Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Доништалабон дар Амрико

StudentsДӯсти ҷавони ман, Умедҷон, ки мехоҳад, дар риштаи равобити байнулмилал ё улуми сиёсӣ дар Амрико таҳсил кунад, навиштааст, ба чанд донишгоҳ ҳуҷҷат фиристод, аммо аксарияти онҳо номи ӯро дар феҳрасти интизорӣ гузоштанд ва мегӯянд, Умедро танҳо дар ҳоле қабул мекунанд, ки агар ҷои холие барои вай пайдо шавад.

Ин дар ҳолест, ки гумон аст, ҷои холие боқӣ бимонад, чунки талабгорони таҳсил дар Амрико фавқулода зиёд шудаанд.

Бо вуҷуди он ки имсол нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Амрико назар ба соли гузашта 7-10% боло рафта, то зери 50 000 доллар дар сол расид, шумораи хоҳишмандони таҳсил дар онҳо ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми қабули дохилшавандагон ба дараҷаи рекордӣ кам шуд.

Барои намуна, 30 428 нафар ба Донишгоҳи Стенфорд ариза доданд, ки назар ба соли гузашта 20% бештар буд. Аз онҳо ҳамагӣ 2300 нафар пазируфта шуданд. 29 112 нафар бо орзуи таҳсил дар Донишгоҳи Ҳарвард ба ин ҷо санад фиристоданд, аммо ҳамагӣ 2046 нафари онҳо тирамоҳ таҳсилро дар ин ҷо оғоз хоҳанд кард.

Донишгоҳи Коламбия дар Ню Йорк ҳамагӣ 9.8, Институти технологии Масаччусетс 10, Донишгоҳи Браун 10.8, Дортмунд 12, Дюк 17%-и аризадодагонро пазируфтаанд, ки дар таърихи ҳамаи ин муассисаҳои илми олии Амрико ҳодисаи надида будааст.

Хоҳишмандони таҳсил дар Донишгоҳи Вирҷиниё имсол назар ба соли гузашта 17% бештар будаанд. Вале дар ҳоле ки донишгоҳ соле пеш 35%-и онҳоро ба синфхонаҳояш роҳ дода буд, акнун танҳо ба 29% чунин иқболро раво дид.

Аммо чаро хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои сафи аввали Амрико ба чунин таври бесобиқа афзоиш ёфтаанд? Ҳол он ки барои шомил шудан ба ин донишгоҳҳо на танҳо дониш, балки сармояи таҳсил низ муҳим аст. Ҷавонони амрикоӣ пеш аз он ки ба курсии донишгоҳ биншинанд, чанд сол бо заҳматҳои гуногун пул ҷамъ мекарданд ва ё ба артиш мерафтанд, то як бахши пули таҳсилро ба даст оранд.

Дуруст аст, ки ахиран ҳукумати президент Обама кӯмаки молӣ ба хоҳишмандони таҳсилро, ки дар гузашта ба донишгоҳҳо дода мешуд, акнун ба худи донишомӯзони ниёзманд медиҳад. Дар гузашта донишгоҳ кӯмаки давлатро бо назардошти вазъи молии хонаводаҳо ба сари донишомӯзони мӯҳтоҷ тақсим мекард ва ҳамзамон бахше аз ин сармоя ба ниёзҳои худи донишгоҳ ва барномаҳои норӯшани он низ харҷ мегашт.

Даргумон аст, ки тасмими Обама дафъатан вазъро тағйир дода бошад. Даромади хонаводаҳо ва он ҳам дар давраи бӯҳрон афзоиши ҷиддие надидааст, ки сабаби тамоюли дастҷамъонаи ҷавонон ба таҳсили олӣ шуда бошад. Ҳарчанд бояд инро ҳам гуфт, ки имсол донишҷӯён аз пули барои таҳсил пардохтаи хеш 2500 доллар бозпас мегиранд. Аммо ин ба тӯҳфаи президенти собиқ Билл Клинтон монанд аст, ки соли 2001, пеш аз поёни кораш ба ҳар донишҷӯ 2500 доллар тақдим карда буд.

Рӯзномаи “U.S. News and World Report” як падидаи дигарро сабаби асосии афзоиши талабгорони таҳсил дар донишгоҳҳо меномад, ки боздеҳи Барномаи 529-и соли 1996 аст. Ҳамон сол давлат Хазинаеро бо ин ном таъсис дода, аз падару модарон хоста буд, ба номи фарзандони худ дар ин хазина сармоя бигузоранд.

Нақша ин буд, ки интиқоли пул ба Барномаи 529 дар давоми солҳо ба ҷамъ шудани маблағе муосидат мекунад, ки волидон метавонанд, барои таҳсили фарзандони худ харҷ кунанд. Сармояе, ки шаҳрвандон ба ин барнома интиқол медиҳанд, аз ҳама навъи андоз ё молиёт озод буда, расмулҳисоб аз тарафи давлат идора мешавад.

Солҳои охир садҳо ширкату фурӯшгоҳ ва корхонаву муассиса ба он ҳамроҳ шуда, нақшаи шабеҳ ба фонди нафақаро ба барномаи умумимиллӣ табдил доданд. Онҳо дарсади муайяни даромади худро ба ин хазина медиҳанд ва ба ҳамин дарсад аз андоз озод мешаванд.

Гузашта аз ин, ширкатҳо ва фурӯшгоҳҳои бузург фоидаро бо накӯкорӣ пайванд дода, саҳми худро дар барномаи пасандоз барои таҳсили олӣ афзоиш доданд. Харидани моли онҳо аз тариқи интернет ба манфиати донишҷӯёни оянда равона гардид.

Харидороне, ки мехоҳанд, дар оянда фарзандони хешро ба донишгоҳ фиристанд ва ба воситаи интернет мол ё хидмати ин ширкатҳҳоро мехаранд, ин судро ҳам мекунанд, ки дарсади муайяни пардохтҳояшон ба Барномаи 529 мегузарад ва ҳамон ҷо барои таҳсили фарзандонашон гирдоварӣ мешавад.

Дар солҳои баъдӣ ба шаҳрвандон имкон дода шуд, на танҳо ба номи фарзандон, балки додарзодаву хоҳарзодагон, наберагону аберагон ва фарзандони дигар хешу пайвандони худ низ расмулҳисоби 529 боз намуда, ба ояндаи онҳо сармоягузорӣ кунанд. Боз кардани расмулҳисоб бепул ва камтарин маблағгузорӣ 25 доллар шуд.

Дар ин байн насле ба воя расид, ки волидонаш аз соли 1996 сар карда ба ин бунёд андак-андак пул мегузаронданд ва ё ширкату фурӯшгоҳҳо дарсади пардохти ин волидонро ба ҳисобашон мегузошт ва акнун вақте онҳо мактаби миёнаро хатм карданд, дарёфтанд, ки дар ҳисоби 529-и худ даҳҳо ҳазор доллар доранд, ки бо он метавонанд, дари ҳар донишгоҳеро, ки хостанд, бикӯбанд.

Ин буд, сафи хоҳишмандону тавонмадони таҳсил дар донишгоҳҳои Амрико то рафт бештару бештар ва ферҳастҳои интизорӣ дарозтару дарозтар мешаванд.

Дар 5 соли охир дари хазинае, ки нархи гарони таҳсил дар Стенфорду Ҳарвардро барои хонаводаҳои миёнаҳоли Амрико ба маротиб сабуктар кард, барои хориҷиёне низ боз шуд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико ба сар мебаранд, аммо барои Умеди мо, ки мехоҳад, аз Тоҷикистон, ба Ҳарвард ё Коламбия шомил шавад, мушкил на танҳо боқист, балки бузургтар хоҳад шуд.

Мешавад танҳо ба зеҳну дониши фавқулода, кӯмаки фонду хазинаҳои махсус ё талоши донишгоҳҳо ба ҷалби ҷавонон аз мамолики дигар, барномаҳои табодулаи Вазорати маорифи Тоҷикистон ё таҳсил бо роҳхатти ҳукумати кишвар умед баст.

17.05.2009 - Posted by | Амрико, Илм, Таҳсил | ,

18 Comments »

  1. Салому дуруд ба хама ва махсусан ба онхое, ки дар рохи омузиши илм ва касбу хунар собиткадаманд. Аз ноумедихо басо умед аст. Айни хол бо далели он, ки сатхи донишомузи дар донишгоххои кишвари мо ба талаботхои бозори мехнати чи дохил ва чи хоричи кишвар мувофик нест, тахсил дар хорича ва махсусан дар кишвархои пешрафта интихобе дурусту огохона ва нишоне аз азму иродаи кави аст. Умедчон даст аз талаб боз мадор, иншооллох гавхари максуд рузе ба каф хохад омад.
    Инчо баъзе ракамхои омори оиди микдори довталабону донишомузони хоричи оварда шудааст. Хеле сипозгузор мебудам, агар касе омори аниктареро оиди донишомузони точик дар мамлакатхои хоричи нишон медод ва ё ба сарчашмахои лозими ишора менамуд.

    Comment by Шоди | 18.05.2009 | Reply

    • Комилан бо он чй ки Шодии азиз навиштааст, розиям. Бояд талош кард, ки ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон роҳ ёфт ва бо таҳсили аъло устодону шогирдони ин марказҳои илмро дар ҳайрат гузошт.

      Бо вуҷуди он ки низоми маориф дар кишвар ба мушкилоти зиёд гирифтор аст, донишомӯзони тоҷик дар бисёр донишгоҳҳои хориҷй ба беҳтарин натиҷаҳо расидаанду мерасанд ва ин нишон медиҳад, ки онҳо нерӯи қавй доранд.

      Аммо онҳо созмону ташкилоте надоранд, ки дохилшавандагони навро “зери бол” бигиранд ва аз таҷрибаи худ огоҳ кунанд. Чунин созмонҳо бисёр муҳиманд, зеро вақте ҷавонони нав ба кишвари хориҷй меоянд, аз бисёр нозукиҳо хабар надоранд ва ба мушкилот рӯбарӯ мегарданд. Агар онҳое, ки пештар аз онҳо омадаанд, ба навомадагон таҷрибаи худро қисмат кунанд, мумкин аст, аз бисёр нобарориҳо пешгирй ба амал ояд.

      Чунин таҷрибаи хубро донишҷӯёни тоҷик дар Туркия ба роҳ мондаанд.

      Comment by aioubzod | 18.05.2009 | Reply

  2. Дуруд ба хамаи хонандагони ин сомона! Окои Салими Аюбзод, бисёр мавзуъи олиро пеш овардед, лекин як чизро зам карда гуфтаниам, ки хуб мешуд агар касоне ки, медонанд бо кадом роххо хохишмандон метавонанд ба донишгоххои оилии хорича мурочиат намоянд ва шомил шаванд, вакти худро дарег надонста ин чо одрасхои аникро менавиштанд, бисёр кори оличанобе мешуд. Ин хеле кори муфид аст. Бо ин кор мешавад, ки сафи донишчуёни Точик дар хорича зиёд шаванд. Бовар кунед, хохишмандон барои тахсил дар хорича зиёданд, дониши аъло ва маблаг низ доранд, лекин роххои аникро намедонанд.

    Дар интернет эълонхо зиёданд, оё онхоро бовар кардан мумкин аст? Чанд нафарро мешиносам, ки барои тахсил дар хорича маблаги зиёд масраф карданду бо сабабхои гуногун ба хорича нарафтанд. Имрузхо дар Точикистон мардуми оди мисли рохгумкардагонанд, хама бо куввахои хеш ба пеш харакат мекунанд, касоне ки, кувват ё ин ки “Тага” надоранд харчанде, ки мактаби миёнаро бо бахои аъло хам хатм кунанд ё ин ки, донишгоххои ватанро, окубат бисёре аз онхо Савдогар мешаванд ё ГАСТАРБАЙТЕР! Мо бояд РОХНАМОИ якдигар шавем ва корхои хайрро барои Ватану Миллат дарег надонем! Ва дар охир ман ба бародари азиз Умедҷон комёбихову бурдборихоро орзумандам. ПОЁНИ ШАБИ СИЁХ САФЕД АСТ!

    Comment by Patriot | 18.05.2009 | Reply

    • Ба баъзе эълонхо дар интернет, махсусан ба созмонхое, ки дар байни донишчуёни оянда ва донишгоххо “миёнаравй” мекунанд, бовар накардан бехтар аст. Онхо факат дар фикри инанд, ки пули бо машаккат чамъкардаи чавонон ё падару модари онхоро аз худ кунанду дар иваз факат барои халли масъалаи визаи сафар ё раводид ёрдам расонанд. Аммо дар кучо дидаед, ки ин хидмат 4 то 5 000 евро бошад?

      Касоне ки мехоханд, дар Амрико тахсил кунанд, сараввал бояд ба Сафорати Иёлоти Муттахида дар Душанбе мурочиат намоянд ва аз кормандони он машварат бигиранд.

      Як хидмати бузурги собик сафири Точикистон дар Амрико, холо вазири корхои берунаи кишвар Хамрохон Зарифй ва собик муовини у — Махмадназир Шарифов ин буд, ки бо Донишгохи Монтана созишномаи доимй имзо карданд ва холо дар он чо 500 чавони точик дар риштахои иктисодиёт, бизнес менечмент, хукуки байнулмилалй ва монанди инхо тахсил мекунанд. Кош чаноби Зарифй дар вазифаи наваш ба ин соха ахамияти хос медод.

      Чизи дигар ин ки чавонони орзуманди тахсил бояд бевосита ба худи донишгоххо мурочиат кунанд, на ба миёнравхо, ки дар чанд донишгохи Амрико обруи Точикистонро ба сифр баробар кардаанд. Хар як донишгох Бахши кабул дорад ва имейли афсари ин бахш дар сомонаи интернетии донишгох гузошта шудааст.

      Comment by aioubzod | 18.05.2009 | Reply

  3. Хеле мамнунам. Бо суханхое, ки дар инчо кайд шуданд, 100% рози хастам. Чихеле ки гуфтед рафик Патриот шумораи донишчуёне ки хорича рафтани, хеле бисёр хастанд вале намедонанд кадом рохро интихоб кунанд ё инки холо тасаввуроте надоранд. Хуб мешуд он донишчуён на бо тарики эълонхо балки бо тарики сайтхои идорй ба донишгоххо бевосита амал мекарданд. Вакте ки тарики эълонхо амал кард, гумон аст, ки дар охир кор ба чи дучор ояд. Медонам ки якчанд нафар дустонам ба чунин масъалахо дучор гаштанд ва хохиши ба хорича рафтани худро рад карданд.

    Хуб мешуд агар ба он чавононе ки кушишу гайрати калоне доранду вале барои ичроиши он “кувват” надоранд, ягон пуштибоние пайдо шавад. Чунки мо чавонон ин ояндаи Ватанамон хастем ва хар як чавоне, ки хохиши як зарра фоидае ба ватан овардани дорад, бояд дар чои аввал тахсилро гузошт. Афсус, ки на хама таъмини молии донишкадахои олии хоричаро дорад.

    Амаки Аюбзод ташаккур, хеле хуб кайд кардед. Ман бо сабаби омухтани дониши муфид аз ватан берун баромадам ва кушиш дорам токи ба донишкадаи бехтарини Амрико дохил шуда дониши хуб омузам. Ва орзу дорам (иншооллох) дар оянда ба Ватани худ як сахми худро гузорам. Маслихатхои Шумо ба ман хеле фоиданок омаданд ва бовари дорам дар оянда хам фоиданок хоханд монд.

    Ташаккур барои таманнохо, бародарони азиз
    Бо салом Умедчон.

    Comment by Umedjon | 18.05.2009 | Reply

    • Ана, худи Умедчон хам ба сухбат хамрох шуд. Ман шохид хастам, ки ин чавон барои расидан ба максади худ аз чй кадар душворихо гузашт ва холо хам бо мушкилихои дарёфти донишгохи хуб рубаруст, аммо харгиз ноумед нашудааст. Бехуда нест, падару модар ба у чунин ном гузоштаанд.

      Агар аз дасти ман меомад, ба хамаи чавонони мисли Умедчон тамоми кумакро мекардам, ки орзуи онхо чомаи амал бипушад. Агар чавонон азми кавй дошта бошанд ва аз мушкилихо нахаросанд ва агар албатта, пуштибони молй дошта бошанд, хатману хатман ба максаду муроди худ мерасанд ва дар оянда ин Ватанро гулистон мекунанд.

      Ман шохид хастам, ки чавонони мо аз мактабхои Точикистон дониши кофй намегиранд ва 70% дониши онхо бо рохи худомузй ба даст меояд. Бояд бо хамин рохи сахту сангин то ба охир бираванд. Худо ёру мададгори онхо бошад!

      Comment by aioubzod | 18.05.2009 | Reply

  4. Ба назари банда, як бор бояд тафтиш шавад, ки аз номи Точикистон кихо барои тахсил ба хорича фиристода мешаванд ва дар хакикат дониши онхо чй кадар аст. Баро чй ман ин хел мегуям, ба фикрам, бисёртар бачахои калоншавандахо аз хисоби хазинаи давлати мо, ки аз пули андоз чамъ мешавад, ба бехтарин донишгоххо фиристода мешаванд. Аксарияти онхо саводи зарурй надоранд ва бисер вакт хонданро тамом накарда, дар Амрико ё кишвархои дигар ба пулкоркуниву бизнес машгул мешаванд ва аз онхо ба Ватани мо ягон фоида нест. Локин ин корро кй тафтиш мекунад? Хамааш ба дасти мансабдорон аст ва чи хеле ки хоханд хамон хел рафтор мекунанд.

    Comment by Samandar | 18.05.2009 | Reply

    • Пешниходи хуб аст. Инро хам бояд дид ва як чамъбандй кард, ки кадоме аз хизбхои сиёсии Точикистон ба тахсилу омузиши чавонон таваччух дорад ва кумак мерасонад. Аз ин чо мешавад дид, ки ин ё он хизб то кучо дар гами ояндаи миллат ва кишвар аст.

      Comment by aioubzod | 21.05.2009 | Reply

      • Хизбхои сиёсй ва вакилони порлумон метавонанд, чунин тафтишро, ки Самандари арчманд пешниход кардааст, бар зимма гиранд.

        Comment by aioubzod | 21.05.2009

  5. Ин тахсил як кори мукаддас аст, ба монанди чиход ва хатто болотар аз он. Нагузоред, ки дар савоби чиходи Шумо каси дигаре шарик бошад.

    Ман хангоми тахсил дар Руссия шохиди холи як донишчуи киргиз ва як донишчуи афгон будам. Киргиз аз хама чихат таъмин буду тарики квота тахсил менамуд ва аксаран ба айшу нуш ва маъшукабози машгул буд, афгон бошад баъди дарс мардикори намуда пули тахсилашро пардохт менамуд ва хатто ба Афгонистон ба падару модараш пул мефиристод. Охир киргиз аз донишгох хорич шуду афгон холо дар яке аз ширкатхои бонуфузи Руссия кор мекунад.

    Шумо ба умеди ин хукумати заиф ва ё пуштибонхои хаёли мабошед, ки дар паи хар нуше неше нихон аст ва ин конуни Худо ва формулаи санчидашудаи хаёт аст. Пули тахсил, квотаи давлати ва ё созишномаву шартномахои байнихукумати хама дар дасти худи шумост. Шоир мегуяд, ки:

    Гуфтам, ки чаро дуртар аз хобу сароби?
    Гуфти, ки манам бо ту валекин ту никоби.
    Гуфтам, ки нишонам бидех гар сояе он чост,
    Гуфти чу шуди ташнатирин калби ту дарёст!
    Чун хамсафари ишк шуди марди сафар бош,
    Хам мунтазири ходиса, хам фикри хатар бош!

    Бо дили нияти нек ва бо таваккале ба Худо аз кишвар берун шуда бошед, муддате ба душворихои сангин дучор хохед шуд, агар бо сабру тахаммул пушти сар намудед, иншооллох юсуфвор ба тахти Миср хохед нишаст.

    Дигар ин ки дар паи донишгоххои бонуфузу гаронпардохт мабошед. Инро хуб донед, ки 70 фоизи донишро Шумо на аз аудитория, балки аз он мухите мегиред, ки дар он зиндаги мекунед. Мухим он аст, ки дар фалон кишвари пешрафта тахсил кунед, статуси донишгох он кадар мухим нест. Холисанлиллох хичрат кунед, албатта савоби бузург хохед ёфт.

    Comment by Шоди | 19.05.2009 | Reply

    • Сипос аз номаи хубат, Шодии азиз. Онро дар хиёбони Мэдисони Ню Йорк, дар холе хондам, ки бо мутолиаи “Малфузот”-и Хоча Абдуллохи Ансорй машгул будам, дакиктараш бо анедшидани ончй ки лахзахое пеш аз он хондам.

      Дар богчаи сарсабзи майдони Вахдат (Юнион), дар хараке нишастану навиштахои хазор сол пеши Хочаро хондан ва дар издихоми иборат аз мардумони тамоми кавму адёни чахон кадам задаву ба гуфтахои пири ирфон андешидан холати ачиберо бароям такдим мекунад.

      Ва номаи ту, ки аз рохи дуре мерасад, ин кадар хамохангй ба андешахои ин соати банда дорад.

      Бубин, Хоча чй мегуяд: “Душ агар ба гафлат гузашт, имшаб давояш кун, ки мабодо надомат пастат гирад. Зод баргир, ки сафар дур, на наздик аст. Аз надомат чарог афруз, ки укбои пас, бас торикист. Эмин машав, ки халок шавй. Эмин он гах шавй, ки ба хок шавй. Бедор шав, ки хангоми тоати бегох мешавад. Аввал хушёр шав, ки охират ба табохй шавад. Хактаоло дунё биофариду бар халк биорост ва гуфт, ки ин чои балост ва охиратро биёросту гуфт, эй чавонмардон, харду гетй аз они мост. Агар пой дорй, дар банди у дор ва агар саре дорй, дар канори у дор!

      Рубой:

      Гофил машав, ки маркаби мардони мардро,
      Дар санглохи бодия пайхо буридаанд.
      Навмед хам мабош, ки риндони бодануш
      Ногах ба як хуруш ба манзил расидаад.”

      Хоча Абдуллохи Ансорй дар идома мегуяд, “хар тоате, ки дар он илм нест, зоеъ кардани зиндагонист.”

      Мардуми мо набояд навмед бошанд. Таърихшиноси машхури рус Н. Хаников навишта буд, ки барои эхё ба точикон фурсати кам даркор аст. Агар як муддат ба онхо имкони нафас кашидан дода шавад, ба зудй аз душворихои худ рахо мешаванд ва чахонро дар хайрат мегузоранд. Такрибан хамин гуна гуфтааст, матнаш пешам нест.

      Хоча Абдуллохи Ансорй, пири маърифату тарикат шояд ба хамин ишора мекунад, ки гохе мешавад, ридони боданущ бо як хуруш ба манзил мерасанд. Мо хам рузе бо як чахиш аз хамсоягону дигарон хохем гузашт, чун лаёкату тавонашро дорем, танхо талош зарур аст. Талоши хастагинопазир.

      Comment by aioubzod | 20.05.2009 | Reply

  6. Дуруд ба хамаи хаводорони ин сомона.

    Баъзе аз дустон хохиш кардаанд, ки роххои барои тахсил дар хоричаро нишин бидиханд. Камина, аз тачрибаи худ метавонам гуфт ки яке аз роххои каммасрафтарин ин ноил гаштан ба стипендия ё худ scholarship ки созмонхои зиеде дар Душанбе хар сол ба хохишмандон дар чорчубаи барномахои худ пешниход мекунанд, мебошад. Аммо бояд кайд кард ки шарти аввали сохиб шудан ба он стипендия ин навиштани иншои хуб ва гузаштани имтихони забони англиси (TOEFL ё IELTS) мебошад. Барои бо муваффакият супоридани ин имтихон довталаб бояд ду-се мох пеш хуб машк кунад.

    Созмонхои хоричие ки чунин барномахо доранд инхоянд: ACCELS, IREX, OSI-Soros Foundation, British Embassy, Agha Khan Foundation, Embassy of Japan ва гайра.

    Илова бар ин, хар сол Бонки Рушди Осие озмун барои ноил шудан ба стипендия эълон мекунад. Камина, бо воситаи ин стипендия 2 сол дар Донишгохи Сидней тахсил кардам. Барои дарёфти мушаххасот хохишмандон метавонанд аз сайти зерин маълумот гиранд:
    http://www.adb.org/JSP/procedures.asp

    бо камоли эхтиром

    Эрач

    Comment by Эрач | 21.05.2009 | Reply

    • Сад офарин ба Эрачи азиз, чони гапро навиштй. Ман интизор будам, ки хамин гуна ягон кас маълумоти мушаххасе дар ин бора ба миён гузорад ва аз тачрибаи худ хикоят кунад.

      Пурсиши дигар ин аст, ки оё чавонони тахсилдида ва онхое, ки чунин мархиларо паси сар кардаанд, созмон ё иттиходи худро доранд, ки бо рохи пахши маълумоти зарурй ба дигарон ёрдам кунанд, ба чавонтархо рохнамо шаванд?

      Ман бовар дорам, ки хазорон нафар аз чавонони мо орзуманди тахсиланд, аммо намедонанд, аз кучо сар кунанд ва чй тавр пеш раванд. Онхо ба кумаки афроди неке монанди Эрач зарурат доранд, ки барояшон маслихату машварат бидиханд.

      Шояд зарур аст, ки бо ин максад як сомонаи махсуси интернетй таъсис ёбад ва хамаи маълумоти мухим дар он чо чамъоварй шавад?

      Рохи сафед ва чуяндагони илму дониш!

      Comment by aioubzod | 21.05.2009 | Reply

      • Ва рохи сафед ба сохибони ояндаи Точикистон!

        Comment by aioubzod | 21.05.2009

  7. Ташакур бародари азиз, Эрач, барои ин рохнамоихо. Бехтарин корро анчом додед. Иншаллох, акнун хохишмандон аз ин маълумотхои мушаххаси шумо, хамеша истифода мебаранд. Хамеша дуъогуят хастам! Комёб бошед!

    Comment by Patriot | 21.05.2009 | Reply

  8. Аз дуову суханхои неки бародарон сипосгузорам.

    Боз чизе дар ёдам омад дар масъалаи тахсил дар хорича. Ду-се сол пеш дар Кохи Вахдат созмонхои хоричии дар боло зикршуда “ярмарка”-ро ташкил карда буданд ва дар руи 20-25 миз хар яки онхо барномаи тахсил дар хорича ва маълумот дар бораи хуччатхои зарури барои донишчуён гузошта буданд. Бароям ин амали онхо хеле писанд омад, чунки дар он толор чои гузар набуд ва хохишмандони тахсил дар хорича аз як миз ба назди мизи дигар рафта бо завк намояндагони он созмонхоро гуш мекарданд ва нусхахои маълумоти умуми оиди ин ё он барнома ва дархостхоро(application form) бо худ мебурданд.

    Аз ин созмонхо як пурсучу мекунам, агар дар ояндаи наздик гузаронидани чунин маъракахо дар накшаи онон бошад хатман хабар медихам.

    бо орзухои нек,

    Эрач

    Comment by Эрач | 22.05.2009 | Reply

  9. асаломалекум ба хама бародарон анна боз як чои дигар бародаро ки хорича рои мекунанд барои тахсил и кампания дар 102 аст интернешл ном дорад дар бораи хамин ягон кас медонад 232 42 33 985 22 49 89 988 54 15 74 903 03 44 22

    Comment by hurshed | 26.01.2014 | Reply

  10. я хочу учиться в Лондон или Вашингтон что мне делать? помогите же
    сколько долар нужно? или там сложно учить

    Comment by Iskandar | 16.01.2015 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: