Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Марзи зиллат дар моварои миллат

KuhistonЧанд рӯзи охир як чиз сахт нороҳатам мекунад. Дубора шиор шудани истилоҳи “тоҷикони кӯҳистон” ё “кӯҳистониён”, ки бештару бештар ба гӯш мерасад ва ба марзи нави ҷудоӣ табдил меёбад. Дӯстони дилсафеди ҷавонам мепурсанд, “тоҷики кӯҳистонӣ” чӣ маънӣ дорад? Посух медиҳам — нороҳат набошед, ҳеҷ маъние надорад, як дурӯғи дигар аст.

Сипас ба андеша меравам ва ба ёд меорам, ки дар синнусоли онҳо худам мушт ба сина мезадам ва аз кӯҳистонӣ будан фахр мекардам. “Мо, тоҷикони кӯҳистон..! Ба ёд меорам ва шарм медорам.

Магар чи он вақту чи ҳоло моро ба даҳҳо гурӯҳу қабилаву мазҳабу равия тақсим намекарданду намекунанд, ки боз худро ба бахши вижаи “кӯҳистониён” низ ҷудо кунем? Чӣ ҷои ифтихор дорад, кӯҳистонӣ будан?

Устод Айнӣ дар ду мақолааш дар “Овози тоҷик” дар соли 1924 аз тоҷикони кӯҳистон ситоиш мекунад, аммо хислатҳои нигаронкунандаи онҳоро низ тазаккур медиҳад:

“Тоҷикони кӯҳистон (…) қадре дурушт ва зудхашманд. Дар ватани худ ба андаке сабаб, ё ки бесабаб миёнаи худ ғавғо мебардоранд.”

Айнӣ бархе аз чунин хислатҳоро натиҷаи тангдастӣ ва зиндагии пурмашаққати онҳо медонад, аммо дар ҷойи дигари мақолааш менависад:

“Аҳолии кӯҳистон, умуман соҳиби заковат ва зеҳни соф буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабиётро дӯст медоранд.”

Бояд гуфт, ин натиҷагириҳои Айнӣ аз шинухези ӯ бо афроде ба миён омадаанд, ки вай дар Бухоро дидааст ва аксари онҳо мардикорон буданд. Ҳоло бубинед, матбуоти Русия дар бораи мардикорони тоҷик чӣ менависад.

Тафовутҳоеро дар байни тоҷикон ва тоҷикони кӯҳистон (nonsense!) дигар нависандагоне монанди Шишов ё Хаников дар китобҳои худ зикр кардаанд. Аммо барои ҳамаи онҳо ибораи “тоҷикони кӯҳистон” як истилоҳи этнографию мардумшиносӣ будааст, на сиёсӣ, ҳарчанд ҷосусшарқшиносон гоҳе инро омили муносиби “тафриқа андоз ва ҳукмронӣ кун” донистаанд.

Ба касе, ки зарур буд, хуб истифода ҳам кард.

Дар 70 соли ҳокимияти шӯравӣ ин ибора комилан сиёсӣ шуд ва ба онҳое ишора мекард, ки аз тақсими қудрат ва сарват канор мондаанд.

Бархе аз сиёсатбозони беандеша дар ибтидои солҳои 1990 бори дигар аз ин истилоҳ ба манфиатҳои кӯчаку шахсии худ истифода карданд. Суханони онҳо монанди шиорҳои натсистию ҳитлерии “тозаҳо ва нотозаҳо” садо дода буд. Бигзор ҳамаи гӯрҳо бисӯзанд, вале деги мо биҷӯшад!

Сиёсатбози дигар мисраъи шоирро, ки ба фарзандони кӯҳҳои баланд пастӣ намезебад, ғалат ба забон меовард ва магар пастӣ набуд, ки сарбозони бегонаро ба хонаи падараш овард?

Албатта, шароити кӯҳистон дар инсонҳо ғурур ва сахтҷониро тарбия мекунад ва дар кӯҳистон ба ҳар инсон, қатъи назар, ки ӯ кист, арҷ мегузоранд ва чӣ будани маҳалгароиро намедонанд. Набояд аз ғурур ва дилсофии онҳо суистифода кард.

Аммо бигзарем, аз ин ҳама, охир дар асри 21 зиндагӣ мекунем, як бадбахтии бузургеро паси сар кардем, набояд зодаи куҷо будан мояи ифтихорамон бошад. Охир чӣ гуна як ҷисми зиндаро мебуред? Ба кадом қисмҳо?

Дар Душанбе, ки бояд Бухорои навине шавад, ҳама паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд. Ба дари кадоме аз онҳо тамғаи кӯҳистонигарӣ мезанеду ба дари дигаре — барчаспи бегонагӣ?

Фикр намекунед, ки имрӯз ба мо беш аз ҳама фарохназариву дурандешии шаҳрнишинон даркор аст? Магар дар тани мо ҳуҷайрае аз ниёи шаҳриёрамон намондааст? Магар кӯҳистонро ба ихтиёри хеш маскан гузида будем ё дар фирор аз дасти истилогарон? 

Кӯтоҳи сухан, шакке нест, ки имрӯз, дар  Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷудо кардани мардум ба тоҷикон ва тоҷикони кӯҳистонӣ танҳо як судҷӯии нав аз шиори кӯҳна буда метавонаду бас. Як шиори зидди ваҳдат.

Охир дар кишваре, ки 93 дарсади он кӯҳистон аст, чӣ теъдоди мардум метавонад, “ғайрикӯҳистонӣ” бошад? Магар ин тамасхури ошкоро ба тамоми миллат нест?

Хуб, оё “тоҷикони кӯҳистонӣ”, яъне “тозаҳо”(!) бояд ба зидди кӣ муттаҳид шаванд? Ин ҳам магар шакли дигари “бародарвилоятӣ”-и соли 1992 нест? Магар беҳтар нест, тоҷикон умуман, чӣ кӯҳистонӣ ва чӣ ғайрикӯҳистонӣ (аҷаб таъбире — “ғайрикӯҳистонӣ”!), хуллас, ҳамагон муттаҳид шаванд ва барои ободию беҳбуди ватан заҳмат кашанд, ватанро аз кажроҳа наҷот диҳанд?

Дар гӯши ман ин ибораи “тоҷикони кӯҳистонӣ” мисли як уқдаи ҳақорат, худфурӯбинӣ, худзалилбинӣ ва бечорагӣ садо медиҳад. “Бачаи кӯҳистони худамонай!” Агар ин афроде, ки аз гузаштаи 10-15 сол пеш сабақ нагирифтаанд ва ё ҳанӯз ҳам хуни фарзанди мардум барояшон қатраи обе беш нест, тоҷики кӯҳистонӣ бошанд, ман аз ин “унвони зиллат” гузаштам.

Ё иштибоҳ мекунам?

15.07.2009 - Posted by | Ватан, Инсон, Таърих, Тоҷикистон

5 Comments »

  1. Ba fikri man, dar har inson kabl az hama mo boyad insoniyati uro bubinm. Agar tojik ham boshad, yak tojiki la’in boshad, az tojik budani u chi foida? Aga yak musalmon boshad, vale zolimu khunkhor boshad, oyo az musalmonii u boyad mo fakhr kunem?

    Az in ru, man fikr mekunam, ki dili inson az millat va din ham mukaddamtar boyad boshand.

    Comment by follower | 16.07.2009 | Reply

  2. Эй бародар, то замоне ки мо миллат нашавем, на муттахид мешавем, на инсон ва на мусулмон. Хисси миллй, ки аз забони модарй ва таьриху фарханги ягона бармеояд, бунёду пойдевори хама чизи дигар аст. Аммо хазорон афсус, ки ба садхои гуруху чомеа таксим хастему хамдигарро чашми дидан надорем. Салафй ханафиро дуст намедорад ва чанубй шимолиро, шахрй дехотиро ва гайраву гайраху… Кучо меравем ин хела?

    Comment by Samandar | 16.07.2009 | Reply

  3. Ya’ne alafi bigzor hanafiro dust doradu, val musalmon buddoiro ne? Janubi shimoliro dust doradu, tojik kirghizro bad binad?

    Comment by Follower | 16.07.2009 | Reply

  4. Бисёр мешунавам, ки мо бояд миллат шавем, муттахид шавем ва гайраву хоказо.
    Вале, чи гуна миллат шавем, кадом аст рохи миллатшави, ки онро нишон медихад?
    Шахсан ман аз точик буданам имруз фахр надорам. Ва намедонам кай он фурсат даст медода бошад, ки бо миллати худ фахр кунам. Фахри дуругине, ки имруз чоплусони давр атрофи точик будани як зумра бузургону кабирони гузашта, аз кабили Синову Румиву дигару дигарон бароям фахр нест. Чун савол пеш меояд, ки имруз мо кием, ки дорему чи дорем ва чи кору номаъкулихо карда истодаем.
    Ба назари банда барои миллат шудан бояд аз худ сар кунем, худро бишносем, пора надихем, хакки худро талаб кунем, дар мукобили беадолати ором наистем, даст пеши бар будан бас, сари хамро шамшер набурридан дуруг, бас будагист дуруягию харомхури, покиза бошем дар хонаву дар берун, атрофи хонахоро тоза нигох дорем, занакхоямон ба чойи пахм карда дар куча шиштану устухонхойи кардан ба ягон кори муфид машгул шаванд, фарзандхоро тарбия кунанд, локин аввал бояд албатта мардакчахо худашон занакошона тарбия кунанд, бе ин намешавад, ва рост гуфтед, пеш аз ин мардакчахо хам худашона ислох кунанд, тарбия кунанд, хонанд, ангур аз ангур гирад ранг…
    Нисбати такдири фарзандон беахамият набошем, мактаб раФтан даркор, муаллима контрол кардан лозим, то мактабу муаллим масъулият хис кунанд ва ба хамин монанд ва гайраву хоказо ва аз хама мухимаш беахамият ё ба гуфтаи мо точикон бетараф набошем.
    Ба гумони ман хамин аст роххои миллат шудан, ё миллат сохтан… бубахшед, ки зиёд гап задам, агар нагуям мекафам, ягон руз🙂

    Comment by Sooroosh | 16.07.2009 | Reply

  5. Шубха надошта бошед,ки иштибох мекунед.
    Точикони кухистон аввал точиканд баъд хар каси дигар ё точир ё диндор. Вале точикони водихо аксаран савдогаронеанд, ки бо точики харф мезананд.
    Агар фарзанди куххои баланди,
    Ба ту пасти намезебад, бародар!

    Comment by Расул | 18.07.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: