Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Умари Хайём ва босмачиёни қарни бист

65aБовар дорам, каме дар шигифт хоҳед буд, ки Умари Хайёмро бо босмачиён чӣ нисбату пайвандест? Вале набояд чунин гумошт, ки мақсад аз ин сарлавҳа танҳо ҷалби таваҷҷӯҳи хонанда аст. Муаллифон баъзан ду ё се мафҳум ё номи комилан аз ҳам дурро дар як саф мегузоранд ва хонанда ҳаққи инро дорад, ки вақти хондан дараҷаи пайванд байни онҳоро худ муайян кунад.

Хуб. Бори дигар ба сарлавҳа нигаред: ” Умари Хайём ва босмачиёни қарни бист”.

Нахустин пайванд байни ду мубтадои мо ин аст, ки соҳиби торнигор солҳост, орзу дорад, дар бораи шахсияти Умари Хайём ҳамчун шоири файласуф ё файласуфи шоир ва симои аслии муборизони зидди рус дар солҳои 1918-1931 матлабе нависад. Ду матлаби ҷудогонае дар як сар.

Пайванди хеле заъиф ва шахсӣ, на?

ЧЕҲРАҲОИ БОРИЗ

Ҳам дар бораи Хайём, саҳеҳтараш, муносибат ба рубоиёти Хайём ва ҳам дар бораи босмачиён, дақиқтараш, назари доноён ба ин ҷумбиш порчаҳое дар китоби “Сад ранги сад сол” навиштаам.

Аслан, нахустин сухани нисбатан некро дар бораи “босмачиён”-и ватанхоҳ ҳанӯз соли 1989 дар “Адабиёт ва санъат” нашр карда будам. Талоши таҳқиқи симои Хайёмро дар вижагуфтори “Ҳамнафас” ҳамроҳ бо ҳамкорам, Раҳматкарими Давлат ва журналистони ҷавон Абдураҳими Умарзоду Нилуфари Собир карда будем.

Аммо ин ду мавзӯъи ҷолиб ба ин ё он сабаб ҳамеша ба ман бармегарданд ва зеҳнамро пур мекунанд.

Барои намуна, дар баҳсе, ки рӯйи 10 чеҳраи боризи садаи гузашта доштем, ҳеч кас номи ягон муборизи зиддиболшевикиро, ки дар таърих бо истилоҳи ғалати “босмачӣ” мондаанд, наовард.

“Босмачӣ” ва “босмачигарӣ” — номгузории бегонагон ба падидаи зидди худашон аст. Шабеҳи “ашрор” ва “душман” дар Афғонистони давраи ҷанги Шӯравӣ, ки акнун худи номгузорон ҳам маҷбуранд, аз ин вожаҳо парҳез кунанд.

Ҳоло “ашрор”-ро “муҷоҳид” меноманд, вале “муҷоҳидон”-и мо ҳамоно “босмачӣ” мондаанд. Ин яке гӯё “сафед” шуд, он яке на танҳо дар забони номгузорони бегона, балки ҳатто дар нигоҳи мардуми худи мо низ ҳамоно “сиёҳ” боқӣ мондааст. Ва ин сиёҳномист, ки намегузорад, ҳеч яке аз муҷоҳидони давраи ҳуҷуми болшевикро дар сафи чеҳраҳои боризи қарн ҷой бидиҳем.

Сахтем. Сахткукшуда. Кукшуда барои садсолаҳо.

Ё САФЕД, Ё СИЁҲ…

Аслан биниши мо ҳамоно болшевикист, зеро ба иллати нокомиҳои сунъӣ ва таҳмилшудаи давраи истиқлолият ва ҳасрати замони осудаи шӯравӣ, мо ҳанӯз аз зери мероси болшевизми ҷанговар берун нашудаем. Ҳама кас ё ҳама чиз бароямон ё сафеданд, ё сиёҳ. Ранги дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Агар фикр мекунед, чунин биниш ҳамроҳи насли калонсол то ба имрӯз расидааст, иштибоҳ мекунед, зеро нигоҳи насли ҷавони мо низ зери ин таъсир аст ва фарқи чандоне надорад.

Агар “Сад ранги сад сол”-ро хонед, он ҷо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки намояндаи насли калонсоли мост, мегӯянд, ки ҳаракати, ба истилоҳ, “босмачӣ” яксон набуд ва ба чандин шохаҳо ҷудо шуда, дар байни онҳо афрод ва шахсиятҳои гуногуне вуҷуд доштанд. Ин суханон ҳанӯз дар соли 1999 садо дода буданд.

Аз он ҷо ки то ҳол ин рангорангӣ таҳқиқ ва исбот нашудааст, мо исми намояндагони танҳо як тарафи ҷабҳаро ба номгӯи 10 чеҳраи бориз ворид мекунем (Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум…) ва тарафи дигар аз бунёд рад мешавад. Сиёҳ мемонад.

ҲОМИД, НУСРАТШОҲ, ДАВЛАТМАНД…

Аз хурдсолӣ дар хотир дорам, ки мардуми Масчо номи муҷоҳидони худ, махсусан Ҳомидро бо муҳаббат ба забон меоранд. Ҳатто дар сахттарин давраҳои сонсур ва пайгарди замони шӯравӣ низ дар маҳфилу гаштакҳо одамон Ҳомидро ҳамчун як қаҳрамон ва инсони нек ёд мекарданд.

Яке симову чеҳраи ӯро тасвир мекард, ки чашмони калону дурахшон ва зебое доштааст. Дигаре бо бовари тамом мегуфт, чилтанҳои пок ёри Ҳомид буданд, ки тир дар ӯ пай намекард. Савумӣ меафзуд, Ҳомид ҳаргиз асиронашро намекушт, балки силоҳи онҳоро гирифтаву озодашон мекард (хислате ки дертар дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд шунидаем). Чаҳорумӣ изофа мекард, Ҳомид модарашро бисёр дӯст медошт ва вақте ки асиронро озод мекард, мегуфт, онҳо ҳам модар доранд ва агар кушта шаванд, ҷигари модараш хун хоҳад гашт.

Ҳамчун сипаҳсолор муваффақ буд ва марзҳои ҳокимияти мири Масчоро то марзи Самарқанд кашонда буд. Тибқи асноди маҳфуз дар бойгониҳои Русия, сарони артиши сурх аз Ҳомид ҳам ҳарос доштанд ва ҳам ӯро эҳтиром мекарданд. Биноан, ба камияш се бор кӯшиданд, бо Ҳомид сулҳ ва ӯро ба тарафи худ мойил кунанд.

Ҳомид дар навбати худ ин созишҳои муваққатиро барои таҳкиму танзим ва тамрини нерӯҳояш истифода мекард, ҳарчанд ин ҳолат шубҳаву гумонеро дар дили мир ва атрофиёни ӯ ангезиш медод. Ин ҳам дар ҳоле ки худи мири Масчо Аҳмадхоҷа омодагӣ мегирифт, Ҳомидро ба русҳо бифурӯшад.

Ниҳоят, Ҳомид дар баҳори соли 1923 бо хиёнат ва ба дасти Асрорхон, бародари кӯчаки мири Масчо кушта шудааст. Ҳалокати ӯ сабаб гашт, ки болшевик тавонист, дар муддати кӯтоҳ водиеро, ки солҳо наметавонист, ишғол кунад, ба даст орад.

НОМҲОИ ДИГАР

Масчо як минтақаи стратегӣ буд, зеро ҷумбиши зиддирусии водии Фарғонаро бо муҷоҳидони Бухорои Шарқӣ пайванд мекард. Вақте ин шоҳраги ҷиҳод бурида шуд, ҳам дар Фарғона ва ҳам дар Бухорои Шарқӣ таназзули муқовимат ба болшевик оғоз гирифт.

Дар ҳарду тарафи дараи Масчо, чӣ дар Фарғона ва чӣ дар Бухорои Шарқӣ фармондеҳони зиёди дигаре аз худ корномаҳое боқӣ гузоштаанд.

Чунончӣ, Давлатманд дар Балҷувон, Эшони Султон дар Дарвоз, Фузайл Махсум дар Қаротегин, Иброҳимбек дар Ҳисор. Тибқи гузоришҳое, ки ман дар бойгонии Маскав хондаам, Эшони Султон ва Фузайл Махсум дар якҷоягӣ 1700 сарбози яккачин доштанд. Дар ҳамин бойгонӣ номи фармондеҳи дигареро дидам, ки дар пажӯҳишҳои таърихнигорони мо қариб вонамехӯрад.

Русҳо бо ваҳшати тамом аз Абдуҳафиз ном бурдаанд, ки 2 500 разманда дошт ва дар оғози соли 1921 назорати водии Раштро комилан ба даст гирифта буд.

МУДОХИЛАИ БЕГОНАГОН

Муҳаққиқони рус, Александр Зевелев, Юрий Поляков ва Александр Чугунов дар китоби “Басмачество: Возникновение, сущность, крах” менависанд, Мирнишинии Масчо дар соли 1919 ҳайатеро ба мулоқот бо намояндагони Англия фиристод. Ин ҳайат дар тобистони ҳамон сол ба Обурдон баргашта, паём расонд, ки аз хориҷ кӯмакҳои бузурге хоҳад расид.

Амир Сайид Олимхон ҳам аз кӯмакҳои молии давлатҳои хориҷӣ ёд кардааст, аммо мегӯяд, ин ваъдаҳои бузург тақрибан ҳаргиз аз сухан ба амал бадал нашудаанд. Баракс доғи чунин иртибот барои ҳаракати ҷиҳодӣ зиёни бештар расондааст.

Дастгоҳи таблиғоти русию болшевикӣ ҷумбиши ватанхоҳонаи минтақаро вокуниши синфи доро ба низоми нав ва натиҷаи мудохилаи нерӯҳои ҷаҳонӣ шумурда, ин ақидаро дар зеҳни мардум чун нақш ба санг ҳак кардааст.

Яке аз сабабҳои дигари бадномии муҷоҳидони солҳои 1920-30 дар омезиши онҳо бо афсару эмиссарҳои турк аст. Табъан худи онҳо ба танҳоӣ ин имконро надоштанд, ки ба нерӯи болшевик пирӯз оянд ва аз ноилоҷӣ ба афроде монанди Анварпошшо ё Салимпошшо, Алиризо, Дониёр, Талъатзода, Оллоҳназар, ки ҳарбиёни таҳсилдида буданд, такия заданд.

Афзоиши нуфузи Иброҳимбеки лақай ва фармондеҳони ӯ — Мулло Турдӣ, Кенҷа, Халарбек, Бердӣ-додхоҳ ва монанди онҳо дар давраҳои поёни муборизаи зидди болшевик ин муборизаро рӯҳияи ғайритоҷикӣ дод.

Аммо ин ҳақиқат ҳам мавҷуд аст, ки бахши умдае аз гурӯҳҳои ҷиҳодии “босмачиён” даст бе беадолатиҳо низ задаанд. Яғмогарии онҳо, душманиву рақобати байниҳамӣ, хиёнату бадахлоқии онҳоро низ шоҳиду шаҳодат зиёд будааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки таблиғоти коммунистӣ дар 70 сол бо тамоми роҳу васила ба саропо сиёҳ кардани ин ҳаракат машғул буд ва тавонист, ақидаи яктарафаеро ташаккул диҳад, ки ҳамчун пардаи сиёҳ пеши чашми моро мегирад. Ё айнаки сиёҳ.

Дар зимн, мағлубшудагон ҳамеша гунаҳкоранд ва ғолибон ҳамеша бегуноҳ.

АММО ЧАРО ХАЙЁМ?

Оре, чаро Хайём? Магар ӯ рабте ба Фузайл Махсум дошт ё боре дар маҳфили Нусратшоҳ нишаста буд?

Гуфтам, ки ин ҳарду аз мавзӯъҳои дерсолаву деринаи ман будаанд, чун то ҳанӯз чизе нанавиштаам, ки маро қонеъ кунад, пайваста бар ман бармегарданд. Аз офаридгори пок нерӯ мехоҳам, ки ин корҳоро рӯзе аз рӯзҳо анҷом бидиҳам.

Сониян, фароянде ки имрӯз шакл гирифтаву то рафт устувортар мешавад, ҳардуро яксон ба чангол гирифтааст. Агар муборизони зидди болшевикро имрӯз бо гардиши 180-дараҷаӣ комилан сафед мегӯянд ва аз онҳо бут метарошанд, Хайёмро, ки дар замони шӯравӣ як майпараст мешумурданду пайкараашро низ якпаҳлу ва бо пиёлаи май офариданд, акнун порсову парҳезгор ва имому авлиё меноманд.

ХАТАРИ ТОМГАРОӢ

Тоҷикон як хислат доранд, ки ба ҳар афкор ё назария бо тамоми дилу ботин дода мешаванд. Дар давраи шӯравӣ коммунисттар аз тоҷик дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ набуд.

Узбакҳо ҳам шӯравӣ буданд, вале аввал ғами худро мехӯрданд, баъд ғами Маскавро, он ҳам агар барояшон суде дошта бошад. Гурҷиҳо низ гӯё сарсупурдаи Шӯравӣ буданд, вале ба тағйир ёфтани алифбояшон роҳ надоданд. Қазоқҳо ҳанӯз дар замони шӯравӣ даъво доштанд, ки нимаи беҳтару муҳимтари забони русӣ моли онҳост.

Вале мо рангорангиро тоб надорем. Ё инсара ё онсара. Азбас умре дар васат зистаему ҷабри ин чорроҳаро кашидаем ва дар мағзи кӯҳҳо паноҳ ҷустаем, ба миёнанишинӣ ҳассосияти миллӣ дорем.

Ё шояд ҳофизаи хуни қавми империявӣ (Ҳахоманишиён, Сомониён) ороммамон намегузорад?

Ҳоло ҳам ҳамин аст. Агар мусулмонем, бояд ҳатман талош кунем, ки мусулмонтар аз ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бошем, ҳанафитар аз ҳамаи ҳанафиҳо ва салафитар аз ҳамаи салафиҳо. Фақат ҳамеша қудрату тавоноии худ ва натиҷаҳои мудохилаи бегонагонро фаромӯш мекунем. Аз ёд мебарем, ки зӯри инро надорем ва он мудохилаҳо ҳаргиз ба суди мо набудааст. Фикр намекунем, ин ҳама идеологияҳо барои он даркор буданду даркоранд, ки роҳро барои нуфузи бегонагон дар ватани мо ҳамвор кунанд.

Ин аст, ки имрӯз бархе Наврӯзро рад мекунад ва бархи дигар Авасторо. Фирдавсию Синоро ҳам аз мо дур мекунад. Гӯё ин бузургворон ба мо бегона ва оину фарҳанги таърихиамон ба мо ҳароманд.

Боз ба куҷо хоҳем рафт?

10.11.2009 - Posted by | Ватан, Дин, Мазҳаб, Таърих, Тоҷик |

17 Comments »

  1. Дуруст аст, ки муборизони ватанхох сазоворанд, ки дар байни чехрахои бориз чой дода шаванд, аммо шумо шахсан кадоме аз ин номхои зикркарда ва зикрнакардаро пешниход мекунед?

    Comment by Samandar | 10.11.2009 | Reply

    • Ростӣ, дар ин масъала ман наметавонам, фикри шахсии худро бар дигарон тахмил кунам. Беҳтар буд, афроди гуногун пешниход кунанд ва муштаракан тасмиме гирифта шавад.

      Вале як чиз мусаллам аст, ки агар мо 10 чехраи боризи асри 20-и тоҷиконро номбар карданй бошем, бояд яке аз онхо муборизаи ватанхоҳону озодихоҳони солҳои 1920-1930-ро намояндагй кунад. Дар акси хол манзараи умумй яктарафа хоҳад буд.

      Comment by aioubzod | 13.11.2009 | Reply

  2. Боз ба куҷо хоҳем рафт?
    Ба Дангара охи Устод

    Comment by Нодаркор | 11.11.2009 | Reply

    • Бад не-ку. Данғара ҳоло яке аз гушаҳои ободтарин ва дӯстдоштании кишвар аст. Замоне ба Қаҳҳор Маҳкамов танзе навишта будам, ба номи “Аз Ғозиён омадия…” ва андешааш ин буд, ки шахсе барои зодгоҳи худ як ниҳол нашинонда, як хишт рӯи хишт нагузоштааст ва ағлаби мардуми деҳаи Ғозиёни ноҳияи Хуҷанд аз партовгоҳи радиоактивй бемор буданду вай барои онҳо коре накардааст, чй гуна метавонад, барои як кишвар коре бикунад.

      Он давраҳоро об бурд. Ҳоло одамон барои зодгоҳҳои худ аз ҳад зиёд талош мекунанд, ба андозае ки бақияи мамлакатро аз ёд мебароранд. Пас роҳе ки нишон додед, азизам, роҳи баде нахоҳад буд…

      Comment by aioubzod | 13.11.2009 | Reply

  3. Шакке дар ин нест, ки Шӯравӣ ва дастгоҳи идеулужики кӯри он ҳамаи муборизони зиддикумунисти бадви Шӯравиро ба як чашм дида ва босмачӣ, яъне ғоратгар унвон кардаанд. Ва чун мо дар он давра тӯшаи зеҳнии чандоне надоштем, чорае ҷуз такрори ин ҳарфи музахрафу чаранд ҳам надоштем.

    Аммо ин нукта ҳам муҳим аст ва таҳқиқ мехоҳад, ки кадом як аз ин размандагон барои сарзаминашон меҷангиданд. Оё ҳадафи аслии онҳо дифоъ аз зодбуму меҳану миллаташон буд ё дифоъ аз боварашон? Оё аслан мафҳуми “меҳан” дар зеҳнҳо шакл гирифта буд ё ҳамчунон бемаънӣ монда буд? Набуди ҳисси миллӣ ҳамвора боъиси шикаст шуда, чун ҳисси миллӣ решаҳо ва асолате табиъӣ дорад, дар ҳоле ки ҳисси таъаллуқи мазҳабӣ тағйирпазир аст; метавонад ба монанди ҳар мачмӯъаи андешаҳо тағйир кунад. Воқеъият ин аст, ки мо шахсияти миллии андаке доштаем ва бештари онҳо чеҳраҳои мазҳабӣ буданд. Далели нокомии мо – ҳам дар он давра ва ҳам акнун – ҳамин набуди ҳисси миллист. Миллигароӣ лозимаи пешрафти ҳар миллатест ва миллатҳое, ки аз ин абзор истифодаи беҳинаро мекунанд, ҳамвора пайвастаанд, ки моро аз он дур нигаҳ доранд.

    Comment by Дориюш | 13.11.2009 | Reply

  4. Шакке дар ин нест, ки Шӯравӣ ва дастгоҳи идеулужики кӯри он ҳамаи муборизони зиддикумунисти бадви Шӯравиро ба як чашм дида ва босмачӣ, яъне ғоратгар унвон кардаанд. Ва чун мо дар он давра тӯшаи зеҳнии чандоне надоштем, чорае ҷуз такрори ин ҳарфи музахрафу чаранд ҳам надоштем.

    Аммо ин нукта ҳам муҳим аст ва таҳқиқ мехоҳад, ки кадом як аз ин размандагон барои сарзаминашон меҷангиданд. Оё ҳадафи аслии онҳо дифоъ аз зодбуму меҳану миллаташон буд ё дифоъ аз боварашон? Оё аслан мафҳуми “меҳан” дар зеҳнҳо шакл гирифта буд ё ҳамчунон бемаънӣ монда буд? Набуди ҳисси миллӣ ҳамвора боъиси шикаст шуда, чун ҳисси миллӣ решаҳо ва асолате табиъӣ дорад, дар ҳоле ки ҳисси таъаллуқи мазҳабӣ тағйирпазир аст; метавонад ба монанди ҳар мачмӯъаи андешаҳо тағйир кунад. Воқеъият ин аст, ки мо шахсияти миллии андаке доштаем ва бештари онҳо чеҳраҳои мазҳабӣ буданд. Далели нокомии мо – ҳам дар он давра ва ҳам акнун – ҳамин набуди ҳисси миллист. Миллигароӣ лозимаи пешрафти ҳар миллатест ва миллатҳое, ки аз ин абзор истифодаи беҳинаро мекунанд, ҳамвора кӯшидаанд, ки моро аз он дур нигаҳ доранд.

    Comment by Дориюш | 13.11.2009 | Reply

    • Дуруд бар Дориюши фарзона. Тарафдори ақидаи устод Шакурй ҳастам, ки саромадон ва ширкадорони ин ҷумбишро раддабандй кард. Дар байни онҳо афроде буданд, ки ба дифоъ аз зодбуму ватани хеш бархоста буданд ва ҳам афроде низ буд, ки ба хотири ҳокимият ва сарваташ бапо хест, ароде барои ҳифзи динаш, ки ҳаммаънои ҳувият ва ватанаш буд ва афроди моҷароҷӯе, ки мехостанд, дар оби гилолуд моҳй бигиранд.

      Оҳ агар метавонистем, аз байни ин тӯдаҳои рангоранг ватанхоҳонро ҷудо кунем ва дар қатори онҳое бигузорем, ки ғолибан боз ҳам ба иллати таблиғоти чандинсола ба хидмати эшон барои миллат шакке надорем.

      Дар мавриди заъфи миллигарой ҳамчун далели нокомии мо сад дар сад бо Шумо мувофиқам. Худо кунад, ҳаракат ба ҳамон самт бошад.

      Comment by aioubzod | 13.11.2009 | Reply

  5. Ба назари ман ин тавр мерасад, ки Шумо хам устод бо баъзе нашрияхои Точикистон хамовоз шуда, аз босмачиён кахрамону ватанхох сохтаниед. Бовар кунед ба Шумо зебанда нахохад буд. Охир максади нопоки муборизаи босмачиён дубора бар сари миллати точик баркарор кардани хукумати хунхори мангитиён буд-ку.

    Чихати дигари зараррасонандаи босмачихо ин буд, ки дурудароз давом кардани чанг дар Бухорои Шаркй, яъне Точикистони имруза имкон надод, ки точикон сари вакт ба хукумати нав гаравида, манофеъи миллии худро бехтар химоят кунанд. Дар натича Самарканд, Бухоро, Сурхандарё ва хатто Хучанду Конибодом дар дасти узбакхо монд. Магар ин аст ватанхохй?

    Бешубха, он хо як накш ва чойи муайяне дар торих доштаанд, аммо ба хеч вачх на ба хайси ватанхох, кахрамон ва пуштибони дину миллат. Агар онхо ватанхох мебуданд, мардум то охир аз онхо химоят мекарданд ва хеле зуд дилсард намешуданд.

    Ин фикри шахсии ман.

    Comment by Рустам | 15.11.2009 | Reply

  6. Рустами азиз. Манзури маро дуруст дарк накардаед. Мақсад тавсифи онҳо нест. Ман ҳатто гуфтаам, ки набояд зиёдаравй кард, аммо хислати тундравонаи мо намегузорад, ба масъала нигоҳи рушану дақиқ дошт.

    Бори чандум аст менависам, ки “босмачиён” аз гурӯҳҳои гуногуне иборат буданд ва нахуст бояд ин бахшҳоро аз ҳам ҷудо кард ва сипас ҳамаи онҳоро табақабандй кард.

    Номаи Шумо ва номаҳои пешина далели як чизанд, ки масъала ба андозаи кофй омӯхта ва таҳқиқ нашудааст.

    Comment by aioubzod | 17.11.2009 | Reply

  7. Аввалан, миннатдории бепоёни худро ба Шумо арза дорам. Хеле хушхол хастам, ки торнигори моро дар катори номгуи торнигорхо дар торнигоратон чой додед.
    Ибтидо он шинохте, ки аз босмачи ман гирифтам, аз китоби Шумо “Сад ранги сад сол” буд. Ин матлаб низ хеле чолиби таваччух аст. Хусусан, он суханхое, ки нисбат ба Хомид гуфта шудааст. Зимистон тули як хафта дар Кухистони Масчо будам, хурду калон хама аз корнамоихои у ёд мекунанд. Хатто дар замони наврасиам, мешунидам, ки хама ба босмачихо нафрат доранд, вале Хомид васф мешуд. Хатто шунида будам, ки ба Ленин мактуб ирсол намудааст, то Масчоро хамчун давлати алохида бишносад. Мегуянд, ин мактуб Ленинро водор мекунад, ки ба андеша равад. Хомид ба маънои томаш ватанхохе буд, ки мардум уро дастгири мекард.
    Аммо, дар хеч чое нафахмидам, нахондам, ки дигар босмачихо ба мисли у бошанд.
    Як пахлуи масъаларо наметавон дар шинохти босмачихо нодида гирифт. Дар он замон мафхуми ватан ва миллат ба маънои имруза роич набуд. Хама пайкору кушишхои босмачихо барои дин унвон мешуд. Чунин ба назар мерасад, ки максади босмачихо пеш аз хама аз даст надодани бойгариашон аст ва чунин хам буд. Боки, донотар Шумоед, ин назари ман аст.
    Аз фурсат истифода намуда, мехохам аз ин минбар Нахудакро реклама кунам.
    Як назар кардани Шумои азиз ба ин тархи мо http://www.nakhudak.wordpress.com боиси сарфарозии хамешагии мост!

    Comment by НАХУДАК | 19.11.2009 | Reply

  8. Дуруд бар Нахудаки азиз. Ин симои аҷиби афсонаи миллиро зинда кардаед.

    Пас Шумо мехоҳед, Ҳомид, ки дар ҳақиқат як чеҳраи мутафарриқ будааст, ба Даҳгонаи Бориз шомил гардад?

    Пули рекламаро кай пардохт мекунед?

    Comment by aioubzod | 21.11.2009 | Reply

  9. Ba nazari banda Fuzail Makhsum va Ibrohimbekro metavon az chehrahoi asosii in harakat unvon kard.

    Comment by Samandar | 21.11.2009 | Reply

  10. Дер боз мехостам, рӯи сафҳаи интернет, ки дастоварди бузурги аср мебошад, сафҳае дошта бошам. Дар он мехостам, танҳо ва танҳо дарди дили хешро ва аз рӯзгори худ бинависам, то чун хотира бимонад.
    Бо як дӯсти наздикам назди роёна нишастем, ҳамчун санҷиш блогеро боз намудем. Гуфт, номи худатро монам, на гуфтам, ин қадами нахуст аст ва барои ёд гирифтан. Фикр кардем, ки чӣ номе монем. Андешаамон сари номи Нахудак таваққуф кард.
    Ду ё се латифае, ки дар зеҳнамон буд, дар он ҷой додем. Латифаҳоро ҳам дар саҳфаи интернет менавиштем, на дар ворд. Амалҳое содае будаанд, ки бо як дафъаи дидан аз худ кардем. Ин амали кӯчак ва ҳавасакии мо аз чашми Шумои азиз дур намонд. Ба худ ҳайронам шудам😯 , ки мо ба касе муаррифӣ накардему ин қадар каладикаки мо ҳар рӯз рақамҳои зиёдро нишон медиҳад🙂 . Дар як мудати мадиде хонандагони сершуморе рӯи саҳфаи мо сар мехалонданд. Бубинем, ҳамаи бо шарофати Шумо будааст, пас аз он, ки дар матлаби боло назари худро навиштем, кор ранги дигар гирифт.
    Дар назди худ тасмиме гузоштем, ки ин сафҳа ё торнигорро фаъол мекунем. Ҳарчанд боре латифа нанавишта будем, аммо худро маҷбур намудем, ки хандонем😦 .
    Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст,
    Ҳолам аз гиря гузаштаст, бад-он механдам.
    Барои таблиғ намуданатон айни ҳол ба ҷуз як РАҲМАТИ КАЛОН гуфтан, дигар дасткӯтоҳем. Ҳамеша сарбаландиву пирӯз бошед.
    Навиштаи боло нисбат ба Ҳомид як андешаи ман буд. Интихоби Даҳгонаи Бориз барои мо мушкил аст, ба ҳар ҳол агар меъёрҳои шомил намуданро медонситам, кӯшише мекардем.
    Итминон дорам, ки Эмомалӣ Раҳмон ё Саидабдуллоҳи Нуриро дохил намекардам 8) .

    Comment by НАХУДАК | 04.12.2009 | Reply

  11. Беҳтарин мақолаи таҳлили буд,ки хондам ва аммо дар ин миён беҳтарин ҷумлаҳои зеринро аз ҳама бештар писандидам:
    “Аммо ин ҳақиқат ҳам мавҷуд аст, ки бахши умдае аз гурӯҳҳои ҷиҳодии “босмачиён” даст бе беадолатиҳо низ задаанд. Яғмогарии онҳо, душманиву рақобати байниҳамӣ, хиёнату бадахлоқии онҳоро низ шоҳиду шаҳодат зиёд будааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки таблиғоти коммунистӣ дар 70 сол бо тамоми роҳу васила ба саропо сиёҳ кардани ин ҳаракат машғул буд ва тавонист, ақидаи яктарафаеро ташаккул диҳад, ки ҳамчун пардаи сиёҳ пеши чашми моро мегирад. Ё айнаки сиёҳ.

    Дар зимн, мағлубшудагон ҳамеша гунаҳкоранд ва ғолибон ҳамеша бегуноҳ.”

    Ҳамчунин илова мекунам,ки имрӯз тамоми миллатҳои бузургу кӯчак ба худ хос қаҳрамонҳои хоси миллиашонро доранд,ки ба онҳо мефахранд ва ҳамзамон ин шахсиятҳоро чун муҳаррики пешбарандаи руҳияи ватандӯсти ва садоқат ба кор мебаранд.
    Гоҳо мешавад,ки қаҳрамонҳои баргузидаашон бо далоилу асноди муҳкам хунхортарин шахсиятҳои торихи замони хеш будаанд.
    Аммо,мо тоҷикони зудбовар ва самимӣ дар ин миён,ки рус бо фарҳангу маданияти хеш ба сарзамини мо сарозер шуд,бархурдҳо сурат гирифт,оташи ҷанг афрухта шуд,лашкари муқовимат алайҳи ишон саф кашид, кадомин қаҳрамонҳо ва сарсупурдагони милли хешро доштаем?
    Бешакк,ки ҳамон Ҳомид,Ҳайдарбек, Давлатманд , Фузайл Махсум , Иброҳимбек ва ғайраҳо,ки бо тамоми вуҷудашон алайҳи мушти зур ҷангиданд ва мардонавор ба шаҳодат расиданд.
    Аммо мушти зур чун зарбаи мардон чашида буд,хуб фаҳмид,ки танҳо роҳи бақо дар ин сарзамин аз роҳи шикасти идеологӣ имконпазир аст,дар боқи тамоми умри хеш тамоми асноди муборизаҳои садоқатмандони ин мардонро аз байн бурд ва заҳри қотили “босмачӣ” ро дар дилу дидаи мардум ҷой кард ва нафрати моро нисбати муборизони халқи хеш бедор кард.
    Мутаасифона ин заҳр то кунун моро масмум ва бемадор медорад.

    Comment by Imommuhammad Goibov | 18.05.2016 | Reply

  12. Беҳтарин мақолаи таҳлили буд,ки хондам ва аммо дар ин миён беҳтарин ҷумлаҳои зеринро аз ҳама бештар писандидам:
    “Аммо ин ҳақиқат ҳам мавҷуд аст, ки бахши умдае аз гурӯҳҳои ҷиҳодии “босмачиён” даст бе беадолатиҳо низ задаанд. Яғмогарии онҳо, душманиву рақобати байниҳамӣ, хиёнату бадахлоқии онҳоро низ шоҳиду шаҳодат зиёд будааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки таблиғоти коммунистӣ дар 70 сол бо тамоми роҳу васила ба саропо сиёҳ кардани ин ҳаракат машғул буд ва тавонист, ақидаи яктарафаеро ташаккул диҳад, ки ҳамчун пардаи сиёҳ пеши чашми моро мегирад. Ё айнаки сиёҳ.

    Дар зимн, мағлубшудагон ҳамеша гунаҳкоранд ва ғолибон ҳамеша бегуноҳ.” (аз муаллиф)

    Ҳамчунин илова мекунам,ки имрӯз тамоми миллатҳои бузургу кӯчак ба худ хос қаҳрамонҳои хоси миллиашонро доранд,ки ба онҳо мефахранд ва ҳамзамон ин шахсиятҳоро чун муҳаррики пешбарандаи руҳияи ватандӯсти ва садоқат ба кор мебаранд.
    Гоҳо мешавад,ки қаҳрамонҳои баргузидаашон бо далоилу асноди муҳкам хунхортарин шахсиятҳои торихи замони хеш будаанд.
    Аммо,мо тоҷикони зудбовар ва самимӣ дар ин миён,ки рус бо фарҳангу маданияти хеш ба сарзамини мо сарозер шуд,бархурдҳо сурат гирифт,оташи ҷанг афрухта шуд,лашкари муқовимат алайҳи ишон саф кашид, кадомин қаҳрамонҳо ва сарсупурдагони милли хешро доштаем? Муқовимат,ки буд!Мубориза алайҳи сарбозони то дандон мусаллаҳ,ки буд!Агар як тараф лашкари рус буд,бешак,ки тарафи дигар ҳамон Ҳомид,Ҳайдарбек, Давлатманд , Фузайл Махсум , Иброҳимбек ва ғайраҳо,ки бо тамоми вуҷудашон алайҳи мушти зур ҷангиданд ва мардонавор ба шаҳодат расиданд.
    Аммо мушти зур чун зарбаи мардон чашида буд,хуб фаҳмид,ки танҳо роҳи бақо дар ин сарзамин аз роҳи шикасти идеологӣ имконпазир аст,ин буд,ки дар боқи тамоми умри хеш ҳама асноди муборизаҳои садоқатмандонаи ин мардонро аз байн бурд ва заҳри қотили “босмачӣ” ро дар дилу дидаи мардум ҷой кард ва нафрати моро нисбати муборизони халқи хеш бедор кард.
    Мутаасифона ин заҳр то кунун моро масмум ва бемадор медорад.

    Comment by Imommuhammad Goibov | 18.05.2016 | Reply

  13. Кӯшиши поядоре ва бисёр арзанда барои баррасӣ ва бознигарӣ ба таърихи талошу ҷонфидоиҳои размандагон ва озодихоҳони ватан аълайҳи куффори сурх аст. Барои ман ҳам онҳо ҳеч гоҳе босмачӣ набуданду нестанд ва баръакс ҷабҳаи муқобил истилогар, истисморгар, кишваргушо буд ва боқӣ хоҳад монд. Вақте чунин матолибро мутолиъа мекунам, нишотам меафзояд, ки муборизаҳои падаркалони ҷавонмарги 31-солаам Мулло Шоҳаълии шаҳид беҳуда набуда ва ба ҳадар нарафтааст.

    Comment by Matluba | 19.05.2016 | Reply

  14. Пушаймон нашудам ки маколаро то ба охир хондам. Вокеан ба назар чунин мерасад, ки як миллати рахгумем. Салафи ояд салафи мешавем, алафи ояд алафи мешавем. Худовандо, моро ба рохи рост хидоят намо. Ба хаммиллатон менигараму филми тасвирии замони шурави – Заяц, который любил давать советы, хотирам меояд.

    Comment by МК | 13.08.2016 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: