Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Посух ба Шодии азиз ва ёрони дигар

Zioyev2004Шодии фарзона менависад: “Як мақолаи  васеи таҳлилӣ лозим аст, то бидонем, ки чаро Мирзо Зиёев (рӯҳаш шод бод) тайи ин муддат аз хоки Тавилдара берун нашуд. Ӯ чӣ ҳадаф дошт? Чаро бо ин ҳама ақлу заковате, ки дошт фалокати ногузирро нигарон истод?” Бешак, пурсишҳои муҳиманд. Вале ба назарам вай посухҳоро бо худ бурд…

Беҳтарин маълумоти мумкинро дар ин бора журналисти тоҷик Далер Ғуфронов додааст, ки охири моҳи май ё аввали июн дар Тавилдара Мирзо Зиёевро мулоқот кардааст ва мегӯяд, «баъзе ишораҳо мекард, ки ӯ дар миёни обу оташ қарор дорад. Эҳсос мекард, ки вазъи минтақа аз шахсияти ӯ хеле бастагӣ дорад. Ман дарёфтам, ки барои ӯ рӯшан кардани мавқеъ дар баробари ҳаводиси он рӯз хатар дошт. Дар ин бора чизе намегуфт. Ҳарфи дилашро пӯшида медошт, аммо дар ин бора бо нигаронӣ сӯҳбат мекард. Ба назарам, таҳти як фишори маънавӣ мавқеъгирӣ кард ва кораш то ин ҷо кашид.”

Ин суханони Далер Ғуфронов ва назари коршиносони дигарро метавонед, дар мақолаи Фарҳоди Милод “Назари коршиносон ба куштори Мирзо Зиёев” бихонед. Дар зимн, ба фикри шахсии ман, дар ҳоли ҳозир танҳо радиои “Озодӣ” ба таври муфассал ва беғаразона ва то ҷои имконпазир дар ин бора ва ҳамчунин дар бораи вазъияти Тавилдара силсилаи мавод ба нашр расонд.

Таҳлилгари рус, Андрей Грозин, корманди Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав, ба нашрияи “Коммерсант” ва ҳам ба радиои “Озодӣ” гуфт, эҳтимолан хадамоти махфии Тоҷикистон иттилое ба даст овардаанд, ки Зиёев тасмими худро гирифтааст ва мехоҳад, дубора ба майдон баргардад. Озмоиши дурустии ин фарзия мушкил аст, вале агар мақомоти давлати Тоҷикистон далелҳои раднашаванда ба миён мегузоштанд, манзара хеле рӯшантар мешуд.

Мутаассифона, шарҳи мақомоти давлат, ки ман онро таҳлил кардам, ба ҷойи рӯшан кардани вазъият, баракс пурсишҳои зиёд ва ҳамзамон шубҳаву гумонро халқ карда, сабаби коҳиши эътимод ба сухани ҳукумат гардид. Ин пайте буд, ки ҳар нуқта вазну маънии бузурге дорад.

Ба ҳар ҳол, ба фикри шахсии ман, Мирзо Зиёев аз як сӯ қурбонии ҳамсилоҳҳои қаблӣ ва атрофиёни моҷароҷӯйи худ гашт. Агар ҳатто аз пеш нақшаи нобудии ӯ омода шуда буд, вай метавонист, бо тарки минтақа барои як муддат ҷони хешро ҳифз кунад. Аз сӯи дигар, тавре қаблан ҳам навиштам ва ба гунае, ки Далер Ғуфронов ҳам тасдиқ мекунад, вай байни обу оташ монда буд ва натавонист, ошкоро интихоби худро эълом дорад, ки бо ҳукумат аст ё зидди ҳукумат.

Ҳатман ӯро таҳрик медоданд, то ба майдон бикашанд. Далел ҳам доштанд, ки нисбати вай беэҳтиромӣ шуд, дар дилаш алами носитонда боқӣ монд ва гӯё даҳҳо ҳазор нафар маътал ба як ишораи ӯянд. Ва онгуна ки таҳлилгари маскавӣ, Санавбар Шерматова мегӯяд, як шавқи бозигарӣ дошт, мехост, имкониятҳои гуногунро озмоиш кунад.

Аммо ин ҳама суханон ҳадсу гумонанд ва шояд ҳақиқат комилан дигар аст. Ба ҳар ҳол талоши дарки рафтори ӯро мекунем, то маълум шавад, ҳалокаташ тасодфуӣ буд ё амдӣ. Ҳарчанд шояд дигар чандон аҳамияте нахоҳад дошт, вай ин дунёи фониро тарк кард. Бигзор охираташ обод бошад.

16.07.2009 - Posted by | Ватан, Инсон, Сарнавишт |

1 Comment »

  1. Ин охирин умед буд, ки хайф шуд.
    Равонаш шоду ёдаш дар калби миллат абадй бошад.

    Comment by Фозил | 18.07.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: