Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Хурӯсфарёди Ню Йорк

1Murgh1Ҳаргиз гумон намекардам, дар яке аз минтақаҳои марказии Ню Йорк бо садои хурӯс аз хоб бедор мешавам. Ин ҳам дар ҳоле ки дар Ню Йорк парвариши мурғ мумкин, аммо хурӯс манъ аст. Хилофи баробарии ҷинсҳо! Дубора хобам мебарад, вале баъдан мурғфарёди саҳар аз нав ба ёдам мерасад. Маълум мешавад, ҳамсояи мо мурғхона доштааст.

Ин ҳамсоя, хонуми Беккӣ, мегӯяд, на фақат ӯ, балки 134 хонаводаи Бруклин дар пасҳавлии манзилҳои худ фермаҳои кӯчак доранд ва дар бархе аз онҳо то 30 мурғ парвариш меёбад. Ҳар рӯз — тухми тоза!

Лампаҳои махсус ин ҷо барои зимистонанд, ки мурғхонаро гарм кунанд. MurghxonaҲар мавсим симтӯрҳои нав, ки ранги дигар доранд, симтӯрҳои қаблиро иваз мекунанд. Ғизои мурғон аз озмоиши мақомоти махсуси хӯроку дору тавсиб шуда, дар яхдонҳои махсус нигаҳдорӣ мешавад. Мурғҳо, ки аз рӯи 60 зоти таҳқиқшуда интихоб гаштаанд, санади эм доранд ва дар ду ҳафта як бор аз муоинаи домпизишк мегузаранд.

“Афсӯс, ки ноутбук ва интернет надоранд,” — мегӯям ман. “Чӣ хел? Чӣ надоранд мегӯӣ?” — Зоҳиран Беккӣ шӯхии маро намефаҳмад.

Дар хона ҳафтаномаи “Нюсуик”-ро боз мекунам ва ин сарлавҳа диққати маро ба худ мекашад: “Ку де вилли нав. Васвасаи мурғпарварии шаҳриёни Амрико” матлабе аз 17 ноябри соли 2008. “Ку де вилл” мисли “ку де то” садо медиҳад, яъне табаддулот.

Аксари шаҳриёни мурғпарварро бӯҳрони иқтисодӣ ба ин кор водор кардааст ва сафи онҳое, ки дар созмони “Backyard Chickens”-и шаҳр муттаҳид шудаанд, болиғ аз 6 ҳазор нафар аст. Шумораи мурғпарварони якка маълум нест.

Чак Беннетт, яке аз фаъолони ин гурӯҳ, мегӯяд, иттиҳоду созмонҳои мурғпарварони шаҳр ҳоло ба даҳҳо адад мерасад ва шаҳрдории Ню Йорк талош дорад, ҳамаи онҳоро дар иттиҳоди “Just Food” муттаҳид созад. Чакро дар бозори тухму гӯшти мурғ, дар Манҳеттен, маркази Ню Йорк вохӯрдам, ки на танҳо бо фурӯши ин маҳсулот машғул буд, балки дар пои як эълони бузург, тақрибан ба маънии “Мурғпарварони саросари Ню Йорк муттаҳид шавед!” ба хоҳишмандон парвона (буклет)-ҳои мурғпарварӣ ҳадия мекард.

Аз ӯ пурсидам, чаро шаҳрдорӣ аз мурғпарварон пуштибонӣ мекунад?

“Ба чанд сабаб. Якумаш, ба ин васила аҳолии шаҳр ба хӯроквории тару тоза ва бидуни омехтаҳои кимиёӣ даст меёбад. Дувум, ҳазорон нафар ҷои кор пайдо мекунанд. Медонед, танҳо моҳи охир даҳ ҳазор нафар дар шаҳри мо шуғлашро аз даст дод. Савум, тиҷорат, гардиши мол ба буҷаи шаҳр кӯмак мекунад. Рӯзи 4 апрели ҳамин сол Кумиссионери кишоварзии аёлати Ню Йорк, Патрик Ҳукер дастури хаттӣ имзо кард, ки ба иттиҳоду созмонҳои мурғпарвар дар шомил шудани онҳо ба Барномаи пуштибонии ҷомеа аз кишоварзӣ мусоидат шавад ва бозори моли онҳо ташкилу густариш ёбад.”

Дар парвонае, ки Беннетт ба ман дод, шумораи телефони мақомоти кӯмакрасон ва сомонаҳои интернетии созмону гурӯҳҳои мурғпарвар дарҷ шудааст. Дар ҳамин ҷо огаҳии мақомоти шаҳрро мехонам, ки барои хоҳишмандони мурғпарварӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор мекардаанд. Дар он гуфта мешавад, мурғхонаи миёнаро метавон дар се рӯз сохт ва мурғпарвариро мешавад бо 50 доллар сар кард.

Ҳангоми хайрухуш Беннет ба ман машварат дод, ҳатман ба мурғпарварӣ иқдом кунам. “Ба камияш тухму гӯшти тоза барои хонаводаат бепул мешавад…” — хандида, ба китфам мезанад Беннетт.

Аз ин сомонаҳо дарёфтам, ки бисёре аз шаҳру аёлатҳои Амрико қонунҳои қаблии худро, ки тибқи онҳо нигаҳдории мурғ ва дигар ҳайвоноти хонагӣ дар шаҳрҳо манъ буд, тағйир доданд ва акнун баракс шаҳрвандонро ташвиқ мекунанд, ки бо таъсиси чунин фермаҳои хурди хонагӣ зиндагии хешро ба роҳ монанд.

Ба навиштаи “Ню Йорк Таймс” дар бархе аз шаҳру аёлатҳо ин қонун тағйир накарда бошад ҳам, шаҳрвадон пинҳонӣ мурғпарварӣ мекунанд ва гурӯҳи вакилони ҳуқуқӣ аз мақомоти қонунгузор хостааст, қонунҳо бознигарӣ шаванд. Ҷумбиши мурғпарварони Мэдисон дар аёлати Висконсин бо чанд тазоҳурот тавонист, қонунро бекор кунад.

Ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба мурғпарварон ва умуман дастандаркорони кишоварзию чорводорӣ кӯмаки худро пешниҳод мекунанд ва ҳамчунин муштариёнро ба харидани маҳсулоти онҳо даъват мекунанд. Онҳо дар байни ин ду гурӯҳ — фурӯшандагон ва харидорон нақши миёнравро мебозанд.

Маҷаллаи “Провиденс ҷорнал” менависад, амрикоиҳо пас аз солҳои фаромӯшӣ дубора фоидаи мурғпарвариро кашф мекунанд. Дар ҳамин маҷалла эълоне нашр шудааст, ки теъдоде аз афрод хостори харидани мурғи курканд ва мурғпарварони собиқадор як мурғи курк ё очамурғи ояндаро аз 8 то 15 доллар мефурӯшанд.

Дар аёлати Миссурӣ тақрибан 7 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва дар ин ҷо шумораи мурғпарварони ҳавлиҳои дарун ба 27 000 нафар расида, ҳар рӯз 100 нафар ба иттиҳоди онҳо ҳамроҳ мешаванд.

M1Дар Чикаго, ба навиштаи “Чикаго трибюн” ҳодисаи ғайриодӣ ба миён омадааст. Мурғпарварӣ авҷ мегирад, аммо тибқи қонунҳои ин аёлат куштани ҳайвонот манъ аст. Қонунгузорон дар дуроҳа мондаанд, ки бояд чӣ бикунанд. Тара Китинг ва шавҳараш Френк Гейлен ба хабарнигори “Чикаго трибюн” гуфтаанд, чаҳор мурғ доранд ва ҳар рӯз чаҳор тухм ба даст меоранд. Хӯроки якмоҳаи мурғҳо як халтаи 23-килоӣ 22 доллар будааст. Онҳо гуфтаанд, ҳадафашон пул кор кардан нест, балки тухми тоза ва боварбахш аст.

Ба навиштаи “Нюсуик” таърихан дар давраҳои ҷанги ҷаҳонии аввал ва дувум ба аҳолии шаҳрҳои бузурги Амрико монанди Ню Йорк ва Лос Анҷелес иҷоза шуда буд, ки мурғпарварӣ кунанд. Бархе аз фермаҳои хурди мурғ он вақт дар забони мардум “боғҳои ғалаба” унвон шудаанд.

Ҳарчанд бӯҳрон сабабгори авҷи бесобиқаи мурғпарварӣ дар шаҳрҳои Амрико шудааст ва ин бӯҳронест, ки аз бӯҳрони вомҳои маскан ва фурӯпошии нархи хонаҳо сар шуда буд, бархе аз мунаққидони мурғпарварӣ мегӯянд, ташкили фермаҳои мурғ дар пасҳавлиҳо сабаби коҳиши бештари нарх манзил шудааст.

Чарлӣ Бид, сокини Даллас, ба рӯзномаи “Даллас Морнинг Нюз” Xurusгуфтааст, “хонаамро хеле арзон кардам, ки бифурӯшам, аммо ба ҳамин нарх ҳам касе намехарад, зеро ҳамсояам фермачаи мурғ дорад ва ин ба одамон маъқул нест.”

Вале наход ҳама занги соатро ба фарёди хурӯс дар бомдоди шаҳр бартарӣ медиҳанд?

Шумо чӣ тур?

26.05.2009 - Posted by | Амрико, Рӯзгор | ,

1 Comment »

  1. Американские школьники получили “зарплату” за хорошие оценки

    В Нью-Йорке запущен пилотный проект, предусматривающий финансовое поощрение за хорошие отметки по экзаменам. Свои первые “зарплаты” школьники уже получили. Выпускникам седьмого класса, в случае успешной сдачи экзаменам по всем десяти предметам, гарантировано вознаграждение до 500 долларов, четвероклассникам – до 250 долларов в зависимости от оценок.

    Читайте также: Как сэкономить на выпускном

    Проект инициирован Гарвардским университетом. В программу вошли уже 59 государственных школ в наиболее малообеспеченных районах Нью-Йорка, где проживает цветное население. Первые итоги показали, что успеваемость в школах, где вознаграждение напрямую зависит от успехов на экзаменах, выросла в среднем на 40 процентов.

    Например, экзамен по английскому в прошлом году в школах Бронкса, где доминируют выходцы из Латинской Америки, выдержал только каждый птяый школьник, а в этом году их число возросло до 60 процентов. Еще более впечатляющими были успехи в математике – положительные оценки получили 93,9 процента выпускников 7-го класса против 56,6 процента прошлым летом.
    http://www.last24.info

    Comment by Patriot | 09.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: