Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Фарҷоми Мирзо Зиёев

Ziyoev2005_jpgҶузъиёти марги Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирории Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи кулли нерӯҳои Иттиҳоди мухолифони тоҷик, шояд рӯзе, аммо на ба ин зудиҳо ошкор шавад. Алъон гумони ғолиб ин аст, ки вай эҳтимолан қурбони дудилагиҳо, сулҳдӯстӣ ва ҳамзамон дипломатиябозии хеш шуд.

Давлатмардони Тоҷикистон хабар доданд, ки собиқ вазир ва яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар Мирзо Зиёев, мулаққаб ба “Ҷага”, дар як даргирии ногаҳонӣ аз ҷониби тарафдорони худаш ба қатл расидааст. Ин хабар оё боваркарданист?

Боваркарданӣ мебуд, агар мақомоти давлат аз ибтидо, яъне аз оғози паҳн шудани овозаҳои зуҳури Мулло Абдулло ва гуфтугузор аз рафтуомади афроди бегонаи мусаллаҳ дар шарқи кишвар (охирҳои моҳи апрел) бо мардуми худ ва хабарнигорон ошкору рӯшоду дақиқу комил сӯҳбат мекарданд. Бовар роҳе дуҷониба аст.

Пас аз ду моҳи расо гуфтани ин ки “рӯзи 11-уми майи соли 2009 аъзои гурӯҳи Азизов М.С. ва Зиёев М.А. дар деҳаи Чорсуни Болои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз се низомии давлатро гаравгон гирифтанд,” чӣ маънӣ дорад? Чаро ин хабар на дар ҳамон рӯзи 11-уми май, балки 12-уми июл гуфта мешавад?

Тамоми ин ду моҳи гузашта намояндагони Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо як овоз мегуфтанд, вазъият дар Тавилдара ва Сағирдашт ором аст, мавҷудияти ҳеҷ гуна афроди мусаллаҳ ба мушоҳида нарасидааст. Дурӯғ гуфтан ва пинҳон доштани маълумот баёнгари фасод аст ё ноӯҳдабароӣ ва номувофиқатӣ ба касбу вазифа?

Дар ин байн, агар дар хотир дошта бошед, Мирзо Зиёев изҳорот дод, ки то ӯ зиндааст, ҳеҷ нерӯе нахоҳад тавонист, вазъиятро дар минтақа ноором кунад. Агар Зиёев ин изҳоротро дар ҳоле медод, ки се низомиро гаравгон гирифтааст, чаро мақомоти давлат сукут ихтиёр карданд? Нагуфтанд, ки Зиёев дурӯғ мегӯяд ва дурӯягӣ мекунад?

Баракс онҳо аз Зиёев хостаанд, барои ҳалли қазия миёнаравӣ кунад. Шигифтовар аст, ки Зиёев рӯзи 11-уми май ҳарбиёни ҳукуматро гаравгон гирифтааст ва 26-уми май бо муовини вазири дифоъи Тоҷикистон Ғайрат Адҳамов мулоқот кардааст.

Дар хабарҳое, ки журналистон бо мушкилоти зиёд ба даст меоранд, монанди бозёфти ҳамкори ман дар радиои “Озодӣ”, Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, аз ҳалокати як афсари Вазорати дифоъи Тоҷикистон, Абрибод Алишаев сухан меравад, ки рӯзи 15-уми июн дар деҳаи Басиди ноҳияи Рӯшон ба хок супурда шуд.

Дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 12-уми июл нашр шуд, ин ном зикр ва ин факт тасдиқ гашт. Лекин дар ин изҳорот гуфта намешавад, лейтенанти калон Алишоев кай кушта шуд. Оё рӯзи 11-уми май ё дертар, пеш аз мулоқоти Зиёев ва Адҳамов ё баъд аст он? Баракс, дафъатан пас аз зикри номи Алишоев гуфта мешавад, “ба гурӯҳи ҷиное, ки ӯро куштааст, Зиёев М.А., Азизов Н.С. ва Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич бо лақаби “Кӯри Малиш” шомил будаанд.”

Хабаргузориҳои байнулмилалӣ ба нақл аз як мақоми аршади Тоҷикистон мегуфтанд, дар ҳамлаи гурӯҳи 12-15-нафарӣ ба посгоҳи Сафедхоки Тавилдара дар рӯзи 8-уми июн, ду нафар аз ҳамлаварон кушта шуданд ва нафари савум бо лақаби “Кӯри Малиш” аз захмҳои сангин дертар ҷон дод.

М. Зиёев. Соли 2004.

М. Зиёев. Соли 2004.

Агар Мирзо Зиёев бо ин афрод дар як гурӯҳ мебуд ва ҳам дид, ки хунрезӣ ба вуқӯъ пайваст, чаро пинҳон нашуд, балки ҳамроҳи писараш ва узви дигари гурӯҳи ҷиноӣ — Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич (ҳамон “Кӯри Малиш”!) дар яке аз посгоҳҳо боздошт шуд. Ҷузъиёти ин боздошт низ гуфта нашудааст. Оё вай мехост, аз посгоҳ убур кунад? Оё ба посгоҳ ҳамла кард? Аслан чаро ба назди посгоҳ омад? Магар шахсе ки гуфта мешавад, дар ҳоли ҷанг аст, ба посгоҳи “душман” наздик меояд ва имкон медиҳад, ӯро ба ҳабс гиранд?

Шояд айнан ҳамин гуна шуда бошад, вале дар изҳороти мақомоти расмӣ тафсилоти боварбахш дода нашудааст.

Ривояти расмии ҳалокати Мирзо Зиёев низ шубҳаовар аст. Даргирӣ чӣ гуна иттифоқ афтодааст, ки аз ҳамаи ҳамсафарон маҳз ва танҳо ӯ кушта шудааст? Агар тирандозон аз шарикони собиқи ӯ буданд, мебоист ӯро мешинохтанд ва ба тарафи ӯ тир намекушоданд.

Гуфта мешавад, даргирӣ дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки Зиёев доваталабона ба нишон додани махфигоҳи аслиҳаи худ ва ташкили гуфтушунид бо аъзои боқимондаи гурӯҳи Н. Азизов раҳсипор шудааст. Одатан, афроди боздоштшуда ва айборшаванда ибтидо ба исбот кардани бегуноҳии худ талош мекунанд ва дар ин роҳ мавҷудияти ҳама гуна далелҳои шаъйӣ на ба манфиати онҳост. Ҳайратовар аст, ки Зиёев бо донистани саргузашти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва дигарон талош кардааст, дар навбати аввал далелҳои дар ҳақиқат гунаҳкор будани хешро худ ба дасти мақомот бисупорад.

Аз сӯйи дигар дар ҳоле ки як қисми аъзои гурӯҳи даргир дар озодӣ мондаанд ва таҳдиди онҳо ба ҳамла барои раҳоии Зиёев ба маротиб бузургтар аз хатари махфигоҳи силоҳ аст, чаро низомиёни давлат розӣ шудаанд, ки ҳамроҳи Зиёев ба Сафедхок сафар кунанд? Онҳо магар фикр накарданд, ки мумкин аст, Зиёевро аз даст бидиҳанд? Наандешиданд, ки Мизо Ҷага симои намоён ва яке аз рамзҳои мухолифон аст ва ҳалокати тасодуфии ӯ метавонад сабаби шикоф байни аҳолӣ, амиқрафти хусумат ва уқдаи маҳалгароёна шавад? Чӣ касе, бо дастури кӣ риски интиқоли ӯро аз як маҳал ба маҳалли дигар бар дӯш гирифт? Ва хабари мақомот дар бораи интиқол ёфтани ӯ бо чархбол ба Душанбе чӣ маънӣ дошт?

Ниҳоят, оё сарнавишти 3 гаравгони 11-уми май чӣ шуд? Онҳо озод шуданд? Кай ва чӣ гуна? Талаби гаравгонгирон оё чӣ буд?

Бо вуҷуди норӯшаниҳо дар изҳороти давлатмардони Тоҷикистон, ба назар мерасад, дар Тавилдара ва Дарвоз на амалиёти “Кӯкнор-2009, балки як навъ “ҷангбозии хаппакии тақрибан кӯдакона”-е ҷараён ёфтааст, ки пайомадҳояш начандон кӯдаконаанд.

Санавбар Шерматова, узви Шӯрои коршиносони хабаргузории РИА “Новости” дар Маскав дар гуфтугӯ бо ҳамкори ман дар радиои “Озодӣ”, Зарангези Наврзӯшоҳ мегӯяд: “Дар ду ҳодисаи пурсарусадои ҳамлаи ҳаракати исломии Ӯзбакистон болои Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар солҳои 1999 ва 2000 исми ӯро бо ин гурӯҳ вобаста мекарданд, мегуфтанд, ки вай ба Ҷумъаи Намангонӣ таъсир карда метавонад. Масалан, бо мудохилаи Мирзо Зиёев қазияи рабоиши геологҳои ҷопонӣ аз ҷониби ҷангиён дар Қирғизистон ҳалли худро пайдо карда буд. Ӯ ҳамингуна як бозигар буд ва ӯ одат дошт, ки дар сангарҳои мухталиф бозӣ кунад, аммо хеле шахсияти сулҳпарвар буд. Масалан, ман аз сӯҳбатҳои баъзе мухолифини Тоҷикистон медонам, ки баъди он ки онҳо бо вазъи Афғонистони харобу ҷангзада аз наздик шинос шуданд, як бахши ҷангиёни Тоҷикистонӣ ҳам қароре қабул карданд, ки набояд иҷоза диҳанд, ки Тоҷикистон ҳам ба Афғонистони дуюм табдил шавад. Мирзо Зиёев яке аз онҳо буд.”

Албатта, бисёриҳо дар саросари ҷаҳон дар ёд доранд, ки Зиёев мегуфт, “мо бознамеистем, балки то Самарқанду Бухоро меравем ва онҳоро ҳам озод мекунем.” Аммо ин изҳороти вай дар соли 1994 садо дода буд, дар авҷи пирӯзиҳои ҳарбияш дар Тавилдара.

Ба ҳар ҳол, миллионҳо бор беҳтар буд, ки Мирзо Ҷага кушта намешуд. Тоҷикистон аз чунин ашхос зиёд надошту надорад. Вай ба зиндагии осоишта машғул буд, аммо ҳамеша омода буд, дар дифоъ аз Ватан бархезад. Дар ин дунёи бӯқаламун ва дар ин минтақаи ноороме, ки Тоҷикистонро иҳота кардааст.

Дареғ, чандест, Тоҷикистони мо аз хандаи бахт маҳрум аст. Гоҳ вазире худро мекушад, гоҳ вазире кушта мешавад, гоҳ пизишке дар мошини милиса аз беморӣ мефавтад, гоҳ даста-даста салафию таблиғиҳо боздошт мешаванд, — кишваре тақрибан бе хушхабар! Ва хабарҳояш ҳам боварнакарданӣ.

Боре додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов гуфта буд, хабарҳои носолим ба обрӯйи байнулмилалии кишвар зарба мезананд. Ҳақ асту рост. Бубинед, аллакай дар даҳҳо расонаи русӣ аз ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ҳалокати қариб 20 нафар гузориш медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки кишвар зори сармояи беруна ва беҳбуди иқтисодиёт аст.

Ба кӣ ва чаро даркор буд, ин минтақаи ҷабрдидаи ҷанги гузаштаро, ки мардумаш беш аз мардуми ҳар минтақаи дигар хостори оромию осудагиянд, дигарбора ноором ва тамоми миллатро нигарон кунад? Ба кӣ даркор буд, марги шахсе, ки бо тамоми вуҷудаш сулҳро пазируфт, ба истеъфои бесабабу бетафсир тан дод ва замоне ҷони садҳо аскарбачаи асирафтодаи тоҷикро наҷот дода буд.

12.07.2009 - Posted by | Сарнавишт, Тоҷикистон |

9 Comments »

  1. …харки накуном зист

    Хучуми Махмуд Худойбердиро дар соли 1998 махз Мирзо Зиёев ва шогирдони у баргардонида буданд. У буд, ки тактикаи хучуми Махмудро медонист. Зеро Махмуд аз чониби хукумат солхои чанг борхо дар Тавилдара аз “Чага” шикаст хурда буд.
    Мирзо ягона нафари бегаразу бетараф буд, ки хамакнун кушта шуд. Барои ин хукумати гурухи хеле даркор мешуд. Аниктараш барои ин хукумати замоне махалли ва хамакнун гурухи-махалли касе ба чуз пул даркор нест, вале Мирзо барои рузи мабодои миллат даркор буд. Рухат шод, эй нафаре, ки ба кавлат содик монди,паймон нашикасти,харчанд метавонисти хеле корхоро анчом дихи!

    Comment by oshno | 13.07.2009 | Reply

    • Ошно хуб мегуяд, вале беш аз ин бояд афзуд, ки махз пирузихои Мирзо Зиёев дар чабхаи Тавилдара ва тахдиди у ба Шугнов хукумат ва Русияро мачбур кард, ба андешаи сулху оштй афтанд.

      Дар макоми вазири вазъиятхои фавкулода низ Мирзо хидмати зиёде ба мардуми офатзада кард ва инро дар хамаи манотики кишвар хуб дар ёд доранд.

      Comment by aioubzod | 14.07.2009 | Reply

  2. Хуб Мирзо ба ки даркор буд
    Фикр мекунам барои хукумати имруза Мирзо дигар хеч даркор хам набуд хатто ба долонхои хукумат чун у функсияашро ба поён расонида буд. Аммо у бо ин хама махбубияташ байни мардуми минтака умуман Точикистон ба мухочироне ки аз руссия ва дигар мамолик бо сабаби бухрони моли ба Точикистон баргаштаанд лозим буд.Чун чавонони имруза чавонои солхои навадуми асри гузаштаро намемонанд нодон бошанд ва мафхуми оходи ва хукуки зудро сарфахм нараванд ин чавонони точик чавононеро мемонанд ки имруз аз гурури милли огахи доранд ва душманро аз дуст сиёхро аз сафед чудо карда метавонанд чун ишон дар гариби ва мухочират хама чизро фахмидаанд махсусан ватанхохиро.
    Ва хуб чун ин чавонон ки ба ватан баргаштанд Мирзо метавонист ин чавононро гирди худ чамъ кунад ва мукобили фасоду ришвахорие ки ин хукумат ба мардум раво мебинад мабориза барад ва хакикатро руи об барорад
    Аммо хукумат илочи вокеа пеш аз вкуъ дар арафаи баргашти мухочирин Мирзоро аз байн бурд ва каме хам бошад осуда шуд
    Аммо нмедонад ки душмани асли Узбакистон чандин сол боз нестии миллат ва давлати точиконро хадаф гирифтааст ва дар сурати надоштани лидер чун Мирзо ва бо ин гуна доштани “давлатмардон”-и буздил миллат ва давлати точиконро ба нести мебарад ва ин буздилон боз аввал шуда бо ду дасти адаб миллатро мефурушанд. Чун таърих аз ин ин гувох аст дар соли 1992 хамин буздилон буданд чи тавр артиши узбакистонро ба хоки точикистон оварданд ва онхо чи тавр мардуми вахшро катли ом карда духтарони точикро тачовуз карданд. Ва ё ин ки дар соли 1924 ё ин ки бад аз пошхурии давлати Сомониён
    Ин чоплусон будан ки бахси Самарканду Бухороро бо ивази артишу лавозимоти харби ва ба сари кудрат омадан дар соли 1993 ба узбакхо фурухтанд ва ин бахсро то абад аз байн бурданд чун ин бахс то аошхурии Иттиходи шурави идома дошт хамчун маркази точикони дунё ва Мирзо касе буд ки инро дарк карда буд он солхо
    Аммо модари ТОЧИК каси дигареро барои ба хам овардани мардуми точик тарбият карда истодааст
    Ин бор аз кадом минтака хануз малум нест.
    Кулоб,Рашт,Хисор,Хучанд ва ё Бадахшон вакт инро малум хохад кард
    Рухат шод бод Мирзо

    Comment by Нодаркор | 13.07.2009 | Reply

  3. Mutaassifona bisyor khabari noxushe bud. Kase ki pas az sulh tamomi hastiyashro baroi xidmat bakhshida bud. Azxabarhoe ki muntashir shuda felan nameshavad daqiq namud ku U chi guna baqatl rasid. BA har hol torikh der yo zud inro oshkor mekunad vale digar Jaga ba xobi abadi rafta ast. Umedvoram khabari aniqe ba dast omad ba ittilo rasoned. Salimijoni aziz.

    Comment by Zafar | 13.07.2009 | Reply

  4. Ба назари банда, сарбаландии Мирзо сабаби марги у гашт. Дар ёд дошта бошед, пас аз истеъфояш у нахост дар Душанбе истад ва ба зодгохаш рафт. Хол он ки ба акидаи хукуматдорон мебоист дар Душанбе мемонд ва ба даргохи чаноби олй таъзим карда меистод, то ягон вазифаи дигараш диханд. Сипас дар соли 2007 дар бораи сиркати амвол дар вазорати зери дасташ буда парванда боз карданд ва гуфтанд наздик ба 200 хазор сомонй гум шудааст. Ин сигнал буд ба вай, ки хушер бошад. Вале у парво накард. Гуфт, Худо дорам, чй гам дорам.

    Вай ба сарварони кишвар сигнал надод, ки ба онхо таьзим мекунад ва як чоплуси дигар аст. Дар ин кишвар ва аслан дар хама чо, касе ки чоплусй намекунад, хамеша мавриди шубха хохад буд, хамеша довталаб ва муддай намудор хохад шуд. Барои хамин Мирзоро нобуд карданд. Гумон карданд, вай ки дигаронро признавать намекунад, пас чизе мехохад.

    Comment by Samandar | 14.07.2009 | Reply

  5. Худо раҳмат кунад, руҳаш шод, марди бузурге буд, хидматҳои фаровон ва шоистае барои ватану миллат аз худ нишон дод. Ман шахсан худам дар бораи ў, аз касоне ки ўро аз наздик мешинохтанд, бисёр шунидаам, ўро таърифу тамчид мекарданд. Воқеан, як точики сарбаланд буд. Ва ин матлаб, аз қиёфааш комилан ҳувайдост.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшанӣ | 14.07.2009 | Reply

  6. Рахмати Худо ба рухи Мирзо!

    Инак, дар ин дунёи букаламун, дар ин кишвари пур аз ихтилоф боз як ходисаи мудхиш, фочеаи милли рух дод, ки окибаташ барои мо точикон вазнин хохад буд. Точик сагиртар шуд, зеро боз як фарзанди баору баномусашро туъмаи Заххок намуд. Э войи рузгор, э войи ковахо…

    Тасаввур мекунам, дар Тошканд чи тур хурсанди карда истодаанд ва ба холи мо хандида истодаанд. Асос доранд…

    Comment by Sooroosh | 15.07.2009 | Reply

  7. Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,
    То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

    Рӯҳат шод бод, абармард!

    Comment by Набиюллоҳи Суннатӣ | 15.07.2009 | Reply

  8. Як маколаи васеи тахлили лозим аст, то бидонем, ки чаро Мирзо Зиев (рухаш шод бод) таи ин муддат аз хоки Тавилдара берун нашуд. У чи хадаф дошт? Чаро бо ин хама аклу заковате, ки дошт фалокати ногузирро нигарон истод? “Алъон гумони ғолиб ин аст, ки вай эҳтимолан қурбони дудилагиҳо, сулҳдӯстӣ ва ҳамзамон дипломатиябозии хеш шуд”.
    Устод Аюбзод!Ба назар суханони Шумо дуруст менамояд, агар тахи коса нимкосаи дигар набошад. Ба хар хол аз Шумо хохиш мешавад, ки дар ин маврид кушодтар харф занед.
    Сарнавишти Мирзо Зиев сарнавишти кахрамони хикояи Л. Толстой – Хочи Мурод ва сарнавишти Имом Хусайн (р) -писари Хазрати Алиро (р) ба ёд меорад. На рохи пас, на рохи пеш.
    Агар ин фарзия исбот шавад пас у кахрамон аст ва бехуда курбон нашудааст, дар акси хол, таърих хулосахои худро дар хар замон ба хар маъни хохад баровард.

    Comment by Шоди | 15.07.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: