Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ном ними нанг аст, эй гумномон!

SAШояд дуруст набуд, ки ба торнигори худ “Салими Аюбзод. Нигариш ва кандуков” ном гузоштам. Хоксории тоҷикона беҳтар буд. Сари хамро шамшер намебурад. Садҳо мавриди суистифода аз номи худро мебинаму ангушти ҳайрат мегазам. Ин ҳам дар ҳоле ки тамоми умр ҳар куҷое будам, талош кардаам, номам ба моҷарое олуда набошад.

Бо кас набигӯй, номи ту чист,
К-он ном ба ҳар забон дареғ аст.

Дар Гугл “Аюбзод” менависам ва ин чархаи ҷӯянда дар як мижжа задан 13 400 зикри ин ном дар интернетро бароям муҳайё месозад. Яндекс бештар — наздики 15 000. Ба инглисӣ хеле камтар.

Як бахши бузурги онҳо суистифодаи маҳз аст. Чунончи, чандин сомонаи интерентӣ матлаберо бо номи “Торсакие ба рӯи Кремл” (“Пошечина Кремлю”) нашр кардаанд бо имзои Аюбзод Химматзода. Муаллифи ин навиштаи беҳунарона бесавод низ будааст, ки ду исми хонадводагиро паҳлуи ҳам чидааст. Бечора, гумон кардааст, ки Аюбзод метавонад, номи шахс ҳам бошад.

Чанд сол пеш як матлаби дигари моҷароомез бо имзои Сатторзода Аюбзод ба чоп расида буд. Хуб, агар манзури душманони ман устодон Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва Абдунабии Сатторзода бошанд, бароям фақат ҷои ифтихор аст, ки номам паҳлуи номи эшон қарор гирифтааст. Як гӯшам шунид, ки ба зудӣ матлаби оташине бо имзои Кабирӣ Аюбзод ба чоп хоҳад расид. Аҷаб дунёе!

Растагорон медонанд, ки чунин мақолаҳо дар куҷо ва чӣ гуна навишта мешаванд. Пас аз фишорҳои як дӯсти ҳуқуқшиносам, муаллифе иқрор шуд, ки он матлабро 8 нафар дастҷамъона ва тайи ду ҳафта навиштаанд. Магар ҷои ифтихор нест, ки банда бо ин ҳама камзарфиям ба 8 нафар баробар будаам ва мақолаеро, ки ман дар чанд соат менависам, ин ҳаштгона дар ду ҳафта навиштаанд.

Пушаймонӣ ва узрхоҳии самимонаи ин шахс маро нагузошт, расвоии ин ҳаштгонаро дар тамоми олам бикашам. Кинатуз ҳам нестам ва аз як қатра виждони бе ин ҳам ками онҳо гузаштам.

Бовар дорам, рӯзе ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз мақомашон раванд, матлабе пайдо хоҳад шуд бо имзои Аюбзод Эмомалӣ. Маълум нахоҳад буд, номи шахс куҷосту номи хонаводагӣ куҷо. Албатта, номи ман ба як миллиардуми номи президент ҳам намерасад. Лекин ҳатман ҳаваскороне пайдо хоҳанд шуд. Дунё ҳамин гуна аст.

Фикр кардам, чаро чунин имзоҳои аблаҳона мегузоранд. Шояд сабаб ин аст, ки муаллифон мехоҳанд, навиштаи онҳо на танҳо хонда шавад, балки мавриди эътимод низ бошад. Аюбзод, ки навиштааст, чаро не? Ё мақсад зери зарба гузоштани банда аст? Ман кистам, ки ҳадафам бигиранд?

Чистаму чӣ нестам, намедонам, вале қадру манзалати номи худамро хеле хуб медонам ва аз номи худ танҳо ифтихору ғуруру сарбаландӣ дорам. Шояд ҳамвазни номҳои ҷовидонаву ҳазорсола нест, аммо номи ман аст ва онро дӯст дорам. Аслан бояд ҳар шахс номи худро дӯст дорад. Бигзор ҳатто ба ӯ номи ғалате монда бошанд.

Номи ман боз як хосияти аҷиб дорад. Бояд бо изофаи -ҷон гирифта шавад. Он гоҳ посух ба чунин хитоб “ҳа, ҷон!” хоҳад буд. Вале аз он даст кашидам, чунки як тобиши хурдкунанда дорад. Ҳарчанд на бидуни навозиш. Аммо, мусалламан, интизори навозише аз ин дунёи бӯқаламун нестам. Бигзор номамро, агар ҷасорат доранд, тоқ бигиранд, ҳарчанд дину ойини мо инро дӯст надорад.

Иттифоқан, номамро бобои мадрасадида ва хирадмандам — Домуллоаюб шакли дигар — Муҳаммадсалим (номи падарашон) гузошта буданд ва ҳарчанд худам рӯшан нашунидаам, азонро дар гӯшам ба ҳамин ном хондаанд. Лек ҳанӯз хотираҳои террори сталинӣ бухор нагашта буд ва ба саволи шиддатомези раиси ҷамоат барои пур кардани зоднома, падарам тасмим гирифтаанд, ки падари домуллояшонро зери хатар нагузоранд ва ҳамин гуна ман Салимҷон шудам. Боре дар оғози хабарнависиҳои мактабиям зери мақолаам Муҳаммадсалим Аюбов имзо гузоштам, чоп нашуд.

Солҳо баъд чизи дигарро низ дидаам, ки агар неш задан хоҳанд, номи маро кӯтоҳ мегиранд — Салим Аюб. Оре, ин ном ҳам шӯҳрате дошт. Нахустин достонҳои кӯтоҳи худ ва сахттарин мақолаҳоямро зери ҳамин ном нашр кардаам. Монанди “Охирин одами шаҳр” ё “Девор”, “Ҳамосаи пайкон” ё  “Мамнӯъгоҳи одамхӯр”, “Номи Хуҷанд эҳё шавад” ё “То ба кай шир сиёҳ?”, “Кишвари қабрҳои кӯчак” ё “Саволҳо ва гумонҳо”…

Барои ҳар кадоми онҳо бо Главлит дар набард будаам ва бар зидди онҳо бо дастури Кумитаи Марказӣ сафҳа-сафҳа мақолаҳои ҷавобии дастаҷамъона чоп шудаанд. Барои пешниҳоди табдили Ленинобод ба Хуҷанд 15 депутат хостори ҷазои ҷиноии ман шуда, ба “Саволҳо ва гумонҳо”-и марбут ба баҳманмоҳи хунин додситонҳо посухи таҳдидомез дода буданд, ки ман аз хун сер нашудаам.

Пас, агар касе гумон дорад, бо Аюб кардани Аюбзод ман озурда мешавам, иштибоҳ мекунад. Ин номро ҳам дӯст дорам. Рӯи ҳарду бо заррабин ҷӯед ҳам, доғе пайдо намекунед.

Вале “Торсакй ба руи Кремл” ё “Хишник”-ро ман нанавиштаам. Инҳо суистифода аз номи мананд. Ҳатто пас аз таъсиси торнигорам дар интернет торнигори дигаре пайдо шуд, ки “Блог Аюбзод” ном дораду муаллифаш кадом гумноме.

Сабабгори асосии ин ҳолат шояд мақолаҳои русии мананд, ки дар тафовут бо тоҷикӣ аз тарафи даҳҳо сомонаҳои интернетӣ бознашр ва ба тамоми қаламрави шӯравии пешин паҳн мешаванд.

Падидаҳои баракс низ ҳастанд. Навиштаи маро нашр мекунанд, аммо номро хат мезананд. Ба ин ҳам эроде надорам, зеро муҳим ин аст, ки андеша ё ақидае ба мағзи мардум роҳ ёбад, вагарна навиштан дигар барои чист. Албатта, хушоянд низ ҳаст, вақте журналистони хушном ва чирадасте монанди Султони Ҳамад ё Хуршеди Атовулло бо риояи ҳаққи муаллиф ва зикри номи ӯ аз навиштаҳои ман иқтибос меоранд.

Лек даҳҳо матлаби нашрияҳои Тоҷикистонро ба ман фиристодаанд, ки пурра ё 50-60 дарсад нусхбардории маҳзи навиштаҳои ман буда, бо имзои афроди дигар ба чоп расидаанд. Ин як дуздии ошкорост ва дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кайфари қонунӣ дорад, аммо ба ин ҳам чашм пӯшидаам. Муҳим нест, ки ин ё он нуктаро ман гуфтаам ё каси дигар, муҳим аст, ки чӣ гуфта шудааст ва то куҷо ба ҷомеа расидани чунин афкор муҳим аст.

Мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд.

Ба ҳама гуна муносибат розиям, ҷуз ба номардӣ. Ҷуз ба ин ки номи маро ба нафрати даруни худ олоянд. Ва он ҳам бе ҳеҷ сабаби муайян. Агар молеро хуш надоред, нахаред ва агар матлаберо дӯст надоред, нахонед, вале неш задан ба хотири як хушнудии яклаҳзаина ҳаргиз ҷавонмардӣ набудаву нест.

Ин ҳама андешаҳо, ки ин ҷо рехтам, аз дидани акси худам дар паҳлуи фазлфурӯшиҳои ҳаваскоронаи муаллифи бечора ва гумноме рӯ заданд. Нафаҳмидам, чӣ гуфтан мехост, аммо агар фикр кардааст, ман дар бораи ТНТ ва Галустян навиштаам, иштибоҳ мекунад. Ман дар бораи Шабакаи аввали телевизиони Русия навиштам, ки намоишҳояш дар тамоми ҷаҳон пахш мешаванд. Ман дар ин сатҳ будаам на дар сатҳи галустянҳои нобакор. Лекин инро ҳам иқрор мекунам, ки Галустян бо ҳаҷвияҳояш симои тоҷиконро дар чашми бисёриҳо тағйир дод. Наберагони Синову Хайём акнун равшану ҷумшут шуданд.

Ин як баҳси дигар аст, вале ҷумлаеро аз матн бурида, маро дар сатҳи галустянҳо қарор додан кори мардона ва ҳирфаӣ нест. Ин ҷо дақиқан нигариста шудааст, ки кӣ мегӯяд, на он ки чӣ мегӯяд. Муаллиф агар аз ман озурдагие дошт, болои чашм, вале Акбари Турсон ба ӯ чӣ карда бошад, ки бо истифода аз акси ман ва бе иҷозаи ҳаққи чопи он неши сухан ба ин абармарди илму хирад задаанд?

Ин аз адоват аст ё талоши садо баланд кардани ҳаваскорони нависонавис? Ишқу муаҳаббат ба галустянҳост ё гирифторӣ ба вируси М? Ва ё иҷрои ягон дастури махфӣ?

Ба ҳар ҳол хуб, ки устодро болотар аз ман ҷой додаанд, ягона ҳақиқатбинӣ. Ва хуб аст, ки инро чоп карданду илҳоми маро оварданд, то ин ҳамаро бинависам. Ба фикрам, бад набаромадааст. Ҳай ман-манӣ кардам. Барои “хорпуштакбозӣ” ҷумлаҳои зиёд дорад. Бигиред, бидаред, бибуред, бичаспед, ман бачаи ҷайра не-ку.

Ин лаҳза Гугл аломат медиҳад, ки Аюбзоди наверо кашф кардааст. Инаш тамоман аҷоиб номи муаллиф — Аюбзод исми хонаводагияш — Накимжанов. Ҳм, Аюбзод Накимжанов падидаи наве. Шӯҳратро бинед, ки волидайне исми хонаводагии маро ба фарзандашон гузоштаанд. Ба фикрам, то дӯсти “хорпуштакбоз”-и мо танзи навбатиро менависад, ки Аюбзод ба як номи ҷаҳонӣ табдил меёбад. Чорае нест, бояд ба дӯсти ҳуқуқшиносам занг занам…

110003

03.09.2009 - Posted by | Матбуот, Тоҷикистон, Ҳолнома |

20 Comments »

  1. Ха-ха-ха!.. Торсакии обдор бар сурати “хорпуштакбоз” буд, дар вокеъ, на Кремлин. Даст марезод!

    Comment by Дориюш | 03.09.2009 | Reply

    • Сипос аз дӯсти бузургворам.

      Comment by aioubzod | 04.09.2009 | Reply

  2. Salom barodari aziz!
    Ajab dunyoe….Ammo ba nazari man istifoda az nomi khonavodagii janobashon shoyad az rui alokae ba navishatahoi shumo dorand, boshad.Man in lahza ba yodi Pulod Tolis aftodam.Yak bor ba khotir biovared.
    Bo in hpl az “plagoat” boyad ehtiyot kard, ki man dar nisbati navishtahoi shumo niz har az gohe mebinam.

    A’zam Khujasta,
    Mashhad, Eron.

    Comment by Azam Khujasta | 04.09.2009 | Reply

    • Гумон надорам, ин номаи Аъзами Хуҷаста бошад, зеро ӯ нек медонад, ки ман ниёзе ба плагиат надорам. Зоҳиран касест аз қавми хорпуштакон, ки аз номи ҳамдиёри фарҳехтаи ман суистифода мекунад.

      Comment by aioubzod | 04.09.2009 | Reply

  3. Болги Точварро низ то соли гузашта ба шумо нисбат медоданд. Оё ин дуруст буд ва оё шумо дар by блог чизе навиштаед?
    Шумо блогсозиро хеле барвакт ёд гирифта будед ва чаро махз дар by сол шумо блоги худро сохтед?
    Аз таърихи ин тасмим киссамекардед?

    Comment by safar | 04.09.2009 | Reply

  4. Устоди сухан! Чй гумон кардед хама Шуморо дар ин чо дуст медоранд? Отнюд! Аз суе хам холо онхое асосан нашрия мебароранд, ки кинаву адоват ва комплексхои худро бо хамин рох аз хеш берун кунанд. Аз ин ру харгиз парвое аз ин дурузахо накунед. Бароятон муваффакиятхои нав ба нав мехохам.

    Comment by Samandar | 04.09.2009 | Reply

  5. Дӯсти азиз, Самандари чон. Чанд бори дигар ҳам дархост карда будам, ки аз ҳамин унвонҳои муфаххари “устод” даст бардорем. Худо шоҳид, на устодам ва бузург, як инсони одиям. Вақте чунин унвонҳо мегузорем, худ ба худ дар байнамон девор пайдо мешавад.

    Медонам, на ҳама дӯст медорад ва талаб ҳам накардаам, ки ҳама маро дӯст бидорад. Ҳамзамон барои танқиди росту дуруст фақат ташаккур хоҳам гуфт, зеро меваи чунин танқидҳои ҳақиқиро чашидаам. Аммо ҳеҷ касро хуш намеояд, вақте бедалел ба ӯ неш мезананд.

    Инчунин мухлиси ҳамраъйии ҳамкасбон ҳастам. Инро Отахон Латифӣ ба мо мерос гузоштаанд, ки журналистон ва нашрияҳо бояд дар баробари ҳамдигар аз ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамдигар бархӯрдор бошанд. Аз ин ҷост, ки аз ин гуна рафтор андӯҳгин мешавам.

    Comment by aioubzod | 04.09.2009 | Reply

  6. Бародари қанд, Сафар. На, ман ба блоги Точвар рабте надорам ва чизе барои он нанавиштам, вале онҳоро мешиносам ва эҳтиром мекунам.

    Ҳоло Шумо ба ман бигӯед, ки ман кай блогсозиро ёд гирифтаам?

    Comment by aioubzod | 04.09.2009 | Reply

  7. Бо дуруд,
    Устози гироми ва арчманд Аюбзод! Дар забони араби масале хаст, ки мегуяд: “Ман саннафа устухдифа”. Яъне чунин аст, ки хар ки менависад, хамвора мавриди хадафи дигарон аст. Холо, агар навиштораш илова бар буррои ва расои, хикоятгари вокеъ ва баёнкунандаи хакоик бошад, масъала печидатар мегардад. Аз ин ру, бурузу зухури як чунин падидахое нисбат ба кори шумо, фикр мекунам як чизи табии бошад. Албатта вазифаи хар инсон аст, ки харгох мавриди хучум ва ё дуругпардози аз суи дигарон карор гирад, аз худ дифоъ намояд, ки шумо низ хамин корро мекунед, аммо чои норохати надорад.
    Аз Худо мехохем амсоли шуморо дар панохи худ аз газанди душманон нигах дорад!

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 04.09.2009 | Reply

    • Агар маро на устод гуфта мешавад ва на устоз, Сайидюнуси арҷманд шахсест, ки воқеан дар фиқҳ, таърихи дин ва фарҳанг, улуми сиёсӣ устоданд. Чандин матлаби ноби эшонро бо таҳайюр хондаам.

      Сад дарсад сухани эшонро мепазирам ва меболам, ки бо сабти андешаҳои худ мани шӯридаро ором мекунанд.

      Барояшон тани бегазанд, рӯҳи қавию устувор ва фатҳи қуллаҳои баланди илмро орзу мекунам дар шарифтариин моҳи Худованд.

      Comment by aioubzod | 05.09.2009 | Reply

  8. Салом ба хама! Акои Аюбзод (устод намегуям дигар, чун худ манъ кардаед)! Кадоме аз ин нуктахо хасби холи Шумост, худ казоват кунед:

    Мо софдилонем ба кас кина надорем,
    Халкест ба мо душману мо бо хама ёрем.
    Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
    Хар рохгузар санг занад, ор надорем.

    Хар ки моро ёд кард, Эзид мар уро ёр бод,
    Хар ки моро хор кард аз умр бархурдор бод.
    Хар ки андар рохи мо хоре фиканд аз душмани,
    Хар гуле к-аз боги васлаш бишкуфад бехор бод.
    Дар ду олам нест моро бо касе гарду губор,
    Хар ки моро ранча дорад рохаташ бисёр бод.
    Хар ки санге мезанад, аз Салим то бар Аюб,
    Солиму собир боду, гаданаш бар дор бод.

    Comment by Шоди | 04.09.2009 | Reply

    • Шодии фарзона. Ҳарду ҳам барои тасвири ҳоли банда хубанд, ҳарчанд банда ба он мисраъҳо арзанда нест. Ин матнро навиштам, аммо аз баъзе порчаҳои он як андоза пушаймонам. Шояд беҳтар буд, ин ҳамаро дар дил нигоҳ дошт ё ба фаромӯшӣ супурд. Хуб, агар навиштанд, пас иллате дар миён будааст.

      Сипосгузорам аз ангуштфарсоиҳои Шумо барои шахси ночизи ман.

      Comment by aioubzod | 05.09.2009 | Reply

  9. Салом Салимчон!
    Ман навиштахои Шуморо бо алокаманди мехонам.Баъзан дар чавоб мехохам чизе ба унвони арзи иродат нависам, аммо ба далелхое кисмати Comment дар кишвари мо боз намешавад ва чанд бор ин корро тавассути писарам Фирдавс анчом додам-ман мефиристам, у дар торнигори шумо мегузорад..Аммо, маълум мешавад, ки номи мо хам ба касе хуш омадааст.Умед, норохат нашуда бошед.
    Ба хамкорону дустон саломхои бандаро бирасонед.

    Ба умеди хушихои хамешагии Шумо, Аъзам.

    Comment by Аъзами Хучаста | 05.09.2009 | Reply

    • Дуруд ба ҷаноби Хуҷаста! Сипосгузорам аз лутфи Шумо. Банда низ торнигори Шуморо бо ишқ мехонам ва аз ҷое ки бо ин фанноварӣ худ ошно ҳастед, медонед, ки аз куҷо фиристода шудани номаро донистан мумкин аст. Номаи Шумо дар ҳақиқат аз Эрон омад, вале на аз ройонаҳои Шумо. Сониян, номаи Шумо ҳамеша бо хатти пайвандии торнигоратон меомад, ин бор чунин пайванд набуд. Биноан мавриди шубҳаи ман қарор гирифт.

      Бароятон ҳамаи хубиҳои зиндагиро орзу мекунам ва муҳимтар аз ҳама илҳому дарди навиштанро.

      Comment by aioubzod | 05.09.2009 | Reply

  10. Уважаемый Салими Аюбзод
    Мне интересно узнать, что испытывают люди, которые постоянно находятся в вечной оппозиции: себе, другим, правительству, какой-то этнической группе или лидеру и неважно какому. Не бывает ли усталости от всего этого? Просто по-человечески наедине с собой.

    Comment by Sabina | 06.09.2009 | Reply

    • Уважаемая Сабина. Спасибо за Ваш интерес и за Ваше письмо. Я никогда не заявлял, что буду в вечной оппозиции. Но тем не менее Вы правы в одном, что я терпеть не могу когда унижают людей, меня ли, какую-то этническую группу, какую-то политическую партию или лидера, не важно. Что делать, если человек родился с вот таким обостренным чувством справедливости. Да, что делать, много боли как у меня, так и у моего народа. Но взамен ничего не хочу, ничего не требую, только хочу чтобы меня было слышно. А то мог бы спокойно сейчас в ресторане посидеть или в кино сходить. Нет же, сижу и тикаю по клавиатуре. Спасибо за заботу, нет, пока не устал, хотя чисто по-человечески действительно очень трудно. Но это как болезнь. Вот напишу, закончу, пускаю в свет и становится легче. Буду гулять, пока опять та же болезнь не заставит сесть за компютер.

      А потом, если бы Вы владели таджикским языком, могли бы прочесть здесь многое, что разрушило бы Ваше мнение о моей вечной оппозиционности. Просто я пишу то, что у меня на душе и так как я действительно независимый и свободный, многим кажется что я против всех.

      Еще раз спасибо за Вашу человеческую заботу. Это дает мне еще больше сил.

      Comment by aioubzod | 06.09.2009 | Reply

  11. Уважаемый Салими Аюбзод,
    Спасибо за вашу откровенность, спасибо за то, что вы делаете, чтобы было слышно.
    А я читаю ваши материалы и владею таджикским языком. Как же иначе, я таджичка. Правда не такая чтобы могла оказаться в числе «точики асил», так как не соответствую новым критериям таджикской идентичности, которую стараются искусственно создать в духе новой политики партии и правительства наша новостарая интеллигенция и молодые амбициозные патриоты. Хотя мои предки создатели и носители той культуры таджиков, которой так любят гордиться вышеуказанные группы…
    С уважением Сабина

    Comment by Sabina | 08.09.2009 | Reply

  12. Салом Салимчон!
    Хамин нуктаро таъкид кардан мехостам, ки агар ин тонигор набуд, суханхо хам нухуфта мемонд ва чанд клавиатурахо чик-чик садо намебаровард. Сониян шумо, ки хабарнигори варзида хастед, аз навиштахои шумо хатман дигарон истифода мекунанд ба ин далел, ки калами онхо ба навиштан ё гуем, эчоди ин харфхои кобили таваччух харгиз кодир нест.
    Аз тарики торнигори шумо ба Аъзами Хучаста, ки номаамро бечавоб мондаанд, салому дуруди фаровон мерасонам.

    Comment by Мирасрор | 08.09.2009 | Reply

    • Лутфи Шумо бекарон аст, бародари гиромй. Ростй, яке аз ахдофи банда аз навиштани ин чустор ин аст, ки чавонони мо ба плагиат ё фикрдуздию сухандуздй гирифтор нашуда, даст ба эчод бизананд ва неруву истеъдоди хуби худро нишон диханд. Хамчунин набояд озодии суханро ба маънии чизе ки мехохй бигу фахмид ва марзхои ахлокие барои хеш мукаррар кард.

      Умедворам, чаноби Хучаста агар мехоханд, аз тарики ин торнигор ба саломатон алайк бигуянд.

      Comment by aioubzod | 12.09.2009 | Reply

  13. Салом акои Аюбзод! Лутфан аз шумо хохиш мекунам, ки дилшикаста нашавед. Касоне ки, мехоханд суи шумо санг андозанд ва ё душмани кунанд, онхо на танхо душманони шумоянд, балки душманони хамаи миллати Точиканд. Охир онхо кучову? Шумо кучо… Фикр мекунам, ки аз ин гуна ашхос барои миллат зиён хасту суде нест. Аз фурсат истифода бурда мехохам Шуморо ва хамаи хонандагони ин торномаро барои фарорасии Иди Фитр табрик бигуям. Бар Шумо хушихои зиндаги, тансихативу сарбаландиро аз даргохи Худо хохонам, бигзор суханони Шумо аз барк шадидтар бошанду Калами Шумо аз шамшер тезтар!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

    Comment by Patriot | 20.09.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: