Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Бардоште аз баҳси интернетии Акбари Турсон

1untitledҲафтаи мушкиле буд. Чун шабкор будам ва манфиҳои басти шаб аз мусбатҳои он ба маротиб бештар аст. Ҳамзамон посухҳои устод Акбари Турсонро ба пурсишҳои хонандагони сомонаи “Озодӣ” омода мекардам. Тибқи маъмул устод аввал ба чанд савол телефонӣ посух доданд ва сипас ба назди дандонпизишк рафтанд ва маълум буд, ки бо дарди дандон ба саволҳо ҷавоб додан осон нест.

Тасмим гирифтем, ба устод як рӯз танаффус диҳем ва сипас суолу ҷавобро ба поён расонем. Дар ин байн яке аз хонандагони сомона номаи пур аз хашму ғазаб ва таҳқиру тавҳин фиристод ва кормандони “Озодӣ”-ро ба ҳамаи гуноҳҳои мумкину номумкин айбдор кард ва ҳатто ба худи устод Акбар низ тараҳҳуме нишон надод.

Вай фикр кард, ки мавриди нописандӣ қарор гирифтааст. Ва намедонам, ба кадом сабаб ҳамаро ба маҳалгароӣ айбдор кард. Ман ин номаро ба устод нишон надодам, ҳарчанд пурсишҳои хордору содалавҳона дар ин гуфтугӯ зиёд буд. Мешуд, ки дигар ҳам зам кард.

Дар ду рӯзи баъдӣ устод Акбар тақрибан ба ҳамаи пурсишҳо посух доданд. Одати эшон аст, ки ба ҳар савол посухи мукаммал ва бодалел бидиҳанд ва ба ин сабаб посухҳо се-чаҳорборӣ бознависӣ ва такмил мешуданд.

Иттифоқан, посухи он кас ба пурсиши донишомӯзе дар бораи маҳалгароӣ ҳамзамон ҷавоби арзандае шуд ба шахсе, ки аз сари бетоқатӣ ҳамватанони худро ба ин мараз айбдор кард. Тасмим гирифтам, ин пурсишу посухро барои як таъкид ин ҷо ҷой бидиҳам.

ПУРСИШИ ДОНИШОМӮЗ

“Дуруду салом бар шумо, устоди азиз! Ба назари Шумо чи гуна метавон барои маризи махалгарои дар Точикистон ва дар байни точикхо давое ёфт? Албатта, ба чуз “давохо”-и забонзада ба мисли “интикод ва сангзании падидаи махалгарои”. Ва чаро ашаддитарин махалгарохои точик мактабхондахову зиёиёни точик мебошанд?”

ПОСУХИ УСТОД АКБАР

“Ҳамватани азиз, ду пурсише, ки посухашро аз ман дархостаед, саволҳойи доғи рӯзанд.

Аввал ба саволи дуюматон (чаро ашаддитарин махалгарохои точик мактабхондахову зиёиёни точик мебошанд?) ҷавоб медиҳам.

Мушоҳидаатон комилан дуруст аст: ашаддитарин маҳалгароёни тоҷик мактабхондаҳову ба истилоҳ зиёиён мебошанд. Мушаххастар гӯям, коранда ва паҳнкунандаи тухми маҳаллгароӣ ду қишри аҳли савод мебошад, ки бо ҳам робитаи дуҷониба доранд (яке ба дигаре табдил меёбад): яке рӯшанфикрон ба маънии танг (ман ин истилоҳро бо назардошти мушоҳидаҳои интиқодии Оли Аҳмад истифода мебарам) ва дигаре маъмурон ба маънии васеъ.

Шарҳ додан зиёдатист, ки на ҳамаи рӯшанфикрон ва на ҳамаи маъмурон маҳалгаростанд; онҳое, ки маҳалгаройӣ мекунанд, зотан аз як тоифаанд. Манзурам як гурӯҳи калони одамони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус мебошад, ки онҳоро Александр Солженитсин ба ҷумлагӣ «образованщина» номидааст.

Нависандайи маъруфи рус онҳоеро дар назар дорад, ки дар даврони советӣ ҳарому ҳалол хонда (яъне бо истифода аз имтиёз ё гузашти иҷтимойӣ) ва маълумот гирифта (ҳатто ба унвонхойи илмӣ соҳиб шуда!) тамоми зинаҳойи силсилайи маротиби идорайи давлату ҷомеаи шӯравиро пур карда буданд.

Дар замони пасошӯравӣ ҳам дар аксари собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ суккони идораи давлату ҷомеа асосан ба дасти онҳост. Сабаби маҳалгароии ду қишри мазкури аҳли савод зоҳиран яке набошад ҳам, ботинан ҳамгун бувад.

“Рӯшанфикр”-и маҳалгаро аслан шахси маънан нотамому нотавон аст. Намунайи маъмули он фарди ноком аст, яъне одамест, ки дар соҳайи касбу кори интихоб кардааш комёб нашудааст, масалан, бо вуҷуди мансаби академӣ ё унвони ифтихорӣ дар ҳунар доштанаш дар илм ё санъат аз тарафи ҳамкасбонаш ва умуман ҷомеа эътироф нагардидааст.

Инро ман ҳавойӣ намегӯям: дар Академияи илмҳо бо чунон маҳалгароёни “беолоиш” паҳлу ба паҳлу кор мекардам, ки фақат аз ҳузури ман рангашон мепаррид! Ғояти норасидагии маънавии чунин шахсон будаст, ки айби ошро дар мош меҷӯянд, яъне ҳамеша гумонбаранд, ки маҳз дигаршаҳру дигардеҳагон садди роҳашон мебошанд. Ва вақте ки эҳсоси бегонаситезӣ аз бухлу ҳасади шахсӣ рангин мешавад, чунин «ҷабрдидаву» «ранҷидагон» ба як навъ дарди рӯҳонию равоние гирифтор мешаванд, ки дар илми равоншиносӣ комплекси норасидагӣ гӯянд.

Маъмури маҳалпараст бошад, ҳамон аст, ки вазифа ё мансабашро на аз рӯйи савияи донишу малака, лаёқати созмондиҳандагӣ ё, ба истилоҳи кӯҳнайи шӯравӣ гӯям, қобилияти ташкилотчигиаш, балки мувофиқи меъёри маҳалчигӣ ва ё ёру ошнобозӣ гирифтааст. Ва табиист, ки ӯ низ саъю кӯш мекунад, ки дар идорааш одамонро аз рӯйи айни ҳамон меъёру маҳакҳо гирд оварад.

Ин амал заминайи психологӣ ҳам дорад: як меъёри ногуфта ё нонавиштайи чунин усули хоста гирифтани кадрҳои роҳбарикунанда он аст, ки одамони даргоҳ бояд аз худи саркор дида оқилтар ва ё таҷрибаноктар набошанд, то ки дар ҳузури тобеъон эшон, ҳамон тавре ки дилашон мехоҳаду ойини мансабашон ҳам талаб мекунад, бемалол худнамойӣ ё фармонфармойӣ карда тавонанд.

Ва ҳамин ки дар идора муҳити созгоре иборат аз лаббайкгӯю тамаъкору лагандбардор аз худу бархуд фароҳам омад, сардори он низ ба як навъ дарди равонӣ гирифтор мешавад.

Азбаски равоншиносон (психологхо) ё аниқтараш равонковон (психоаналитикҳо) ин дардро ҳанӯз ташхису тасниф накардаанд, шояд онро шартан худгароӣ номем, ки дар силсилабандиҳойи муназзами Ҳазрати Иқбол ҳамрадифи худнигариву худшиканист.

Ин дард аз калонгириҳои маъмулӣ оғоз шуда бо васвасайи азимманишӣ анҷом меёбад.

Шиддати бемории худгарӣ бошад, ба дараҷаи ҷоҳу ҷалоли маъмур вобаста аст; дар силсилайи маротиби бюрократӣ курсии мансабаш ҳар қадар баланд бошад, дардаш ҳамон қадар музминтар мешаваду муолиҷааш ҳамон қадар душвортар.

Чунончӣ, дар қуллаи силсилаи мазкура маҳалбозӣ ба бутсозӣ табдил меёбад. Ин падида аломати равшани газак гирифтани дигар як дарди кӯҳнаи равонист, ки аз фард ба ҷомеа гузашта оҳиставу пайваста ва каму беш дигар қишрҳойи иҷтимоъро фаро мегирад.

Манзурам равонпарешии иҷтимоист, ки бино ба далелҳои таърих оқибат ҳам забардастонро маънан хароб мекунаду ҳам зердастонро карахту фалаҷ мегардонад.

Албатта маҳалгаройӣ ҳадди ифроти ҳамон «ватандӯстии ҷуғрофист», ки онро Муҳаммади Иқбол тавқи лаънат хонда буд.

Вале худи ин майл табиист ё маснуъӣ, аслист ё фаръӣ?

Аввалан, аз маҳалгаройӣ фоҷиаи миллӣ ё бемории рӯҳӣ сохтан лозим нест. Гарчанде ки маҳалгаройии тоҷикона аз ҳамбастагии омилҳои рӯҳонию равонӣ ва таърихию фарҳангӣ сар задаасту сиришташ аз охирҳои садаи нуздаҳӯм инҷониб тағйир наёфта, бо мурури замон, ҳеҷ набуд, раванди сиёсии ин падида суст мешавад.

Сониян, маҳалгаройиро ба пиринсипи умда ва ҳамагонии маънидод кардани ҷумла падидаҳойи нохуши иҷтимоию сиёсӣ ва маданӣ табдил додан нашояд.

Кор ба дараҷае расида истодааст, ки ҳатто дигарандеширо аз ҳамин мавқеъи назар таъбир карда истодаанд. Чунончӣ, нафаре аз ширкаткунандагони ин гуфтугӯ шубҳайи илмиамро ба рамзи миллӣ хондани кӯҳ …аломати маҳалгаройӣ хондааст!!!

Акнун саволи якуматонро дида мебароям – албатта то ҷое, ки масъаларо худам мефаҳмам.

Ба назари ман, ду тадбирро андешидан даркор аст. Тадбири аввал қувват додани таълиму тарбия аст. Манзурам фақат панду насиҳати ахлоқӣ ё маъракабозиҳои сиёсӣ нест.

Корро аз мактаб сар кардан даркор аст. Шояд андар худшиносии миллӣ китоби дарсие таълиф карда онро мураттабу мунтазам таълим дод?

Китобе барчида аз баргузидаҳои таърихи халқ, фарҳанги суннатӣ (ба маънии васеъ: дин, ахлоқ ва одоб) ва ҳуқуқи башар.

Умуман гирем, тамоми китобҳои дарсии тоҷикиро (хусусан андар таъриху фарҳангшинохтӣ) аз нав ва ба тариқи дигар навиштан даркор аст.

Ин корро вазорати маориф худаш карда наметавонад, онро бояд Академияи илмҳо ба ӯҳда гирад. Вале баройи ин Академияро куллан аз нав сохта онро ба Фарҳангистони илму маданият табдил додан даркор аст.

Тадбири сонӣ – истифода бурдани қудрати қонун аст. Бардошти ман аз таҷрибаи таърихи ҷаҳон, хусусан Амрикою Урупо, ин аст, ки фақат дар чаҳорчӯби сахти қонуни давлатӣ ҳудуду дараҷаи бедодгарии маҳалгароёнаро муайян намуда ва баройи гунаҳкорон ҷазойи сазоворро муқаррар карда бад-ин тариқи самарабахш ҷумла хешбинону бегонагурезонро дарси бародарию баробарӣ омӯзондан мумкин аст!

(Албатта то ба ҳадде, чаро ки илоҷи аз тариқи зӯрӣ барҳам додани ҷиноят аслан амри муҳол аст. Лекин агар давлат зӯр надошта бошад ё зӯриро дар чорчӯби қонун истифода бурда натавонад — чунон ки инро солҳойи аввали истиқлоламон дидем — кор аз бад бадтар мешаваду бас.)

Ба гумонам, агар Маҷлиси Олии ҷумҳуриамонро дар бораи маҳалгаройӣ қонуни махсус қабул мекард, ин айни муддао мебуд.

Қонуни мазкур ҳар гуна кӯшиши поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯйи баромади ҷуғрофӣ, яъне ҷойи таваллуди худашон, падару модарашон ва ё ҳатто бобою бобокалонашон, бояд ҷинояти маъмурӣ эълон намояд (ба унвони дискриминатсияи иҷтимойӣ).

Ва ин навъи ҷиноятро аз рӯйи мазмуну маромаш бо ҷинояте баробар кардан лозим аст, ки баройи таъқибу таҳқири одам аз рӯйи мансубияти ҷинсӣ, миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ муқаррар шудаст.

Як тадбири муассир ин аст, ки ҳангоми мувофиқи қонуни мазкур аз кор холӣ кардани райис, мудир ё умуман ҳар навъ маъмури маҳалгаро ба дафтарчайи меҳнатиаш чунин тамғайи расмӣ гузошта шавад: «Ба кори роҳбарӣ қатъан муносиб нест!»

ХУЛОСА

Ҳоло бояд он бародар ва дигарие, ки зимни истилоҳи “кӯҳ” устод Акбар ва бисёре аз дигаронро ба маҳалгароӣ айбдор кард, бояд пеши худ хулоса барорад, ки ҳақ буд ё ноҳақ. Агар ноҳақ будани худро дарк кард, бад нест, узр пурсад. Ва пеш аз ҳама аз худаш.

09.08.2009 - Posted by | Маҳалгароӣ, Сиёсат, Тоҷикистон |

12 Comments »

  1. Намуди дигари гуфтугуи Акбари Турсон дар Радиои Озодиро метавон аз ин торнигор дарёфт намуд.

    [url]http://aturson.wordpress.com/[/url]

    – Пажуҳишгар

    Comment by Пажуҳишгар | 10.08.2009 | Reply

  2. Хама сафсата,
    хамикадар гапа гуё мардум худаш намедонад?

    Comment by Расул | 10.08.2009 | Reply

  3. Бародар Расул.

    Агар ҳамин қадар гапро мардум худаш медониста бошад, яъне мефаҳмида бошад, чаро дигаргуние рӯй намедиҳад? Мардум дӯст дорад, дар чунин ахлот ба сар барад ё илоче ба гайр аз махагарой надорад?

    Сафсатта? Шумо тафсир ва пешниҳоди беҳтаре доред?

    Comment by aioubzod | 10.08.2009 | Reply

  4. Расул, ё дурусташ Абдурасул номаъкул кардайи ба ин сафсатагуйихот.

    Ба Устод Акбар хазор рахмат барои чавобхои пурмаъни ва пешниходхои муфид. Илова бар он гуфтани будам, ки на махалгаройи на чинояти маъмури, балки чиноят ба маънии том фахмида шавад. Ва барои он чазои махрум кардан аз озоди ва ё чаримаи вазнин мукаррар карда шавад. Дар мо вакте ки “маъмури” мегуянд, одатан, кирдори начандон барои чамъият хавфнокро мефахманд. Вале махалгаройи нихоят кирдори хавфнок аст. Дар хакикат “мачлисиёни поёниву болои” – амон бояд пешниходхои Устодро ба назари таваччух гиранд ва албатта дар Кодекси чиноятии Точикистон тагйироту иловахои дахлдорро ворид намоянд. Барои чи расму русум танзим мешудасту ин масъалаи мухиме, ки Устод бардоштаанд мавриди барраси карор нагирад?
    Сихатманду сарбаланд бошед, бародари азиз Салим.
    Барои

    Comment by Sooroosh | 10.08.2009 | Reply

  5. Харфи Акбари Турсон арзише надорад.
    У агар ватандусти ростин мебуд, ватанашро тарк намекард. Ки уро таъкиб карда буд? Хеч кас! Хатто касоне, ки таъкиб мешунад, баргаштанд. Дигар ин ки Турсон дар Амрико рафт ин китъаро дубора кашф кард, чи кор кард? Намунаи барчастаи кори илмии у чист, ки аз у пайхамбаргуна дуруст кунем?

    Comment by Расул | 11.08.2009 | Reply

  6. Расул, намедонам кистй, аммо дарунат пур аз кину адоват аст. Саводи казой хам надорй ва чизе аз навиштахои Турсон хам нахондай. Тасодуфе шудаву назди компютер чой гирифтай. Росташро бигу, ки аламат аз чист ва аз кучост?

    Агар бахшхои гузаштаи навиштахои устод Салими Аюбзодро хонй, мефахмй, ки намунаи барчастаи кори илмии Акбари Турсон чй будааст.

    Comment by Samandar | 11.08.2009 | Reply

  7. Шумо вакте як нафарро олим мураррифи мекунед, кори илмии уро на ман, балки олами илм бояд кабул дошта бошад. Ку кори чахонгири Акбари Турсон?
    Аз гил хайкал насозед, илтимос, ки бо нахустин борон вайрон мешавад. Ман хеч гаразе надорам, факат мехохам бигуям, ки бояд дигар худситои накунем ва дуруг нагуем. Бисер худову пайгамбари дуругин сохтем, ки фоида накард, бас аст!
    Ку кори Турсон дар фалсафаи кайхон? Кадом назарияро муаллифаш аст?
    Бозор Собир номи хуб ба у гузоштааст,”ин Акбаре, ки шумо мегуед, Турсон не, Тарсон аст!” Акбари Тарсон!

    Comment by Расул | 11.08.2009 | Reply

  8. Рости гап, маълумам шуд, хама чизе ки ин чо навиштаам, барои бархе аз хонандагон азон ба гуши хирс будааст. Аммо ин бародар бехуда мегуяд, ки гаразе надорад. Агар касеро кабул надошта бошй, кабулаш нахохй кард ва ин хакки туст ва касе ин чо талош надорад, хакки туро аз ту бигирад, аммо агар касеро паст задан мехохй ва паст мезанй, пас гарази пинхоне дорй. Рохат сафед, дустам, орзу мекунам комёб бошй. Вале ончй аз номи Бозор Собир гуфтай, низ ба хавола ба виждони худат. Афсус, миллатат дар холи хозир бад ё нек, кам ё беш хаминхоро дорад. Кош худат маъруф ва машхури олам мешудй, фикру акидаву назаре медодй, ки ба равандхои зинадгй асар гузорад, он вакт аз ту мегуфтему меболидем. Лекин холо, узр, намешиносемат. Худо нигахдорат

    Comment by aioubzod | 11.08.2009 | Reply

  9. Хайфи ин номи зебо ки ТУ дори номи ТУ бояд Сангак ё Лангари ва ё Кулухак мешуд бо ин амалаи махалчиги ва бегонапарастиат
    Бас ки бегонапарстем амон аз ману ту ….
    Устод агар дониш намедошт дар яке аз донишгоххои бонуфузи Амрико кор намекардю Агар он кадар худатро донишманд мепиндори дар яке аз ташкилотхои мукими Душанбе як бор худатро санчида баро ки оё кор карда метавони то аз ту фахр кунем то узбакхо дар вазифахои калиди кор накунанд
    Фикр мекунам он давоми гардане ки дори зербинояшро махалчихо офаридаанд

    Comment by Нодаркор | 12.08.2009 | Reply

  10. Матлаб аз саволу чавобхо махалгарои буд, ва бояд “табибон” ба ташхиси ин дарди миллат диккат чалб мекарданд…ва ягон тадбире пешниход мекарданд!!!

    Comment by Mark Twain | 12.08.2009 | Reply

  11. Мебахшед, дустон барои тахкиратон ташаккур!
    Аммо ман иродатманд хастам ва мавкеъи мантики дорам: Акбари Турсон кист, ки мо барояш пакара битарошем? Собит кунед. Ба суол, ки чавоб надоред,касро махалгаро хукм мекунед. Боз хам мегуям, хидмати Турсон барои илми чахони, (чун илм миллат ва махал надорад) ва ичтимоъи Точикистон дар чист?
    Ба таваччухатон бирасонам, ки Акбари Турсон барои мову шумо олим аст дар Донишгохи Пенсилвани баробари як аспиранти донишгохи миллии Точикистон аст, на беш! У устоди комилхукуки донишгох нест!

    Comment by Расул | 12.08.2009 | Reply

  12. Галат мегуй, азизам. Акбари Турсон визитинг профессор ва хам куратор буд, аммо холо бознишаста аст, вале донишгох хамаи имтиёзхои профессории уро хифз кард. Ман хамаи ин аснодро бо чашмони худам дидам. Ба фикрам, профессор будан хатто болотар аз устоди комилхукук аст ва бешубха ба хеч киёс бо асприранти донишгои миллии Точикистон намеояд.

    Шумо ягон олими дигари точикро мешиносед, ки маколахояш дар хачми то 60 сафха дар “Вопросы философии” ё “Вопосы литературы” чоп шуда бошанд? Лутфан номашро зикр мекардед. Бисёре аз назархои илмии устод аз тарафи олимоне чун Ричард Фрай ё Эхсони Ёршотир пазируфта шудаанд. Ёршотир дар заминаи “Эхёи Ачам”-и Акбари Турсон, китоби “Бахори Ачам”-ро навишт.

    Шумо хурдагирй мекунед ва уро паст задан мехохед, факат хамин. Ин одати точикона аст ва ба иллати он мо бу чунин руз расидаем.

    Аммо агар шумо олимонеро номбар кунед, ки эътирофашон мекунед, он гох метавон сухбатро идома дод.

    Хуш бошеду шукуфон!

    Comment by aioubzod | 12.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: