Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Даргузашти яке аз падарони журнализм

WcronkiteЯке аз машҳуртарин журналистони амрикоӣ, Волтер Кронкайт, дар синни 92-солагӣ дар Ню Йорк даргузашт. Ӯро ҷасуртарин хабарнигор, маҳбубтарин сухангӯйи телевизион, беҳтарин мудири барномаҳо, ихтироъкортарин устод, самимитарин ҳамсӯҳбат  меноманд. Аммо раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама ӯро “боварбахштарин марди Амрико” номид.

Бо эҷодиёти Кронкайт ман дар давраҳои омӯзиши журнализми Ғарб дар соли 1994 дар Маскав шинос шудам. Дӯстам, Игор Ротар, ки гоҳе ҳамроҳ барои “Независимая газета” мақола менавиштем ва сари ин ҳаммуаллифӣ бисёр баҳс мекардем, як рӯз гуфт, номи маро ба курсҳои кӯтоҳмуддати журналистикаи ғарбӣ нависондааст ва ҳатман бояд дар ин мактаб таҳсил кунам.

Давраҳои семоҳаи журнализми ғарбиро барои хабарнигорони маскавӣ Иттиҳоди Аврупо ва ҳафтаномаи “Москов Таймс” таъсис дода буданд ва ман ягона журналисти ғайрирус будам, ки бо мадади Ротар ба онҳо роҳ ёфтам.

Дар оғоз, рости гап, ба ин таҳсил назари зиёд ҷиддие надоштам. Медонистам, ки чунин курсҳоро асосан барои, ба истилоҳ, “ҳазми грантҳо” ташкил мекарданд ва як вақтгузаронии пуч буду бас. Аммо ба зудӣ, вақте ки устодони донишгоҳҳои Ҳолланду Свидан ва хабарнигорони маскавии рӯзномаҳои ҷаҳонӣ ба дарс додани мо омаданд, донистам, ки ганҷи тилоеро кашф кардаам. Ташаккур аз Ротар!

Дар ҳамин ҷо нахустин бор номи Волтер Кронкайтро шунидам. Ҳолномаи ӯ бисёр ҷолиб ва омӯхтанист, махсусан гузоришҳои ӯ дар бораи сӯиқасд ба ҷони президент Эдвард Кеннедӣ, эътирозҳои зидди ҷанги Вйетнам, муборизаи сиёҳпӯстон барои ҳуқуқҳои баробар, қазияи Уотергейт, парвозҳо ба кайҳон ва ғайра. Аммо ин ҳамаро мешавад, аз интернет пайдо кард ва омӯхт. Ман бардошту биниши худамро гуфтаниям.

Ба назари ман, сирри шодкомии ҳирфаии Кронкайт дар озодманишии ӯ буд, ки барояш имкон дод, намунасози дигарон бошад. Вай дар навиштораш ва махсусан гузоришу барандагии телевизионияш як инсони озод ва мӯътақидро нишон медод, на роботеро, ки аз рӯйи дастур даҳан боз мекунад ва косаи чашмонаш пур аз тарс аст.

Вақте Кронкайт ҳарф мезад, кас эҳсос мекард, ки вай ба табъу завқи ҳеҷ кас намеандешад ва ҳеҷ чизро аз шумо пинҳон доштанӣ нест. Ҳеҷ сухани нимкора ё норӯшан надошт ва бо дидани аввалин гузоришаш шумо ба ӯ бовар мекардед, ҳис мекардед, ки ин шахс шуморо фиреб намедиҳад ва барояш аз шумо дида каси муҳимтаре дар тамоми ҷаҳон вуҷуд надорад ва ӯ омадааст, то чашми шуморо боз кунад ва ин шумоед, ки ӯ он ҷосту ҳарф мезанад.

Ҳар калимаи ӯ он гуна дар ҷойи худ буд, ки чун вожае дар байти Хоҷа Ҳофиз, ки агар онро беҷо кунед, ҳама чӣ фурӯ мерезад. Ва аҷиб буд, ки вай аксаран бекоғаз ҳарф мезад ва ҳар куҷо агар бадоҳатан фикре ё ҳиссе ба ӯ даст медод, аз шумо пинҳон намекард. Ин бадеҳгӯӣ гоҳе мисли асал буд, гоҳе мисли занҷабил.

Як гузоришаш дар ёдам мондаааст, ки дар он Кронкайт лаҳза ба лаҳза парвози ситоранавардони амрикоиро ба Моҳ пайгирӣ мекард, гузоришҳои расмиро тазаккур медод ва замоне ки ситоранавардон барояш хабар доданд, ки пой ба рӯйи Моҳ гузоштаанд, хитоб кард: “Оҳ бача! Бубинед чӣ шуд! Ниҳоят! Пой ба рӯйи Моҳ! Бирав, писар, бирав, тай-тай, по-по, тай-тай, по-по…”

Фикр намекунам, ин ҳамаро дар матне пешакӣ омода карда бошад. Дар мавриди дигар, дар айни барномааш хабар расид, ки Кеннедиро парондаанд ва пас аз чанд лаҳзаи сӯиқасд президенти Амрико фавтидааст. Вай ин хабарро мерасонд, ҷумларо такрор кард ва сипас аз гуфтор бозмонд. Айнакашро аз чашмонаш гирифт, бори дигар ин хабарро гуфт ва дида мешуд, ки дар чашмонаш ашк медамад ва сар бардошта ба девор нигаристу гуфт: “Кеннедӣ кушта шуд. 32 дақиқа пеш.” Вай ба соати девор нигоҳ карда буд. Аммо дар ин нигоҳ мардум дурахши ашки чашмашро низ диданд.

Пас аз ӯ бисёре аз журналистони амрикоӣ талош карданд, аз дурахшишҳои ҳунар ва шахсияташ тақлид кунанд. Бархе аз онҳо сабки сухан ва ҳатто ибораву ҷумлаҳои ӯро нусхабардорӣ мекарданд, аммо наметавонистанд, ба пояи ӯ бирасанд. Ҳазорон навҷавонон, ҳатто Билл Клинтони наврас аз дидани гузоришҳои ӯ орзу мекарданд, ки мисли ӯ хабарнигор ва гузоришгар шаванд.

Хуллас, Кронкайт аввалин журналисте буд, ки 60 сол пеш “каллаи сухангӯй”-и телевизионро ба инсони зинда табдил дод. Пайванде ки миллионҳо нафар бо ӯ пайдо карданд, аз ҳамин ҷо маншаъ мегирифт, ки вай дар оинаи ҷаҳоннамо мисли ҳамин миллионҳо нафар сӯҳбат мекард, мисли як инсон ва намехост “як журналист” бошад, балки мехост, Кронкайт бошад, ки бевосита бо дӯстони азизаш гуфтугӯ мекунад ва сухани расмие ҳам надораду ҳарфи пинҳон низ.

Вале бо вуҷуди чунин озодӣ ҳар сухани Кронкайт бар пояи факт ва далел устувор буд. Агар ин гуна намебуд, кайҳо ба маҳбас меафтод ва ё ронда мешуд. Эътимоди ӯ ба худаш аз дониши амиқи матлаб маншаъ мегирифт.

Дар рӯзи маргаш, ҳамкоронаш дар телевизиони СиБиЭс бо президенти собиқи Амрико, Билл Клинтон ҳамсӯҳбат шуданд. Клинтон иқрор кард, ки бисёриҳо, аз ҷумла 12 президенти давраи кори Кронкайт аз ӯ метарсиданд. Метарсиданд, ки бо ҷурм ё иштибоҳе ба сари забони Кронкайт наафтанд. Мехостанд, дӯсти ӯ бошанд. Кронкайт бо онҳо голфбозӣ мекард ё латифа мегут, аммо онҳо аз ӯ метарсиданд, зеро медонистанд, ки вай ба касе раҳм нахоҳад кард. Ва ҳарчанд дар давраи раёсати худи Клинтон, Кронкайт бознишаста шуда буд, президенти Амрико агар аз неши сухани ӯ наметарсид ҳам, бисёр мехост, назари ӯро бидонад.

Зеро, гуфт Клинтон, Кронкайт ҳаргиз сухани бепоя ва бефоида намегуфт. Дар ҳар масъалае агар сӯҳбат мекард, нишон медод, ки дар он масъала ҳама чизро медонад, чизҳоеро медонад, ки дигарон намедонанд. Мафкураи озодаш аз ин донишҳо хулосаҳои сарнавиштсозе ба миён меовард.

Вақте ки дар соли 1968 дар аз Вйетнам баргашт, гуфт, ҷанги хунинеро дидааст, ки дар бунбаст аст ва агар Амрико намехоҳад, ҳамчун тарафи мағлуб аз Вйетнам хориҷ шавад, бояд ҳоло ҳамчун тарафи қобили эҳтиром сари мизи гуфтугӯ биншинад.

Президенти вақти Амрико, Линдон Ҷонсон, вақте ин суханони Кронкайтро аз телевизион шунид, гуфт, “дареғ, ман Кронкайтро аз даст додам, яъне Амрикоро аз даст додам” ва баъд аз ин номзадияшро аз даври дувуми президентӣ бозпас гирифта, дар интихобот ширкат накард.

Ҳамин гуна Кронкайт ҳамчун чашму гӯшу ҳуш ва виждони мардуми Амрико дар умури ин кишвар таъсир дошт. На танҳо дар ин ҷо, балки боре шудааст, ки дар умури ҷаҳонӣ низ саҳм бигирад, ки дар таърихи журнализми ҷаҳон камназир будааст.

Соли 1977 вай президенти Миср, Анвар Содотро ба мусоҳиба даъват кард. Содот дар ҷараёни суолу ҷавоб гуфт, агар ӯро даъват кунанд, метавонад ба Байтулмуқаддас равад ва бо сарвазири Исроил Менаҳем Бегин мулоқоту гуфтугӯ кунад. Як рӯз баъдаш Бегин Содотро ба мулоқот даъват кард ва дидори онҳо оқибат ба имзо шудани созишномаи машҳури Кемп Дейвид роҳ кушод.

Бешубҳа, Кронкайт ба ғайр аз истеъдоди журналистӣ, озодманишиву сарбаландӣ як ҷазабаи инсонӣ низ дошт. Бесабаб набуд, ки дар соли 1969 амрикоиён ӯро “Инсони сол” интихоб карданд. Дар соли 1972 дар раъйдиҳии сартосарии Амрико барои унвони “Боварбахштарин инсони Амрико” вай аз президент, ноиби президент, аъзои порлумону додгоҳ ва ҳамаи журналистон пеш гузашта, ин унвони наҷибро соҳиб шуд.

Раисиҷумҳури феълии Амрико, Барак Обама гуфт, Волтер Кронкайт на танҳо журналист, на танҳо барандаи телевизион буд, балки Инсоне буд, ки мардум ба ӯ такия мезаданд ва дар сухани ӯ далел, наҷот ва умед пайдо мекарданд. Ҳатто дар сахттарин давраҳои Амрико…

20.07.2009 - Posted by | Амрико, Матбуот, Озодии сухан |

6 Comments »

  1. Волтер Кронкайт. Хеле таассуф. Унвони ачибе доштааст: “боварбахштарин марди Амрико”. Бо кадом меъёрхо ин унвон чен мешуда бошад?
    Боварбахштарин шахс дар Точикистон ки бошад? Оё хаст? Агар ин мафхумро мафхуми нисби гирем ду -сето ёфт мешудагист. Вале агар мутлак гирем, душвор аст кофтанаш, ёфтанаш. Бовари гум шудааст. Чизи бисёр киммате гум шудааст. Чароге гум шудааст, ки бо он дар торики бояд рох рави. Барои бовариро ёфтан бовари лозим, ин ки нест, вайро аз кучо меёби?
    Ман худро ба Точикистон содику “боварибахш” шуморида наметавонам. Шумо чи? Ку хамон пахлавон?
    Гайр аз мурдахо дигар хама аз Точикистон фирор карданист ё алакай фирор кардааст. Пас танхо мурдахо (астагфируллох) “боварибахштарин”-анд.

    Comment by Шоди | 21.07.2009 | Reply

    • Шодии азиз, дар бисёр нукоте, ки зикр кардй хакбачониб хастй.

      Аз журналистони точик танхо устод Отахон Латифиро метавон то андозае ба Кронкайт монанд кард. Он кас хам хар суханро бар пояи далелхои махкаму сангин мегуфтанд ё менавиштанд ва бисёрихо аз эшон мехаросиданд.

      Он кас хам колабхоро мешикастанд ва барои дигарон намуна месохтанд.

      Албатта, инро хам бояд гуфт, як бахши нуфузи устод Латифй аз вазифаашон — хабарнигори “Правда” — рузномаи шумораи яки Шуравй низ бармеомад. Лек бисёр вакт одам вазифаро ба арш мебардорад ва камтар вакт вазифа одамро.

      Сарсабз бошй.

      Comment by aioubzod | 22.07.2009 | Reply

  2. Ташаккур аз Шумо устод.

    Comment by Шоди | 22.07.2009 | Reply

  3. Ба фикри ман “боварибахштарин шахси Точикистон” дар гузашта буданду ва имруз низ хастанд. Агар ибораи ” вичдони миллат” дуруст бошад,онро истифода мекардам. Ман ба ин гурух шахсони зеринро дохил мекардам ( на танхо журналистонро): Отахон Латифи, Буринисо Бердиева,Лоик Шерали,Мухиддин Олимпур,Чумъа Одина,Мухаммад Осими, Бозор Собир, Акбари Турсон, Додочони Атовулло,Салими Аюбзод,Сочидаи Мирзо,Бури Каримов,Мухиддин Кабири ва бисер шахсони дигар.

    Comment by Махмадрахим | 23.07.2009 | Reply

    • Махмадрахими азиз. Сипосгузорам аз он ки бузургони миллатро кадрдонй мекунед. Ба гайр аз худам ба хамаи он ин унвонро арзанда медонам.

      Сарсабз бошед!

      Comment by aioubzod | 23.07.2009 | Reply

  4. Ин конун дар аксари холатхо бо Конуни асосй мутобикат надорад. Масалан, хамон нуктаи “Забони русй хамчун забони муоширати байни миллатхо амал мекунад”.
    Ба фикри ман, аввал бояд Конститутсияро иваз кард ва баъд вобваств ба он конуни забони давлатй ё расмии Точикистонро тахия ва кабул кард. Дар акси хол, ин конун кувваи хукукй нахохад дошт. Шумо чй фикр доред? Бигзор худи Шакурй ва Камолиддинов хам нависанд.

    Comment by Самад | 29.07.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: