Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

“Дар Русия мардикорам, дар ватанам олигарх!”

BolshayarШабакаи аввали телевизиони Русия бори дигар дар симои мардикорони мо Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва ин бор бахусус зани тоҷикро таҳқир ва тавҳин кард. Дар барномаи “Большая разнитса”, ки гуфта мешавад, беҳтарин намоишҳои Шабакаи аввали Русияро аз роҳи танз таблиғ мекунад, бо баҳонаи таблиғи шабакаи мусиқии “МТВ” таронае пахш шуд, ки аз номи мардикорони тоҷик суруда шуда, дар он аз шаҳри Душанбе ёд мешавад.

Ва барои арзишёбии ин нақиза ба толори намоиш иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар ҳаҷвияҳои “Равшан ва Ҷамшут” Михаил Галустян ва Валерий Магдяш даъват шуданд.

Ин тарона ба забони шикастаи русӣ садо дода, дар ҷараёни он на танҳо ду қаҳрамони манфии танзҳои таҳқиромези “Наша Раша” бо аъмоли аблаҳона, балки аввалин бор симои бонуи “рақсдӯстдор”-и тоҷик низ ба маърази масхара гузошта шудааст.

Чеҳраи сабзинаи ин хонум оганда аз ғозаву пардози беш аз ҳад аст, лабонаш беш аз андоза ғафсу сурхидавонда ва нигоҳу ҳаракоташ саршор аз шаҳвату хоҳиш. Ҳар се чеҳраи одамони беақлу кундзеҳн ва содалавҳу сабукборро доранд.

Маънии тарона — ташаккур аз Маскаву шаҳрдораш Лужков, ки ба онҳо кор додааст ва ҳарчанд онҳо дар Русия мардикоранд, ин мардикорӣ барояшон имкон додааст, ки дар ватанашон олигарх бошанд. Ҳама маъниҳои дигари тарона фаччу бемазза ва таҳқиромез.

Ҳарчанд Галустян, ки шояд пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаи ҷаҳонии интернет каме ба худ омадааст, дар ин намоиш гуфт, ки қаҳрамонони танзи онҳо ба мардум ё кишвари бахусусе рабт надошта, симои умумии муҳоҷирон дар Русияро ҳадаф қарор додааст, дар поёни тарона бонуи товуснигори раққос бо хатти кажжукилебе дар девор номи шаҳрро менависад — Душанбе.

Албатта, намешавад танзро ҷиддӣ гирифт, вале ҳамон танз нек аст, агар бар ҳақиқат асос ёфта бошад. Дида нашудааст, ки дар деворҳои Русия муҳоҷирони тоҷик ҳарфе навишта бошанд. Баракс, бегонаситезони Русия ё иғвогароне дар ин деворҳо шиорҳои нафратангез менависанд.

Аммо ин як унсури хурди нақизаи “Большая разнитса” аст. Агар дар гузашта таҳқири тоҷикон аз як шабакаи хурди ТНК пахш мешуд, ҳоло канали аввали давлати Русия илоҷе ёфта, онро ба тамоми кураи Замин паҳн кард. Ҳатман масъулияти шабакаи хурди маҳаллӣ ва канали аввали давлатӣ бояд фарқ дошта бошад.

Намоиши “Равшан ва Ҷамшут” худ нақизаи як арманию як молдовӣ ба тоҷикон аст ва вақте ки намоиши нақизавии “Большая разнитса” ба он нақиза мебандад, монанди он ки манфӣ ҷамъи манфӣ мусбатро медиҳад, нақиза ба нақиза, табъан бояд ҳақиқатро диҳад ва “ҳақиқате”-ро, ки Шабакаи аввали телевизиони Русия додааст, барои тоҷикон хеле ва хеле дардовар ва таҳқиркунанда аст.

Шубҳае нест, ки тоҷикон давраи сахтеро пушти сар мекунанд. Ҳазорон нафар маҷбуранд, ба сахтиҳои зиёд тоб оварда, дар Русия барои кӯдакони худ нон дарбиёранд. Аз он ҷо ки Русия меросабари Иттиҳоди Шӯравист ва ҳам дар ҷанги солҳои 1992-1997-и Тоҷикистон ва бесамарии талошҳои иқтисодии ин кишвар саҳм дорад, бояд вазъи тоҷиконро дарк кунад ва барои як муддати дигар муҳоҷирону мардикоронро таҳаммул намояд.

Дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҳамин гуна ҳазорон нафар аз Русия ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда буданд. Мардуми Тоҷикистон ба онҳо ҷойи зист дод ва нонашро бо онҳо ду ҳисса кард. На он вақт ва на даҳсолаҳо баъд дар Тоҷикистон касе пайдо нашуд, ба ин бадбахтии русҳо тамасхур занад.

Магар забони тоҷикӣ ва расму одати маҳаллиро надонистани онҳо беҳтарин майдони танз шуда наметавонист? Оё майзадаҳои рус дар кӯчаҳои Душанбе наметавонистанд, қаҳрамонони танзи “Иван ва Питруха” шаванд? Аммо касе чунин накард. Тоҷикон ин шарафро доранд, ки ба бадбахтии касе хандиданро беадабӣ шуморанд.

Хуб, афсӯс, дар Русия чунин афроди беномус пайдо шуданд, ҳоло чӣ? Пешниҳоди ман ин аст, ки ба ин сафҳа бояд рафт ва бо забони хеле муаддабона ва бе таҳқиру тавҳин ақидаи худро навишт. Махсусан, ки Шабакаи аввали телевизиони Русия, агар ин сафҳаро боз кунед, худ хоҳед дид, аз байни ҳамаи маводи намоиш маҳз ҳамин таҳқирномаро мояи худнамоӣ ва таблиғ қарор додааст. Агар мавҷи бузурги номаҳои мову Шумо ин сафҳаро ғарқ кунад, шояд ин афрод дафъаи оянда аввал андеша кунанд, сипас коре.

24.08.2009 - Posted by | Ватан, Душанбе, Муҳоҷират, Русия |

10 Comments »

  1. Устоди азиз, ман як номаи бодалелу бамантик ба ин сафха фиристодам. Хамааш дар доираи одоб, аммо онхо номахои манро чоп накарданд ва факат се номаеро, ки аз таърифи онхо иборатанд, чоп кардаанду халос. Аммо фарк намекунад, бовар дорам, ки далелу исботи манро хондаанд. Аз чандин дустонам хам даъват кардам, ки номахои эътирозй нависанд.

    Comment by Самандар | 24.08.2009 | Reply

  2. Ассалом,
    Ман аз аввалаш, вақте ки як силсилаи клипи Наша Раша-ро дидам, на худ ба сайташон даромадам на ба ҷӯраҳоям тавсия додам то ба ин сайти бемаъни рейтинг баланд кунонанд. Амо чизе бе сабаб оғоз намеёбад…
    Русҳо аз дини Ислом бехабарданд, ки набояд айби касеро кофтукоб карда ӯро рӯпош кунанд, ки рӯзе навбат ба худашон меояд дар он ҳоле,ки ҳамаи он айбҳое, ки дар муҳоҷирон меёбанд ин меъваҳои таълими онҳост!!!
    Муҳоҷирони мо бояд каме боз сабр кунанд, зеро ҳоло ҳукумат даводави кушодани роҳи кори дар давлатҳои араб аст. Ин ҷамъ ва тарҳои худро дорад. Аввало набояд хатоеро ки бо Русия кардем ва муҳоҷирони бетаҷриба бетарбия ва бетаълимро ба онҷо равон кардем-ро боз такрор кунем. Бо ҳар гуруҳе, ки равон карда мешавад бояд пешвоҳ ҳам таъин карда шавад. Пешвоҳи дӯрбин, ботаълим. Агар давлат ин сиёсати муҳоҷириро ба ҷиддият гирифта бошад бояд то охир аз паси он шавад. Аз солҳои пешин дарсашро гирад. Дар Туркиё дар бораи бисёр ширкатҳои калон шунидам, ки роҳбаронаш дар вақташ бади хатми донишгоҳояшон ба давлатҳои араб барои корҳои сохтумони ва лоиҳакашӣ рафта буданд. Дар онҷо ширкатҳои хурдашонро сохта сони ба ширкарҳои дев-и Туркиё ва баъзеашон ҷаҳонӣ мубаддал шуданд.
    Амо ин сиёсатро дуруст ташкил кардан лозим. Ҳамаи ин ҳамлаҳо шансест ки шаҳрванди Тоҷик дар аренаи ҷаҳони аз худ хабардор кунад. Проблеммаҳо албата, ки пайдо шуданашон мумкин амо ҳар қадам як дарсест. Дар вақташ дар бораи Туркҳо дар Олмон бисёр бад мегӯфтанд, ки дар онҷо нуфӯзи туркҳо зиёд аст, амо ҳоло ҳамамон шоҳидем аз эътибори онҳо дар ҷаҳон. Ба фикри ман дар бораи ҳаёти муҳоҷирон романҳо бояд навишта шавад, дар бораи муҳоҷирони дигар давлатҳое, ки қадамҳои аввалашон мисли давлати мо буд мақолаҳо навиштан даркор. Дар мағозаҳои китобфурӯшӣ чаро чунин китобҳо нест? Ҳоло бояд ҳар чи қадар сармоя зиёд ҷам кунем то марказҳои таълимӣ дар Ватанамон кушоем. Бояд насли навро чунин тарбия диҳем, ки на барои рус ва на барои араб балки барои тамоми одамият хизмат расонад. Зинаи мақсадҳоямонро бояд баланд дорем.

    Ин хел барномаҳоро дида бояд нанг кунем, ки фардо коре кунем баръакси он шавад.

    Comment by Меъмор | 24.08.2009 | Reply

  3. Номаи ман дар сафхаи онхо нашр шуд. Ташаккур устод барои чунини рохнамой. Факат каме малул аз он хастам, ки як хамкавми мо дашномхои кабех фиристодааст, ки хуб нест ва он хам ба забони точикй. Чаро бояд ба онхо исбот кард, ки мо аз хайли равшанчамшутхоем?

    Comment by Samandar | 25.08.2009 | Reply

  4. Бале, Самандари азиз, ман номаи Шуморо дидам ва хеле хурсанд шудам, аммо номаи Шохпур, албатта, начандон хуб баромадааст. Ташаккур аз Шумо, ки вокуниши сазовор нишон додед.

    Comment by aioubzod | 25.08.2009 | Reply

  5. Устоди азиз Салими Аюбзод
    Банда ду маротиб ин комменти зерро ирсол доштам аммо ё ман натавонистам ва ё онхо инро руи торнигор наоварданд ва ман хохиш мекунам агар шароит бошад хамин комменти манро дар он сайт нависед
    Бо ехтиром
    Нодаркор
    Что же вы за народ такой?! Вас же во Вторую Мировую нацисты самих истребляли как недочеловеков, а эта расистская и нацистская гниль так глубоко в вас сидит!
    Таджики же положили в эту же войну 300 тысяч жизней. Чтоб вам теперь комфортней им было головы резать…
    Таджики внесли огромный вклад в человеческую культуру. Они подарили миру Омара Хайяма, Саади, Фирдоуси, Руми, Хафиза, Джами, Айни, Авицену…
    Пророк Заратустра Спитама – сын этого народа, основоположник Зороастризма – самой древней и гуманной религии на земле, воспевающей жизнь.
    Омар Хайям – первый человек, сформировавший понятие, ставшее в последствии известным как бином Ньютона. Авицена написал Канон Медицины – отправную точку современной медицинской науки. Гениальный Таджикский поэт Джалалудин Руми сейчас является самым читаемым поэтом в США и Европе… Войдите в любой книжный магазин в Лондоне, в Сиднее, в Нью Йорке и увидите целые полки заставленные гнигами с его стихами…
    Таджики единственные прямые потомки Бактрийцев (читай Арийцев или Ариев)
    Этот термин сейчас изгажен, но его дествительное значение определяло жителей поселений в доль реки с древним названием Ариос (сейчас она называется Хари Руд), протекающей в провинции Герат на севере Авганистана…
    Вы называете их “черножопыми чурками” не подозревая, что морфологически и этнически они относятся к средиземноморской подгруппе Европеоидной Рассы (ru.wikipedia.org/wiki/Таджики – 63k)
    Вы посылаете Собчака с пламенными “демократическими” речами в Таджикистан, после отъезда которого через два дня начинается там гражданская война…
    Вы вторгаетесь в Средню Азию и “добровольно” вводите таджиков в свой состав, параллельно отдавая их земли с очагами их цивилизазии Самаркандом и Бухарой соседнему народу. Превращаете Таджикистан в сырьевой придаток, за семьдесят лет не развивив экономику этой богатой природными ресурсами республики. А теперь удивляетесь почему эти люди едут к вам на заработки.
    Люди с дипломами учителей, врачей, юристов взялись за мётла и безропотно терпят ваше глумление над ними просто ради спортивной забавы и природного мазохизма, очищая и отстраивая ваши города, реставрируя памятники старины. Вам и этого мало!!!
    Вам ещё необходимо гнобить их глумиться посредством этого недоношенного выродка из Нашей Раши. Что само по себе омерзительно и не делат русским никакой чести. Как сказал Шопенгауэр, потребность унижать свойствена лишь низким душам…
    Но вам и этого мало. Вам ещё и от невинной крови пьянеть нужно. Резать, кромсать и уродовать чужую плоть…
    Если вы счичаете, что 17 ножевых ранений 9-ти летнему ребёнку (Хуршеде Султановой) это банальное хулиганство, за которое стоит ударить по ладошкам, вынося оправдательный приговор в родном городе вашего президента, продолжайте так считать… и строить счастливое гармоничное общество
    История покжет кто прав и если так прадолжите ешё будет война против русских а на этом раз вы будете потерят не 20 миллион а 50 миллион и все потерпевщие на этот раз будет русские а не другие народы как во время великой “Отечественной” войны

    Comment by Нодаркор | 27.08.2009 | Reply

  6. Бошад, чашм. Талош мекунам. Сарсабз бошед!

    Comment by aioubzod | 27.08.2009 | Reply

  7. Millate besohibro nasibash hamin. Mo boyad az khud nolem na az digaron. Keshvarhoe atrofe mo ru ba peshraviandu mo baraks. Charo yagon mansabdor yo yagon hukumatdor az in amal norozigee khudro izhor namekunad? -Zero onho hama vatanfurush va benangu benomusand. Tojik ru ba nestshave nihodaast. Metarsam ki in bebozgasht ast. Vaqte rasidaast ke moro ba kitobe surkh vorid sozand (zoopark sozand baroe mo tojikon).

    Comment by Muhammad | 28.08.2009 | Reply

  8. Дуруд ба устоди арчманд,

    ин аст фикри камина дар бораи хамаи он танзхо ва чизе ки дар он сахифа навищтам

    “думаю что у большинства представителей шоу-бизнеса россии (особенно авторов таких дебильных программ) вместо мозгов одно дерьмо и все что происходит вокруг них они видят (боль, несчастье, скитания мигрантов и безработица) через призму дерьма в их жидомассонских головах. мне жаль русский народ, потому что эти жиды в обличье русских скоро поставят всю россию на колени (через массовую рекламу sex, drugs and rock&roll), и недалек тот день когда про простого русского ивана в соседних странах будут делать такие же пародии, как никак все возвращяется бумерангом.

    Hail россии утопающей в безнравственности, пьянстве и нацизме.”

    Comment by Эрач | 31.08.2009 | Reply

  9. – Кто в теремочке живёт? Кто в невысоком живёт?
    – Я, лягушка-квакушка.
    – Я, мышка-норушка.
    – Я, петушок – золотой гребешок.
    – Я, ёжик – ни головы, ни ножек.
    Так тупо отмазывались от милиции таджики при проверке.

    Ин “латифа” гуфтовардест аз тозатарин шумораи ҳафтаномаи русии “Аргументы и факты” (№ 36 (1505), 2 – 8.09.2009, саҳ. 47) ки ин ҳафта 2 679 596 шумора чоп шуда аст. “АиФ” яке аз пурхонандатарин расонаҳои чопии Русия аст ва афзун бар хонандагони чопи коғазияш, моҳиёна 3 – 4 миллион каси дигар торномаи онро низ мехонад. Шумораи хонандагони “АиФ” бо шумораи тоҷикон баробар аст ва аз онҷо ки “АиФ” пеш аз ин ҳам борҳо чунин “латифаҳоро” чоп карда буд, ҳар боре 7 миллион русиён бар ҳоли 7 миллион тоҷик механданд.
    Гумон накунам ки аз ин 7 млн хонанда бештарашон Зардушту Курушу Дориюшу Спитамону Абумуслиму Абуҳанифаву Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Румиву Ҷомиву Донишу Айниро шиносанд. Иванҳое ки “не помнят родства”, куҷо парво доранд ки устод Темур Зулфиқоров низ фарзанди ҳамин “черножопые чурки” аст. Гирди номи ин падарон ҳам гаштану “огромный вкладашон в человеческую культуру”-ро ба рухи русҳо кашидан беҳуда аст. Падари худ бояд шуд.
    Бо “АиФ” ва “Якум” ва “ТНТ” дар Русия даст ба гиребон шудан осон нест. Онҳо пуштибони ҳуқуқиву моливу пулӣ доранд ва ҳар дастеро мешикананд. Мо озмудаем… Аммо ҳафтаномаи “АиФ” ва барномаҳои шабакаҳои телевизионии “Якум” ва “ТНТ” дар Тоҷикистон низ чопу пахшу намоиш дода мешаванд. Агар мо воқеан фарзандони ҳамон падарон бошем, пас бояд чопу намоиши ин расонаҳоро барои муддате дар кишвари худ боздорем. Чаро бояд расонае ки моро дар хонаи худамон душному носазо мегӯяд озодона чопу намоиш дода шавад? Бовар дорам, агар ин расонаҳо ҳафтае дар Тоҷикистон пул ба даст наоваранд, нармтар аз мум хоҳанд шуд. Ин кор шуданист. Умеде ба давлату ҳукумату маҷлиси Тоҷикистон надорам зеро аз бех дастнишондаи Русия ҳастанд. Умедам ба фарзандони Зардушту Курушу Дориюшу Спитамону Абумуслиму Абуҳанифаву Рӯдакиву Фирдавсиву Синову Хайёму Саъдиву Ҳофизу Румиву Ҷомиву Донишу Айнист. Агар чунин фарзандоне аз ин абармардон боз монда бошанд…

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 05.09.2009 | Reply

  10. Илоҳӣ хонаи Наша Раша сӯзад!!!

    Comment by Mir | 06.11.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: