Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Замонаи сахтро иродаи сахт

selХабари бархе аз расонаҳо дар бораи жолаи Душанбе ва селу обхезии Тоҷикистон олудаи заҳрханд аст. Онҳое, ки ватани моро хуш надоранд, ин ахборро тавре меоранд, ки ба нидои “Тоҷиконро худо зад!” сабаб гардад. Дар худи кишвар низ кам нестанд, онҳое, ки зарбаҳои табиатро пайомади фасодзадагии ҷомеа мешуморанд.

Ҷазои осмонӣ шумурдани офатҳои табиӣ ба замони инсони ибтидоӣ бармегардад, замоне ки дин ҳанӯз на дар сатҳи маънавияти иҷтимой ё фалсафаи кавну макону кайҳоншиносӣ, балки дар сатҳи тарси мавҳум қарор дошт.

Ночории инсон дар баробари нерӯҳои табиат. Шояд бартарӣ ёфтани чунин биниш, ки ин ҳаводис кори осмонист ва чизе намешавад барояш кард, аз он ҷо меояд, ки мо имрӯз дар муқобили селу ярч ночортар ва нотавонтар шудем? Ин мавзеъ оё бо ҳамон ақидаи таслимкунандаи “подшоҳ сояи худо дар замин” решапайванд нест?

Оби қаҳваӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз чоҳи мобайни кӯча фаввора мезанад. Манзараи такондиҳанда! Шояд мушкил дар ҷои дигар аст, на дар сел, дар замин аст, на дар осмон, дар атрофи Душанбест, на дар чоҳу хандақҳои шаҳр?

Вале касе ба ин фикр нест. Ҳар сол сел меояд, даҳҳо манзил, садҳо километр роҳу хатти барқ, ҳазорон ҳектор киштзорро нобуд мекунад ва тағйире дар ин фароянд ба ҷуз аз афзоиши чунин талафот ба назар намерасад.

Имсол ҳалокати инсонҳо низ бештар шуд. Аксари хабаргузориҳо мегӯянд, дар чанд ҳодисаи селу ярч дар Тоҷикистон 18 нафар, аз ҷумла 7 кӯдак кушта шудаанд. Баҳори гузашта чанд кас мурда буд? Оморе нест ва агар бошад ҳам — номаълум.

Ошкоро набошад ҳам, хабари дар ярч ҳалок шудани ду бинокори нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 6-уми май барои бархе аз сомонаҳои интернетии Узбакистони ҳамсоя хушоянд намудор мешавад.

Соли 2007 аҳли деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт, шабҳои борон чароғ дар даст дар канори рӯди Кандир, ки аз мобайни деҳаашон ҷорист, посбонӣ мекарданд, то аз дамидани обу расидани сел бехабар намонанд ва ҳамдеҳагони худро бедор кунанд.

Тавре садо медиҳад, ки ҳукумате ва хадамоте дар кишвар вуҷуд надорад.

Соли 2006 барои таҳкими соҳилҳои рӯди Панҷ, гуфта мешавад 11 миллион сомонӣ харҷ шуд, аммо ҳар се соли баъдӣ ҳам оби ин дарё деҳа ва киштзоронро аз байн бурд.

Оби манзилҳо -- пас аз борон

Оби манзилҳо -- пас аз борон

Соли гузашта кишвар ва созмонҳои мададрасон ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ 27 миллион доллар доданд. Мушкил бузургтар шуд, аммо на камтар. Агар хабарҳои чаҳор соли охирро ҷамъ оваред, мебинед, ки ҳар сол селу ярч тақрибан дар ҳамон маҳал ва минтақаҳои муайян такрор мешуд. Акнун ҷуғрофиёи офат васеътар шуда, то рафт ба гӯшаҳои дигари кишвар паҳн мегардад.

Тафовути дигари ҳасратомез бо гузашта ин аст, ки дар рӯзҳои сахт раҳбари кишвар, сарвазир, муовинҳои ӯ ё агар ҳамаи онҳо бо корҳои муҳими давлатӣ банд буданд, вазири вазъиятҳои фавқулода ба назди мардуми офатзада мерафтанд ва агар як порча нон ё як кампал намебурданд ҳам, бо суханони гарм ва ҳамдардӣ онҳоро дилдорӣ мекарданд.

Ҷаласаҳои фавқулода баргузор мешуд ва кумитаҳои кӯмак таъсис меёфт. Акнун ин ҳам нест, шояд беҳуда ва сунъӣ будани ин корҳо ба дили ҳама, ҳатто ташкилкунандагони онҳо ҳам зад — “наҷоти онҳое, ки дар ҳоли ғарқ шудан ҳастанд, кори худи онҳост.” Худ худро наҷот бидиҳанд.

Ҳукумате, ки наметавонад, мардуми худро аз селу тармаву ярч наҷот бидиҳад, талафоту хисоротро аз ин падидаҳо коҳиш диҳад, оё хоҳад тавонист, ба раҳоии ин мардум аз фақр ва бӯҳрони иқтисодӣ даст ёбад? Наҷот аз офатҳои табиӣ кори бештар техникӣ ва ташкилист. Наҷот аз бӯҳрон талошҳои амиқтар ва ҳисобшудаву дурбинонаро мехоҳад. Аввалӣ осонтар ва дувумӣ хеле сангин аст.

Оҳ аз ин бӯҳрони беохир! Магар мо соле берун аз бӯҳрон будем?

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ хоҳиш кардааст, ки созмону кишварҳои мададрасон барояш 200 миллион доллар бидиҳанд. Вале ҷузъиёти худи ин барномаи зидди бӯҳрон ва корпояи он рӯшану возеҳ нест. Ва маълум нест, кӣ ба он бовар хоҳад кард.

Донорҳо, агар ба чунин барнома бовар кунанд ва бе таъсиси ниҳоди назорат бар харҷи сармояҳои имдодӣ чунин кӯмакро расонанд, хидмати дӯстона хоҳанд кард ё хирсона?

Дасти талаб, такия ба дигарон, муросо бо вазъи мавҷуда, аз қазову қадар донистани офатҳо оё ба сурати умум коҳиши ирода ба зиндагиро надорад? Ин миллат оё зистан мехоҳад? Сар бардоштан ва аз зону бархостан мехоҳад? Рушд кардану шукуфтан мехоҳад?

Нишонаи нохушнуд: Агар дар соли 2007 шумораи онҳое, ки худкушӣ карданд, 253 нафар буд, дар соли гузашта ин адад ба 552 нафар расид, яъне теъдоди онҳое, ки ирода ба зиндагиро аз даст доданд, дар як сол қариб 300 нафар зиёд шуд. Ин ҳам бо омори расмие, ки давлат пахш кардааст. Шохиси соли 2009 ҳанӯз номаълум аст.

(Акси аввал аз Азия-Плюс ва сонӣ аз сомонаи Neweurasia.net)

13.05.2009 - Posted by | Табиат, Тоҷикистон | ,

10 Comments »

  1. Аксеро, ки аз сомонаи “Азия-Плюс” ба орият гирифтам, хеле ҷолиб аст. Ҳамзамон чандин хаёл меорад. Пеш аз ҳама ин байти Мирзо Абдулқодири Бедилро:

    Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,
    Боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!

    Дуввум, мардум маҷбур шудаанд, аз як роҳаки борик — девораи пиёдароҳ думболи ҳам, мисли одати ҳарбӣ, қатор кашида, гузаранд. Мазмун, маҷбурем, ки аз як роҳи борики мисли Пули Сирот бигузарем, роҳу илоҷи дигаре надорем.

    Савум, барои духтари тоҷик чунин ҳол хеле таҳқиромез аст, ки пой баланд карда бошад. Модарон духтаронро омӯзиш медиҳанд, ки аз худ ҳаракоти тунд ва ношоям нишон надиҳанд. Вазъе, ки ба миён афтодааст, ин одоби миллиро низ шикаст медиҳад ва духтари хонаро дар ҳоли шармовар қарор медиҳад.

    Касе ин аксро гирифтааст, аккоси оличаноб аст, зеро як ҳаракати зиндаро барои абад боздоштааст ва ба таърих тақдим кардааст. Сипос аз ҳунар ва заҳмати он аккос!

    Comment by aioubzod | 14.05.2009 | Reply

  2. Офарин бар чашми нозукбин ва хаёли дурпарвоз!

    Comment by Samandar | 15.05.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфи Шумо!

      Comment by aioubzod | 16.05.2009 | Reply

  3. Ба фикри ман, хабархои вахмангез ва гуё зарархои бузурги сел ба хотири ба даст овардани кумакхои зиёдтари байнулмилалй хастанд. Дар асл зарари офатхои табиъй дар кишвар ба он андозае нест, ки макомоти расмй эълон мекунанд.

    Comment by Рустам | 16.05.2009 | Reply

    • Дар ин бобат бояд бештар ба гузориши ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, хабар ва гузоришҳои тасвирии радиои “Озодӣ” ва Би-би-сӣ бовар кард.

      Ман фикр мекунам, вазъият хеле бад аст, зеро солҳои охир барои пешгирй аз ин офатҳо кори ҷиддие карда намешавад ва хонасозии мардум дар манотиқи ноозмуда, корам шудани заминҳои атрофи шаҳру деҳот ва заъфи Вазорати умури изтирорӣ ё вазъи фавқулода ин вазъро ба маротиб сангинтар кардаанд.

      Ба осебдидагон низ кумаки зарурӣ расонда намешавад.

      Comment by aioubzod | 16.05.2009 | Reply

  4. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари селу обхезиҳои ахир 21 нафар аз сокинони Тоҷикистон кушта шудаанд.

    Дӯстмурод Забиров, сухангӯи ин кумита, мегӯяд, 7 тан аз шумори кушташудагонро кӯдакони хурдсол ташкил медиҳанд, ки онҳоро селу обхезиҳои ногаҳонӣ нобуд кардааст. Ба қавли оқои Забиров, охирин қурбонии офатҳои табиӣ Имомрасул Арабов, кӯдаки сесолаест, ки дар ноҳияи Панҷ ба коми сел рафтааст.

    Ин ҳама талафоти ҷонӣ дар ҳолест, ки бар асари офоти табиӣ шумори зиёди сокинони Тоҷикистон аз хонаву дари худ маҳрум шудаанд ва феълан дар хаймаҳо зиндагӣ доранд.

    Comment by Samandar | 16.05.2009 | Reply

  5. Окои Аюбзод! Ба назар мерасад, сайти шуморо раисичумхур хам мехонад. Эхтимолан пас аз ин маколаи шумо вай карор кард, аз махалхои офтазада дидан намояд. Ба зудй ба нохияи Хуросон ва дигар манотики селзада меравад. Пас лутфан бештар нависед ва хубтар, ки ба воситаи торнамои шумо чаноби олй ба вазъи кишвараш нигох кунад ва хулоса барорад.

    Comment by Samandar | 19.05.2009 | Reply

    • Хабарро дидам, аммо сафари президент, ба фикрам, аз пеш тархрезй шудааст, зеро дар чараёни он корхои дигаре низ дар назар аст ва бештар ба огози маъракахои интихоботи порлумонй шабохат дорад.

      Оре, медонам, ки дар бораи бархе аз навиштахо дар толору долонхои баланд сухбатхое шудааст. Бо истифода аз фурсат менависам, ки хадафи зарба задан ба касе ё химоят аз касеро надорам, максад изхори назар дар масъалахои гуногун аст ва ба хотири кумаку хамкорй.

      Comment by aioubzod | 20.05.2009 | Reply

  6. Ҳукумати Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки барои рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиӣ ба ин кишвар кӯмак кунад.

    Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, хабар додааст. Вай ба радиои ин созмон гуфтааст, ки «ба дабири кулли СММ муроҷиати ҳукумат доир ба фалокатҳои табиӣ дар кишвари мо расонда мешавад. Фалокат бештар аз 40 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва ҳаҷми хисорот аз ин фалокатҳо бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ тақрибан 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

    Бар асари боришоти зиёду сел ва лағшиши хок дар моҳҳои апрел ва май дар Тоҷикистон садҳо хонавода осеб дида ва бештар аз 20 нафар ҳалок шуданд. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, бар асари ин фалокатҳои табиӣ 10 ҳазор нафар бе сарпаноҳ мондаанд.

    Comment by Samandar | 20.05.2009 | Reply

  7. Comment by Forsage | 21.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: