Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бепарвоии Русия ба сарнавишти атбояш?

rusflagҲамеша ба вокуниши барқосои мақомоти Русия дар мавриди сарнавишти шаҳрвандонаш дар хориҷа ҳасад мебурдам. Ҳасади, ба истилоҳ, сафед. Ҳангоми тӯфон дар Таилонд, садама дар Исроил, ҳабси донишҷӯён дар Миср ва монанди инҳо. Ҳатто ҷанги моҳи августи соли 2008 дар Гурҷистон низ расман бо ҳадафи дифоъ аз шаҳрвандони Русия буд. Аммо ин бор Русия сукут меварзад…

Вақте расонаҳои ҳамагонии Русия аз офатҳои табиӣ, суқути ҳавопаймо ё ошӯбу нооромӣ дар гӯшаву канори олам хабар медиҳанд, ба камияш дар банди дувум мегӯянд, оё ягон шаҳрванди Русия дар ин ҳодиса гир афтодааст ва агар ҳа, Вазоратҳои умури хориҷӣ ё авзоъи фавқулода, сафоратҳои Русия барои кӯмак ба ин шаҳрвандон чӣ мекунанд.

Ҳамагӣ чанд сол пеш барои давлатҳои тозатаъсис ин як падидаи нав буд ва бархе мегуфтанд, русҳо ба Амрико тақлид мекунанд. Ин тавр буд ё на, муҳим нест, вале ман мехостам, ҳар як давлати ҷаҳон барои шаҳрвандаш ҳамин гуна талош кунад ва вокуниши онҳо, масалан Тоҷикистон, ҳангоми гирифтори бадбахтӣ шудани шаҳрвандонаш, махсусан тоҷикон дар Русия, ҳамин гуна барқосо ва коро бошад. Ва бигзор ин талошҳо на ангезаи сиёсӣ, балки ангезаи инсонӣ ва башарӣ дошта бошанд.

Аммо ин бор шоҳиди вокуниши барқосои Русия нашудем. Аз хабари боздошти 5 шаҳрванди чечентабори Русия дар шаҳри Душанбе қариб як ҳафта мегузарад, аммо Маскав ҳам хомӯш асту сафорати он дар Душанбе низ.

Дар ин байн хабари наве расид, ки 5 мусаллаҳи кушташуда дар Тавилдара низ шаҳрвандони Русия будаанд. Дар изҳороти муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин афрод ном ба ном зикр шудаанд. Ҳатто соли таваллуд ва истиқоматгоҳи онҳо дар Русия эълон гашта, шиносномаи онҳо тавассути телевизион намоиш ёфт. Посухи Русия боз ҳам сукут аст.

Изҳороте садо намедиҳад ва сафорати Русия дар Тоҷикистон пурсишҳои хабарнигоронро беҷавоб боқӣ мегузорад.

Ҳол он ки русҳо метавонистанд, ба бисёр нукоти ин масъала рӯшанӣ афкананд. Чунончӣ, оё шаҳрвандоне ба ин ному насаб доштаанд? Касе аз онҳо дар қочоқи маводи мухаддир ё тундгароии мазҳабӣ айбдор шудааст? Солҳои охир онҳо дар куҷо ба сар мебурдаанд?

Коршиносон, аз ҷумла раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, мегӯяд, дар чунин шароит Русия маҷбур аст, қазияро шарҳ диҳад. Дар сӯҳбат бо радиои “Озодӣ” Мамадазимов гуфт, агар Русия ҳарфи ошкорое нагӯяд, дар мавриди нақш ва равобиташ “нофаҳмиҳое” ба миён хоҳад омад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш як коршиноси қирғиз дар телевизиони “К+” гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки рӯйдодҳои нигаронкунандаи марбут ба ситезаҷӯён дар Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон кори дасти хадамоти махфии Русия бошанд. “Албатта, кори дасти дигар кишварҳо низ буда метавонад, ки манфиаташон дар минтақа ба ҳам бармехӯрад,” афзуд ин коршинос.

Ҳатто агар ин мусаллаҳон аз Покистону Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда бошанд ҳам, дар сурате ки агар шаҳрванди Русия будани онҳо ҳақиқат дорад, маҳсули мушкилоти Русия ва тундгароӣ дар ин кишвар мебошанд, ки дар тамоми камарбанди бесуботӣ аз Қафқоз гирифта, то Кашмир паҳн мешавад.

Бино бар ин Русия масъул аст, дар чунин ҳолат сукут наварзад. Зеро ин сукут метавонад, маъниҳои гуногун гирад, махсусан ҳамон маънии машҳури аломати ризо будан ба ончӣ гуфта мешавад.

18.07.2009 - Posted by | Амният, Осиёи Марказӣ, Русия |

3 Comments »

  1. Дарвокеъ чои хайрат аст, ки чаро Русия сукут дорад. Шояд Точикистонро мулки бегона ё хорича хисоб намекунад?

    Comment by Samandar | 19.07.2009 | Reply

  2. … Ту напурсу ман нагуям!

    Comment by Шоди | 19.07.2009 | Reply

  3. Az kay ita boeviko shinosnoma gardonira sar kardan?🙂

    Comment by Mujohid | 20.07.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: