Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дуруд аз Филаделфия, аз Акбари Турсон!

Akbar-Ниҳоят вохӯрии деринтизори мо дар рӯзҳои 27 ва 28-уми май ба вуқӯъ пайваст ва аз ин дидор бо як ҷаҳон таассурот, як дафтари пур ва ду навори видео баргаштам. Устод Акбари Турсон ба ҳамаи онҳое, ки аз ӯ ёде кардаанду мекунанд, саломҳои гарм фиристод ва тақрибан ба ҳамаи пурсишҳо посух дод.

Гумонам, фақат посух ба хонандагон чанд бахшро ташкил хоҳад дод.

ҲОЛУ АҲВОЛ

Тандурусту сарзинда, ҳарчанд барфе бар сару абрӯвонаш рехтааст. Дар як манзили дуҳуҷраӣ, дар минтақаи орому сарсабз зиндагӣ мекунад. Соати 6-и субҳ аз хоб мехезад, ба бешазор меравад, дар баландие хуршедро пешвоз мегирад. Соате қадам мезанад, варзиш мекунад, сипас ба манзил бармегардад. Субҳонааш — чой, нони сиёҳ, каме равған ва асал. Сипас сари кор менишинад ва то гашти рӯз аз сари миз барнамехезад.

Боз гардиш дар ҳавои тоза. Худ барои хеш ғизо дуруст мекунад. Боз сари ройона (компютер). Як хидматгор дорад, ки ҳафтaе се бор меояд ва манзилро рӯбучин мекунад. Рӯзе, ки ман он ҷо будам, хидматгор харидҳои ҳафтаро анҷом медод.

МАНЗИЛ

Мегӯяд, дар Амрико, таври маълум, аз ҳама қимат харҷи истиқомaтгоҳ аст. Кирояи манзили ӯро Донишгоҳи Пенсилвания мепардозад. Ин сипосгузории донишгоҳ барои чанд соли кори ӯст. Ҳарчанд аз тадрис канор ҷустааст ва танҳо дар маҳфилу мулоқотҳои илмӣ ширкат мекунад, ҳамаи имтиёзҳои профессории ӯро барояш боқӣ гузоштаанд ва аз ҳисоби донишгоҳ ба даҳҳо рӯзномаву маҷалла обунааш мекунанд. Пули обу барқ ва газро низ донишгоҳ мепардозад. Аз як навъи бимаи тиббӣ бархӯрдор аст ва инчунин 500 доллар нафақа мегирад. Шикояте надорад, зеро ба касе тобеъ нест ва миннати касеро низ намекашад.

ДОДУГИРИФТ

Тақрибан ҳамаи тозатарин китобҳои муҳиме, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Маскав, Санкт-Петербург ва марказҳои илмии Аврупову Амрико нашр шудаанд, рӯйи миз ё дар рафҳои ҷевонаш дида мешаванд. Нусхаҳои мақолаҳои муҳим аз нашрияҳо низ зери дасташ. “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар шакли копишуда ва сафҳабандии дастӣ дар рӯйи мизаш. Баъзе аз онҳоро аҳли хонавода ва дӯстонаш фиристодаанд, бархеро худ фармоиш дода, гирифтааст. Худаш низ ба дигарон китобу мақола ва гоҳе каме кӯмаки молӣ мефиристад.

МЕҲМОНОН

Бархе аз китобҳоро барояш меҳмонон овардаанд –донишмандони эронию афғонистонӣ, кормандон сафоратҳои двлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамкасбони амрикоӣ. Аз Тоҷикистон назди ӯ меҳмон хеле кам меояд, ҳатто метавон гуфт, аҳёнан. Олимони тоҷик, агар дар ҳайатҳое ба Амрико сафар кунанд, барояш занг намезананд, чӣ монад ба дидорбинӣ. Дигарон  (бегонагон) ин гуна нестанд.

ПАЙВАНДҲО

Ба шарофати почтаи электронӣ бо даҳҳо нафар дар тамоси доимист. Аммо яке аз олимони тоҷик, ки мададу пуштибонии ӯро дида буд, ба чандин имейлаш посух надод. Танҳо ба табрикномаи наврӯзӣ посухи кӯтоҳе фиристод ва паёми баъдиро аслан беҷавоб гузошт. Қавитарин пайванди электронияш — бо Дорои Дӯст дар Душанбе. Имейлҳои интеллектуалӣ ва ангезандаи ғояҳои илмӣ. Қавитарин пайванди телефонияш дар Амрико — бо шоири саршиноси тоҷик Бозор Собир. Соатҳо телефонӣ сӯҳбат мекунанд. Дар тамоми мавзӯъҳо. Ҳамсӯҳбати дигари телефонии ӯ — Чингиз Айтматов дигар чандест, гӯширо намебардорад…

НАВИСОНАВИС

Рӯзе, ки ман он ҷо будам, рӯи мизаш маводи зиёдеро тал чида буд ва ба тӯҳматномаи Литвинский дар ҳаққи Бобоҷон Ғафуров посух менавишт. Ҳар банди мақола мисли гулӯлаи муште. Шаддаи муштҳо. Ин қадар мушт. Шояд сетояш барои нокаут кофист. Механдад — бақияаш барои дигарон, ки ҳадди хеш бишносанд.

Ҳамон одати пешияш — ҳамзамон чандин мусаввада пеши чашмаш. Дар нимаи “литвинскийнома” андешаи дигаре ба сараш меояд. Дар дафтари дигар нахустҷумлаи мақолаи навро менависад. Ва ҳамоно фарохное аз мавзӯъҳои бешумор — характери миллии тоҷикон, чаро тоҷикони пасосомонӣ муташаккил набудаанд?, симои фарҳангии таърихи ориёнажодон, кайҳоншиносӣ дар марзи улуми физикӣ ва башарӣ, пайомадҳои омезиши фарҳангҳо ва намудҳои он, Ғарб ва Шарқ, дурнамои Афғонистон, сиёсат ва ахлоқ дар аҳди ҷаҳонигардонӣ…

ГУФТУГӮ

Сӯҳбатҳои мо бо фосилаҳои кӯтоҳ тамоми шаб ва тамоми рӯз, дар манзил, дар берун, дар бешазор, дар сари зинапоя, истгоҳи автобус — дар ҳама ҷо давом мекунанд ва гӯё охир надоранд. Аз ғояти масъулиятшиносӣ пурсишҳои худам фаромӯш мешаванд ва ё навбат намеёбанд, то саволу дархости хонандагон аз ёдам наравад. Хаёлан аз як паҳлуям, бонуи Муборак бесаброна ва монанди талабаи мактаб даст мебардорад, даст такон медиҳад, ки саволи дигаре дорад. Аз он сӯ устод Адаш Истад нигоҳи сӯрохкунанда ва мутаваҷҷеҳ дорад, ки посух бояд мукаммал бошад. Ботур Қосимӣ гӯё бори савум аст, пурсиши худро такрор мекунад. Сурушу Самак хоксорона навбати хешро интизоранд…

СИЛСИЛА

Устод Акбари Турсон посухи кӯтоҳ намедиҳанд. Посухҳо онгуна нестанд, ки бо илоҷе ҷони ӯро раҳо кунанд. Гоҳе аз дур сар мекунанд, то вақте навбати гуфтани мағзи гап мерасад, посух на танҳо фаҳмо, балки ғайри қобили эътироз бошад. Як далел кофӣ нест ва як намуна низ. Посухҳо мисли хонаҳои баландошёнаанд. Аввал таҳкурсӣ, пас деворҳои табақаи аввал, сонӣ дувум. Дару тиреза. Ва агар бомро напӯшонанд, бино аз барфу борон вайрон хоҳад шуд.

Дар автобуси камодами шабонгоҳии 28-уми май ба Ню Йорк бармегаштам ва гӯё як ҷаҳоне бо ман меомад. Ҷаҳони Акбари Турсон. Кайҳони Акбари Турсон. Кай ман ин ҳамаро рӯйи коғаз меорам? Оё ҷойи муносиб барои ҳамаи шунидаҳоям хоҳам ёфт? Чанд бахш хоҳад шуд ва саволдодагони азиз то чанд навбати хешро интизор хоҳанд буд?

ХУШХАБАР

Аммо як муждаи тилоӣ! Онгуна ки чандин тан аз шумо мехост, торнигори устод Акбари Турсон фаъол шуд. Он кас дар ҳоле ки ош мепухтанд (вой аз мани беҳунар!), номашро “Мурғи Самандар” гузоштанд. Аз сари миз гӯё Бозор Собир, ки дар интизори оши палав, дастнависҳои устод Акбарро таҳурӯ мекард, ба замзама даромад:

“Қиссаи мурғи Самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст.
Он, ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун парандаи оташпараст…”

Ман ба Акбар менигарам. Лабханд мезанад. Мегӯям, дар мисраъи аввал “Мурғи Самандар”-ро бояд дар нохунак гирифт. Бигзор, торнигори “Мурғи Самандар” ҳамин гуна қисса гардад. Қиссаи мардуми печидафарёд ва қиссаи худи муаллифаш низ…

29.05.2009 - Posted by | Фалсафа, Ҳолнома | ,

26 Comments »

  1. Assalomy Aleykum barodari aziz Salim,

    Hasta naboshed. Pas az chand ruzi tanaffus boz imkon paydo gasht to mehmoni tornigoraton gardam.Safari shumo hele bobaror bud.Navishtahoi shumo az zierati insoni buzurg Akbari Turson sar karda to vaz’i moliyavii Amriko daleli on ast. Hamchunin navishtahoi shumo oidi avji murgparvari dar Amriko fikr mekunam, ki az manfiat holi nabud.

    Tashakuri bepoen.

    Comment by Mehmon | 29.05.2009 | Reply

    • Дуруд бар Шумо, Мехмони азиз. Дар хакикат, ман аз он ки чунин шахси нотакрор ва донишманди бузургро зиёрат кардам, хеле шоду мамнунам. Неруе, ки аз ин дидор гирифтам, ба чандин соли оянда, агар Худованд насиб гардонда бошад, кофист.

      Сипосгузорам аз лутфи Шумо. Умедворам, мехмони хамарузаи ин кошона хохед буд ва дустони хешро низ ба ин маскан даъват хохед кард.

      Comment by aioubzod | 30.05.2009 | Reply

      • Tashakur barodari aziz. Vokean, har goh ki imkoniyat dast medihad kushish mekunam to bo navishtahoi shumo oshno gardam. Tahlili shumo ozod ast,poybandi chize nest. Az navishtahoi shumo mehri afzuni vatan bar mashom merasad.Chun har yak shahsi vatandust har lahza dar edi vatan hasted. Tashakur baroi tornigor va makoloti pur az maoni. Hudovandi mehrubon nigahbonaton boshad.

        Comment by Mehmon | 30.05.2009

  2. Дуруд бар шумо устод Салим. Хеле кори хайрро анчом додед. Бояд худатона инсони хушбахт шуморед, чунки бо чунин фарзанди фарзонаи точик чанд руз хамнишину хамсухбат будед. Шукр, ки устод сиххату саломат буда, андар пайи кор хастанд. Аз Худо илтичо мекунем, ки барои эшон умри Саъдиёна ато фармояд, то он максаду мароме, ки дар пеш гузоштаанд, амали гардонанд. Ва аз бародарону хохароне, ки дар ИМА хастанд ва ё азми сафари он чоро доранд, хохиш мекардам, ки устодро хабар гиранд.
    Зимнан, фаъол гаштани торнамои устод муждаи хуб аст ва гумон мекунам, ки албатта дар ин кор дасти шумо низ хаст. Барои хамин ташаккур аз шумо, ки барои мухлисони устод шароити хуби бахра бардоштанро фарохам кардед.
    Худо нигахбон!

    Comment by Sooroosh | 29.05.2009 | Reply

    • Ба дуову орзухои Шумо хазор дарсад шарикам, Суруши гиромй ва хам ба даъвати Шумо аз хамватанон, ки дар холи имконият доштан аз устод бохабар бошанд ва хамзамон аз сухбатхои пургунчоиши эшон бахравар гарданд.

      Торнигори устод хамагй аз руи гуфтахои худашон сохта шуд ва умедворам, фурсатхое пайдо кунанду андешахои хешро дар он нашр кунанд ва бо мардуми худ дар тамос бошанд.

      Худо ёри Шумо!

      Comment by aioubzod | 30.05.2009 | Reply

  3. Дуруду салом бар шумо устод Салими Аюбзод! Як чахон ташаккур, барои захматхои пурсамар. Рости, ин бист рузи интизори, барои мо мисли сол тулони буд, ки ҳар руз мунтазири ин руз будем. Иншаллох, ин коре ки шумо анчом додед, як КАХРАМОНИСТ. Ингуна корхоро ҳар шахс анчом дода наметавонад. Бояд Точикон, аз шумо барин ЧАВОНМАРДИ ВАТАН ибрат бигиранд. Бо ташабуси шумо, мо акнун метавонем бо устод Акбари Турсон, хамеша дар тамос бошем ва аз навиштахову гуфтахои Устод бахра барем. Комёб бошед!

    Comment by Patriot | 29.05.2009 | Reply

    • Патриоти арчманду азиз. Шумо ва хамаи дустон дар ин сафару мулокот бо ман будед ва бо устоди гиромй номахои хар яке аз шуморо бодиккат, харф ба хафр хондему сари онхо андеша кардем. Иншоаллох, агар насиб буд, ба зудй бахш ба бахш ин сухбатхои нодиру нотакрорро ин чо ба нашр хохем расонд.

      Пируз бошем! Ва на танхо ин бор, балки хамеша!

      Comment by aioubzod | 30.05.2009 | Reply

  4. Shod va salomat boshed, akoi Salim! Va hazoron sipos baroye zahmati barchidan va ba mo taqdim kardani mevahoyi didori buzurgoni tojik.
    muborak

    Comment by muborak | 30.05.2009 | Reply

    • Дуруд ба бонуи Муборак. Умедворам аз он ки Шуморо ба донишомузи мактаб монанд кардам, озурда нашуда бошед. Дарвокеъ эхсоси ман ин буд, ки Шумо ва хама дустон дар он манзили начандон калони устод Акбар бо хам будем. Орзумандам лутфи худро дар оянда хам дарег намедоред.

      Comment by aioubzod | 03.06.2009 | Reply

  5. Спасибо огромное! Сайт отличный!

    Comment by Анатолий | 31.05.2009 | Reply

  6. Дуруд ба худовандгори ин сафха.
    Устоди ман, ин бардошти Шумо на факат ба Шумо, балки ба хама ононе, ки минбаъд (агар) як баёз ё китобе аз зиндагиномаву кандукови Акбар Турсон таълиф кунед ва дастрасамон шавад, як чахон “заряд” хохад бахшид.
    Тахсин, хидмате хубу арзандае дар хузури миллати сарафкандаву пареши точик кардед.

    Comment by tojikona | 31.05.2009 | Reply

  7. Сипос аз Аюбзоди азиз,

    барои он паёми гарме, ки аз устод Акбари Турсон ба мо овардааст. аммо он суолу чавобхо, ки тасвираш дар ин навишта хануз магзи маро банд нигох медорад, кай руйи ин сафха хохад омад? хохиш, бештар аз ин мунтазир нагузоред, агарчи интизори барои сухбати бузургон арзанда аст. худо кувват дихад, кам нашавед!

    Comment by Дабир | 01.06.2009 | Reply

    • Дабири баруманд, сипосгузорам аз мехрбониятон. Росташ, ончй аз сухбатхо бо Акбари Турсон ба даст омад, хакикатан хам мисли як чахон ё кайхон аст, ки зуд намешавад, акаллан тартиби пешниходи ин маводро муайян кард. Иншоаллох, ба зудй худ шохид хохед гашт.

      Comment by aioubzod | 03.06.2009 | Reply

  8. Дуруд, акои Салим!

    Аз натичахои сафаратон хеле мамнун хастем. Сипоси фаровон, ки салому каломи хамаи моро ба устод расонидед. Бисёр кори савоб ва хубе шуд, ки ба кушодани торнигорашон, дарвозае ба дунёи афкору фарханги чунин фарди донишманди миллат, мусоидат намудед. Дастатон дард накунад.

    Акнун, ки вохурихои мухимро анчом додед, беандоза шод мешудем агар хавас, фурсат ва имконияти ба тарафхои мо хам мехмони омадан дошта бошед, ки танхо 5-6 соат рохи шимоли Нйу Йорк шахр аст. Ё таквими худро ба нишонии мо (bkosimi@gmail.com) бифиристед, то хафтаи оянда бо коре озими ин шахри бузург хастем, ба дидор бирасем.

    Бори дигар муташаккирем барои фаъолияти пурборатон.
    Худо нигахбон!

    Ботур Косими

    Comment by bkosimi | 02.06.2009 | Reply

  9. Хар шаб нигаронам ба Яман то ту барои,
    Зеро, ки Сухайлию Сухайл аз Яман ояд.

    Comment by Шоди | 03.06.2009 | Reply

    • Хар шаб ба талошам, ки акикат бадар орам,
      Аз мархаматат санг хама дар сухан ояд.

      Comment by aioubzod | 03.06.2009 | Reply

      • Дар рахгузари бод чароге, ки турост,
        Тарсам, ки бимирад аз фароге, ки турост.
        Буи чигари сухта олам бигирифт,
        Гар нашниди, зихи димоге, ки турост!

        Comment by Шоди | 03.06.2009

  10. Офарин, Салимчон! Фатири болаззатест аз нуги он хамир. Умед дорем, харчи зудтар танури доги илхоми Шумо нонхои асосиро руи хони гушнагони маъни хохад рехт. Худованд ёвару мададгоратон бод!

    Comment by jura | 03.06.2009 | Reply

    • Дуруд бар устод Юсуфй! Хеле шоирона ва бо игроки тамом. На фатир, хамон хамире буд. Аммо нон пухта ва аз танур афтода. Худо кунад, хом набошад.

      Дар интиколи видео мушкилоте пеш омада, ки умедворам, имруз хал гардад. Аз суи дигар, харф зиёд аст, як кайхон, ростй, на танхо сару бар, барки роху рав ва хурду хобро хам гум кардаам…

      Умедворам, хамаи дустон кундию нотавонии маро ба ман бубахшанд…

      Comment by aioubzod | 07.06.2009 | Reply

  11. Durud ustod Ayubzod!
    Afsus mekhuram, ki dar Filadelfiya budamu bo ustod Bozoru Akbari Tursunzod mulokot nakrdaam.
    Salomat boshed ustodi arjmand.

    Comment by Фирдавси Аъзам | 05.06.2009 | Reply

    • Азизам Фирдавси Аъзам.

      Боке нест, агар ин бор фурсат даст дод, бо навиштани номи устод дар Гугл метавонед, нишонаи манзил ва телефони он касро бисер осон пайдо кунед ва занге бизанед ё кадаме ранча намоед.

      Дар истодгохи автобусхои Ню Йорк дар Филаделфиа лафзи ширини точикиро шунидам ва баргашта, ду чавони точикро дидам, ки бо барномаи “Тахсилу кор” ба Амрико омадаанд. Рафтаму салом додам ва холу ахвол пурсидам. Гуфтанд ба дидани як шиноси худ ин чо омадаанд ва акнун ба Ню Йорк мераванд.

      Пурсиданд, ман чй мекунам? Гуфтам ба дидани як шахси бузурги точикон омадам, хамин холо хайрухуш кардам ва холам хуб нест.

      Гумон доштам, бо хаячон мепурсанд, ки кй?

      Аммо таваччухе ба ин суханони ман накарданд ва ман хам чизе нагуфтам. Маълум мешавад, на барои хама чавонони мо мухим аст, бузургони миллати худро бишиносанду бидонанд. Шояд сари онхо бо чизхои дигаре банд буд.

      Гумон доштам, дар автобус барояшон кисса хохам кард ва видеоро нишон хохам дод. Аммо маълум шуд, онхо як соат баьд аз ман савори автобус мешаванд…

      Гарм хайрхуш кардем ва боз гуфтам. Бояд бузургони худамонро бишиносем.

      Ин бор хам напурсиданд, манзурам кист…

      Ёбеду гиред.

      Comment by aioubzod | 07.06.2009 | Reply

      • Ин навишта ба Шумо, Фирдавси азиз дахле надорад. Баракс хуб аст, ки Шумо эхсоси афсус мекунед ва агар дар он истодгох бо Шумо вомехурдам, хатман, 100% суол мекардед, ки сухан аз кй меравад.

        Дар навбати худ бароятон ваъда медихам, ки аз навиштахои баъдиям худро дар мулокоти рубаруе бо Акбари Турсон эхсос кунед.

        Сарбаланд бошед!

        Comment by aioubzod | 07.06.2009

  12. Дуруд ба шумо, акои Салим!

    Барои маълумотатон, шумораи вокунишхо дар ин сахифаи торнигоратон нодуруст нишон дода истодааст (8 ба чойи 16). Шояд мушкилии техникие пайдо шуда бошад ва посухи иловагии моро баъди чопи ин гузоришатон нагирифта бошед?

    Умедворам, ки давоми сафаратон дар Амрико хубу бобарор гузарад.

    Комёб бошед.

    – БК

    Comment by Botur Kosimi | 05.06.2009 | Reply

  13. cалом ба фарзандони фархундаи точик
    точики точдор точаш бо номи шумо болост
    устод бозор собиру акбар турсону салими аюбзод ва хазорхои дигар…
    лаънат ба манкурте ки аз сарзамини точик ин фархундахоро берун кардааст. хайфо ки сарзамини точик ва точикистони азиз аз даст рафт ва имруз дар панчаи як гурух фосику бадмасту ватанфуруш карор дорад. ку химмату далерии точики ки ин сарзаминро аз дасти манкуртиен холи гардонад?

    Comment by хакчу | 07.06.2009 | Reply

  14. Durud ustodi arjmandi man!
    Sipos hudoro, ki chunin farzandoni farzonai buzurge chun shumovu Tursunzodu bozoru,,,,-ho baroi mo arzoni doshta, ki dar in doru dun bo vujudu huzuri shumo ehsosi oromiyu dilbardori namoem.
    Tashakkuri ustodi aziz, ki baroyam avkoti bedaregi heshro fido namuda posuhe navishted.Kosh ba joi on du nafar man budame va bo suolotu kunjkovihoi afzun az shumo az holi buzurgonu nobigagoni millat boz mepursidam.
    Ammo man alakai niyat va azm kardaam ,ki har bori digar kudumi man ba hoki Amriko bizanad, hatman az holi ishon habar hoham girift va bo ishon mulokoti chashm ba chashm hoham namud.
    Bo siposi afzun
    Firdavsi Azam

    Comment by Фирдавси Аъзам | 08.06.2009 | Reply

  15. Дуруди басо самими аз Точикистон. Ман низ ахиран дар катори одамони зиёде карор гирифтам, ки ба зуди ба ин сомона мехмони меоянд. Хар гох ки гушнаи дарёфти иттилои лаззие шудам инчо сар мехалонам ва бо шиками пур онро то навбати дигар тарк мекунам. Ташаккур аз ШУМО. Хамеша муваффаку саодатманд бошед!

    Comment by Абдулазиз | 12.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: