Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дидоре, ки акнун ба киёмат монд…

1subhМеангоштам, ки мани мусофир ба хабарҳои бад одат кардаам. Ин қадар шумхабаре дар солҳои ғурбат аз ватан ба мани раҳдур расидааст, ки ҳадду ҳисоб надорад. Ин қадар ранҷурам, ки натавонистаам агар дар зиндаи дӯстону ёрон бирасам, дар мурдаашон ҳам набудаам, ки пояи тобуташон шавам. Ин қадар марсия навиштаам, ки айни он аст, “Китоби сиёҳ” нашр кунам. Ва аз марсия гуфтан дилам об шудаасту рӯи сафҳа рехтааст ва мепиндоштaм, дар сандуқи сина дигар диле надорам, ки дардеро ҳис кунад. Вале…

хабари ногаҳонии даргузашти Қурбоналӣ Хуҷамов, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Зиндагӣ”, дар як фалокати роҳ аз нав дили абгорамро ба ёдам овард. Дардро ҳис кардам ва донистам, ҳанӯз диле дорам айни ҳамоне ки даҳсолаҳо пеш доштам ва донистам, ҳанӯз метавонам, бигирям.

Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон,
К-аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон…

Ин хабари сиёҳ низ он манеро эҳё кард, ки солҳо пеш бо шунидани хабари марги Муҳиддини Олимпур, Отахони Латифӣ, Искандари Хатлонӣ, Сайфи Раҳимзод дар кӯчаҳои шаҳри бегона раҳгум задаву мисли девонае мегаштам ва дарди диламро ба сангу хоки кӯчаҳо ва гулу гиёҳу биноҳои ҳазорсолаву ҳайкалҳои хушбахту обҳои рӯдхонаи Влтава мегуфтам ва ашки чашмонамро ба обҳои ин дарё меомехтам.

Пас ҳанӯз ҳам зиндаам, ҳанӯз ҳам ҳамонам, ки будам, ҳанӯз ҳам дил дорам! Як дил чӣ қадар бояд бисӯзад? То чанд? Чаро санг нашудӣ дар ин ҳама сол, эй дил? Ё такон аз шумхабари марги муфоҷои Қурбоналӣ ин гуна сахт буд?

Боз ҳам дар шомгоҳи пурабр саргиҷу ғамзада аз кӯчаҳои сокиту сангфарши Прог лоилоҷу лоқайд мераваму меравам ва зиндагӣ дар назарам монанди ин сангҳову деворҳо сахту сангин метобад.

Ёди чеҳраи ҳамешабози Қурбоналӣ фарқе байни дили ману ин сангҳо мегузорад. Хушгӯиҳои ӯ дар гӯшам садо медиҳанд. Саломи ӯро мешунавам. Саломе, ки волотар аз ҳамаи саломҳои умрам буд.

Вай буд, ки замоне санги дили маро нарм карда буд. Вай буд, ки маҷбурам карда буд, санги пинҳон аз бағал берун орам ва канори ҷода партоям ва оғӯш боз кунам. Оре, вай буд…

Ӯро аз наздик намешинохтам. Мо ҳамеша ҳамдигарро аз дур медидем ва росташ, хеле аз ҳам дур будем. Вай дар телевизион кор мекард ва ман дар “Чароғи рӯз”. Рақобатҳои сиёсӣ ману ӯро дар ду тарафи сангар қарор дода буданд. Вай аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекард ва ман аз нерӯҳои миллию демократӣ. Вай бештар ба майдони “Озодӣ” мерафт, ман бештар ба “Шаҳидон”.

Ҳарчанд дар нишастҳои хабарӣ ба ҳам салом медодем, ин саломҳо сард буд ва вай талош мекард, симои ман дар гузоришҳои телевизионияш наафтад. Ман талош мекардам, аз ӯ канора гирам ва наздикии махсусамро бо дигарон таъкид кунам. Баъдаш ҷанг шуд. Вай дар Душанбе монд, ман ҷалои Ватан кардам. Вартаи байни ӯву ман ба ҳазорон фарсах фарохтар шуд.

Соли 2000-ум, нахустин бор пас аз солҳои зиёди ҳиҷрат ба Душанбе баргаштам. Сафари кӯтоҳе доштам, барои гузоришгарӣ аз нишасти сарои “Панҷгонаи Шонгҳой”, ки дар ҳамин ҷаласаи Душанбе бо пайванд шудани Узбакистон ба панҷгона онро ба “Форуми Шонгҳой” табдил ёфт.

Душанбе он вақт ба чашмам дигар як шаҳри бегона метофт, ҳарчанд сар аз фурудгоҳ то Варзоб ба ҳар куҷои он ки мерафтам, хотираҳои ҷавониям зинда мешуд ва диламро фараҳ пур мекард, ки ба шаҳри маҳбуби худ баргаштаам. Аммо ҳама ҷо чеҳраҳои ноошно ва гоҳе хашинро медидам, ҳама ҷо ҳис мекардам, ки ба ман чун ба бегонае ва ҳатто душмане муносибат мекунанд.

Аз имзои созишномаи сулҳ нав се сол мегузашт, аммо хусумату нобовариҳо ҳанӯз хеле зиёд буд. Касе намехост, эътироф кунад, ки ман ҳам барои ин сулҳ талошҳое кардаам ва нахустин баҳси ҳукумату мухолифон на сари мизи гуфтушунид, балки рӯйи амвоҷи радиои “Озодӣ” ба вуқӯъ пайваста буд. Ман ба зоғи сафеде монанд будам.

Журналистони ватанию хориҷӣ сари зинаҳои кохи навсохт дар Бӯстонсарои ҳукумат интизори хабарҳо аз нишасти сарони “Шонгҳой” буданд. Ба назди онҳо омадани ман ҳолати аҷиберо ба вуҷуд овард. Ҳанӯз чанд қадам монда буд, то ба онҳо наздик шавам, мешунидам, ки дар миёни ин издиҳом номи маро пичиррос мезананд. Азбаски ибтидо ягон чеҳраи ошно надидам, дар ҳамон фосила бозистодам ва бо ҳамкорам тарҳрезӣ кардем, ки кадоме аз мо чӣ кореро бар дӯш мегирад.

Ҳини сӯҳбат гаҳ-гоҳ ба издиҳоми ҳамкасбонам менигаристам ва тадриҷан онҳоро мешинохтам. Фақат ҳоло медидам, ки аксари онҳоро мешиносам. Дафъатан ва худ ба худ номи онҳо ба ёдам мерасид, ҳамаи онҳоро сахт ёд карда будам. Мехостам, наздик равам ва бо ҳар яке аз онҳо вохӯрдӣ кунам. Аммо ҳаракоти бархе аз онҳо, ки бо дидани ман пушт мегардонданд, маро дудила карда буд. Шояд намехоҳанд, ба ман даст диҳанд? Мумкин метарсанд, ки баъдан зери шубҳа намонанд? Шояд фикр мекунанд, омадаам, нони даҳонашонро бирабоям?

Нохост, касе аз байни онҳо бо овози баланд номи маро гирифту пеш баромад. “Хуш омадӣ ба Ватан, журналисти номдори мо, Тоҷикистон пешкаш ба фарзанди Тоҷикистон! — бо ин суханон ва бо оғӯши боз Қурбоналӣ Хуҷамов ба истиқболам омад ва мо ҳамдигарро канор гирифтем. Мисли ду бародари пазмоншуда, мисли ду мусофире, ки дар ғурбат ҳамдигарро меёбанд, мисли ду шахси ба ҳам азизу наздик, мисли фарзандони як модару падар.

Вай маро ҳолпурсӣ мекарду аз миёни издиҳоми ҳамкасбони мо низ баъзеҳо якояк омаданд ва саломуалек карданд, ях гӯё шикаст, вале аксарият бо рафтори худ ҳамоно нишон медод, ки маро қабул надоранд. Дар байни онҳо, ҳамсангарҳои собиқ низ буданд, ки замоне бо ҳам барои ормонҳои миллат мубориза мебурдем. Ҳатто онҳое низ буданд, ки ман шабурӯз аз радиои “Озодӣ” онҳоро “маҳбуси сиёсӣ” номидаву талаби озодияшон аз зиндонро мекардам ва дар Исломобод қариб аз гиребони сафири Эрон, Алиакбар Муҷтаҳиди Шабистарӣ гирифта будам, ки “журналистон бояд аз маҳбас озод ва дар навбати аввал табодул шаванд!” Ин вақте буд, ки тарафи ҳукумат розӣ шуд ҳамаро табдил кунад, илло журналистонро.

Қурбоналӣ ба ман дарси наҷобати инсонӣ дод, дарси дилсофию дилсафедӣ ва ҳам тазоди рӯзгорро ба чашмам намоён кард. Ҳарчанду ӯву ман замоне дар ду тарафи сангар будем, рӯзи сулҳ ҳамдигарро ба оғӯш кашидем ва бӯсидем. Онҳое ки лофи ҳуқуқу ҳақиқату ормони миллӣ мезаданд, натавонистанд, танаффури худро пинҳон доранд. Ин сабақ ҳаргиз фаромӯшам намешавад. Сипосгузорам аз Шумо, Қурбоналии азиз, устоди азиз, чун сабақеро, ки Шумо ба ман додед, ҳеҷ устоде ҳаргиз ба ман надодааст.

Охирин бор, дар солрӯзи марги Аҳмадшоҳи Масъуд, вақте хотираҳои ӯро аз дидораш бо ин фармондеҳи маъруф барои як вижагуфтори радиоӣ забт мекардам, телефонӣ мулоқот доштем. Баъд аз мусоҳиба мегуфт, афсӯс вазъияти кору зиндагияш хеле сангинтар мешавад ва ӯ наметавонад, ҳафтаномаро ба гунае ки мехоҳад, нашр намояд. Шӯхӣ мекард, ки зиндагӣ “Зиндагӣ”-ро хоҳад кушт.

Бо ҳама бешу камаш “Зиндагӣ” нашрияи муваффақе буд. Солҳое, ки вай дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд ё ҷангу сулҳу Тоҷикистон матолиби боумқе чоп мекард, сардамдорони феълии матбуоти кишвар сари хеш дар афсонаҳои келину хушдоман ё хиёнати зану шавҳар пинҳон карда буданд. Бисёре аз матолиби чанд сол пеши “Зиндагӣ”-ро ғурурмандони муосир имрӯз ҳам чоп карда наметавонанд.

Аммо ӯ даъвоҳои баландпарвоз надошт, нашрияро аз рӯйи ишқ ба касбаш таъсис дода буд, на барои хушомадгӯйии иҷтимоӣ ва аз ин роҳ расидан ба ягон мансабу мақом. Хоксору шукргузор ба назар мерасид, аммо дар ҳисси миллӣ гузаште намекард.

Дар мусоҳибааш барои ман гуфта буд: “Рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон буд ва шоми он рӯз мо дар зиёфати як дӯсти худ будем, ки касе омад ва ин хабарро расонд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд даргузаштааст. Ин як хабари аввалан боварнакарданӣ ва баъдан бисёр ғамангез буд. Ғамангез на танҳо барои мардум Афғонистон, балки барои тамоми мардуме ки барои озодӣ, барои ифтихор ва ғурури миллӣ, барои ҳаққи инсон мубориза мекарданд ва қоил буданд ба он ки ҳеҷ кас дар ҳеҷ куҷо ба касе зулм накунад, хабари бисёр мутаассиркунанда буд ва ҳамаи онҳое, ки сари дастархон бо мо менишастанд, аз чашмонашон ашк мерехт. Он рӯз бо вуҷуди он ки иди истиқлол буд, дар дилҳои мо ғами даргузашти Аҳмадшоҳи Масъуд бисёр асар гузошта буд.”

Қурбоналӣ худро хушбахт медонист, ки бо Масъуд мулоқот кардааст ва симои ӯро рӯйи навор овардааст.

Дар ҳамон сӯҳбати телефонӣ қарор гузошта будем, ки ин дафъа, вақте ман ба Душанбе меоям, мо барои нахустин бор бо ҳам сари пиёлаи чое хоҳем нишаст ва ниҳоят аз дидори ҳамдигар сер хоҳем шуд.

Дареғ, устод, чӣ кардӣ, дидорро акнун ба қиёмат гузоштӣ…

Дареғ, ҳазорон дареғ…

06.08.2009 - Posted by | Инсон, Матбуот, Сарнавишт |

8 Comments »

  1. Худобиёмурзро намешинохтам. Бо хондани матлаби сузноки шумо шинохтамаш. Равонаш шод бод.

    Comment by Дориюш | 06.08.2009 | Reply

  2. Оре, шод бод равонаш. Холо ба ин меандешам, оё он хамдигарнописандихо магар як пули пуче арзиш дошт?

    Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард,
    Дӯстон аз ҳамдигар беҳуда ранҷидан чаро

    ва ё

    Ёрон ба каф пиёлаву дар дил ғубор — чист???

    Comment by aioubzod | 07.08.2009 | Reply

  3. Марги у бароям хеле дардовар буд. Дар донишгох дар маврид Ахмадшохи Масъуд кори курси доштам. Мавзуи Масъуд маро бо у дуст намуд.
    Як инсони хоксору замини, бегаразу бекина даргузашт! Борхо сари дастархонаш нишастаам, марди саховатпешша буд.
    Рухат шод, манзили охиратат обод, эй устоди бузург!

    Comment by Муъмин | 07.08.2009 | Reply

  4. Inno lillohi va inno ilaihi roji’un.

    Comment by Imommakhmad | 08.08.2009 | Reply

  5. марги ин марди худо маро сахт мутаасир сохт. У сармухаррири ахбор буду ман хамрохаш кор мекардам. аввалхо аз сахтгириву чидди муносибат доштанаш чандон эътирофаш намекардам. Вале баъдтар эхсос кардам, ки мисли у журналистони оташинкалам хеле каманд. Вакте ки ин хачвнигори “бузург”-ро дидаву дониста олимакомон сари мансаб оварданд, дигар чой барои Хучамову Нурматовхо набуд. Хамаи мо аз Ахбор ба хар тараф пароканда шудем. Устод ба ман дар телевизиони шахси кор ёфтанду гуфтанд: чи гам мехури, магар каламатро ягон кас шикаста метавонад. Марги бемахал рабуд боз як марди худоро. Барои ахли хонаводааш сабри чамилро аз Худо таманно дорам. рухатон шод бод устод!

    Comment by шахло | 11.08.2009 | Reply

  6. “Зиндаги” яке аз нашрияхои дустдоштаи ман буд, вале афсус, чун аксари точикон, аз моле манфиат мебарему созандаи онро ба эътибор намегирем. Аз навиштачоти Шумо фахмидам. Рухашон шод бод!!!

    Comment by Mark Twain | 12.08.2009 | Reply

  7. Ман низ шинохт ба ин нафарро надоштам, вале аз даргохи худованд ба хамаи пайвандонаш сабр мехохам. Худо уро ба рахматаш бигирад.

    Comment by Мирасрор | 12.09.2009 | Reply

    • Дуъоятон мустачоб бод дар мохи мукаддас, Мирасрори азиз.

      Comment by aioubzod | 12.09.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: