Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Cозмони тоҷикони Амрико?

PhillyИн акси яке аз хиёбонҳои марказии Филаделфия аст, ки аз бинои шаҳрдорӣ сар шуда, то Осорхонаи миллии Амрико доман кашидааст ва он рӯз дар ин масир парчами кишварҳои ҷаҳон парафшонӣ мекард. Дилам гарм шуд, ки парчами Тоҷикистонро пайдо кунам ва зери офтоби сӯзон ин масири қариб 5-километриро пиёда тай кардам. Аммо…

… аз як сутун ба сутуни дигар мерасидаму худро тасалло медодам, ки ҳатман дар сутуни баъдӣ онро хоҳам дид ва хоҳам шукуфт. Ҳайҳот, парчами аксари кишварҳои олам буду парчами серанги Тоҷикистон набуд.

Дар дуриҳо дидани як парчами сабзу сурху сафед диламро ба тапиш овард, лек маълум шуд, ин парчами Маҷористон будааст.

Парчамҳоро ба он муносибат овехтаанд, ки дар шаҳр ҳафтаи Лӯхтаки Сезам (Sesame Street) ва дар Осорхонаи миллӣ намоише ба ин муносибат ҷараён доштааст. Яке аз масъулони осорхона ба шикояти ман, ки чаро парчами Тоҷикистон  овехта нашудааст, гуфт, зоҳиран Тоҷикистон (ин номро ба сахтӣ талаффуз мекард), аз пайравони ин барнома нест ва барои ҳамин парчами он овехта нашудааст.

Аммо худи вай мутмаин набуд, ки маълумоташ саҳеҳ аст ва ба ҳайси ҷуброн маро даъват кард, аз намоишгоҳ дидан кунам.

Дар Душанбе ё сари роҳи ноҳияе парчами Тоҷикистон шояд ҳеҷ ангезае надиҳад, аммо ҳазорон километр дур аз Тоҷикистон парчами он гӯё қуввати дил мешавад.

На танҳо дар ин маърака, балки дар бисёр рӯйдоду анҷуманҳои ҷаҳонӣ ҳузури Тоҷикистон ночиз ва ночашмрас аст. Ин ҳолат дар ҷавонони мо як ҳисси худзалилбиниро мепарварад. Сабаби асосӣ ин аст, ки тоҷикон дар ин 20 соли охир натавонистаанд, дар ҳар кишваре, ки ҳастанд, созмону иттиҳод ё ҷаъмияту анҷуманҳои худро ташкил диҳанд.

Бархе аз созмонҳо, ки бо талоши сафоратҳои Тоҷикистон таъсис шудаанд ё хислати муваққатӣ доранд ва ё ба гунае ҳастанд, ки як қисми мардум худро дар онҳо бегонатабор ҳис мекунад.

Аммо бо афзоиши ҷавонони миллатдӯст ва ғайратманд дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон кӯшиши ташкили чунин созмонҳо ҳарчӣ рӯшантар ба назар мерасад. Мушкил дар ин аст, ки чунин ҷумбишҳои худҷӯш сарварони оқил ва саршинос мехоҳанд.

Тоҷики ватандӯсте дар Вермонти Амрико, Ботури Қосимӣ, аз донишманди машҳури тоҷик Акбари Турсон суол кард, чаро намешавад, тоҷикони Амрико зери номи эшон ва Бозор Собир як чунин иттиҳоди тоҷиконро таъсис диҳанд?

Посухи Акбари Турсон дар ин навор рӯшане возеҳ аст, лутфан худ бубинед:

Дар замимаи ин гуфтаҳо метавон афзуд, ки чанд иттиҳоди интернетии тоҷикон таъсис ёфтааст ва ҳамаи онҳоро дар шабакаи “Facebook” ё ба қавли дӯcтам, Меҳдии Ҷомӣ, “ҳазорхона” метавон пайдо кард. Вале “Facebook” шояд беҳтар аст, “Чеҳранамо” баргардон шавад, ҳарчанд афсӯс, ҳанӯз шакли тоҷикии он ба дунё наомадааст.

Шояд ба зудӣ хоҳад омад, агар тоҷикон на танҳо дар Амрико, балки дар сартосари ҷаҳон бо ҳам муттаҳид шаванд ва робитаи доимӣ дошта бошанд. Иттиҳоде берун аз ақоиду андешаи сиёсӣ ё мазҳабӣ ва аз ҳама муҳимаш маҳаллӣ.

Бигзор дар мулки ғурбат парчами Тоҷикистон моро муттаҳид кунад, на ихлосу беихлосии мо ба онҳое, ки имрӯз сари қудратанд. Раисону вазирону сафирону вакилон меоянду мераванд, вале Тоҷикистон мемонад ва номи неку кори нек.

26.07.2009 - Posted by | Амрико, Ваҳдат | ,

12 Comments »

  1. Даҳҳо нафарро медонам, ки бо баромадан аз хоки Тоҷикистон тамоми талоши худро сарф мекунанд, то исми меҳанашон ва ҳунари ватанашон, ва фарҳангу таъриху и т.д.- дар он ҷое ки ҳастанд, хуб садо бидиҳад ва беҳтарин бошад.

    Масалан, дар Озодӣ дар бораи палави тоҷикӣ дар як донишгоҳи амрикоӣ хондам ва хеле хурсанд шудам, ва садҳо мисоли дигар метавон овард.

    На танҳо дар Фейсбук, балки масалан дар Мой Мир-и русӣ низ даҳҳо иттиҳодҳои онлайни тоҷикҳо созмон ёфтаанд.

    Аммо дуруст аст, ки ин ҳама талошҳо парокандаанд.

    Вале бо назардошти он ки шумори ҷавонҳои ватандӯсту меҳанпараст дар хориҷ бештар мешавад ва дар берун аз кишвар шӯълаи меҳр ба Тоҷикистон бештар аланга мезанад, мутмаинам, ки ин талошҳои муаррифии бештари Тоҷикистон бештар мешавад. Бояд ба ояндаи ин иқдомот бо чашми мусбат бингарист.

    Ҳарчанд, то андозе боиси таассуф аст, ки ин ҳама талошҳо худҷӯшона ва аз ҷониби афроди инфиродӣ рӯидаст гирифта мешавад, на аз ҷониби намояндагиҳои давлатии кишвар, ки вазифаашон ҳасту аз буҷаи Тоҷикистон (хонда шавад: кисаи мардуми тоҷик) маош мегиранд.

    Comment by Follower | 26.07.2009 | Reply

  2. Комилан дуруст ва масъала ин аст, ки чӣ гуна мешавад, ин талошҳоро якҷо кард.

    Ба назари ман як сомонаи махсуси интернетӣ даркор аст, ки ҳамагон дар он гирд оянд ва бо ҳам табодули андеша кунанд. Дар ин сомона бояд шурое сохта шавад аз чаҳраҳои саршиноси тоҷик, ки ба кори он сарварй ва чавононро рахнамой кунанд.

    Ҳамчунин ба воситаи он ба ҳамдигар кор, грант, имконияти таҳсилу омӯзиш, сафар ба хоричи кишвар пешниҳод кунанд, ҷавонону духтарон бо ҳам ошно шаванд ва издивоҷ кунанд, барномаҳои муштараке роҳандозй гардад ва гайра ва хоказо.

    Ин вазифаи насли чавон ва пургайрат аст, ки шахсан ман умедворам амалй хохад гашт. Дар он холат намояндагихои давлатии Тоҷикистон низ ба ин корҳо шарик хоҳанд шуд. Фақат бояд аз онҳо каме эҳтиёт шуд, ки бо мақсади маҳдуд кардани озодандешии чавонон ин барномахоро сиёсатзада накунанд.

    Comment by aioubzod | 26.07.2009 | Reply

  3. Курбони ахли фахм! Устод Салим, албатта, чунин сомонаро ташкил кардан зарур аст. Ва ба фикри банда аксарият ин ташаббусро аз дилу чон дастгири хоханд намуд.
    Бисёр касон имкон пайдо мекунанд, ки мушкилоти хешро тавассути ин сомона осон намоянд.
    Ва бешак як воситае мегардад барои муттахид гардонидани чомеаи парешони Точикистониён.
    Муваффак бошед! Ва ба гуфти русхо “Инициатива наказуема”:)
    Худо нигахбони шумо!

    Comment by Sooroosh | 27.07.2009 | Reply

  4. Суруши азизу арчманд. Дурусттар хонед. Навиштам, ки ин вазифаи насли чавон ва пургайрат аст…

    Аммо агар 3-4 нафаре пайдо шаванд, ки роху равиши ин риштаро хуб фахманд, хама якчоя метавонем, сомонаи навро рохандозй кунем.

    Хатман чавононе хастанд, ки дар барномарезии компютерй ва улуми фанноварй дасти чира доранд ва агар мо хама неруву тавони хамдигарро як чо чамъ кунем, иншоаллох, коре нест, ки ношуданй бошад.

    Интизори чунин ёрони хаммаслак хохем буд.

    Comment by aioubzod | 27.07.2009 | Reply

  5. Сипоси фаровон барои дастраси посухи ишон, акои Салимчон. Дар ин масъалаи мухим хардуи шумо хеле андешахои дуруст ва чолибро кайд кардед.

    Ба назарам, ин хиссиёти норасои аз гурури миллиро хар як фарди Точики берун аз Ватан буда доштааст ва дарки он моро водор кардааст, ки кушиш ба хамгирои бинмоем. Чанде пеш ба сафорати Точикистон дар Амрико номаи электрони навишта будам оид ба ин масъала, вале то хол дараке нест. Фахмост, ки “хукумати мо” нест.

    Албатта, ба насихатхои устод Турсон гуш дода, кушиш хохем кард, ки нахуст байни чавонони мукими Амрико чунин созмоне бунён бикунем ва баъдан ба кори он коршиносони варзидаро чалб хохем намуд. Ин хам як рохи хал, ташаккур.

    Худо мададгор!

    Ботур Косими

    Comment by Botur Kosimi | 28.07.2009 | Reply

  6. Устод Салми Аюбзод, Шумо навиштаед, ки:
    “Ба назари ман як сомонаи махсуси интернетӣ даркор аст, ки ҳамагон дар он гирд оянд ва бо ҳам табодули андеша кунанд. Дар ин сомона бояд шурое сохта шавад аз чаҳраҳои саршиноси тоҷик, ки ба кори он сарварй ва чавононро рахнамой кунанд.”
    Боз шуро? Кадом чехрахои саршинос?! Гулназар? Илолов? Камол Насрулло? Афзалшо Шодиев? Шабнами Сураё? Чонибеки Мурод? Парвина Шукруллоева? Саттор Турсун? Эмомали Рахмон?
    Аз дасти хамин гуна чехрахои саршинос чавонон ба рэп ру оварданду диско-клубхо. Шиносои ва издивоч? Нахандонед, Устоди азиз!!!
    Сарвари ва рахнамойи? Мо як сарвар дорем ва он хам рахнамо. Номаш Эмомали Рахмон, подшохи Точикистон.

    Comment by Самад | 29.07.2009 | Reply

  7. Самади азиз. Манзури ман пеш аз хама онхоеанд, ки дар хорич аз кишвар ба сар мебаранд. Монанди Акбари Турсон, Бозор Собир, Бурй Карим, Амрй Аминов, Чамшеди Усмон, Алишер Латифзода, Фаридун Неъматзода, Наима Халимова, Фируз Бахор, Адхам Холиков ва даххо нафари дигар. Холо мо кариб дар хар мамлкат як ё ду нафари саршинос дорем ва аксарияти онхо барои Точикистон хидмати бебахо мекунанд, бе он ки дар ивазаш чизе бихоханд. Хар яки мо боз даххо хамин гуна инсонхоро мешиносем. Бояд хамаи онхоро ба Шурои чахонии точикон даъват кард ва хамаи онхое, ки дар хорич аз ватан ба сар мебаранд, дар атрофи онхо муттахид шаванд.

    Ин як пешниход аст. Агар дар хама чо дастгирй ёбад ва хама ба хамин самт харакат кунем, дар нихоят чизе хосил хохад шуд. Магар на?

    Сониян, ишораи Шуморо хуб мефахмам ва инро бояд гуфт, ки тасмим бигирем, ба хеч кас бо чашми кам ё ангезаи ночур нигох накунем. Мо он кадар зиёд нестем, ки ин ё он касро, барои он ки таври дигар меандешад ё аз акидаи муайяни сиёсй химоят мекунад, аз шумор берун андозем. Бигзор хама бошанд.

    Аз Шумои азиз ва дигарон хам хохиш, ному холномаву корномаи касеро, ки худ арзанда мешуморанд, ин чо бинависанд, онхоро ба хамагон шинос намоянд. Ман бовар дорам, ки дар нихояти амр, кадами неки аввалин гузошта хохад шуд.

    Шоду пируз бошед.

    Comment by aioubzod | 29.07.2009 | Reply

  8. Устоди Азиз,
    Ман ҳам рӯзе аз боғи дӯстии миллатҳо гузаштам, ва дидам ки дар ҷое ҷамъи парчамҳо буд. Чашмҳои ман ҳам дарав аз паи дидани парчами Ватанам шуданд. Ва ман ӯро ёфтам…
    Созмонҳо ва ҷамъиятҳо бисёр ҳам муҳимманд. Дар ҷамъ қудрат аст. Аммо созмон гуфта мухолифи сардорони давлатамон шудан ҳам даркор нест, тавсиягари онҳо шудан даркор…

    Comment by memortj | 20.08.2009 | Reply

  9. Устод чаро нагуфтед, ки Лӯхтаки Сезам (Sesame Street)- Сезам хамон Сим-сими мост. Ё ин дигар чиз?

    Comment by AINUDDINKHON, ISFARA | 21.08.2009 | Reply

  10. Азизам Айнуддинхон. Шояд ба хамон гунае бошад, ки Шумо мегуед, вале далели илмии онро дар даст надорам. Тибки донишномахо, он аввалин бор дар соли 1969 дар Амрико сохта ва аз он чо ба гушаву канори олам пахн гаштааст.

    Мо чизхои зиёде дорем, ки дигарон бо истифода аз онхо ба авч расидаанд, вале худ бо ин сарватхои хеш ба гайр аз ифтихормандй чизе карда натавонистем ва дар аксар холат хатто наметавонем, барои моли асили худ, ки дар дасти дигарон аст, даъвое кунем.

    Сабаб шояд дар он аст, ки агар даъвое хам кунем, касе моро чиддй нахохад гирифт? Мумкин сабаб дар бесохибии мост?

    Comment by aioubzod | 23.08.2009 | Reply

  11. Меъмори арчманд. На ман ва на онхое, ки аз зарурати ниходхои точикон дар хамаи олам сухан мегуянд, мухолифи касе нестем, баракс пайвандгар хастем. Дар як номаи дигар низ гуфта будам, ки набояд касеро бад кард, балки корхои бадро хадафи танкид карор дод. Набояд мухолифи шахсони алохида буд, балки мухолифи амалхои зиёновар ё беамалй дар холати зарурй ё мухолифи низому шевахои коре, ки ба рушди кишвар мумониат мекунанд.

    Comment by aioubzod | 23.08.2009 | Reply

  12. http://jamiyatitojikon.com/

    in somona ba fikram dar New York mahz bo ibtikori javonon tashkil karda shud, vale chikhele, ki mebined bisyor ham ba madad va rohnamoii ustodon muhtoj ast.

    Comment by Alisher | 11.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: