Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Рабти Андиҷон ва Тавилдара?

andijonБа гузоришҳои гуногун дар тирпаронӣ ва таркишҳои рӯзи 26-уми май дар шаҳрҳои Хонобод ва Андиҷони Узбакистон 16 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора як пизишк аз Андиҷон ба сомонаи “Узнюз” хабар додааст. Вай гуфтааст, 5 ҷасад ба яхдонхонаи Андиҷон ва 11 ҷасад ба муассисаи ҳамсони ноҳияи Қӯрғонтеппа дар ҳамсоягии Хонобод интиқол дода шудаанд.

Манобеъи дигар шумораи кушташудагонро 4 нафар ва захмиёнро наздик ба 20 нафар номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, на танҳо дар кӯчаи Фитрати шаҳри Андиҷон як худкуш хештанро мунфаҷир кард, балки фурӯшгоҳи “Истамбул”-и шаҳр низ таркида, як инфиҷори дигар пас аз тирпарониҳо дар шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хонобод ба вуқӯъ пайвастааст.

Додситонии кулли Узбакистон ҳодисаи таркиши худкушона дар Андиҷонро тасдиқ кард, вале иттилоъ дод, ки бар асари он як корманди милиса кушта ва чанд раҳгузар маҷрӯҳ шудаанд. Дар изҳороти расмии додситонӣ инчунин ҳодисаи ҳамлаи 2 ё 3 нафари мусаллаҳ ба посгоҳи Хонобод тазаккур ёфта, гуфта мешавад, бар асари он як корманди милиса захм бардоштааст. Дар бораи рӯйдодҳои дигаре, ки манобеъи гуногун хабар медиҳанд, додситонӣ иттилоъ надодааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки Кумитаи марзбонии Қирғизистон дар бораи як таркиш дар шаҳри Хонободи Узбакистон изҳорот додаааст. Сокинони ин шаҳр ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки шаби 26-уми май садои тирпаронии башиддат ва дертар инфиҷор дар наздикии Шӯъбаи умури дохилии шаҳрро шунидаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, 27-уми май дар кӯчаҳои шаҳр зиреҳпӯш ва сарбозонро дидаанд.

Бархе аз таҳлилгарон дар сӯҳбат бо корманди Бахши узбакии радиои “Озодӣ”, Фаррух Юсуфӣ, рӯйдодҳои ахири Хонобод ва Андиҷонро бо хабари нооромиҳои эҳтимолӣ дар Тавилдараи Тоҷикистон пайванд додааанд.

Як манбаъи наздик ба Хадамоти амнияти давлатии Узбакистон, ба хабарнигори “Озодӣ” гуфтааст, дар роҳандозии ин фарояндҳо чӣ дар Узбакистон ва чӣ дар Тоҷикистон гурӯҳи махсуси ин хадамоти Тошканд даст дорад ва ин гурӯҳ бо Хадамоти амнияти Русия аз як сӯ ва бо Ҳаракати исломии Узбакистон аз сӯи дигар ҳамкорӣ мекунад.

Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар гуфтаанд, аз эҳтимол дур нест, ҳодисаҳои ҳамла ва инфиҷорҳо дар Хонобод ва Андиҷон тарҳҳои иғвоомези мақомоти Узбакистон бошанд, барои тақвияти назорат ба минтақае, ки дар он эҳтимоли нооромиҳо зиёд аст. Метю Клементс аз Маркази таҳлилии Ҷейнс дар Лондон гуфтааст, агар баъд аз ин хабарҳо таъқибу фишор ба мусулмонон дар Андиҷон ва водии Фарғона тақвият ёбад, метавон гуфт, онҳоро худи ҳукумат саҳнасозӣ кардааст.

Дар чаҳорумин солгарди тазоҳуроти Андиҷон, ки 13 майи соли 2005 аз тарафи нерӯҳои давлати Узбакистон ба хун кашида шуд, бозмондагони ҳодиса ва фирориёни Андиҷон дар кишварҳои гуногун аз таъсиси иттиҳоди сиёсии худ хабар доданд. Яке аз коршиносон дар сӯҳбат бо Фаррух Юсуфӣ гуфтааст, аз эҳтимол дур нест, ҳодисаҳои ахир посухи давлат ба ин иқдом бошад.

27.05.2009 - Posted by | Тоҷикистон | , ,

3 Comments »

  1. Салимчон, ин корҳо ҳама шабеҳи достони Маснавист, ки барои расидан ба ҳадафи худ, ҳатто омодаанд худро бикушанд

    Comment by Аъзам Хучаста | 27.05.2009 | Reply

  2. Салимчон, ин корҳо ҳама шабеҳи достони Маснавист, ки барои расидан ба ҳадафи худ, ҳатто омодаанд худро бикушанд

    Манзурам хадамоти махсуси кишварҳо аст . ҳар гоҳ хостанд чунин барномаҳоро исро мекунанд

    Comment by Аъзам Хучаста | 28.05.2009 | Reply

  3. Hello:

    I saw your web-blog. I think it is excellent. Iam from Cuba, but I live in USA. I would like to changes links. I have 2 blogs…

    http://www.pasajedeportivo.blogspot.com

    http://del-verde-caiman.nireblog.com

    RAFAEL.

    Comment by Rafael Rofes | 28.05.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: