Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Роғун ҳамчун ормони миллӣ?

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват шудааст, саховат нишон диҳанд ва ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун мадад кунанд. Аммо ин даъват мисли фармон садо додааст. Ҳатто ҳаҷми ин кӯмаки “ихтиёрӣ” аз пеш муқаррар шудааст — маоши якмоҳаи ҳар шаҳрванд! Шубҳаву нобоварӣ, ки аз торикии шароити гирдоварӣ ва корбасти ин имдод бармеояд, қадри даъватро костааст.

Андешаи нек, рӯшан ва муттаҳидкунандаи мардум бояд ба сари худ рӯҳбахш ва ангезанда бошад. Он агар дар шакли содаву фаҳмо, бо омодагии амиқ ва дар фурсати муносиб ба миён гузошта шавад, метавонад ба нерӯи бузурге табдил ёбад. Виктор Гюго менависад, “ягон артиши дунё наметавонад ба нерӯи андешае муқовимат кунад, ки пайташ расида бошад.”

ПАЙТУ ФУРСАТ

Кӯмаки ҷомеа ба сохтмони Роғун ҳамчун ормони миллӣ воқеан дар беҳтарин фурсат эълон шуд. Имрӯз тақрибан тоҷике нест, ки зарурати бунёди нерӯгоҳи Роғунро дарк накунад ва хостори иҷрои ин тарҳ набошад. Ҳама аҳамияти ҳаётии онро мефаҳманд.

Ақидаи ом ин аст, ки агар Роғун сохта шавад, дигар ҳаргиз барқ қатъ нахоҳад гашт, нархи он арзон хоҳад шуд ва бар замми ин фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон он қадар сармояе хоҳад овард, ки иқтисодиёт рушд карда, сутуни хонаи ҳар тоҷик аз тило хоҳад шуд.

Шояд на ҳама ба афсонаи “Қишлоқи тиллоӣ” бовар доранд, аммо халқ шоҳиди бозиҳои судҷӯёнаи Русия дар атрофи Роғун ва мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба ин тарҳ шудааст ва бовар дорад, ки имрӯз роҳи наҷот аз рӯи сарбанди ояндаи Роғун мегузарад.

Ақидае низ баён шудааст, ки аслан ҷанги солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон барои он ангехта шуд, ки аз бунёди Роғун пешгирӣ ба амал ояд. Дар арафаи ҷанг, дар замони раёсати Раҳмон Набиев, Покистони гушнаи барқ ваъдаи қатъӣ кард, ки барои бунёди нерӯгоҳи Роғун 500 миллион доллар медиҳад ва ин қарзро дар шакли нерӯи барқ бозпас мегирад. Танҳо ҷангу ноамнӣ сабаби шикасти ин паймон шуда метавонист.

ЛАҲНУ ШЕВА

Дар ҳоле ки фурсат айни муддаост, идея дар шакли поку рӯшан ба миён гузошта нашудааст. Кӣ ва дар куҷо кӯмакҳои мардумро ҷамъ меорад? Ин сармоя кай ва ба чӣ шакл истифода мешавад ва кӣ дар ин бора ба мардум ҳисобот медиҳад?

Баромаданду гуфтанд, пул диҳед, маоши якмоҳаи худро диҳед, нерӯгоҳро бисозем. Магар мардум аз давлат қарздор аст? То ҷое хабар дорем, баракс давлат аз мардум қарздор аст, ки дар 17 сол натавонистааст, ҳаёти шарафмандонае барои шаҳрвандонаш фароҳам орад.

Ҳанӯз касе барои машаққату маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо узр нахостааст. Касе бахшиш напурсидааст, ки ислоҳоти замин ба кажроҳа рафт ва деҳқони заҳматпешаи тоҷикро аз замини дӯстдоштааш дилмонда кард. Ҳеҷ кас иқрор накард, ки хусусигардонӣ бо роҳи ғалат рафт ва на давлатро, онгуна ки ваъда мешуд, бой карду на иқтисодиётро ба по хезонд.

Агар амиқтар равем, касе омурзиш наталабид, ки натавонистааст, кишварро аз ҷанги хонумонсӯз эмин дорад ва нагузорад, даҳҳо ҳазор нафар кушта шаванд. Ва ғайраву ҳоказо…

Магар хайру саховатро ҳамин гуна мепурсанд? Ҳатто дар фурсати мусоиде, ки эълони идеяи муносиб ва муҳимтар аз он татбиқи ин идея метавонад, ҳамаи нокомиҳо ва озурдагиҳои гузаштаро ҷуброн кунад? Дар фурсате, ки метавонад таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз ҳамаи душвориҳои феълӣ ва суистифодаҳои давлатӣ мунҳариф намояд?

ДОВТАЛАБОНА?

Шояд ақидае ҳоким аст, ки мардуми мо ба зердастӣ одат дорад ва танҳо забони зулмро мефаҳмад? Эҳтимол лаҳни даъват ишора ба он аст, ки акнун фишор сар мешавад ва ба раҳбарони ноҳияву деҳшӯроҳо, идораву муассиса, ширкату корхонаҳо таҳдид сар мешавад, ки агар 10 корманд дорӣ ва ҳар кадом 300 сомонӣ музд мегирад, 3 000 сомонӣ бояд супорӣ?

Мумкин даъват ин маъниро дорад, ки хоҳеду нахоҳед хайр кунед, розӣ ҳастед ё не, фарқ надорад, ба номаш ихтиёрӣ кӯмак расонед?

Чунин бархӯрд ҳама гуна ирода ва рӯҳбаландии мардумро мешиканад ва худи ташаббусро нокомӣ мекашонад.

Бузургворе гуфтааст, беҳтарин идея агар ба муҳити бад афтад, аз як масхарабозӣ беш нахоҳад буд.

БОНКИ МАХСУС?

Даъват бояд самимона бошад, зеро ба нангу номуси мардум нигаронида шудааст. Ва ҳам оқилонаву нишонрас. Набояд аз камбизоатон ва бенавоён пул пурсид, балки аз дорандагон, зеро гуфтаанд, доранда барозанда аст.

Ва ташаббус бояд аз худи даъваткунандагон сар шавад. Онҳо намунаи ибрат шаванд. Ба шакли хотирмон. Масалан, фалонӣ мошини гаронбаҳои хориҷии писарашро фурӯхта, пули онро ба бунёди Роғун гузаронд. Ё беҳмадонӣ аз панҷ ҳавлию хонааш якеро фурӯхт, то ба Роғун кӯмак кунад.

Охир, ин чӣ маънӣ дорад, ки яке охирин дирамашро ба ормони миллӣ харҷ кунаду дигаре дар мошини хориҷӣ пойгабозӣ ба роҳ монад? Магар пуле, ки бо дили норозӣ дода шудааст, беҳуда нахоҳад буд?

Даъват бояд шаффоф бошад. Шояд хуб аст, барои татбиқи орзуи миллӣ “Бонки мардумии Роғун” таъсис ёбад ва мардум пули худро ба он супораду ин бонк як Шӯрои мардумии иборат аз одамони хушному покдасти қишрҳои гуногуни ҷомеа иборат бошад ва ҳар ҳафта аз харҷу дахли он ба воситаи расонаҳои ахори ом гузориш диҳад?

САҲМИЯ Ё ХАЙРИЯ?

Шаффофият ба ин ҳам дахл дорад, ки оё дар ивази ин кӯмакҳои мардумӣ ба онҳо саҳмия дода хоҳад шуд ва ё имрӯз бояд ҳама ба бунёди Роғун ёрдам кунаду фардо саҳмияҳои онро чанд гарданкулуфт, худ медонед, манзурам киҳост, харидорӣ кунанд. Он гоҳ кӯмаки мардумӣ фақат ба ҳайси сатре дар таърихи нанги миллӣ боқӣ хоҳад монд ё барои олиҳимматони баномус, на танҳо соҳибони ояндаи нерӯгоҳ, сарбахшу суде хоҳад овард?

Лоақал ваъдае ҳаст, ки номи кӯмакрасонҳо дар девори сарбанди Роғун абадан ҳаккокӣ хоҳад шуд?

Аз сӯи дигар қонунҳои кишвар хусусигардонии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро манъ мекунанд. Дар он ҳолат оё истифодаи сармояи хусусӣ дар бунёди он хилофи қонун нест? Шояд бо як қонуни дигар истифода ва амнияти ин сармоя тазмин дода шавад? Ё бояд ба Бонки мардумии Роғун мақоми бонки давлатӣ дода шавад?

Шахсан ман тарафдори инам, ки дар ивази кӯмакҳои мардумӣ ба кӯмакрасонон саҳмия дода шавад. Аммо барои ин бояд ба гузашта баргашт ва рӯшан кард, ки пули барои “Сангтӯдаи 1” додаи мардум чӣ қадар буд ва куҷо шуд? Он тарҳи шитобзада ва иштибоҳӣ ба шикасти эътимоди халқ сабаб гашт.

Мақсад, бояд нахуст бовари мардумро барагардонд. Идеяи бузургро танҳо бовари бузург метавонад ба воқеъият табдил диҳад.

21.11.2009 - Posted by | Ватан, Тоҷик, Тоҷикистон | ,

21 Comments »

  1. Tashakkur. Khele tahlili khub. Man purra tarafdori in firkho hastam va az rahbariyati Tjk talab mekunam hamin khel raftor kunand.

    Comment by Saivali | 22.11.2009 | Reply

    • Вале оё марчаь, яьне чое хаст барои пеш гузоштани чунин талаб. Хуб аст, агар ба сайти раисичумхур ё ба унвони хукумат ва ё ба номи раиси Бонки миллии Точикистон талабнома фиристода шавад.

      Ба шунидам, холо дар дастгохи раёсатчумхурй чанд чавоне кор мекунанд, ки талошашон ободии кишвар аст ва чунин дархосту талабхоро ба замин намегузоранд.

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  2. Дар кишвар як навъ рогунмания сар шудааст. Тарси ман аз он аст, ки хукуматдорон бо хиссиёти мардум бозй мекунанд ва ин хиссиёту нангу номусдории мардуми точикро ба бозй гирифтаанд, ки гумон намекунам, окибатхои хуб дошта бошад.

    Ин хама сол мардуми точик аз сари нангу номус ва шармандагии чанги шахрвандй ба хама чиз токат кард, лекин бояд икрор намуд, ки косаи сабр лабрез шудааст ва сатхи боварй ё “кредит доверия”-и хукумадорон ба поён расидааст. Дигар хеч кас ба онхо бовар намекунад.

    Аммо агар ин бор хам бо хиссиёти мардум бозй карда, аз нав онро гул зананд, окибатхояш хеле вазнин мешавад. Ман аз як инфичори ичтимой метарсам, зеро душмаонони миллати мо низ хаминро интизоранд ва тамоми корхое ки мекунанд, ба хамин чиз нигаронида шудааст.

    Comment by Рустам | 22.11.2009 | Reply

    • Ба хар хол интизори шахсии ман ин аст, ки хукуматдорон ин бор набояд бо хиссиёти мардум бозй кунанд. Ин икдом барои онхо як шонси таърихиест, ки метавонанд,хам обру гиранд ва хам миллатро муттахид сохта, иродаи онро ба самти нек равона кунанд. Ин хам дар холе ки икдоми мазкур метавонад, пояи шукуфоии ояндаи иктисодиёти мо шавад.

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  3. Устод, хеле содаву фахмо навиштаед.
    Аммо бо ин хам, эшон моро фахмидан намехоханд.
    Мисли ин ки барои тавзеъи лампочкахои каммасраф мачбур карданд, барои кумак ба Рогун хам мачбур мекунанд. Нигарон набошед. Зиндаги дар ин чо руз то руз ба чаханнам табдил мешавад. Хамаро бо ибораи номуси милли фиреб мекунанд. Дар холе ки хамаги беномусанд. Пирмарде аз гуруснаги мемирад… Фарзанди дахсолае хануз руйи падари худро надидааст… Зани бе шавхаре бо гадои рузашро кур мекунад… Муаллиме бо сесад сомони маош рохи фасодро мечуяд… Милисае бе пора зиндаги карда наметонад… Боз инхо аз дахони мардуми гадо нон гадои мекунанд. Бубинед, Рогунро бо захмати халк, бо нони халк, пули халк месозанд ва дар байраке болои неругохи Рогун номи як нафарро менависанд, ки гуиё Рогунро у сохтааст. Дигар хич. Хаста шудаам. Навиштан намефорад. Хайр, устод.

    Comment by Карим Девона | 23.11.2009 | Reply

    • Лоакал як ташаббус метавонад поку беолоиш бошад ва ба зиндагй ранги хуше бахшад? Хамин покизагй ва муколамаи бевоситаи давлатдорон бо мардумашон чизест, ки солхо интизораш хастем.

      Манзараи дардомезе, ки Шумо тасвир кардед, солхост идома дорад ва давом хохад кард. Танхо Рогун аст, ки метавонад, ин манзараро каме хам бошад ба самти некй тагйир бидихад.

      Идея хеле хуб ёфт шуд. Фурсаташ хам хуб афтод. Акнун танхо ташкили дурусту накуи ичроиши он мухим аст.

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  4. Рахмон 300 миллион доллор барои касри худ ефт, 150 миллион доллар (аз хисоби давлат) барои фирмаи бритоние ки дар додгохи ин кишвар манфиати оилаи рахмон намояндаги мекард ефт. 250-400 миллион хар сол аз заводи алюминий дар натичаи схемаи бартери ба кисаи рахмонов меравад, О, наход ки як бор, як бор, намешавад ки оилаи рахмонов ба ГЭСи ки ба хар хол моли шахсии оилаи вай мешавад худ сармоягузори кунад?

    Comment by Boston | 23.11.2009 | Reply

    • Барои исботи ин гуфтахоио Шумо далели кофй дар даст нест, аммо пешниходи Шумо чолиб аст. Аммо он гох неругох ва сахехтараш чараёни бунёди он ба маъракаи умумимиллй табдил намеёбад. Ва пас аз солхо мардум боз эътироз хоханд кард, ки чаро фоидаи неругохро як оила ба даст гирифтааст.

      Тархи Рогун дар холи хозир бехтарин барномаест, ки метавонад, як оила будани тамоми мардуми Точикистонро поягузорй ва исбот кунад.

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  5. Салом Салимчони азиз!
    Дар бораи чалби эътимод гуфтаед.Ин нукта вокаен мухим аст ва банда низ бар он мутакоидам.Аммо…
    Тобистон бо як чавоне мулокот доштам, ки аз Рогун меомад ва гуфт барои гирифтани маошаш рафта будам.Накли онро бишнавед, ки чи гуфт: Такрибан касал будам ва як мох ба кор нарафтам. Имруз рафтам прораб маоши якмохаамро ки кор накарда будам, дод ва гуфт “ба он шарт, ки доляи мора чудо кунй”.Ман аз 800 сомонй 300 сомониро ба у додам…”
    Мутаасифона горати пулу мол дар Рогун авч гирифтааст ва агар давлат механизме дар ин замина наандешад, фақат ҳасрат насиби мардум хоҳад буд ва сарнавишти “Сангтуда” шояд такрор шавад.

    Муваффак ва комёб бошед.

    Comment by Аъзам Хучаста | 24.11.2009 | Reply

    • Дуруд бар Аъзами азизу фарзона. Сухбат айнан сари хамин механизми шаффоф ва одилона аст. Хукуматдорон ва сиёсатмадорони мо набояд ин бехтарин фурсатро аз даст бидиханд. Он гох ба холате хоханд афтод, ки дигар хеч чиз онхоро начот дода наметавонад.

      Ах суханони Шумо бармеояд, ки хатто на танхо барои чамъоварй ва корбасти сармояи мардумй, балки барои пешбурди худи сохтмон низ як Шурои мардумй зарур аст. Шурое мустакил ва иборат аз афроди мавриди эътимоди мардум.

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  6. Хафтаи гузашта хафтаномаи “Миллат” бонги итироб зад, ки пулхои Рогун доранд аз байн мераванд. Ташвиши ман хам ин аст, ки дар нозуктарин, хассостарин фурсат дузд дуздияшро мекунаду бо хамин касофати афсонаи Рогун низ бесаранчом хохад монд. Тарси дигари ман ин аст, ки Рогунро такдири ТалКо интизор аст. Яъне гови чушои дуюми оила.

    Comment by Карима | 24.11.2009 | Reply

    • Оё далеле барои ин бонг будааст, факте, пажухише?

      Дар хакикат иллат раваду одат на, дуздон мукаддасоте надоранд ва дар хама холат дуздии худро мекунанд. Сабабаш ин аст, ки чараёни интикол ва корбасти сармояхо шаффоф ва зери назорати шурои мардумй нест.

      Доиман яксон намонад даврои гардон…

      Comment by aioubzod | 24.11.2009 | Reply

  7. Фикр мекунам барои чилавгири аз дуздиву горатгари дар Рогун комиссияи вижае бояд таъсис ёбад. Хайати онро дар пайи санчиши махсус интихоб кардан чоиз аст ва бигузор тамоми аъзои он мураккаб аз шахрвандони Точикистон бошанд. Шомил кардани намояндаи кадом як созмон ё давлати дигар бар суди мо нест, зеро созмонхои байналмилаливу минтакаи, ки дар Точикистон фаъоланд танхо ба дунболи манфиатхои хешанд.

    Comment by MAHBUB-TJ | 24.11.2009 | Reply

  8. Man shaxsan az digar chiz haros doram:
    Dar guzashtai nazdik bo xayolhoi abadkudrati, Irok Suriya baroi istehsoli silohhoi nukleeri milyardho dollar xarj kardan vale hujumhoi havoii Isroil hamai in xayolhoro dar chand soniya nestu nobud soxt. Tarikh baroi ibrat ast. Xatoi in sardoron dar du chiz bud:
    1. Hisob nakardani tavonoii dushman
    2. Be dastgirii xalk oghozdihii pruje yo xud Bexabarii xalk az hokimiyat va Hokimiyat az xalk.

    Oghoi Salimjon, barodari azizam dar hakikat Roghun baroi vahdati milli sababi buzurg az atoi Khudost. Vale Xalk vujudest be sar ojiz va sar dar xayolest be hisob az tavonoii vujud(xalk).

    Man mexostam masalai Rogunro az xatoi tarixii Suriyavu Irok kame tahlil kunam:
    1. Uzbakiston beshubha ashadtarin mukholifi tarhhoi enerjii tojikiston ast. Va kuvvati buzurge bar kiyosi Tojikistonro sohib ast. Yak hamlai siyosi yo harbii Uzbakiston kofist na tanho prujero balki xudi Tojikistonro sarsonu sargardon kunad.
    Uzbekiston va manfiathoi on naboyad be hisob monad. Man fikr mekunam ki bovar kunondani Uzbakiston osontaru arzontar az ghayrathoi hozirai behudayu puch baroi jalbi sarmoyai xoriji az jonibi hukumati most. Boyad va hatman Uzbakiston ba in tarh sharik gardad vayo bezarar gardonida shavad. Albatta formulae vujud dorad ki jolibdori manfiathoi tarafayn boshad. Mo agar Uzbakistonro shariki strategi kunem bar mo behtarin manfiat dar hama soha megardad. Hali in masala bo rohi dialog va guftushunidhoi begharazi hukumathoi jonibayn mumkin ast. Vagarna gufti hazrati Mavlono yake Uzum gufta ghavgho mebarorad digare Angur. Dar asl shoyad hardu xostori yak chiz boshand.
    Uzbakiston ba mo dushman nest na mo ziddi peshravii onhoem. Mo du millatem ki takdir moro nazdiktar az barodaroni hamxun gardonidaast. Sarvaroni mo bo xayolhoi ghofilona vayo gharazonai xud natavonistand yakdigarro gush kunand va sari yak fikr oyand. In baroi kuvaoi xoriji alalxusus Rusiya yak fursati xubest baroi bozi dorondani in millat. Inro hatman hal boyad kard.

    Xatoi duyum chi tavre dar bolo zikr kardem takya nakardan bar khalk va behisob namudani tavonoii xalk.
    Mo dar hakikat metavonem xud roghun sozem. Bo roghun millati tojik sozem. Vale inro akl mesozad. Hej uzve funktsiyai uzvi digarro ijro karda nametavonad. Be hamohangii mutlaki tamomi Tojikistoniyon Roghun hamesha xayol memonad. Shoyad soxta shavad ham ba mo manfiate naxohad dod. Mo dar asl fursati Roghunsozi ne millatsozi dorem. Mudrik soxtani millat muhimtarin omil dar in roh hast. Har yaki mo sarzanishi xudro kunem az xatohioi shaxsiii xud dars girifta yakjo shavem ongoh dar dami mo na Roghun memonadu na Dashtijumu na Rushan. In tarhhoi buzurg ham ba mablaghi “moshini xorijii faloni” niyoz dorand ham ba oxarin angushtarini bechorazani paxtachini tojik ki suzi farzandi dar mahbasi Rusya budai xeshro chun porai otashe dar jigar medoradu sabr mekunad. Ham in tarhho ba himmati tojiki banomuse ki dar ghurbat dur az zavjai mehrubon bo xayoli navozish bo alam ba rasmi farzandash menigaradu dar dast oloti sokhtmoni ba nuktae nigashta soatho dar daryoi xayol ghark megardad niyoz dorad. Niyoz bar on javononi ravshanfikri mo niz hastand ki donish meomuzandu har ruz soatho dar sahifahoi internet chun tashnai ob axbori tojiku tojikiston mejuyad. Bo peshraviho devonavor mexandadu bo ofathoi millatamon megiryad.

    Hamai in afrod kuvvai buzurgest dar yagonagi. Vujudi buzurgi milli muhim ast injo na mablag. Kayfiyat naxust na kammiyat.
    Barodari azizam Salim, mexostam ki 1-2 rushanfikre begharazona sozmoni ghayridavlatie tashkil dihand ba nomi Bunyodi Roghun bo shafofiyat va nazorati yake az shirkathoi bonufuzi konsultativi-auditori ba misli PricewaterhouseCoopers va dar xoriji kishvar surathisobe kushoyand. Az tamomi xayrkhohoni doxilivu xoriji baroi in mablag guzorand. Sahmi xudro dar zeri in sozmon az davlat xarand. Manfiatashro boz ba digar sohaho baxshand. In sozmon ba xud korgaron girand va sahifai interneti kushoda malumot ba hama dihand oidi peshravivu masrafot va ghayra.
    Dar ayni zamon bo tavri ghayridavlati begharaz budani in tarhhoro ba digar xalkho fahmonand. Va bozorhoi nav va rohoi irsoli enerjii dar oyanda ba dast meomadaro justuju kunand. Inro metavonad shaxse sozad ki baroi vay dar asl na dar suxan takdiri millat muhim ast va na parvoi kursii barhavo dorad na bime az raftori xud. Shaxse boyad xishti avvalro guzorad. Dar in roh akl gardad. Bovari ba dast orad va baroi in doim hisob doda tavonad.
    Oghoi Salimjon az baroi Xudo baroi yoftani chunin shaxs vayo akallan to chi daraja imkonpazir budani in fikrro kame justuju kuned !!!

    ZERO TAKDIRI OYANDAI MO MUHIMTAR AZ MANFIATHOI SHAXSII MOST. ILTIMOS SIDKAN INRO YAK DIDA BAROED.

    Comment by Voris | 25.11.2009 | Reply

  9. Аюбзод!

    Чи тавр мегуед, ки “барои исботи ин гуфтахои Шумо далели кофй дар даст нест”??? Гузориши Аудити Лондон чи? Расонахои гурухии Гарб ин дуздии пахтаву алюминийро “Таджикгейт” ном бароварданд, он чи? Он “далели кофи” кабуда чи буд, Аюбзод?
    882 миллиони Бунёди Байналхалкии Арзро ки дуздид?
    Иктибос: “Как полагают следователи в Осло и Лондоне разница в 882 миллионов долларов межде поступлениями “Талко” и обнародованной МВФ суммой оказалось на счетах офшорных компаний Эмомали Рахмона”. В этой связи английские следователи упоминали о компании Рахмона “СДН Инвестментз” расположенной на Британских Вирджинских островах даже если вычесть стоимости сырья для производства алюминия затраты на трнаспортировку как считают специалисты по реализацию алюминия остается огромная прибыль за год почти 500 миллионов долларов США” (“Таджикгейт” президента Э.Рахмона, тарчума аз рузномаи Asian Times Honkong).

    Comment by Afshin | 25.11.2009 | Reply

  10. Инчо фикрхои хуб гуфта шуданд, вале ичрои онхо бо ин хукумати Рахмон тамоман ношудани ва хаёли хастанд. Холо мебинед, ки чи тавр зуд ин хавсалаву хаёхуй аз байн хохад рафт.

    Бовари, омили мухимтарин хамаи хамкорихо, аз чумла байни чомеа бо хукумат, дар Точикистон баробари 0 (сифр) аст, вучуд надорад. Онро худи мансабдорон аз даст доданд, нобуд карданд ва аз нав пайдо шудани боварии чомеа ба хукумат холо вакт, ранч ва натичаи кор аз хукумат талаб мекунад.

    Ташаккур ба Афшин, ки аз ин далелхо радношудани ба хамагон хотиррасон кардед. Вокеан, бо ин маблагхои дуздидаи моён ин сулолаи Рахмон на якто, балки якчанд неругоххои Рогун барои миллати бечора сохтанаш мумкин буд. Магар рохбари хирадманду миллатдуст чунин ноадолатиро бар сари мардуми худ раво медид? Харгиз, на. “Исони беакл баробари гову хар аст”.

    Баробари, бародари!

    Comment by bkosimi | 26.11.2009 | Reply

  11. Ташаккур, бародар!
    Дузд – дузд аст! Дар тули кариб ду дахсола як кишвари ба хайру баракаро ба сатхи кишвархои акибмондаи Африко поин оварда, хар сари чанд вакт бо чормагзи пуч – шиорпартоихои популисти домани халки рохгумзадаву хомушро пур мекунад. Фикр мекунад бо ин ободи мешавад…
    Хама чиз аввалу охир дорад!
    Имруз ё фардо дузду авбошон чазои худро хоханд гирифт.

    Comment by Afshin | 26.11.2009 | Reply

  12. Чанд ҳафтае қабл як корманди Роғун ба ман занг зад. Гуфт, 4 сол дар сохтмони «Сангтӯда-1» ба ҳайси кафшергар кор мекардам. Бо оғози сохтмони ИБО «Роғун» аз ҳама пеш бо хоҳиши худам барои кор ба ин сохтмони бузурги Тоҷикистон омадам. Мушкилоти фаровоне домангири сохтмончиён аст.
    Дар давоми сӯҳбат гуфт, вақте президент ба сохтмон омад, гуфт, чӣ норасоиву камбудие, ки бошад, даъво кунед.
    Мо бошем, бо дастамон бе дастпӯш сементро ба девораҳои нақб мемолем. Дар поямон пойафзол надорем, либоси гарми корӣ ҳам нест. Вақте ба назди масъулин, ки аз ширкати сохтмонии доғистонӣ ҳаст рафтам, гуфтанд, хоҳӣ кор кун, нахоҳӣ ба ту ҷавоб. Ва бо бадтарин дашномҳои қабеҳ маро аз худ дур карданд. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба мо муайян кунед, ки ба куҷо муроҷиат кунем?
    Барои посух ба ин суоли марди коргар, ба ширкати «Барқи тоҷик» занг задам, аз он љо гуфтанд, ки «Роғун» дар баланси мо нест. Ба вазорати энергетика ва саноат дар тамос шудам, аз ин шӯъба ба шӯъбаи дигар пайваст мекарданд. Хуллас, касе посух надод. Илло як нафарашон гуфт, ки ин пружа аз њукумати ҶТ аст, онҳо метавонанд, посух диҳанд. Баъди пурсуҷӯҳои зиёде як масъул посух дод, ки вақте барои сохтмон маблағ пайдо кардему ин қадар корҳоро ба сомон расонида истодаем, албатта барои либос ҳам чора мебинем. Танҳо сабр кардан даркор.
    Посухи ин масъулро бе овардани номаш дар нашрия чоп кардам.
    Марди сохтмончӣ ин ҷавобро мехонад, ба хотири миллат сабрро пеша ммекунад ва мӯзаи даридаашро ба по карда, боз ба сохтмон меояд. Масъулин ӯро ба наздашон даъват мекунанд, мепурсанд ба ҳафтанома ту суол кардӣ? Мегӯяд, бале. Ин тавр бошад, баёнот навис. Дар вақти нисфирӯзӣ ӯро бо баҳонаи он, ки коргарҳо зиёданд аз кор озод мекунанд.
    Кашмакашҳо оғоз шуданду ба мардро аз кор озод карданд.
    Ҳеч кӯмаке ба он мард карда натавонистам. Бар замми ин як мушкили дигари шахсие рӯбарӯям шуд, маро барои кӯмак намудан ба он мард дасткӯтаҳ кард. Медонам, ки хатои нобахшидание кардаму номи он мардро дар зери суоли додааш навиштам, дар ҳоле ки метавонистам, бе номи ӯ суолро диҳам.
    Чунин аст, сохтмони Роғуни мо.
    Имрӯзу ин соат дар назди виҷдонам, дар назди он марду фарзандонаш худро мадюну шарманда медонам. Акнун он мард қасд дорад, то ба Русия равад…

    Comment by Абдуазими Абдуваххоб | 27.11.2009 | Reply

  13. К сожалению мои соотечественники, я не верю Рахмонову что они собирают деньги на ГЭС ведь в гос бюджете уже заложены деньги (120 миилионов в 2010 плюс к тем что уже выделены в 2009 на строительство, и дай бог их освоить, ведь строительство займет 4-5 лет. Компания Рахмонова собирает деньги не на ГЭС а на закрытие хлопковых долгов, чтобы заплатить своим же компаниям за счет населения. ГЭС он будет строить за бюджетные средства которые так и так уже есть. Это подтверждается теми постоянными расхождениями в суммах которые необходимы для завершения строительства первой очереди, и срочностью с которой идет сбор денег. А ведь нет необходимости собирать всю сумму строительства сразу, но вот хлопковые долги надо закрыть до весны!
    Под крики о ГЭС Рахмонов хочет закрыть ту дыру которую он же и создал за счет разорения хлопкового сектора. В общем покупая акции мы даем деньги лично Рахмонову, жаль но это видимо так.

    Comment by Худжанди | 08.12.2009 | Reply

  14. Салом мухтарм Салим Аюбзод. Наконец адреси торнигори шумо дастрас шуд ва ман инчоям.Инчо гуфтаниям ки сад фоиз гарантия, ки 50 фоизи пул через хукумат нест мешавад. Так что лична ман як капейк намедихам.

    Comment by Snaiper | 21.12.2009 | Reply

  15. Ихе сурата ай кчо ёёфтед? )))) Шикамша тамошо дора )) ЭЭ холи бо у калон меша)) Пули Рогун гафс рафтестай.

    Comment by Snaiper | 21.12.2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: