Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дар оғозгоҳи бӯҳрони ҷаҳонӣ

nyc3Албатта, Ню Йорк на ҳамаи Амрикост ва ҳатто ба гуфтаи худи амрикоиҳо, аслан на Амрикост, вале таъсири бӯҳрони ҷаҳониро, ки гуфта мешавад, аз ҳамин ҷо оғоз ёфта, ба тамоми олам паҳн шуд, дар чашм, рафтор ва сарулибоси нюйоркиҳо дидан номумкин аст, ҳарчанд нишонаҳои бӯҳрон ин ҷову он ҷо намудор мешаванд.

Вақте Тарзан аз тирезаи мудаввари ҳавопаймо анбӯҳи биноҳои сарбафалаки Ню Йоркро дид, онро “ҷангали сангин” номид ва имрӯз, дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ, бархе аз журналистони дастичапӣ мегӯянд, ин бӯҳрон натиҷаи “ҳирси ҷангалӣ”-и корчаллонҳо ва пулҷаллобони Уолл Стрит аст.

Аммо бахши аъзами бекорони Ню Йоркро ҳамин брокеру миёнаравҳо ва ба истилоҳ “бухгалтерҳо”-и Financial District ё Ноҳияи Молиявии шаҳр ташкил медиҳанд. Дар се моҳи охир 12 ҳазор нафар аз ниҳодҳои молиявӣ ихтисор шудаанд. Кормандони бонкҳо, фондҳои сармоягузорӣ, хазинаҳои пул…

Вале агар дар кӯчаҳои Манҳеттен қадам мезанед, гӯё ҳодисае нашудааст. Ҳазорон нафари хушсарулибос бо гарданбандҳои рангоранг ва гаронбаҳо дар кӯчаҳои аз баландии биноҳо соязадаи ин минтақа сими сафеди “Айфон”-ҳо дар гӯш, сондвиҷи коғазпеч дар даст, бо ними даҳан сондвиҷро газ мекунанду бо ними дигар шитобон миллионҳо долларро телефонӣ аз ҷо ба ҷое мепартоянд. Ё вазъи бозори пулу саҳмияро мепурсанд ва дар сонияҳои кӯтоҳ тасмимҳои миллиондолларӣ мегиранд.

Ҳамқадами ман, собиқ корманди “Bank of America” ришханд мезанад. Ришаш ҳам думоҳа. Ду моҳ пеш аз кор маҳрум шуд. Мегӯяд, набояд бовар кард. Нисфи ин хушлибосон бекоранд ва агар бо телефонҳои ҳамроҳ шитобзада сӯҳбат мекунанд, талош доранд, ба мусоҳибаи навбатии ҷустуҷӯи кор дер намонанд ва ё аз равоншиноси худ машварат мегиранд, ки чӣ бояд кард, то девона нашуд.

Ба ёдам телефонбозии ҷавонони Душанбе мерасад, ки мобилҳои хомӯш дар гӯш, вале бо симои ҷиддӣ ва мутакаббир бо тарафи хаёлӣ “сӯҳбат” мекунанд ва агар дарвоқеъ шитобзадаанд, танҳо барои он аст, ки калимаи “якборбаманзангзанед”-ро дар 10 сония гунҷонанд. Мегӯянд, 10 сонияи бепул ҳам акнун аз байн рафтааст.

Танзи як маҷаллаи нюйоркӣ ба хотирам мерасад. Марде бо сарулибоси ороста дар кӯча мераваду бод гарданбанди арғувонияшро ба тарафе савқ додааст ва мард ба худаш мегӯяд, чаро ҳанӯз ҳам аз рӯи одат кастюм мепӯшад ва галстук мебандад?

Нишонаҳои бӯҳрон дар саросари Манҳеттен дар эълонҳои For rentбешумори “For rent”, “For sale”– “Ба иҷора”, “Ба фурӯш” ба чашм мезанад. Ҳазорон метри мураббаъ дар маркази Ню Йорк, ки қаблан фурӯшгоҳ, ресторан ё бонк буданд, ҳоло холиянд. Дар кунҷи Бродвей ва кӯчаи 35 бузургтарин фурӯшгоҳ бо номи “Manhattan Mall” мебоист пеш аз соли нави 2009 боз мешуд. Ифтитоҳи бошукӯҳ то аввали июн ба таъхир афтодааст ва гумон аст, бо шукӯҳ баргузор шавад. Агар баргузор шавад.

Дар Парк Авеню фурӯшгоҳе буд, ки ним сол пеш аз он барои телефонам СИМ-карта харида будам. Ҳоло холии холист. Фақат пораи шиораш мондааст: “Ҳамеша дар тамос бошед!” Аҷиб, бо кӣ?

Дар Конӣ Айлэнд Авеню, дар Бруклин, як тарабхонае буд, ки кабоби хуб мепухт. Дараш бастааст. Дар баъзе ресторанҳо ё шумори пешхидматон кам шудааст ё умуман онҳо ба низоми як замон дар Шӯравӣ маъруфи “худхизматрасонӣ” гузаштаанд. Тарабхонаҳо камодам шудаанд.

Пештар ба пешхидматҳо ё таксиронҳо олиҳимматона “чойпулӣ” дода мешуд. То 15-20 %. Акнун аз баҳсҳои дурударози марду занони сари мизҳо ва табъи нохуши пешхидматҳо ё шикастнафсии таксиронҳо ҳадс задан мумкин аст, ки дарсад хеле поин рафтааст. Бӯҳрон, азизам! Бӯҳрони ҷаҳонӣ!

Таъсири бӯҳронро дар хона ё меҳмонсаро низ ҳис мекунед. Беҳтарин ва пурбинандатарин намоишҳои саргармкунандаи телевизионҳо гӯё дигар аслан вуҷуд надоранд. Дар шабакаҳои умумимиллии Амрико 30 барнома ба далели пурхарҷӣ баста шуд. СNN-и амрикоӣ ба телевизиони Тоҷикистон монанд шудааст. Пас аз ҳар нашри ахбор — як тарона! Рақс кай сар мешуда бошад?

Аз ҳама аҷибаш, ҳам дар телевизион ва ҳам дар кӯчаву хиёбон реклама кам шудааст. “Инро бихаред! Онро бихаред! Инро бихӯред! Онро бипӯшед!” акнун қариб ки нест. Ҳаст, аммо кам. Дар назарсанҷии ахири умумимиллӣ 66%-и амрикоиҳо рекламаро сабабгори асосии бӯҳрон номидаанд. Гӯё реклама нафси “доштан” ва ҳирси “ба даст овардан”-ро ангезиш медодааст.

Реклама кам, лек қавитар ва занандатар шудааст. Ангезиш намедиҳад, балки ҳамлае мекунад, ки бояд ба он таслим шуд.

ten buckАз ширкатҳои реклама фақат моҳиртаринҳо боқӣ мондаанд ва китоби нави “Таблиғи молу хадамот дар давраи бӯҳрон” аз пурфурӯштарин китобҳост. Гӯё дар он сирре ифшо шудааст, ки чӣ тавр метавон моли худро ба харидоре, ки аслан ба фикри хариде нест, бор карду пулашро гирифт. Аммо ин айнан чизест, ки ҳоло амрикоиҳо чашми дидан надоранд.

Ҳатто огаҳиҳои коҳиши 70-80 дарсадии нархҳо низ кам касонеро ба фурӯшгоҳҳо ҷалб мекунанд. Агар фурӯшгоҳҳои марказ серодаманд, ташаккур аз сайёҳон, дар канораҳои шаҳр фурӯшандаҳо бештар ба истироҳат машғуланд, даҳҳо касса беодам аст, ҳаминаш намерасад, ки тим ба тим сабқати қаҳрамонии шоҳмотро ба роҳ монанд.

Чанде аз фурӯшгоҳҳои бузург кассаҳои бекорманд гузоштаанд. Худи харидор бо сари хаму гардани баста молашро аз назди оинаҳои дастгоҳ мегузаронад ва ҳангоме ки ҷамъи нархҳо дар намояи касса зуҳур кард, пулро мегузораду меравад.

Истифодаи картаҳои қарзӣ низ, ба назарам, коҳиш ёфтааст. Асосан бо пули нақд ҳисобӣ мекунанд. Дар баъзе ҷойҳо, агар нақдина диҳед, аз шумо андоз намегиранд. Лекин як тағйири аҷиб ин аст, ки аз фурӯшандаву кассирҳо дида посбонҳо дар фурӯшгоҳҳо бештар шудаанд. Аҷиб, инаш барои чӣ бошад?

Хулоса, дар кӯчаву бозори Ню Йорк ҳамин хела гапҳо. Дар хона телевизионро мемонем, то филм ё барномаи хубе бинем, он ҷо баҳси равоншиносону ҷомеашиносон дар авҷ аст. Оё бӯҳрон амрикоиёнро тағйир дод? Коҳиши хосияти масрафкунандагӣ ё масрафгароӣ ва афзоиши сарфаҷӯӣ ва ҳатто хасисӣ сар шудааст? Пас оё беҳтар нест, барномаи зиддибӯҳрон на ба афзоиши масрафгароӣ, балки дарёфти ҳадди эътидол нигаронида шавад?

Тарафи дигари баҳс бар ин аст, ки ин падидаҳо муваққатист ва тамоюли асосиро тағйир намедиҳад. Дунё ба умед?

Тамоми баҳсҳо аз бӯҳрон боз ба Financial District бармегарданд ва бархе аз нашрияҳо аз ҳукумат интиқод мекунанд, ки ба ҷои пур кардани ҷайби бонкдорон, бонкҳоро аз дасти онҳо бигирад, махсусан Хазинаи федеролро, ки расман як ниҳоди хусусӣ мебошад. Норозигӣ аз он ҷо низ маншаъ мегирад, ки барномаи бозангехти иқтисодиёт ва кӯмаки давлат ба соҳибони қарзҳои шикастхӯрдаи маскан ҳанӯз натиҷаи зарурӣ надодааст.

Дар ин ҳама гирудор майдони машҳури “Ваҳдат” ё Union Square — ҷазираи одамони озоди ҷаҳон — бетағйир аст. Рӯзу шаб дар ин ҷо навозандагону сарояндагон ҷамъ мешаванд, аз ҳар гӯша тарона ё оҳанге садо медиҳад, мардуми ношинос канори ҳам рӯи зинаҳои соруҷӣ (сементӣ) менишинанд ва ҳар кас зери оҳанге ноаён алвонҷ мехӯрад, сӯҳбату ханда аз миёни анбӯҳи биноҳои сарбафалак ба осмонҳо меравад. Миёни онҳо менишинӣ ва фикр мекунӣ, дунё ҳамонест, ки буд…

Гӯшае аз майдони "Ваҳдат" дар шабҳангом

Гӯшае аз майдони "Ваҳдат" дар шабҳангом

 

Майдони "Ваҳдат" рӯзона.

Майдони "Ваҳдат" рӯзона.

23.05.2009 - Posted by | Амрико | ,

7 Comments »

  1. Мусульмане Петербурга обвиняют ОМОН в избиении молящихся: Ринат Валиев, председатель религиозной организации мусульман Петербурга «Мекка» и президент общества «Татарстан» заявил, что в пятницу 22 мая около 15:00 в мечети на рынке Апраксин двор произошло массовое избиение мусульман ОМОНом.

    Мечеть, о которой идет речь, представляет собой три молитвенные комнаты в корпусе 15 на рынке Апраксин двор. Большинство посетителей – таджики, работающие в Петербурге.
    «Во время пятничного намаза в помещение мечети ворвались с криками, матом и дубинками сотрудники питерского ОМОН. Милиционер в форме старшего прапорщика заорал: – Все, для вас б..дь., чурки, намаз закончился. Всем встать к стене с поднятыми руками и не рыпаться. Иначе мы вас тут поубиваем», – сообщил на своем сайте Валиев. По словам Валиева, после этого около ста мусульман избили дубинками, отобрали деньги, телефоны и даже халяльное мясо. http://www.polit.ru

    Comment by Patriot | 23.05.2009 | Reply

    • Хеле хабари норохаткунанда!

      Онхое, ки дар Петербург ин торнигорро мехонед, ба шумо мурочиат мекунем. Касе аз ин накзи вахшиёнаи хукуки инсон хабар дорад? Чаро чамоахои точикй хомушанд?

      Кумак мекунед, ки баёноти чабрдидагону шохидон чамъоварй шавад? Касе аз онхо ба духтур мурочиат кардааст?

      Ягон кас тавонистааст, ки аз ходиса акс бигирад? Агар не, оё мешавад, акси захмиёну шохидонро гирифт?

      Кай мо иттиход ва вокуниш ба чунин хамлахоро ёд мегирем. Бояд барои хифзи хукуки худ фаъол буд ва мубориза кард.

      Comment by aioubzod | 23.05.2009 | Reply

      • В петербургском ГУВД Газете.Ru категорически опровергли эту информацию.
        «Вчера в Апраксином дворе проводилась операция ФМС по выявлению нелегальных мигрантов, – заявил начальник отдела информации ГУВД Петербурга Вячеслав Степченко. – Сотрудники ФМС при нашей силовой поддержке проверяли паспорта и наличие регистрации. Никто в молитвенные комнаты не врывался, никого не били и ничего не отбирали. Просто таким образом нарушители закона, нелегалы подводят почву под религиозную или политическую составляющую».

        Валиев ранее задерживался сотрудниками правоохранительных органов за распространение запрещенной литературы.

        Comment by Samandar | 23.05.2009

  2. Самандарчон, инхо метавонанд, бо хар рох худро “сафед” кунанд. Оё вуруди ОМОН ба масчид ва тафтиши санади мардум дар даруни масчид конунист?

    Ба хар сурат бояд онхое, ки чабр дидаанд, мавриди химоят карор бигиранд ва ба хотири такрор нашудани чунин хаводис бояд шикоят кард ва дар расонахои ахбори мо гавго бардошт. Хомуш нишастан сабаби бозу боз такрор шудани чунин ходисахо мегардад.

    Дар Петербург як нашрияи мухочирон бо рахбарии Зайниддини Орифй ба чоп мерасад, шояд у дар ин бора маълумоти бештар ва дакиктар дорад?

    Comment by aioubzod | 23.05.2009 | Reply

  3. Для вашего сведения приводится извлечение из ст. 3 Федерального закона РФ от 26 сентября 1997 г. N 125-ФЗ “О свободе совести и о религиозных объединениях” (с изменениями от 26 марта 2000 г., 21 марта, 25 июля 2002 г., 8 декабря 2003 г., 29 июня 2004 г., 6 июля 2006 г., 28 февраля, 23 июля 2008 г.). А статья называется “Право на свободу совести и свободу вероисповедания”

    6. Воспрепятствование осуществлению права на свободу совести и свободу вероисповедания, в том числе сопряженное с насилием над личностью, с умышленным оскорблением чувств граждан в связи с их отношением к религии, с пропагандой религиозного превосходства, с уничтожением или с повреждением имущества либо с угрозой совершения таких действий, запрещается и преследуется в соответствии с федеральным законом. Проведение публичных мероприятий, размещение текстов и изображений, оскорбляющих религиозные чувства граждан, вблизи объектов религиозного почитания запрещаются.

    Смотрите также http://www.garant.ru/law/71640-000.htm

    Comment by Sooroosh | 25.05.2009 | Reply

  4. Следовательно, есть основания для обращения в суд для защиты нарушенных прав. Пострадавшим необходимо также учитывать тот факт, что Российская Федерация является участницей многих международных договоров, в частности, Европейской конвенции по правам человека. Так, это очень действенный международный механизм, используя которого можно выиграть дело в Европейском суде по правам человека в Страсбурге. Наши граждане находясь на территории Российской Федерации могут использовать нормы этого международного акта в свою пользу, в случаях нарушения своих прав. Можно также обращаться в российские правозащитные организации, отделения Амнести интернешнл, Фонд Мемориал и др. Пожалуйста, на этом линке можно найти информацию о таких организациях. http://www.prpc.ru/law_org/list3.shtml

    Люди! Дорогие земляки, учитесь защищать и отстаивает свои права!

    Comment by Sooroosh | 25.05.2009 | Reply

    • Холо хам умедворам, ки аз сарварони чамоахои точикй дар Русия касе пайдо мешаваду на танхо думболи ин кор меравад, балки хамаи моро низ дар чараён мегузорад.

      Comment by aioubzod | 30.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: