Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

5. Таърихчаи Қонуни забони давлатӣ

Akbari Turson - 4Вақте ки вакилони порлумони Тоҷикистон вожаи “форсӣ”-ро аз Қонуни забон берун ронданд, Акбари Турсон дар Душанбе набуд. Як гурӯҳ аз аҳли илму фарҳанг назари интиқодиашонро қаламӣ карда, дар матбуот интишор доданд. Ва азбаски муаллифони нома мавкеъ ва назари Акбарро нағз медонистанд, номи ӯро ҳам илова карданд. Акбар аз онҳо ташаккур кард…

Пас аз 15 сол низ вай ин воқеаи сиёсию фарҳангиро бо дарду дареғ ба ёд меоварад. Файласуфи маъруфи Урупо Баррух Спиноза мегуфтааст, ки нодонӣ далел нест, ҷаҳолат низ бурҳон нест. Бо вуҷуди ин Акбари Турсон қарори порламонро аз ноболиғии сиёсии Маҷлиси Олӣ медонад, ки шӯъбаву кумитаҳои дахлдор дошта бошад ҳам, онҳо вазифаву қудраташонро ба ҳадди бояду шояд намедонанд ва ё донанд ҳам корашонро дар сатҳи баланди масъулияти иҷтимоӣ анҷом намедиҳанд ё баройи анҷом додан салоҳият надоранд.

Ва тасдиқу таъкид мекунад: «форсӣ» фақат номи забони муштараки мардумони таҳҷоии Тоҷикистону Афғонистону Эрон нест. «Форсӣ» пайвандгари аслҳову наслҳост дар ориёзамин. Барои мо, тоҷикон, бошад, забони форсӣ рамзу нишони зиндамонии таърихӣ ва заминаву гарави ҳамоиши онҳо бо халқҳойи ҳамнаждоду ҳамтамаддун аст.

Аз ин рӯ, мо ҳамагон умедворем, ки порлумони Тоҷикистон ҳангоми таҳия ва қабули расмии қонуни нав, ки бо супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷараён дорад, моддаи аввалини онро ба ҳамон шаклу мазмуни пешинааш аз нав барқарор мекунад.

Як тазоди аҷибу ғариб. Боре дар конфаронси навбатии мутахассисони амрикоӣ оид ба Ховари Миёна мушовири фарҳангии Сардабири ЮНЕСКО оқойи Эҳсони Нароқӣ, ки ҳеҷ гумон надошт дар толор тоҷике нишаста бошад, аз минбар мегӯяд, ки Шӯравӣ бо ҳар роҳ ба мероси фарҳангии Эрон шарик шудан мехост. Дар ЮНЕСКО бо ташаббуси шӯравиҳо як кумитайи махсус оид ба омӯзӯши тамаддунҳои Осиёи Марказӣ таъсис доданд, ки раисаш Муҳаммади Осимӣ ном як фиристодаи онҳо буд. Ӯ зӯр мезад, ки ҳамаи мероси адабию илмии эрониёнро ба номи тоҷикон нависонад. «Ҳам Рӯдакии Самарқандиро тоҷик мегуфту ҳам Абӯалӣ Синои Балхӣ ва ҳатто Саъдию Ҳофизи Шерозиро!”

Акбар, ки дар ҷаласаҳои ҳамон кумитаи байналмилалӣ дар Порис ширкат варзида буду аз асли ҳол ба хубӣ бохабар буд, тоқат карда натавониста аз ҷояш фавран бархоста ба минбар меравад ва кӣ будани Осимию чӣ будани лоиҳаи илмию фарҳангии ЮНЕСКОро ба ҳозирин нақл карда зимнан мегӯяд:

«Ман аз ҳамон сарзамини тоҷикон ҳастам, ки шодравон Саид Нафисӣ «сарзамини поки ниёконам» унвон мекард. Ин пораи ориёзамин тайи даҳсолае чанд дар уқёнуси ақвоми бегона ба сони ҷазирае танҳо монда, миёни ду идеулужии пурқудрат – туркгаройӣ ва русгардонӣ тахтабанд шуда буд. Ваҳ, чӣ айбу аҷаб аст, ки акнун баъзе бародарони ҳамхуни тоҷикон ҳам ба пайванди рӯҳонию таърихи мардумони Хуросони Бузург рахна заданианд. Вале дунё ҳанӯз ба умед аст. Мо ҳанӯз бо овози баланд мегӯем:

Атои фазли яздонӣ,
Ки бо ҷамъу парешонӣ
Тапад бо ҳам,
Танад бо ҳам
Дили тоҷику эронӣ!»

Баъзе аз ҳозирон беихтиёр кафкӯбӣ карданд, вале ин аломати дастгирии нотиқ набуд, аз порайи шеъри Лоиқ хушашон омада буду бас…

Мутассифона, Нароқӣ аввалин ва охирин донишманди эронӣ нест, ки ҳиссаи тоҷиконро ба ганҷинаи фарҳанги Аҷам нодида мегиранд. Як сол пас аз сафари Нароқӣ ба конфаронси ховаршиносони амрикоӣ Абулҳусайни Зарринкӯбро даъват карданд. Ӯ ҳам дар ҳалқайи эрониёни муқими Амрико айни ҳамон гапҳойи Нароқиро гуфт.

Акбари Турсон бо як ҷаҳон тааҷҷуб ва таассуф меафзояд: ҳатто Эҳсони Ёршотир ва Ҷалоли Матинӣ, ки бо даъвати Институти ховаршиносии Тоҷикистон ба Душанбе омада, бо забону тариқи зиндагии тоҷикон аз наздиик шинос шуда буданд, мисли пештара ба корбурди истилоҳи «адабиёти форсу тоҷик» розӣ нестанд. Ва ҳол он ки пешаҳдони онҳо устодони забардаст Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Малик-уш-Шуаро Баҳор, Парвиз Нотили Хонларӣ ва Саиди Нафисӣ нақши бузурги тоҷиконро дар ташаккули забони адабии дарӣ-порсӣ-тоҷикӣ ва адабиёти бузурги ҷаҳонӣ мавсум ба «адабиёти форсӣ» мавриди эътибору эътироф қарор дода буданд».

Дар робита як мушоҳидаи худамро илова мекунам. Соле пеш овозхони эронӣ, Лайло Фурӯҳар, пас аз сафари Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии “Тапиш” (Лос Анҷелес) бо таҳайюр мегуфт, “аҷаб одамоне, дар Душанбе ба ҳамаи бузургони мо, мисли Синову Рӯдакию Фирдавсӣ пайкара гузоштаанд.”

Инак, агар олимони машҳур ва овозхони маъракагардро ду сатҳи фарҳанги Эрони имрӯза шуморем, метавон ҳадс зад, ки чунин ақидаҳо дар ҷомеаи ин кишвар як аксиома мебошанд ва ба ниёз ба далелу исбот надоранд.

Воқеан, дар ҳамон конфаронси ховаршиносони амрикоӣ олими тоҷик даъвои донишмандони муосири эрониро қотеъона рад намуда гуфтааст: сардафтари адабиёте, ки ба он гӯё тоҷикон ҳаққи комил надоштаанд, ҳаммеҳани ман буд ва низ забоне, ки дар домани он шеъри форсӣ арзи вуҷуд карда минбаъд дар диёри ман шоху барг паҳн кард, ташаккул ёфтааст. Дар воқеъ, агар эътироф мекунанд, ки Рӯдакӣ нахустин шоири бузурги ҷумла форсизабонон аст, Одам-уш-шуарост, яъне ҳазрати Одами шоирон, пас ғайримантиқӣ мебуд, агар гуфта шавад, ки забони модариаш аз берун омада.

Оё забони омада қудрате чунон дошта метавонист, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ чунон заминаи қавии маънавӣ ва муҳити мусоиди эҷодӣ ба вуҷуд оварад, ки дар он Рӯдакӣ барин шоири тавоно ба камол расад! Дар зимн эроди рӯдакишиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоюфро низ ёдрас кард, ки дар ҳамоҳангӣ бо Садриддини Айнӣ гуфта: забони шеъри Рӯдакӣ ва услуби бадеии ӯ чунон пухта бувад, ки онро наметавон зода ва парвардаи забону фарҳанге донист, ки таърихи ҳамагӣ як ё ҳатто дуасра дошта бошад.

Акбари Турсон ин ҳамаро бо дарду алам ҳикоя мекунаду лаҳзаҳои як бархӯрди дигар дар лавҳи хотираш эҳё мешаванд — гуфтугӯҳояшро бо Петр Лучинский, котиби дувуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон. Чӣ пайванде буда метавонад миёни Эҳсони Нароқӣ ва Петр Лучинский?

Мантиқи эроди Лучинский (акнун исмашро Лучинчӣ менависанд) низ ҳаммонанди мантиқи хулосаҳои Нароқӣ буд. Вақте ки рӯзи 7-уми марти соли 1989 тарҳи қонуни забони давлатии Тоҷикистонро бо Акбари Турсон дар кабинети барҳавояш дар Кумитаи Марказӣ (ҳоло Кохи Раёсатҷумҳурӣ) баррасӣ мекард, комилан мухолиф буд, ки форсӣ синоними тоҷикӣ дониста шуда аққалан дар қавсайн зикр ёбад.

“Шумо мехоҳед, моро бо Эрон ҷанг андозед. Маълум, ки забони расмии онҳо форсист. Эрониён бе ин ҳам шикоят мекунанд, ки аз тоҷикон бузургони миллиашон, монанди Фирдавсӣ ва Хайёмро моли худ кардаанд. Пас, Шумо мехоҳед, ки забони модариашонро ҳам азони худ кунед! “

Акбар посух дод, ки забони адабии ҳар ду халқ якест. Вале мо забони давлатиамонро расман тоҷикӣ номида вожаи “форсӣ”-ро дар қавсайн зикр мекунем . Агар забони мо аслан форсӣ набошад мо аз ҳаққи маънавӣ ба осори адабии карнҳойи IX-XV мавсум ва машҳур ба «адабиёти форсӣ» маҳрум мешавем! Ва ҳол он ки сухан дар бораи забони сирф китобӣ намеравад, манзурамон забонест, ки миёни тоҷикон зиндаву побарҷост ва буду шудашро чунон ҳифз карда тавонистааст, ки навиштаҳои Рудакӣ ба ҳар фарди саводноки тоҷик фаҳмост!

Дар иртибот Акбари Турсон бо табассум як лаҳзаи аҷиби талошҳояшро бо Лучинчӣ ба ёд меоварад. «Вақте дидам, ки Котиби дуввум ба гапам бепарвоёна гӯш мекунад, фаҳмидам, ки мавриди нақлу нақди таърихию фарҳангӣ нест – вақти кор фармудани ҳунарест, ки русизабонҳо «восточная хитрость» гӯянд! Худро ба нодонӣ зада аз ҳамсӯҳбатам пурсидам: мавлуди Инқилобро кадом рӯз ҷашн мегирем?

Лучинчӣ ҳам ба таги гапам зеҳн намонда як писханд заду ҷавоб дод: 7-уми ноябр! Вале воқеаи тирамоҳи соли 1917-ро Инқилоби Кабири Октябр мегӯем-ку! Ва афзудам: ҳамаи ихтилоф дар тақвим аст. Ба хотири бартараф кардани ихтилофи ду навъи солшуморӣ — тақвимҳои Юлий ва Григорий аст, ки «Инқилоб 7-уми ноябр (25-уми октябр ) ба амал омадааст» менависанд.

«Инро ман нағз медонам, – ғазаболудона гуфт Лучинчӣ – фақат нафаҳмидам, ки муродатон аз ин имтиҳони бемаънӣ чист». «Имтиҳон намекунам, фақат гуфтанӣ будам, ки дар Қонуни Забон дар қавсайн навиштани номи «форсӣ» айнан мисли ҳамон аст, ки моҳи октябрро дар қавсайн зикр мекунем, яъне забонамон пеш форсӣ ном дошту акнун тоҷикӣ мегӯем! Барои ҳамин ҳам дар матни русии Қонун ҳам номи забони давлатиамонро на ин ки «персидский», балки «фарси» навиштем!

«Чаро инро якбора нагуфта як соат боз ба ман лексия мехонед?!»

Аслан ин баҳс таърихчае дорад. Дар охирҳои моҳи феврали соли 1989 устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шарофиддин Рустамов ва Раззоқ Ғаффоров ба дафтари Акбари Турсон (он вақт директори Институти шарқшиносӣ буд) омада як воқеаи нохушро ҳикоя кардаанд. Раёсати Шӯрои Олӣ талаб дорад, ки лоиҳаи Қонуни забон аввал бояд аз назари Шӯъбаи қонунгузории вай гузарад ва бе ризоияти Шӯъбаи макур ба муҳокимаи порлумон роҳ нахохад ёфт.

Мудири шӯъба як тоторзани гумном будаст. Вай бо лоиҳайи олимони тоҷик навиштагӣ пешакӣ шинос шуда онро батамом рад кардааст. Олимон гумонбар буданд, ки ин ҳукми як худи ҳамон тоторзан нест: болонишинон бо дасти ӯ барин мансабдорони бегона пеши қабули Қонунро гирифтанӣ ва ё, ҳеҷ набуд, мӯҳлати онро файсал дода донистанд, ки дар дигар ҷумҳуриҳо кор то куҷоҳо мерасад.

Бино бар ин ва азбаски аз ин пеш Акбари Турсон ба унвони узви Комиссияи Қонуни Забон аз тариқи симои Тоҷикистон бо донишмандон русизабон расман даст ба гиребон шуда таҷриба ҳосил карда буд, устодони номбурда пешниҳод карданд, ки ба рангу рафти ин кори хайр бевосита дахолату далолат кардани ӯ айни муддао мебуд.

Хулоса, Акбарро лозим омад, ки дар нардбони роҳбарон зина ба зина боло баромада, бо масъулини Шӯрои Олӣ ва Кумитаи Марказӣ ба навбату бе навбат гуфтугӯ ва баҳсу талош кунад.

Ҳамзамон Акбари Турсон лоиҳаро ислоҳу такмил дода ба он чанд илова ворид кард, ки дертар ба эътирози шадиди Лучинский рӯбарӯ шуданд. Инҳо, (1) барқарор кардани номи аслии забонамон (форсӣ) дар қавсайн. (2) забонҳои помирӣ бояд аз тарафи давлат расман эътироф ва ҳифз шаванд ва низ, агар мардуми маҳаллӣ хоҳад, забони таълиму тарбия қарор гиранд. (Ин изофа аз тассуроте ба миён омад, ки боре ҳамкори дерсоли Акбари Турсон дар Қомуси тоҷик Нодир Шанбезода ба ӯ қиссайи дар соли 1938 барои навиштани алифбои забони шуғнӣ ҳабс шуданашро бо изтироб ҳикоя карда буд.) (3) ҳимояи расмии забони тоҷикӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон (пеш аз ҳама Бухорою Самарқандро дар назар дошт).

Муҳокимаи ин моддаҳои навсохт басе чунон тезутунд мегузашт, ки баъзан оҳанги сухан аз доираи одоби муоширати расмӣ мебаромад…

Акбар дар баробари чор тағйире, ки зикрашон гузашт, боз як пешниҳоди муҳим дошт: мехост дар қонуни забон махсус навишта шавад, ки забони тоҷикӣ ҳам дар баробари забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо мебошад.

Ин аз худи мантиқи моддайи нахустини Қонуни Забон бармеомад. Лучинский чунин нақшро танҳо ба забони русӣ қойил буд. Акбар мегуфт, он гоҳ мақоми давлатии забони тоҷикӣ чӣ маънӣ хоҳад дошт? Ва зимнан роҳи ҳалли мусолиҳатомези бархӯрдро дарёфт. Гуфт: моддайи дуввумро ба ин шакл менависем: «Забони русӣ дар баробари забони давлатӣ забони муоширати байналмилалист.» Лучинчӣ бо ин ҳам комилан розӣ нашуд. Хусусан ки дар қонуни ягон ҷумҳурӣ чунин модда набуд, ҳамагон моддайи дуввуми қонунашонро барои тавсифи алоҳидаи нақши махсуси забони русӣ бахшида буданд. Ва дар ниҳояти талошҳо Акбари Турсонро зарурат пеш омад, ки ба хотири нигаҳдошти дигар тағйиротҳои муҳим аз ин пешниҳодаш даст кашад.

Лекин бархӯрди аз ин ҳам аҷибу ғариб дар пеш буд. Акбар дар идомаи нақлаш мегӯяд:

«Ҳангоми муҳокимаи Қонуни забон дар маҷлиси Шӯрои Олӣ як вазъияти мусоид ба амал омад. Кадом як депутат савол дод: магар худи забони давлатӣ забони муоширати байналмилалӣ буда наметавонад? Банда аз шароит истифода бурданӣ шуда бо ишора ба ихтилофи мантиқӣ дар байни ду моддаи қонун ҳамон шакли радшудаи моддаи дуввумро ба муҳокима гузоштам. Яқин буд, ки пешниҳодам ба осонӣ мегузарад, вале ҳамин замон як узви Иттиҳодияи нависандагон, ки расман узви Комиссияи Қонуни забон буду дар ягон ҷамъомадамон иштирок накарда ва аз асли баҳсу талошҳо бехабар, ногаҳон аз ҷояш хеста бо садои баланд хитоб кард: «Хиёнат! Забони русиро забони давлатӣ карданианд!» Ҳама ба тарафи ӯ нигариста ҳайрон монданд. Ман ҳам дасту по хӯрдам, аз гуфтор мондам. Бо вуҷуди ин пешниҳодамро ба овоз монданд. Табиист, ки ҳеҷ кас ба пешниҳоди мани «хоин» раъй надод…»

Ба ёдам ҳаст, ки маҷлиси ҳамонрӯзаи Шӯрои Олиро ба воситаи телевизион гирифта ба мардум нишон дода буданд. Кош, он воқеаи таърихиро ҳамин рӯзҳо аз нав намоиш медоданд…

(Думбола дорад)

19.07.2009 - Posted by | Забони модарӣ, Илм, Тоҷикистон |

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: