Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Умдатарин мушкили ватани мо

12Зафар Сӯфии Фарғонӣ, дӯсту бародар ва ҳамкасби муваффақи банда аз Душанбе ба Прага паёми гарме фиристод. Номаашро мехондаму чеҳрааш пеши назарам меомад. Ҷавони ситорагарм, хоксору андешманд ва оромсухан дар ёдам бо он бакенбардҳои қатронияш шабеҳи кадом ҳунарпешаи филмҳои фаронсавӣ боқӣ мондааст.

Наздик ба 20 мешавад, ки ӯро надидаам, аммо садои хосаш туи гӯшам аст ва онро бо ҳеҷ садои дигаре иштибоҳӣ нахоҳам гирифт.

Шояд хабар надошт, ки нашрияашро мехонам. Гоҳе аз дасти дӯсте ба дастам мерасад ва гоҳе дар хулосаҳои матбуот мебинам, ки “Озодагон” ин ҳафта чӣ навиштааст.

Ҳафтаи гузашта ба муносибати садумин шумораи “Озодагон” андешаҳои соҳибназарони гуногуне зери унвони “Сад мушкили Тоҷикистон” ба чоп расида буд.

Аввал фикр кардам, магар осонгароӣ нест? Боке набуд, агар ватани мо ҳамагӣ 100 мушкил медошт. Афсӯс, мушкилҳои он хеле бештаранд.

Сипас, Зафарро сари миз бо ҳамкоронаш тасавввур кардам, ҷаласае гузоштааст ба муносибати садумин шумора ва пешниҳоди ҳамқаламонро мешунавад. Ва шод шудам, ки нашрия нахостааст, садумин шумораро ба таърифи хешу тавсифи корномаҳояш бахшад. Дар ивази ин талош шудааст, лоақал 100 мушкилро бо хонандагонаш матраҳ кунад.

Дарвоқеъ, баршумурдан ва омӯхтану донистани андак-андаки мушкилҳо қадаме ба ҳалли онҳо хоҳад буд. Аммо ончӣ мехондам, аксаран такрори гузаштаҳо буд. Фақат бархе аз соҳибназарон ба ҷанбаъҳои то ҳол матраҳнашудаи кӯчак, вале сарнавиштсоз ишора кардаанд.

Мақсад надорам, он андешаҳоро мавриди тақризу баррасӣ қарор диҳам, вале бояд бигӯям, ки бо яке аз онҳо 100 дар 100 ҳамсадову ҳамнавоям.

Ин риштаест, ки аз як сӯ комилан аз ёди ҳукумату ҷомеаи мо рафтааст ва аз сӯи дигар як ҷанбаи он баёнгари вазъи куллии кишвар мебошад.

Бояд ҳама чиро як сӯ гузошт ва бо синемо машғул шуд. Ин мушкили филмсозист, ки Зеваршои Муҳаммад дар миён гузоштааст. Бояд садҳо миллион долларро ба ин ришта харҷ кард ва ҳамин қадари дигар ба он сармоя гузошт.

Агар ҳадаф мунҳариф кардани таваҷҷӯҳи мардум аз мушкилҳояш аст, беҳтарин ва ҷолибтарин филмҳоро дар ихтиёраш гузоред. Агар ба ифтихори пуч ҳассосият доред ё мехоҳед туризмро ривоҷ диҳед, беҳтарин филмҳо офаред ба ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ бифиристед. Агар мехоҳед, забони модариро таҳким диҳед ва ё ормони миллиро таблиғ кунед, филмҳои ҷолибро таҳия кунед ва ба мардуми худ намоиш диҳед.

Агар мехоҳед, кишварҳои ҳамсоя шуморо эҳтиром кунанд ва бароятон душманӣ наварзанд, нақши занро дар ҷомеа боло баред, ахлоқи ҳамидаро ҷойгузини фасод намоед ва амнияти иттилоотии худро таъмин кардаву ба даъватҳои ҷаҳонӣ посух диҳед, филм бардоред ва ба намоиш гузоред. Осон шудани мушкили тарс, имиҷ, китобхонӣ, ҷалби сармояҳо ва чандин масъалаи дигар ба рушди синемои тоҷик бастагӣ хоҳад дошт.

Барои ин бояд ҳама гуна муҷаввиздиҳии таҳияи маводи вижуол ё намоишӣ лағв гардад. Бояд ҳар шахсе, ки истеъдод ва сармояашро дорад, битавонад, филм ба навор гирад ва ба таваҷҷӯҳи оламиён пешкаш кунад. Агар давлат синеморо фаромӯш кардааст, роҳ диҳад, мардум ба он расидагӣ кунанд.

Хуб, аммо Зафар чӣ навиштааст. Вай мегӯяд, ба муносибати садумин шумора сад мушкилро дар замимаи 8-сафҳагие нашр кард, вале ҳамаи мушкилҳо дар ин паҳно низ нагунҷидаанд. Биноан мавзӯъро идома доданист ва мехоҳад, ман дар бораи мушкили дигар — мавҷудияти рӯҳияи ғуломӣ чанд ҷумла бинависам. Пас ин соҳибназарон бо фармоиши нашрия дар бораи мушкилҳои кишвар навиштаанд? Албатта, шояд ҳам ину ҳам он.

Сухан кӯтоҳ, ҳарчанд талош кардам, супориши Зафарро иҷро кунам, натавонистам. Ин мушкил хеле амиқ ва густарда аст. Онро наметавон дар чанд ҷумла матраҳ кард. Пас чизи дигаре навиштам ба тариқи зайл:

“Яке аз умдатарин мушкилҳои ватани мо имрӯз нотамом боқӣ мондани ислоҳоти сохтори идорӣ ва зери бори миёншикан қарор доштани ҳукумати кишвар аст. Тамоми масъулияти ҳаёти мамлакат бар дӯши давлат гузошта шудааст, дар ҳоле ки он бояд танҳо амнияти кишвар ва иҷрои қонунҳоро таъмин карда, андозҳоро ҷамъ оварад ва барои ҳар шаҳрванд имкониятҳои баробар муҳайё намояд.

Анбӯҳи вазифаҳо доираи кори давлатро номуайяну тахминӣ ва фарогири кӯчактарин масъалаҳо кардааст. Дар натиҷа давлат аз ӯҳдаи иҷрои ин ҳама вазифаҳо намебарояд ва аммо ҷомеа танҳо нақши иҷрокунандаи дастнигарро мебозад ва ҳуқуқи комили пешбурди корҳои хоси худро надорад. Ин бетавозунӣ, ки қисман мероси гузашта аст ва қисман аз беэътимодии давлат ба шаҳрвандонаш сарчашма мегирад, решаи садҳо мушкили дигари кишвар мебошад.

Дар давлатҳои ғарбӣ нақшу вазифаи давлат комилан рӯшан ва марзҳои дахолати он ба риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дақиқанд. Бақия аъзои ҷомеа дар тамоми фаъолиятҳои хеш ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар доранд. Ҳукумат ва мардум аз рӯи шартномаи байниҳамие амал мекунанд, ки нақзи хурдтарин нуктаи он ба зарари ҳарду ҷониб тамом хоҳад шуд. Чунин мувозинат заминаи оромӣ ва рушд аст.”

Баъд аз навиштани ин порча донистам, хеле хуб аст, нашрия дар мушкилҳои кишвар кандукове мекунад. Он мушкилҳое осон мешаванд, ки бишносем ва дар ёд дошта бошем.

Ҳоло, назари дигарон оё чӣ бошад? Метавонем, мавзӯъро ин ҷо идома диҳем? Гуфтание доред?

04.11.2009 - Posted by | Ватан, Матбуот, Синемо | ,

7 Comments »

  1. Гапи бисьёр як хара бор!!!

    Comment by Mark Twain | 04.11.2009 | Reply

  2. Аз гуфтану ногуфтани мо суде мебуд одамон мегуфтанд. Вале ба гушхои пумба зада овоз намерасад. Точикистон 100 мушкили надорад. Он факад ду МУШКИЛИ дорад. Роххо ва Ахмакхо.

    Comment by Mark Twain | 04.11.2009 | Reply

    • Ин ду мушкил хоси русхост. Иттифокан, роххо дар Точикистон бо мадади хитоихо холо бехтаринанд.

      Аз мо факат гуфтан ва гуфтан дар баъзе холатхо чоряк кардан асту хостан ними он.

      Comment by aioubzod | 04.11.2009 | Reply

  3. Аслан ин як дилемма аст, ки хукумати мо мехохад хама чизро дар зери назорати худаш дошта бошад. Аз таваллуди кудакон сар карда (зимнан мисле ки хостори камтар шудани таваллуд аст) то туйю сур, масчидравй ва дафни инсон. Мехохад он чизхоеро ки дар даруни магзи сари одамон мегузарад хам дар зери назорат бигирад ва мазхабу суннатхоро муайян кунад. Вале вазифаи асосии худашро, яъне таъмини чойи кор ва шароитхои баробар барои хамаи шахрвандон ичро намекунад. Шумо гуед, ки ин хел хукумат ба кй даркор?

    Баракс ин хукумат ба баъзе афрод, аъзои баъзе оилахо имкониятхои пурраи бойшавй медихад ва хама гуна шонсхои одамони шоистаро несту нобуд мекунад. Ба фикрам, Точикистон на 100, балки 1 мушкили асосй дорад, ки он хам бошад хукумати он аст. Ин мушкил халли худашро пайдо кунад, хамаи мушкилу масъалахои дигар ба осонй хал хоханд шуд.

    Ин назари шахсии ман аст. Марктвейнхо метавонанд розй набошанд ва бехтар аст, сукут ихтиёр кунанд.

    Comment by Samandar | 04.11.2009 | Reply

    • Самандари арҷманд.

      Манзури ман ин набудаву нест, ки ҳукумат мушкили мардуми мост, балки номуайянии вазифа ва салоҳиятҳо ва ё ба истилоҳ, тақсими кор байни давлат ва ҷомеа, ва имконияти ғайратмандию худидораи ҷомеа мушкили асосй мебошад.

      Дар дунё ҳанӯз кишваре набудаасту нест, ки битавонад, бе сарвару ҳукумат вуҷуд дошта бошад.

      Comment by aioubzod | 04.11.2009 | Reply

  4. Ман бо Самандар комилан хамфикрам.

    Comment by Хуршед | 05.11.2009 | Reply

  5. Хукумати кшвар низ фахмидааст, ки халк дига ба он бовар надорад. Мансабдорон факату факат барои мустахкам кардани кудрати чаноби олй кор мекунанд ва дар ивази ин кисахои худро пур мекунанд. Барои хамин чаноби олй гохо онхоро танкид мекунад, аммо аз сари дастархон дур намекунад.

    Comment by Рустам | 06.11.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: