Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

4. Кайҳон дар пиёла

Ustad TursonИмрӯз ҳама дар бораи баҳси оби Осиёи Марказӣ менависанд. Баъзеҳо ба обшиносу коршиноси минтақа табдил ёфтаанд. Президентҳо Медведеву Раҳмон дар масъалаи об гуфтугӯ мекунанд, Ислом Каримов мушт ба осмон мебардорад, Бердимуҳаммадов ба шиори вай ҳамовоз мешавад. Аммо…

БУЗУРГТАРИН ХАТАР

Аммо Акбар Турсон аввалин касе буд, ҳанӯз 15 сол пеш ин масъаларо бо тамоми нозукиҳояш пешгӯӣ кард. Дар нахустин рӯзҳои сафараш ба Амрико, дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вашингтон, дар ҳамон рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанг идома дошт, донишмандону пажӯҳандагон аз ӯ пурсиданд, ки бузургтарин хатар барои Осиёи Марказӣ чист? Шояд интизор доштанд, мегӯяд, “фундаментализми исломӣ.” Вале ӯ гуфт, бузургтарин хатар об аст, саҳеҳтараш баҳсҳое, ки дар оянда сари об хоҳанд бархост.

Баъзеҳо аз ин посух дилсард шуданд, вале Фредерик Старр, раҳбари донишгоҳ аз ӯ хост, андешаҳояшро дар шакли мақолае бинависад. Дар Ғарб ҳар бор сухан аз истифодаи захираҳои оби минтақа равад, ғолибан аз ин мақолаи ӯ нақли қавл мекунанд. Дар ватан касе аз ӯ ном намебарад. Ҳатто вақте ки порчаҳое аз навиштаҳои ӯро дар мақолаи худ ҷой медиҳанд, номи ӯро намеоранд. Бузургтарин хатар ба мо — тоҷикон нописандӣ, кинаву адоват, ҳамдигарбадбиниву бегонапарастист.

МУРИДОНИ АБӮРАЙҲОН

Бояд номҳоро иваз кард: Акбар Турсони Берунӣ, Бозор Собири Берунӣ, Фирӯз Баҳори Берунӣ, Адҳам Холиқи Берунӣ, Музаффар Бурҳони Берунӣ, Ҷамшед Усмони Берунӣ, Амрӣ Аминови Берунӣ, Фаридун Неъматзодаи Берунӣ, Бӯрӣ Карими Берунӣ ва ғайра…

Пири ҳамаи онҳо — Абурайҳони Берунӣ. Вале магар Сино ҳам дарбадар набуд? Фирдавсӣ? Саъдӣ?

Лек миллат имрӯз дигар аст. Беруниҳоро дӯст намедорад. Ба рӯи номи Беруниҳо хат кашидаанд. Беруниҳо дар ҳеҷ феҳрасте нестанд. Беруниҳо мавриди гумону тардиданд. Онҳо гӯё вуҷуд надоранд. Барои ҷаҳон вуҷуд доранд, аммо на барои Тоҷикистони кӯчак. Як навъи хиёнат ба хештан. Боз мепурсем, чаро мо мисли арманиҳо нестем…

Муҳит чизест, ки моро иҳота мекунад. Давродавр ва гирдогирди мо.

Манзиле дар миёни ҷангалзор. Худ ба сари хеш. Мустақил. Асбоби рӯзгор, бигзор на асбоби кайфу маишат, аммо қути лоямут, омода. Фақат бинишину бинавис. Ҳар чизе ки дилат мехоҳад.

Удаборо бо гузашти умр илҳом мекоҳад, вале олимонро хирад дар пайванде бо таҷриба истеҳком меёбад. Кори дигаре нест. Биншину бинавис. Беҳтарин фазо ва беҳтарин шароит!

КАЙҲОН ДАР ПИЁЛА

Дар манзили ӯ фикр намекунӣ, ки дар Амрикоӣ. Гӯё хонаест дар биноҳои ҳаштошёнаи хиёбони Рӯдакӣ дар рӯбарӯи меҳмонсарои “Авесто” ва ё дар нӯҳтабақаҳои гардиши фурудгоҳ. Шояд на фақат барои он ки ин хона пур аз нишонаҳои Тоҷикистон аст, балки фазои он пур аз ишқ, дард, андеша, ёд, бӯй, ранг ва набзи Тоҷикистон аст. Дар ин ҷо андешаҳое аз Тоҷикистон оғоз ёфтаву то ба кайҳон мераванд ва ё аз кайҳон сар шуда, то ба Тоҷикистон бозмегарданд.

Ҳоло он суоли асосӣ, ягонатарин пурсиш, даъвои кулл, хоҳиши ҳамагонии дӯстони ин торнигор ба ёдам мерасад.

— Бигзор, бигзор… Аммо агар аз нақши як рӯшанфикр ё рӯшангаро, муфаккир ё мутафаккир, ки мегӯем, чаро Шумо дар Тоҷикистон нестед. Самандар навишта буд, агар он ҷо мебудед, ҳама чиз фарқ мекард. Суруш менависад, “бозгарданд ва барои ободии меҳани худ саҳм бигузоранд.” Меҳмону Патриот ҳам дар ин фикр ва фақат Дабир мегуфт, бознагарданд, зеро касе дар ватан ба қадрашон нахоҳад расид. Аммо худи эшон чӣ мегӯянд?

Саъдиёна ривоятеро меорад.

ДОСТОНИ АБДУСАЛОМ

“Физики машҳури покистонӣ бо номи Абдусалом дар Бритониё ба сар мебарад. Сабаб дар он буд, ки таъсисдиҳандагони як созмон дар Покистон аз ӯ напурсида, номашро дар қатори аъзои худ навиштаанд. Ин созмон дар Покистон мамнӯъ эълон шуд ва Абдусалом маҷбур гашт ватанашро тарк кунад. Дар Бритониё таҳқиқоти илмии худро идома дод ва ҳамроҳ бо як олими амрикоӣ ба Ҷоизаи Нобел мушарраф гашт. Як ҷоизаро ду тақсим карданд. Вақте ин хабар нашр шуд, журналистони покистонӣ ӯро пайдо карданд ва дар поёни мусоҳиба гуфтанд, шумо ифтихори мардуми Покистонед, акнун оё фикре надоред, ки ба ватан баргардед? Бо шунидани ин суол чашмонаш пури об шуданд ва гуфт, ман дар ватанам чунин шароит надоштам ва агар он ҷо мемондам, ҳеҷ гоҳ ба ин ҷоиза ҳам намерасидам.”

Сари пиёлаи чой нишастаему дурбини видео гоҳ нигоҳи ғамангез, гоҳ хандаи қоҳ-қоҳи ӯро забт мекунад, қатъан намехоҳад, хотираҳои нохушро зинда кунад. Фикр мекунам, ҳиҷрони 15-солаи Ватан намегузорадаш дар бораи Ватан ҳарфи нохуше гӯяд. Механдад: “Натиҷа ин хоҳад шуд, ки Русия хуб, Амрико хуб, Тоҷикистони ман — бад. Ҳол он ки ин тавр нест. Балки комилан баракс! Тамоми коре ки ман кардааму мекунам, барои Тоҷикистон асту хоҳад буд, барои мардуми азизам.”

ЯК ЁДБУДИ НОХУШ

Фикр мекунам, вай муҳити ҷомеаро низ ба хурду бузург ҷудо мекунад. Хурдаш — ҳамкасбону ҳамкорон. Бузургаш — дӯстону хонаводаву Ватан. Дарвоқеъ, ки озурдагие аз Ватан надорад. Аммо қиссаеро, ки пас аз хомӯш кардани дастгоҳи видео, худамонӣ нақл мекунад, ин ҳама рӯз аз ёдам намеравад.

Дар ҳавелии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон як сӯҳбатхонаи тобистонӣ ҳаст, ки муддатре Акбари Турсон, мудири пажӯҳишгоҳ онро ба кабинети корӣ табдил дода буд. Дар мобайни боғча менишаст ва кормандон аз тиреза ӯро медиданд, ки ҳаст ё на. Рӯи мизаш пур аз қоғазу қалам.

Дар зери ҳамин гунбади кӯчак ӯ ба гунбади гардун меандешад ва ба барномаҳои илмии зердастонаш ва ба дурнамои кишвараш ва ба саҳми олимон дар рушди ин кишвар.

Сипас, манзарае. Яке аз кормандони таҳамтани пажӯҳишгоҳ курсиро бардоштааст ва таҳдид мекунад, ки ба сари мудир заданист, агар мудир ба ӯ ваъдаи мақому мансаб надиҳад.

Боварнакарданӣ мебуд, агар мо одамкушиҳову одамфурӯшиҳои барои мансабро намедидем. Боварнакарданӣ мебуд, агар ҷанги 1992-1997-ро аз сару дилу тану сарнавишт намегузарондем. Боварнакарданӣ мебуд, агар сулҳи мансабхарию мансабфурӯширо намедидем.

Боваркарданӣ ва дардовар, вақте хирад дар назди буққагӣ беилоҷ аст. Вақте бо буққагӣ мешавад, ба ҳама ҷо расид, аммо бо хирад ва ҳунар ба ҳеҷ куҷо.

СОИҚАЕ АЗ ЕВТУШЕНКО

Ин саҳна порчае аз китоби шоири маъруфи рус Евгений Евтушенкоро ба ёд меорад, ки як авбош дар роҳ Тсиолковскийро бозмедорад ва бо мақсади ғорат лат карданӣ мешавад. Дар он лаҳзаҳое, ки Тсиолковский пиёда ба манзилаш бармегашт ва раҳораҳ дар бораи фатҳи кайҳон меандешид.

Авбош падари кайҳоннавардии русро латукӯб мекунад ва маблағи ночизеро аз ӯ мерабояд. Тсиолковский аз хоку хун бармехезад ва бо лабханд ба масофаи байни ин авбошу андешаи худ, ки дар умқи кайҳон буд, меандешад.

Олим-авбоши тоҷик, ки курсиро ба сатҳи қадаш бардошта буд, ба муродаш намерасад. Вай фикр мекард, дар ҷисми кӯчаки Акбар ҳамин гуна як рӯҳи кӯчаке нишастааст. Гумон дошт, бо фашшу фуш, зургӯӣ ва тарс додан ба муродаш мерасад.

Аммо Акбарро як тори мижгон хам нахӯрд. Гуфт, агар заданӣ бошӣ, бизан, бубинам, аммо ту дар пояе нестӣ, ки талабҳоят ҳаст.

Тамоми кормандони пажӯҳишгоҳ пеши тирезаҳо давида буданд ва саҳнаро тамошо мекарданд. Акбар ба гӯшаи чашм медид, ки тирезаҳо аз суроби одамон сиёҳ шудаанд. Анадрунаш Акбари давраи “бачаҳои сарибозорӣ” зинда шуда буд. Танаш мисли тани паланге таранг шудаву омода ба ҷаҳиш. Аммо худаш беҳаракат ва собит ва бо нигоҳи вазнине ба чашмони шахси ҳамлавар.

Ёдаш нест, чанд лаҳза ҳамин ҳолат мисли саҳнаи исткардаи синемо муаллақ монд. Сипас, олимнамо курсиро ба замин гузошт ва баргашту рафт.

Агар Тсиолковский бо гардунаи подшоҳӣ ё мошин ба манзилаш бармегашт, ҳеҷ авбоше наметавонист, ӯро латукӯб ва ғорат кунад ва агар Акбар дар кабинете менишаст, ки қабулгоҳу котиба марзи касногузараш мебуданд, низ ҳеҷ авбоше наметавонист, ин гуна таарруз кунад.

СИМБИОЗИ ФИЗИК ВА ЛИРИК

Муҳити хушоянди марҳилаи аввал, яъне солҳои кор дар Маскав агар ба таҳкими истиқлоли фикрии Акбари Турсон мусойидат кардаву сабки илмии ӯро ташаккул доданд, муҳити Тоҷикистон бо вуҷуди баъзе аз нуқсон ӯро ба мадори фарҳанги миллӣ кашонд. Симбиози нодире ба вуқӯъ пайваст. Физик ва лирик, ки дар тамоми тӯли таърих бо ҳам меҷангиданд, дар як ҷисм ба ҳам омаданд.

Устод Акбар ба марзи байни ин ду артиш омаду истод ва ҳардуро оштӣ дод. Намедонам дар таърихи илм боз чунин ҳодисае шуда бошад, ба ҳар ҳол ҷустуҷӯи ман дар интернет дар ин бора натиҷае надод. Шахсе ки мутахассиси физикаю математика буд ва ҷаҳону кайҳонро дар шакли формулаҳову рақамҳо медид, ногоҳ дар омезишу чандомади ададҳову рақамҳо шеъру ҳунару нафосатро дид.

Дертар таъриху фарҳангу дину ҷомеашиносӣ низ дар ин як нуқтаи нур (ибораи Мирзо Боқӣ) ба ҳам омаданд.

Шояд фақат тоҷик ин гуна буда тавонад ва ин яке аз такрорҳои нодири генҳои ҳакимону алломаҳои қадимии мо бошад. Охир, Хайёму Сино нахуст олим буданд, сипас шоиру мутафаккир.

Вай акнун ба кайҳон бо чашми Рӯдакиву Сино, Хайёму Ҳофиз, Бедилу Ҷомӣ менигарист ва онро ба гунаи дигаре медид.

Намедонам, агар дар Маскав боқӣ мемонд ва ба Тоҷикистон барнамегашт, оё ин биниши нав барояш даст медод? Ба ҳар ҳол Беруниҳо диди дигар доранд. Ва дар ватан ёроне мондаанд, ки ба дил азизанд.

Як рӯз дар назди даромадгоҳи нимдоираи Почтаи марказии Душанбе меистод, ҷавоне наздаш омад ва гуфт:

— Агар ғалат накунам, Шумо Акбар ҳастед, на?

— Бале.

— Ман Шуморо ғоибона мешиносам. Номи ман Лоиқ. Ҳоло ашъори Эдуард Межелайтисро тарҷума мекунам. Дар як ҷой дармондам, ки кураи заминро ба косахонаи сари инсон ташбеҳ додааст. Ин ба чӣ маъно бошад?

Ду нафари тақрибан ҳамсинну сол ба сӯҳбати гарме печиданд ва пиёда аз майдон гузашта, бо пиёдароҳ то бинои Донишкадаи омӯзгорӣ қадам заданд, вале гапашон тамом нашуд. Ин гап ҳамаи солҳои баъдӣ ҳам тамом нашуд ва дӯстии онҳо ба як ҳисси ҷовидона табдил ёфт.

Онҳо донистанд, ки андешаву ишқашон ба таъриху забони миллат, фарҳангу ҳунари он, ҳатто бузургони ин қавм, монанди Айниву Турсунзодаву Ғафуров комилан ҳамсон аст…

ОН ЯГОНАТАРИН ПУРСИШ

Дар тамоми тӯли сӯҳбат ин пурсиш дар шаклҳои гуногун дар миён буд. Гуфта намешуд, ба гӯш намерасид, аммо буд.

Мисли он ки “оре, барги дарахтон дар ин ҷо ин қадар нафис аст, айнан монанди Тоҷикистон.” Ё “ҳамин гулро дар Тоҷикистон ҳам дида будам, фақат рангаш як каме зангор…”

Боз Бозор ба кӯмак расид. “Дубора чаҳчаҳа сар шуд, чаро намеоӣ?” Пурсидам, устод, шароиту фазои хубе доред, аммо дар фикри бозгашт ҳастед, барнамегардед?

Саволи ман монанди рӯбоҳи норанҷии нӯги думаш сафед аз байни дарахтон ҷаҳиду давид ва дар торикии ҷангал нопадид гашт.

Вай ривояти дигареро ҳикоят кард:”Дар андарзномаҳои юнонӣ қиссае ҳаст. Устод ба шогирдаш мегӯяд, ривоятеро меорам, то бардошти худро ба ман бигӯӣ. Дар шаҳре вабо омад. Ҳазорон мардумро ба коми марг кашид. Дар ин шаҳр ду пизишк мезистанд. Вокуниши онҳо ба фалокат ба ду шакл буд. Яке хона ба хонаи беморон мегашт, сари болини ҳар бемор менишаст ва онҳоро доруву дармон мекард, ҳарчанд медонист, ки ин доруву дармон наҷоташон намедиҳад, танҳо умри онҳоро қадре дарозтар мекунад. Пизишки дувум ба коргоҳи худ даромад, дарро баст ва солҳо он ҷо машғули таҳқиқ шуд, то илоҷи ин бемориро пайдо кунад. Ба касе коре надошт ва касеро коре бо ӯ низ набуд. Солҳо нишаст ва дар ин байн вабо ҳам гузашт, фоҷиа ҳам, дар ниҳоят вай эликсир ё давои ин бемориро пайдо кард. Ҳоло бигӯ, кадоме аз онҳо кори хайр кард, мепурсад устод аз шогирдаш.”

Посухе ба он ягонатарин суол? Як миқдоре, аммо на ба ҳамааш.

22.06.2009 - Posted by | Ватан, Сарнавишт | ,

19 Comments »

  1. Ман ба гайр аз ахсанту офарин чизе гуфта наметавонам. Дар хакикат хамин хел хис кардам, ман хам хамрох дар ин сухбатхо будам ва бо устод Турсон хамсухбат шудам. Ахсант!

    Comment by Samandar | 22.06.2009 | Reply

    • Нушатон бод, Самандари зи чашм дуру ба дил наздик.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  2. Ман ба гайр аз ахсанту офарин чизе гуфта наметавонам. Се бор навиштаи шуморо хондам, боз мехонам. Хамин хел хис карда, ки ман хам дар он сухбатхо будам ва бо устод Турсон хамсухбат шудаам. Ахсант!

    Comment by Samandar | 22.06.2009 | Reply

    • Ман шодам, ки пурсиши худро дар ин навишта пайдо кардед ва ба хамаи дустон бори дигар мерасонам, ки посуххои устод Турсон ба якояки пурсишхо дар пеш аст, дар холи омода шудан.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  3. Самандари азиз бароям хабар дод, ки ду дафъа ба матолиби торнигор шарх навиштааст, вале бояд иқрор кунам, ки хеч кадоме аз онҳо ба ман нарасидаанд. Мумкин дар кори кабули номахо дар тонигор мушкиле афтодааст, иншоаллох ба зудй онро ислоҳ мекунам. Бахшиш мехохам.

    Comment by aioubzod | 22.06.2009 | Reply

  4. Тавре мебинем, шархи банда гузашт, пас мушкил шояд чои дигар аст.

    Comment by aioubzod | 22.06.2009 | Reply

    • На, дар хакикат мушкиле афтодааст. Ду номаи дигар расид, ки муаллифонашон натавонистаанд, шархи худро дар торнигор чой диханд. Чиддан дар пайи ислохи нукс хастам, ба зудй дуруст хохад шуд.

      Барои ин мушкили фаннй, ки хануз сабабу маншаашро намедонам, аз хамагон омурзиш мехохам.

      Comment by aioubzod | 23.06.2009 | Reply

  5. Бале, ман хам шархе навистам ва он нопайдо шуд ости хушам наомад ки дубора чизе нависам.

    Comment by Самак | 22.06.2009 | Reply

    • Орзу дорам, мушкили фанниро ба ман бубахшед ва кош хушатон дубора ояд.

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  6. Ман хам зери матлаби каблй изхори назар карда будам, ки зохир нашудааст. Матлаби олй буд ва устод лубби каломро ба ихтисор баён кард. Даст марезод!

    Comment by Dariush | 22.06.2009 | Reply

    • Дориюши фарзона, паёми Шумо дар фазои электронии чахон рахгум зада буд, аммо аз руйи садокат боз рохи ин манзилро пайдо кард. Зинда бошеду сарбаланд!

      Comment by aioubzod | 25.06.2009 | Reply

  7. Узру маъзарати зиёд аз якояки Шумо. Маълум шуд, ба як иллати фаннй ва нопайванд ба банда, шарххои Шумо нашр нашудаанд. Як сарбанд ё варги сунъие гузошта шудааст, ки ягон нома ба ин торнигор нарасад. Холо ин банди тилисмомезро шикастем ва номахо мисли руди шаффофе ба ин сафха рехтанд.

    Аз як су хеле чолиб аст: Мисли рахо шудани ман аз зиндоне ва мулокотам бо дустони азиз.

    Гуфта будам, чизе ширинтар аз озодй нест!

    Comment by aioubzod | 24.06.2009 | Reply

  8. Салом ба хама. Устод Аюбзод накли хеле муассиреро овардаед. Манзурам, накл оиди вабо ва вокуниши табибон нисбати он аст. Вале устод Сотим Улугзода вокуниши дигареро аз Ибни Сино айнан дар чунин маврид накл мекунад. Ба накли устод Улугзода, вакте Чурчони аз Ибни Сино бо исрор мехохад, ки аз дохил шудан ба Гурганчи вабозада худдори кунад, Сино дар чавоб мегуяд, ки агар табибон аз беморон гурезанд кори дунё чи хохад шуд?
    Чавобро як миқдоре, аммо на ба ҳамаи суоли устод ба шагирдаш, бояд аз Ибни Сино хам омухт.
    Аз чониби дигар Аллома Айни табиби дигаре хаст, ки вокуниши у бо мамлакати вабозада муассиртар аз киссаи Шумо аст.
    Албатта, байни мову Аллома Айни ва замонаи у тафавути рах аз самост то ба самак. Вале ба хар хол чавоби суоле, ки тарики як байт ба устод Акбар ирсол дошта будам, шояд равшание дар ин бахс дароварад.

    Comment by Шоди | 25.06.2009 | Reply

  9. Салом ба хама. Устод Аюбзод накли хеле муассиреро овардаед. Манзурам, накл оиди вабо ва вокуниши табибон нисбати он аст. Вале устод Сотим Улугзода вокуниши дигареро аз Ибни Сино айнан дар чунин маврид накл мекунад. Ба накли устод Улугзода, вакте Чурчони аз Ибни Сино бо исрор мехохад, ки аз дохил шудан ба Гурганчи вабозада худдори кунад, Сино дар чавоб мегуяд, ки агар табибон аз беморон гурезанд кори дунё чи хохад шуд?
    Чавобро як миқдоре, аммо на ба ҳамаи суоли устод ба шагирдаш, бояд аз Ибни Сино хам омухт.
    Аз чониби дигар Аллома Айни табиби дигаре хаст, ки вокуниши у бо мамлакати вабозада муассиртар аз киссаи Шумо аст.
    Албатта, байни мову Аллома Айни ва замонаи у тафавути рах аз самост то ба самак. Вале ба хар хол чавоби суоле, ки тарики як байт ба устод Акбар ирсол дошта будам, шояд равшание дар ин бахс дароварад. Бахусус ба симбиози муридони Беруниву кайхони даруни пиёла.

    Comment by Шоди | 25.06.2009 | Reply

  10. Салом ба хама. Устод Аюбзод накли хеле муассиреро овардаед. Манзурам, накл оиди вабо ва вокуниши табибон нисбати он аст. Вале устод Сотим Улугзода вокуниши дигареро аз Ибни Сино айнан дар чунин маврид накл мекунад. Ба накли устод Улугзода, вакте Чурчони аз Ибни Сино бо исрор мехохад, ки аз дохил шудан ба Гурганчи вабозада худдори кунад, Сино дар чавоб мегуяд, ки агар табибон аз беморон гурезанд кори дунё чи хохад шуд?
    Чавобро як миқдоре, аммо на ба ҳамаи суоли устод ба шагирдаш, бояд аз Ибни Сино хам омухт.
    Аз чониби дигар Аллома Айни табиби дигаре хаст, ки вокуниши у бо мамлакати вабозада шояд муассиртар аз киссаи Шумо бошад.
    Албатта, байни мову Аллома Айни ва замонаи у тафавути рах аз самост то ба самак. Вале ба хар хол чавоби суоле, ки тарики як байт ба устод Акбар ирсол дошта будам, шояд равшание дар ин бахс дароварад. Бахусус оиди симбиози муридони Беруни ва кайхони дар пиёла.

    Comment by Шоди | 25.06.2009 | Reply

    • Азизам Шоди. Накл на аз ман, балки аз устод Акбари Турсон аст. Умедваорам, худашон ин номахоро бихонанд ва посух бидиханд.

      Comment by aioubzod | 26.06.2009 | Reply

  11. Шояд бо сабаби хамон мушкили фанни аст, ки шархи ман дар се нусха ба руи сахифа баромадааст. Аз хамагон маъзарат мехохам.

    Comment by Шоди | 26.06.2009 | Reply

  12. Дар рузхои аввал хурсанд шудам, ки боз як веблог руи кор омадаву мо аз он лаззати маънави хохем бардошт. Аммо бархе аз корхоятон рости гап намефорад. Агар хамин айбхоятонро ислох кунед, вокеан каламбадасти ба шумо халол бод, ки хавсалаашро хар кас надорад. Масалан, хамин мушкили фанни рух медихад ё андеша маъкул намешаваду онро нашр намекунед, баъд хамин мисле ки кудака фанд мекунанд, ки гиря накун конфетат медихам мекунед. Яъне аз хеч чиз гуё як муаммо месозед. Аз бахсатон бармеояд, ки гуё касе шумоёнро таъкиб мекунаду хоказо. Ин гапро дар дигар чо гуед мумкин мардум бовар кунанд. Аммо на дар Точикистон. Ин вохимаи шуморо шояд танхо худатон бовар кунед ё онро барои тасалои дилатон мегуед. Дар Точикистон онхое ки бояд барои сайтхои шумо монеъ эчод кунанд аз компутер танхо картабозиша медонанд. Барои хамин агар вокеан худи шумо он чи мегуед ба он муътакид хастед, бидонед, ки чунин нест. Дар Точикистон хеч кас дар гаму парвои гапу кори касе ба хусус интикодгарон нест. Барои он ки хонандаи худро аз даст надихед ва бештар онхоро чалб кунед, аз ин гапхое ки бехабар худатон аз сар мегузаронед Хазар кунед!
    Бидуни хеч гаразе инро мегуям. Боки шумо донед

    Comment by Номус | 27.06.2009 | Reply

  13. Дусти азизу хушном, салом. Хамаи интикоди Шумо кабул, ба чуз ин ки ман нагуфтаам, касе аз Точикистон ба ин торнигор зарба задааст. Аммо мушкили фанние, ки пеш омадааст, барои масъулони худи WordPress хам ачиб аст ва то хануз натавонистаанд, рохи халли онро пайдо кунанд. Онхо барои ман як хатти наверо боз карданд, ки хар дафъа ба он ворид мешавам ва номахи Шумоёнро аз он чо мегирам. Ин дар холест, ки ман аз аввал дари номанависонро ба торнигор боз гузоштаам.

    Сониян, хадафи ман “интикодгарй” хам набудаву нест, балки изхори назар, бокй гузоштани хотирахо, дарки масъалахо аз рохи навиштану бахс кардани онхост.

    Аз огоз то холо хамагй се номаро, ки аввал нашр шуданду хатто ба онхо посух додам, аз сафха бардоштам, зеро намехохам на дар навиштахои хеш ва дар номаи мардум тахкир ва беодобие нисбат ба хеч шахс, гурух, чомеа, кавму миллат ва кишваре чой дошта бошад.

    Боз хам сипосгузорам аз Шумо, ки адешаи худро ошкоро баён мекунед ва умедворам, камбуди худро ислох кунам.

    Тандуруст ва комёб бошед.

    Comment by aioubzod | 27.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: