Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Бояд масҷиди бештаре сохта шавад…”

medРаисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, рӯзи чаҳоршанбе аз Масҷиди ҷомеи Маскав дидан кард ва дар ҳамин ҷо гуфт, бояд дар кишвараш масҷиди бештаре сохта шавад.  Вай махсусан зикр кард, ки бояд дар шаҳри олимпии Сочӣ як масҷиди бузурге бунёд гардад.

Ҷаноби Медведев инчунин иқрор кард, ки Русия дар солҳои охир шоҳиди афзоиши бесобиқаи бегонаситезӣ ва тундгароӣ мешавад. Вай нақши рӯҳониёни исломро дар коҳиши ин падидаҳои кишвараш муҳим донист ва аз сарони мусулмонони Русия хост, дар таҳкими таҳаммулпазириву шикебоии иҷтимоӣ саҳм бигиранд.

Дар ҳоле ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ акнун саҳми мусулмононро дар таркиби мазҳабии Русия ба маротиб боло бурдаанд, ҳеҷ яке аз сарони исломии Русия дар бораи машаққати ин мардум ва зарурати ҳифзи ҳуқуқи онҳо чизе нагуфт.

Худкамбинии онҳо то ҷое буд, ки пешниҳод карданд, бо сабаби ба Бозиҳои олимпии Сочӣ сафар кардани варзишгарон аз кишварҳои мусулмон дар ин шаҳр як масҷиди муваққатӣ сохта шавад. “Чаро муваққатӣ?” — пурсид Медведев ва дафъатан афзуд, бояд масҷиди доимӣ, бузург ва зебо бунёд кард.

Вай гуфт, аслан дар ҳар куҷое, ки мусулмонон ба сар мебаранд, бояд масҷидҳо сохт ва дар бунёди ин марказҳои мазҳабию маънавию ахлоқӣ набояд маҳдудияте мавҷуд бошад. 

Аммо оё то куҷо эҳтироми Медведев ба ислом ва мусулмонон самимона ва ғайрисиёсӣ буд? Намедонам, ин иштибоҳи журналистон буд ё мушовирони Медведев ва оё дарвоқеъ чунин буд ё на, вай ба ҷойи калимаи “уммат” ё дар талаффузи русӣ — “умма” вожаи дигар — “сумма”-ро ба кор бурд. Ба ҳар ҳол дар нашрияи интернетии “Взгляд” сухани ӯро ба ҳамин шакл нашр кардаанд.

Дигар ин ки президенти Русия ҳар сафару мулоқоти худро дар торнигораш дар шакли видео ё матн ҷой медиҳад. Се рӯз мунтазир истодам, ки оё боздидаш аз масҷид ва сӯҳбаташ бо рӯҳониёни мусулмонро дар ин веблог нашр мекунад ё на, на, нашр накард.

Пас то куҷо суханонаш самимона буданд?

16.07.2009 - Posted by | Дин, Ислом, Русия, Сиёсат |

1 Comment »

  1. man manemedonam emomali rahmon chi kor mekonad? medwedof masjid obod mekonad emomali kharob mekonad

    Comment by karim | 06.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: