Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Ёдбуди сафари Бухоро ва Самарқанд

1MadrasaХотираҳои ин сафар дар лаҳзаҳои гуногун тикка-тикка ба ман бармегаштанд, аммо чун тасодуфан аз миёни китобу коғазҳо дафтарчаи қайдҳои ондаврагиамро ёфтам ва чашмам ба номҳову таърихҳо афтод, гӯё дубора худро дар ин ду шаҳри бузурги ниёкон ҳис кардам ва ҳар сонияи он сафари хуршедиро дигарбора ба сар бурдам.

Номҳо имкон дод, чеҳраҳо рӯшантар пеши назарам оянду суханҳо шунавотар дар гӯшам садо диҳанд ва санаҳо фазову ҳолу ҳавои 21 сол пешро дар пиндорам зинда карданд.

ҲАЙАТИ РАСМӢ

Субҳи 24-уми октябри соли 1988 мудири киностудияи “Тоҷикфилм”, Саъдулло Раҳимов, ба ман занг зад ва пурсид, оё ин омодагиро дорам, ки дар як ҳайати расмӣ ба Бухоро ва Самарқанд сафар кунам. Билофосила ризоият додам. Гуфт, пас бояд ба назди раиси вақти Иттиҳоди синемагарони Тоҷикистон Давлат Худоназаров омада, аз ҷузъиёти ин маъмурият огоҳ шавам.

Устод Давлат гуфт, ин як сафари муҳими фарҳангист ҳамроҳ бо коргардони шаҳир Виктор Мирзоянтс, донишманди маъруф Ҳазрат Сабоҳӣ, ҳунарпешагони моҳир Ҳошим Раҳимов ва Асламшоҳ Раҳматуллоев. Ҳадаф аз сафар муаррифии филми “Кафорат” буд, ки чанде пеш рӯи парда омада, аз аввал то охир ба забони тоҷикӣ таҳия гаштааст.

Мебоист офарандаи симои асосии филм, ҳунарпешаи нодир ва варзишгари машҳур, Мӯсо Исоев ё Мӯсо Паҳлавони кӯҳпайкар низ бо мо ба Бухоро мерафт, вале он рӯзҳо вай дар Боку буд ва натавонист, то оғози сафари мо ба Душанбе баргардад.

Барномаи сафари мо бо мақомоти давлатии Узбакистон ҳамоҳанг шуда, қарор буд, сарварони шаҳру вилоятҳо низ моро ба ҳузур бипазиранд.

ДАР РОҲ

Соати 10-и шаб ба қатори роҳи оҳан нишастем. Сафар барои як журналисти ҷавон бо чунин ашхос хеле хушоянд буд. Мироянтс ва Асламшоҳ қиссаҳои ҷолиб нақл мекарданд. Махсусан, аз лаҳзаҳои хандаовари наворгирии филми “Кафорат”.

Шодравон Мирзоянтс бо вуҷуди мӯйлабҳои гангстерияш қадпаст ва хурдҷусса буд ва мегуфт, банаворгирии Мӯсои таҳамтан ӯро ба ромкунандаи шер ё фил монанд кардааст. Ҳошимҷон ҷиддӣ буд ва агар қиссае мегуфт, худ аслан намехандид, дар ҳоле ки дигарон аз ханда шикамашонро медоштанд. Ҳазрат Сабоҳӣ бештар ба хондану навиштан машғул буду мегуфт, сафар дар қатори роҳи оҳан беҳтарин фурсати навиштан аст.

Аммо ҳама як изтиробе доштем, ки оё сафари мо ба Бухоро ва Самарқанд чӣ гуна хоҳад гузашт. Ҳарчанд бо оғози сиёсати горбачевии бозсозӣ дар соли 1985 тоҷикони ин ду шаҳр сар афрошта буданд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд, мақомоти Узбакистон дар пасманзари рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ҳушманду қатъӣ намудор мешуданд.

БОСМАЧИЁНИ ХУБ

Соати 12-и рӯз ба Когон расидем. Дар вокзал сардори Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Бухоро, Ҳомидҷон Мухторов моро пешвоз гирифт. Саломуалейки ӯ ба забони русӣ буд, аммо пас аз лаҳзае комилан табиӣ ба тоҷикӣ гуфт: “Хайр, хуш омадетон. Шинетон мошинҳоба.” Мо хандидем.

Мухторов пурсид, филме, ки барои намоиш ба мардуми Бухоро овардаем, дар бораи чист. Мирзоянтс гуфт, дар бораи давраҳои босмачигарӣ.

Ҳазрат илова кард, аввалин филме, ки ҷанбаъҳои мусбати ин ҳаракатро нишон медиҳад. “Яъне, дар бораи босмачиёни хуб?” суол кард Мухторов. Ман гуфтам, “босмачии пушаймоншуда”.

Роҳбалади мо дигар чизе нагуфт, вале маълум буд, ки хеле ҳайратзада аст. Воқеан ин нахустин филми “Тоҷикфилм” буд, ки симои мураккаби босмачиро матраҳ мекард. Шодравон Мӯсо Исоев симои муҷоҳидеро бо ҳунари баланд офарид, ки дар байни оташи ватанхоҳӣ ва оби тараҳҳум ба мардуми худ монда буд.

Зимнан, “Тоҷикфилм” бештар бо филмҳое машҳур гашта буд, ки дар онҳо босмачиён танҳо аз зовияи манфӣ нишон дода мешуд.

МАКТАБИ РӮДАКӢ

Ҳомидҷон Мухторов моро ба меҳмонхонаи “Зарафшон” дар маркази шаҳри Бухоро овард ва дарҳол пас аз ҷобаҷо шудан ба мактаби ба номи Рӯдакии ноҳияи Рометан бурд. Дар ин мактаби тоҷикӣ, ки соли 1930 таъсис ёфтааст, вақти сафари мо 564 хонанда таҳсил мекард.

Мудири он, дастпарвари Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илми филология, Қурбоной Саидова бинои начандон бузург, аммо ороставу зебои мактабро ба мо нишон дод.

Муовини раиси кумиҷроияи вилояти Бухоро Мӯбина Саъдуллоевна Муҳаммадова низ моро ҳамроҳӣ мекард ва гуфт, аз лиҳози саводу дониш мактаби Рӯдакӣ яке аз беҳтарин мактабҳои вилоят аст. Омӯзгорони он хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанду Бухоро, Душанбе, Хуҷанд ва Тошканд будаанд. Бо кӯмаки бахше аз ин омӯзгорон дар ҳамин ноҳия боз як мактаби ҳаштсолaи тоҷикӣ боз шудааст.

СЕ МАКТАБИ ТОҶИКӢ

Ба гуфтаи хонуми Муҳаммадова, дар ҳамин ноҳия мактаби дигаре мавҷуд аст, мактаби ба номи Охунбобоев, ки солҳо пеш тоҷикӣ буд, аммо дертар онро ба мактаби узбакӣ табдил доданд. Ҳамон соли 1988, вақте дар ин мактаб синфҳои тоҷикӣ кушоданд, дигар касе ба синфҳои узбакӣ нарафт ва дар натиҷа мактаб пурра тоҷикӣ шуд.

Хонуми Муҳаммадова ҳикоя кард, ки худи ӯ то синфи чаҳорумияш дар мактаби узбакӣ хондааст. Вай ин таҳсилро “маҷбурӣ” номид ва вақте пурсидам, ки чаро, гуфт, ӯро ба мактаб мебурдаанд ва то вақте ки бобояш дар таги тиреза меистодааст, вай ҳам нишаста дарсҳоро гӯш мекард. Вақте ки бобояш мерафт, вай ҳам аз синф баромада мегурехт, зеро аз ончӣ дар синф мегузашт, чизе намефаҳмид. Пас аз синфи чаҳор волидайн маҷбур шудаанд, ӯро ба мактаби тоҷикӣ диҳанд.

Дертар дар соли 1991 ман шунидам, ки ҳам мактаби Охунбобоев ва ҳам ҳаштсола маҷбуран ба мактабҳои узбакӣ табдил дода шуданд. Аммо он вақт мақомоти Узбакистон ҷуръат накарда буданд, ки забони таълим дар мактаби Рӯдакиро иваз кунанд. Ҳоло вазъ чӣ гуна бошад?

КӮДАКОНИ ТОҶИКИ БУХОРО

Чашмони онҳо ҳаргиз аз ёдам намеравад. Дар ҳама чизи дигар онҳо аз хонандагон ҳар мактаби дигари дунё фарқе надоштанд. Шӯхию бозӣ мекарданд, ба ҳар тараф медавиданд, дод мезаданд. Аммо вақте мулоқоти мо оғоз ёфт, толорро сукути тамом фаро гирифт ва ҳангоме ки Ҳазрат Сабоҳӣ аз минбар сӯҳбат мекард, ман ба онҳо нигаристам ва дурахши чашмони онҳо ҷовидона дар хотираам нақш баст.

Ин чашмони гушнамасти онҳое буданд, ки ташнаи сухананд. Чашмони онҳое, ки гӯё медонистанд, қурбони бозиҳои бадбахтиовари бузурге шудаанд ва маҷбуранд дар чунин фазои пурдурӯғу изтиробангез ба воя расанд. Чашмони интизор. Чашмони кӯмакхоҳ.

Ҳазрат аз рушди ҳунари синемо дар Тоҷикистон ва достони филми “Кафорат” сӯҳбат мекард. Ногоҳ аз миёни толор дасте боло шуд ва кӯдаке пурсид, чаро намоишҳои телевизиони Тоҷикистонро намешавад дар Бухоро дид? Ҳазрат посухро ба ихтиёри намояндаи ҳукумати Узбакистон гузошт, ҳарчанд афзуд, ки бисёр хуб мешуд, агар мавҷҳои ин телевизион то диёри Айнӣ мерасиданд.

Пас пурсишҳои дигаре сарозер шуд. Чаро китобҳои дарсии онҳо кӯҳна ва каманд? Чаро маҷаллаҳо дер дастрас мешаванд? Хонандае гуфт, ки дар маҷаллаи маскавии “Советский экран” дар бораи чанд филми тоҷикӣ мақола хондааст, аммо ҳеч яке аз ин филмҳоро надидааст.

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Шахсан ман худро гунаҳкор ҳис мекардам. Гӯё тифлакон аз ман ҳимояту пуштибонӣ мехостанд, вале ман тавони чунин имдодро надоштам.

Вақте навбати сухан ба ман расид, пас аз зарурати таҳкими равобит миёни Бухоро ва Душанбе шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собирро хондам.

Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод.
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод.
Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш “Дониш”-и Сино гирифт.
Душмани бесуннаташ “Девон”-и Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро.
Барбарии нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро мисли гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд.
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ…

Ин тасвири дилгудози вазъи бухороиён буд. Дар идома сухан аз он меравад, ки тоҷик ҳама чизашро дод, аммо на забонашро ва забон буд, ки дар тӯли таърих тоҷикро наҷот дод.

Шеъри Бозор бачагони Бухороро шефтаву шайдо карда буд. Шояд на ҳама ба маъниҳои амиқи он дар он лаҳза сарфаҳм мерафт, вале танҳо лаҳну оҳанги шеър кофӣ буд, ки хунро дар рагҳои наврасони Бухоро ба ҷӯш орад.

Дар фосилаи кӯтоҳи пас аз суханҳо ва намоиши филм чандин нафари онҳо назди ман омад ва мехостанд, бо ман сӯҳбат кунанд ва акс бигиранд. Шояд фикр мекарданд, ман Бозор Собирам, аммо нахостам “шоирдузд” бошам ва ҳанӯз пеш аз қироати шеър муаллифро барояшон ошно карда будам.

НАМОИШИ ФИЛМ

Филми “Кафорат” васеъформат буд ва фақат қисмати марказии кадри он дар парда зоҳир шуда, барҳои он дар деворҳои паҳлу намудор гаштанд. Талошҳои Мирзоянтс барои ислоҳи вазъ натиҷае надод, зеро имконияте аз ин беш мавҷуд набуд. Ман шӯхӣ кардам, ки девори Бухоро барои афкору ҳунари ӯ тангӣ мекунад.

Бо вуҷуди намоиши сюрреалистӣ, ки гоҳе ҳолати бозиҳои имрӯзаи компютериро мегирифт, бачаҳо аксаран рӯи фарш нишаста, ба паҳлуи ҳам ғучида, диккак филмро тамошо мекарданд. Аз ҳама муҳимаш ин буд, ки ҳаргиз забони худро аз пардаи бузурги синемо нашунида буданд ва ҳамин чиз арзишеро дошт, ки якуним соат машаққат кашанд.

Дархости ман аз намояндаи комиҷроияи вилояти Бухоро, ки беҳтар аст, филмро дар кинотеатри марказии колхоз намоиш диҳем ва хонандагони ҳарсе мактаби тоҷикии ноҳия, падару модарони онҳоро низ он ҷо ҷамъ оварем, натиҷа надод. Барои мо регламенти маҳдуд омода карда буданд. Чунончи, дар Шофирком, деҳаи устод Айнӣ, намоиши филм аслан номумкин гашт…

(думбола дорад)

31.10.2009 - Posted by | Забони модарӣ, Синемо | ,

4 Comments »

  1. Monda naboshed, akoi Salim! Qissai khele dilchasp va guvoro! Man ham in sol dar Samarqandu Bukhoro budam va didani ahvoli zabondorii hamzabononamon khele dardnok bud… Davomashro intizoram!
    Muborak

    Comment by muborak | 01.11.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз сухани неки Шумо. Яке аз хадафхоям аз навиштани ин ёддошт талоши фахмидани ин аст, ки холо вазъ дар Бухорои азиз чй гуна бошад. Э кош, касе аз он шогирдони дабистон онро мехонданд ва аз худ хабар медоданд.

      Орзуи дигарам такрори ин сафари афсонавист.

      Comment by aioubzod | 03.11.2009 | Reply

  2. Дастатон дарда набинад устод! Дар холе ки ин киссаро ба завк мехондам, андешае пеши назарам омад: Магар пошхурии Шурави имкони мусоиде набуд, то мо точикон ба хам бипайвандем? Магар ноором сохтани вазъ маънои онро надорад, ки дар чунин як мархалаи хассоси таърихи бароварда кардани ин маромро душман тамоман номумкин гардонид? Ман шахсан чавоби нихоиро дар мавриди хожисахои солхои 90 барои худ пайдо кардам. Ва навиштачоти устод тахрикдихандаи чунин хулоса шуд.

    Comment by Далер | 02.11.2009 | Reply

  3. Дуруд бар Далери азиз. Комилан дуруст мегуед, яке аз сабабхои оташ додани чанги Точикистон ин буд, ки мардуми Бухоро ва Самарканд ба суи Душанбе чалю нашаванд. Инро на Тошканд мехост ва на Маскав. Дар холе ки нерухои мардумии Точикистон аз хамон огоз танхо мухторияти фархангии точикони Узбакистонро талаб доштанд ва пас аз руйдодхои Карабоги Кухй дигар дар пайи ба Точикистон хамрох кардани ин манотик набуданд. Мархалаи аввали бозсозии горбачевй комилан ба суди точикони минтака буд, шояд ин хоре дар чашми хамсоягон ва бегонагон гашт.

    Comment by aioubzod | 03.11.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: