Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Мулло Абдулло баргаштааст…

1SaghirdashtИмрӯз дар тамоми ҷаҳон шояд ҳамагӣ чанд нафари ангутшумор ба таври дақиқ медонад, ки дар Тавилдара ва Сағирдашти Тоҷикистон чӣ вазъияте дар ҳоли ҷӯшиш аст. Бақия маҳкум ба онанд, ки ба шунидаҳои резучош ё таровиши шояд ҳадафмандонаи маълумот иктифо кунанд ва ҳадсу тахмин зананд.

Тибқи ин маълумот, бархе аз раҳбарони кишвар, аз ҷумла муовини вазири дифоъ Ғайрат Адҳамов ва сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ Равил Нодиров ҳоло дар шарқи мамлакат ба сар мебаранд; нерӯҳое аз Хуҷанд ва Хоруғ ба Тавилдара ва Сағирдашт интиқол ёфта, нуқоти муҳимеро, монанди гарданаи Хобуработ ва роҳҳои бурунрафт аз Рашту Тавилдара, зери назорат гирифтаанд; ҳадсу гумон дар бораи авзоъ зиёд аст; мардум дар минтақа, ҳамаи кишвар ва гирду гӯшаи ҷаҳон нигаронанд.

Дар ҳоле ки расонаҳои гурӯҳӣ ҳаракати нерӯҳои давлатро ба зуҳури собиқ фармондеҳи мухолифони тоҷик, Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) пайванд медиҳанд, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амалиёти кашфу маҳви киштзорони хашхошро ба роҳ мондааст. Ин ниҳоди давлат хабарҳои фаъол шудани кадом гурӯҳи мусаллаҳро дар минтақа рад мекунад.

Мулло Абдулло аз фармондеҳоне буд, ки шароити сулҳи ҳукумат ва мухолифонро дар соли 1997 напазируфт ва то соли 2000 дар ноҳияи Дарбанд бо нерӯҳои давлат даргир шуда, пас аз шикаст хӯрданаш ба Афғонистон фирор кард. Мақомоти Афғонистон дар соли 2002 иттилоъ доданд, ки ӯро боздошт кардаанд. Аммо хабари истирдоди вай ба Тоҷикистон шунида нашудааст.

Сокинони деҳоти минтақаи Сағирдашт дар сӯҳбат бо ҳамкори ман дар радиои “Озодӣ”, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, аз пайдо шудани “афроди бегона” дар минтақаи худ изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла раисони навоҳии Тавилдара ва Дарвоз мавҷудияти ҳама гуна афроди бегонаро дар ин ҷо дурӯғ номидаанд.

Мирзоҷалол ин иттилоъро низ ба даст овардааст, ки зиёда аз 120 зану марди деҳоти Сағирдашт ба манзили собиқ размандаи мухолифон, Неъмат Саъдуллоев, рафта, аз ӯ талаб кардаанд, ки вазъро ноором ва афроди ношиносро дар манзилаш пазироӣ накунад.

Маълум нест, манзур аз “афроди бегона” гурӯҳи Мулло Абдуллост ва ё мусаллаҳони хориҷӣ, аммо аҳолии маҳаллӣ гуфтааст, убуру мурур аз марз бо додани ришва мушкиле надорад. Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, менависад, Мулло Абдулло бо 100 нафар аз тарафдоронаш баргаштааст ва ҳадафаш сулҳомез нест.

Бо дархости намояндагони давлат Мирзо Зиёев, собиқ вазири вазъиятҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва дар гузашта сарфармондеҳи нерӯҳои мухолифони тоҷик, Мулло Абдуллоро вохӯрдааст. Аммо вай дар бораи ин мулоқот ва аҳдофи Мулло Абдулло то ҳанӯз чизе нагуфтааст. Ҳамзамон шиори ӯ, ки то ӯ зиндааст, касе нахоҳад тавонист, вазъи минтақаро ноором кунад, чизеро рӯшан намекунад, балки ба нигарониҳо меафзояд.

Зиёев дар сӯҳбат бo хабарнигори “Азия-Плюс”, Далер Ғуфронов, гуфтааст, ки вай бо муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, Ғайрат Адҳамов низ мулоқот дошт. Ин ишорае ба нақши миёнаравии Зиёев буда метавонад ва ҳамчунин хабарҳои марбут ба амалиёти “Кӯкнор – 2009”-ро зери шубҳа мегузорад. Дар ҳеҷ яке аз чунин амалиёт дар солҳои гузашта муовини вазири дифоъ ба маҳалли амалиёт сафар накардааст.

Ба ин тартиб, ҳақиқати ҳол номаълум ва номаълумӣ изтиробангез аст. Дар пасманзари таҳдиди ахири Толибон ба Тоҷикистон, ки гуфтаанд, ин кишвар набояд ба интиқоли амволи амрикоиён ба Афғонистон мусоидат кунад ва хабарҳои бо Толибон робита доштани Мулло Абдулло ақидаеро ба миён овардааст, ки ӯро толибҳо барои ноором кардани авзоъ ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Бархи дигар бо назардошти он ки аз чунин нооромӣ кӣ бурди бештар хоҳад кард, ба Узбакистон ва Русия ишора мекунанд. Дар сурати ба ҳам хӯрдани вазъ дар Тоҷикистон Тошканд метавонад, осуда бошад, ки бунёди иншооти обу барқи Тоҷикистон барои муддатҳои тӯлонӣ номумкин хоҳад гашт. Русия сардиҳои ахири равобиташ бо Душанберо нишонаи ҳарчӣ бештар ба Ғарб наздик шудани Тоҷикистон мешуморад ва шояд ба ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон ҳамчун фишанги бозгардон манфиатдор бошад.

Ва афроде ҳам ангушти ишора ба самти Амрико мекунанд, дар ҳоле ки нооромӣ дар Тоҷикистон маънии баста шудани роҳи икмолотии амрикоиҳо ба Афғонистонро хоҳад дошт ва ҳузури НАТО дар Тоҷикистон низ бо мушкил рӯбарӯ хоҳад гашт.

Яке аз коршиносони маскавӣ мегӯяд, падидаҳои ахири Тоҷикистон ӯро ғайриихтиёр ба ёди мулоқоти Медведеву Раҳмон дар мамнӯъгоҳи Завидово андохтанд. Вай меафзояд, то ҳанӯз маълум нест, ки президенти Русия ба раҳбари Тоҷикистон чӣ чизе гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар аз масъалаҳои вазнини байни ду кишвар, аз ҷумла шароити ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва сармоягузории Маскав дар бунёди “Роғун” ёде накард.

Ин иттилоъ низ дар миён будааст, ки президент Раҳмон пас аз мулоқоти 24-уми феврал дар Маскав ба Душанбе баргаштан замон бо сарони ниҳодҳои қудратӣ ҷаласаи пӯшида баргузор кард. Албатта, инро ҳам бояд афзуд, ки вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, афзоиши бесобиқаи ноқаноатмандии аҳолӣ ва пешгӯии чандин созмони хориҷӣ, махсусан Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар бораи эҳтимоли бесуботиҳо дар Тоҷикистон ҳукуматро ҳамеша дар ҳолати омодабош ва нигаронӣ қарор додаанд.

Фақат омодагии ҳукумат ба ошкору бепарда хабар додани ҳақиқати ҳол метавонад, баёнгари он бошад, ки то куҷо ин ҳукумат ба пуштибонии мардуми худ бовар дорад. Ва натиҷагирии дигар ин буда метавонад, ки вақте ҳукумат ҳизбҳои сиёсии мухолифашро зери фишор нигоҳ дошта, ба “сабзиш”-и пешвоёни мӯътадили сиёсӣ роҳ намедиҳад, саҳна ҳамеша барои фармондеҳони собиқ ва тундравону моҷароҷӯён боз боқӣ хоҳад монд.

(Аксбардор Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, радиои “Озодӣ”)

26.05.2009 - Posted by | Сиёсат, Тоҷикистон | ,

2 Comments »

  1. Бозгашти Мулло Абдулло, ин хамон тахдидхои “ТОЛИБОН”-анд, ки каблан Точикистон ва Кишвархои Осиёи Марказиро хушдор карда буданд. Аз дасти ТОЛИБОН ҳар кор меояд. “Бадбахти дар он аст, ки Онхо, аз Точикон бар сари Точикон калтак месозанд ва Точиконро хадафи тири якдигар карор медиханд.”

    Comment by Patriot | 26.05.2009 | Reply

    • Аз як су дарк мекунем, ки кишварамон ба талошу чахд ниёз дорад, мансабдоронамон ба ёдрас шудани масъулияти хеш, аммо аз суи дигар норохат хастем, ки ин хабархо дар саросари чахон, ба чандин забон нашр шудаву мулки моро нокис ва осебпазир намудор мекунанд. Худо ба афроди масъул тавфик дихад, ки неруи хешро дар бехбуди Ватан дарег надоранд.

      Comment by aioubzod | 30.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: