Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Намо ва садои виждони филмсозон

1untitledБисёр вақт онҳое, ки аз падидаҳои манфури атрофи худ ба фарёд меоянд, фикр намекунанд, бо чӣ роҳе мешавад, вазъро андаке ҳам бошад, тағйир дод. Ба назарам, беҳтарину наздиктарин роҳ гуфтани онҳост. Дардҳоро бояд гуфт, то ташхиси онон осонтар шавад. Пинҳон доштани беморӣ маънии шифоро нахоҳад дошт. Солим пиндоштани мариз худфиребии марговар аст.

Агар роҳу ҳукму фишанге барои тағйири вазъ надорем, шукр, ки ҳанӯз забон дорем ва метавонем сухан гӯем.

Дертар сухан ба андеша табдил меёбад, андеша ба эътиқод ва эътиқод ба амал. Вақте ки 1 нафар фикре ба сар дорад, ин фикри ӯст, вале вақте ки 100 нафар ҳамфикри ҳамдигаранд, ин дигар нерӯст. Ҳамфикрии ҳазор нафар оғози дигаргунист.

Шояд ба ҳамин сабаб як гурӯҳ аз филмсозони Малайзия тасмим гирифтанд, бадтарин мушкилоти ҷомеаи худро муайян ва дар бораи онҳо, дақиқтараш бар зидди ин падидаҳо 15 филми кӯтоҳ созанд. Мавзӯъҳое, ки онҳо интихоб карданд, ба таври зайланд:

  • фасод (коррупсия)
  • нажодпарастӣ
  • худпарастӣ
  • тундравӣ
  • хушунат
  • ва ғайра.

Ин филмсозон ҳадаф доранд, дардҳои ҷомеаи худро ба таври барҷаста пеши чашми ҳамқавмони худ бигузоранд. Мехоҳанд, ин мушкилҳоро нишон диҳанд, зеро дидан муассиртар аз шунидан аст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо ин 15 филми кӯтоҳи аз 3 то 9 дақиқагӣ, ки бархе хандаовар ва бархи дигар фоҷиаомезанд, ҳамагӣ хосияти ангезанда хоҳанд дошт. Манзур, онҳо набояд касеро бетараф ва беҳис боқӣ гузоранд.

Нақшҳоро дар бархе аз ин филмҳо сиёсатмадорони шинохта бозидаанд. Чунончи, раҳбари ҳизби ҳоким Хайрӣ Ҷамолуддин дар нақши ронандаи таксӣ зоҳир шудааст. Вазири беҳдошт нақши пизишкро мебозад.

Аксари шабакаҳои телевизионии Малайзия ба пахши силсила ризоият додаанд, вале муаллифон тарҳ мехоҳанд, филмҳоро пеш аз ҳама дар интернет нашр кунанд, зеро он аз сонсур озод ва ба миллионҳо нафар дастрас аст.

Шигифтовар аст, ки айни ин масъалаҳо ба монанди фасод, худпарастӣ, тундравӣ ва майл ба хушунат, бар замми ин зӯргӯиву маҳалгароӣ ва тафаккури бардагӣ ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон низ хосанд ва аммо касе дар баробари онҳо даст ба кори ҷиддӣ ва намоёне намезанад.

Яке аз сабабҳо тангдастии молист, ҳарчанд созмонҳои ғайридавлатӣ ва шабакаҳои гуногуни телевизионӣ дар ҳоли амали муштараку воҳид метавонанд, чунин ташаббусеро дар Тоҷикистон низ ба роҳ монанд. Билоахира, агар дил сӯзад, аз чашми кӯр ҳам ашк мебарояд.

Вале мушкили асосӣ марбут ба андешаи ҷойафтодаест, ки гӯё ҳоло барои мо ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст. Бист сол аст, талоши ҳалли ин масъалаҳо натиҷа намедиҳад. Садҳо миллион доллар кӯмакҳои байнулмилалӣ на вазъи иқтисодиётро тағйир дод ва на аҳволи мардумро беҳтар кард.

Шояд зарур аст, корро аз ҷойи дигар сар кард, аз сафарбарии иродаи умумӣ зидди фасод ва беадолатӣ?

18.08.2009 - Posted by | Инсон, Озодии сухан, Ҳунар |

4 Comments »

  1. Салом ба устод Салими Аюбзод!
    Агар ба Шумо пешниход кунанд, ки накшеро дар филме офаред?

    Раисони мо дар мавзуъи корупсия накшхоро дар филм не, балки дар зиндагиашон мебозанд…
    Дар Точикистон хам коргардонхои чавоне хастанд, ки дар филмофари тахайюлоти ачибе доранд. Аммо ба кавли як коргардони чавон бе пул, компот нушида филм офаридан касеро ба рушди филми точик дилгарм намекунад. Аз тарафи дигар таваччухи сохибкорони точик ба рушди филми точик назаррас нест. Баъзе сохибназарон мегуянд, ки мохияти сарпарастиро дар филм сохибкорон намефахманд ва натичаашро надидаанд. Мутахассисе надорем, ки инро ба сохибкорон фахмонида дар чомеа таблиг кунад. Масалан сохибкоре барномаи телевизиониеро сарпарасти мекунад ва он барнома хамаги як бор тавассути як шабакаи тв намоиш дода мешавад. Агар филмеро сарпарасти кунанду дар чанд лахзаи филм махсулоти ширкаташон реклом шавад, тасаввур кунед, ки чандин маротиба ин филм тарики чандин шабакаи телевизиони намоиш дода мешавад. Дар он сурат хам филми точик рушд мекунад, хам махсулоти ширкати он сохибкори сарпараст таблиг гашта даромадаш дахчанд мегардад. Магар ин бад аст?
    Гайр аз ин мардуми мо одат кардаанд, ки факат ба хукумат такя кунанд. Киностудияи “Точикфилм”-и давлати дар Точикистон хануз ракиби муктадире пайдо накардааст. Чанд шабакаи тв, ки имруз гох-гох филмофари мекунанд, ракиби киностудия буда наметавонанд. Ягон коргардони точик икдом накардааст, ки киностудияи хусусии худро дошта бошад. Шояд, сохибкорони шавкманд бошанду касе ба онхо мурочиат накардааст…
    Шигифтовар аст, ки имруз мардуми точик филмхои фахши амрикои ва спектаклхои узбекиро филм гумон карда тамошо мекунанд. “Точикфилм” дар танхои наметавонад масъаларо хал кунад. Ин гунохи як киностудияи беракиб нест. Гунохи хукумат хам нест. Барои чи хамаашро хукумат бояд созад?..
    Ташаккур…
    Сохибёр

    Comment by Сохибёр | 19.08.2009 | Reply

  2. Кош Шумо на Сохибёр, балки сохибкори сарватмандтарини кишвар мебудед. Он гох ин орзухо чомаи сабзи амал мепушид.

    Комилан дуруст мегуед. Ташаббус бояд аз миёни чомеа бархезад. Аммо дар ин байн бояд созмонхои гайридавлатй чунин тарххоро пуштибонй кунанд ва намуна шаванд.

    Аз суи дигар дар замони мо хар шахс хам метавонад, агар дар дил оташе дошта бошад, даст ба чунин барномахо бизанад ва чизхое биофарад. Чй хуб буд, агар чавонони болаёкат гирдихам меомаданд ва бо чанд кори хурд хунару хиради хешро нишон медоданд, он гох дарёфти сармоя барои онхо осонтар мебуд. Ман фикр мекунам, чунин иттиходхо аз химояти молии навандешон ва дустони Точикистон дар хорич бархурдор хоханд гашт.

    Ман шахсан бархе аз онхоро мешиносам, ки ба бисере аз чавонони мо кумак кардаанд ва дар ин ришта хам кумак хоханд кард. Метавонам, аз дутои онхо ном барам, ки коргардони саршиноси Афгонистон Сиддики Бармак аст ва дигаре устод Маъсумаи Турфа. Мухим аст, чумбише бошад, харакате сар шавад ва аз худ хабар дихад.

    Интизори он руз ва бо орзуи шодкомихо.

    Comment by aioubzod | 19.08.2009 | Reply

  3. dust e hamqom! ba dorud!
    cheshm e chap yek qaside ye ja’rist – boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
    be ruzam o montazer e gozar o nazaret!
    rezavahhab.blogfa.com

    Comment by reza vahhab | 20.08.2009 | Reply

  4. Dust e arjumand Reza Vahhab. Tornegor-i Shoma khkeele jolib ast. Ammo hurufi cyrillic-i on zaaheran kame ishkol dorad. Boyad be Shoma koumak kard, to matnhoi cyrillic durust navishta va namudor shavand. Zenda boshed.

    Comment by aioubzod | 23.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: