Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

3. Чаро пешрафте нест ва самти фардо кадом аст?

Ustaad Akbari TursonПаймон буд, ки гуфтори мо сол ба солу зина ба зина равад. Аммо суханоне, ки бояд гуфта шаванд, ин қадар зиёданду фурсат ин қадар кам. Ва шояд дӯстон ҳам ранҷидаанд, ки пурсиши онҳо гӯё дар ҳаво монд. Аммо шитоб накунед. Оҳиста равем ва пайваста…

Ҳамаи пурсишҳо посух хоҳанд дид ва ҳазорон ҳарфи дигар мусаббат хоҳад шуд. Чун ин арзишро доранд, ки агар на барои имрӯзиён, барои ояндагон ин ҷо бимонанд.

Вале имрӯз шоҳид шавед, ки посухи як суол аз куҷо то ба куҷост. Дар ин навор тақрибан 70 дарсади посух гунҷонда шудааст. Посухҳои баъдии устод Акбари Турсонро интизор бошед. Ба ҳар кадоми Шумо ва ба ҳар суоли Шумо.

21.06.2009 - Posted by | Ватан, Илм | ,

9 Comments »

  1. Даст марезод! Тахлиле фарогир ва дакику мушикофона буд. Сипосгузор, Д

    Comment by Dariush | 21.06.2009 | Reply

    • Зинда бошед, щодам, ки бо устод дар тамос шудед. Боз хам пузиш барои мушкили фаннй, ки паёматон дер руи сафха омад.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  2. Салом ба хама ! Кучо шуданд хамаи онхое ки интизори паём аз Акбари Турсон буданд? Чаро фикрашонро руи сафха намеоранд?
    Мана мебинем Устод Турсона фикри он каса дар бораи оянда мешунавем вале хомушем.. Мо бояд хар чи бештар ба чунин бахсхо огозем. Ки кучост рохи начоти мо? кадом самта ихтиёр кунем? Ва чаро ин самт ? Бо факту ракам исбот кунем ки мо хак хастем? Ва ба делели дигарон гуш дихем.
    Ман ба фикри Акбари Турсон рози хастам. Албатта хама медонем ки Точикистону Эрону Афгонистон дар пояхои гуногуни тараккиёт карор доран ва сохти давлатии мо хам фарки зиёд дорад.Аммо чизе ки моро ба хам мепайвадад ин забони мо дини мо фарханги мост. Ва истифода аз дастовардхои хамдигар дар тамоми сохахо бояд хатми бошад чун на тарчима мехохаду на масрафи калон…

    Comment by Самак | 21.06.2009 | Reply

    • Комилан дуруст. Дар бахсе дар торнигори “Андеша” бо фишору зурй акидаи мухолифони алифбои ниёкон бартарй пайдо кард. Дар шигифтам, чаро касе аз мо, тарафдорони бозгашт ба ин дабира, як далели асосиро нагуфтем, ки бидуни ин равобити мо бо олами форсизабон човидона нокис ва бесамар бокй хохад монд.

      Бидуни ин он ду бахше, ки устод Турсон дар бораи зарурати хамоиши онхо сухбат мекунад, нахоханд тавонист ба таври вокей вахдат пайдо кунанд. Ба ин сурат расмулхат ба девори монеа табдил хохад гашт ва таври маълум хар монеае зидди пешрафт аст.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  3. Вахдати аклонии горатгарон бо горатшудагон? Ман Шуморо намефахмам,Устод. Дигар: иродаи сиёсии кихо? Охир, инхо факат иродаи нафсу киса доранд! Ва хамчунин иродаи ЗУЛМ.
    Як бор омада, ку, ин харфхоятонро бо забони инсонй ба ин барбархо фахмонед. Инхо хамаро “сварка” кардаанд, Устод! Вахдат, рушд, адолат – мафхуми ин калимахо барои инхо бегонаанд!
    Як камтар заминитар (вокеъитар) сухбат кунед.
    Саломат бошед, Устод.

    Comment by Мунаввар | 22.06.2009 | Reply

    • Устод Турсон дар бахшхои баъдй ин мавзуъхоро ба таври муфассал шарх хоханд дод. Аммо аз худам мегуям, ки дунё баумед.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  4. Дуруд ба хамаи бародарони бедор!

    Мутаассифона компи банда навори гунчондаи устод Салимро боз накард ва рости ки бехабар хастам аз чавобхои устоди бузург Акбари Турсон. Аз бародари азиз Салим мепурсидам, ки агар имкон бошад посуххои устодро бевосита ба имайли банда равон намоед. Каблан муташаккир.
    Ба гуфтахои Мунаввар сад андар сад рози хастам. Бадбахтона, чомеаи мо имруз ба дарачае паст ва махдуд гардидааст, ки ногуфтани. Мана диккат дихед ба ин хабаре, ки НАНСМИТ имруз пахн кардааст. Бо риояи хукуки муллифи онро кучонда ин чо чой мекунонам. Хонед ва худ казоват кунед. Ба пешвози пойу кадами “муборакашон” – Иди Вахдат газетахои мустакили Сугд низ истирохат карданд ва дар натича мардуми тамоми вилоят аз гизои аввалиндарача – иттилоот, махрум гардиданд. Зинда бод Вахдат!

    Независимые газеты Согдийской области объявили каникулы в связи с праздником Дня национального единства
    25.06.2009
    Выпуск очередных номеров неправительственных изданий «Сугд», «Вароруд» и «Хамсояхо» приостановлен в связи с праздником Дня национального единства «Вахдат», который ежегодно в Таджикистане отмечается 27 июня.

    В нынешнем году День национального единства РТ широко празднуется в Согдийской области с участием Главы государства Эмомали Рахмона и высокопоставленных гостей из разных стран мира.

    Как сообщили в редакциях данных газет, в связи с тем, что на праздник в Согдийскую область будут приезжать много высокопоставленных гостей из столицы республики, все областные дороги будут закрыты, и газеты не возможно будет распространять. Поэтому, в целях избежание ненужных потерь, руководители решили не выпускать газеты в праздничные дни.

    Источник: Мониторинговая служба НАНСМИТ.

    Comment by Sooroosh | 25.06.2009 | Reply

  5. Субх ба хайр бузургон! Метарсам, ки ин нома хам сенсур хохад шуд. Аллакай чанд маротиб аст, ки навиштахои банда руйи сафхаи Устод Салим чой намегиранд. Шояд дастандарбакорон ин чо хам “даст” ёфта бошанд?
    Дируз навишта будам, ки аз чи сабаб посуххои Устоди бузург Акбари Турсонро пайдо карда натавонистам. Ва аз Устод Салим дархост намуда будам, ки агар имкон дошта бошад он посуххоро ба пусти электронии банда партоянд.
    Зимнан, ба гуфтахои бародари азиз Мунаввар аз тахти дил ризоям.

    Comment by Sooroosh | 26.06.2009 | Reply

    • Як мушкили умдае мисли ангал(вирус) андаруни ин торнигор афтодааст, ки номахо ба ман намерасанд ва ба хазинаи умумии Вордпресс мераванд ва ман бояд аз он марказ дархост кунам, ки паёме барои ман хаст ё на ва агар чизе буд, онхо бароям бифиристанд.

      Иллат хануз номаълум аст. Маъзарат аз хамаи азизон.

      Comment by aioubzod | 26.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: