Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чу пурсишҳо иваз шаванд,…

warСолҳост, ки барои навиштани таърихи ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон мавод ҷамъоварӣ мекунам. Ҷангу сулҳе, ки худам шоҳиди он будам. Вале росташ, бештар шоҳиди сулҳ будам то ҷанг. Манзурам гуфтушунидҳои сулҳи ҳукумат ва мухолифон аст, ки дар аксари даврҳои он хабарнигор будам.

Худо нерӯ диҳад, ки як рӯзе онро бинависам. Аммо ҳоло, вақте аз оғози ҷанг дар соли 1992 ин қадар сол мегузарад ва ҳам имзои санади сулҳ дар соли 1997 низ кайҳо ба санаи дуре табдил ёфтааст, ман ба адолат ва устувории ин сулҳ меандешам.

Як ҳикмате аз мушоҳидаи фароянд бардоштаам: “Беҳтарин сулҳ он аст, ки фаромӯшаш карда бошанд.”

Як тазодро дар ин раванд дидам, ки агар солҳои пеш мардум бештар шукри неъматҳои сулҳро мекард, акнун бештар пурсишеро ба миён мегузорад, ки ин ҷангро кӣ сар карда буд.

Дар баҳсҳое, ки дар сомонаи интернетии радиои “Озодӣ” ба роҳ мондем, ҳатто афроде пайдо шуданд, ки на танҳо саҳми тарафи дувуми сулҳ — ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нуриро нодида мегирифтанд, балки ӯро дар ангехтани ҷанг айбдор мекарданд ва яке навишт, “ба мо на сулҳи Нурӣ даркор буд ва на ҷанги ӯ!”

Бисёр дардовар!

Наход ин қонунмандии таърих ё тағйири наслҳо бошад, ки пас ин қадар соли сулҳ мардум дубора ба таъну маломат ва ҷустуҷӯи ангезандагони ҷанг афтанд ва ё ин натиҷаи таблиғоти якҷонибаи матбуоту расонаҳои Тоҷикистон аст, ки ниҳоят ба ҳадаф расид? Вақте ин қадар сол танҳо як тарафро қаҳрамони сулҳ номиданд, мантиқан тарафи дигар бояд қаҳрамони ҷанг тафсир шавад.

Дар як гуфтугӯ бо ҷаноби Нурӣ, дар Мюнхени Олмон, аз ӯ пурсидам, агар зарур меомад, ки ба хотири сулҳ Неҳзати исломӣ бояд маҳв гардад, розӣ мешуд. Бедиранг гуфт, оре. Гуфтам, охир ин мисли қурбон кардани фарзанди худ, қурбон кардани кори умри хеш аст. Гуфт, ба хотири қурбон шудани фарзандони мардум ва расидан ба сулҳ, маҳви як ҷумбиш арзише намедошт.

Рӯ ба ҳакими файласуф Акбари Турсон овардам, ки ин ҳамаро чигуна мешавад, шарҳ дод? Ҳоло мехоҳам, матни ин сӯҳбатро дар шакли комилаш ин ҷо саб кунам.

Агар дар ибтидо суханони ӯ сахт илмию хушк ба назар расанд, дар интиҳо қоил хоҳед шуд, ки чӣ гуна арзишдиҳии дақиқ доранд, манзараро қабат ба қабат боз мекунанд ва аз мантиқи маҳками онҳо ҷои гурез нест. Дар оғози сӯҳбат аз ӯ пурсидам, дар пасманзари ин қадар гапу калоча оё нигоҳи фалсафӣ ба сулҳи Тоҷикистон оё чӣ андеша ва ҷамъбандиҳоеро ба миён меорад, то дида шавад, ки чаро баҳо ба сулҳи мо дар байни мардумони мо ин қадар мутафовит ва мутафарриқ аст?

Акбари Турсон: “Саволатон айни муддаост. Фалсафа бо вуҷуди он ҳама тоқагурезиву кулпарастиҳояш зода ва идомаи ақли салим аст. Ин нирӯи ақлонӣ зотан пайвандгарост, яъне миёни ҷинсҳо, чизҳо ва фикрҳои зоҳиран пароканда алоқаву иртиботро меҷӯяд, то онҳоро ба ҷумлагӣ тамомияти ваҳдонӣ бахшад.

Сулҳ – факат пули равобити сиёсӣ нест, ки ду тарафи даргир ва ё ду гурӯҳи ҷангзадаро ба созишу осоиш меоварад; вай омили маънавӣ ҳам мебошад, ки барои ба гирди як дастархони муштаракулманофеъ ҷамъ шудани мухолифону муқобилон ҳам шарту шароити мусоид фароҳам меоварад.

Аз назари фалсафа сулҳ як навъ гузаргоҳест миёни ду марҳилаи таърихӣ – харобкорӣ ва ободонӣ. Ба ин маънӣ сулҳ дар баробари анҷоми иқдоми гузашта будан оғози кори оянда низ мебошад, ки самту равандаш на танҳо ба иродаи сиёсии дастандаркорон, балки ба дараҷаи масъулиятшинохтии иҷтимоии онон низ сахт вобаста будаст.

Ғояти тааҷҷуб аст ё таассуф, ки тоифаи инқилобгарони ҷумла макону замонҳо, ки ҷидду ҷаҳди ифротишон ба хотири беҳбудии халқу кишвар будаст, як чизи оддиро ба некӣ дарк накардаанд ва дар оянда ҳам гумон аст, ки дарк намоянд: роҳи касби қудрат ва рушди миллат аз масири созандагӣ мегузарад, на вайронгарӣ. Ҳарчанд ки ҳама медонад: чизи бударо шикастан аз бунёд кардани чизи набуда ба маротиб душвортар аст.

Вақте ки баҳори соли 1992 мо, се нафар аз аҳли илму фарҳанг (Отахон Латифӣ, Лоиқ Шералӣ ва банда) ба миёнҷигарии сиёсӣ пардохта будем, силоҳамон айнан ҳамин сабақу ҳикмати таърих буд.

Ҳангоми омода кардани матни созишномаи расмӣ дар бобати ба ҳайъати ҳукумат пайвастани намояндагони мухолифин ману Лоиқ то бевақтии шаби 6-ми майи соли 1992 дар бӯстонсарои давлатӣ баҳс доштем. Ман талқину таъкид мекардам, ки аз “мусолиҳа” дида “муросо”-ро кор фармудан салоҳтар аст. Баҳси мо ба сурат луғатшинохтӣ буд, аммо ба сират културологӣ ва политологӣ.”

Ин баҳси сари мафҳумҳо оё ба ҷангу сулҳи Тоҷикистон, махсусан сулҳ, рабте дорад? 

Акбари Турсон: “Оре, иртиботи мустақим дорад. Дар илми ҷомеашиносии Ғарб як бахши мустақили тадқиқот ташаккул ёфтааст, ки онро конфликтология гӯянд. Созмони Милали Муттаҳид, ки таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бар дӯши ӯст, дар раванди ҷустуҷӯи роҳҳойи мувофиқу муассири иҷройи ин вазифаи назифа ба бозёфтҳо ва дарёфтҳои ҷолибе ноил шудаст.

Маркази ақлонии ин созмони бонуфуз мавсум ба ЮНЕСКО таъмину таҳкими сулҳу осоишро дар байни давлатҳо ва ё миёни нирӯҳои бо ҳам ҷангидаи як ҷомеа аз се зина иборат медонад, ки сулҳофаринӣ, сулҳнигаҳдорӣ ва эътимодфарооварӣ унвон мекунад. Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон айнан ҳамин барномаи оштии миллиро ба амал баровард, ки бояд мавриди шукру сипоси насли ҳозира ва наслҳои ояндаи тоҷик қарор гирад.

Ман бошам ба ин қадар соле, ки гузашт, аз айнаки се мафҳуми дигар – муросо, мусолиҳа ва муоҳида нигаристаниам. Ба гумонам дар оинаи онҳо махсусиятҳои ваъи пешазҷангӣ ва пасоҷангии кишварамон барҷастатар ва мушаххастар ҷилвагар мешаванд.

Муросо (тоҷикишудаи лафзи арабии «мувосо») – зинаи аввали тавофуқи миллист, ки дар оғози кашмакаши иҷтимоӣ амал мепазирад. Он амру амалест, ки хударзиши бармалои ахлоқиро дорост: чаро ки муросо дар чаҳорчӯби гузашту бахшоиши тарафайн ва ҳусни тафоҳуми онҳо сурат мегирад.

Сулҳномаи соли 1997 оштии ду тарафи даргир буд, ки аз оташбас оғоз шуда, ҷумлатан бо тақсими мансабҳои давлатӣ ва ҷудокунии соҳаҳои нуфузи сиёсӣ анҷом пазируфт.

Дар шарҳи ин боз ба фалсафа рӯ меоварам. Ҳукамо сулҳро ба ду навъ ҷудо кардаанд: манфӣ ва мусбат. Ҳолатеро сулҳи манфӣ хонанд, ки фақат аз қатъи ҷанг иборат аст; онро наметавон ба маънии пурраи истилоҳ оштии тарафайн донист, чаро ки ҷонибҳои мухолифу муқобил ба ғайр аз оташбас ба ягон мувофиқаи дигар нарасидаанд. Ҳадафи умдаи сулҳи мусбат бошад, барҳам додан ва ё ҳеч набуд, хунсо кардани омилҳои иҷтимоию сиёсиест, ки ба задухӯрд сабаб шудаанд.

Таъкид мекунам: задухӯрд, чунки на ҳамаи ихтилоф ё бархӯрд задухӯрди мусаллаҳонаро ба амал меоварад. Аз ихтилофи назар ва бархӯрди манфиатҳо то хунрезӣ фарсахҳо роҳ аст, ки онро фақат гурӯҳҳои маънан ноболиғи иҷтимоию сиёсӣ бо асби ҷаҳлу ситез ба зудӣ тай карда метавонанд.”

Пас, метавон гуфт, ки оштии тоҷикона як намунаи сулҳи манфӣ буд?

Акбари Турсон: “Не, созишномаи наваду ҳафтум сулҳи манфӣ набуд, вале то сатҳи маънавии сулҳи мусбат ҳам нарасид.

Асл инҷост, ки сулҳномаи мазкур барои ҳамоиши ояндаи миллат заминаи куллӣ фароҳам овард, ки дастоварди назарраси иҷтимоист. Ба шарофати он аст, ки чаҳорчӯби сиёсию ҳуқуқие тарҳрезӣ шуд ва минбаьд мебоист ҷумла масъалаҳои ихтилофомезро андаруни он мусолиҳатомезона ҳаллу фасл кардан.

Мутаассифона, баъди ба ватан баргаштани мухолифин ва муҳоҷирон дар роҳи барқарор намудани боварии самимӣ дар байни ҷонибҳои ҳангида ё ба қавли ЮНЕСКО эътимодофаринӣ, иқдоми назаррасе ба амал бароварда нашуд, ҳарчанд ки Созмони Милали Муттаҳид ба иҷрои ин кори сарнавиштсоз то тавонист, мусоидат кард.

Аз ин ҷиҳат дар ҷараёни татбиқи оштинома ба маънии куллии истилоҳ мусолиҳаи миллие сурат нагирифт, ки ба ҳусни тафоҳум тавъам бошад; тарафайни даргир охир ба тавофуқ расиданд, аммо таваҳҳум бартараф нашуд.”

Оё мешавад гуфтаи фалсафиатонро ба забони ҳикмати мардумӣ гардонда, чунин хулоса баровард: давидани гӯсола то каҳдон буд? Яъне кор то ҷое расонда шуд, ки зӯр мерасид ва шароит имкон медод?

Акбари Турсон: “Дар бораи то чӣ андоза амалӣ шудани мусолиҳаи соли наваду ҳафтум бигузор онҳое мушаххасан изҳори назар кунанд, ки тайи солҳои ахир шоҳиди бевоситаи ҷараёни вокеот буданд. Ман бошам, дар идомаи суханам якбора ба тавсифи зинаи саввуми тавофуқи иҷтимоӣ мегузарам. Манзурам марҳилаест, ки онро муоҳидаи миллӣ унвон мекунам

Муоҳидаи миллӣ тавофуқи нирӯҳои иҷтимоист андар сирату самти рушди миллӣ. Ҳадафи умдааш – ташаккули идеолҳои иҷтимоист, ки битавонанд тоҷикони ҷумла вилояту қитъаҳои ҷумҳуриро дар атрофии Қонуни Асосӣ, Парчами Миллӣ ва Рамзу Нишони Давлатӣ муттаҳид намоянд. Ин кори муҳим бо шиору даъватҳо анҷом намепазирад; онро таҳкурсии қавию фарохе мебояд, хусусан дар ҷомеае, ки ҳанӯз аз осори заҳри ҷангу кин чандон холӣ нест.

Ин таҳкурсии сиёсию маънавиро ман консенсуси регионалӣ унвон мекунам. Он як қатор масъалаҳои басе муҳиму мубрамро дарбар мегирад: аз сиришти давлати миллӣ ва худи тариқи давлатдорӣ кашида, то барномаи тараққиёти ҷомеа ва роҳҳои воридшавии кишвар ба ҷавомеи ҷаҳонӣ.

Ва фақат ҳаллу фасли оқилонаю одилонаи ин масъалаҳо замина ва гарави ваҳдати миллӣ буда метавонад. Лекин ба ҳаллу фасли мусломатомези масъалаҳои мазкур фақат дар фазое шурӯъ кардан мумкин мегардад, ки на танҳо озод аст, балки хайрхоҳ низ ҳаст.

Масалан, масъалаи иқтисодиётро гирем. Ҷумҳури Тоҷикистон ба кадом роҳ пеш рафтанист? Дар ин маврид моро набоястӣ фурсати таърихиро барои аз нав ихтироъ кардани шайтонароба исроф намудан. Ду шоҳроҳи мухталиф ва мухолифи азнавсозии ҷомеайи пасокоммунистӣ дар пеши назарамон ҷилвагар аст: яке тариқи русист, дигаре тариқи чинӣ. Яке роҳи харобкориву ҳаромхӯрист, ки ба сари русиягиҳо Елтсини худкому худфурӯш бор карда буд ва имрӯз Путин бо як азоб ислоҳ мекунад. Тариқи елтсинии кор, ки ба шаъни як халқу кишвари бузург рост намеомад, ба қашшоқии аксарият ва ба якборагӣ сарватманд шудани аққалият оварда расонд.

Роҳи чинӣ бошад, тариқи ҳадафмандона ва оҳиставу пайваста пеш рафтан аст. Давлат ҳанӯз коммунистист, вале як ба тарзи зиндагии нави кишвар, ба некӯаҳволии халқи якмиллиарда бингаред, ки саросар бо кору бор таъмин шудасту аз амнияти иҷтимоӣ ҳам баҳравар. Роҳбарони Чин, бархилофи иқдоми кӯрназаронаи Горбачев ном як музофотии худдонам, иқтисоди бозаргониро бо низоми сиёсии коммунистӣ чунон оқилона созиш дода тавонистанд, ки ҳатто бозори Амрико аз моли чинӣ пур шудаст – аз мошину ҳавопаймо ё кампутари ҳозиразамон не, балки аз маснуоти дастӣ! Ва низ моли чинӣ чунон бозоргир аст, ки амрикоиҳо аз чиниҳо як триллион доллар қарздор шудаанд!

Ин ҳама нишони балоғати таърихии халқ, натиҷаи давлатдории оқилона ва зуҳуроти масъулиятшинохтии ашрофи ҳумрон аст, ки аз тақлиди кӯр-кӯрона ба дигарон худдорӣ менамояд, таҷрибаи рӯзгори гузаштаи халқу кишварарашро инкор намекунад ва аз ҳама муҳимаш суннатҳои куҳани миллиро бо дастовардҳои тамаддуни навин сириштан ба ҳам пайваста метавонад.

Ҳангоми таҳия намудани муоҳидаи миллӣ, яъне тарҳрезӣ намудани дурнамойи рушди халқу кишвар, моро ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки ба оинаи дигарон бингарем. Вале сарчашмаҳои хиради мардуми худамонро ҳам нодида гирифтан нашояд. Дар хирадкадаи халқи мо бошад, камолоти маънавӣ дар мадди назар буд, ки ба фарду ҷомеа баробар тааллуқ дорад. Ин ҳикмати сеҳазорсоларо як байти Ҳоҷӣ Ҳусайн ба барҷастагӣ ифода мекунад, ки шояд гуфтаҳоямро ҳусни анҷом бахшад:

Шикоят аз замону шиква аз бахти нагун то кай?
Ки неку бад ҳама аз кардаву атвор дарёбӣ!”

27.06.2009 - Posted by | Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон |

3 Comments »

  1. Дустони азизу арчманд. Холо кашф кардам, ки мушкили фаннй ба тартиби номахо дар думболаи навиштахои гузашта низ харчу марче ба миён овардааст.

    Дар холе ки посуххои банда ба номаи муайян аз паси он нома нашр мешуд, холо дархаму бархамие хаст, ки кас маъние бардошта наметавонад, зеро силсилаи нома–посухи нома аз байн рафтааст.

    Ба назарам, таъминкунандагони ин хадамоти интернетй каме масъулияти хешро гум кардаанд. Бояд чорае пайдо кард.

    Боз хам — пузиш.

    Comment by aioubzod | 27.06.2009 | Reply

  2. Устоди азиз Салим Аюбзод
    Банда агар гуям ки ин чо сахми устод Нури ва Рахмон аслан хеч аст дар сулхи точикон хато намекунам
    Чун устод Нури аз мамолики араби пул дарёфт мекард ва Рахмон муттахами Руссия ва УзбАкистон буданд ва агар лозим буд ин ду то бо хам расидаги намекарданд ва чангро давом медоданд то вазият дар Афгонистон тагир хурд ва Амрико ки шикори исломгароёни тундравро шуруъ карда буд ва дар сурати хамда ба толибон шояд Амрико Каротнгинро маркази терористон гуфта бомбаборон мекард ва инчунин толибон хам шояд яке аз самти паногохояшон мешуд.
    Вп хуб аз ин лихоз ерон устод Нуриро мачбур ба сулх кардан водор сохт ва руссия метарсид амрико дар Осиёи миёна ба ин бахона чо мекунад рахмонро мачбур кард то сулхро бипазирад
    Ин хадки бечора як раммаае беш набуданд барои ин сиёсптбозихои руссия-Узбакистон-Эрон
    Ин сухани яке аз мустаъфии КГБ-хои Руссия буд ки мо дар хонаш кафел мечидем
    Бо ташакур
    Дарватанбегона

    Comment by Нодаркор | 28.06.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз мехрбонии Шумо.

      Нукоти чолиберо матрах мекунед. Дар хакикат таъсири омилхои беруна ба имзои санади сулх зиёд ва кавй буданд. Холо хам бисёре аз тасмимхо дар кишвар тахти таъсири чунин омилхо гирифта мешаванд. Вале ба хар хол, бигзор хамагй 0,5% хисси миллие накш бозид, ки ду рахбар ва сарварони дигар ба ин сулх сари таъзим оранд.

      Сониян, талошхои ба хам задани он хеле зиёд буд ва агар тарафхо садокат нишон намедоданд, харгиз он ба хада намерасид.

      Comment by aioubzod | 28.06.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: