Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Садое бо хуни чашми шоирон

darius Дориюши Иқболӣ номи хуш ва иқболи баланд дорад, ки метавонад, бо садои марғуладораш дарди дили ҳазорон нафарро ба гӯши оламиён расонад. Таронаҳои нави ӯ ва ҳам таронаҳои деринааш низ дар пасманзари рӯйдодҳои имрӯзаи Эрон дилгудоз ва пурсӯз садо медиҳанд ва ҳолати равонии рӯшанзамирони ватандӯстро бозгӯ мекунанд.

“Савор хоҳад омад” аз тозатарин чакомаҳои ӯст бар матни Симини Беҳбаҳонӣ, шоираи беҳамто, ки дар Тоҷикистон ҳам машҳур аст. Корномаи умрбодии Дориюш намунаи барҷастаи нақши як рӯшанфикр ва эҷодкор дар ҷомеа аст. Дареғо, ки ҷомеаи мо чунин шахсиятҳоро надорад ва агар чунин бузургворон пайдо шаванд, худи мо онҳоро азийят хоҳем кард. Онҳое ки дар умқи ғам ба сар мебаранд, ҳамеша ташнаи шодиянд ва дардро дӯст надоранд.

Миллатҳо низ мисли инсонҳо, агар ҳама умр одат доштаанд, ки хоксору сарбазеру шикастанафсу фақиру бекас бошанд ва ба қурбонӣ будан одат кардаанд, ҳеҷ гуна қиёмро нахоҳанд пазируфт. Исён вижаи ашрофони рӯҳ аст.

Таронаҳои Дориюшро аз оғози солҳои 1980 ба ин сӯ дӯст медорам ва ҳар сари чанд вақт онҳоро гӯш мекунам. Дар онҳо ҳам садои хунёгар, ҳам оҳанги дилрас ва ҳам матни олӣ онгуна дар ҳамдигар ҳал шудаанд, ки гумон мекунӣ, ин матну оҳанг маҳз барои ҳамин садо ва ҳамин хонанда навишта шудаанд. “Соли сиёҳи 2000”, “Ошуфтабозор”, “Гули шақоиқ” аз чакомаҳои дӯстдоштаи ман дар Душанбе буданд.

Дар мулки ғурбат дигар ҳамаи хонданҳои ӯ ба дардҳоям малҳам мешаванд, ба вижа таронаҳои “Бачаҳои Эрон”, “Ба бачаҳомон чӣ мегӯем?”, “Дубора месозамат ватан”, “Шатранҷ” ва ҳамаи дигар.

Таваҷҷӯҳи дигарбораи маро ба Дориюш як дӯстам кашид. Вай навишт, ки на танҳо Одина Ҳошим ва Маҳваш, балки Дориюш низ бар матни Нодири Нодирпур — “Куҳандиёро” як таронаи зебое дорад. Шармандаам, намедонистам.

Онро шунидам. Шояд барои гӯши эрониҳо ин беҳтарин оҳанги “Кӯҳандиёро” бошад, аммо барои ман ҳамон таронаи содаи устод Одина наздиктар аст ва ҳамзамон тамоми сурудҳои дигари Дорюш беҳтарин мебошанд. Иттифоқан дар ҳамин тарона оҳанг ба Дориюш имкон надодааст, савти фоҷиаангези садои худро ба намоиш гузорад. Дард дар ин оҳанг камтар аз дарди умқи мисраъҳост, аз дарде, ки дили устод Одина онро сахттар ҳис кардааст.

Аммо ҳарсе оҳанг мисли ин ки ҳамдигарро такмил мекунанд. Ҳар се ба як забон аз се кишвари форсизабон мегӯянд. Аммо ин таронаи Дориюш бар матни Мӯъини Кирмоншоҳӣ гӯё таърихи ҳарсеи онҳост.

Дар бандҳо бас бандиён инсон ба инсон дидаам.
Аз ҳукмбар то ҳукмрон ҳайвон ба ҳайвон дидаам.

Дар макри ӯ, дар фикри ин, дар шукри ӯ, дар зикри ин
Аз ҳоҷиён то ноҷиён шайтон ба шайтон дидаам.

Дидӣ агар бехонумон, аз ҳар таборе сад ҷавон,
Ман гирҳои нотавон дарбoн ба дарбон дидаам.

Эй рӯзгори дилшикан! Ҳар дам маро санге мазан.
Ман сангҳо дар луқманон дандон ба дандон дидаам.

Аз худ раҷазхонӣ макун, тазвиргардонӣ накун,
Ман гардани гарданкашон ресмон ба ресмон дидаам.

Шарҳи ситам бас хондаам, оташ ба оташ мондаам,
Ман ашки чашми кӯдакон домон ба домон дидаам.

Аз ин кулаҳ то он кулаҳ, фарқе надорад шайху шаҳ,
Ман посдору посбон Эрон ба Эрон дидаам.

Мотам, ки гӯям з-ин ватан, к-аз барг-барги ин чаман,
Ман хуни чашми шоирон девон ба девон дидаам.

Чаккуш ба фарқи ман мазан! Эй сабри фӯлодини ман!
Ман зарбати путки замон сандон ба сандон дидаам.

25.08.2009 - Posted by | Эрон, Ҳолнома, Ҳунар |

7 Comments »

  1. Дар бандхо бас бандиён шодону хандон дидаам,
    Аз хукмбар то хукмрон гирёну ларзон дидаам.

    Дидам басо бохонумон, пиру зану марди чавон,
    Ман дарбонхоро басо шохону султон дидаам.

    Дар зикри У, дар фикру У, дар шукру хам дар ишки У,
    Аз майхурон то майбарон рахшону рахмон дидаам.

    Эй рузгори пурфарах! Хар дам маро гулрез кун,
    Ман руи гурхоро зи гул резон чошон дидаам.

    Боре газалхони бикун,як базми рахмони бикун,
    Ман аз пайи ачзу сукут занчиру ресмон дидаам.

    Шархи ситам дигар махон, оташ ба оташ хам мамон,
    Ман ашки чашми кудакон чун дурру марчон дидаам.

    Аз зери чах то бурчи мах фарке надорад роху рах,
    Ман зери пои ошикон Эрону Турон дидаам.

    Шодам, ки гуям з-ин чаман, аз Руму Табрези Ватан,
    Шуру нишоти Шамсро девон ба девон дидаам.

    Comment by Шоди | 25.08.2009 | Reply

  2. Зиҳӣ, Шодии азиз, табъи равоне дорй. Фикр мекунам, бадоҳатан суруда шудааст ва вазъи як бахш аз мардумони моро бозгу мекунад.

    Офарин!

    Comment by aioubzod | 26.08.2009 | Reply

  3. Ташаккур устод. Бале, бадохатан суруда шуд. Иттифокан вакте торнигори шуморо боз менамудам, худ Дориюшро гуш мекардам, ки ин мисрахоро месуруд:

    Гуфтам, ки чаро дуртар аз хобу сароби?
    Гуфти, ки манам бо ту валекин ту никоби.

    Фарёд кашидам, ки кучои ту кучои?
    Гуфти, ки талаб кун ту маро, то ки биёби.

    Гуфтам, ки аташ сухт маро дар таби сахро,
    Гуфти, ки мачуй обу аташ бош саропо.

    Гуфтам, ки нишонам бидех гар сояе он чост,
    Гуфти, чу шуди ташнатарин калби ту дарёст.

    Гуфтам, ки дар ин рох, ку нуктаи огоз,
    Гуфти, ки туи ту – худ посухи ин роз.

    Чун хамсафари ишк шуди, марди сафар бош.
    Хам мунтазири ходиса, хам фикри хатар бош!

    Бешак, хофизони эрони, ба монанди Дориюш, Сиёвуши Кумайши, Муин,Эйби, Хотеф, Мортик ва гайра дар интихоби матну оханг забардастанд. Интихоби онон карнхо кухна нахохад шуд. Мушкил дар ин ки мо баъд аз сари Одина Хошим, Барно Исхок ва аз чадаи санъат дур шудани Чурабек Набиеву Зафар Нозим ва чанди дигар… бесанъат хохем монд. Сурудахои хофизони чавони точик умри дароз надоранд, зеро аксаран интихоби матну оханги эшон сар сариву пучанд. Ояндаи санъати овозхони дар Точикистон тираву тор аст. Як чизи мухим аз даст рафатааст, ки русхо “преемственность” мегуянд. Хукумат ва баъзе шахсони алохида харчанд мекушанд Барнову Одина ва монанди инхоро дубора руи сахна оранд, вале нест, намешавад. Дар Узбекистон кисман ба ин муваффаканд. Мактаби Комилчон Отниёз дар Хоразм мисоли ин шуда метавонад. Вале мо ботадрич симои миллатро аз даст дода истодаем.
    Муваффак бошед!

    Comment by Шоди | 26.08.2009 | Reply

  4. ЭЭЭЭхххх гариби
    Баъд аз ин сатрхо ашк гулугират мекунад

    Ваз гардиши айём мекашем ситам
    Аз чархи бади замона мебинем алам
    Хастем чудо зи дустон якчанде
    Эй Худо кай бошад ки расем ба хам

    Comment by Нодаркор | 27.08.2009 | Reply

  5. Пеш аз беш аз хама таронахои ичтимоии Дориюш мухиманд, зеро шунавандаро бедор мекунанд. У мехонад:

    Ман рохи туро бастам, ту рохи маро бастй
    Уммеди рахой нест, вакте хама деворем…

    Comment by aioubzod | 27.08.2009 | Reply

  6. Аз Дориюш миннатдор бояд шуд, ки боиси тавлиди ин сатр аз устод гардидааст: “Онҳое ки дар умқи ғам ба сар мебаранд, ҳамеша ташнаи шодиянд ва дардро дӯст надоранд.”

    Comment by Абдуазими Абдуваххоб | 27.08.2009 | Reply

  7. Зихи, бародар!
    Дар сандуки сабти мусикии камина кариб 300 суруди шодравон Ахмад Зохир, кулли албумхои Дориюшу Эйбию Фарамарз Аслони ва дигарон “хубони порсигу”-ро дорам.
    Аз он афсуз мехурам, ки дар ин боги фирдавси садо танхо панч сабти суруди арбоб Акашариф Чураев хасту тамом.
    Аз сабтхои овози домулло Одина Хошим, ки, хато накунам, 1/4 кисми сурудхояшро аз ёд медонам, почаеро хам надорам.
    Аз “хофизони” чавони майхани, агар ягон-ягон суруде пайдо шавад, он хам ба гумоне… .

    Comment by Дарвеш | 11.03.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: