Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Шакар, шево, ширин ва шоирона

nastБист сол пеш дар ҳамин рӯз Шӯрои Олии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро забони давлатӣ эълон кард. Пас аз муборизаҳои шадид ва баҳсу кашокаши дароз аз майдону кӯча гирифта, то долонҳои ҳукумат. Вале чаро 20 сол ҳам ба иҷро шудани он кифоят накард?

Ин қонуне буд, ки аз мағзи ҷони мардум берун омад ва садҳо ҳазор нафари гуногун аз рӯшанфикрону донишмандон гирифта, то деҳқону донишҷӯён дар таҳия ва тасвиби он ҳиссаи худро гузоштаанд.

Он рӯз одамон дар кӯча ҳамдигарро шиносанду нашиносанд ба оғӯш мекашиданд ва муборакбод мегуфтанд. Шомаш ба таври худҷӯш дар қаҳвахонаи Иттифоқи нависандагон шабнишиние шуд, ки бисёре аз саромадони адабу илму ҳунарро гирд овард ва қариб тот бомдод идома кард.

Қонуни забони давлатӣ як падидаи ҳуқуқӣ ё сирф расмӣ набуд, балки пеш аз ҳама як раванд ва рӯйдоди сиёси умумиллӣ буд, ки онро метавон бедорӣ, ифтихор, пархош, додхоҳӣ ва ваҳдати миллӣ номид.

Мардум аз зери бори сангини фишори бегонагон ва худиҳо раҳо гашта, қомат кашида буданд ва сарбаландиро мехостанд. Забон пайвандгару кафшеркунандаи онҳо буд. Он рӯзҳо забон на фақат забон, балки ҳамчунин давлат, истиқлолият, таърих, дин, ҳақиат, адолат, ватан ва миллат буд. Ва рӯҳбаландии бузург!

Сад дареғ, ки ин омили рӯҳбаландӣ ва кафшергари қишру маҳалҳои гуногуни ҷомеа аз даст дода шуд. Ҳокимони давр нишон доданд, ки қабули қонун барои онҳо фақат як хок пошидан ба чашми мардум буду бас. Тафтишҳое, ки Кумиссюни татбиқи қонуни забони давлатӣ таҳти сарварии профессор Раззоқ Ғаффоров дар вазорату идораҳо гузаронд, нишон дод, ки ягон вазири Тоҷикистон ин қонунро ҷиддӣ намегирифт.

Бархе аз онҳо ҳайатҳои ин кумиссюнро, ки расман дар назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (яъне ҳукумат) амал мекард, аз дари вазорату идораҳояшон меронданд. Бархи дигар ошкоро мегуфтанд, ки ин қонунро намепзиранд.

Дертар, албатта, ҷанги солҳои 1992-1997 Қонуни забони давлатиро ба кунҷи фаромӯшӣ афканд. Ба эҳтимоли зиёд ҳукумате, ки дар моҳи декабри соли 1992 ба қудрат расида буд, ба хотири наранҷондани Маскав аз ин қонун ёде намекард. Баракс дар ин давра буд, ки калимаи муҳими “форсӣ”-ро аз қонун берун афканданд. Ҳол он ки ин як паёми сарнавиштсозе ба ҳамаи форсизабонони ҷаҳон буд ва паёме буд, ки аз Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, садо медод.

Фаромӯш нашудааст, ки сарвазири вақти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, кишвари мо ба ҳайати Русия шомил шавад. Чӣ гуна чунин ҳукумат метавонист, барои забони миллӣ талоше ба харҷ диҳад, дар ҳоле ки мехост, мамлакатро ба вилояте аз Русия табдил диҳад. Бигзор ҳатто дар забон ва бо аҳдофи муайяни сиёсӣ.

Ба ҳар сурат, дар ин 20 соли гузашта Қонуни забони давлатӣ як кӯдаки ятими ҷанги Тоҷикистонро мемонд, ки агар гоҳе ба ӯ меҳрубонӣ мекарданд, маҷбурӣ ва аз рӯйи вазифа буд ва агар гоҳи дигар аслан фаромӯшаш мекарданд, садое ҳам дарнамеовард.

Аз ин зовия, сазовори таҳсин аст, ки имсол тасмим гирифта шуд, қонуни мазкур бознигарӣ ва бознависӣ шавад ва дирӯз, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, барои татбиқи қонун ва ҳифзи забон дар назди ҳукумат Кумитаи забон таъсис ёбад. Фақат як нуктаи қонуни таърихии соли 1989 фаромӯш шуд, ки ин бозгашт ба алифбои ниёкон аст.

Тавре устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ахиран гуфтанд, моро аз ин расмулхат ҷойи гурезе нест, хоҳем ё нахоҳем ба он бармегардем. Вале чизе гуфта нашуд. Тибқи қонуни соли 1989 ин гузариш мебоист дар 10 соли аввали иҷрои қонун амалӣ мегашт. Акнун чизе гуфта намешавад ва соли гузашта баёнияҳои расмие садо дода буд, ки бояд ин андешаро аз сар берун кард.

Шояд қонуни нав ин масъаларо ҳал кунад ва ҳам сарнавишти вожаи “форсӣ” дар қавсайнро низ?

22.07.2009 - Posted by | Забони модарӣ | , ,

9 Comments »

  1. Басе ранч бурдам бар ин сол си,
    Ачам зинда кардам бар ин точики (порси).
    Бубинед, чи зишт аст, ки калимаи форсиро дар кавсайн гирем.
    Ин калима бояд берун аз кавс, нохунак ва ё ягон аломати дигар зикр шавад. То инкилоби Бухоро забони форси буд, точики набуд. Миллати точик буд, ки бо забони форси харф мезад. Ва ин забони модариаш буд. Ин маънои онро дорад, ки як кабилае аз нажоди форс дар миёни аквоми дигар ба худ номи точикро касб кардааст. Холо агар хоханд ,дар он Конун калимаи “точики”-ро дар кавс зикр кунанд, харчанд, ки ба он зарурате нест.
    Киро ба забони точики мешиносем? Аз Рудаки то Туграл хама худро форсзабон медонистанд. Ва дар чахон хам хамин тур онхоро мешиносанд. Мо ба онхо тухмат мезанем, ки точикзабон будаанд. Набуд чунин истилохе. Зарурати сиёси шуд ва пайдош кардем. То ба кай худро фиреб медихем? Халки аввом бошад дарди ба хайр. Олимонро чи бало задааст, ки шири сафедро бо як овоз сип-сиёх мегуянд. Муҳаммадҷон Шакурӣ, Рахим Массов, Акбар Турсон… хамаи Шуморо таърих барои ин хиёнат намебахшад. Форсхоро ба кавмхои гуногун таксим карда буданд, вале ягон душман забони форсиро таксим накардааст. Мо аввалин шудем.
    Холо Фирдавси мебуд, шояд мегуфт:
    Чу бар бод доданд ранчи маро,
    Набуд хосиле сиву панчи маро.
    Хар он кс ки дорад хушу рою дин,
    Пас аз марг бар Шумо кунад “офарин”.

    Comment by Шоди | 23.07.2009 | Reply

    • Шодии азиз. Дуруст гуфтед, ки зарурати сиёсй пайдо шуд ва забонро ба номи миллат точикй гузоштанд, вагарна хамон форсист. Дар Афгонистон онро дарй ном гузоштанд ва форсии дарй ё дарии форсй мегуянд, ки он хам форсист. Зарурат на танхо сиёсй буд. Ба фикрам, ин масъалаи хаёту мамот буд. Кабилахое аз берун ва хамкавмоне аз дохил иддаъо доштанд, ки мо туркхое хастем, ки зери таъсири азамати форсй забони аслии худ, яъне туркиро аз даст дода, форсиро пазируфтаем ва акнун бояд ба забони аслии хеш баргардем. Дар он давраи таърихй агар бузургони мо забонро форсй мегуфтанд, хамин акидаи кушандаи душманони мо пируз мегашт. Имруз хам як андоза, зарурати, ба гуфтаи Шумо сиёсй бокй мондааст, зеро дар Эрон акидае роич аст, ки мо пасондахои империяхои форсием, хол он ки, агар сухбатхои Акбари Турсонро бодиккат хонда бошед, забон ба Эрони имруза аз сарзамини мо рафт, вагарна Рудакй он чо ба дунё меомад. Ва лутфан аз суханхои сахт бояд пархез кунем, то дустонро душман нагардонем.

      Сарсабз бошед!

      Comment by aioubzod | 23.07.2009 | Reply

  2. Дуруд!
    Мутаассифона, дар гумон аст, ки конуни нав масъалаи “расмулхат” ва вожаи “форси”-ро дар кавсайн хал кунад. Зеро, соли гузашта чоболи дар мавриди расмулхат аллакай гапашонро гуфтанд ва чуноне ки маълум аст гапи ун кас аз конун хам боло. Дар мавриди форси дар кавсайн, агар фаросат медоштанд ин корро барвакт мекарданд. Вале накарда истодаанд, чунки хам фаросат намерасад ва аз дигар тараф ЧУРЪАТ нест. Эхтиётанд, ки буродарои урус ва узбак чи мегуфта бошанд …

    Comment by Sooroosh | 23.07.2009 | Reply

    • Суруши фарзона. Агар мо хохем, метавонем. Агар мардуми чо хохад, хамин гуна хохад шуд. Ман ноумед нестам ва хис мекунам, ки мардуми мо, агар сад бор рахгум зад, боз хам рохи росту дурустро ёфтааст ва ба манзил расидааст. Таърихи пуршебу фарози миллати мо гувох аст.

      Comment by aioubzod | 23.07.2009 | Reply

  3. Ман барои суханони дар хакикат дурушт узр мехохам. Ба хар хол бузургони мо бехтар медонанд, ки бахри манфиати миллат чи гуянду чи кор кунанд. Вале ман хис мекунам, ки ин сохтакорихо окибати хуб надорад. Дуруст аст, ки забони форси дар Бухоро макоми давлати гирифт ва чун забони илм эътироф гардид. Вале агар гуем, ки “баъд аз он аз сарзамини мо ба Эрон рафт”, аслан аз илм берун мешавем. Ин як харфи эхсоси, як гурур аст. Аслан забон чизе нест, ки онро аз ин чой ба он чой “экспорт” кунем. Забони форси дар замони давлатдорихои Саффориён, Тохириён ва Сомониён ташаккул ёфт ва хамаи мо ба он баробар сахм дорем. Тули хазор сол ин забон дар як дег мечушид, холо мо онро дар се деги алохида бардоштем. Бубинед, ки бо гузашти хамаги 90 сол ягдигарро ба душвори мефахмем. Забони илмро дар назар дорам. Баъд аз 100 соли дигар шояд тарчумон киро кунем.
    Баъд, бешубха, ба хамон “забони туркиамон” бармегардем. Гуфтаниам,ки аз ин чудокунихо бештар мо зарар мебинем.
    Холо хам сари вакт бояд ин вожаи дуругини “забони точики” решакан шавад. Ин кумитаи наве, ки ташкил карда истодаанд, бояд назорат кунад, то забони мо ба фазои ягонаи забони форси дохил шавад. Инчунин, мо, ки меросбардори асосии ин забон хастем, хукукхои мустаъмалони ин забонро дар Афгинистон ва Узбекистон бояд химоя кунем ва хам ин кумита ба ин кор муаззаф аст.
    Устод Аюбзод! Он сабку услубе, ки Шумо ва дигар кормандони Р.О. ба кор мебаред аз сабку услуби журналистони мукими Точикистон фарк мекунад. Чаро? Зеро Шумо дидед, ки ин сабку услуб ба бозори чахони бештар созгор меояд. Он ба сабки хабарнигорони эрони наздиктар аст. Рохи миёнаро пеш гирифтед, ки хам ба ин ва хам ба он фахмо бошед. Ва ахиран баъзе аз хабарнигорони мукими низ ба Шумо пайрави мекунанд. Боре агар Шуморо манъ кунанд, ки фалону фалон вожахоро истеъмол макун, ё точики гап зан ё эрони, чи мегуед?
    Форси, ки аз байн рафт пас эрониву точикиву афгони руи кор хохад омад. Холо, агар чукуртар андешем, зарурати сиёси хаст, ки ин забон дар Точикистон форси номида шавад.
    Аз Шумо узр мехохам.

    Comment by Шоди | 24.07.2009 | Reply

  4. Ташаккур Устод барои суханхои дилгармкунанда. Худо гуем, ки гуфтахои шумо шавад.
    Дар таквияти гуфтахои шумо дируз бо матни тархи конуни нави забон ошно шудам. Ба назарам конуни инкилоби тофт. Рости хайрон шудам,зеро соли пешин гапу гузорхо дигар буд. Имсол ба гумонам “болоихо” хам пухта расиданд. Ё ба ибораи дигар фахмиданд, ки вакт расидаст, пиёла лабрез шудааст…
    Чонибдор хастам, ки тархи конуни нав харчи зудтар кабул карда шавад. Имруз аллакай ба бадани бародарони уруспараст ва дигар гайрпарастон кайк даромадаст. Мурги посухта барин ба давутоз даромадаанд, ки конуни нав дар хамин шакли пешниходгардида мавриди барраси ва кабул нагардад. Азчумла урусхо зиёдтар валвала ва шур андохта истодаанд.
    Бародарони хамватан агар хохем, ки моро шиносанд ва эхтиром кунанд, бояд дар мукобили ин гуна дасисаву валвалахо истодагари намоем. Бубинед, ки аллакай имруз масъалаи чори кардани раводидро барои мо ба миён гузошта истодаанд. Бигзор чори кунанд, боз бехтар. Дар мукобили ин амал мо хам метавонем аксуламал нишон дихем. Бигзор шартхои “шарикии стротежи” аз нав дида шаванд. Албатта, бародари Шайтонбузурги мо дар масъалаи дасисабози ва чангандози устухон надорад ва мо инро бояд эътироф намоем. Барои мисол, онхо метавонанд масъалаи мухочирони мехнати, картаи Толибон, Харакати Исломии Узбакистонро фаъол кунанд ва бояд гуфт, ки вокеахои охири шурки Точикистон аз ин гувохи медиханд. Бинобар хамин хушёр ва муттахид бояд буд. Итминони комил дорам, ки мо хак хастем ва Худои бузург хакпарастонро дуст дорад.

    Comment by Sooroosh | 24.07.2009 | Reply

  5. Дуруд!
    Мехохам, дар мавриди лоихаи Конун “Дар бораи забони давлати” то чое иттило дорам, мухтасаран ба дигарон расонам.
    Лоихаи Конуни мазкур таи 5 сол дар вазоратхонаву кумитахои хукумати Точикистон мавриди барраси карор мегирифт, ки билохира бо сабабхое бо имзои президент ба парлумон равон карда шуд. В-агарна баррасии онро вазирон 5 соли дигар давом медоданд. Муаллифони асосии лоиха устодони зерин мебошанд: академик Мухаммадчон Шакури, устоди ДМТ Бахриддин Камолиддинов, раиси Бунёди забон Усмон Назир, мушовири президент Содик Шоназаров, собик директори пажухишгохи забон ва адабиёт айни хол депутат Додихудо Саймуддинов ва баъдан бо директори пажухишгохи забон ва адабиёт таъин шудан Сайфиддин Назарзода ба ин гурух шомил гардид ва Гаффор Чураев рахбари дастгохи Коммисияи татбики конуни забон, ки рахбарии ин гурухи тартибдихандагони лоихаро ба ухда дошт.
    Лоихаи ибтидоии тартибдодаи ин гурух, ки онро хондаам, аз лоихае, ки ба парлумон равон карданд, комилан тавофут дорад. Дар он чо мушаххасан мавкеъи забони точики пуркувват карда шуда буд. Лоихае, ки ба парлумон пешниход гардид, аз лоихаи ибтидои комилан тавофут дорад. Мавкеи забони руси дар лоихаи имруза хеч тагйир наёфтааст. Танхо хамин аст, ки ба чои “руси” “забонхои дигар” истифода шудааст. Дар лоихаи ибтидои забони точики дар кишвар хукмрони мутлак буд. …
    Дар бораи баррасии лоиха дар хукумат гуфтанихо зиёд аст. Хуллас, аз имруза лоиха баъзе аз устодони тартибдодаи он комилан рози нестанд. Агар бо Конуни соли 1989 шинос бошед, он кадар тавофуте надорад.
    Хеле ва хеле таассуфовар аст, ки лоихаи тартибдодаи устодон хеле тахриф карда шуд.

    Comment by Абдуазими Абдуваххоб | 25.07.2009 | Reply

  6. Ташаккур аз Шумо, Абдуазими азиз, барои ин гузориши пурмухтаво.

    Ба фикри ман, беҳтар буд, тарҳи устодонро бе доду фарёди зиёдатй, ки гумон мекунам, бештар барои масрафи дохилй буд, монанди дигар тарҳҳои пазируфтаи порлумон қабул мекарданд.

    Акнун, масъала он қадар доғ шудааст, ки гумон аст, ба ҳамин шакл ҳам пазируфта шавад. Русия фишори зиёд хоҳад овард ва мо ба ҳамон Қонуни таърихии соли 1989 низ зор хоҳем шуд.

    Муҳимтар аз ҳама он суханони устод Шакурист, ки моро аз алифбои форсй ҷойи гурезе нест. Ҳамин алифбост, ки ҳамаи мушкилиҳои марбут ба забонро ба як бор ҳал хоҳад кард ва пайванди моро бо ҳамзабононамон дар саросари ҷаҳон таъмин хоҳад намуд.

    Бигзор дар он ҳолат забони русӣ забони аввал номида шавад, вале коргузорӣ тадриҷан ба хатти ниёкон гузарад.

    Comment by aioubzod | 26.07.2009 | Reply

  7. Чи навиштахои чолиб ва масъалагузорихои муфид! Ахсант устод!

    Comment by Бахманёр | 06.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: