Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Достони сафари Бухоро (Бахши 2)

4_bukhara__16 Вақте қатори мошинҳои мо аз кӯчае дар деҳаи Маҳаллаи Боло мегузашт, Ҳазрат Сабоҳӣ ба мо хонаеро нишон дод, ки Садриддини Айнӣ солҳои бачагияшро он ҷо гузарондааст. Дархости моро ба зиёрати ин манзил ва ҳам деҳаи Соктаре роҳбаладонамон бо баҳонаи тангии фурсат напазируфтанд. Аз алам ин кӯчаи пурдарахт ва дарвозаҳои мунаққаш ҷовидона дар ёди ман монд. Вале беш аз ҳама “девори Бухоро” хотирнишин буд.

Агар ягон бор посхаи аз барфу борон хокшудаи поинтар аз қади одамро дида бошед, ин аст Девор Бухоро. Самти дарунии он, яъне тарафи шаҳр, хонаҳои пастаки назарногир дорад ва беруни он пахтазоре доман паҳн кардааст.

Боварам наомада буд, ки Исмоили Сомонӣ худро ба ҳамин девор ташбеҳ дода бошад. Магар ин буд деворе, ки як аспуароба аз болояш мегузашт? Девор ба ҳамин ҳол афтод, ки мо дар чунин ҳолем ва бухороиён дар чунин ҳол.

ШАҲРАКИ ВИЛОЯТӢ

Бардошти куллии ман ин буд, ки соҳибони кунунии Бухоро амдан хостаанд, онро ба як шаҳраки одии музофотӣ табдил диҳанд, зеро шукӯҳу ҷалоли ин нофи ҷаҳон ба манфиати онҳо набудааст. Шӯравӣ ҳам ба чунин сиёсат розӣ буд, зеро намехост, шаҳре, ки дар борааш мегуфтанд, “Бухоро маркази ислому дин аст”, дастовардҳои низоми шӯравиро камранг кунад.

Шаҳре, ки як замон дар пояи марказҳои хилофати исломӣ қарор дошт, маҳкум ба ин шуда буд, ки дар баробари шаҳрҳои навбунёди шӯравӣ ба як осорхонаи кӯчаку нимвайрона табдил ёбад.

“КУТАМАН”

Ин ҳол ба рӯҳияи мардуми Бухоро низ таъсир гузошта буд. Рӯҳияи онҳоро мо дар мулоқоте шоҳид шудем, ки бо аҳли яке аз колхозҳои ноҳияи Шофирком дар мактаби миёнаи рақами 9, ба номи Рӯдакӣ баргузор шуд. Сӯҳбат дар бораи филми “Кафорат” ором гузашт, вале чун ман боз шеъри “Забони модарӣ”-ро хондам ва гуфтам, забони форсии тоҷикӣ аз ҳамин ҷо оғоз ёфтааст ва бояд дар ин ҷо устувору шодоб боқӣ бимонад, аввал сукуте дар миён афтод ва сипас пирамарде навбати сухан гирифт.

Вай тақрибан чунин гуфт: “Ин ҷо дар бораи забон гап заданд, ман пурра ба ин суханон розиям. Ҳамин дирӯзакак буд, ки набераам вақте ки дарсҳояшро тайёр мекард, аз ман пурсид, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Ман гуфтам, “кутаман”? О магар ҳаминро ҳам намедонӣ. “Кутаман” чӣ мешавад, намедонӣ? О “кутаман” — ин…ин… Яъне ин, “кутаман”… Чанд бор ин калимаро такрор кардам, хуб фикр кардам, аммо наёфтам, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Хестаму яктаҳамро пӯшида, асоямро гирифтам ва чойхона омадам. Якчанд нафар аз ҳамсолонам он ҷо нишаста буданд…”

Мӯйсафед чанд номеро ба забон гирифт ва дар ҳоле ки ба ин сару он сари толор гашта нигоҳ мекард, гуфт, ёдатон ҳаст, фулониҳо, Шумо ҳам он ҷо будед.

Сипас афзуд, “ҳамаи Шуморо пурсидам, якта ба якта пурсидам, ҳеҷ кадоматон надонистед, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Баъд яке аз муаллимон, ки он ҷо меомад, гуфт, “кутаман” ба тоҷикӣ “интизор мешавам” аст. Ҳамаамон “воҳ” гуфтему хандидем, ки ин қадар осон будааст, дар сари забонамон буду гуфта наметавонистем.”

Пирамард лаҳзае сукут варзид. Ҳама дар толор сокит буданд. Сипас гуфт, “манзури ман ин ки ҳамин хел якдонаӣ мо оҳиста–оҳиста калимаҳоро гум мекунем ва як рӯзе мерасад, ки дигар ба фарзандонамон гуфта наметавонем, ки ин калима ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Ва ҳамин хел як рӯз забонамонро аз даст медиҳем, фаромӯш мекунем…”

ФАРЁДИ ДАРД

Мӯйсафед хеле самимона ва бадард сӯҳбат мекард ва гӯё як толор мардуми хуфтаро аз хоб бедор кард. Мавҷи сухан бархост. Яке мегуфт, “чаро ва кӣ моро дар ҳудуди Узбакистон гузошт”, дигаре изофа мекард, “барои чӣ бачаҳои мо бояд ба забони бегона мактаб хонанд” ва савумӣ меафзуд, ки чаро ноҳия рӯзномаи тоҷикӣ надорад?

Ман тасаввур мекардам, ки агар дар Рометан ҳам мо на танҳо бо мактабиён, балки бо мардум мулоқот мекардем, чӣ радду бадалҳое ба миён меафтод.

Ҷавоне бархост ва гуфт, архивҳоро хондааст ва донистааст, ки то соли 1950 дар Шофирком ҳама тоҷик будаанд, акнун ними аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳояшон узбак нависонда шудаанд. Дигаре афзуд, як масхарабозист, ки вай ва хоҳараш тоҷиканд, аммо додараш узбак, ҳол он ки ҳама аз як падару модар ба дунё омадаанд. Вай гуфт, тамоми талошҳои ӯ барои ислоҳи ҳуҷҷати додараш натиҷае надодаанд.

Зане аз ҷой хест ва гуфт, дар идораи шиносномадиҳӣ ҳам тоҷикон кор мекунанд ва ин масъалаҳоро медонанд, вале мегӯянд, барояшон аз марказ ба онҳо фармон шудааст, ки ҳамаи навзодонро узбак нависанд ва касе намехоҳад, бояд бо бору бунааш ба Тоҷикистон кӯчида равад.

ЭЪТИРОЗИ РАИС

Раиси колхоз, марди фарбеҳ ва тангчашм, ки паҳлуи мо дар садр нишаста буд, фарёд зад, ки ин ҷо барои чунин гапҳо ҷамъ нашудаем, балки барои тамошои филм, бас кунед, иғваогариҳоро. Вай ба пирамарде, ки баҳсро бо достони вожаи “кутаман” сар карда буд, нигариста, мушт дар ҳаво такон дод, ки ҳоло ист, бо ту сари кор хоҳам дошт. Ҳампаҳлуи пирамард гап андохт: “Рости гапро гуфтааст, чӣ шудааст?”

Ҳазрат Сабоҳӣ ва Ҳошим Раҳимов тақрибан баробар ба раис рӯ оварданд ва гуфтанд, ба одамон фишор наоред, монед, гапашонро гӯянд ва дилашонро холӣ кунанд.

Раис аз ҷой бархост ва гуфт, ҳеҷ гуна тамошои филм намешавад, ҷамъомад — тамом! Вай “филм” не, балки “пилм” талаффуз кард. Мардум дар як они воҳид хомӯш шуданд. Раис аз саҳна фуромад ва тарафи дар рафт. Қомати кӯтоҳи ӯ дар ин лаҳзаҳо аз қадди баланди аҳли толор болотар буд. Вай хаёле мелангид. “Қомати кӯтоҳи манғит аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд…”

Ҳамаи талошҳои Мирзоянтс ва дигар аъзои ҳайати мо бефоида буд. Раис ва намояндаи кумитаи иҷроияи шаҳр моро ба мошинҳо даъват карданд. Мардум, ки аз думболи мо ба берун рехта буданд, хоҳиш карданд, агар филмро намоиш намедиҳед, ақаллан як пиёла чойи моро бигиред.

ПЕШНИҲОДИ МИРЗОЯНТС

Виктор Мирзоянтс, зодаи Қӯрғонтеппа, фарзанди падари арман ва модари рус, урфу одати тоҷиконро ба дараҷаи олӣ медонист. Вай гуфт, “аз насиба, аз нон рӯ тофтан гуноҳ аст.” Ин суханон сабаб гашт, ки мо ба тарафи хоначае дар паҳлуи маҷлисгоҳ равон шудем. Намояндаи кумитаи иҷроия бо мо омад, вале раис наомад.

Дар мизҳои баҳамчаспондаи ин ҳуҷра дастархони пур аз нозу неъмат омодаи мо буд. Вале ҳеҷ яке аз мо иштиҳо надоштем. Нишстему як буридагӣ нон насиба кардем. Аҳли деҳа бо ҳамдардӣ ба мо менигаристанд ва ғамгин буданд. Ман ба онҳо гуфтам, парво накунед, ҳамаи ин ҳодисаро мо ба раҳбарони вилоят мерасонем. Ба пирамарди “кутаман” ҳам бигӯед, ки аслан ҳаросе надошта бошад. Замона дигар шудааст. Раҳбарони вилоят ҳама чизро хуб мефаҳманд.

ДАҲОНИ ТАЛХ

Бархостанӣ будем, ки бухороиён гуфтанд, ҳоло таомро меоранд. Мо рад кардем. Онҳо номи таомеро гуфтанд, ки махус барои мо омода карда буданд. Шалғамчаҳои хурде, ки дар мантупазак бо буғ пухта шудаанд, аз ёдам намеравад. Шалғам одатан талхие дорад. Даҳони мо аз сӯҳбатҳои ноҷӯр ва рафтори бехирадонаи раис талх шуда буд, аммо ин шалғамчаҳо онро ширин кард.

Ман тасмими қатъӣ гирифтам, ки аз бадрафтории раис ба раҳбарони вилоят шикоят хоҳам кард…

07.11.2009 - Posted by | Забони модарӣ, Синемо, Фарҳанг |

18 Comments »

  1. Сипоси бекарон. Ин хотирахо тухматхоро, ки мардуми Бухоро парвои забону миллати худро надорад, ботил мекунанд. Дастатон дард накунад. Идомаашро интизорем.

    Comment by Рустам | 07.11.2009 | Reply

    • Дуруду сипос ба Рустами азиз. Ҳастед, ки ҳастем. Ва идома медиҳем.

      Comment by aioubzod | 09.11.2009 | Reply

  2. Матлаби хеле пуртаъсир, пурсуз. Худо шуморо нигох дорад.

    Comment by Aziz | 08.11.2009 | Reply

    • Шуморо ҳам офаридгори пок дар паноҳаш нигоҳ дорад, Азизи худованд бошед. Сипосгузорам, ки сузишро ҳис кардаед.

      Comment by aioubzod | 09.11.2009 | Reply

  3. Man ba yak chiz haironam, ki charo imruz hukumati Tojikiston dar borai tojikoni Uzbakiston fikre namekunad. Ba’zan hatto az rushanfikroni tojik meshunavam, ki meguyand, digar naboyad Samarqandu Bukhoro guft, on mardum ba mo begonaand. Bo in ahvol onho khudro davlati MILLI meshumorand. Buzro khanda meoyad ba in buzboziho.

    Comment by Samandar | 08.11.2009 | Reply

    • Салом ва сипос, Самандари арҷманд. Шояд рузе хукматхо бо хам забон ёбанд ва бидонанд, ки роҳе мераванд танҳо ба суи хусумату хушунат аст ва бояд ҳаққи инсонҳоро эҳтиром кунанд. Дар бораи чунин овозаҳо шунидаам. Он бечорагонро наметавон равшанфикр номид. Торикфикранд онҳо!

      Comment by aioubzod | 09.11.2009 | Reply

  4. Buxoro va Samarkand- in asosi tamadduni Tojikon va kal’ahoi oxirini on budand. Bo dasti rus va uzbak az mo kanda shudand. Yane farhang va millati Tojikro sar buridand va aknun in tani besar(Tojikiston) xudro har taraf zada istoda holi tabohashro boz ham badtar karda istodaast.

    Comment by saytavarali | 09.11.2009 | Reply

    • Ташаккур аз ҳамдилии Шумо. Ман ҳис мекунам, ки ашхоси ҳамфикру ҳамназари мову Шумо то рафт зиёдтару зиёдтар мешаванд ва ин ҳолат умедро қувват мебахшад. Шодобу сарбаланд бошед! Бигзор умед ҳамеша зинда ва шӯълавар бимонад!

      Comment by aioubzod | 09.11.2009 | Reply

  5. Хамаи еддоштхои талху ширини марбут ба торихи сиеси ва ичтимоии халкамонро бояд руи когаз овард ва хам илочи дардхоямонро чуст. Хаста набошед Салимчон, сoлим ва муваффак бошед!

    Comment by muborak | 09.11.2009 | Reply

    • Ташаккур аз бонуи равшанзамир. Худо кунад, рузе Энтсиклопедии Бухоро ва Самарқанд мунташир шавад.

      Comment by aioubzod | 09.11.2009 | Reply

  6. Ташаккури зиёд! хакикатхое, ки то кунун инсонхо метарсанд изхор кунанд дар инчо ошкор шуд. Иншоаллох, рузе бар мерасад, ки чавонони Бухорову Самарканд бо забони аслии худ харф мезананд. Барои ин, хар як фарди Точик масулин аст, ки забони худро зинда дорад. Саломат бошед…

    Comment by Акобир А Ахмедов | 10.11.2009 | Reply

    • Шумо хам саломат бошед, муҳтарам Акобир. Дар ҳақиқат зинда доштани забон вазифаи ҳар як тоҷик аст. Шукр мегузорам, ки дафтарчаи қайдҳои сафари ман ёфт шуд ва ҳоло метавонам, бо дили пур ва бар пояи факту далел бинависам.

      Орзуе дорам, бидонам, ки инсонҳои наҷибе, ки дар давоми сафар мулоқот кардем, ҳоло куҷо ва банди чӣ корҳое бошанд.

      Comment by aioubzod | 10.11.2009 | Reply

  7. Salom barodari az chashm dur va ba dil nazdikam Salim.
    Baraksi umdai tojikon ba fikri banda azdast ravii tojikiston in muddati daroze bud ki bo shikasti Somoniyon oghoz yoft va fe’lan bo paydoishi Uzbakiston az dast raft. Vale in hodisa na doimist va bargashti Bukhorovu Samarkand ba marzu bumi Tojikiston bo ta’sisi RSS Tojikiston oghoz yoft. In rohi bebozgasht ast vale duru daroz zero baroi organizmi buzurge chun davlat solho ba misli ruzand.
    Man xayolparast nestam. Katiyan. Tojikiston rohi tulonie az jumhurii avtonomi to davlati sohibistiklol tay kard. Soli 2009 soli baroi Tojik bisyor mufid hast insholloh. Zero bori avval dar tarixi pas az shuravi mo itoati bechunu charo ba millati Rusro zeri suol kardem va rusho bori avval etiroz az tojikro shunidand. Bigzor onho inro ba tamaskhur bayon kardand. Va ba in mo boyad arzi sipos ba baze hodisaho va ashxoson kunem ki dar doirai sababho ba mo peshravihoi bebozgasht baxshidand.
    Ahxose ki boyad arzi sipos kunem inhoyand:

    1. Islom Karimov-avvalin shaxse ki tavonist ba tojik aynalyakin fahmonad ki dushman dar berun ast va tafrika ne vahdatu yagonagi boyad. Mahz ust ki khalki moro ba khud ovard. Behtar az in katalizatore baroi khudogohii millati mo ba fikram nomumkin ast. Buridani gaz, mankardani sodirotu voridot vgh a’moli ayoni bemakru hilla va berun az diplomasi budand, ki vodor soxtand jismi azxud raftai millati tojikro boz ham ba arenai baynalmilli orad. Onchi ki mo soxta natavonistem Karimov ba mo muft baxshid. Agar tashakkur guftan ba Karimov durust mebud man avval ba u mahdu sano mexondam vale dar in kor niyat muhim ast na natija. Zero agar in xel nameshud Shayton ba imoni komil ba dast ovardani avliyo va anbiyo sabab gasht. Vale niyat uro ba mujozot mebarad na natoij:-). Kur’oni sharif chi zebo mefarmoyad: Onho ba xud “plane” doshtand, vale Olloh bar onho “plan”-i digare. Olloh Plankashi behtarin ast” Sadakta va ahsanul natakta(Durust farmudi va chi zebo farmudi”.

    2. Putin va Medvedev: Va’dai 2milyardai Putin va bayoniyayi Toshkandii Medvedev ki dastgirii Karimovro dar sokhti Roghun kard ba tojikon boz yak plani zaboi Xudo bud. Zero ghulomoni nochiz az darki dushman va bechunucharoparasti Rusi moro vodor soxt to fahmad ki Rusho manfiati xudro bo makr ba dast meorand. Dar fikri manfiatand na dar bunyodi vatani mahbubamon. Rusiya az in pas ba nazardoshti man ba mo dar hakikat shariki strategi megardad na sohibi mo. Dar bunyodi obekthoi enerji az kabili atomi, hidroelektriki va naftugaz mablaghguzori mekunad. In ba manfiati hardu jonib megardad. Yagona monea dar in roh istixroji bazahoi harbii Rusiya hast ki pursishi narx baroi baza niz kadami avval bud.

    3. Emomali Rahmon – Kase chize guyad ham in shaxs baroi Tojikiston foidai behisobe ovard. Jasurro kushi ham hakashro deh meguyand. Ba digar davlat nadodani kontroli gesi Rogun xud yak strategiyai dohiyonai ust. Zero baroi soxti du agregati avval beshtari korho allakay ba subotast. Muddati bunyodi on 3-4 sol ast va kimmatash 600 milyon. Allakay Tojikiston seyaki onro judo kard. Dar mudati bokimonda mablagi bokimondaro niz metavonad barorad. Shoyad az sababi ta’khir xalk dar in kor bo shubha menigarad vale yagon davlat Rogunro dar yak sol namesozad ku. Kase mebud hamin bo haminsurat bunyodi GES davom meyoft. O yak bined ki bo tamomi agitatsiyaash davlati abadkudrati Shuravi Norakro dar chand sol soxt?
    Strategiya bo Chinu Ukrainavu Rusyai Raisi Shuro shoyoni takdir ast. Kambudi dar hamkori bo IMA, Avrupo va Hinduston ast. Vale dar umum man siyosati Emomali Rahmonro jonibdori mekunam.

    Tojikiston az imsol bori avval ba siyosati jiddii xorishi shuru kard. Istikloliyati Tojikiston safhai muhimi bargashti Samarkandu Bukhorost. Rosti chunin dilbari zeboero chun Samarkandu Buxoroi Sharif ba dast ovardan na kori oson ast. Pesh az vuslat boyad Tojikiston kambudihoi ziyodero isloh kunad. In Islohot ba tavri tadriji istikloliyati energetiki, iktisodi, farhangi va millist. Man umedi komil doram ki dar mudati 10 soli oyanda in safhaho ba subut merasand. Va tanho bad az on avvalin kadami fe’lii az navsozii marzubumi millii mo megardad. Ba’d az dah sol bo amri Yazdoni pok insholloh ba mashomi millati najibi tojik bui jui mulliyon xohad omad az inru EY BUKHORO SHOD BOSHU DER ZI. MIR NAZDAD MEHMON OYAD HAME.

    Roh malum ast, bebozgash ast. Mo ba xud boyad savol dihem ki dar in roh shaxsan xud chi karda metavonem. In na filmi sinamost ki mo tamosho kunem. In filmest bo “plani” Olloh dar navor girifta shuda istodaast va moyon nakshbozoni in filmem ki roli on ba ikhtiyori mo doda shuda. Yo pasiv yo aktiv.

    Dar okhir ba hammilatoni dokhilivu khoriji az Xudo sabri komil va ba shumo barodari azizam Salimjon burdboriho tamanno doram.

    Comment by Voris | 14.11.2009 | Reply

    • Ташаккур аз заҳматҳои Шумо, Вориси арҷманд! Хеле муфассал, бодалел ва мушикофона навиштаед. Ва мухимтар аз хама бо хамаи дарду андухе, ки аз ин бохт солхову солхост, мардуми моро азийят медихад.

      Дар ҳақиқат ин як роҳи дароз ва сахт аст, аммо бояд рафт, бояд қадам зад, зеро гуфтаанд, касе ки қадам мезанад, ба ҷое мерасад. Умедвор бояд буд, ки орзухо рузе чоами амал бипушанд ва ҳуқуқи ҳеҷ кас дар ҷаҳон зери по нашавад.

      Бароятон сарбаландй ва нерӯи Рустамона орзу мекунам.

      Comment by aioubzod | 21.11.2009 | Reply

  8. Устод!
    бехтарин торнигор.

    Comment by Бехзод | 20.11.2009 | Reply

    • Сипосгузорам аз лутфи Шумо. Вале, дареғо, устод наям.

      Comment by aioubzod | 21.11.2009 | Reply

  9. Акои Салими Абюзод,
    шумо бовари доред, ки Самарканду Бухоро дар садсолахо ё умуман баъди солхои зиёд боз ба точикон бармегардад.Ё то фано дар дасти Узбакон боки мемонад.
    Назари Шумо

    Comment by Бехзод | 20.11.2009 | Reply

    • Ҳоло хуб гуфтед. Мехоҳам, бо мисраъи паёмбаронаи ҳазрати Хоҷа Ҳофиз посух диҳам, мисраъе, ки тамоми умр ба ман рӯҳу тавон додааст:

      Доиман яксон намонад даври гардон, ғам махӯр…

      Бовар ба ин дорам, ки дунё ҳамеша яксон намемонад ва ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Пас рӯзе мерасаду орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд. Ман ба ин бовари комил дорам.

      Comment by aioubzod | 21.11.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: