Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

10 симои боризи садаи 20

gafurovПажӯҳишгари пуркор, устод Наҷмиддини Ковиёнӣ ақидае дорад, ки бояд таърих ва фарҳанги тоҷик дар расонаҳои Эрону Афғонистон муаррифии бештар пайдо кунад. Вай низ ба мисли устоди дигар, сардабири донишномаи “Ираника”, Эҳсони Ёршотир, бар ин аст, ки ҳавзаи илм ва фарҳанги порсигӯён фаротар аз марзҳои сиёсист ва ин қаламравро ба гуфтаи шоир Бозор Собир сарҳад забони муштарак аст.

Ковиёнӣ дар Амстердами Ҳолланд, Ёршотир дар Ню Йорк ва Бозор дар Сиеттли Амрико ба сар мебаранд.

Facebook ё Чеҳранома нишон медиҳад, ки порсигӯён ҳоло дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳонанд ва ин сомона онҳоро муттаҳид мекунад.

Ҳар кӣ дар он матои худро ситоиш мекунад, дар ҳоле ки як ҷо ҷамъ омадан худ баёнгари решапайвандист. Албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки як қатор ҷавонони тоҷикистонӣ (ба эҳтимоли зиёд, шогирдони мактабҳои туркию тоҷикӣ) бо тамоми нерӯ дар Facebook ба таблиғи забон ва фарҳанги туркӣ машғул буда, гоҳе то ба авҷи пантуркизм мерасанд.

ТАРҲИ КИТОБИ НАВ

Наҷмиддини Ковиёнӣ дар пайи навиштани китобест дар бораи 10 чеҳраи маъруфи илму фарҳанги Тоҷикистон ва нақша дорад, ки ин асар ҳамзамон дар Эрон ва Афғонистон ба нашр расад. Ман пешниҳод кардам, ҳамзамон дар Тоҷикистон низ.

Вале ба гумонам, китоб дар Аврупо нашр хоҳад шуд, зеро харидорони чунин дастнависро дар ин се кишвар намебинам. Дар ҳар се бодия боде мевазаду мегӯяд, “ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл.”

ПЕШНИҲОДИ ДИГАР

Дар ҳоле ки устод Наҷмиддин аз ман кӯмак ва ҳаммуаллифӣ хостаанд, пешниҳод кардам, тарҳ каме тағйир хӯрад.

Аввалан, бояд ин 10 чеҳраро дар як маҳдудаи замонӣ гирифт. Фаразан, 10 чеҳраи маъруф, шоиста ва бонуфузи садаи бистум.

Зеро агар аз садаи 10 сар кунем, гузиниши ин чеҳраҳо кори хеле сахт хоҳад буд. Сониян, барои аксарият ҷолиб хоҳад буд, аз тариқи ин 10 чеҳра ба таърихи пуршӯри мардуми тоҷик дар садаи гузашта нигарист, ки як риштаи начандон пажӯҳида аст.

СУОЛИ БАҲСОФАРИН

Дар ҳоле ки мо ду тан ба пайрезии пардозаи кори худ машғулем, барои як озмун пурсишеро дар Facebook нашр кардам ва дар воқеъ посухҳои ҷолибе гирифтам.

Навиштам, агар бузургони садаи бистуми тоҷиконро номбар кунем, чӣ феҳрасте ба даст хоҳад омад?

Посухҳо хеле ҷолиб буданд. Аксарият Садриддини Айнӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (Бачаи Саққо), Эмомалӣ Раҳмон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Тоҳири Абдуҷабборро ном бурданд.

Ҳамчунин як ё думартабагӣ аз Сотим Улуғзода, Фузайл Махсум, Раҳмон Набиев, Ҳаёт Неъмат, Абдумалик Абдуллоҷонов, Абулқосим Лоҳутӣ, бародарон Осимӣ, Давлат Худоназаров, Далери Назар, Абдулғанӣ Мирзоев, Садри Зиё, Носирҷон Маъсумӣ, Акбари Турсон, Саъдинисо Ҳакимова, Чинор Имомов, Абӯалӣ Сино, Фаррухи Қосим ва Абдулҳамид Ҷӯраев ном бурда шуд.

Шигифтангез буд, ки яке аз мубоҳисон мехост, Ислом Каримов ҳам ба ин номгӯй шомил гардад.

ТАРАФИ ДИГАРИ ҚАҲРАМОНӢ

Сардаргум рафтам. Яке аз ширкаткунандагони баҳс навишт, ки ҳатман Бобоҷон Ғафуров ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар ин рӯйихат бошанд. Пурсидам, оё ин дуро ба ғайр аз зодгоҳ чӣ чизе муштарак аст?

Посух дод, ки корномаи Ғафуров маълуму машҳур аст, аммо Абдуллоҷонов рамзи муқовимати миллист, ки дар интихобот пирӯз шуд, аммо таҳти хатар фирор кард ва аз ҳама муҳимаш, ба хотири ормонҳои миллӣ бо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳамроҳ нашуд ва соли 1998 бо канорагирии хеш ба авҷи хунрезии нав дар Тоҷикистон монеъ гашт.

Изофа кард, ки вай ҳам чандон ҳавохоҳие ба шахси Абдуллоҷонов надорад, аммо бояд ҳақиқатро эътироф кард. Ман ба андеша афтодам. Шояд меъёри бузургӣ ҳар давру замон фарқ кунад? Мегӯянд, дар даврони мо муҳим нест, қаҳрамоние кунед, муҳим ин аст, ки номардӣ накунед.

Антон Чехов буд ё Достоевский, ки мегуфт, “кӯчак шуд инсон, кӯчак шуд қаҳрамонӣ!”

ШӮҲРАТ Ё ЗАҲМАТ?

Вале чист меъёр? Шӯҳрат ё кор? Боз ҳам дугонагии мафҳумҳо. Чеҳрае ҳаст, ки дунё ӯро мешиносад ва бо василаи ӯ тоҷиконро. Ин худ аллакай хидмати бузургест. Ва чеҳрае ҳаст, ки дунё аз ин бузургвори “хонагӣ” хабаре надорад, вале ӯ буд, ки миллатро ба ҳаракат овард, ҷони наве ба ин ҷисми пиру ғафлатзада дамонд ва бо ин ояндаву бақои онро таъмин кард.

Шакке нест, ин ҷо ду роҳи гуногунро мебинем, вале пурсиш ин аст, ки таносуб куҷост. Метавон гуфт, ки 70 дарсади шӯҳрат ба 40 дарсади заҳмати шоқа баробар аст? Кадоме муҳим аст: дар сатҳи ҷаҳон машҳур шудану бо ин боло бурдани обрӯйи тоҷик ё дар зери замин тапидану наҷот додани ин қавм ба ҳидояти он ба баландтарин қуллаҳои ҷаҳонӣ?

Дида шудааст, ки дар роҳи шӯҳрати ҷаҳонӣ гоҳе бояд ба хештан ва ҳамхунони худ хиёнат кард. Лекин натиҷаи он метавонад, ҳамаи пастиҳоро пӯшонад ва талҳоро ба кӯҳсору кӯҳдоманро ба қуллаҳо табдил бидиҳад.

БУЗУРГОНИ БЕНОМ

Ин ҳам дида шудааст, ки меҳнати ҳамарӯзаи шахси гумном ва хоксоре метавонад, ҳамин гуна натиҷаҳои бузурге бидиҳад ва дастикам як миллатро аз зиллату уқубат берун кашида, ба шоҳроҳи бузургӣ равона кунаду касе номи он шахсро надонад.

Пас чӣ гуна метавон бе иштибоҳ бузургони худро дарёфт ва гиромӣ дошт?

Пас, аз ин ду кадоме бузургтаранд?

Яке аз ҳамсӯҳбатони ман дар Facebook навиштааст, бояд Зани тоҷикро дар садри ин рӯйихат гузошт, Модари тоҷикро, ки тавонистааст, чунин фарзандонро ба дунё орад.

БА ҲАР ҲОЛ…

Чунин ба назар мерасад, нақши шӯҳрат дар ин моҷаро баландтар аст.

Агар номи Шуморо дар байни 10 номзад бигиранду касе аз ҳеҷ гӯшае ба ин мухолифат накунад ва ҳама ба шӯҳрати Шумо қойил бошад, пас дар воқеъ бузургед.

Аммо агар касе гуфт, дар умри сараш номи Шуморо нашунидааст ва чӣ гуна чунин шахси номашҳур метавонад, аз бузургони як миллат бошад, аломати саволе дар баробари номи Шумо зуҳур хоҳад кард.

Дар чунин баҳс ҳатман Мирзо Турсунзода аз Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддини Соҳибназар болотар хоҳад буд.

Вале фикр намекунед, ки дар ин маврид шефтаи қолабҳои кӯҳна ва пойбанди таблиғоти рӯз мебошед?

Гӯшаи дигари баҳс: Мансаб инсонро бузург мекунад ва ё инсон мансабро. Дар як мақом ду нафар кор кард, яке ба арши аъло расид ва дигаре дар ҳамин мақом гумном гашт. Вале агар якумӣ ба он мақоми давлатӣ ё ҷамъиятӣ намерасид, номашро мешунидем?

Пас, аввал бояд меъёр ё ҷадвали арзишҳо мушаххас шавад.

ЧЕНАКИ БУЗУРГӢ

На ба ҳайси бароварди ниҳоӣ, балки ҳамчун пешниҳод мегӯям, ки шояд муҳимтарин ченак дар баробари шӯҳрат ва дастовардҳои умр азхудгузаштагӣ ба хотири рушди миллист.

Бояд дид ин афрод агар аз рӯйи самараҳои кори худ ё бо истифода аз мақому манзалати расмии хеш ба қуллаҳо расидаанд, оё тавонистаанд, барои мардуми худ аз ҷону мол ва аёлу пайвандони хеш даст кашида бошанд?

Ин шояд яке аз даҳҳо ченак бошад, аммо шояд аз муҳимтарини онҳо.

Аз сӯи дигар, саф додани номҳо низ худ метавонад, бештари меъёру маҳакро рӯшан намояд.

ПУРСИШ АЗ ШУМО

Бовар дорам, ки бе кӯмаки Шумо ин феҳраст сохта нахоҳад шуд.

Лутф бикунеду чанд лаҳзаи умри гаронмояи хешро сарф ва номи онҳоеро, ки мехоҳед, дар феҳрасти 10 чеҳраи боризи тоҷикони садаи бистум бубинед, ин ҷо сабт бикунед.

“Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо”, суруш меояд аз Ҳофизи ширинкалом.

Ва агар дар бораи меъёру ченакҳо низ гуфтание доред, рӯйи чашм, биёед бо ҳам онҳоро муайян кунем.

26.09.2009 - Posted by | Донишнома, Илм, Инсон, Таърих |

42 Comments »

  1. Албатта Точикистон кишваре нест, ки чехрахои маьруфу боризи фархангиву сиёси ва маьнавию давлатии зиёде надошта бошад.Ба андешаи банда ба фехрасти 10 чехраи боризи точикони садаи 20-ум метавон номхои Акбар Турсон, Лоик Шерали, Мухаммадчон Шакури, Бозор Собир,Бури Карим,Хочи Акбар Турачонзода, Бобочон Гафуров,Эмомали Рахмон,Саид Абдуллохи Нури, Садриддин Айниро зикр намуд. Албатта ин фехрастро метавон ба теьдоди зиёд идома дод.Мо чехрахои хунари низ зиёд дорем.

    Comment by Firdavs | 26.09.2009 | Reply

  2. who r the following ppl and what did they do for TJK?
    1. Акбар Турсон
    2. Тоҳири Абдуҷаббор
    3. Аслиддини Соҳибназар

    i just dont kno who they r n what they did.
    I’ve heard about the first guy on ozodi, but i have no idea what he did for the TJK, second and third never heard of or read about them

    Comment by odamizod | 26.09.2009 | Reply

  3. Ахмадшох Масъуд-низоми
    Тохири Абдучаббор – сиёси
    Муъмин Каноат – адаби
    Одина Хошим – фарханги
    Бобочон Гафуров – давлати
    Аслиддин Сохибназаров – демократи
    Додочони Атоулло – оппозитсиони
    Сайид Абдуллохи Нури – сиёси дини
    Абдумалик Абдулочонов – наханги иктисоди ва гурезаи сиёси
    Сафарали Кенчаев – низоъандози
    Рахматулло Зоиров – хукуки

    Comment by Латиф | 26.09.2009 | Reply

  4. Аагар чадвали 10-баллае тартиб дихем ва пеш аз хама меъёр хизмате ба Ватан бошад, пас шояд нафарои зеринро ном бурдан мумкин аст:
    1. Садриддин Айни (10 бал)
    2. Бобочон Гафуров (9 бал)
    3. Мирзо Турсунзода (8 бал)
    4. Мухаммадчон Шакури (7 бал)
    5. Тохири Абдучаббор (6 бал)
    6. Лоик Шерали (5 бал)
    7. Эмомали Рахмон (4 бал)

    Comment by Tavarali | 26.09.2009 | Reply

  5. Avvalan, mekhostam bibupsam, ki charo Rahmon va baroi kadom yak khizmati u? Ba’dan boyad onhoero peshi nigoh ovard, ki dar ehyoi millati Tojik dar avval va okhiri asri bist jonkaniho kardaand. Ba fikram nomi onho ba hama ma’lum va mikdorashon az dah ziyod ast.

    Comment by Samak | 26.09.2009 | Reply

  6. Садриддин Айни
    Бобочон Гафуров
    Чаббор Расулов
    Мирзо Турсунзода
    Эмомали Рахмон
    Ахмадшохи Масъуд
    Сангак Сафаров
    Сайид Абдуллои Нури
    Эшони Нуриддин
    Хочи Мирзо

    Comment by Шоди | 26.09.2009 | Reply

  7. Дар чои 1-ум бояд номи устод Садриддин Айни навишта шавад. 2. Бозор Собир. 3. Тохири Абдучаббор. 4. Лоик Шерали. Дар чои 5-ум, 6-ум ва 7-ум бояд ин се ном бари дар бар навишта шаванд, Ахмадшоҳи Масъуд, Саид Абдуллоҳи Нури ва Эмомали Рахмон, чунки ин се чехра калиди сулхи Точикистони азиз мебошанд. 8. Хочи Акбари Турачонзода. 9. Бобочон Гафуров. 10. Акбар Турсон. Афсус ки, 20 ё 30 чехраи боризи Точикони садаи бист нагуфтед, ки номи бокимондаи Бузургони миллатро аз дунболи ин 10 симо менавиштем. То ин ки, беэхтироми нисбати Онхо эхсос намешуд. Рости, хангоми интихоби ин Чехрахо, кас дар холати ногувор карор мегирад!

    Comment by Patriot | 26.09.2009 | Reply

    • Дар хакикат муайян кардани ин Дахгона кори хеле сахт аст. Мешавад 3-4 симои аввалро бе мушкил гуфт, аммо хар кадар ки ба поёнтари номгуй наздик мешавем, шубхаву гумон бештар мешавад.

      Боз хам сабаб ин аст, ки аввал бояд меъёру арзишу ченакхоро мукаррар кард. Сониян, бояд каме аз зери таблиготе, ки солхо идома доштааст, берун омад. Солисан, бояд ба хамаи сохахои хаёти миллй нигарист.

      Фикр мекунам, бахс боз идома хохад ёфт.

      Comment by aioubzod | 27.09.2009 | Reply

  8. Азиз. ш. Душанбе

    1. Садриддини Айнй
    2. Бобочон Гафуров
    3. Тохири Абдулчаббор
    4. Аслиддини Сохибназар.
    Дигар хеч кас!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

    Comment by 115k | 27.09.2009 | Reply

    • Аммо агар меъёри асосй бедории миллист, тавре аз ин номгуй дида мешавад, чаро аз Бозор Собир ва Мирбобо Миррахим низ ёд накард. Ашъори яке накши умда дошта ва дигаре нахустин касе буд, ки ошкоро аз хифзи забону дин ва Самарканду Бухоро садо баланд карда буд.

      Comment by aioubzod | 27.09.2009 | Reply

  9. Агар инсоф ба харч дихем, ба назари камина, дах нафар абармарди точик (чи точикистони ва чи гайри он) дар садаи ахир, ки шоистаи такдир бошанд, ба тартиби авлавият иборат хоханд буд аз:
    1. Устод Саид Абдуллохи Нури;
    2. Мутафаккир Ахмади Дониш;
    3. Сардор Ахмадшохи Масъуд;
    4. Озода Додочони Атоулло;
    5. Устод Садруддини Айни;
    6. Устод Хочи Акбар Турачонзода;
    7. Устод Бобочон Гафур;
    8. Устод Бурхонуддини Раббони;
    9. Устод Акбари Турсон;
    10. Шоираи номвар Фарзона.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 27.09.2009 | Reply

  10. Ahmadiyon Hakim ba fikram in cavol nodurust guzoshta shudaast ON PESHVOYONE KI SHUMO NOMBAR KARDET DARHAKIKAT BAROI MILLAT DILSUZI VA XIZMATHO KARDAANDET DARHAKIKAT BAROI MILLAT DILSUZI VA XIZMATHO KARDAAND LOKIN BA DARAJAI MINTAKA VA MUZOFOTHO.FIKR KUNED AZ 100 FOIZ HUDUDI DAVLATI ETIROFSHUDAI TOJIK 20 FOIZASH HOLO AZONI U AST,ON SHAHRHOI BUNYODKORI TOJIK,KI TAMOMI TOJIKONI XUROSON,CUGD,BOXTAR VA XORAZM MUDDATI 5-6 HAZOR COL SOXTA BUDAND HOLO ZAMINI TOJIK NEST VA HOL ON KI TAMOMI SIYOSTU BAXTI TOJIK DAR ON JO ACT.PAS SAVOL MEOYAD ONERO PESHVO GUEM,KI AZ TIJIKIYAT DAVLAT VA SARHADI ON DOFO KUNA VA URO BARKAROR KUNAD

    Comment by AHMADIYON HAKIM | 28.09.2009 | Reply

    • Хакими арчманд. Хеч гуна марзе дар миён нест. Ман хатто тарафдори инам, ки номи гайриточиконе, ки дар сарнавишти онхо накши мухим доштаанд, низ ба ин номгуй шомил бошад.

      Масалан, Иржи Бечка кореро кардааст, ки баробар бо кори як иституи Академии улуми Точикистон аст. Вай точиконро ба Гарб муаррифй кард ва то охирин нафасаш дар гами точикон буд, харчанд ки худ ах кавми мо набуд. Аммо тамоми беадолатии таърихро нисбати точикон ба хар раги вучудаш хис мекард.

      Comment by aioubzod | 03.10.2009 | Reply

  11. Исмхои Хонум Гулрухсори Сафи ва Фарзонаро мо бояд аз ёд набарорем. Мо агар ин Ду исмро дар назар нагирем, ноадолати на танхо нисбати ин Ду Хонум мушохида мешавад, балки ноадолати бар хамаи занони Точикистон мешавад. Ба назари банда дар байни “Бузргтарин чехраи зани Точик”, исми Хонум Гулрухсор, Number One мебошад!

    Comment by Patriot | 29.09.2009 | Reply

    • Чаро дар ин саф аз Буринисо Бердиева, Ибодат Рахимова, Низорамох Зарифова, Бихочал Рахимова, Гулчахон Бобосодикова, Адлат Рахмонова, Шарофат Усмонова ва дигарон ёд накард?

      Comment by aioubzod | 03.10.2009 | Reply

  12. Эъ О бародарон
    Пас Нусратулло Махсум ва Кадриддин Аслонов хизмат ба Узбакистон карда буданд????????
    Ва фикр мекунам ки хизматхо ва пофишории Нусратулло Махсум буд то аз заминхои наздисархади бо Узбакистон кисме кам карда шуда ба Точикистон дода шавад аз чумда Регаре ки имруз бахси заводи он пурхарчтарин дар тарихи судягии Британия буд

    Ва ё фармони Кадриддин Аслон аввалин бор садо дод ки Точикистон аз ин руз эътиборан сохибистиклол ва мо имруз хама сола нухуми сентябро рузи истиклол чашн мегирем

    Comment by Нодаркор | 29.09.2009 | Reply

    • Кадриддин Аслонов, худо рахматаш кунад, ду бор азхудгузаштагй нишон дод. Аввал часорат карду Хизби коммунистонро бахам зад ва истиклолияти кишварро эълон кард ва бори дувум худро ба чуши чанги шахрвандй афканд, то тарафхоро оштй дихад ва сулхро баргардонад. Заьфашро хам бояд гуфт, ки ба фишори коммунистон ва чохталабон тоб наовард ва гуфт, “кулохи Мономах ба сараш сангинй” мекардааст. Маълум буд, ки хизб ва мафиёи хоким баъд аз мань кардани фаъолияти коммунистон уро намебахшад, биноан бехтар буд, агар ба истеъфо хам рафт, дандон ба дандон мондаву сокит мерафт.

      Бо вучуди ин арзандагии инро дорад, ки дар Дахгона шомил бошад. Назари дигарон чист?

      Comment by aioubzod | 29.09.2009 | Reply

  13. Ассалом. Ба сифати аввалин меъёри ченак бояд хулуси ният дар амал шинохта шавад.Ононе, ки баъзе бародарон инчо номбар намудаанд, то кучо нияти холис даштанд, ман казоват карда наметавонам. Вале ононе, ки ман ном бурадаам, ба хулуси нияташон имон дорам.
    Аз Шумо ташакур, ки чунин бахсро дар миён гузоштаед. Ин дар шинохти ману мо хеле сахми бузург дорад.

    Эй дил аз мардони миллат як замоне ёд кун,
    Бо дуову фатиха арвохи эшон шод кун.

    Садри эшон буд Айни, он ки бинои зи уст,
    Дар Самарканду Душанбе хонааш обод кун.

    В-он ки хуччат буд миллатро Гафуров- марди хак,
    Аз Гафур имдод хоху хуччаташ дар ёд кун.

    Монд номи нек зи Чабборов, ки буд марде карим,
    Мазраи у сабз дору кишти у сероб кун.

    Марзи точикро, чу Мирзо кард беарзу худуд,
    Марзи уро пос дору арзи у шодоб кун.

    В-ин Эмоме, ки турост, хомии дину давлат уст,
    Чашми танги хасми у бишкаставу барбод кун.

    В-он шахе, к-у хак бигуфту хак бизисту хак бимурд,
    Хакки у ин аст, ки хар дам аз маромаш ёд кун.

    Санги хар даст буд Сангак, окибат бар хеш хурд,
    Адли уро шукр гу в-аз зулми у фарёд кун.

    Нур буд Нури саропо, монд з-у нуру зиё,
    Рахравони нури уро доимо имдод кун.

    Ин сухан поён надорад, шод бош Шодиву рав
    Тархи нав дар кору пайкори Ватан бунёд кун.

    Comment by Шоди | 29.09.2009 | Reply

    • Шодии азиз, ахсанту офарин ба табъи хушат. Хеле хуб навиштй. Аммо бо вучуди он ки шефтаи ин мисраъхо шудаам, як пурсиш пеш меояд. Хам аз ин газал ва хам аз номахои пешиина, ба хусус дар чое Сафаралй Кенчаев хам чехраи бориз номида шудааст.

      Ва худат ишорае ба Сангак Сафаров кардай. Пурсиш ин аст, ки оё бояд факат чехрахои мусбатро дар фехраст чой бидихем ё чехрахои манфиро низ. Бешубха, таърихи мо ингуна буда, ки хамеша дар пахлуи як кахрамонамон як хоин хам доштаем. Холо бояд чй кард, чехрахои некро чудо кард ва ё хамаро пахлуи хам гузошт?

      Аз суе хам, мумкин аст, як чехра барои имрузиён манфй бошаду пас аз 100 сол мусбат гардад…

      Зохиран, масъала мушкилтар шудааст. Хеле мушкил!

      Comment by aioubzod | 01.10.2009 | Reply

      • Ба фикрам агар мо меъёри ченакро дуруст интихоб намоем то андозае аз мушкили берун меоем. Ман гуфтам ва исрор мекунам, ки ба сифати меъёри ченак бояд хулуси ният дар амал шинохта шавад. Як шахс холисона бахри хидмати халк кушида бошаду амали у чилваи хоини гирифта бошад, чи илоч?
        Ин дуруст аст, ки аз ин пурсищ танхо баъд аз 100 сол бахои хакики ба даст меояд. Холо танхо гумону эхтимол дорем.

        Comment by Шоди | 02.10.2009

  14. Чехрахои бориз кам нестанд, аммо вакте киёс пеш меояд бояд инхо бошанд:
    Устод Айни;
    Бобочон Гафуров;
    Шириншо Шотемур;
    Эмомали Рахмон;
    Сайид Абдулло Нури;
    Тохири Абдучаббор;
    Абдукодир Мухиддинов;
    А. Чураев (математик)
    Рахим Масов

    Comment by МАН | 01.10.2009 | Reply

    • Номи А. Чураев бори дувум ба чашм мехурад. Шармандаам, ки бо вучуди ошно тофтани ин ном чизе дар бораи ин шахс намедонам.

      Оё метавонед, каме маълумот бидихед? Шояд эшон бузургтар аз хамаи дигарон бошанд…

      Comment by aioubzod | 01.10.2009 | Reply

  15. Man az 1 chiz dar haironam ki charo nomi Imomali Rahmonro dar in ryxati 10gonai ki xidmat ba milat kardand navishted baroi kadom xidmatash? baroi zamin fyryxtanash ba Xitoi?!!. Nomashro hamchyn az 10 xoini milat dar sadai 20 joi dod.
    Akai Salemjon xohish mekynam ki hama kornamoihoi har shaxsro omyxta pas nomashro joi kyned dar ryi xat. Zamin fyryshi xiyonatest nobaxshidanist.

    Comment by SAIDBEG | 01.10.2009 | Reply

    • Эмомалй Рахмон метавонист, тархи сулхро кабул накунад ва чанги Точикистонро то охир идома дихад. Катъан карор кунад, ки ё инсара ё онсара.

      Аммо вай ба сулх рафт. Шояд на ба он шакле, ки мехост ё ба он шакле, ки бехтар буд, аммо ба хар хол, сулх кард. Тарафи дигари сулх дар симои Сайид Абдуллохи Нурй ва Хочй Акбар Турачонзода низ аз бехтарин имконияти мавчуда истифода карданд. Онхо хам метавонистанд, бо саркашй ва гурур чангро то ба охир идома диханд — ё инсара ё онсара.

      Пас ин ирода ва азхудгузаштагиро бояд кабул кард. Бояд ба онхо ахсант гуфт, ки бозистоданд ва даст ба дасти хамдигар доданд.

      Бовар кунед, хама гуна тараккиёт танхо дар фазои сулху оромй имконпазир аст. Пас онхо хак доранд, ки дар катори номварон бошанд, зеро аз худ гузаштанд. Бигзор барои як лахза, аммо гузаштанд.

      Ин дар холе буд, ки бегонагон омода буданд, ба онхо дар идомаи чанги то ба охир хама гуна кумакро бикунанд.

      Comment by aioubzod | 03.10.2009 | Reply

  16. Дуруд ба хамандешони гироми ва Устод Салими Айюбзод хело тасмими арзандаро пеш гирифтед ва ман хаминхоро пешниход мекунам…
    1. Ахмади Дониш
    2. Устод Айни
    3. Бобочон Гафуров
    4. Шириншо Шотемур
    5. Нусратулло Махсум
    6. Сайид Абдулло Нури
    8. Тохири Абдучаббор
    9. Рахим Масов
    10.М. Шакурӣ
    11.Б. Каримов
    12.Ахмадшохи Масъуд
    13.Додочони Атоулло
    14.Хочи Акбар Турачонзода
    15.Бурхонуддини Раббони
    16.Акбари Турсон

    Comment by Дурандеш | 02.10.2009 | Reply

    • Ташаккур аз Дурандеши азиз. Аммо чигуна бояд 6 нафарро аз ин номгуй ихтисор кард?

      Comment by aioubzod | 03.10.2009 | Reply

  17. Дуруд бар устод Аюбзод ва хамрохонашон!

    Ман бар ин боварам ки дар шумори 10 абармарди точик дар садаи 20 бояд касонеро овард ки худ накуном зиста ва ному давомашон дар чаридаи олам сабт шуда ва зиндаву човид мондаанд, яъне:

    1. Ахмади Дониш
    2. Садриддин Айни
    3. Бобочон Гафуров
    4. Шириншо Шотемур
    5. Нусратулло Махсум
    6. Мухаммадчон Шакури
    7. Рахим Масов
    8. Тохири Абдучаббор
    9. Ахмадшох Масъуд
    10. Акбари Турсон

    Comment by Умед Ҷайҳонӣ | 06.10.2009 | Reply

  18. Дуруди Худованд бар хамаи ёрони хамандеш ва устод Салими Айюбзод, аслан ин масала хело чидди аст. Ман бар ин боварам онхое, ки дар масоили Миллати Точик, марзи Точикистон ва илми Точик бештар чонфидои кардаанд мешавад бар катори абармардони садаи 20 дохил кард ва ин хам хело мехнатталаб аст то бидонем, ки кадоме аз инхо бештар арзандаанд.
    Аз ин ру ман дакикан наметавонам бигуям ки кадоме аз инхо симои боризи Точикистон дар садаи 20 хастанд. Умед бар шумо мебандем, ки нисбат ба мо бештар мехонеду пажухиш мебаред. Худованд нигахдори хамаи мо бошад.

    Comment by Дурандеш | 06.10.2009 | Reply

  19. Hama dar injo ismi Akbari Tursunro ovardaand. Albbata u buzurg ast ammo na to on hade ki shumo vasfash mekuned. To on zamone ki Ayubzod dar borai u nanavisht kase uro dar Tojikiston nameshinokht.
    Fikr mekunam nomi uro dar katori Fafurov ovardan tahkir ast.

    Comment by Faridun | 07.10.2009 | Reply

  20. Бародари азиз Faridun,
    Устод Акбари Турсон, шахсияти шинохташуда ва маъруфест аз дер замон, на анкариб. Шояд барои Чаноби шумо шинохашуда набошад, аммо дар васати ахли маърифати Точикистон ва хатто Шуравии собик, фарди машхурест. Ва шояд хам, маъруфтияти эшон, ба чихати тахассусаш, ки хамон физик ва кайхоншиносист бошад, аммо ба назари ман, он чонибе ки эшонро бориз мекунад, дидгоххои рушанфикри ва фалсафияш аст. Ва инро мо набояд нодида гирем.
    Шояд касоне (аз чумла худам) ба лихози фикри, дар бархе мавзуот, бо эшон мухолиф бошанд, аммо мардона бояд эътироф кард, ки эшон аз маъдуд афродест, ки дар заминаи фалсафа ва улуми инсони, як шахси сохибназар аст. Назараш азони худаш аст. Метавонад аз он дифоъ ба амал оварад.
    Инсофан, оё дар мачоли фанни фалсафа, дар карни 20 дар байни точикон, назири эшон ёфт мешавад?
    Огохон медонанд, ки мутаассифона мо дар ин мачол, дар асри 20 ба монанди устод Турсонро надоштем.
    Ба хамин хотир, инсоф аз мо металабад, ки номи эшон зимни ин 10 нафар абармард хатман карор гирад.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | 07.10.2009 | Reply

  21. Фаридуни гироми! Чанги шахрвандие, ки дар Точикистон гузашт, мардуми кишварро аз таракиёт аз илму фарханг, фарсангхо акиб гузошт. Чашмони мардумро кур карда буд. Ташакур ба акои Аюбзод ки, дар байн рушани андохт. Ба зами ин, Устод Акбари Турсон хам дар Точикистон ва хам берун аз Он, шахсияти маъруф буд ва хаст. Дар давраи чохилият (солхои 1992-1997) касе аз Бузургон ёде намекард, баръакс дар чустучуи катли Бузургон буданд. Бо хамин гуна бисёре аз Бузургони Мо, аз ёди мардум рафтанд. Лекин, дар ёди Равшанфикрон буданд ва холо хам хастанд. Мо мардуми “Дусткуши душманпарвар” хастем ба хамин сабаб дустро аз душман фарк намекунем ва агар фарк хам кунем, намепазирем. Ин яке аз бузургтарин иштибохи мо Точикон аст. Кучо шуд давлати Сосониён то бар Сомониёну Аморати Бухоро? Кариб буд ки, таърихи Точикистони азиз низ, ба монанди таърихи Сомониёну Аморати Бухоро мешуд ва Мо бо дастони хеш дар таърихи Точикистони азиз нукта мегузоштем. Худоро шукр, ки баъзехо ин иштибохро дарк намуданд, вале афсус ки, дер…

    Comment by Patriot | 07.10.2009 | Reply

  22. Puzish. aknun Akbari Tursunro shinokhtam. Bisyor puzish mepursam ki harfom nosanjida guftam/ Yak jahon puzish. Siposguzoram az shumo ki tund posukham nagufted

    Comment by Faridun | 08.10.2009 | Reply

  23. 1.Sadriddin Ayni
    2.Bobojon Gafurov
    3.Shirinshoh Shotemur
    4.Nusratullo Maxsum
    5.Sayid Abdulloi Nuri
    6.Tohiri Abdujabbor
    7.Rahim Masov
    8.Loik Sherali
    9.Hoji Akbari Turajonzoda
    10.Buri Karim
    13.Додочони Атоулло
    14.Хочи Акбар Турачонзода

    Comment by Fors | 28.10.2009 | Reply

  24. uzr, dutoi oxir xato shudand

    Comment by Fors | 28.10.2009 | Reply

  25. Banda Muso Isoevro dar kaori 10 tan az simoi borizi karni 20 didan mekhoham.

    Comment by Soleh | 30.11.2009 | Reply

  26. Хочи Акбар Турачонзода
    Салими Аюбзод
    Ахмадшохи Масъуд
    Лоик Шерали
    Бури Каримов
    Мусо Исоев
    Хомидшохи Масчои
    Нусратшох
    Иржи Бечка
    Тохири Абдучаббор

    Comment by ibodov | 20.12.2009 | Reply

  27. Салом нависандаи азиз Салим Аюбзод. Рости гап якумин бо ба сайт медароям. Гап нест хамаи бачахои ичада! Мехонаму худма хеле акибмонда хис мекнам.Хамихора кахрамонои асри гузашта фикр дорум.
    1. Садриддин Айни
    2. Бобочон Гафуров
    3. Нусратулло Махсум
    4. Турачонзода
    5. Тохири Абдучаббор
    6. Салим Аюбзод
    7. Сочидаи Мирзо
    8. Ахмадшох Масъуд
    9. Олимпур
    10.Осими

    Comment by Snaiper | 21.12.2009 | Reply

  28. Ассалому алайкум бузурги худо Салими Аюбзод.Ман ва дустонам хох,иш дорем,ки дар руйхати 10 симои боризи к,арни 20 одамоне,ки барои миллати точ,ик хизмат кардаанд ворид намоед.Руйхати мо чунин аст.
    1.Бури Карим
    2.Салими Аюбзод
    3.Иржи Бечка
    4.Тохири Абдучаббор
    5.Х,очи Акбар Турачонзода
    6.Рахим Масов
    7.Акбар Турсун
    8.Кадриддин Аслонов
    9.Аслиддин Сохибназар
    10.Давлати Худоназар

    Comment by olimbeg | 23.12.2009 | Reply

  29. Чи хеле бароодарооон дар боло кайд кардаанд дар хакикат чехрахои боризи карни гузашта кам нестанд. Ва меетавонистед 20 симои карни 20 номгузори мекардед. Чизи дигар онки тартиби чойгиршавии онхоро на аз руи давру сол балки аз руи бузурги сабт кардани онроо равшантар мефахмондед хуб меешуд Чунки баъзехо аз руи солхову даврхо тартиби чойгирии онхоро овардаанд, ба хар хол ин икдом боиси дастгирист ва фикри ман чунин аст.
    1.Устод Нури
    2.Лоик Шерали
    3.Осими
    4.Салим Аюбзод
    5.Отахон Латифи
    6.Олимпур
    7.Нусраттулло Махсум
    8.Тохири Абдучаббор
    9.Садриддин Айни
    10.Бобочон Гафуров
    Ба шумо муваффакият дар корхои эчодиятон, мухтарам Аюбзод.

    Comment by Набизода | 25.12.2009 | Reply

    • Эй, эй, эй… дустони арчманд ва ёрони фарзона! Муддате ин чо ворид нашуда будам ва мебинам, ки дар чанд паёми охир номи маро хам ба 10 чехраи боризи садаи 20 ворид кардаанд. Илтимосу илтичо ин корро накунед, ман аслан чунин арзишеро надорам ва коре хам накардаам.

      Бубинед, дар Тоҷикистон ман ба гурухи, ба гуфтаи шоири хушсухан Ашур Сафар, “ва дигарон” дохил мешавам. Мазмун, маро на расман ва на ғайрирасман эътироф намекунанд ва ман ба ҳаминаш ҳам шукр мегузорам. Даъво ва талабе надорам. Албатта, сипосгузорам аз ҳар яки Шумо барои чунин баҳои баланд, вале бовар кунед, арзандаи чунин баҳо нестам ва сониян, тавре мебинед, шукри Худо, ба асри 21 ҳам расидаму дар ин сада кор мекунам. Агар корҳои зиёд ва хубе анҷом диҳам, шояд ба 10 чеҳраи асри 21 ворид гардам (шӯхй)?

      Ба ҳар ҳол, биёед ин корро накунем ва аз рӯйи ҳақиқату адолат баҳо диҳем. Дуруд бар ҳамаи Шумо.

      Comment by aioubzod | 25.12.2009 | Reply

  30. Салом мухтарам Аюбзод. Ин кадар хоксории бисёр низ зебанда нест.Аммо дуруст аст ки иншооллох дар асри 21 боз китобхову маколахои шумо бар фархангу таърихи точикон тароват хоханд бахшид. Дар ин хол соли 2100-ум бигзор наберахои мо довари кунанд. Ин шахсиятхои вокеан бузурги бориз ба фикри ман инхоянд.
    1. Садриддин Айни.
    2. Турачонзода.
    3. Нусратулло Махсум.
    4. Устод Нури.
    5. Тохири Абдучаббор.
    6. Назирчон Турсунов.
    7. САЛИМ АЮБЗОД!
    8. Лоик Шерали.
    9. Бозор Собир.
    10.Аслиддин Сохибназар.

    Ба андешаи баъзе одамон хайронам, як шахсонеро ном бурдаанд, ки дар имконияту шароите ки онхо доранд ва ё доштанд дахкарата корхоеро анчом додан мумкин буд. Устод албатта инчизро хам ба назар гиред. Масалан чаноби Рахмон чикор кард ва дар имконияту шароите, ки у дошт магар ин басанда аст??? Саломат бошед.

    Comment by Naimjon | 22.01.2010 | Reply

  31. 1. Сангак Сафаров,
    2. Файзали Саидов,
    3. Лангари Лангариев,
    4. Курбон Чолов,
    5. Сухроб Косимов,
    6. Гаффор Мирзоев,
    7. Ёкуб Салимов,
    8. Э

    Comment by Часур | 31.08.2015 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: