Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Кимёи хусусии ду президент

TAJIKISTAN-CROATIAДӯсти хорвати ман изҳори ҳайрат кард, ки президенти кишвараш Стипе Месич дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хеле самимона сӯҳбат мекунад ва ба ӯ баҳои баланд медиҳад. Вай мегӯяд, ин ду нафар аз ҳамдигар хеле дуранд ва маълум нест, чӣ кимиёе онҳоро ба ҳам овардааст.

Ҳарду баробар китф дарҳам мекашем ва хайрухуш мекунем. Аммо ин гуфтаҳои ҳамкасбам соатҳо баъд зеҳни маро машғул медорад. Воқеан, тавре аз ҳарду ҷониб мегӯянд, пазироии Месич аз Раҳмон дар Загреб аз дидори ду раҳбари давлат фарқ мекард. Месич ба Раҳмон хеле меҳрубонтар буд, то бо дигар сарони давлат, ки ба Загреб сафар кардаанд.

То куҷо пазироии Раҳмон аз Месич дар Душанбе фарқ мекард, гуфтан душвор аст, зеро раҳбари Тоҷикистон зоҳиран аз ҳамаи меҳмононаш ба хушӣ истиқбол мекунад. Вале нишастубархостҳои Загреб мисли ин аст, ки Месич ва Раҳмон на танҳо ҳамчун ду раҳбар ба ҳам муносибат мекунанд, балки равобити онҳо бештар аз ин аст. Чаро?

Худи Месич дар нишасти хабарии муштарак бо Раҳмон дар рӯзҳои сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “ягонагии тафовутҳо”, як мафҳуми фалсафии назири “шабоҳати баҳамзидҳо” ишора кард. Дар тафсири ихтироъи ӯ оҷизам, аммо аз донишгоҳ дар ёдам мондааст, ки ду қутб аз он лиҳоз ба ҳам шабеҳанд, ки ҳарду қутбанд ва бо ин аз рангорангиҳое, ки дар мобайни қутбҳо ҷойгиранд яксон фарқ мекунанд. Ҳамин яксонӣ сабаби шабоҳати онҳо мешавад.

Вале ҳамкасби хорвати ман шояд нахостааст, ба воқеъият амиқтар бингарад, зеро шояд монандиҳо аз тафовутҳо бештаранд.

Ҳам Месич ва ҳам Раҳмон як замоне дар умри худ аъзои ҳизби коммунист буданд. Ба таври нохудогоҳ аз идеологияи ин ҳизб вижагиҳое боқӣ монда метавонанд, ки кас фикр мекунад, аз онҳо раҳоӣ ёфтааст, аммо амалан гумон аст, ин вижагиҳо аз реша зудуда гардад.

Дувум, ҳарду раҳбари кишварҳои хурданд. Хорватия аз лиҳози қаламрав ба ними Тоҷикистон ҳам баробар нест. Уқдаи “хурдӣ” дар ҳалқаи давлатҳои бузург ҳамеша онҳоро ба ҷустуҷӯи ҳамдигар мебарад.

Теъдоди аҳолӣ. Хорватия қариб 5 миллион нафар дорад ва Тоҷикистон бештар аз 7 миллион. Хорватия дар дили Аврупо ҷойгир аст, Тоҷикистон дар дили Осиё ва ҳамон гуна ки Тоҷикистон аз батни Иттиҳоди Шӯравӣ берун омадааст, Хорватия як гӯшаи собиқ Югославияи Федератив буд.

Аммо ҳамаи ин метавонад танҳо зоҳири масъала бошад. Баъд аз ду мулоқоти раисиҷумҳур Раҳмон бо ҳамтояи арманаш Роберт Кочариён низ андешаҳое ба миён омад, ки ҳоло ду дӯсте пайдо шуданд, ки шабоҳати зиёди шахсӣ доранд ва сарнавишти таърихии миллатҳояшон низ заминаи хуби ҳампаймонист. Вале аз ин равобит муроди назаррасе ҳосил нашуд. Чаро ҳоло бояд аз ҳусни нияти Месич ва Раҳмон ба ҳамдигар таҳаввули муҳиме барои ду кишвар ва ду миллат ба вуқӯъ пайвандад?

Шахси огоҳе гуфт, яке аз сабабҳои наздикии хоси Раҳмон ва Месич дар он аст, ки дар ҳамоишҳои байнулмилалие ҳарду дар як меҳмонсаро зистаанд. Аммо гумон аст, ин “ҳамзистӣ”-и чандрӯза заминаи ҳусни нийят ва тафоҳум бошад. Ҳарчанд ҳодисаи таърихие ба ёд меояд, ки ҳамзистии шоир Бозор Собир ва котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абдраҳмон Додобоев дар як меҳмонсаро ҳангоми сафари хориҷӣ назар шоири муборизро ба сарони ҳизб тағйир дода, сабаби нармише дар мавзеъгирии он вақт тундравонаи Собир гашта буд.

Дар ин пасманзар оё сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Хорватия фақат як иқдоми ҷавобӣ буд ё дарвоқеъ пайомадҳои неке барои ҳарду ҷониб хоҳад овард?

TAJIKISTAN-CROATIA

22.09.2009 - Posted by | Равобити байнулмилалӣ, Тоҷикистон |

7 Comments »

  1. чаро дар блоги шумо Точвар ба бахс шарик намешавад?!

    Comment by Шоди | 22.09.2009 | Reply

    • Хар шахс озод аст, дар бахс шарик шавад ё на.

      Comment by aioubzod | 22.09.2009 | Reply

  2. Ин боз кадом Шоди аст, ман намедонам.

    Comment by Шоди | 22.09.2009 | Reply

    • Ман уро мешиносам ва номаш Шоди нест, аз номи мубораки Шумо суистифода мекунад ва гумон дорад, худро пинхон кардааст. Мешавад факат хандиду бас.

      Comment by aioubzod | 22.09.2009 | Reply

  3. Хайрият.

    Comment by Шоди | 22.09.2009 | Reply

  4. Ассалом устод,
    Ин мақола дар назарам танҳо аз саволҳо иборат. Орзӯ дорем каме маълумотҳои чуқуртар шунавем. Ба фикрам аз давлати Хорватия бисёр чизе ҳаст то мо ёд гирем…
    Онҳо ҳам мисли мо дар таърихи наздик аз ҷанге баромаданд. Меъроси асосии ин намӯди ҷангҳо ин зарари бузурги молӣ, ба вуҷуд омадани гурезаҳо ва ба фикри ман аз ҳама гаронаш ин тавлиди сардоронӣ молпарасту манфиатпарасте ки танҳо дар навбати охир аз халқашон аҳволпурсӣ мекунанд. Проблемаҳои асосии ҳарду давлат ин хусусигардонӣ, сатҳи бекорӣ. Дарсе, ки аз онҳо метвонем гирифт ин соҳаи туризм аст!!! Мамлакати мо, ки дорои табиати беҳамтост, чаро то ҳол дар туризм ба ҷое наомадаст?
    Ташаккур,

    Comment by Меъмор | 24.09.2009 | Reply

  5. Аз ин сафари Э. Рахмон ба Хорватия ва сафари хамтои хорватии у ба Точикистон ба мардуми ин кишвархо аслан чи фоидае мерасад?

    Comment by Munavvar | 25.09.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: