Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Дархости профессор Комёр

map_region_centralasiaДар Тоҷикистон ё берун аз он оё ягон донишманди ҷуғрофиёро мешиносед, ки барои як китоби сатҳи ҷаҳонӣ ба забони инглисӣ фаслҳои марбут ба ҷуғрофиёи Осиёи Марказиро бинависад? Ин китоб қарор аст, соли 2010 аз чоп барояд ва сардабири он, донишманди эронии муқими Амрико, дар ҷустуҷӯи ҷуғрофидонони Осиёи Марказист.

Профессори Донишгоҳи Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷаксонвил, Муҳаммад Комёр, ба ман номае фиристода, дархост кардаанд, ҷуғрофидонеро ба эшон шинос кунам, ки битавонад, қисматҳои Осиёи Марказиро дар китоби “Ҷуғрофиёи Бумии Ҷаҳон” бинависад.

Устод Комёр менависад, барои бахшҳои дигари ҷаҳон ба осонӣ муаллиф пайдо кардааст, аммо ҷустуҷӯи муаллифони муносиб дар робита ба Осиёи Марказӣ то ҳанӯз натиҷае надодааст. Биноан, ӯ дархост кардааст, агар ман касеро мешиносам, ба ӯ муаррифӣ кунам.

Чанд олими чирадасти тоҷик ба ёдам расид, вале намедонам, то куҷо онҳо хоҳанд тавонист, ин вазифаро ба ҷой оранд. Аз сӯе ҳам ифтихормандии мо хоҳад буд, агар донишманди тоҷик аз Осиёи Марказӣ намояндагӣ кунад. Боиси афсӯс аст, ки дар “Донишномаи ҷаҳонии ислом”, ки чанд сол пеш ба нашр расид, олимони Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузури густарда доранд, аммо аз тоҷикон касе барои ин энтсиклопедия мақолае нанавиштааст.

Ба қавли устод Муҳаммади Комёр, муаллифи фасли Осиёи Марказӣ дар китоби “Ҷуғрофиёи Бумии Ҷаҳон” бояд аз донишгоҳи инлисизабон унвони илмӣ гирифта бошад, яке аз забонҳои минтақа ва ҳамчунин инглисиро донад, дар бораи Осиёи Марказӣ пажӯҳишҳои муҳиме анҷом дода бошад.

Профессор Комёр ин шартро ҳам дар миён гузоштааст, ки муаллифи ояндаи бахши марбут ба минтақа бояд дар донишгоҳ аз ҷуғрофиё, махсусан ҷуғрофиёи ҷаҳон дарс мегуфта бошад. Ҳадаф аз чунин талаботи баланд ин аст, маҷмӯъаи нав дар оянда ба китоби таълимии “Ҷуғрофиёи Минтақаии Ҷаҳон” дар донишгоҳу донишкадаҳо табдил хоҳад ёфт.

Агар Шумо, ки лутф мекунеду ин сатрҳоро мехонед, чунин донишмандону пажӯҳишгаронро мешиносед, ё дар шарҳи ин матлаб, ном ва нишонаи имейли он касро бифиристед ва ё метавонед, рост бо устод Муҳаммади Комёр нома равон кунед.

Нишонаи имейли устод Комёр чунин аст: <MKAMIAR@fscj.edu>

23.08.2009 - Posted by | Илм, Осиёи Марказӣ |

3 Comments »

  1. Маколаро хондаму зангирии лакаи дангараги ба ёдам расид.

    “Яке аз лакайхои дангара дар москов тули се сол кучаруби мекунад ва бо як азобе як микдораке пул кор мекунад ва меояд Точикистон то ки хонадор шавад. Шарти домод ин будааст ки арус бояд дар яке аз донишгоххо хондаги бошад ва бо сатри намозхон. Модараш бо хайрат мегугуяд “ов балам дар инистуто духтари ба сатр нест дига агар интури мефорат балам рав ай Ирон зан гир” Бечора домод равон мешавад Ирон аммо як чиз уро медорад охир забони форсиро намедонад ку”

    Устоди азиз Салими Аюбзод ман профессор Комёбро ба лакаи дангараги монанд намекунам аммо дар он чамияте ки хамаги аз устодони донишгох сар карда то кучаруби (Президентро ман ба ин гурух дохил намеунам чун ки кучаруб хадди акал бошад хам куча мерубад) куча хамаги дар фикри фиреби каси дигаранду мо метавонем бо чунин чамият чунин чугрофидон пайдо кунем
    Афсус аз он мехурам ки ба мисли Абдулло Рахимбоев як узбакпарсти дигар аз Самарканд пайдо мешаваду китобро менависад ва Точикистонро шояд дар хайати Узбакистонг шомил кунад

    Comment by Нодаркор | 24.08.2009 | Reply

  2. Барои намуна, устод Холназар Мухаббатов аз Фархангистони улуми Точикистон метавонад, ин вазифаро бар душ бигирад.

    Дар гузашта Кандил Чураев на танхо аз бехтарин чугрофидонхои Точикистон, балки аз бехтарин чугрофидонхои Иттиходи шуравй буд, дарег ки аз як су ба тухматхо печид ва аз суи дигар худро ба сиёсат зад.

    Дурусттар бинем, хатман афроде ёфт мешаванд ва на яктову дуто. Ман ба хар хол Мухаббатовро ба устод Комёр муаррифй кардам.

    Comment by aioubzod | 24.08.2009 | Reply

  3. Фикр мекунам устод Холназар Мухаббатов забони инглисиро намедонад ва дар донишгохи кишвари инглис тахсил накардааст

    Comment by Нодаркор | 24.08.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: