Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Торнигори ман дар Узбакистон мамнӯъ шуд

muhrДар ҳоле ки шумораи хонандагони ин торнигор дар Узбакистон ру ба афзоиш дошт, чанде аз онҳо нома мефиристоданд, ки дастрасӣ ба он то рафт мушкилтар мешавад. Нахустин нома пас аз маколаи “Без границ. Юлдуз и Далер спели дуэтом” омада буд. Аммо сипас гӯё мушкил бартараф гашт. Акнун…

Як манбаъи наздик ба ширкати давлатии “Узбектелеком” тасдиқ кард, ки торнигори ман аз рӯзи 1 май пурра манъ шудааст ва дар филтр ё полоиши мақомоти амниятии Узбакистон дармонда, то ба хонандагон намерасад.

Ба назарам, мақолаи “Думы о соседях в жанре вопросника” сабаби тасмими мақомоти Узбакистон ба бастани торнигори ман дар ин кишвар шудааст. Дар он матлаб шеваи раҳбари Узбакистон, Ислом Каримов, ба сиёсӣ кардани масъалаи иншооти обу энержии ҳамсоягонаш ва ба тарафи пархошу зӯргӯӣ кашидани ин масъалаи ҳассос мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Дар марҳилаи аввал, тавре хонандагони торнигор аз Узбакистон ба ман нома навиштанд, танҳо сафҳаи аввал боз шуда, мақолаҳо боз намешуданд ва бо дархости дӯстон ман матни ҷудогонаи ин мақолаҳоро барояшон мефиристодам. Дертар хабар расид, ки аслан худи сафҳаи аввал низ боз намешавад ва гӯё чунин торнигоре дар шабакаи ҷаҳонии интернет вуҷуд надорад.

Манбаъи наздик ба ширкати давлатии “Узбектелеком” аз додани ин иттилоъ, ки боз кадом сомона ва торнигорҳо дар Узбакистон ба феҳрасти сафҳаҳои мамнӯъ дохиланд, худдорӣ кард, вале гуфт, шумораи чунин сайтҳо як миқдори муайянеро ташкил медиҳад.

Дар шигифтам, ҳукумате, ки мехоҳад, мардуми худро дар ноогаҳй ва бехабарй нигоҳ дорад ва он ҳам дар қарни фанновариҳои нави иттилоотӣ, то куҷо муваффақ буда метавонад? Роҳҳои дигаре низ ҳаст, ки маълумоти озод ба дасти хонандагон бирасад ва беҳуда нагуфтаанд, ки “ҷӯянда ёбанда аст.”

Ҳоло барномаҳое офарида шудаанд, ки бо насби онҳо дар ройона (компютар) сайти дилхоҳро метавон аз роҳҳои дигар дастрас кард. Барои то андозае шикастани “девори оҳанин”-и Узбакистон бояд маколахои писандидаро ба дӯстони худ дар ин кишвар фиристод ва чунин матлабро дар сомонаҳои дигар такроран ба нашр расонд.

Бо эътироз аз амалкарди мақомоти Узбакистон ман ба созмонҳои байнулмилалии озодии сухан нома хоҳам фиристод, зеро агар то имрӯз танҳо шубҳаи инро доштам, ки барои торнигори ман мушкилҳое сохтаанд, акнун бовар кардам, ки онро барои чандин миллион тоҷикони Узбакистон ва хонандагони русидони ин мамлакат дастнорас кардаанд.

Шикояти худро пас аз як ҳафта ба созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳукумати кишварҳои пешрафтаи дунё хоҳам фиристод, агар дар ин муддат мақомоти Узбакистон роҳи ин торнигорро ба сӯи хонандааш боз накунанд.

22.05.2009 - Posted by | Озодии сухан | ,

4 Comments »

  1. Barodari aziz Salim,

    Fikr mekunam, ki tornigori shumo baroi dastgirii mamlakat e guruhe ravona nashudaast.Balki on yak nazari mustakil ba masoili ruzmarai Tojikistony jahonro dorad.Tahlili shumo nazari nave ba masoili haltalab ast, ki yak shahsi doroi donishi amiki in soha dodaast.Shahsan, banda tornigori shumoro yake az behtarin tornigorho meshumoram, ki bo voridshavi ba on kas doroi malumot va tahlili amik oidi problemahoi dunei imruza megardad.Pas az bastani on chi sud?

    Comment by Mehmon | 22.05.2009 | Reply

    • Хисси ман ин аст, ки дар матлаби ахир як тасвири шояд начандон чолиб аз чаноби Ислом Каримов дар ракобатхои каблияш бо Нурсултон Назарбоев буд ва хамчунин пурсишии ин ки оё Узбакистон токаташро дорад, агар хамсоягон ба бархе аз рафтори он посухи хамвазн диханд. Суоли риторикй буд.

      Ба хар хол аз чунин ранг гирифтани кор мутаассифам ва умедворам, бародарон дар Узбакистон аз блок кардани ин торнигор даст мекашанд, зеро хадафи нихой хусни тафохум ва хамкорию хамсоягии нек аст, на андешаи хушунат ё душманй. Зимнан дар байни ду халк хеч гуна хусумате мавчуд нест.

      Comment by aioubzod | 22.05.2009 | Reply

  2. Бародаре чунин нома фиристодааст:

    Салом устод, мухтарам Аюбзод. Чи хеле худатон гуфтед, роххои бисёри дастраси ба дилхох сахифа вучуд дорад. Яке аз онхо ба воситаи тилфуни мобилист. Барои ин ба http://operamini.com даромада, барномаи бепули OperaMini-3 -ро нусха гиранд. Ин барнома дилхох “деворхоро” мешиканад ва инчунин камхарчу басуръат ва хеле кулай аст.

    Comment by aioubzod | 22.05.2009 | Reply

    • Бо сипос аз мехрбонй ва истинод ба ин пешниходи дусти мо аз хонандагони арчманд дар Узбакистон хохищ мекунам, ин рохро истифода баранд ва агар захмат набошад, хабар диханд, ки оё тавонистаанд, “девор”-ро бишкананд.

      Comment by aioubzod | 22.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: