Салими Аюбзод

Нигариш ва кандуков

Таърихнигоре бо диди нав

Аз хабари нашри китоби донишманди тоҷик Камолуддин Абдуллоев “Аз Шинҷон то Хуросон” хеле ва хеле шод шудам. Орзу дорам, дӯсте битавонад, ин китобро бароям бифиристад, зеро фикр мекунам, ин як асари нодир ва намунаи таърихнигории нав аст. Ҳамаи навиштаҳои Камолуддинро, агар дар интернет нашр шудаанд, хондаам ва аз онҳо баҳравар гаштаам. Ин шахс метавонад рӯзе асаре мисли “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бинависад, аммо озодона ва бе пешдоварӣ.

Афсӯс, иттифоқ наафтодааст, ки бо донишманде чун устод Камолуддин Абдуллоев вохӯрие дошта бошам. Танҳо як дафъа, вақте “Сад ранги сад сол”-ро менавиштам, дар соли 1999 телефонӣ сӯҳбат карда будем ва ҳатто ҳамон гуфтугӯи кӯтоҳ маро водор карда буд, ба чанд масъалаи таърихи тоҷикон бо эҳтиёти тамом бархӯрд кунам. Агар ин устод навиштаи маро хонда бошанд, ҳатман нуқси зиёде ёфтаанд ва шукр бояд гузорам, ки бархе аз порчаҳои навиштаи маро “торумор” накардаанд.

Ҳарчанд ман ҳам талош кардаам, ки дар навиштаи худ то охирин ҳадди мумкин ҳақиқатнигор бошам, ҷаноби Абдуллоев дар ин самт ҳамтое надоранд. Ва то навиштаҳои эшон чизе аз таърихи гузашта нахондаам, ки ин гуна ҳақиқатнигорона ва мӯшикофона бошад. Фикр намекунам, касе битавонад аз асари он кас факт ё нуктаи носаҳеҳе пайдо кунад. Ана, чаро мегӯянд, гунҷишкро ҳам, агар куштанист, қассоб бикушад, на ҳаваскор.

Ман фикр мекунам, акнун мо таърихдони варзидае дорем, ки суханаш на танҳо дар сатҳи кишвар, балки дар ҳамаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он вазни сангине хоҳад дошт. Сухани ӯро ба ҳисоб хоҳанд гирифт, аз ӯ нақли қавл хоҳанд кард ва бар пояи андешаҳои ӯ назарияҳо хоҳанд сохт.

Манзурам аз “диди нав” нигоҳе холӣ аз ҳама гуна ангеза, ба ҷуз қаламдоди ҳақиқат аст. Он гуна ки устод Акбари Турсон дар видеогуфтори хеш меоранд, таърихнигории мо тамоми ин муддат дар банду қайд ва асорати идеолужӣ будааст ва ҳаргиз натавонистааст, мисли як ойинаи ростнамо моро ба гунае ки ҳастем ба мо бинамояд. Охир, вақте ки ойина ба ҷойи мо акси каси дигар ва ғолибан каси ормониро нишон медиҳад, магар хоҳем донист, ки ҷурми мо чист?

Манзури дигарам аз “диди нав” ин аст, ки Камолуддин Абдуллоев ҳатто хурдтарин рӯйдоди таърихии марбут ба тоҷиконро дар матои таърихи ҷаҳон мебинад. Хеле росту дуруст ва ошкору рӯшану беибо. Ин имкон медиҳад, дар навиштаҳои ӯ манзараи бузургро бинем ва ба фишангҳои таърихи ҷаҳон пай бибарем.

Ин вижагии пажӯҳишҳои илмии ӯро метавон дар ҳар яке аз навиштаҳояш дид. Барои намуна, тадқиқоти ӯро дар бораи Анварпошшои турк бихонед. Дар он на танҳо авзоъ дар Бухорои Шарқии соли 1922, балки вазъи тамоми Осиёи Марказӣ, Ҳинду Афғонистон, Эрону Қафқоз, Олмону Бритониё, Русия ва табъан Туркияро ба он гунае ки буд, хоҳем дид. Ва ҳангоме ки рӯйдодҳои Бухорои Шарқӣ дар паҳлуи фарояндҳои ҷаҳонӣ дида мешавад, он гоҳ сабабу иллати бисёре аз рӯйдодҳо ошкор мегарданд.

“Диди нав” ҳамчун мундариҷа шакли навро ба миён меорад. Навиштаҳои Камолуддин Абдуллоевро бо навиштаҳои ҳеҷ яке аз таърихнигорони дигари тоҷик намешавад, махлут кард. Мақолаи илмии ӯро монанди достони шавқангез ё румони детективие хоҳед хонд ва нахоҳед донист, ки ба фарҷом расидаед ва афсӯс хоҳед хӯрд, ки он ба поён расид. Фикри рӯшан бар пояи фактҳои дақиқ ривояти муназзам ва рағбатангезеро шаддавор силсилабандӣ мекунад. Таърих дар ин навиштаҳо таърихи зинда аст ва қаҳрамонони он низ афроди зинда, ки онҳоро аёнан мебинед ва ҷумбишҳои равонии онҳоро ҳис мекунед.

Таърихномаҳои Абдуллоев маҷмӯъи санаву санад, солу моҳ ва ному насабҳо нест, балки ҳикояти комилан боварбахши саргузашти инсонҳо, маҳаллу минтақаҳо, кишвару ҳукуматҳо, андешаву ормон ва дардҳову андӯҳҳост.

Оваҳ, танҳо мехостам, як табрикномаи хурде аз нашри китоби устод Абуллоев бинависам ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ тақризе ба корҳои эшон нест, ба вижа ки ҳанӯз китоби навро рӯйи даст нагирифтаам ва танҳо аз рӯи мақолаҳои ӯ дар интернет изҳори андеша мекунам. Ҳатман мақолаҳо як чиз аст ва китоб чизи дигар.  Ваъда медиҳам, вақте онро хондам, боз хоҳам навишт ва муфассалан. Ҳоло танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки хабари нашри ин китоб танҳо марбут ба бахши Фарҳанг нест, балки Сиёсат, Таърих, Ватан ва Миллатро низ дар бар мегирад.

Бовари тамом дорам, ин китобе нест, фақат хонда шавад. Китобест, ки бояд ҳамеша рӯйи миз бошад. Ҳар рӯз ва ҳар лаҳза. Табрик, устод!

Акс ва хабар аз Азия-Плюс ва бо сипос аз хабарнигорони он истифода шудаанд.

07.12.2009 - Posted by | Осиёи Марказӣ, Таҳсил, Тоҷикистон | ,

28 Comments »

  1. Ман ин ҳафта ба мамлакат сафар дорам, ҳатман ин китобро ёфта мехонам. Якчанд навиштҳои оғои Камолуддин Абдуллоевро дар интернет хондам, хело завқовар. Оё ин китоб танҳо бо забони русӣ нашр шудааст?

    Comment by Меъмор | 07.12.2009 | Reply

  2. Аз минбари Салими Аюбзод истифода бурда ман низ Камолуддин Абдуллоевро муборак мегуям! Хело шодам, ки таърихнигоре хамчун Камолуддин Абдуллоев дорем, ки дар инъикоси таърих ба чуз аз хакикат наменависад. Акои Салим хело хуб навиштед, ки дар таърихнигори вокеият накши асоси мебозад, хоса ин чиз барои наслхои оянда басо мухим аст. Аммо дар ин баробар бояд икрор шавем, ки таърихнигорони замони Шуравии собик аслан чорае ба чуз аз “харакат руйи як хат” надоштанд. Агар нафаре мехост аз хакикати таърих бинависад ва ин навишта дар чое “хилофи” идеологияи замон мебуд, пас он донишманд хатман бояд бо пажухишу захматхои чанд сола “хайру маъзур” мекард. Аз ин ру фикр намекунам бояд онхоро зери “тозиёна” бигирем.

    Comment by MAHBUB-TJ | 08.12.2009 | Reply

  3. Ташаккур ба огои Аюбзод ва дигар бародарон барои табрикот. Медонам ки аксари аз шумо китобамро хануз пурра нахондед. Барои хамин суханхои неки шуморо ман хамчун пешпардоз (аванс)кабул мекунам.
    Китобамро метавонед дар магозаи китоби комплекси Пойтахт (ру ба руи маркази таккикоти стратежи) вокеъ дар кучаи Рудаки, е дар дукони назди Институти Забон ва Адабиети АФ (к. Рудаки, наздики донишгохи Давлати) бо нархри на он кадар гарон бихаред

    Comment by Камолиддин | 08.12.2009 | Reply

  4. Бубахшед, хато кардам. Албатта ман “пешпардохтро” дар назар доштам, на “пешпардозро”🙂

    Comment by Камолиддин | 08.12.2009 | Reply

    • Дуруд бар донишманди фарзона, ҷаноби Абдуллоев. Сипос аз таваҷҷӯҳатон ба торнигори ман ва ин навиштаи мухтасару шитобзада.

      Бовар дорам, дӯстонам китобро ба ман хоҳанд расонд ва онро бо лаззати тамом мутолиа хоҳам кард.

      Фаромӯш кардам, аз силсилаи пажӯҳиш ва таҳлилҳои Шумо дар бораи ҷангу сулҳи Тоҷикистон низ ёд кунам, ки дар ҳамкорй бор пажӯҳишгарони бритониёй анҷом шудааст. Чи дареғ, ки ин маҷмӯъа ба забони тоҷикй ба нашр нарасидааст, то ҷавонони мо аз таърихи ватану миллати хеш бехабар намонанд ва ё бардошти онҳо аз таърих якҷонибаву сиёсатзада набошад.

      Ман аз он силсила ҳангоми навиштани рисолаи “Фақат ба хотири сулҳ” ба таври фаровон истифода кардам. Ҳоло фурсати хубест, аз Шумо ва дигар муаллифонаш сипосгузорй кунам.

      Дар зимн, як суол доштам, ки Шумо худро шомил ё парвардаи кадом мактаби таърихшиносй медонед ва ба назари Шумо илми таърих аз ҳама беҳтару нектар дар кадом кишвари ҷаҳон пажӯҳишу тадрис мешавад?

      Бароятон барори кор ва шодкомиҳои эҷодй орзу мекунам.

      Comment by aioubzod | 09.12.2009 | Reply

  5. Хеле хуб мебуд, ки оиди масъалахои таърихнигори дар замони муосир ва вазъи таърихнигории точики бо эшон мусохибае мекардед. Зеро мо точикони берунмарзи аз фаолият ва осори эшон огохи надорем.

    Comment by Адаш ИСТАД | 09.12.2009 | Reply

    • Дуруд бар устод Адаш. Аз рӯи шунидам, бархе аз нашрияхои Точикистон бо устод Камолиддин қарори мусоҳиба гузоштаанд, аммо комилан дуруст аст, ки як гуфтугӯи блогй бо эшон бояд ба роҳ монд ва аз сӯҳбати он кас баҳрвар шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки саволҳои марбут ба таърих хеле зиёданд. Чунончй, мо ва хонандагони ин торнигор натавонистем, дар масъалаи “бсомачй” натавонистем, ба як натиҷаи ягона бирасем.

      Аммо муҳимтар аз ҳама бояд китоби он касро ба даст овард ва бо диққати тамом мутолиа кард.

      Comment by aioubzod | 12.12.2009 | Reply

  6. Як дусти азиз нишонаи сомонаи устод Камолиддин Абдуллоевро ба ман фиристод ва кори хайру накуе кард. Ман пайванди ин сомонаро дар торнигори худ мегузорам ва хамаи хохишмандон метавонанд бо силсилае аз пажухишхои он кас бевосита ошной пайдо кунанд.

    Чй дарег, ки то холо аз ин сомона хабар надоштаем.
    http://kamolkhon.com/

    Comment by aioubzod | 14.12.2009 | Reply

  7. Ман имрузхо он китобро мутолиъа дорам,
    бехтарин асар аст, хело чолиб ва пурмухтаво.

    Comment by Далер | 16.12.2009 | Reply

  8. Дуруд бар фарзонагон! Ман рузи гузашта дар утоки кории ШЭФ-амон китоби мазкурро дидам, рости дар ним соате, ки он чо будам чанд варак хондаму хело лаззат бурдам. Райис хам таъриф кард. Бо аввалин имкон китобро мехарам, иншоонлох.

    Comment by MAHBUB-TJ | 16.12.2009 | Reply

    • Ман интизорам, ки дусти азизам аз Душанбе ин китобро бо худ хохад овард.

      Comment by aioubzod | 22.12.2009 | Reply

  9. Маро, шахсан, номи яке аз бобхои китоби К.Абдуллоев, ки тахти унвони “Таджикская диаспора в Афганистане” дар сайти ферганару ва сентразия.ру чоп шуд,асаби намуд. Акнун точикони бечора дар Афгонистон хам “диаспора” шудаанд(???).
    Фикр мекунам, ки агар вокеан, чи тавре ки шумо – С.Аюбзод К.Абдуллоевро таърифу тавсиф намудаед, “таърихдони варзида” бошад, сарлавхаи боби китобашро хадди аккал тагйир дихад.

    Comment by Afshin | 17.12.2009 | Reply

    • Дарвокеъ, бояд икрор кард, ки точиконро дар Афгонистон диаспора номидан, кабул доштани истилохи офаридаи истилогарон ва тафрикаандозон аст. Умедворам, муаллиф ба ин нукта мутаваччех хохад шуд. Аммо як калимаи номуносиб наметавонад, кадри тамоми корхои хубу озодаи К. Абдуллоевро кохиш дихад.

      Comment by aioubzod | 22.12.2009 | Reply

    • Дустам, ибораи “таджикская диаспора в афганистане” дар китобам ва дар маколае ки ман ба Азия Плюс фиристодам, НЕСТ. Аз кучо пайдо шуд? Инро бояд аз АП пурсид.
      Аз тарафи дигар, агар солхои Чанги Дуввуми Чахониро гирем, дар Афгонистон, Туркия ва Хиндустон ташкилотхои оммавию сиесии мухочирони Осиеи Миена дар хакикат буданд ва ин аз вучудяти диаспораи минтакаи фавкулзикр дар солхои 1940 дарак медихад.
      Дуввум ин ки мухочират, агар маънои асли, яъне динии ин падидаро бигирем,диаспораро набояд ташкил дихад. Аз руи конуни дини, мухочирон бояд дарулхарб-ро тарк кунанд ва бо “ансарони” дарулислом (мусулмонони Афгонистон, Туркия, Хиндустон) дар асоси дини (на милли) як шаванд.
      Барои хамин алъон аксари точикони мо бо точикон, ба кулли мусулмонони Афгонистон пайвастанд ва ба Точикистони имруза чозибият на доранд. Дар мачмуъ албатта.
      Аммо агар солхои 1920-1940 гирем диаспора дар Афгонистон вучуд дошт. Яъне одамоне буданд ки Моваруннахр-ро ватан медонистан ва кушиш мекарданд ки ба ончо баргарданд. Ва мубориза хам бурданд.

      Comment by Камолиддин | 25.12.2009 | Reply

  10. Рости гап ма зури аклу хирадам намераса да ин гапо )))

    Comment by Snaiper | 21.12.2009 | Reply

  11. “Таджикская диаспора в Афганистане”:
    http://kamolkhon.com/?p=195

    Comment by Afshin | 21.12.2009 | Reply

  12. Уважаемый Салим Аюбзод! О Таджикистане надо писать из Душанбе, а не из Праги! А Вы правильно пишете о причастности ЧАБа к мирному соглашению. Если бы не он, то и не было той заварухи, межнациональных конфликтов, а по сему и мирного договора!
    С “уважением” к продажной прессе, viper!

    13.04.2006 18:03:41 запись оставил(а) urka

    А Салим Аюбзод создает о себе впечатление наивного туземца (это если с +), или прожженного в политике журналиста, готового ради интервью лизать кому угодно (а эт если со знаком -)

    13.04.2006 17:57:25 запись оставил(а) urka

    Да, такие люди, как Михаил Леонтьев, вызывают уважение. И, даже, не своим острым умом и поразительным красноречием…
    А удивительной способностью ПЕРЕЖИВАТЬ, пропускать через себя НЕСПРАВЕДЛИВОСТЬ.
    Это человек неравнодушный, вот бы с ним поговорить…

    13.04.2006 6:21:43 запись оставил(а) Салим Аюбзод

    Уважаемый Анатолий Борисович!
    Пишет Вам таджикский журналист и писатель Салим Аюбзод. В данное время я работаю в таджикской службе Радио Свобода. Пишу Вам вот по какому поводу. В будущем году Таджикистан будет праздновать 10-летие подписания мирного соглашения. В установлении мира и согласия в Таджикистане учавствовали и Вы и другие видные политики России. Без этого мира не удалось бы осуществление тех проектов, какими Вы занимаетесь в Таджикистане. Я пишу книгу о таджикском мирном процессе и прошу Вашей помощи. Могу лы я надеяться на ваше интервью, для которой я готов прилететь из Праги в Москву? Могу ли я надеяться на Ваше содействие по организацию интервью у первого Президента России Бориса Ельцина? Можете ли подсказать кто сможет рассказать о роли России в мирных переговорах? Проуш прощения, что занимаю у Вас время и надеюсь не оставите мое письмо без внимания.
    Желаю Вам здоровья и успехов.
    Салим Аюбзод

    АНА ГАПУ МАНА ГАП!!!

    Comment by Али | 22.12.2009 | Reply

    • Чанд вакт шуд дар сайтхои точикбачахо сайру гашт дорам. Фахмидам ки Бозор Собир рост мегуфтааст “Точикон аз дарун пусидаанд, зиштху ва пастсиришт гаштаанд”.Али, “завист кипить”? Хээ волидайну зоидагит ба “рахмат”. Ту чи хели точикаи? Мурдани миллати мо бех!

      Comment by Snaiper | 23.12.2009 | Reply

  13. Аммо чаро посухи ин номаро низ копй-пейст накардед ва танхо шарххои тахкиромези дигаронро ба он насб намудед. Дастатон дард накунад, хеле захмат кашидед, чй гуна пайдо кардед ва аз кучо? Хатман дар Маскав дустони бонуфузе доред ва кй будани онхо маълум аст. Ман дар хакикат бисёр мехохам, бидонам, ки афроде чун Козирев, Грачев, Чубайс, Шойгу, Волошин, Батурин ва дигарон бо Точикистон чй карданд ва аз хуни точик чихо рабуданд. Ин фароянд хануз хам идома дорад. Вале хадафи ин захматкашихову пинхлонпажухихои ту чист? Тамасхур? Эй око, аз ин зиёд шудаасту мешавад. Посух ба чунин корхоро хам бехтар аз ман медонй. Хаволаатон ба Худо.

    Comment by aioubzod | 22.12.2009 | Reply

    • Дар зимн, як номаро дар ду чо пахш кардан аз руи ахлоку одоб нест, биноан, номаи дувуми Шуморо махв мекунам, зарурат ба такрор надорад. Бо маъзарат.

      Comment by aioubzod | 22.12.2009 | Reply

  14. Чанд вакт шуд дар сайтхои точикбачахо чарх задестам. Як чира фахмидам ки точкашда задай Бозор Собир:- мо аз дарун пусидаем, зиштху ва пастсиришт гаштаем. Айб аст Али, айб.

    Comment by Snaiper | 23.12.2009 | Reply

  15. Ба Али: Чи гуфтани бо ин гапат? Чи маъно дорад ин поракоби? Ё ту то дарачае окиб мондаи ки акнун навиштахои се сол пешро ёфта истодаи?Ту намеарзи ки Аюбзод боз ба комментат чавоб додаанд.

    Ба хама: Хизмате, ки Аюбзод кардааст то хол ягон именно журналист накардааст. Душмани Аюбзод – душмани миллат. Душмани миллат – душмани мо.

    Ба Аюбзод: Салом чаноби Аюбзод! Маъюс нашавед аз навиштагихои хар хел махлукон.
    “Хор дар чашми касе гар як нафас хорат кунад!
    Зор мирад дар бало хар кас ки озорат кунад! ”
    Омин!!!

    Comment by Точдор | 23.12.2009 | Reply

  16. Акои Аюбзод ба ман низ маълум аст муаллифи “Али”.
    Ё Аллох дилам хаста
    Дил бар карамат баста
    Дасти бадхохон кутох
    Забони бадгуён баста.
    Ба гуфти як бародар ин хамааш “ЗАВИСТ”.Дар амони Худо бошед.

    Comment by Zarafshoni | 23.12.2009 | Reply

  17. Ман номаи Алии бадбахтро махкум мекунам. Максади ин кас факат паст задани Аюбзоди мухтарам аст ва асабонй кардани эшон. Ба истилохи дигар ин номардист. Дар мурочиати Аюбзод хамчун журналист дар чустучуи маводи мухим барои таърихи миллат хеч нуксе намебинам. Журналист бояд хамин хел бо чй рохе ки бошад маълумотро аз дахани одамон кашида гирад пас чй шудааст, ки ин Алии бадбахт ин кадар шоду хурсандона ин номахои гуфтан мумкин шахсиро шиъор мекунад? Нафратам меояд аз чунин афроди паст!

    Comment by Samandar | 23.12.2009 | Reply

  18. салом акои Салим(зеро байни сину соли мо тафовутест бисёр!).Ба ростй аз маъзаратпурсиатон хичолат додед(харчанд мутмаинам,ки ин сирф як колаб ва ё “дипломатия”-и рузноманигории Шумост.
    Аммо манзури ман аз копи-пейс кардани ин номахо харгиз бо максади тахкир ваё тамасхур набуд(ман хаки маънавие надорам -аввалан хамчун мусулмон ва баъдан хамчун точик.)Ба ростй коре надорам,ки касеро тамасхур занам??!!Ман фикр мекардаму ва вокеан бисёр мушохида хам мекунам,ки мо точикони “каторй” нисбат ба урусхо соддаву (аксари чаннатиён соддаанд!мазмун аз хадиси паёмбар с.а.с) зудбовару (зудбоварие,ки нишони самимист )содадилем.Вале чун номаи Шуморо хондам хеле андухгин шудам,ки рузноманигори варзидаи мо бо як шевае менависад,ки дар сатхи У нест!Ва боз гамгинтар шудам,ки Шумо посухе надодаед(дар зерсатри ин номахои урусо чавоби Шуморо дарёфТ накардам.)
    Тахмини Шумо”-Хатман дар Маскав дустони бонуфузе доред ва кй будани онхо маълум аст” боз далели онаст,содадилед ва ё дар Маскав душмане дореду вай дусти ман аст?Ох худоё!Ман як мардикорам на беш аз он!
    Ва ё ин “хомии пухтакорхост”?Охир хуни точик дар назди урусхо арзонтар аз обаст ва гумон мекардед,ки ин Чубайси падарлаънату саффок ба вохурй розй мешавад?Вокеан у чавоб гардонд?
    Бародароне ,ки чавоб гардонданд-шумо матлаби маро нафахмидед.Ман муътарифам,ки хизмати Салими Аюбзод аз кулли хукуматдорони хозираи точик ба миллат бештар аст.Snaiper-и гиромй дар шаркиён маколест,ки “Агар волидонатро дуст медорй, волидони дигаронро эхтиром намо!”Вале аён аст,ки ту нохалафиву валадуззино!
    нисбати “зависть”доштанам ба Аюбзод?!Ба ростй хандаам меояд-охир ман журналист набошам ва ё хамкурсу хамсол!
    Хама доди ватанхохй зананд, аммо намедонам.
    Ватанхохй ба гуфтор аст ,ё кирдор, ё харду?
    Ман хам аз суханбозиву ватандории баъзехо нафратам меояд……..мутаасифона бисёре факат дод мезананду дигар хеч!
    Ба посуххои бетаамулонаву сабукфикрона пешакй чавоб мегардонам,ки ……….корвон мегузарад!

    Comment by Али | 24.12.2009 | Reply

    • Салом, бародар Али. Маъзаратхохии ман ягон колаб ё дипломатия набуду нест. Кам мешавад, ки узрхохй кунам, вале он самимона аст, харчанд мумкин аз тангии фурсат ба шакле сабт шуда бошад, ки Шуморо ба шубха овардааст.

      Номахои чавобии ман дар зери он “мукотиба”, тавре холо мебинам, махв шудаанд ва дархостхои ман аз сохибони сомонаи Чубайс, ки ин навиштахоро пок кунанд, таъсире надошта. Аслан, кори онхоро нафахмидам, ки номаи хусусиро ба маърази намоиш гузошта буданд.

      Оё ман бовар доштам, ба чунин мусохиба ризоият дода мешавад? Оре. Ба гайр аз Чубайс бо собик мухофизи Елстин чаноби Коржаков хам дар тамос будам ва ваъда карда буд, ки ин мулокотро барпо мекунад. Аммо Чубайс мисли як узви оилаи Елтсин буд ва хостам, уро хам ба кор андозам. Ба воситаи як шахси дигар (корманди радиои Эхо Москви) бо Козирев хам гуфтугу шуда буд ва ман омода будам, аз пули худам ба Маскав раваму ин мусохибахоро бигирам, он гуна ки аз пули худам ба Ню Йорк рафтам ва бо Горяев (ёвари хамаи фиристодагони СММ дар музокироти сулхи Точикистон ва котибу хуччатдори хамаи ин гуфтушунидхо) мусохиба кардам.

      Оре, шармовар ва хичолатомез аст, аз хар гуна афрод илтичои сухбат кардан, вале сарнавишти журналист хамин аст. Ин афроди Русия хам дар ангехтани чанги Точикистон ва хам дар катъи он даст доштанд ва зиндагии худро аз хуни точикон гулгун кардаанд. Ман хатто ба Павел Грачев, вазири вакти дифои Русия, ки дар Точикистон ба фикрам то хануз минтакае ба номи уст, нома навишта будам, харчанд то холо гаху бегох точиконро “рваль и швань” номиданаш туи гушам садо медихад.

      Барои навиштани силсилаи “Факат ба хотири сулх” ба хар даре сар задам ва аз хар касе мадад хостам. Аз мансабдорони рус танхо собик муовини вазири умури хоричй Анатолий Адамишиин, ки як рушанфикр аст, ба чунин сухбат ризоият дод. Дигархо, ки тагашон тар буд, сарчепй карданд.

      Бори дигар узр, агар дидани номаи ман Шуморо озурдаву ранчур карда бошад. Мутаассифона, яке дуруст навиштааст, ки ба хотири дарёфти маълумот журналист ба хама тамаллук омодааст. Вале на барои манфиати шахсии худ, балки ба хотири хазорон ташнаи хакикат.

      Сарсабз бошед.

      Comment by aioubzod | 24.12.2009 | Reply

  19. Ба Ali: аён аст,ки ту нохалафиву валадуззино! Абратно ба худат мефиристам, чунки ин нишонахо дар ман тамоман нест ва дар туи к,,,н ков хаст. :()

    Comment by Snaiper | 04.01.2010 | Reply

  20. Снайпер!!!Ту холо забони точикиро намедониву боз ъиддаои гурури миллй мекунй?!Хайфи ту бод эй нопок!Захр бод шири модарат бар ту забонгумкарда!Акаллан забони русиро хам дуруст намедонй(абратно не -обратно эй бесавод)!Ту,ки тарбият ва одоб надорй- ин нишонаи харомзодагии туст!
    Ачабо! Дар интернет дайюс лофи баномусй мезанаду хоин даъвои ватандустй мекунад!Бузина олуфтатарошй мекунаду шагол шерамардй!
    Эй инсон,дар масофат(ба тарики интернету,телефону ва амсоли инхо)вохима кардану лоф задан аз мардон нест!Агар чуръати дар вокеият вохурдан дорй биё вомехурем !

    Comment by Али | 10.01.2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: