Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Садое бо хуни чашми шоирон

darius Дориюши Иқболӣ номи хуш ва иқболи баланд дорад, ки метавонад, бо садои марғуладораш дарди дили ҳазорон нафарро ба гӯши оламиён расонад. Таронаҳои нави ӯ ва ҳам таронаҳои деринааш низ дар пасманзари рӯйдодҳои имрӯзаи Эрон дилгудоз ва пурсӯз садо медиҳанд ва ҳолати равонии рӯшанзамирони ватандӯстро бозгӯ мекунанд.

Continue reading

Advertisements

25.08.2009 Posted by | Эрон, Ҳолнома, Ҳунар | | 7 Comments

“Дар Русия мардикорам, дар ватанам олигарх!”

BolshayarШабакаи аввали телевизиони Русия бори дигар дар симои мардикорони мо Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ин бор бахусус зани тоҷикро таҳқир ва тавҳин кард. Дар барномаи “Большая разнитса”, ки гуфта мешавад, беҳтарин намоишҳои Шабакаи аввали Русияро аз роҳи танз таблиғ мекунад, бо баҳонаи таблиғи шабакаи мусиқии “МТВ” таронае пахш шуд, ки аз номи мардикорони тоҷик суруда шуда, дар он аз шаҳри Душанбе ёд мешавад.

Continue reading

24.08.2009 Posted by | Ватан, Душанбе, Муҳоҷират, Русия | | 10 Comments

Дархости профессор Комёр

map_region_centralasiaДар Тоҷикистон ё берун аз он оё ягон донишманди ҷуғрофиёро мешиносед, ки барои як китоби сатҳи ҷаҳонӣ ба забони инглисӣ фаслҳои марбут ба ҷуғрофиёи Осиёи Марказиро бинависад? Ин китоб қарор аст, соли 2010 аз чоп барояд ва сардабири он, донишманди эронии муқими Амрико, дар ҷустуҷӯи ҷуғрофидонони Осиёи Марказист.

Continue reading

23.08.2009 Posted by | Илм, Осиёи Марказӣ | | 3 Comments

Намо ва садои виждони филмсозон

1untitledБисёр вақт онҳое, ки аз падидаҳои манфури атрофи худ ба фарёд меоянд, фикр намекунанд, бо чӣ роҳе мешавад, вазъро андаке ҳам бошад, тағйир дод. Ба назарам, беҳтарину наздиктарин роҳ гуфтани онҳост. Дардҳоро бояд гуфт, то ташхиси онон осонтар шавад. Пинҳон доштани беморӣ маънии шифоро нахоҳад дошт. Солим пиндоштани мариз худфиребии марговар аст.

Continue reading

18.08.2009 Posted by | Инсон, Озодии сухан, Ҳунар | | 4 Comments

Tajikistan and Russia: What is the next step?

Ramed_Tajik President Emomali Rahmon will visit Russia soon to discuss with his counterpart Dmitry Medvedev some of the most intriguing questions about bilateral realtions.

The discussion have been postponed since February, when Rahmon for the first time in his presidency declined to attend a Moscow summit, although he changed his mind later.

Continue reading

16.08.2009 Posted by | Русия, Тоҷикистон | | 13 Comments

Суруди Одина дар мулки бегона

Ustaad Odina HasheemОё медонед, суруди Одина Ҳошим дар метрои Прага чӣ гуна садо медиҳад? Ё таронаи Ҷӯрабеку Зафар? Ва ё нолаҳои Далеру ишваи Шабнам? Бовар кунед, ин ҳама ба гунае садо медиҳанд, ки дили кас ба дард меояд. Овози онҳо ба деворҳои мармаргун ва сутунҳои кошинкорӣ бармехӯрад ва мисли садои гулӯи худатон ба шумо бармегардад. Гӯё онҳо аз даруни дили шумо мехонанд…

Continue reading

12.08.2009 Posted by | Ватан, Инсон, Ҳунар | | 19 Comments

Бардоште аз баҳси интернетии Акбари Турсон

1untitledҲафтаи мушкиле буд. Чун шабкор будам ва манфиҳои басти шаб аз мусбатҳои он ба маротиб бештар аст. Ҳамзамон посухҳои устод Акбари Турсонро ба пурсишҳои хонандагони сомонаи “Озодӣ” омода мекардам. Тибқи маъмул устод аввал ба чанд савол телефонӣ посух доданд ва сипас ба назди дандонпизишк рафтанд ва маълум буд, ки бо дарди дандон ба саволҳо ҷавоб додан осон нест.

Continue reading

09.08.2009 Posted by | Маҳалгароӣ, Сиёсат, Тоҷикистон | | 12 Comments

Дидоре, ки акнун ба киёмат монд…

1subhМеангоштам, ки мани мусофир ба хабарҳои бад одат кардаам. Ин қадар шумхабаре дар солҳои ғурбат аз ватан ба мани раҳдур расидааст, ки ҳадду ҳисоб надорад. Ин қадар ранҷурам, ки натавонистаам агар дар зиндаи дӯстону ёрон бирасам, дар мурдаашон ҳам набудаам, ки пояи тобуташон шавам. Ин қадар марсия навиштаам, ки айни он аст, “Китоби сиёҳ” нашр кунам. Ва аз марсия гуфтан дилам об шудаасту рӯи сафҳа рехтааст ва мепиндоштaм, дар сандуқи сина дигар диле надорам, ки дардеро ҳис кунад. Вале…

Continue reading

06.08.2009 Posted by | Инсон, Матбуот, Сарнавишт | | 8 Comments

Муносибатҳои солим ё “ишқи пулакӣ”?

RahmedҲамон гуна, ки дар охири моҳи феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз мулоқоту моҳигирӣ бо президенти Русия, Дмитрий Медведев, дар Завидово дасти холӣ ба Душанбе баргашт, Медведев аз сафараш ба Душанбе низ тақрибан бидуни дастовезе озими Маскав шуд. Аммо ин сафар хеле рӯшаниҳо овард…

Continue reading

01.08.2009 Posted by | Сиёсат, Таърих, Тоҷикистон | | 24 Comments