Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Закоти ватанпарастй?

Баҳси бунёди нерӯгоҳи Роғун тадриҷан ба яке аз навъҳои варзиши миллӣ ва ояи закоти мол табдил меёбад. Аммо аҷиб аст, ки бо афзоиши ҳамовозиҳо ва қувват гирифтани даъватҳо, шубҳаи марбут ба дурнамои ин тарҳ кам намешавад. Чаро?

Агар давлати Тоҷикистон барномаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба таври шаффоф ва содаву рӯшан ба мардум мефаҳмонду пасон ин даъватро ба миён мегузошт, вокунишҳо шояд ба шакли дигаре мебуданд. Тарҳи Роғун ҳатто дар сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузориҳо ва идораи амволи давлатӣ ҷой дода нашудааст, то хоҳишмандон аз мӯҳтавои он огоҳии комил пайдо кунанд.

Ба назар мерасад, барномаи хайрия ва саҳмияҳои Роғун бо шитобзадагӣ ва бе омодагии ҳамаҷониба, бадоҳатан ба миён афтодааст ва дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди эълони шаклу сикка ва қимати саҳмияҳо танҳо рӯи сухан рост шудааст.

Чаро вақте ки давлат думболи сармоягузорони хориҷӣ мегашт, ҳамаи асноди ҳуқуқӣ ва техникии марбут ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба якояки онҳо пешкаш мекард, вале замоне ки рӯ ба мардуми худ овардаву онҳоро ба нангу номус фаро мехонад, бо даъвати “доирахабар” иктифо мекунад?

Магар зиёданд, касони ҷиддие, ки бе донистани ҳамаи ҷузъиёти муомила ва суду сарбахши пули хеш ба он сармоягузорӣ кунанд?

Агар ба мардум харидани саҳмияҳо пешниҳод мешавад, чаро набояд Низомномаи ҷамъияти саҳҳомии “Роғун”, шароити хариду фурӯши саҳмияҳо, номи ширкатҳое, ки мудирияти сармоягузории мардумиро бар дӯш хоҳанд дошт, шеваи тасмимгирии Шӯрои мудирони “Роғун” ва ҳамаи масъалаҳои марбута эълон нашаванд.

Агар қарор аст, “Роғун” мояи рушди иқтисодии Тоҷикистон шавад, табъан ба як ширкати сердаромад табдил хоҳад ёфт. Дар он сурат чӣ заруратест ба таблиғи зиёдаравонаи саҳмияҳои он? Оё ин таъкидҳо ҳам боиси шубҳаву гумон намешавад?

Исботи дурнамои бомуваффақияти тарҳ бо далелҳои раднашаванда ва аз тарафи коршиносони мустақил беҳтарин таблиғе буда метавонад, ки пули сармоягузоронро бе даъвату таъкидҳо низ ҷалб хоҳад кард. Тарҳ бояд илмию боварбахш бошад, он гоҳ барои саҳмияҳои он навбатҳои дурудароз ба вуҷуд хоҳад омад.

Аммо то ҳол касе рӯшану ошкор нагуфтааст, чаро сармоягузорони мумкин аз ширкат дар ин тарҳ даст кашиданд ва чаро агар ҳукуматҳо ё ширкатҳои давлатию нимадавлатӣ аз сиёсатзадагии қазия ҳаросиданд, ягон сармоягузори инфиродӣ аз хориҷа низ то ҳол ба бовари тамом нагуфтааст, ки омодааст, дар ин муомила ширкат кунад?

Шояд беҳтар аст, Ҷамшед Сиёев, бунёдгузори аҳроми молиявии мӯҳраро аз маҳбас берун овард, то як чунин барномаро ба роҳ монад? Агар сари вақт пеши роҳи ӯро намегирифтанд, метавонист, дар як мӯҳлати кӯтоҳ садҳо миллион доллари мардумро ҷамъ орад.

Ин, албатта, ҳазл аст. Баракс, тарҳи Роғун, аз он ҷо, ки ба ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ пайванд мегиряд, бояд бо афкор ва дастони пок ва таври шаффофу одилона амалӣ гардад.

Вале ҷои ин мо шоҳиди камбуди эътимодем. Дӯст ва ҳамкори ман, раиси Бахши душанбегии Радиои Озодӣ, Мирзонабии Холиқзод дар “Блогистони Озодӣ” норасоии бовар ба ҳукуматро хеле нишонрас қаламдод кардааст. Вай менависад, бо ҳар нафаре, ки ҳамсӯҳбат шудааст, зоҳиран омода будаанд, ба бунёди Роғун хайр кунанд, вале дафъатан пурсидаанд, тазмине ҳаст, ки ин пул ба сохтмони нерӯгоҳи муҳими кишвар харҷ хоҳад шуд?

Ширкаткунандагон баҳсҳои интернетӣ низ фақат як дархост доранд: Замонат диҳед, ки пули мо рабуда намешавад, сармоя чист, ҷони худро барои Роғун медиҳем. Ҳама далелҳое мехоҳанд, ки бовари онҳоро тақвият диҳад.

Ин ҳам дар ҳоле ки порлумони Тоҷикистон аз харҷи нодурусти 60 миллион сомонии буҷаи давлат бонги изтироб задааст. Ва собиқ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, ҳоло ноиби сарвазир, Муродалӣ Алимардон, дар саросари ҷаҳон бо сӯистифодаи рекордии наздик ба 1 миллиард доллар машҳур гаштааст.

Ва Тоҷикистон дар мубориза бо фасод, тибқи назарсанҷиҳои созмони Шаффофияти Байнулмилал дар як сол 7 зина поёнтар рафтааст, ки боз ҳам беэътимодии бештарро ангезиш медиҳад.

Аммо аз он ҷо ки ин даъватҳо ба нанги миллии мо нохун мезананд, метавон аз ҳама чиз чашм пӯшид ва ҳам хайре карду ҳам саҳмия харид. Ҳарчанд, файласуфи машҳури асри нуздаҳи рус Владимир Соловйев менависад, набояд бо ҳисси ватандӯстии одамон бозӣ кард ва меафзояд, беҳтар аст, аз ватандӯстӣ даст кашем, то аз виждон.

05.12.2009 - Posted by | Ватан, Ваҳдат, Иқтисодиёт, Сиёсат |

12 Comments »

  1. Ассалом, оғои Салим. Дӣ сари маро ҳам андешаи НБО Роғун фаро гирифт.Чаро, ки аввал аз миллатамон кори хайрӣ ба мисли бахшидани маошҳо ба ин нерӯгоҳ, пасон харидани саҳмияҳо талаб карда шуд? Чаро бо сармоядоронӣ хориҷӣ ҳамкорӣ нашуд? Наход тарс аз Узбакистону Русиая монеъ барои ин кор бошад?

    Пасон хулосае баровардам; НБО Роғун – бойгарии миллатамон бояш мешуд, яне моли давлатӣ. Амо фикри миллат дар ҳукумати мо дар охирон зинапоя қарор дорад. Ман чунон гумон дорам, ки қариб ҳаммаи сармоягузориҳои гарон дар мамлакатамон ба фоидаи оила ва наздикони Раиси Ҷумҳуриамон аст. НБО Роғун дар оянда фоидаи зиёд хоҳад овард.

    Чаро он наздикони Раисамон соҳиби он нашаванд? Онҳоро дар тарзи равшан эълон карда намешуд…Раис қарори нав мегираду саҳмияҳои НБО Роғунро ба фуруш мегузорад. Аз оморе, ки 60 дарсади аҳолии Тоҷикистонро камбизоад эълон шудаанд, хулосае мебарояд, ки на ҳама метвон аз онҳо насибдор шаванд. Шахсоне ки он саҳмияҳоро метвон харид равшантар мешаванд. Он гуруҳ саҳмияҳои зиёди НБО Роғунро хоҳад харид, ва дар охир агар лозим ояд саҳмияҳоеро ки дигарон харида буданд аз дасти онҳо ҳам мехарад.

    Ва дар охир расме намудор мешавад, мисли оне ки соҳиби асосии ин НБО оилаи Раиси Ҷумҳуриамон аст !!! Ин танҳо яке аз эҳтимолҳоест ки аз андешаи ман баромад. Аз Худо ҳамеша дуо мекунам ки ин гумони ман хато барояд.
    Бо эҳтиром Хушбин

    Comment by Хушбин | 06.12.2009 | Reply

  2. Вокеан рост гуфтед чаноби Аюбзод. Ман хам шахсан омодаам, ки хадди акал 1000 сомон сахм бигирам дар сохтмони Рогун. Вале бовар надорам, ки ин пули ман дар чои лозима сарф мешавад. Зеро агар дарвокеъ, то хол хамаи маблагхои давлат дар чои лозима сарф мешуданд, шояд имруз Точикистон то ин хадд, ки масъулин каламдод мекунанд, вобастаи Рогун намешуд. Бояд масъулини давлати роххои гуногуни рушди кишварро дар даст дошта бошанд. Чаро ки баъди чанги руирости лафзи бо хамсоякишвар – Узбакистон, эхтимоли хар гуна рушди муносибот вучуд дорад, ки мо бояд дар назар дошта бошем.
    Худованд масъулини хукуматро инсоф дихад, то пули мардуми бечора ба чои лозима расад. Оминн!!!

    Comment by Далер | 07.12.2009 | Reply

    • Ман ҳам шахсан омодаам, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун маблағ фиристам. Ин мададе мешавад на ба ду-се нафар, тавре ки ҳар сол мекунам, балки ба тамоми мардум ва ба Ватани азиз. Вале бояд дар навбати аввал замонати қотеъ бигирам, ки пули ман ба Роғун хоҳад расид. Дар акси ҳол каме сабуктар кардани рӯзгори ду-се нафар беҳтар аз он аст, фикр кунам, ки кадом мансабдор аз пули ман мошини хориҷй мехарад ва ё дар осоишгоҳе оимбозӣ мекунад.

      Аз мақомоти давлат самимона хоҳиш мекунам, чунин тазминро бидиҳанд ва тамоми равандро ба гунаи шаффоф идома диҳанд. Бовар дорам, мисли ман одамон ҳазорон нафаранд. Ва ҳамаи онҳо мехоҳанд, бовар кунанд.

      Comment by aioubzod | 12.12.2009 | Reply

  3. Як далели ин маъракаи бенизом ва бозоракй ин аст, ки агар шумо холо пул гузаронданй шавед, ягон хисоби банкй дар ягон банк вучуд надорад, ки тавонед пулро ба он гузаронед. Худаш хамин исбот мекунад, ки маъракаи дархаму бархам бо шитобзадагй ба миён омадааст. Даъват мекунанд, ки пул гузаронед, лекин ба кучо ва чй хел — номаълум.

    Comment by Samandar | 08.12.2009 | Reply

    • Аз вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар бонкҳои мамлакат бо мақсади ҷамъ овардани маблағ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» суратҳисобҳои махсус кушода шуданд. Ба суратҳисобҳои мазкур пури миллӣ ва асъори хориҷӣ қабул карда мешаванд.
      Аз ҷумла, чунин суратҳисоб дар Сарраёсати Хазинадории марказии вазорати молия таҳти унвони «Барои сохтмони НБО «Роғун» кушода шуд.
      Рақами суратҳисоб 20204972364010100023
      МФО 350101800
      Рақами суратҳисоб барои супоридани пул
      22402972000002
      ИНН 060002282
      Суратҳисоб барои қабули маблағ бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) :
      Bank – correspondent: СITIBАNK N.А., New York, NY USA
      SWIFT: CITIUS33
      Bank beneficiary: State Savings Bank of Tajikistan AMONATBONK
      Corr. Account: 36883765
      SWIFT: ASSETJ22
      Beneficiary: For construction of Rogun Hydropower Piant
      Account: 26204840100054101000

      Манбаъ: http://www.millat.tj/?menu=ijtimo&page=1138

      Comment by Меъмор | 08.12.2009 | Reply

  4. Мутаасифона ин суратхисобхои одамои махсус хастанд, “на сохтмони мардумии Рогун”.

    Comment by Коля | 08.12.2009 | Reply

    • Ачомб! Оё маълум аст, ки ин суратҳисобҳо ба номи кистанд?

      Comment by aioubzod | 12.12.2009 | Reply

  5. 13.К сожалению мои соотечественники, я не верю Рахмонову что они собирают деньги на ГЭС ведь в гос бюджете уже заложены деньги (120 миилионов в 2010 плюс к тем что уже выделены в 2009 на строительство, и дай бог их освоить, ведь строительство займет 4-5 лет. Компания Рахмонова собирает деньги не на ГЭС а на закрытие хлопковых долгов, чтобы заплатить своим же компаниям за счет населения. ГЭС он будет строить за бюджетные средства которые так и так уже есть. Это подтверждается теми постоянными расхождениями в суммах которые необходимы для завершения строительства первой очереди, и срочностью с которой идет сбор денег. А ведь нет необходимости собирать всю сумму строительства сразу, но вот хлопковые долги надо закрыть до весны!
    Под крики о ГЭС Рахмонов хочет закрыть ту дыру которую он же и создал за счет разорения хлопкового сектора. В общем покупая акции мы даем деньги лично Рахмонову, жаль но это видимо так.

    Comment by Boston | 08.12.2009 | Reply

  6. худат чанд сум супурдаи ки ин кадар визвизат гирифтаст?

    Comment by Латиф | 21.12.2009 | Reply

  7. Як эксперимент мегузаронем: Пагох назди дилхох талбандаи чугии шахри худ раведу ба дасташ сад доллар дихед ва гуед, ки хамин пулоро гиру дигар талбандаги накун. Бовар кунед пагохи дигар уро дар чои пешинааш талбанда меёбед…

    Comment by Forsage_SD | 22.12.2009 | Reply

  8. Годовой доход чисто из Рогуна будет минимум 15-миллиард долларов – guftay yatush tura kadom maktab matematika yod doday? Kadom biznesda 2 milyard medoday badi 1 sol 15 milyard doxod megiriftay? Xankada ixeli foyda bosha mumkin.

    Aku statistika kati binem rogun 13,3 milyard kW elektrichestvo meta. agar 0,05 usd furushem 665 milyon dolar meta da yak sol va umuman 5 solda sumsha mebarora.

    Obshi potensiali tojikiston dar gidroenergetika 300 milyard megawattay yane elektrika barobari 20 roguni diga soxta meshad.

    Agar tojikiston 50% obshi potencialsha barora da yak sol 7,5 milyard dolar daromad meyoba ay svet.

    Neki megan puli boy dahani kambaghala shalpar mekna. O tojikiston har sol 4 tona tilo mebrora chand hazor tonna paxta. Zumrudi Pomira da aukcioni angliya mefrushan. Talko da ya sol sumsha jam kna rogun mesoza.

    15% urani jahon dar moay bad chi? Roguna sozem baroi besvet namonem umed ay xudmon narava. A nascheti boyshavi i hamash safsataay. Tojikiston 10 roguni diga bsoza ham ba i hol boy nameshava. Chi afrikara kadom xazinosh boy kada bud?

    Ma uzbekum neki hamira megum ki Uzbekora da uja Karimov loy molidayu anekdot nakl kada xandondestay da ija bosha digarush. Roghun darkoray albata da asri 21 besveti aybay neki boy meshem gufta xutona fireb naknen.

    Boy odami kalador meshava xo tojik bosha xo uzbek. Kambaghal yo har ruz sumi boya hisob mekna yo patriotum gufta xudhsa ba ustuxon shod mekna.

    O da zapad befoyda namegan people want Sony not Sand. Its time of Coca Colonization.

    Aklut bosha imperiyai iktisodi soz nadoshta boshi gard har ruz da tai xabaro kamentarya navishta yo xonda

    Comment by Uzbek | 30.12.2009 | Reply

  9. Салом устод Аюбзод!
    Ман бисёр мехохам, ки бо чи азобу машаккате набошад хам Рогунро бино кунанд, аммо метарсам, ки фасод инчо низ рох ёбаду ба чомаи амал пушидани охирин умеди мардуми точик монеа шавад.Боз…
    Шояд Лоик бехуда нагуфта буд, ки..
    Агар сад Нораку Рогун бисози,
    Бимонад Точикистон торикистон

    Comment by Bahmanjor | 15.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: