Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

1. Бемонанде аз хайли “бачаҳои сарибозорӣ”

Akbar TursonАз суоли асосӣ бояд сар кард. Аммо чӣ буд он суоли бунёдӣ? Он пурсиши ҷаҳида аз мағзи ҷон, нахустсуоли шигифтангезу ашковар? Вақте дарро боз мекунад ва ҳамдигарро канор мегирем, вақте сари миз менишинем, вақте дурбини видеоро омодаи забт мекунам… он ягонатарин суол аз ёдам меравад.

Лаҳзае ба чашмони хастаи ӯ хира мешавам ва мо ҳар ду сокит мемонем. Саволнома дар дастам нест, то аз он бихонам. Пас чӣ буд он суол, он ҳадаф?

Бо буғси гулӯ, ду вожа мисли хор ҳалқамро харошида берун меояд:

— Чӣ ҳол доред?

Ин лаҳза ва ҳамаи лаҳзаҳои баъдӣ мо як ба як танҳо нестем. Савумӣ ҳам бо мост. Ватан. Тоҷикистон бо мост, тамоми таърихи ин миллати ситамкашида бо мост, Душанбеи сарсабзи афсонаҳову хобҳои мо бо мост.

Маро замона зи ёрон ба манзиле андохт.

Ки розиям ба насиме, к-аз он диёр ояд…

Дар ҳиҷрат ҳама навъи ҳиссиёти одам тез мешавад. Ишқ ба ватан сӯзонтар. Хотираҳо рӯшантар. Ишораҳо фаҳмотар. Андешаҳо амиқтар. Эҳсоси қарзи фарзандӣ сангинтар.

Аммо чӣ буд он ягонатарин суол?

Варақҳои дар тӯли роҳ маҷақшудаи саволномаро берун мекашам ва мебинам, ки ҳамаи саволҳо асосиянд. Ҳамаи онон қатъи назар аз шаклу мавзӯъ як маънии умумӣ доранд. Метавон аз ранги барги дарахтони Филаделфия суол кард, аммо чанористони Душанберо дар назар дошт…

Дар посух устод Акбар дурудароз ба андеша меравад. Навори видео дақиқаҳое сукути ӯро забт мекунад. Сипас мегӯяд, бояд каме фикр кунад, зеро одате ба мусоҳибаҳои бадеҳӣ надорад ва ҳамеша соатҳо омодагӣ гирифтааст.

Мегӯям, омодагии пешакӣ мисли ин аст, ки оби чашмаро таҳшин кунем, модаҳои кимимёӣ андарунаш андозем ва шояд каме рангубор. Мегӯям, мехоҳам ҳамонгунае бошад, ки ҳаст.

Хоксорона сӯҳбатро аз кулл шурӯъ мекунад, ҳарчанд гӯё аз хеш: “Вақте ки дар бораи аҳволи шахси ҷудогона сӯҳбат мекунем, нахуст аз ин оғоз кунем, ки мо як ҷузъи муҳит ҳастем ва ҳатто дар давраи Шӯравӣ мегуфтанд, ки шахсият зода ва парвардаи муҳит аст ва худ ҳеҷ мабдаъе нест, муҳит чӣ хоҳад аз ӯ месозад, ҳатто характеру рафтору феълу хӯяшро. Лекин мутаассифона ё хушбахтона, ин тавр нест. Яъне моро дар баробари ҷисм, ҷон ҳам додаанд. Ҷон ин як нишонаи шахсияти такрорношудании фард аст. Аммо ҳар шахс, бо он ки як вуҷуди нодир аст, боз ҳам ба тавассути муҳит вориди ҷомеа мешавад. Муҳит, яъне аз хонавода гирифта, то мактабу донишкада ва коргоҳ. Лекин гап ин ҷост, ки шахсият дар ин фароянд бо ҳамон феълу хӯйи фардияш вориди ҷомеа мегардад ва дар тамоми тӯли ин роҳ ончиро бо худ мегирад, ки табиаташ ва сиришташ мебардорад. Одаме ҳаст, ки гапдаро. Ҳарчӣ гуфтанд, қабул мекунад. Дигареро мабдаи интиқодӣ бартар аст. Яъне ҳама чизро бечуну чаро намепазирад, аз хуну ҷигару дилу, рагҳои хунаш гузаронда, баъд ҳис ва қабул мекунад, ки кадоме аз ончӣ мешунавад, мебинад ё мехонад, дуруст аст, кадоме на. Аммо Хайём мегӯяд, “мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз”, агар ба ҷои фалак “муҳит”-ро гузорем, мо ҳаргиз на лӯъбатаконему муҳит на лӯъбатбоз. Муҳит лӯъбатбозӣ мехоҳад, лекин фардияти мо муқобилият мекунад…

 Сипас ӯ ба ёди давраҳои бачагӣ меафтад. Гузари онҳоро дар маркази шаҳри Конибодом, “гузари авбошон” ва худи онҳоро, ки қисме бачаҳои маҳаллӣ ва қисми дигар фарзандони чеченҳову тоторҳои муҳоҷир буданд, “бачаҳои сарибозорӣ” меномиданд. Онҳо кӯча ба кӯча дастаҳои футбол доштанд ва баъд аз бозӣ байни барандагону мағлубшудагон занозанӣ сар мешуд, гоҳе кор то кордкашию ханҷарзанӣ ҳам мерасид. Дар чунин ҳолатҳо Акбари навҷавон ё талош мекард, ҷанҷолро фурӯ нишонад, ё даст меафшонду бо эътироз майдони футболро тарк мекард. Чизҳое шояд дар миён буд, ки бачаҳо ӯро эҳтиром мекарданд ва дар ҳозиру ғойибаш мавриди эътироф буд. Ҳол он ки зӯргӯӣ ва зӯровариро хуш надошт, қоматбаланду таҳамтан набуд, муштзан ҳам.

Ҳоло ки ин сатрҳоро менависам, мехоҳам зиндагиномаи ӯро бубинам ва он гоҳ ин матнро идома диҳам. Ба забони тоҷикӣ сатре ҳам дар ин бора дар интернет пайдо накардам. Чанд маълумотнома ба забони англисӣ, ду порчаи кӯтоҳ ба чехӣ, бархе аз мақолаҳояш ва ҳам номи китобҳояш ба русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, булғорӣ ва аммо ба тоҷикӣ — ҳеҷ!

Пурратарин ҳолномаи Акбари Турсонро бо номи “Турсунов” профессори Донишгоҳи Миннесотаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эраҷи Баширӣ ба забони англисӣ навиштаанд, на танҳо барои нашр дар интернет, балки аввалан барои он ки Баширӣ дар курси “Таърихи муосири Осиёи Марказӣ” дар як саф бо нависандагон ва мутфаккирони саршиноси ин минтақа — Чингиз Айтматов, Бердӣ Карбобоев, Мухтор Авезов инчунин Акбари Турсонро ба донишҷӯёни амрикоӣ дарс медиҳад. Дар яке аз калонтарин донишгоҳҳои Амрико тарҷумаи ҳол ва афкори олими тоҷик дарс дода ва таҳқиқ мешавад. Дар ватанаш — хомӯшӣ!

Аз ин ҷо мехонам, ки қаҳрамони мо 1-уми октябри соли 1939 зода шудааст. Яъне имсол ба синни мубораки 70 мерасад. Дӯстон, табрикномаҳоро аз ҳоло омода кунед. Худоё, умри устодро дароз кун…

Бо ҳамон ишқ ба илму донишу китоб, бо ҳамон кайфи озодии айёми бачагӣ, бо ҳамон ғуруру саркашӣ ва бо ҳамон забони русие, ки аз муҳоҷирбачаҳо дар кӯчаву бозор омӯхта буд, соли 1956 ба Душанбе омад ва дар соли 1961 факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар ин шаҳр хатм кард. Дар ду соли баъдӣ унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи физика ва математикаи Академияи улуми Тоҷикистон буд.

Аз соли 1964 сокини Маскав шуд ва дар ин ҷо дар синни 29-солагӣ унвони номзади илмро гирифт. Дар идомаи сӯҳбате, ки доштем, устод ҷое зикр мекунад, ки 20 соли умраш дар Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Маскав гузашт ва акнун 15 соли дигари умраш дар Амрико.

Аз соли 1979 то 1986 ҷонишини сармуҳаррири нашриёти “Энтсиклопедияи Советии Тоҷик”, сипас сардабири “Ахбори Академияи илмҳои Тоҷикистон”, мудири бахши таърих ва назарияи тамаддунҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми Тоҷикистон ва аз 1986 то 1992 мудири ин муассиса буд. Соли 1992 муовини мудири Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилал, бунёдгузор ва раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон буд. Он анҷумане, ки ҳоло Абдуғанӣ Муҳаммадазимов сарварӣ мекунад.

Соли 1992…

Ба ин давра боз хоҳем гашт, вале ҳоло идомаи ҳолномаи Акбари Турсон ба қалами Эраҷи Баширӣ: “Турсунов осори густардаеро дар бораи фалсафа, адабиёт, таърихи илм, таърих ва фарҳанги тоҷикон ба вуҷуд овард. Китоби ӯ “Эҳёи Аҷам”, ки дар соли 1984 чоп шуд, иттилоъи ғановатманде дар масъалаҳои гуногун дорад, аз як сӯ дар бораи муносибатҳои сиёсии Шарқ ва Ғарб, аз сӯи дигар дар бораи ҷойгоҳи фалсафа дар ҷомеа.”

Сипас, устод Баширӣ номгӯйи осори барояш дастрасшудаи Акбари Турсонро овардааст: “Инсон, атом ва кайҳон” (1967), “Марди некфарҷом” (1967), “Аз устура то дониш” (1973), “Андешаи рӯзгор” (1975), “Кайҳоншиносӣ ва эътиқодоти динӣ” (1975). Аммо ин номгӯй дарозтар аст. “Офоқи улуми кайҳоншиносӣ” (“Горизонты космологического знания” – Москва. “Знание”, 1969), “Фалсафа ва кайҳоншиносии муосир” (“Философия и современная космология”, Москва, “Политиздат”, 1977), (“Микрокосм и Макрокосм”, Москва, “Знание”, 1977), “Коинот ва ҷараёни дониши инсон” (Душанбе, 1978), “Основы космологии” (Москва, “Мысль”, 1979), “Қирони саъд” (Душанбе, 1981), “Беседы о вселенной” (Москва, “Политиздат”, 1982), “Банди фалак” (Душанбе, 1982), “Человек и мироздание” (Москва, “Советская Россия”, 1986), “Баҳори Хуросон” (1988). Ду китоби дигари ӯ дар Душанбе ҳуруфчинӣ шуд, вале солҳои ҷанги дохилӣ ба нашри онҳо халал расонд. Ҳоло як китоби нави ӯ омодаи чоп ва дар интизори ношир аст…

Ягона ҷоизаи давлатии Турсон, ба навиштаи Баширӣ, Ифтихорномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон аст. Соли тақдими ин “ҷоизаи бузург” гуфта нашудааст. Ман пештар ҳадс мезадам, шояд 1989 бошад, ба муносибати 50-солагии бунёдгузори муосири илми кайҳоншиносии шӯравӣ. Буд ку одате, ки агар ба 50, 60, 70 расидӣ, фарқ надорад, чӣ коре кардаӣ, як ҷоизаи давлатӣ мегирӣ. Аз рӯйи навбат.

Аммо маълум шуд, ин ифтихорнома ба Акбар дар соли 1956, ҳангоми мактабхонии ӯ ва барои талошҳои арзандааш дар маъракаи пахтачинӣ дода шудааст. Агар ин ҳама нерӯву талоши ӯро калонсолон дар пахтачинӣ ба хоки сиёҳ намезаданд, шояд он дертар ба навиштани як китоби дигар ё як кашфи дигари илмӣ сарф мешуд?

Пас, агар ин “ҷоиза”-ро ба шумор нагирем, давлати тоҷикон ба ҳеҷ гунае хидматҳои як намояндаи саршиноси ин қавмро қадрдонӣ накардааст. Боре ӯро ба Ҷоизаи Сино пешниҳод карданд, аммо ба таври мармузе коғазҳои зарурӣ то кумитаи ин ҷоизаҳо нарасидаасту замоне ки “нуқс”-ро фаҳмидаанд, дер шудааст. Хулоса, пахтачинии Акбари наврас муҳим будааст, аммо на ковишу кашфиёти илмии ӯ ва на намояндагии густардааш аз илми тоҷик дар саросари ҷаҳон.

Шахсан ман ҷоизаҳои давлатиро, бавижа ки акнун ин қадар хор ва беарзиш шудаанд, ҷоиза намешуморам. Ҷоизаи афроде монанди Акбар ин аст, даҳҳо бонуфузтарин маҳфилҳои илмии ҷаҳон ӯро узви худ баргузидаанд ва тақрибан ягон созмони камобеш обрӯманди байнулмилалии омӯзиши таъриху фарҳанги эронинажодон нест, ки Акбари Турсон узви шӯро ё ҳайтаи таҳрири он набошад. Ва агар ҳама ҷойи Амрикоро, аз Чикаго то Флоридаву Аризона гашт, ба шарофати даъватҳое буд барои ширкат дар ҳамоишҳои байнулмилалии илмӣ. Ё аз Фаронсаву Олмон то Эрону Ҳонгконг…

Аммо барои миллати мо, аз солҳои донишҷӯии худ ба ёд меорам, ки китоби ӯ — “Эҳёи Аҷам” (соли 1984) ноаён, дар паҳлуи ашъори Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир афкори миллии моро ташаккул, нерӯ ва набз дод. Дидгоҳҳои зиёде, ки солҳои баъдӣ ва имрӯз низ дар ҷомеа ҳокиманду барои ояндаи қавми тоҷик хидмат мекунанд, аз ҳамин китоб сарчашма гирифтанд ва бидуни он ки ба номи Акбари Турсон рабт дода шаванд, дар афкори сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва ҳунарии тоҷикон ройиҷ шуданд.

Пеш аз худи китоб, мақолаҳои ҷудогонаи он дар “Маориф ва маданият”-и Бӯринисо Бердиева ба табъ расиданд ва мо, донишҷӯёни он солҳо, буридаи ин мақолаҳоро бо худ мегардондем, сари бархе аз порчаҳои он аз шом то субҳ баҳс мекардем. Яке ба ман мегуфт, аз рӯйи ин китоб забон ва сабки хуби навишторро ёд гирифтааст.

Вале дар ҳоле ки ин забон ва сабк барои насли донишҷӯи он солҳо мушкилфаҳм ба шумор мерафт, маҳбубияти Акбари Турсон дар миёни ом аз мақолаи ҳунармандона ва пурҷозибаи Додоҷони Атовуллоҳ бархост.

Шояд баҳори соли 1979 буд ё қадре дертар. Шунида будам, ки мақолаи Додоҷон мебарояд. Субҳи зуд ба кушки рӯзномафурӯшӣ рафтам ва хушбахтона, як нусхаи “Комсомоли Тоҷикистон” насибам гашт. Мақола ду сафҳаи мобайниро пур карда буд. Дар бозгашт ба хобгоҳ онро мехондам. Ҳаво абр буд ва борон меборид. Дар нимаи мақола ва нимароҳи манзил бозистодам ва то замоне ки онро хонда ба поён нарасондам, қадаме барнадоштам. Вақте хондани мақоларо тамом кардам, рӯзномаи тар дар дастам ду лахт шуд. Ба худ омадам, ки аз борон тар шудаам ва об аз либосам гузашта ба танам расидааст.

Ин таъсири ҳам ҳунари журналистии Атовуллоҳ буд ва ҳам ҳолномаи ғайриодӣ ва афкору андешаҳои такондиҳандаи Акбари Турсон. Ё баракс.

Се сол баъдаш ман ҳам корманди “Комсомоли Тоҷикистон” шудам ва бовар намекардам, ки дар як кабинет бо Додоҷон Атовуллоҳи машҳур менишинам. Дар мизи дигар Саидалии Сиддиқ менишаст ва боре гуфт, он мақоларо дорад, зеро буридаи ҳамаи мақолаҳои Додоҷонро дар албоме гирд меовардааст ва аз рӯи онҳо навиштанро меомӯхтааст.

Аз он мақола як ибора аз ёдам намеравад ва ҳар дафъа ҳамзамон бо номи Акбари Турсон дар зеҳнам пайдо мешавад: “Истиқлоли ақл”. Худи Акбар дар сӯҳбати мо чанд бор аз аҳамияти “истиқлоли фикр” ёдрас шуд. Он замон ин як истилоҳи нав ва то андозае ошӯбгарона буд. Магар мешавад, дар ҷомеае, ки ҳама чизро як ҳизб муайян ва муқаррар мекунад, истиқлоли фикрӣ дошт?

Оҳ аз “бачаҳои сарибозорӣ”!

Навори видеоро мегардонаму мегардонам ва ҳоло дарк мекунам, ки истиқлоли фикрии Акбари Турсон аз солҳои хеле дур меояд. Аз ҳамон бачагие, ки падару модар ҳаргиз нахостаанд, ӯро дар итоати хеш дошта бошанд. Аз он озодие, ки ӯ дар рӯзгори наврасии худ дошт. Озодӣ, таври маълум ҳамрадифи масъулият аст. Касе масъулият надорад, аз озодӣ истифодаи дуруст нахоҳад кард.

Пас ӯ аз ҳамон рӯзгори наврасӣ сарозод ва масъул буд.

Ин ду шояд дар ӯ ишқ ба китоб ва шавқ ба навиштанро ангехтанд. Наврасон барои велосипед пул ҷамъ мекарданд, ҳоло барои ба сар бурдани як шаб дар дискоклуб ё чанд соат дар интернет-кафе. Акбар барои китоб пул ҷамъ мекард. Дискоклуби ӯ сари шохи дарахтон ҳангоми намоиши филмҳо рӯйи пардаи сафед буд. Ва касе намепурсид, чаро дери шаб омад. Ё чаро китоби “беҳудае”-ро харид.

Ба фикрам, ҳамин истиқлолияташ буд ва ҳамчунин донишҳое аз хондани китоби зиёд, ки бартарии ӯро аз “бачаҳои сарибозорӣ” таъмин мекарданд ва ҳатто авбошон ҳурматашро нигоҳ медоштанд.

Шигифто, оё байни Акбари наврас, ки барои пешгирӣ аз занозании футболбозони ҷавон миёнарави оштӣ мешуд, ва Акбари соли 1992 — миёнарави ҳукумат ва оппозисюн дар хислату хосияташ чӣ тафовутҳо буд? Чаро авбошон ба ҳарфи ӯ тан медоданд, аммо онҳое, ки худро донову порсову сиёсатмадор меномиданд, тан надоданд, ҳарчанд билоахира боз ҳамон шуд, ки ҳамон? Сулҳ дар ивази чанд истеъфо ва чанд мансабак. Вале фақат пас аз 5 соли сангин ва баъд аз рехта шудани хуни даҳҳо ҳазор нафар, беваю бекасу бечора мондани садҳо ҳазори дигар, паноҳандагиҳо дар Афғонистон ва саросари ҷаҳон…

Аммо ин бор Акбар майдонро батамом тарк кард…

08.06.2009 - Posted by | Илм, Тоҷикистон |

12 Comments »

  1. Ustodi arjmandu nakunavisi man!
    Az in ki chunin guftu chunin navishtai vokean hondaniero peshkamshi mo havodoroni kalami nobi hesh namudaed, izhori siposu hamd mekunam.Kore yo hud in ikdome, ki Shumo pesh giriftaed, korest benazir va suhanonaton harfest notakror va intihobaton muvofikest bar zamona.Oh, man chi kadar afbsus mekhuram, ki eshonro nadidaam.Nahod yak sol dar amriko bizihiyu az holi chunin abarmardoni millat vokif naboshi? Afsusu dareg,
    Ammo ba gufti Shumo digar joi shikvavu afsus nest, inshooloh ruze ba didor hohem rasid.Az navishtahoi Shumo man didani ruyu darki holu ahvoli Akbari Tursunro ehsos mekunam va mashomam bui kuchahoi Filadelfiya meoyad.
    Man az khudovandi manon darkhosti onro mekunam ki Shumovu ustod Tursunro va khonavodai mu’tabari shumoro hamesha dar panohu dargohi karaamsh nigah bidorad.
    Salomat boshed.

    Comment by Firdavsi Azam | 08.06.2009 | Reply

    • Фирдавси азиз, гусса нахуред. Худо хохад, боз насибатон мешавад, ки ба он мулк кадам ранча кунед ва ин бор ба орзуятон хохед расид. Ба Шумо самимона барори кор мехохам. Худо мададгори Шумо бошад.

      Comment by aioubzod | 22.06.2009 | Reply

  2. Ahsant ba Shumo, ustodi giromiqadr!

    chand ruz ast, ki sari in guna fikrho sar meshikastam va shumo onhoro imruz rui koghaz ovarded:

    “Дар ҳиҷрат ҳама навъи ҳиссиёти одам тез мешавад. Ишқ ба ватан сӯзонтар. Хотираҳо рӯшантар. Ишораҳо фаҳмотар. Андешаҳо амиқтар. Эҳсоси қарзи фарзандӣ сангинтар”.

    Hamesha komyob boshed

    Samak

    Comment by Samak | 08.06.2009 | Reply

  3. Ташаккур акои Салим. Маколаатон хеле мутаассирам кард. Худо шумо ва устод Акбарро хифз кунад.

    Comment by Азиз | 08.06.2009 | Reply

  4. Дуруд бар хама! Вой бар холат “Точикистони сохибистиклол” ки, аз устод Акбари Турсон истифода набурдаи. Касоне ки, сохиби “Истиклоли акл” ё “истклоли фикр” бошанд, барои онхо дар Точикистон чой нест. Ин, расми Давлати сохибистиклоли Точикистон аст. То вакте ки, “аклхо ва фикрхо” озод набошанд, хеч вакт дар Точикистон зиндаги бехтар намешавад. Зиндагии хуб, давлати бокувват ва умуман хама намуди бехбудихо, КУРБОНИ МЕТАЛАБАД. Масалан: Рахбар бояд барои худ зиндаги накунад, барои мардум зиндаги кунад, яъне НАФСАШРО КУРБОНИ КУНАД.(чонашро не!) Дар Точикистон бошад, рахбарон хама баръакс, ГУЛОМИ НАФС шудаанд. Аввал барои худ зиндаги мекунанд, сони барои ахлу оила, баъд барои хешу табор ва махала. Агар касе ки, барои Ватану Миллат нафсашро курбони кард, чонашро низ дарег намедорад. Рохбари кори осон нест. Дар хар чое ки, курсии рохбари харида ё фурухта шавад, дар он чо хама намуди фасодихоро мушохида кардан мумкин аст. Агар касе ки, “СОХИБИ ЛАЧОМИ НАФСАШ” шуда тавонад, (яъне нафсро гуломи худ гардонад) дар хама чо, дар хама кор пируз мегардад.

    Comment by Patriot | 08.06.2009 | Reply

  5. Дуруд бар хама! Вой бар холат “Точикистони сохибистиклол” ки, аз устод Акбари Турсон истифода набурдаи. Касоне ки, сохиби “Истиклоли акл” ё “истклоли фикр” бошанд, барои онхо дар Точикистон чой нест. Ин расми Давлати сохибистиклоли Точикистон аст. Дар зиндаги ба кадри БУЗУРГОН намерасанд, баъд бо номи онхо хиёбонхоро номгузори мекунанд. То вакте ки, “аклхо ва фикрхо” озод набошанд, хеч вакт дар Точикистон зиндаги бехтар намешавад. Зиндагии хуб, давлати бокувват ва умуман хама намуди бехбудихо, КУРБОНИ МЕТАЛАБАД. Масалан: Рахбар бояд барои худ зиндаги накунад, барои мардум зиндаги кунад, яъне НАФСАШРО КУРБОНИ КУНАД.(чонашро не!) Дар Точикистон бошад, рахбарон хама баръакс, ГУЛОМИ НАФС шудаанд. Аввал барои худ зиндаги мекунанд, сони барои ахлу оила, баъд барои хешу табор ва махала. Агар касе ки, барои Ватану Миллат нафсашро курбони кард, чонашро низ дарег намедорад. Рохбари кори осон нест. Дар хар чое ки, курсии рохбари харида ё фурухта шавад, дар он чо хама намуди фасодихоро мушохида кардан мумкин аст. Агар касе ки, “СОХИБИ ЛАЧОМИ НАФСАШ” шуда тавонад, (яъне нафсро гуломи худ гардонад) дар хама чо, дар хама кор пируз мегардад.

    Comment by Patriot | 08.06.2009 | Reply

  6. Salom Barodari Aziz Salim,

    Az navishtahoi shumo hele husham omad. Bale, har kadamy har fikri ustod Akbari Turson boyad ba honandagon ifsho va moyai ibrat gardad. Chunon ki shumo edras gashted, “istikloliyati akl va fikr”, hele muhim ast. Lek mutaasifona, in “istikloliyat”, ma’mulan dar jomeai mo mahdud megardad,az ogozii kudaki…Navishtahoi peshini shumo niz oidi “istikloliyati fikr” agar hato nakunam dar misoli navarasi ironie, ki dar tayera vohurda buded va hamchunin navrasi amrikoivy padarash dar metroi New York hele taasurotbahsh budand. Bale, in darsest, baroi mo. Vale, mutaasifona pas az in kadre az raftori hesh nisbati farzandonam dar hijolat mondam. Bale, raftory kirdory suhanronii kudakon ozod ast. Vale, mo na hamma vakt onro dark mekunem. Ed doram, pisaraki hurdii man vakte ki dysola e beshtar az in bud, az kitobhonivy she’rhonihoi barodarash ba vajh omada bud.Har goh fursat dast dihad kitobero ba dast meovardy onro varakgardony rasmhoyashro tamosho mekard, gohho bo kalam dar onho nakshe mekashid.Hatto gohho kitobro kushoda ba misli shahsi kitob hondaistoda boloi navishtaho sarashro boloi satrho burda meovard. Gohho uro sarzanish ham mekardam, ki kitobhoi barodarashro farsuda kardaast. Pas ruze ba hotiram omad ki bo in raftori hud mumkin ast mehri uro nisbati kitobhonivy tahsil kohish diham.Pas az in chand kitobero baroi u dastras namudam va dar kunji hona guzoshtam va ba u guftam ki in kitobho baroi ust, az in hele shod bud va didam ki digar kitobdaronivy kalamkashii zied namekunad. Ba fikram, “Istikloliyati akli”, az kudaki mansha megirad, pas mo boyad bore ba raftori hud nisbati farzandonamon, hamchun yak shahsi ozod bahoguzori namoem va baroi doroi “Istikloliyati akli” gashtani onho sahmguzor boshem.

    Uzr, barodari aziz kame sergappi shud.

    Hudo Hofiz.

    Comment by Mehmon | 08.06.2009 | Reply

    • Бисер сахнаи чолиберо ба тасвир кашидаед. Дар хакикат мо дар тарбияи фарзандон на ба гунае рафтор мекунем, ки бояд кард. Аммо дидаам, ки бо каме камол ёфтани фарзандон, муносибат ва равобити падару модар бо онхо куллан иваз мешавад. Ин бисер хуб аст.

      Аз тарафи дигар, тарбияи олии онхо замоне имконпазир мешавад, ки хонавода дар рифоҳ ба сар барад ва даромади кофие дошта бошад, ки як бахши онро махсус барои фарзандон, дакиктараш барои рушди маънавии онҳо сарф кунад.

      Намунаи устод Акбар, зоҳиран, истисноист. Он кас худашон худро сохтанд, аммо реша боз ҳамон озодие буд, ки дар кӯдакй доштаанд, дар давраи ташаккули хислату характер ва нахустин дидгоҳҳову бинишҳо.

      Ах даргоҳи Худованди бузург мехоҳам, фарзандони тоҷик тавре ба воя расанд, ки битавонанд, ба мардуми худ хидмат кунанд ва номи миллатро бар фарози кӯҳҳои Помир бардоранд.

      Сипосгузорам аз мехрубониятон ва номаи зебоятон.

      Comment by aioubzod | 22.06.2009 | Reply

  7. Дуруд бар хама! Вой бар холат “Точикистони сохибистиклол” ки, аз устод Акбари Турсон истифода набурдаи. Касоне ки, сохиби “Истиклоли акл” ё “истклоли фикр” бошанд, барои онхо дар Точикистон чой нест. Ин, расми Давлати сохибистиклоли Точикистон аст. Дар зиндаги ба кадри БУЗУРГОН намерасанд, баъд бо номи онхо хиёбонхоро номгузори мекунанд. То вакте ки, “аклхо ва фикрхо” озод набошанд, хеч вакт дар Точикистон зиндаги бехтар намешавад. Зиндагии хуб, давлати бокувват ва умуман хама намуди бехбудихо, КУРБОНИ МЕТАЛАБАД. Масалан: Рахбар бояд барои худ зиндаги накунад, барои мардум зиндаги кунад, яъне НАФСАШРО КУРБОНИ КУНАД.(чонашро не!) Дар Точикистон бошад, рахбарон хама баръакс, ГУЛОМИ НАФС шудаанд. Аввал барои худ зиндаги мекунанд, сони барои ахлу оила, баъд барои хешу табор ва махала. Агар касе ки, барои Ватану Миллат нафсашро курбони кард, чонашро низ дарег намедорад. Рохбари кори осон нест. Дар хар чое ки, курсии рохбари харида ё фурухта шавад, дар он чо хама намуди фасодихоро мушохида кардан мумкин аст. Агар касе ки, “СОХИБИ ЛАЧОМИ НАФСАШ” шуда тавонад, (яъне нафсро гуломи худ гардонад) дар хама чо, дар хама кор пируз мегардад.

    Comment by Patriot | 09.06.2009 | Reply

  8. Шахрвандони Чумхурии Точикистон , ки дар ягонаги халки Точикистонро ташкил медихад!
    Ин паём ба калбу хиради хар кадоми Шумо равона карда шудааст.
    Хизби Сосиал-демократи Точикистон (ХСДТ) – ин хизби шахрвандони новобаста аз чинсияту дин ва миллияту фаркиятхои дигар озоду мустакил ва дар шаъну хукукхои худ баробархукуки кишваре мебошад, ки
    ВАТАНИ ЯГОНАИ БО НОМИ ТОЧИКИСТОН ДОРАНДУ
    НОМИ ЯГОНАИ ПУРИФТИХОРИ ТОЧИКИСТОНИ
    Агар ту шахрванди озоду мустакил ва бо дигарон баробаре ба номи пурифтихори Точикистони ва дорои Ватани ягона хасти ё мехохи хамингуна боши, пас ХСДТ хизби туст!
    ХСДТ ба халки Точикистон, ба шахрвандони кишвар рохи алтернативии Сосиал-демократии тараккиётро пешниход мекунад, ки асоси онро ташкил медиханд:
    – Хадафи асоси – ташаккули Точикистони Сосиал-демократи бо давлатдории Хукукбунёд ва чомиаи шахрвандии бар принсипхои озоди, баробари, хамраъйи ва адолати ичтимои бунёдёфта;
    – Андешаи асоси – адолати ичтимои ва давлати ичтимои, иктисоди, ки дар он одамони аз чихати ичтимои химоятшуда зиндаги мекунанд ва дар назди конуну суд баробаранд;
    – Субъекти асоси – инсон ва шахрванди аз чихати ичтимои, иктисоди ва сиёси озоду дорои маърифати фарханги, ки бе он на чомиаи шахрванди ва на давлати кави вучуд дорад;
    – Омили асоси – ташаккули кишри миёнаи дар низоми ичтимои бартаре, ки асоси кобили зист будани чомеа аст;
    – Сармояи асоси – неруи инсониву зехние, ки бояд мавриди талаб карор гирифта шуда ва барояш шароити мусоид фарохам шудааст;
    – Акидаи асоск – демократия шарти асосии рушд, на натичаи он мебошад, яъне, бе демократия рушди одилонаи иxтимои имконнопазир аст, зеро махз демократия нерухои созандаро озод мекунад, тахаюлро илхом мебахшад, ба дигаргуниву навоварихои барои тараккиёти иктисоди ва харгуна рушди зарур мусоидат мекунад.
    Ва баръакс. Рушди иктисоди бидуни демократия ин беадолатии ичтимои, коррупсия ва тафаккури мутлакгарост.
    Хулоса, ХСДТ – ин хизби демократияи ичтимои ва давлати ичтимои дар доираи чомиаи ичтимоиву фархангии шахрвандист, ки арзандаи хотираи таърихии мо мебошад.
    Мо мутмаинем, ки Хукуки асосии инсон ва чомиа ин дастрасии баробару озодона ба имконот буда, ва маънои асосии вахдати милли, табаъияти сидкии аклонист, ки бар имконоти баробару рушди озоди хар фард, оила, кавму миллат ва ниходхои чомиаи шахрванди асос ёфтааст.
    Махз барои хамин хам шиори ХСДТ «Хирад, Адолат, Тараккиёт» мебошад.
    Бо хамин паём мо бо камоли ифтихор эълом мекунем:
    ХСДТ хизби шахрвандонест, ки якчояву бидуни тарсу харос барои адолати ичтимоиву авлавияти конун ва рохи тараккиёти Сосиал-демократии Точикистон мубориза мебаранд.
    Мо аз мухолифат ба худ ва ё аз карор гирифтан дар мухолифат ба хокимият харос надорем. ХСДТ хамеша тарафдори мухолифати созанда мебошад.
    Ва махз барои хамин хам онхое, ки аз принсипхои демокративу авлавияти конун ва эхтиромгузори ба хукуки инсону адолати ичтимои дуранд, аз мо метарсанд ва моро сиёх мекунанду махдуд месозанд.
    Мо аллакай хаштуним хазорем, ки дар катори мо зиёда аз 80 доктор ва номзадхои илм мавчуд буда 75% аъзохои мо чавонони то 35 сола мебошанд.
    Дар охир гуфтанием, ки имруз узви Хизби Сотсиал-демократ будан, матонат талаб мекунад ва аъзо будан шараф аст. Мо ояндаи Ватани дустоштаамон, ки Точикистон ном дорад хастем!

    Comment by Forsage | 09.06.2009 | Reply

  9. […] навиштаи пешинаи маро бихонед, дар ин бора тасаввуроте пайдо хоҳед кард. […]

    Pingback by Бозгашти Акбари Турсон ба Ватан « Салими Аюбзод | 31.03.2011 | Reply

  10. […] навиштаи пешинаи маро бихонед, дар ин бора тасаввуроте пайдо хоҳед кард. […]

    Pingback by Бозгашти Акбари Турсон « Салими Аюбзод | 31.03.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: