Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

2. Хотираҳои гарми Маскави “собиқ”

Akbar Turson-MoscowМуҳит чизест, ки моро иҳота мекунад. Давродавр ва гирдогирди мо. Дар гирди кас чанд доирае ҳаст, ки аз ҳарими нафаси инсон сар шуда, фарохно меёбад ва то ба кайҳон меравад. Муҳити наздикро шахс худ барои хеш месозад, дувумиро атрофиёну ҷомеа ва савумиро Худованд.

Фалсафа ҳамаи падидаҳоро даврабандӣ ва раддабандӣ мекунад, то ақли инсон назму низомеро дар атрофи худ дарк кунад ва гардиши саъду ситора, таносуби сарнавишту толеъро дарк кунад. То ба он ягонатарину асоситарин суоли худ посух ёбад.

Дарёфти риштаву бофтаҳои мантиқие на танҳо дар макон, балки дар замон низ.

Агар ҳамин гуна дар зери таъсири илми устод Акбар давраҳои зиндагии ӯро бастабандӣ кунем, шояд чаҳор марҳила мавриди назар шавад.

1. Овони наврасӣ ва ҷавонӣ: балоғати ҷисмонию маънавӣ миёни бачагони шӯхе, ки онҳоро сокинони дигар гузарҳои шаҳр «сарибозорӣ — худобезорӣ» ном дода буданд. Таҳсил дар донишгоҳ дар Душанбеи сарсабз. Такмили ихтисос дар Донишгоҳи Ленингард ва Институти физикаю техникаи ҳамон шаҳр бо тавсия ва роҳнамоии илмии президенти АИ Тоҷикистон Султон Умаров, ки роҳбари корҳои курсӣ ва дипломии Акбар буданд.

2. Давраи таҳсил дар аспирантураи Институти фалсафаи АИ СССР, оғози фаъолияти илмӣ, кору зиндагии минбаъда дар Маскав бо бозгаштҳои кӯтоҳмуддат ба Душанбе.

3. Идомаи пажӯҳишҳойи гуногунсоҳаи илмӣ ва иҷрои корҳои маъмурию илмӣ дар Тоҷикистон (Шӯъбаи фалсафаи Академия, идораи Қомуснигории тоҷик, Институти шарқшиносӣ ва Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва равбити байналхалқӣ). Ҳамзамон дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикӣ аз роҳи навиштани китобу мақолаҳо фаъолона ширкат меварзанд, дар зимни гуфтугӯҳои шахсӣ бо роҳбарони ҳизбию шӯравии ҷумҳурӣ аз номи интеллигентсияи тоҷик ба сиёсати фарҳангӣ дахолату далолат менамоянд ва ниҳоят дар арафаи ҷанги ҳамватанӣ ҳамроҳи Лоиқу Латифӣ барои ба муросои миллӣ овардани тарафҳои даргир талош меварзанд.

4. Бо даъвати ташкилоти байналмилалии равобити илмӣ ба Амрико мераванд, вале баъди анҷом ёфтани мусофират ба иллати авҷ гирифтани ҷанги дохилӣ, ки бо террори журналистон, адибон ва олимон тавъам шуд, муваққатӣ он ҷо мемонанд ва минбаъд ба муҳити амрикоӣ одат карда, зиндагиро дар он тарафи уқёнус ихтиёр мекунанд. (Аммо ҳанӯз ҳам ба сафи шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида напайвастаанд!)

Ва агар бори дигар ба номгӯйи китобҳои устод Акбар бингарем, пурбортарин солҳояш ба муҳити Маскав рост меояд. Дар он давра мавридҳое ҳам шудааст, ки соле якбора ду китобаш дар ду нашриёти машҳури Маскав ба табъ расад. Ва дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмӣ ва назарию сиёсӣ даҳҳо мақола чоп кунондааст, ки дар фалсафа ва методологияи илм, махсусан илми кайҳоншиносӣ (космология), инчунин фарҳангшиносӣ (номи ин илм – «культуроведение» – ихтирои ӯст) самтҳо ва уфуқҳои нави пажӯҳишро кушодаанд.

Худаш мегӯяд: “Дар муҳити илмию фарҳангии Маскав ман ба сони моҳӣ дар об будам. Дар семинарҳои илмии Институтҳои фалсафа, шарқшиносӣ ва таҳқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои шӯравӣ, инчунин Институти астрономияи Донишгоҳи давлатии Маскав ширкат карда, бо олимиони машҳури физикдону кайҳоншинос, файласуфу шарқшинос унс гирифтам. Забони илмиам бошад, дар идораи маҷаллаҳои «Вопросы философии», «Вопросы литературы», «Вестник АН СССР», «Земля и Вселенная», «Филофские науки», «Природа», «Знание – сила», нашриётҳои «Политиздат», «Наука», «Мысль», «Советская Россия» ва «Знание», инчунин рӯзномаи «Правда», такмил меёфту сайқал мехӯрд.

Дар зимни баҳсу мунозираҳои доманадоре, ки бо муҳаррирону мунаққидону мушовирони илмии нашрияҳои мазкур доштам, сабки хоси илмӣ пайдо кардам. Бароям ба хусус муҳити хайрхоҳонаи эҷодии Москва хушоянд буд, ки ҳам ба ташаккули тафаккури интиқодӣ ва ҳам рушди маънавии шахс ҳамаҷиҳата мусоидат мекард. Чизе ки менавиштаму мегуфтам, самимона пазироӣ мешуду аз ҷониби ҳамкасбон қадрдонӣ. Аз ҳама муҳимаш дар ягон идора, институт ё нашриёт ба ман ҳамчун, ба истилоҳ, “кадри миллӣ” гузашт намекарданд, баробар муносибат карда, навиштаҳоямро аз рӯи меъёрҳои барои ҳамагон умумӣ тақвиму тақдир мекарданд».

Аз устод мепурсам, ки гуфтаҳояшонро бо ягон мисоли мушаххас шарҳ диҳанд. Дар ҷавоб як лаҳзаи аҷибро аз рӯзгори москвагиашон ҳикоя мекунанд.

«Боре рӯзи баррасии мақолаи навбатиам дар идораи «Вопросы философии» бо ширкати ҳайати таҳририяи 22–нафараи маҷалла ба рӯзи ҷашни 75 солагии Брежнев рост омад. Чун инро донистам, хостам, ба хотири як навъ эътироз, ҷавонӣ карда, аксуламале нишон диҳам. Ду рӯз пеш ба идора даромада, эпиграфи мақолаамро дигар карданӣ шудам. Котиби маҷалла мақолаамро аллакай 22 нусха чоп карда ба конвертҳо андохта хаткашони идораашонро мунтазир будаст, ки онҳоро ба аъзои ҳайати таҳририя хона ба хона бурда диҳад. Фиғонаш баромад: «Ман корамро тамом кардам, худатон ҳисобатонро ёбед! Лутфан, ба сари мошинка нишинеду эпиграфатонро алоҳида чоп карда баъд ба рӯи саҳифайи аввали ҳамаи нусхаҳо худатон часпонед!» Навиштаи Марксро чоп карда ба ҷои рубоии Хайём часпондам, ки матлааш ин буд: «Фалсафа иқрори Прометейро шиор карда мегӯяд: ба ростӣ, ба ҷумла худоён нафрат дорам – ҳам ба худоёни осмонӣ ва ҳам ба худоёни заминӣ». (Албатта манзури худам худоёни заминӣ буданд.) Рӯзи ҷашн радиою телевизион аз субҳ сар карда ба ситоиши соҳибҷашн пардохт, рӯзномаҳо бошанд, бо расмҳову шодбошҳо пур шуданд.

Дар ҳайати таҳририя ду –се пири фалсафаи шӯравӣ буданд, ки онҳоро кормандони ман барин ҷавони маҷалла «наши генералы» меномиданд. Вақти муҳокима яке аз онҳо мақсади танзомези манро зуд пай бурд, вале чун эроди сиёсиашро рӯирост баён карда наметавонист, гапро аз дур сар карда аз мудири шӯъба бо оҳанги омирона пурсид: «Шумо медонед, ки ҳаҷми ниҳоии мақола бояд аз 5,5 саҳифаи журнал беш набошад. Пас, чаро ҳар дафъа мақолаи Акбар аз ҳад мегузарад, то 6–6,5 саҳифа мерасад?» Мудири шӯъба як ҷавони густох буд (хусусан ки падараш дар Кумитаи Марказӣ кор мекард!), вай аз ҷояш хеста, ба пеши «генерал» – академик Омеляновский омад ва ба рӯи мизаш нусхайи мақолаи маро гузошта писхандомезона гуфт: «Марҳамат, Михаил Эразмович, худатон ихтисор кунед, зӯри ман нарасид – ҷумлаҳояш чунон ба ҳам робитаи мантиқӣ доранд, ки якеро ихтисор кунӣ, тамоми бинои мақола фурӯ менишинад!» Академик бошад, чун гурги борондида буд, зуд ба асли матлабаш рӯ овард: «Метавонистед аққалан эпиграфашро ихтисор кунед, мана бинед, қариб чоряки саҳифаро банд кардааст!» Мудир на фақат паст наомад, балки ба ҳуҷум гузашт: «Магар Шумо мехоҳед, ки гуфтаи Марксро хат занам?!» Академик бошад, ба саволи ӯ эътибор надода, ба ман ҳамла кард: «Шумо аз осори дар ҷавонӣ навиштаи Маркс иқтибос овардед, магар намедонед, ки он вақт вай идеалист буд?!» Ман аз ҷоям хеста, бо овози баланд гуфтам: «Чаро медонам. Ва аммо… ман ҳам ҷавонам охир!» Ҳозирон ҳама якбора хандиданд. Мӯйсафед худро гум кард. Сармуҳаррир Иван Фролов, ки марди кордону чаққон буду ба ман ҳусни назар дошт, зуд лагоми баҳсро ба даст гирифта гуфт: «Хуб, пас мақоларо бо назардошти мулоҳизаи Михаил Эразмович ба чоп тавсия мекунем!» Ҳамагон хушҳолона розӣ шуданд…»

Дар ин ҷои сӯҳбат танаффус мекунем ва аз Маскави имрӯза, аз Русияи муосир ва куштори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар ҳарф мезанем. Дигар он Маскави гарми Акбари Турсон вуҷуд надорад…

11.06.2009 - Posted by | Илм, Ҳолнома | ,

4 Comments »

  1. Дуруди басо самими аз Точикистон. Ман низ ахиран дар катори одамони зиёде карор гирифтам, ки ба зуди ба ин сомона мехмони меоянд. Хар гох ки гушнаи дарёфти иттилои лаззие шудам инчо сар мехалонам ва бо шиками пур онро то навбати дигар тарк мекунам. Ташаккур аз ШУМО. Хамеша муваффаку саодатманд бошед!

    Comment by Абдулазиз | 12.06.2009 | Reply

    • Хуш омадед, Абдулазизи гиромй. Аз даргохи оне ки ишкро офарид, металабам, харгиз аз ин сомона ноумед нагардед ва фосилаи байни мехмонии Шумо ин чо бисеру бисер кутох бошад. Худо кунад посухгуи интизорихои Шумо ва дустони дигар бошам.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  2. Салом Огои Салим. Аз навиштаатон хеле хушам омад. Бо майли том хотирахои Устод Акбари Турсонро хондам.Хеле наклхои ачоиб.
    Дар омади гап бояд гуям,ки банда охирхои мохи май сафари хидмати доштам ба Маскав. Дар Донишгохи Давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов баромад доштам. Албатта ба муносибати олимони ин Донишгох ахамият додам. Рости гап муносибаташон нисбати ман чи хеле,ки 10-20 сол пештар буд, хамон тавр мондааст. Хеле муносибати хайрхохона доштанд.Ба яке аз мачалахои илми як маколаи 64 сахифаги супоридам. Он чо аслан маколахо дар хачми 5-10 сахифа чоп мешаванд, вале маколаи маро хушбахтона кабул намуданд барои чоп. Чи хеле,ки гуфтанд ” в порядке исключения”.Вале берун аз Донишгох, дар хакикат Маскави дигареро дарефтам. Ин Маскав дигар Маскави “собик” нест.Дар куча, дар бозор ва магозахо муносибати ахоли, милиса тамоман дигар аст.Афсус…..

    Comment by Махмадрахим | 12.06.2009 | Reply

    • Дуруд ба Махмадрахими азиз. Сипосгузорам аз номаи самимонаи Шумо, хамонгуна самимона монанди хамаи номахои гузаштае, ки аз он диёри дур мефиристед.

      Шодам, ки эхтироми точикон дар махофили илмии Маскав хамоно бокист ва орзу дорам, Шумо ба он сарвате, ки аз устодон Гафурову Турсону Шариф Шукур ва бузургони дигар дар фазои илмии Маскав парафшон аст, хамингуна аз худ биафзоед ва рохи онхоро идома бидихед.

      Дар матлаби баъдй устод Турсон сарнавишти олими физики Покистон, Абдусаломро накл мекунанд ва хохед дид, ки он ба хамаи Шумо низ дахл дорад. Орзу мекунам, комёбихои бузурге насибатон гардад. Хам дар илм ва хам дар хаёти хусусй.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: