Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Чаро нақши пойи Айниро шустан мехоҳанд?

OsorxonaiAyniТахриби осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд танҳо як ҳадаф дорад — рӯфтани пайи фарҳанги тоҷикон аз ин шаҳри бостонӣ. Ин як хилофкории зиддибашарӣ ва зиддифарҳангист. Ин идомаи шикастани пайкараҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд ва аз тоҷикӣ ба узбакӣ гардондани номи кӯчаву хиёбонҳо дар аксари шаҳрҳои Узбакистон аст.

Ин як ҳалқаест дар занҷираи қариб 80-солаи сиёсати ҳувиятшӯӣ ва ҳазми бузургтарин ақаллияти миллии Узбакистон. Аммо, ғайричашмдошти ташаббускоронаш, ин иқдом метавонад, натиҷаи акс бидиҳад ва на танҳо сабаби эътирозу бедорию ваҳдати миллии тоҷикони Узбакистон, балки ҳамчунин заминаи муборизаи онҳо барои ҳифзи забону фарҳанг ва ҳувияти миллияшон шавад.

Ҳукумати марказии Узбакистон ҳарчӣ бештар симои аслии худро ба шаҳрвандони тоҷики хеш намоиш медиҳад. Дар ҳоле ки он барои узбакнависии ин шаҳрвандонаш дар давраи шӯравӣ, ки як нописандӣ ва қонуншиканӣ дар ҳаққи миллии онҳост, аз эшон узр нахоста, дар пайи ислоҳи ин иштибоҳ нашудааст, баракс ба бастани мактабу синфҳои тоҷикӣ ва қатъи равобити аҳолии тоҷики Узбакистон бо ҳамқавмони худ дар дигар мамолик, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирона талош намудааст.

Мақомоти давлатии Узбакистон ва расонаҳои ҳамагонии он бо ҳар роҳу восита дар мағзи мардуми хеш афкори миллатгароёнаро ҷо мекунанд ва онро ангезишу вусъат медиҳанд. Ҳамзамон саҳми миллатҳои дигар, монанди русҳо, тоҷикон, яҳудиён, қазоқҳо, украинҳо, тоторҳо, қароқалпоқҳо дар таърихи Ҷумҳурии Узбакистон нодида гирифта мешавад. Ва дар ҳоле ки ҳукумати Узбакистон аз ҳукумати Афғонистон дар бобати ҳифзу тармии Боғи Бобур дар Кобул ва мақбараи Навоӣ дар Ҳирот ихтиёроти густардае ба даст овардааст, мехоҳад, чунин осори фарҳангии тоҷиконро дар Самарқанд аз байн барад.

ustaadAyiniВа ин ҳам дар ҳолест, ки унсури тоҷикӣ дар ташаккули фарҳанги кишваре ба номи Узбакистон нақши аввалиндараҷа доштаасту дорад. Таърих ва фарҳанги Узбакистонро бе бузургоне монанди Садриддини Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мухтор Ашрафӣ, Комил Ёрматов, Юнус Раҷабӣ, Тошмуҳаммад Қориниёзов ва садҳо тоҷики дигар тасаввур кардан номумкин аст. Консерваторияи давлатии Узбакистон ба номи Мухтор Ашрафӣ ва киностудияи “Узбакфилм” ба номи Комил Ёрматов аст. Имрӯзҳо низ ҳазорон нафар аз тоҷикон Узбакистон барои рушди фарҳанги ин кишвар хидмат мекунанд.

Муносибати миллатгароёна ва хусуматомез нисбати тоҷикон дар Узбакистон аз оғози ташкили ин ҷумҳурӣ мавҷуд буда, то имрӯз идома меёбад ва агар дар замони шӯравӣ Маскав метавонист, аз шӯру қиёми чунин бархӯрд то андозае пешгирӣ кунад, пас аз эълони истиқлолияти давлатии Узбакистон дигар монеае барои аз байн бурдани нуфузи тоҷикон дар ин кишвар боқӣ намондааст. Ба алифбои лотинӣ гузаштани Узбакистон ба таҳсили ҷавонони тоҷики ин кишвар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон хотима гузошт ва сабаби асосии мухолифати Тошканд ба парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Самарқанду Бухоро роҳ надодан ба таҳкими равобит байни тоҷикон дар ду тарафи марзи сунъии давраи табартақсим аст.

Бо вуҷуди он ки аввалин асарҳои Айнӣ ба забони узбакӣ навишта шудаанд, мақомоти Узбакистон ба нашри онҳо монеъ шудаанд. Худи устод Айнӣ дар “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” менависад, нашриёти давлатии Узбакистон румони “Ҷаллодони Бухоро” ва эссеи “Материалҳои таърихи инқилоби Бухоро”-ро на танҳо чоп накард, балки дертар, вақте муаллиф аз сарнавишти ин осори худ ҷӯё шуд, ба ӯ гуфтанд, ки ҳарду дастнавис гум шудааст.

Эссеи бахшида ба инқилоби Бухороро танҳо дар соли 1926 Нашриёти халқҳои СССР дар Маскав ба табъ расонд. Айнӣ ҳам аз он пас навиштан ба узбакиро тақрибан қатъ кард ва ҳангоме, ки бар асари марзбандии Осиёи Марказӣ Самарқанд дар ҳудуди Узбакистон монд, вай аз кор низ даст кашид ва хонашин шуд. Танҳо соли баъдаш, яъне баҳори 1925, баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вай бо ҳукумати ҷумҳурии нав қарордод баст ва ба навиштани тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” пардохт, ки ба гуфтаи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Абдулҳай Маҳмадаминов “мушти гароне ба даҳони пантуркистон буд.” Пантуркистон ва шовинистҳои узбак мавҷудияти қавмеро бо номи “тоҷик” рад мекарданд ва бо ҳар роҳ аз таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилавгирӣ менамуданд.

“Намуна” аз ҳамон вақт ҳадафи ҳамлаи пантуркистон буд ва то имрӯз дарди ҷонкоҳ аз зарбаи мушти гарони Айнӣ аз лабу даҳони онҳо кам нашудааст. Аммо ҳамлаи ахир аз изҳороти беақлонаи наворбардори узбак Малик Қаюмов сар шуд, ки аз тариқи телевизиони Русия гуфт, Айнӣ ташаббускори боз кардани қабри Темури Ланг буд ва гӯё боз кардани ин қабр сабаби оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дувум гардид. Қаюмов ҳангоми ба забон бурдани номи Айнӣ ҳар бор танаффури беандозаи худро ба ӯ ошкоро нишон медод ва ба назар мерасид, дарду алами ӯ аз ҷойи дигар аст, на аз қабри Темури Ланг, ки нависандаи бузурги Ҳинд, Робиндронат Такур дар борааш навишта буд, ки “истеъдоди модарзоди одамкушӣ” дошт.

Хона-музейи Айнӣ дар Самарқанд яке аз зиёратгоҳҳои умдаи меҳмонони ин шаҳри бостонӣ ва фарҳангиёни тоҷик будааст. Барои ҳифзи он низ аввалин шуда, фарҳангиёни Самарқанд садо баланд карданд ва акнун бояд фарҳангиёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин осорхона дифоъ кунанд. Музейи Айнӣ дар Самарқанд айни ҳамон аҳамияти баробар бо мақбари Навоӣ дар Ҳирот ва Боғи Бобур дар Кобулро дорад, ки Узбакистон пайваста ба ҳукумати Афғонистон паём медиҳад, то онҳо нек нигаҳдорӣ шаванд.

Тоҷикистон шояд бад нест, талабгори як созишномаи байнидавлатии ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ ва фарҳангӣ бо Узбакистон шавад. Дар акси ҳол эҳтимоли ин ҳам вуҷуд дорад, ки рӯзе мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро низ зери хатари ягон мансабдори бехиради Узбакистон биафтад. Ҳамзамон бояд ба ҳама гуна эҳтимол омода буд, зеро коршиносон ҳадс мезананд, ки баъд аз сари Ислом Каримов ва дар сурати интиқоли ғайриосоиштаи қудрат дар ин кишвар, он ба се бахш — Фарғона, Қароқалпоқистон ва савум — Бухорову Самарқанду Қашқадарёвоу Сурхондарё тақсиму парешон шавад. Он гоҳ низ бояд ғами мероси миллиро хӯрд.

tambri Ayni

06.09.2009 - Posted by | Адабиёт, Узбакистон, Фарҳанг

4 Comments »

  1. Бародарони узбак ифтихор кардан бо ин муассисаро метавонанд, аммо чаро онро нест карданиянд?

    Празднование 130-летия со дня рождения основоположника современной таджикской литературы Садриддина Айни (04/16/2008)

    Садриддин Айни широко известен как «основоположник современной таджикской литературы», он создавал свои произведения не только на таджикском, но и на узбекском, и на русском языках. Он был плодотворным писателем, автором романов, поэм, научных статей, журналистских и пропагандистских эссе. Некоторые из его работ были переведены на другие языки. Недавно американские профессора Джон Пери и Рейчел Лер закончили работу над переводом его автобиографии «Ёддошт-хо» с таджикского на английский язык. 14 и 16 апреля заместитель Главы дипломатической миссии США г-н Брэд Хэнсон посетил два дома-музея таджикского писателя Садриддина Айни и преподнес в дар экземпляры англоязычных переводов его произведений. Оба музея были рады получить в подарок англоязычный перевод произведения, озаглавленного «The Sands of Oxus: Boyhood Reminiscences of Sadriddin Aini» (Пески Оксуса: Отроческие воспоминания Садриддина Айни).

    14 апреля г-н Хэнсон посетил дом-музей Садриддина Айни на родине писателя в Соктари, что в тридцати километрах от Бухары. Здесь Садриддин Айни родился 15 апреля 1878 года. Г-н Хэнсон преподнес англоязычный перевод произведений Айни директору музея Мастуре Зикрияевой, правнучке брата Садриддина Айни, а затем г-жа Зикрияева провела для г-на Хэнсона экскурсию по дому-музею писателя.

    16 апреля г-н Хэнсон посетил мемориальный дом-музей Садриддина Айни недалеко от площади Регистан в Самарканде, в котором Айни прожил долгие годы своей жизни. Здесь он преподнес произведения Айни, переведенные на английский язык, директору музея Абдукариму Ганизода. В музее только что отпраздновали 130-летие со дня рождения писателя, проведя накануне конференцию, которую посетило множество профессоров и студентов, изучающих таджикский язык и литературу, а также посол Таджикистана в Республике Узбекистан.

    Comment by Samandar | 07.09.2009 | Reply

  2. Бо дуруд бар устод Аюбзод!
    Узбакистон кишварест ки дар сарзамини ситондашуда аз тоҷикон бунёд ёфтааст ва аз ин рӯ дурусттар аст ки онро Узбакситон хонем. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тошканд ошкоро гувоҳ бар ин аст ки ҳукумати пантуркисту нажодпарасти ин кишвар дар паи нобудии тоҷикон дар сарзамини Узбакситон ва берун аз он аст. Аз турктозии Узбакситон бар Тоҷикистон дар солҳои ҳазору нӯҳсаду наваду ҷанг ва тоҷиккушии узбакҳо дар Вахшу Ҳисору Рашт ва кӯшишҳо барои пешгирӣ аз сохтани нирӯгоҳҳо ва дигар созаҳои бунлодӣ дар Тоҷикистон ҳама огаҳанд.
    Аз дигар падидаҳои тоҷикситезии Узбакситон таҳрифи таърихи тоҷикон ва ниёконашон дар сарзамини Варазрӯд аст. Аз дер боз дар Узбакситон дар пайравӣ аз омӯзаҳои пантуркизм таърихи Осиёи Марказӣ умуман ва пешинаи Варорӯд хусусан “бознигарӣ” ва “бозсозӣ” мешавад. Ҳадафи аслии ин “ҷустору пажӯҳиш” решадор вонамуд кардани туркҳо умуман ва узбакҳо хусусан дар ин сарзамин аст. Чунончӣ, Шамсиддин Камолиддин ном “доктори улуми таърихӣ” даъво дорад ки туркҳо 4 ҳазор сол дар Варазрӯд буду бош доранд вале тоҷикон ҳаргиз аз мардуми бумии ин сарзамин набудаанд. Яке аз “далоили” ин “донишманд” ин аст ки бештари ҷойномҳои Варазрӯд туркӣ буда ва дар Тоҷикистон беш аз 300 ҷойном, аз ҷумла Помиру Рашту Хатлону Вахшу Суғд, вожаҳои туркиянд. Ин “далелҳоро” метавон дар китобҳои Камолиддин пайдо кард ки яке аз онҳо “Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв.” («Узбекистон», Ташкент, 1996. ниг.: http://www.kroraina.com/casia/kamalid/vvedenie.html) ва дигаре “Древнетюркская топонимия Средней Азии” (http://www.ori.uzh.ch/research/centralasia/TradeinCentralAsia/Kamoliddin_2006_unpubl_Toponymy.pdf) аст.
    Хонед ва худ доварӣ кунед.

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 13.09.2009 | Reply

    • Дуруд бар Умеди фарзона! Комилан дуруст менависед ва ин раванд солхост, идома дорад. Дар давраи Шуравй дар чунин холатхо олимони Маскаву Ленинград накши довару додгустарро мебозиданд ва нухтаи бархе аз олимтарошонро мекашиданд. Акнун гуё чое барои шарму хаё бокй намондааст ва афсонаву асотир чои илми хакикиро гирифтааст.

      Сабаби дигар ин аст, ки пажухишгарони точик дар ин ришта хеле очизанд ва солхост, коре дар дифоъ аз худшиносии точикй намекунанд. Хузури онхо дар интернет низ хеле махдуд аст.

      Аз соли 1996 ба ин су ба чанде аз онхо ва чанде аз пулдорон идея медихам, ки тамоми чизи марбут ба Сараканд ва Бухороро бояд дар як донишнома гирд овард ва “Энциклопедияи бузурги Самарканду Бухоро”-ро нашр кард. Хурдтарин маълумоти марбут ба ин ду шахри бостониро бояд гирд овард ва хифз кард, зеро дар давоми солхо як кисми онхо тадричан фаромуш мешаванд ва аз байн мераванд ва бахши дигари онхо мавриди тахриф карор гирифта, рузе мерасад, ки ба мукобили фикри мо кор хоханд кард.

      Дарег, касе на пул, на вакт ва на хохише барои ин кор дорад.

      Comment by aioubzod | 15.09.2009 | Reply

  3. Офарин, Салимч,они гироми! Масъалаи хеле мухиму гаронро бардоштед.Ва барои мо, мардуми точ,ик, ин масъалаи аламовар аст…

    Comment by ХУРШЕДА ХАМРАКУЛОВА | 31.07.2015 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: