Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Якбара истед, мардикорон меоянд…

Имкон дорад, ки кору заҳмати касе хуб бошад, вале худаш бад? Ба назари ман, муҳоҷирони тоҷик дар Тоҷикистон айнан чунин ҷойгоҳро доранд. Пуле, ки онҳо мефиристанд, на танҳо хонаводаашонро аз бенавоӣ наҷот медиҳад, балки иқтисодиёти кишварро мечархонад, вале худашон дар кишвар қадр надоранд.

Ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ин пул 45%-и даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Эҳтимоли коҳиши он бар асари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон чандин созмони байнулмилалиро водор кард, ки аз таҳдиди хушунат ва баназмиҳои иҷтимоӣ ҳушдор диҳанд.

Дар зимн, бӯҳрон ҷаҳонӣ бисёре аз ҳукуматҳоро водор кард, ба қадри муҳоҷирони корӣ бирасанд.

Лаҳистон, ки муҳоҷиронаш дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба яке аз манбаъҳои муҳими даромадаш табдил ёфтаанд, тасмим гирифт, роҳкирои онҳоро ба маротиб арзонтар кунад. Молдова, ки ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ 38 дарсади даромади миллияшро пули муҳоҷирон ташкил медиҳад, муносибаташро ба ин қишри аҳолӣ комилан тағйир дод ва ба “тармим”-и асноди муҳоҷирони ихроҷшуда машғул гашт.

Вале аз ҳама бештар Покистон, ки муҳоҷиронаш дар Бритониё, Арабистони Саудӣ, Сингопур, Имороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои дигар зиёданд, қарор кард, 2 курсиро дар порлумон ба намояндагони муҳоҷирон бидиҳад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҳоҷире, ки 5 соли охир дар Ватан назистааст, ҳатто ҳаққи пешбарии номзадияшро ба Маҷлиси Намояндагон надорад. Ва оне ки дурияш аз Ватан ба 7 сол кашидааст, наметавонад, дар интихобот ба Маҷлиси Олӣ ширкат варзад.

Ҳол он ки фаъолтарин қишри аҳолии Тоҷикистон рӯ ба муҳоҷират овардааст ва дар байни мардону заноне, ки маҷбур шудаанд, ғурбату хорӣ ва меҳнати сангинро ба бекорӣ ё музди ночиз бартарӣ диҳанд, одамони донишманд, кордон ва ғамхору баномус аксариятро ташкил медиҳанд.

Ман даҳҳо муҳоҷирро мешиносам, ки аз пули худ дар зодгоҳашон варзишгоҳу кӯдакистон, китобхонаву боғҳо, мактабу масҷидҳо сохтаанд ва ё дастикам дар ободии чунин иншоот саҳми назаррас гирифтаанд. Оё чунин муҳоҷирон аз аксари вакилони порлумони Тоҷикистон дида ба Ватан хидмати бештар накардаанд? Ва фурсати он нарасидааст, ки агар монанди Покистон қадршиносӣ кардану барои муҳоҷирон дар порлумон квота муайян намудан, мушкил аст, қонунҳои табъизомез (дискриминатсионӣ) ва ғайримантиқию ноодилонаро иваз намуда, ҳуқуқи бахши бузурге аз мардумро ба онҳо боздод?

29.11.2009 - Posted by | Ватан, Муҳоҷират, Тоҷикистон, Қонун |

13 Comments »

  1. Дуруд ба Аюбзод! Ин “вакилони мардуми”-и мо танхо дар гами чони худ хастанд. Танхо дар панч сол як бор ба ёдашон мардуми “почаканда” мерасад, вакте, ки ба онхо ниёз доранд, яъне вакти интихоботхо….
    Аммо фикр намекунам ба ин наздикихо барои мухочирон сабукихое оварда шавад. Дар Точикистон хатто арзиши чиптаи сафаро поин намебаранд аз кучо монад сохиби кардан ба курсии парлумони….

    Comment by MAHBUB-TJ | 01.12.2009 | Reply

    • Дуруд бар Маҳбуби азиз.

      Рӯзҳое, ки дар Ватан будам, телевизиони кишвар гаштаю баргашта огаҳй пахш мекард, ки нархи чиптаҳои роҳи оҳан то 30% коҳиш ёфтаанд. Албатта, дуруст аст, ки бӯҳрон сабаби ин коҳиш шуд, на меҳрубонии давлат ба муҳоҷиронаш.

      Бале, боз интихобот наздик мешавад. Нахоҳад мардум аз нав ба онҳое раъй диҳад, ки нишон доданд, сазовори бовари халқ нестанд?

      Чаро муҳоҷирони бозгашта, ки азобу машаққати ҳамдигарро ба хубй медонанд, наметавонанд, муттаҳид шаванд ё ба ҳизбҳои сиёсй бипайванданд ва намояндагони худро ба курсии порлумон биншонанд. Дуруст аст, ки пирӯзй дар интихобот аз боло муайян мешавад, аммо агар мардуми зиёд бо як ирода ба майдон оянд, ҳатман чанд курсиро муҳоҷирон ба даст хоҳанд овард ва аз ҳуқуқи худ дар Ватани худ дифоъ хоҳанд кард.

      Comment by aioubzod | 05.12.2009 | Reply

  2. Хислати миллии мост, ки некукори худро бад бинем ва золими хешро дуст дорем. Ин поя ва заминаи зиндагии мо дар Точикистон шудааст. На танхо бегонахо тарсу ситамро ба мо бор кардаанд, балки худихо низ. Ба хамин иллат ё иллал дар Точикистон танхо бадкорон муваффак мешаванд. Холо ба сохти шуравй ахсанту ахсант мехонам, ки кам ё беш адлпарвар буд ва гахгохе хакикат дар он галаба мекард.

    Comment by Samandar | 01.12.2009 | Reply

    • Ман ба ин нуктаи Шумо, Самандари арҷманд, шубҳа дорам. Ин хислату хосиятро ба мо бегонагон нисбат додаанд, то иродаи моро заъиф кунанд ва ё бишкананд. Мо аз ягон миллати дигари ҷаҳон фарқе надорем. Худованд ҳамаи инсонҳоро яксон офаридааст. Фақат ин ки халқи мо бисёр сабур аст. Ин сабру шикебой аз хиради бостонй бармеояд.

      Бовар кунед, бадгӯёну бадкорон ягон-ягонанд, аксарияти мардум неканду порсо ва бохирад. Онҳоро на тарс тахриб кардааст ва на нафсу ҳирс.

      Пас бояд умедвор буд. Мо ба муроди худ хоҳем расид.

      Comment by aioubzod | 05.12.2009 | Reply

  3. Ассалому алейкум.
    Ако, инкадар дилро хун накунед. Парлумони мо як чизи барзиёд аст барои давлату халк ба мисли озах ё апендицин. Имонам комил аст. Масалан хулоса бароред, кадом ахмак карор дар бораи пулаки шудани рох ё тиб кабул мекунад? Намояндаи халк? Ба акли ки ин рост меояд?

    Дар бораи Парлумони мо метавонед аз хонаи Нахудаки азиз маълумот гиред http://www.nakhudak.wordpress.com. Нахудакчон як вактхо вакил хам шудааст.

    Хуллас, Парламенти мо имруз зарур аст ба як чихат: Чои чамъшавии каллахуроне, ки аз мансаб монданд, ё монданашон аз эхтимол дур нест. Мехохам мисол биёрам, лек “метарсам”, ки зарарашон ба ман мерасад. Чун сомонаи мазкур зери назорат аст…

    Ман фикр мекунам, барои 6 милион ахоли парламенти касби ба хеч вачх даркор нест, як номаъкулии барзиёди, хонандахо чи фикр доранд? Инкадар вазорати зиёд хам даркор нест, аз дусар ягон бало аз дасташон намебиёд, наметавонанд, як девор бардоранд, каланд зананд, факат аз хисоби андозхо кайф карда маош гирифта гаштиян… Хай гапа зиёд намекунам, бо коментама спам гуфта удалиташ накунед 8)

    Comment by Бахтиёр | 01.12.2009 | Reply

    • Намешавад, Нахудаки азиз, дар бораи порлумони оянда фикрҳои танзомезе дар миён гузоред?

      Comment by aioubzod | 05.12.2009 | Reply

  4. Бахтиёри гироми, хамаи гуфтахоят ба кавли мусафеди Сафомиддин дуппа-дуруст, аммо ку гуши фарёдшунаве (аз намояндагони “мардуми”), ки ин хамаро дар тарозуи акл баркашаду борехаке барои манфиАти на манфиЯти халки одди андешад? Ман пешниход доштам барои “намояндагони мардуми”-и аз ахволи мардумамон бехабар ягон номи дигар чуем, масалан “хакхурони мардуми” ё шояд пешниходи дигар хонандахо чолибтар бошад…

    Comment by MAHBUB-TJ | 02.12.2009 | Reply

  5. Эй бародарон магар куру нобиноед? Порлумони кишвар дуздии 60 миллион сомониро кашф кард. Магар ин нест гами мардуму давлатро хурдан? Каме одилона бояд бахо дод.

    Аммо он чизхое ки чаноби Аюбзод дар бораи кадрношисй нисбати мухочирон гуфтааст, хазор фоиз дуруст аст. Ин масъаларо бояд бардошт ва конунхои тахкиромезро иваз кард.

    Comment by Мухсин | 02.12.2009 | Reply

    • Ана инаш навигари… Офарин парлумончиён. Ииии, бо нафахмидам, ба чи кор машгуланд? Кашфиёт? Ууууу круто! Ман фикр мекардам, ки парлумон бояд конун кабул кунад. 60 милионро кашф карданду боз кафш накарда бошанд😈

      Comment by Бахтиёр | 02.12.2009 | Reply

  6. САлом Акаи Салим!Хамаи ончизе менависед “норензондаву ночаконда” мехонам! дар навиштахоятон то кадом андоза
    самимият ва садокат чой дорад?Бахшиш агар хотиратонро озурда карда бошад!

    Comment by ЯК Мусофир | 17.12.2009 | Reply

  7. Созмон додани хизби “Мухочири хору зор” айни мудао мешуд. Онхо оинаи миллатанд!!!

    Comment by Mark Twain | 19.12.2009 | Reply

  8. Алло,ай точики овораи ман,
    Ку тифли кучаки гахвораи ман,
    Шуда пазмони руи тифлаконам,
    Гарибу нотавону бемаконам,
    Кучо нангу кучо номуси миллат,
    Ки миллатро намудем чанд кисмат,
    Намедонам ватандори хамин аст,
    Сари точик хамеша дар замин аст,
    Туро таърих набахшад хеч асре,
    Чи месози барои хеш касре,

    Comment by Харат | 04.04.2011 | Reply

  9. Парлумон 1 хазор км.кв-ро барои мардуми Хитой бахшидан офарин хой мардум замин мулк аст (занбуро хонаашро вайрон кун )пароканда мешавад ояндаи мо метарсам ки чунин аст хой намояндагони “миллат” чи кор кардед шумо аз мардум боре пурсидед ба ин рафторатон либоси занона пушед бо дасти худ миллати худро нобуд карда истодаем……………..

    Comment by Харат | 04.04.2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: