунё меандешад:

“Сафинаи мусофирбаре, ки дар он сокинони кунунии сайёраи Замин нишастаанд, чунон танг, нозук ва ноустувор бувад, ки дур нест аз як такони ногаҳонӣ чаппагардон шавад. Инро ман бо назардошти хавфу хатарҳое мегӯям, ки ба мавҷудияти тамоми инсоният ва хатто худи сайёраи Замин куллан таҳдид мекунанд. Онҳо як синфи нави масъалаву вазифаҳое ташкил медиҳанд, ки дар илми муосир ба ҷумлагӣ «мушкилаҳои умумиҷаҳонии хозиразамон» гӯянд.

Чунончи, паҳн шудани аслиҳаи атомию термоядроӣ дар байни давлатҳои хурду калон ва ҳамроҳа афзудани эҳтимоли тасодуфан сар задани ҷанги атомии ҷаҳонӣ, торафт кам шудани захираҳои сарватҳои табиӣ ва дар айни замон якзайл зиёд шудани миқдори аҳолӣ дар рӯи замин, оҳистаю пайваста гарм шудани иқлими дунё, ки рӯзе боиси об шудани яхҳои қутбҳову баланд рафтани сатҳи оби уқёнусҳо мегардад, таҳмили ҳамаҷоиву ҳамагонии маданияти оммавие, ки одобу одатҳои маҳаллиро танг карда бароварда, охир ба фасоди маънавии ҷумла фарзандони Одам сабаб мегардад ва ҳоказо…”

Бо ҳамин андешаҳо дар роҳ ба сӯи манзили Акбари Турсонзодам. Худоё, маро ба ин манзил бирасон. Пурсида будам, оё мехоҳед, ҳамсафару ҳамнафаси мо дар ин дидор бошед. Агар мехоҳед, суол ё дархости худро аз Акбари Турсонзод дар думболаи ин номаи ман бинависед. Ҳатман бо ӯ дар миён хоҳам гузошт. Пас, то дидор!

08.05.2009 - Posted by | Сарнавишт, Фалсафа |

37 Comments »

  1. Субх ба хайр Устод Салим!
    Хохиш дорам ба Устод Акбари Турсонзод салому дуои моро расонед. Аввал, хар кучо ки бошанд, нигахбонашон Худо бошад! Вале, бигуед, ки мардуми Точикистон имруз ба онхо ниёз доранд. Бозгарданд ба манзили мурод ва ин чо барои ободии механи худ бевосита сахм гузоранд. Ба шумо рохи сафед металабам.

    Comment by Sooroosh | 08.05.2009 | Reply

    • Дуруд бар Суруш!

      Ҳатман паёму дуъои Шуморо ба эшон чашм ба чашм мерасонам.

      Сарбаланд бошем!

      Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  2. Суьоли ман ин аст, ки мухтарам Акбари Турсонзод дар бораи вазъи имрузаи кишвар ва чанд соли ояндаи он чй назар доранд? Кишвар ба кадом самт меравад ва моро бо ин ахвол чй чизе дар пеш интизор аст?

    Муваффак бошед.

    Comment by Samandar | 08.05.2009 | Reply

    • Пурсиши Шумо дар зеҳни ман ва бовар дорам, бештари хонандагони ин торнигор низ ҳаст. Мо ҳама ояндаи неку хуби ватанро мехоҳем.

      Умедворам, устод Турсонзод ҳачмун файласуфи кайҳоншинос ва таҳлилгари борикбини гузаштаи миллии мо гуфтаниҳое дар ин бора хоҳанд дошт.

      Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  3. Salom barodari aziz Salim,

    Ba Shumo rohi safed orzumandam. Ba ustodi arjmand Akbari Tursunzod salomi moro rasoned. Inshooloh boz ruze faro merasad, ki hamai farzandoni barumandi tojik boz ba vatani hesh barmegardand va dar rushdi numui on sahmashonro meguzorand.

    Comment by Mehmon | 08.05.2009 | Reply

    • Ҳатману ҳатман ва иншоаллоҳ, он рӯзи неку рушану шукуфон фаро хоҳад расид. Дар ноумедиҳо басе умед аст/Поёни шаби сияҳ сафед аст.

      Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  4. Як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Иркутски Русия ба устод Турсонзод саломҳои гарму ҷӯшон фиристода, орзу кардаанд, ки эшон тандурусту комёб бошанд. Пурсиши онҳо низ нури дида, тоҷи сар, ба устод расонда хоҳад шуд.

    Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  5. Ustodi giromiqadr,

    vokhuri bo chunin mardoni millat ghanimat ast. Ba fikri banda khele khub meshud, agar fikri oghosi yak werblogro ba Ustod Tursonzod peshnihod mekarded.

    Samak

    Comment by Samak | 08.05.2009 | Reply

    • Самаки азиз, сипосгузорам аз таваччухатон. Хеле пешниходи чолиб ва мухим аст. Албатта, бо устод дар миён хохам гузошт.

      Зинда бошед.

      Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  6. Salom Oqoi Salimi Aioubzod! Аввалан, ман бар шумо рохи сафедро хохонам. Сониян, дуруду дуоъи мо як гурух Точиконе ки, берун аз Ватан кору зиндаги дорем, ба устод Акбари Турсонзод бирасони, Иллохо хамеша тансихату хушбахт бошанд. Устод Турсонзод ифтихори мо, Точиконаст. Баъдан, саволхои мо бехисобанд, бехтараш хуб мешуд, агар ба Устод пешниход мекардед, ки як веб-блог огоз мекарданд. Дар ин рузхои сахт Веб-блоги Устод Турсонзод, бисёр мухим аст. Мехохем хамеша дар хамма мавзуъхо бо Устод дар тамос бошем. Суханони чунин Бузургвор, ба дилхои шикастаи даххо хазор рухафтодагон ниру мебахшад! Комёб бошед!

    Comment by Patriot | 08.05.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз дустам Патриот!

      Росташ, хануз як муддат пеш, вақте ин торнигорро роҳандозй кардам, устод Акбари Турсонзод аз ин кор изҳори хушҳолй карданд ва дуову фотеҳа доданд, ки кори бобароре шавад. Дар посух пас аз сипосгузорӣ аз эшон хоҳиш карад будам, ки як торнигори худро боз кунанд ва бандаву дигар дӯстон ҳама кӯмакро мекунанд, то он ба роҳ афтад, аммо устод гуфтанд, бо навиштани асари хеле муҳиме банд мебошанд ва фурсати ин корро надоранд.

      Акнун, ки иншоаллоҳ, бо ҳам менишинем, ин нақшаро ҳатман амалй хоҳем кард ва аз ҳисоби бисёр навиштаҳои устод, торнигорро ба роҳ мемонем.

      Шукр аз ҳамаи дӯстон, ки аз ин пешниҳод пуштибонй мекунанд. Бовар дорам, устод ба зудй аз торнигори худашон бо ҳамаи Шумо дар тамос хоҳанд гашт.

      Сарбаланд бошем!

      Comment by aioubzod | 08.05.2009 | Reply

  7. Ташакур Oqoi Salim! Рости, хело хушхол шудам аз хондани чавоби нома! Саломат бошеду дастот дарда набинанд!

    Comment by Patriot | 09.05.2009 | Reply

    • Зинда ва шодком бошед, азизам, чизе навиштам, ки аз суханони Шумо даромад.

      Comment by aioubzod | 09.05.2009 | Reply

  8. Дуруд!
    Бехтар мебуд огои Аюбзод дар ин сафар ё дар сафархои ояндаатон филме дар бораи устод тахия мекардед.Филме мустанад.
    Хама арчгузорихоро бояд дар вакти зинда будани ИН БУЗУРГВОРОН кард на баъд….
    Бовари дорам ки УСТОД гуфтанихои зиёде доранд….
    Боки хохони саломатии Хамагон!
    Обод бошем!

    Comment by Бахтиёр | 09.05.2009 | Reply

    • Бале, Бахтиёри нозанин, ман низ бовар дорам, ки устоди азиз гуфтаниҳои зиёд доранд ва бояд хеле ошкоро сӯҳбат кунанд. Ба зудй, иншоаллоҳ, акси устодро ин чо хохед дид.

      Comment by aioubzod | 09.05.2009 | Reply

  9. Salom dustoni arjmand.
    Biser nuyati khub ast, ki az yak shakhsiyati barumand didan mekuned. Soniyan man niz andeshai ta’sisi tornigori Akbari Tursonzodro jonibdori mekenam. Ziyoda az in khub mebud, ki dar hamin fursati idor bo eshon yak konfronsi internetiero niz ba roh memondem. Ya’ne avvalan eshon (AT) rozigii khudro medodand, ba’dan vaqti in konfronsro qablan e’lon medoshted, to duston sari yak halqai virtuoli jam’ oyand.

    Comment by Daler | 09.05.2009 | Reply

    • Далери фарзона. Хеле пешниҳоди чолиб аст. Хатман аз паяш хохам буд. Сарбаланд ва хуррам бошед!

      Comment by aioubzod | 09.05.2009 | Reply

  10. Салом акои Салим! Шодам, ке аз устод Турсунзод хабари тозае мерасад ва он хам аз забони пурмехри шумо. Шунидам, ке хамсарашон вафот кардаанд. Дер бошад хам, хамдардии моро ба Устод расонед.

    Саволхои ман инанд:

    1. Устод масъулияти рушанфикр ва донишмандро нисбат ба чомеаи худ чи гуна арзиш медиханд? Байни Достоевский ва Толстой ва пасон сойири рушанфикрони рус дар ин бора бахсхои шадид ва синахарош вучуд доштанд. Мунавварфикрони точик – Дониш, Фитрат, Айни ва дигарон хам руи ин масоил навиштахое доранд. Хуб буд агар Устод ин бахсро байни рушанфикрони имрузи Точик бо шархи назари рушанфикрони русу аврупой ва дарки худ аз он таквият мебахшиданд.

    2. Дурнамои Точикистон.

    3. Оё рохе ба суи бехбуд аз ин бунбасти Даччол вучуд дорад ва агар ха, он кадом рох аст? Маълум аст, ки бахси «Чи бояд кард?» мисли китоби Чернишевский метавонад хеле дилгиркунанда бошад, вале ин бахсро набояд ба дасти чаласаводон ва маззахурони даври имруз супурд.

    Саволи «Чи бояд кард?» дигар саволхои мухими худшиносиро такво медихад, «Ман кистам ва мо кистем?», «Вучуди вокеии Мани Точик дар чист?» ва «Мо аз кучохо растаем?», «Ман»-хоро дар «Мо» ба чуз забони Точики чи Арзишхои дигари вокеи ба хам меорад (чамъ мекунанд)? Ё дигар карда гуям – Маншаъи «Мо» будан дар чист?
    «Мани Точик» Рушание Равон мехохад, пас, Хуршеди калби Точик аз кучо нур мегирад? Бархе аз Точикон фикр мекунанд, ки Точик будан баробар ба Мусалмон будан + Забон аст, ки ба назарам хатои махз аст. Шак надорам, ке Равонияти Точик аз китобхои Динй хосили фаровоне мегирад, вале фикр дорам, ки Маком ва Масъулияти Точик дар ин чахон каме бештар аз Динварзй ва Худопарастии у бошад, ва хам Мусалмонон ва хочиёни зиёдеро дидаам, ки аслан рухашон ва равонашон Рушан нест … Назарам кам овардани Чахони Худованд нест, бар онам, ки шинохтани он Чахон дар худ ва берун аз худ кори хеле бориктар, нозуктар ва бузургтари равони Точикро, ва хам талоши бартар аз талоши масалан, Хачгузоронро талаб мекунад …

    4. Хуллас Устод, гояи (идеа-и) Миллияти Точик дар чист? Ва накши Динро дар чомеаи Точик чи гуна арзёби мекунед? Оё Арзишхои дигаре вучуд доранд, ки Миллатро аз бунбаст рахой диханд, ба чуз: Маърифат, Дониш, Озодй, Дустй, Мехр, Солимии инсон, чомеа ва табиате, ки онхоро зинда нигох медорад?

    Масалан дар мамолики шимоли Аврупо ин Арзишхоро то хадде дар умки чавомеашон чо додаанд, ки онхо на танхо чузъи одату одоб, кавонини навишта ва нонавиштаи руз, балки то чое дар вучуди чомеа чо шудаанд, ке холо тану равони ин чавомеъ наметавонанд хар чизе, ки буи Даччол мекунад, хазм кунанд.

    Медонам, ке ин бахсест тулони, вале боз хам агар назари худро оиди Сохтори Миллати Точик матрах мекардед, хуб буд.

    5. Навиштахои солхои охири устодро аз кучо метавонем дастрас кунем? Шояд барои точикон тархи интернетии он вучуд дошта бошад?

    6. Ба толибилмони худ аз чи дарс мегуед, ва аз онхо чи меомузед? Чи саволхое бештар боиси бахс мешаванд?

    6. Оё ба фарзандонатон пандхое дигаре доред, ба чуз: Равонатро дар Озодаги нигах дор; Рост гу; Рост рав; аз Дуруг, ки Тарс ва Тарсу меофарад, пархез кун, ва аз Даччол дур бош; ба моли хамсоя чашм натарош ва моли мардум нахур; фарзанди худ ва хамсояро дар мехр парвар ва навозиш кун; хукук ва озодии онхо ва хам озодии хеш ва наздиконатро ба арчи воло гузор; худро (озоди, хакку хукукхо)ва хам масъулияти худро дар назди худ, ойила, ва чомеаи худу чахон шинос – ва бархе саволхои дигаре ба сони онхо.

    7. Вакте аз хукукхо ва масъулиятхои «Мо» сухбат мекунам, назарам масъулиятхо ва хукукхои баробари сиёси, ичтимои, фарханги, иктисодии хам зан ва хам марди точикро дар назар дорам. Бар онам, ки чомеае ки такрибан ними онро аз хурди ба хизматгузорони бардасон (макоми аксари келинони точикро дар хонаводаи нав ба назар дорам) табдил медиханд, ояндаи торик дорад. Аз нигохи сифр иктисоди – ба гардани хар як корманди точик имруз лоакл 3-4 хурандаи хонанишин нишастааст. Он гардандор, агар хам бори худро то ба охир «мардона» бардошт, шукри неъмат мекунад, кучо бошад, ки орзуи тахкики кайхон е чахони дигаре ба чуз кисаи борики хеш кунад. Аксари онхо мачбуранд неруи чисмонии худро бифрушанд ва ба гуломдорони давр хизмат гузоранд, то ниезхои бардагони гарданнишини хешро бароваранд, чун барои сайкал додани нируи акли ва хунарии хеш дигар вакт ба донишомузи, хунарварзи, ки рох ба суи озодии хеш аст, надоранд.

    Аз ин дидбон, Устод, хукуки баробари зану мардро дар чомеаи Точикистон чи гуна арзиш мекунед?

    Чанд нукот барои шархи саволхоям:
    Ба назарам, вазифаи очили имрузаи рушанфикри Точик – навиштани китобхои дарсии хуб барои наслхои баъдии точикон аст: масалан, китоби дарсхое, ки точикон тули торихи саркубии худ заррае хам наомухтаанд; е китоби тарчимаи е шархи «чи бояд кард то аз бунбаст рахои ефт»? е «чи тавр?”-хои чавомеи дигар, ки озодтар, нозукбинтар, пухтакортар, ба худ ва наздиконаш мехрубонтар ва бинобар ин, холо муваффактар, хуррамтар ва нирумандтар аз чомеаи мо хастанд; кутохаш, китобхои нав ойиди роххои пайдо кардани калиди Маърифат ва Шахри Умед.

    Рушанфикрони Аврупои (Кампанелла, Волтер, Дидро, Руссо, Токвилл ва дигарон) дар Замони Зулмати тулонии худ, китобхое монанди Шахри Хуршед, Котракти Ичтимои, Донишнома ва сони онро навиштаанд, ки барои рахои аз Ранчи Зулму Золимони давр хизмати бузурге кардаанд… Имруз дар сиёсатшиноси, чомеашиноси ва дигар фанхои замонави дониши зиёде чамъ шудааст, ва Точикон хам бояд аз он бахра баранд то муваффак бошанд.

    Ба фикри он хастам, ке «донишгоххои» аксари кудакон ва наврасони Точик дар кучахо ва бозорхои гандиддабуи деху шахрхои гариб манзил гирифтаанд ва онхо дарсхои аввал ва охири худро аз кихое меомузанд? Ибратгузорон ва муаллимони давр кистанд?

    Як чиз маро зиёд хаста мекунад – яъс ва хастадилии мардуми ранчури мо, ки баробар ба танбали ва навмедии Точикона шудааст. Масалан, «Таваккал ба худо кардан» як навъи он аст, ки вучуди онро аз буи бади кучахо, чирки хонахо, гализи ва камбудии об дар обанборхо, кашшокии хонаводахо, вайрони ва харобазории шахру кишлокхо дида мешавад.

    Ба ин наздики маколае аз шархи холи Мукаддас Набиева хондам. 30 сол кабл ин зани хунарманд, ифтихори хунармандони Точик – дар садамаи рохи берохае аз санги рохе кушта шуд. Пас аз он як хунарманди чавони дигаре – Бандишоева.

    То ба хол ин роххо садхо точикони дигареро (хунармандон, мутаффакирон, кишоварзон..) куштаанд, вале кори каме карда шудааст, то он сангхои одамкуш аз рох бардошта шаванд, то ин роххо, кучахо, манзилгоххои зиёди торику нохамвор мисли манзилгоххо, роххо ва хиебонхои кишвархои дигари кухи, хамвору мунаввар гарданд.

    Мо хатто суруде дорем, Чор Чавон, ки аз Тарма кушта шудаанд, ки онро метавон суруди миллии чавонони точик баршуморд… Хар бор ки сурудро мешунавем, еди он чор чавон ва хамаи дигар чавонхоро мекунем, вале боз таваккал ба худо мекунем, ки сангхо худ ба худ бардошта шаванд.. Туннели навсохти Точикистонро, ки дар шахри Точик боиси ифтихор аст, дар Интернети чахони ба як масхарае бардошт мекунанд, ки гузаштан аз он баробар ба гузаштан аз пули дузахи матрах мешавад

    Кори осон – бардоштани санг, хамвор кардани куча, кандани мехи девор, ки метавонад фарзанди моро захмдор кунад, сохтани богчае, ки дар он кудакон метавонанд беосеб бози кунанд… Хастаем ва мегуем пул надорем, лихоз надорем… Вале агар як нафаси озод бигирему фикр кунем, ба диди он мерасем, ки аз дастамон корхо зиеде меояд. Набояд солхо интизори марди занчиршикан е исодаме ки моро эхё кунад бошем … Он санги куху рохро метавон тарики хашар ба осони чамъ кард ва барои сохтани богча е мактаби бархаво барои кудакон истифода кард, онхо набояд сари мардуми моро кафонанд…

    Ё масалан, чизи дигаре, ки ба фарзандон дар баъзе хонаводахои точик меомузанд – «гуш кардан», тахаммул, конеъ кардан, таслим шудан … агар кудак одоби Каме «озодтаре» дошта бошад, саркубаш мекунанд, баччаро то калон шуданаш зан … Баъд хайрон мешавем, ки чаро Рустами девбанд, е Эйнштейни Точик кам дорем… надорем… Аз наздик медонам, ки чи корхоеро руи кудаконамо раво надодаем, чун худам тахкики миллии онро гузаронидаам.

    Озодагии шахс аз чи сар мезанад? «Лесидани коса» коса ва забони косалесро тоза намекунад ва баракате ба хонаи у намеорад. Озодагии дигаре лозим дорем, озодагии вокеи, рахои аз танбали, аз яъс ва навмеди, талош ба тоза кардани на танхо куча ва хонаи хеш, балки «офтоб кардан»-и руху равони хеш, мухити атроф, кушодани дару тирезахои хонаи тира ба чахони бархаво ва мунаввари илму дониш, хунар… Магар Точикон намегуянд, Чил хунар кам аст, барои як мард…? Е мард бояд чунон дарахте парварад, то аз он баракати он хонахое барои худ ва фарзандонаш бисозад, то дар он хонахо писар ва духтарони озоде ба воя расанд …
    Дониш, кордони ва тозагии вокеии хар яки мо лозим аст, то ба чое бирасем. Бо рухи гуломона, ифтихори пуч, арусакхои кучак, ки бо харфхои бофта аз минбархо харф мезананд, ба чое нахохем расид.

    Сипос аз мехру мархамататон, акои Салим ва хам Устод Турсунзод. Умедворам, саволхое, ки гузоштаам, бахси хуберо равон бахшад.
    Хар ду бо наздиконатон зиндаву саломат бошед!

    Comment by muborak | 09.05.2009 | Reply

    • Бонуи азиз, Мубораки озода ва донишманд!

      Ростй, тарҳи сӯҳбатро омода кардед. Банда хам дар сари хамин фикрҳо, ба истилоҳи устод, майна об мекардам.

      Ҳоло бояд пешопеш номаи пурбори Шуморо ба эшон бифиристам, ки то расидани ман омода бошанд ва сӯҳбатҳои наҷибро дар ин мавзӯъҳои умда ба иллатй тулонй буданашон ба вакти дигар нагузоранд.

      Рисолати рушанфикр, ё тавре уи худи устод, истилоҳи Рушангароро бартар медонанд, аз мухимтарин масъалахои чомеаи рузи мост.

      Оё мешавад, бахши дигаре пурсишҳои Шуморо Худташкилии мардумй ё Ташаббуси халк номид? Ва ин пайванд мегирад ба яъсу навмедй, бетаваччухй, хастагй ва монанди инҳову сабаби онҳо?

      Сатхи созандагии хувияти миллй ва динй низ мавзӯъи “сахт”-ест.

      Китобҳо барои кудакон гуфтед ва ман на танхо китобхои дарсиро ба ёд овардам. Дар Русия 15 сол пеш аз он сар карданд, ки китобхои содаву шавкангезе навиштанд дар силсилаи “Все обо всем”. Инҳо посух буданд ба суолхои кунчковонаи кудакон, нахустин мулокоти онхо бо чахони атроф.

      Солхои 1970 дар Точикистон китобе чоп шуда буд, бо номи “Ноз ва газаб”, дӯстдоштатарин китоби ман, яке аз муаллифонаш Хилолиён Аскар, номи муаллифи дувум дар ёдам намондааст, вале бехтарин китоб буд, ки дунёро ба кудак ошно месозад. Дарег, дигар чунин китобхо нашр нашудаанд ва хатто хамин китоб дубора ба чоп нарасидааст.

      Бубинед, номаи Шумо маро ба кучохо бурд. Хол он ки мехостам, факат сипосгузорй кунам ва бовар дошта бошед, бо ин суолхои худ Шумо хам гуё дар ин мулокот хузур хохед дошт.

      Дустони дигар, хануз фурсат доред, суолу дархосту паёми худро ба устод Акбари Турсонзод бифиристед.

      Худо нигахдори хамаи мо.

      Comment by aioubzod | 09.05.2009 | Reply

  11. Дуруд, акои Салим!

    Нахуст, аз торнигори чолибатон хеле мамнунам ва сипос мегуям, ки чунин кори муфид ва некро ба даст гирифтед.

    Баъдан, барои дидоратон бо устод Акбар Турсун барору бурдбори хохонам ва орзумандам, ки натичахои хуб хам аз ин вохурии мухим ба даст биёянд. Як савол дорам ба устод, ки агар онро расонида, посухе дар ин чодда ба мо дастрас намоед, бисёр минатдор мешудам. Пурсиш ин аст, ки оё Точикони донишманду пешкадами мукими Амрико мисли устодон Бозор Собиру Акбар Турсун ягон чамъият ё иттиходи расмии Точикон бунёд кардани хастанд, ки хамаи хамватанони моро дар ин кишвари бузурги дунё ахлу чамъ намояд, то битавонем дар якчояги кувваи назаррасе гардида, аз манфиатхои милли худ дар инчо ва Точикистони азиз пуштибони ва пешбари бикунем. Чуноне ки гузаштагонамон фармудаанд, ки неруи мо дар ягонагист ва хамрох мо нерумандтарем.

    Бо сипос ва эхтиром,

    Ботур Косими
    аз вилояти Вермонти ИМА

    Comment by bkosimi | 10.05.2009 | Reply

    • Ботури азиз,

      сипосгузорам аз назари нек ва хушбиниҳои Шумо ва ҳам аз чанд маколаи ҷолиби Шумо дар интернет.

      Ҳатман ин суолро хоҳам кард ва посухашро низ руи ин торнигор хоҳам овард.

      Шоду пирӯз бошед!

      Comment by aioubzod | 10.05.2009 | Reply

  12. Як суьоли дигар ба зехнам омад, ки чаро устод Турсунзод зиндагй дар Амрикоро ихтиёр карданд ва на кишвари дигареро? Чй бахра гирифтанд аз он ки ин кадар сол берун ва дур аз ватан хастанд?

    Comment by Samandar | 11.05.2009 | Reply

    • Дусти нозанин Самандари азиз!

      Ин пурсишро бо номи Шумо аз устод хохам кард, вале хамаи мо як шартро хам бояд бипазирем, ки хакки посух бо худи устод аст.

      Аз суи дигар хама щохидем, ки бисёре аз мардумони мо холо дар берун аз ватан ба сар мебаранд ва ишк ба ватан ё хидмат ба ватан бастагй ба он надорад, ки мо дар ватанем ё берун аз он. Мухим ин аст, ки БО ватанем ва БАРОИ ватанем.

      Зинда бошед.

      Comment by aioubzod | 11.05.2009 | Reply

  13. Окои Аюбзод, як микдоре хак бо шумост, аммо бовар кунед, дар ватан будани чунин шахсоне монанди Акбари Турсунзод ва Бозор Собир ахаммият ва маънии дигар дорад. Ман агар рахбари давлат мебудам, аввалаш намегузоштам, ки онхо Точикистонро тарк кунанд, сонияш хама корро мекардам, ки онхо баргарданд.

    Ман ба ишки онхо бо ватан ва хидмати онхо ва хазорон нафари дигари точикони берун аз кишвар шакк надорам, аммо бовар кунед, агар дар ватан мебуданд ва хама чизро худ медиданд ва аз ин обу хаво нафас мекашиданд, хамаи ин таьсир дигаргуна мебуд.

    Барои мардум хам дигар мебуд, зеро монанди он аст, ки вакте падар дар хона аст, оила худро устувортар ва тавонотар хис мекардагй мешавад.

    Comment by Samandar | 11.05.2009 | Reply

    • Самандари канд, “сухан аз забони Лукмон хуш аст.” Мегузорем, ки худи устод чй мегуянд.

      Саломат бошед.

      Comment by aioubzod | 11.05.2009 | Reply

  14. Салом Акои Салим.Аввалан хохишмандам ба Устоди гироми салому пайеми моро расонед.Сониян ба Устод саломати ва муввафакият дар корхои эчодиашон таманно дорам.Умедворам сафари Шумо сафари хуби бобарор хохад шуд.Интизори навиштахои Шумоем.Чи тавре,ки баъзе рафикон дар боло кайд карданд, хело хуб мешуд агар оиди чунин фарзандони баруманди миллат ба мисли олими барчаста, Устод Акбари Турсунзод ва шоири тавоно Бозор Собир аз забони ширини Шумо китобе ва е фильми мустанаде тахия мешуд.Ин хеле хизмати калон дар назди миллат ва ояндагон мебуд.
    Саломат бошед.

    Comment by Махмадрахим | 11.05.2009 | Reply

    • Сипоси бекарон аз мухаббати Шумо ба устод Турсонзод, Махмадрахими мехрубон.

      Хатману хатман! Харчй аз дасти ман ояд, бедарег фидо хохад шуд.

      Дар фикри ин хам будам, ки агар зарур бошад, ба устод кумаке бирасонем, вале шунидам, устод Акбар бо он ки мухочир аст, аз Амрико истода, ба олимони чавони точик кумак мефиристад ва бисёр орзу доштааст, аз маблаги хаккикалами худ як хазинаи кумак ба олимони чавонро таъсис бидихад.

      Ман фикр мекунам, салому паём ва орзухои неки хамаи мо барои устод бехтарин дастовез хоханд буд.

      Сарсабз бошед.

      Comment by aioubzod | 11.05.2009 | Reply

  15. Дуруд бар Аюбзоди азиз, ки ин бор паёмашро аз Амрико мегирем.Паёми моро ҳам ба устод Акбари Турсон бирасонед ва бигӯед, ки ҷавонҳо низ ӯро мешиносанд, муштоқи сӯҳбаташ ҳастанд, ба ӯ ва ӯ барин донишмандони хеле олӣ беш аз ҳар чизи дигар ниёз доранд. Баъдан, бипурсед, ояндаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо ин ҳоле, ки дорад, чӣ мешавад? Баъдан бипурсед, ки аз Душанбе чӣ хотираҳо доранд ва аз ҳамнишинӣ бо кадоме аз бузургони мо ёд мекунанд? Шунидаам, ки бо устод Лоиқ ҳамнишинии бештаре доштаанд. Аз Лоиқ чи хотироти ёдмоне доранд? Метавонед, дар бораи забони тоҷикӣ ҳам пурсед, оё ин забоне, ки мо ҳоло дорем ва сӯҳбат мекунем, кадом забон аст: Тоҷикии наздик ба форсӣ ё туркӣ? Албатта, бигӯед, ки ҳарчанд бозгашти ӯ ба манфиат аст, аммо бозгашти ӯро шахсан намехоҳам, чунки дар ин ҷо ба қадри ӯ намерасанд. Тавре ки бо Тоҳири Абдбуҷаббор бархӯрд карданд. Беҳтар аст, агар имкон доранд, он ҷо бошанд, аммо барои мо ва наслҳои мо мероси арзишманде бигузоранд. Агар имрӯз не, ҳатман фардо мо аз он мерос истифода ва ифтихор хоҳем кард. Боқӣ, дар амони Худо.

    Comment by Дабир | 14.05.2009 | Reply

    • Дабири фарзона, дуруд бар Шумо!

      Пурсишҳои ҷолиберо матраҳ мекунед. Ҳатман бо устод Акбари Турсонзод дар миён хоҳам гузошт. Бовар дорам, эшон аз таваҷҷӯҳи ҷавонони Ватан рӯҳбаланд хоҳанд буд.

      Хотира ва андешаҳои эшонро пурсидаед. Дар воқеъ Акбари Турсонзод як эссеи баланде дар бораи шоири миллат Лоиқ Шералй навиштаанд, ки дар на танҳо шахси шоири маҳбуб, балки замонаи ӯро тасвир ва таҳлил кардаанд. Ва аз он ҷо Акбар аз дӯстониу ҳамнишининони шоир будаанд, навиштаи эшон метавонад, яке аз манбаъҳои дастиаввал бошад.

      Аммо чй дареғ, ки эссе дар як нашрияи Тоҷикистон ба табъ расид ва ҳамагон дастрасй ба он надоштаанду надоранд. Ин аст, ки мехоҳам барои устод Акбар як торнигор дуруст кунем ва ину даҳҳо навиштаи дигари он касро дар он ба нашр расонем.

      Мадад аз яздон ва аз ҳамаи донандагони олами интернетй зарур аст.

      Comment by aioubzod | 14.05.2009 | Reply

  16. Салом ако! Хохиш дорам аз устод Акбар маънои ин байтро чуё шавед:
    Гар дар Ямани, чу бо мани, пеши мани,
    В-ар пеши мани, чу бе мани, дар Ямани.

    Comment by Шоди | 15.05.2009 | Reply

    • Ба чашм, Шодии азиз.

      Comment by aioubzod | 16.05.2009 | Reply

  17. Аз Самарқанд имконияти вуруд ба сафҳаи дувуми торнигор номумкин шудааст ва танҳо аз тариқи барномаи вижа сафҳаи аввал дида мешаваду бас. Ба ин сабаб устод Адаш Истад номаи хешро бо пусти электронй фиристодаанд. Сипосгузорам.

    Суолхо ба Акбари Турсонзод

    1.Ба фикри Шумо агар рушанфикрони точик аз чумла файласуфони точик ба пешрафти фикрии мардуми Точикистон ноил мешуданд, оё чанги шахрванди рух медод?
    2.Ба назари Шумо илми торих ва фалсафа дар Точикистон дар кадом мархила карор дорад?
    3.Ба фикри Шумо барои худшиносии милли имруз дар Точикистон чи корхоро бояд кард?
    4.Ба фикри Шумо оё давлати милли демократи буда метавонад?
    5.Оид ба насри андеша дар адабиёти Точикистон бисёр навиштаанд. Оё он реша ба афкори пешкадами фалсафи дорад?
    6.Ба фикри Шумо барои имруз осори кадом файласуфонро бояд ба забони точики чоп кард?
    7.Аз соли 1991 ба баъд чи асархое навиштед ва онхоро аз Интернет чи тавр метавон дарёфт?
    8.Оё Шумо ба фикрхои В.В.Розанов оид ба ислохи маориф (масалан дар мактабхо омузондани манбахои торихи ба ивази торихшиноси, омузондани адабиёт аз руи адабиёти асил) рози хастед? Оё зарурате пеш наомадааст, ки дар мактабхои точики фалсафаро низ биомузанд?

    Бо дуруди фаровон Адаш Истад
    ш.Самарканд

    Comment by aioubzod | 16.05.2009 | Reply

  18. Огои Аюбзод аз интизори як чи шудем ку мусохибаи ваъдаги бо Устод Турсонзод?

    Comment by сомон | 22.05.2009 | Reply

    • Интизори ин пурсишро доштам ва дорам. Бахшиш мепурсам, ки хануз дар рохам, аммо ба он сабаб, ки устод Турсонзод дар ин рузхо машгули муолича хастанд ва дар аввалин фурсат ба дидори эшон хохам расид. Ваъда ваъда аст ва бояд ичро шавад.

      Умедворам дар ин байн суолу дархости наве агар буд, дар ин пойгох гузошта шавад. “Дер ояду шер ояд” аз андарзхои дустдоштаи устод аст.

      Comment by aioubzod | 22.05.2009 | Reply

  19. Хоҳишмандам, ки оқои Турсунзод бигӯяд дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тоҷик чи фикр дорад.

    Comment by Мунаввар | 24.05.2009 | Reply

  20. У меня вот такой вопрос. Как Устод относится к экстрасенсорике, ко всякими экстрасенсами и ясновидящими?

    Comment by сомон | 25.05.2009 | Reply

  21. Домуллои мухтарам, бубахшеду Турсонзод не. аслан ТУРСУН аст, то дируз Турсун буд хеч гап набуд имруз аз номи бобои хеш хазар дорад? Мирзои Турсунзода зинда мебуд, кабри ин гуна тарсонзодахоро меканд, шарманда…

    Comment by Sadogat | 25.07.2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: