Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чашм ба чашм бо устод Нурй

-NuriУстод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раҳматуллоҳу алайҳ) як шахсияти наҷибу нодир, аммо ҳамзамон одиву заминӣ, бошаҳомату шукӯҳманд, вале хоксору дастрас, қоҳири қатъӣ, лекин меҳрбону азхудгузашта, донишманду борикбин, аммо камҳарфу бетакаббур буданд.

Симои эшон дар чашмони ман ба гунаи ламъае аз нурҳои сабз ва лабханде аз дурахшҳои хуршед, андарзе дар авҷи мубоҳиса ва сукуте дар фарёдҳои дарунӣ ҷовидона боқӣ мондааст.

Риштаҳои ноаёни ҳамандешӣ буд ё табори муштараки ҳамдилӣ, орзу ва ормонҳои пинҳону ошкори ҳамреша буд ё ҳамбастагии машаққатҳои ботинӣ, чӣ буд ва чӣ набуд, ба офаридгор аёну ба мо ниҳон, дар рӯзу соли пурхуну пуроташу пурашку пуртапиш ва шитобзадагиҳову сардаргумиҳову бефурсатиҳо ба ман рӯшан нашуд, натавонистам дарёбам, пайти таҳқиқ ҳам надоштам ва замону маҷоли пурсиданро низ, хуллас, намедонам, чи чизе дар миён буд, ки моро аз ҳамон нахустин дидор ба ҳам пайваст ва дар мулоқотҳои сонӣ ҳолатеро даровард, ки дар фосилаҳои гуфтугӯи як сиёсатмадор ё олими ислом бо як журналист ё пажӯҳишгар сӯҳбати мо лаҳзаҳое ба гуфтумони ду дӯсти ҳамфикр ва ҳамсарнавишт монанд мегашт.

Марзу девору фосилаву ҳадафҳову дурандешиҳо аз байн бардошта мешуд ва мо ҳамдигарро хеле рушан медидем ва дар чунин лаҳзаҳои хеле кӯтоҳ шояд ҷарақаҳое аз миён мегузашт, ки баёнгари сидқ ва самимияти камназири инсонӣ буд.

Дар чунин фурсатҳо устод огоҳ мекард, ки на барои нашр, балки барои шахси банда розеро ошкор, пинҳонеро падидор, торикеро рушан мекунад, вале боз ҳам на барои паҳн кардан, балки барои донистан, фаҳмидан ва ҳифз кардан.

Устод Нурӣ мефаҳмид, ки нависанда барои он ки хуб бинависад, бояд бештар аз он чизҳое бидонад, ки дар навиштааш хоҳанд омад, бояд ҷузъиёти таҳрикдиҳандаи ҳаводисро бишиносад ва фишангу дастгоҳи пасипардагии ҳаракотро дарк бикунад, аз зовияи ботин ба таҳаввулоти зоҳир хира шавад. Он гоҳ ҳатто пурсишҳое, ки навиштаи ӯ халқ мекунад, роҳе ба самти тафаккур ва посухи дуруст низ хоҳанд буд.

Дидорҳои банда бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар лаҳзаҳои гуногун ба вуқӯъ пайвастаанд. Нахустини онҳо дар навбаҳори соли 1992 дар айни тазоҳуроти мардумӣ дар маркази шаҳри Душанбе ва вопасини онҳо чанд рӯз пеш аз даргузашти устод дар тирамоҳи соли 2006 дар манзили навбунёди ӯ дар ҳамин шаҳр. Вале дар мобайни ин ду мулоқоти нодир дидорҳое воқеъ гаштаанд дар Теҳрону Маскав ва Исломободу Мюнхен, мулоқоту гуфтугӯҳои рӯбарӯ ва сӯҳбатҳои телефонӣ аз фосилаҳои дур, саломҳое аз тариқи дигарон ва паёмҳое дар баёноту амалҳо.

Рӯзи 18 апрели соли 1992 аввалин бор бо ҷаноби Нурӣ мулоқот кардам ва ин боздид на бо ташаббуси ман, балки бо хоҳиши як шиноси нави ман ба амал омад. Он рӯз аз байни тазоҳуроти чандҳазорнафарии майдони “Шаҳидон” мегузаштам ва ба одамон нигоҳ мекардам, ки аз рӯбарӯям хонум Муборак Шарифова, ҷомеъашинос, корманди Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон баромад ва ҳамроҳаш ҷавонмарди олуфтае кифи “дипломат” дар даст қадам мезад.

Муборак ин мардро ба ман шинос кард, ки маълум шуд, шавҳараш — Муҳиддин Зуҳуриддинов буда, муъовини раиси корхонаи арзиз — ТадАЗ, худи он рӯз аз Норвегия баргаштааст.

— Мо дар ҷустуҷӯи шумо мегардем, — гуфт Муборак ва Муҳиддин афзуд: “Бояд ба як ҷои оромтар равем, гап ҳаст.”

Дар сари мизе дар чойхонаи “Роҳат” Муҳиддин Зуҳуриддинов ҳикоят кард, ки аз Норвегия баргашт ва ҳарчанд сафараш ба мулки хориҷӣ мебоист, боз ду ҳафтаи дигар давом мекард, аз шунидани хабарҳои Тоҷикистон беқарор шуда, сафарро нимкора гузошта, ба Душанбе баргаштааст. Сари роҳ дар Маскав вай бо бархе аз дӯстонаш вохӯрда, авзоъ дар Тоҷикистонро баҳс кардааст ва ҳоло хулосааш ин аст, ки мухолифони давлат бояд ҳокимиятро дар кишвар ба даст бигиранд.

Муҳиддин мегуфт: “Бо вуҷуди расман дар сари қудрат будани раисиҷумҳур Раҳмон Набиев, ҳукумат дар кишвар мисли ин ки умуман вуҷуд надорад. Оппозисюн хеле қавӣ ва пурғайрат аст, аммо аз дастгоҳи қудрат дур буда, ба вазъият таъсир расонда наметавонад. Мо як ҳукумати зоҳиран фалаҷ дорем ва як оппозисюни зоҳиран воҳид ва боғайрат. Агар ин ду бо ҳам ҷой иваз накунанд ва ё якҷоя шуда, ҳамдигарро пурра накунанд, вазъият то рафт бадтар хоҳад шуд ва тарафи дигаре хоҳад тавонист, сари кор ояд.”

Бо вожаи “тарафи дигар” Муҳиддин олами ҷиноӣ ё муздурони кишварҳои ҳамсоя ва даврубарро дар назар дошт. Дар воқеъ хатаре дар фазо монанди аждаҳо нафаси заҳрогин мезад ва мехост, ҳамаро дам бикашад. Аксарият ин таҳдидро ҳис мекарданд, вале сабаби кундии фарояндҳои сиёсӣ ин буд, ки онҳо роҳи хубу бегазанди бурунрафт аз ҳолати бӯҳрониро меҷустанд.

Тарафҳо мисли ин ки шитобе надоштанд ва ҳар кадом мехост, қаламрави сиёсии худро ҳифз кунад. Вале гуфтушуниди сарони оппозисюн бо Набиев, ба қавли Муҳиддин, “музокироте бо як ҷасади сиёсӣ” буд, ки амалан ҳеч чизро ҳал намекард, балки баракс бо дурӯягӣ ба кашол додани ҳалли масъалаҳо машғул буд. “Набиев интизори ба суди худаш баргаштани авзоъст ва ба тағйири куллие дар ҳолии ҳозир манфиатдор нест,” — мегуфт Муҳиддин.

Таҳлилҳо ва истидлоли ӯ ба андозаи кофӣ қавӣ буданд. Аслан бисёриҳо дар он шабурӯз бар ҳамин ақидаҳо буданд, аммо ҳоло арзишдиҳии воқеъият на он гуна муҳим буд, ки ёфтани роҳкор. “Бояд ниҳоди наве таъсис дода шавад, ки масъулияти вазъи кишварро бар дӯш бигирад, — гуфт Муҳиддин ва изофа кард, — як Шӯрои давлатӣ бе эълони номи аъзояш ва бо аввалин фармони ҷазо ба онҳое, ки аз иҷрои дастурҳояш сарпечӣ мекунанд. Танҳо ин аст, роҳи бурунрафт аз бӯҳрони феълӣ. Ин Шӯро ҷилави ҳукуматҳои маҳаллиро ба даст хоҳад гирифт ва нахоҳад гузошт, беҳокимиятӣ доман паҳн кунад. Ман дар ин ниҳодҳо кор кардаам ва табиати онҳро ба хубӣ медонам.”

Барои ба афроди тасмимгиранда расондани ин пешниҳоди Муҳиддин ҳарсеи моро зарур омад бо чанде аз сарони майдони “Шаҳидон” ҳамсӯҳбат шавем ва ҳамаи онҳо моро ба назди устод Нурӣ раҳнамун карданд.

Ба мо мегуфтанд, ки чунин тасмими ҳалкунандаро танҳо он кас гирифта метавонанд. Мо метавонем, ақидаҳои гуногун дошта бошем, аммо ин мавзӯъ фақат дар салоҳияти эшон аст, мегуфтанд ҳамсӯҳбатони мо. Он вақт буд, ки барои ман маълум гардид, раҳбарии куллии майдони “Шаҳидон” дар дасти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст.

Муҳиддин ва ман ба идораи Қозиёти мусулмонони Тоҷикистон рафтем ва устодро пурсидем. Моро ба табақаи дувум раҳнамоӣ карданд. Дар як толори дарозрӯя, сари мизе эшон нишаста буданд ва бархоста, бо табассуми беғаше моро пешвоз гирифтанд.

Сӯҳбати Муҳиддин бо устод наздик ба як соат идома кард. Ман ин имкониятро доштам, ки дар чунин нахустин дидор ба ҷаноби Нурӣ хира шавам ва ӯро ба истилоҳ то ҷое ки мумкин аст, “биомӯзам”. Нурӣ бо тамкини тамом ба ҳамаи суханони Муҳиддин Зуҳуриддинов гӯш дод ва дар охир се суъол кард, ки ҳарсе ба наҳваи иҷрои пешниҳоди Муҳиддин бастагӣ дошт. Сипас устод фақат як-ду ҷумлае гуфт, ки ба таассурот ва натиҷагирии ӯ аз сӯҳбат монанд буд:

— Бояд бо дигарон машварат кард, ки то куҷо ин амал дар доираи қонун хоҳад буд. Мо хоҳони табаддулоти давлатӣ нестем, балки мехоҳем, мардум шоҳиди иҷрои талабҳои худ шаванд ва бо ин ҳамаро тамом кунему аз пайи кору зиндагӣ шавем. Барканор кардани Набиев ё ҳамаи ҳукумат корро ҳал намекунад. Маҳкамов барканор карда шуд, аммо чӣ натиҷа дод? Вале ташаккур, бародари азиз, ки фикру андешаи худро ба мо расондед. Маълум, ки беҳбуди корро мехоҳед. Мо ҳам дар ҳамин фикрем.

Вақте ки пас аз хайрухуши самимона бо устод Нурӣ аз бинои қозиёт берун шудем, Муҳиддин зерилаб гуфт, “муллоҳо ё мардумро тарсондан намехоҳанд ва ё нақшаҳои дигаре доранд, ки намехоҳанд, ҳоло ифшо кунанд.”

Дар тафовут бо Муҳиддин, ки ба назар мерасид, саропо ғарқи пешниҳоди доғи худ буд, ин нахустин дидор бо устод Нурӣ ба ман, ки нисбатан аз канор ва ҳарчӣ оромтар манзараро наззора мекардам, таъсири амиқе гузошт.

Пеш аз ин мулоқот дар марҳилаҳои гуногун бо Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Давлати Усмон, Қорӣ Муҳаммадҷон ва Сайид Қиёмиддини Ғозӣ шинос ва ҳамсӯҳбат шуда будам, вале акнун донистам, ки онҳо ба сурати куллӣ аз ситоди асосии Наҳзати исломии Тоҷикистон намояндагии комил намекарданд ва танҳо бахше аз раёсати ҳизб буданд ва бидуни устод Нурӣ тасаввури ман дар бораи раҳбарияти ин ҳизб номукаммал боқӣ мемонд.

Дар давраи митингҳои шабонарӯзии аҳзобу гурӯҳҳои мухолифи давлат дар тобистону тирамоҳи соли 1992 се дафъаи дигар ба ман муяссар гардид, бо устод Нурӣ кӯтоҳ мулоқот ва гуфтугӯ кунам.

Хислати ҷолиби устод буд, ки аз мулоқот ва сӯҳбат бо одамон канор намеҷустанд ва шоҳид набудаам, ки касе ба дари эшон омада бошаду ӯ аз фарти серкорӣ алалақал барои лаҳзае вохӯрдӣ накарда бошанд. Агар чунин ҳодиса иттифоқ афтода бошад ҳам, на ҷурми он кас, балки камоли девонсолории атрофиёнашон будааст. Чунончи, як мартаба дар моҳи майи соли 2005 дар Мюнхен, баъд аз бозгашт аз дармонгоҳ ҷаноби Нурӣ рӯҳияи хубе доштанд ва омода ба сӯҳбат буданд, зеро аз пеш қарор гузошта будем, вале нафари торикфикре, ки худро муҳофизи эшон мешумурд, нагузошт, ин мусоҳиба анҷом шавад. Далели вай ин буд, ки устод пас аз сӯзандоруҳои дардшикан дар ҳолест, ки метавонад, зиёда аз интизор ошкоро сӯҳбат кунад.

Ин бечораи бадавронрасида аз муносибати мо огоҳ набуд ва ин мулоқотро вайрон кард ва рӯзи дигараш устод нороҳат буд, ки чаро ман ба сӯҳбат наомадам, дар ҳоле ки ӯ омода ба гуфтугӯи тӯлонӣ буд ва рӯҳияи хубе ҳам барои чунин сӯҳбат дошт. Ҷои дареғ буд, зеро ин метавонист, сӯҳбате буда бошад,  ки ба бисёр масъалаҳои торик рӯшанӣ афканад ва тафсилотеро сабт кунад, ки акнун дигар ғайри қобили дастрасиянд.

Ман аз лағв шудани ҳеч сӯҳбате бо мансабдорон ё чеҳраҳои маъруф ин қадар андӯҳгин нашудаам, ки аз тахриб шудани ин мусоҳиба ва устод Нурӣ ҳам инро медиду ваъда кард, боз ба Мюнхен сафар хоҳад кард ва ҳатман ин сӯҳбат барпо хоҳад шуд. Хушбахтона, ин тарҳ амалӣ гашт, вале он рӯҳияи комилан бозу шоди онрӯзаи устод дигар барнагашта буд.

Устод Нурӣ ҳаргиз ҳарфе барои лутфу такаллуф намезад, аммо бо ҳамаи вуҷудаш нишон медад, ки аз дидоре чӣ  қадар шод аст ва агар ҳарферо дар миён мегузошт, ҳарфе буд хеле амиқ, фарогир ва ҳадафманд.

Дар сиёсат Нурӣ шояд на дар ҳадди охир, аммо дар ҳадди аксари имкониятҳои мавҷуда амал мекард. Ҳарчанд хостҳои вижаи худро дошт, маҷбур буд вазъи мавҷуда ва равиши нерӯҳо ва шахсиятҳоеро, ки дар атрофаш буданд, ба эътибор бигирад.

Чунин эҳтиёткории амиқи ӯ махсусан дар давраи кори Кумисюни оштии миллӣ ба мушоҳида расид ва ба эҳтимоли зиёд натиҷаи ҷанги дохилии Тоҷикистон буд. Дар ҳоле ки қатъи хунрезӣ ё дақиқтараш, тоҷиккушӣ ва бозгашти шарафмандонаи садҳо ҳазор нафар аз паноҳандагон ба ватани азизашон аз дастовардҳои ӯ ба шумор мераванд, фурӯпошии баъдинаи Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, ки як ниҳоди обрӯманди сатҳи байнулмилал буд ва рӯ задани ихтилофот дар байни ҳамнабардони пешин аз тарафи баъзе аз коршиносон заъфи лаёқати идории ӯ хонда шудаанд. Ҳол он ки заъф бештар дар табиъати худи ин иттиҳод ва аҳдофи гурӯҳию хусусии аъзои он нуҳуфта буд, то дар шеваи кор ва истеъдоди сарварии устод Нурӣ.

Ҳамчунин хастагии ҷангу хун ва бозиҳои печдарпечи афроди ҳукумат дар ин ҷо нақши асосӣ доштанд. Иттиҳоди мухолифон худ аз ибтидо якпорча набуда, дар зоҳир маҷмӯъи аҳзоб шумурда шавад ҳам, дар ботин созмоне буд иборат аз сиёсатмадорони мустақилу инфиродӣ ва фармондеҳони аз онҳо ҳам мустақилтар.

Ба ҳамин сабаб дар аввалин фурсати номуносиб иттиҳоди онҳо аз ҳам рехт. Устод Нурӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш, ки ин ҷо нашр мешавад, сабабҳои ин фурӯпоширо ба таври муфассал шарҳ медиҳад.

Дар зимн, мусоҳибаҳо ин ҷо бештар аз рӯи замони баргузории онҳо чида шуда ва ҳарчанд ҳар кадоме давраҳои муайяни фароянд ва падидаҳои ҷудогонаи таърихи кишварро бозгӯ мекунад, дар умқи хеш паснигоҳ ё бозгаштҳое ба гузашта низ доранд ва таърихчаи ин ё он масъаларо ифшо менамоянд.

 Ва аз он ҷо ки гуфтугӯ беҳтарин равзанае ба ботини инсон аст, аз хилоли ин муҳовараҳо хонанда метавонад, ба осонӣ симои нотакрори устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро барои худ кашф намояд.

(Ин пешгуфтори китоби навест, ки ҳанӯз нашр нашудааст.)

27.06.2009 - Posted by | Ватан, Дин, Инсон, Сиёсат |

3 Comments »

  1. Yak jahon tashakkur, akai Salimjon.

    Man dar barobari yak tarafa hukm kardani sulhro az tarafi hukumati kununi hamesha ehsosi aziyat mekardam. Va hamesha ehsos ba ahammiyati intishori xubihoi digar mekardam..Va yaqin doram ki torix (shoyad baadi raftani hukumati kununi) hama chizro fosh kunad va onhoe ki xudro homii millat megirand nishon xohad dod ki ba millat chi musibathoero owardand.

    Wale shumo bo in koraton masohati kalonro baroi nasli jawon bisyor nazdik karded.. Yak jawon shoyad intizor mekard ki kai in hukumati xudkoma az bain rawadu haqoiqi talxtarin woqeahoi torixi millatashro fosh bubinad va xidmathoi arjmandi isloh-xohoni tojikro bubinadu qadrdoni kunad..

    Akai Salimjon, Xudowand hamesha nigahbonat boshad va har chi ziyodtar ilmatro afzun kunad…

    Bo ihtirom:

    Yak Nahzati
    Az Khorij

    Comment by Nahzati | 06.07.2009 | Reply

  2. ba salom az maqolaye ki shumo navishted khushhol shudam vale yak nukta ro mekhoham biguyam ki ustod kheili mardi khub bud vale natavonist khalqi tojikro az dastoni in muzduroni khiyonatkor ki ba farhangu milat bad kardand najot dihad
    ba nazari shumo ilatash dar chi bud ki eshon natavonistand in mamal ro?
    nazaratonro hatman navised to istifoda kunem
    bo tashakur

    Comment by Eshon | 03.08.2009 | Reply

  3. Эхсони азиз. Пурсиши Шумо хеле сахт аст ва сухбати тулониеро мехохад. Ман такрибан ба чанд нуктае дар ин маврид расидаам, вале хануз посухи куллй надорам. Тахкики бештар зарур аст, зеро сабабхо як-дуто не, хеле зиёданд. Иншоаллох ба зудй як матлаби дигарро аз китоби оянда ин чо нашр хохам кард.

    Comment by aioubzod | 03.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: